Ба нишонии почтаи электронии сомонаи Ислоҳ аз номи як донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, мактуби шикоятие расид, ки бо муроҷиат ба Шодиев Маҳмад Султонович, ректори ин Донишгоҳ, дар бораи ришваситонии устодон шикоят мекунад. Ин донишҷӯ дар ҳошияи мактубаш навиштааст, ки ба хотири он ба сомонаи Ислоҳ ин мактубро ирсол намудааст, ки боварӣ надорад, расонаҳои дигар ин мактубро ба нашр расонанд.
Мактуби шикоятиро пешкаши хонандагон мегардонем.
***
Муҳтарам ҷаноби ректор!
Банда, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав мебошам. Тоқати ин ҳама ноадолатиро дигар надорам. Виҷдонам маро азоб медиҳад. Наметавонам хомӯш бошам. Бояд бигӯям ва бояд ин ноадолатиҳо гуфта ва фош шаванд.
Донишгоҳ магар ҷои илму таълим нест? Агар ҳаст, муҳтарам ректор Шодиев Маҳмад Султонович ба куҷо назар доред? Ин Донишгоҳ, чи гуна Донишгоҳ аст, ки бечора донишҷӯ бо сад умеду орзӯ ворид мешавад, то илме биомӯзад ё касберо аз худ намояд, аммо бар акси ҳол ҷӯз каллаи холӣ чизе бо худ баъди хатми Донишгоҳ намебарад.
Иддае аз устодони Донишгоҳ ба ҷуз ришваситонӣ ва порахурӣ ба донишҷӯ чизе намеомӯзанд.(На ҳама устодонро дар назар дорам)
Яке аз ин устодони порахур, Муаллима Қурбонова Муқаддас, вакили мардумӣ аз Ҳизби Халқии Демократӣ мебошад. Аз тамаъи ришва ин устоди Донишгоҳ заррае ҳам шарм надорад. Пули кам пешниҳод кунӣ, ғазабаш боло мешавад. Ҳатто дар яке аз имтиҳонҳо гуфта буд, ки “ман шумода гадоям 5 сомон ё даҳ сомони медиҳед? ”, яъне манзурашон қадрашон болост ва ҳамчунин нархи имтиҳонашон ҳам болотар аз ин маблағ аст. Пас аз ин гуна депутатҳо-вакилони мардумӣ мо чи биомӯзем.
Ришваситонии устодони Донишгоҳ то ҳадде аст, ки бисёрии донишҷӯён пешакӣ аллакай медонанд, ки бидуни пешниҳоди маблағ, ҳарчанд дониш дошта бошӣ ҳам, баҳои имтиҳону санҷишро гирифта наметавонӣ. Баъзе аз устодони порахур дар байни донишҷӯён ба худ даллол доранд. Маблағро худашон намегиранд. Вақте ба утоқи имтиҳонсупорӣ бе пардохти ришва даромадӣ, ба ягон ҳарфат гуш накарда, мегардонанд. Аз нав омода шав мегӯянд. Сабаби ин намуди муносибати устодонро донишҷӯён медонанд ва дарҳол аз паи дарёфти даллол ва гапзанон мешаванд.
Хушбахтона, баъзе устодони сахтгир ҳам ҳастанд ва маблағ талаб намекунанд, аммо инҳо низ медонанд, ки дар Донишгоҳ кадом устод порахур аст. Нархи имтиҳони кадом устод чанд сомонӣ аст. Гоҳе ишора ҳам мекунанд, ки “ман мисли фалонӣ дар ивази пул баҳо намемонам, мехонӣ, омода мешавӣ, ҷавоб медиҳӣ, баъд баҳо мегирӣ”
Бо ин ҳарфҳо аз худашон шахси содиқ метарошанд, аммо бо як порахуру ришваситон дар як Донишгоҳ ҳамроҳаш кор мекунанду барои ислоҳаш дидаву дониста, чизе намегӯянд. Магар ҳамин муносибат нишонаи “честный” будан аст? Ҳаргиз не! Бетарафӣ бешарафӣ нест магар?
Муҳтарам Маҳмад Султонович, дар байни донишҷӯён гап-гап ҳаст, ки шумо низ тамоми устодони порахурро мешиносед ва қисме аз ин пораҳо ҳамчун ҳаққи “боло” ба шумо ҳам рафта мерасад. Бинобар ин, шумо ҳавасманди аз байн бурдани порахурӣ дар Донишгоҳ нестед. Балки, баракс мехоҳед, ҳарчӣ бештар аз донишҷӯён “ставка” рӯёнида шавад ва ҷайби шумо низ фарбеҳтар гардад. Оё ин дуруст аст?
Пас, агар ин ҳарфҳо ҳақиқат надошта бошанд ва шумо порахурони Донишгоҳе, ки дар он роҳбар ҳастеду онҳоро намешиносед, ман қарзи шаҳрвандии худ дониста, иддае аз онҳоро ба шумо шинос мекунам.
Баъзе устодони порахур:
Маҳкамов К
Шарипов И.
Изатулоев Ф.
Қурбонова М.
Ногуфта намонад, ки дар Донишгоҳ қонунҳо ва талаботҳои нонавиштае вуҷуд доранд, ки ба иҷро нарасидани он талаботу қонунҳои нонавишта, метавонад сабаб шавад, ки донишҷӯ аз Донишгоҳ хориҷ карда шавад.
Устодон донишҷӯдухтаронро маҷбур мекунанд, ки дар ҷашнҳо раққоса шаванд, саҳна иҷро кунанд. Баъзан 20 рӯзу як моҳ донишҷӯ ба хотири омодагӣ ба кадом идеву ҷашне, толори дарсиро намебинад. Ҳар сол ингуна муносибат бо донишҷӯ чандин маротиба такрор мешавад. Донишҷӯро мисли роботи кориҷрокун истифода мебаранд. Дар овони донишҷӯӣ бечора донишҷӯ нафаси озод надорад. Ҳар лаҳза метавонад, як ҷумлаи носанҷидааш ва ё гарданкашиаш аз иштироки ким кадом “кори ҷамъиятӣ” сабаб шавад, ки донишҷӯ аз Донишгоҳ хориҷ гардад. Аммо роҳи беаводӣ ҳамвор аст. Пул ҳамаро ҳал мекунад.
Аз устоди Донишгоҳ илме дида намешавад, манзурам на ҳамаи устодон аст. Охир формулаи одии математикиро устод ҳал карда наметавонад, аммо дар имтиҳон нарх мегузорад. Дар ин бора, пештар шикояте ҳам карда будем, аммо афсус шояд дасти шумо кутоҳӣ кард ва ё нахостед аз рехтани “ставка” ба кисаатон маҳрум шавед, чорае наандешидед. Боре як устод (номашро намегирам) афсусхурон гуфта буд, ки “ба хотири аз донишҷӯён пора нагирифта, як қисмашро ба декани факулта напардохтанам, ба ман таҳдид карданд, ки аз кор ронда мешавам. Ӯ гуфта буд, ки ҳама маблағе, ки устодон аз донишҷӯён мерӯёнанд, танҳо аз устод намешавад, балки тақсим шуда, 50% ин маблағ ба декани факулта дода мешудааст”. Пас аз куҷо донем, ки декани факулта ба шумо низ якчанд фоиз надиҳад?
Ин маротиб муроҷиати мо, на фақат ба шумо, балки ба Вазорати имл ва маориф, гузашта аз он ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аст.
Шояд шумо гуфтаҳои бандаро инкор кунед, аммо бигӯед, ки куҷост номуси ватандориятон. Магар бо чунин рафтори разилона, миллатро ба нобудӣ намебаред? Боз иддае аз Шумо вакили мардумӣ, аз ҲХДТ ҳастед, ки роҳбари ин ҳизб Пешвои миллат ҳастанд. Вирди забони баъзеятон шабу рӯз Ҷаноби олӣ аст. Аммо амалатон ба гуфтаҳоятон рост намеояд. Танҳо ба хотири дар ҷои кору дар мансаб мондан ҷаноб-ҷаноб мегӯед, аммо амалатон дигар аст.
Аз ҳама хубтар шумо медонед, ки тараққиёту пешравии кишвари маҳбубамон бе илму дониш имконнопазир аст. Махзани асосии илму дониш Донишгоҳ аст. Пас чаро хиёнаткорона, ба омӯзиш сахтгирӣ накарда, балки ҳарисӣ мекунед, то ҳарчӣ бештар аз донишҷӯ пул рӯёнед?
Агар шумо хоҳони ояндаи дурахшони ин миллату Ватан бошед, ба хотири чанд сомонӣ виҷдони худро нафурӯшед. Ба чашми миллат хок пошиданро бас кунед.
Зи ноҷорӣ нафурӯшед яке виҷдонро,
Умри кас гаҳ ба обу лаби нон мегузарад.
Лоиқ Шералӣ
Дар охир хитобам ба пешвои миллат Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Муҳтарам ҷаноби олӣ!
Чаро шумо розӣ ҳастед, ки умри донишҷӯ бо маршировкаю омодагӣ ба ҷашну маросимҳои фарҳангӣ ва рақсу бозӣ ҳадар шавад? Дар кишвари мо донишкадаи санъат ҳаст, ки ҳазорҳо донишҷӯву садҳо устод дорад, садҳо филармонияву театрҳо ҳастанд, ки ҳазорҳо корманд доранд. Магар вазифаи асосии онҳо нест, ки ба ҷашнҳои идонаву маҳфилҳои фарҳангӣ омодагӣ бинанд?
Донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ, ҳарбӣ ва санъат дорем, ки мебояд онҳо маршировкаҳоро гузаронанд. Бояд ҳама вобаста ба намуди ихтисосаш вазифаи шаҳрвандияшро иҷро намояд. Агар ин амалҳо ба хотири теъдоди таҷлилкунандагонро зиёд нишон додан бошад, инро ба ки нишон додан мехоҳем? Киро фиреб кардан мехоҳем. Ҳама аҳли олам медонад, ки мо дар кадом аҳвол қарор дорем. Иқтисодиёти кишвар дар кадом сатҳ аст. Мардум дар кадом ҳол ба сар мебаранд. Ба ҷуз расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳама расонаҳои ҷаҳонӣ дар бораи қашшоқии кишвари мо гап мезананду хабар нашр мекунанд. Дар ин ҳолат бо ин ҳама худнамоиҳо магар мо худро фиреб намедиҳем? Магар ин худфиребӣ нест?
Мехоҳам ҳама ин саволҳо ҷавоби худро дошта бошанд. Бале, бояд ин пурсиданиҳо посухи худро дошта бошанд. Пас, агар хоҳони воқеъии ояндаи дурахшони ин миллат бошед, ба ин саволҳои мо ҷавоб гӯед ва роҳи ислоҳи онро пайдо намоед!
Эзоҳ аз сомона: Ҳарчанд ин мактуб бо ному насаби аниқи донишҷӯ ба мо ирсол шудааст ва донишҷӯ ба хотири ҳақиқат рӯи об баромадан ҳатто розӣ будани худ хориҷ шудан аз Донишгоҳро изҳор намудааст, мо номи соҳиби ин мактубро зикр намекунем. Чун эҳтимол дорад, донишҷӯ бо хуни гарми ҷавонӣ мехоҳад, хатоҳо ва ноадолатиҳо ислоҳ шаванд. Аммо бояд донем, ки тарки даргоҳи Донишгоҳ намудани чунин донишҷӯёни ҳақпараст ба фоидаи ин миллат нест.