Шикояти зиндониён аз шиканҷаҳои зиндонбонон

Ислоҳ нет

Чанд рӯз пеш ба Пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ сабти  шикояти дастаҷамъии зиндониёни муассисаи ислоҳии № 4 шаҳри Душанбе, низомаш пурзӯр расид. Бо ирсоли сабти аудиоӣ зиндониёни ин маҳбас аз мудири пойгоҳи Ислоҳ, Муҳаммадиқболи Садриддин хоҳиш кардаанд, ки ин шикояташон расонаӣ карда шавад. Мо ин сабтро ба матн баргардонидем. Чун ин шарти шикояткунандагон ин аст, ки садояшон расонаӣ нашавад. Инак шикоятнома

***

 

Нома

Ба раиси  зиндонҳои Тоҷикистон, генерал, Мансур Умаров,

Аз номи як гурӯҳ зиндониёни муассисаи ислоҳии № 4 шаҳри Душанбе, низомаш пурзӯр

—–

Мо аз шумо хоҳиш дорем, ки моро аз шарри роҳбари муассиса, Хушвақтзода Ҷамолиддин, муовинаш Мирзоназаров Каромат, сардори режим Нуруллоев Рустам ва кормандони оперативиаш Шарипов Бобоҷон, лейтенанти калон Абубакр, капитан Беҳрӯз, капитан Меҳроб наҷот диҳед.

 

Шахсони номбурда  ҳар рӯз бекору бакор зиндониёнро азоб медиҳанд, ғам медиҳанд, латукӯб мекунанд, ШИЗО мекунанд, КПП мекунанд. Ба китобхона меравӣ барои навиштан, барои ягон чиз ёд гирифтан, ба утоқи ҷаримавӣ мебаранд.  Масалан, моҳи ноябр соли гузашта, Миров Абубакрро бурданд “ШИЗО” карданд, Шукуров Акмалро барои тоза накардан, ҳолати санитарӣ гуфта, 15 шабонарӯз бе ягон гуноҳ ба “ШИЗО” ҳабсаш карданд.

Боз як низом доранд, зиндониёнро болои бетон хоб мекунонанд ва талаб мекунанд, ки барои халосӣ 1500 ё 2000 сомонӣ пул диҳанд, касе, пул надорад хоб меравад ҳамон ҷо. Барои вохӯрии дарозмуддат бо оила даромадгоҳ барои як шабонарӯз 100 сомонӣ мерӯёнад. Аз руи қонун дар се моҳ 3 руз бояд вохурӣ бидуни ситонидани маблағ ройгон суръати  гирад. Аммо агар пулро кам диҳем, ду шабонарӯз иҷоза медиҳанд, баҳона мекунанд, ки одам бисёр ҷой нест, чунки ба ҷои 700-800 нафар дар он ҷой 2500 нафарро нигоҳ медоранд.

 

Худашон зиндониёнро бо хабарҳои бардурӯғ байни ҳам шӯронида ҷанг меандозанд. То зада ҳамдигарро аз ҳуш равондан, ҷамъ шуда тамошо карда  мешинанд. Кӣ бой медиҳад, кӣ ғалаба, байнашон шарт мебозанд. Барои пӯшидани ин ҷиноятҳо як ду бегуноҳи дигарро айбдор карда ба “ШИЗО” мебаранд.

 

Гурӯҳи чорнафара, ҷанг карданд, 8 нафарро гирифта бурда, “КПП” карданд. Дар мобайнашон Амиров Маъруфро бегуноҳ ба зарби дубинка заданд, гирифтанд бурданд 1 моҳ дар КПП заданд. Ҳоло ҳам дар КПП шиштааст. Шарипов Абдуллоҳро зада маъюб карданд, бечора, то ба ҳол дарди маъюбӣ мекашад. Бовар накунед, як бор аҳволашонро омада бинед.

 

Касе ба китобхона рафт, ягон чиз навишт ё ягон чиз хонд,  мебаранд парванда мекушоянду ё “ШИЗО” ё “КПП” мекунанд ё пулатро мегиранд,  Агар ягон кас ришаш ногирифта, камтар баромадагӣ бошад ё мӯи сараш баланд шуда бошад, таҳқир мекунанд,мӯи сарашро бо бузқайчӣ қайчӣ мекунанд. Охир барои 2500 нафар 10 нуқта аст. Баъзе навбат мегирӣ, як ҳафта навбат мепоӣ.

 

Дар зиндон маҳбусонро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд:  Ҳизбӣ ва ҳаётӣ. Ҳизбиҳо ин исломӣ ҳастанд. Зиндонбонҳо ба ҳаётиҳо гуфтанд, чӣ хеле, ки мефорадтон бо ҳизбиҳо муомила кунед. Исломиҳо бошанд, 800 нафаранд ин ҷо. Мо иҷоза намедиҳем, ки як гурӯҳи арақхуру бангиву нашшакашу аз Худо дур, биёянд моро таҳти контроли худ бигиранд. Ин як хатари бузург аст. Мумкин байни ин ду гурӯҳ як ҷанги калоне сар занад.

 

Дар Зеландияи нав терракт шуд, 49 нафарро куштанд, як гурӯҳро сардор Хушвақтов  бароварда гуфт, дидед террористон чӣ кор карданд, шумо террористон ҳамин хел мекунетон. Охир айби мо зиндониён чист ва бо терорристони Зеландияи нав чӣ рабте дорем. 90% аз ин гурӯҳи ҳизбӣ бегуноҳ, адолат, ки вуҷуд надорад,  бо туҳмат инҷо дар маҳбасанд. Ин чӣ бедодӣ?

 

Дар зиндон машқ кардан мумкин не, касе, ки машқ мекунад мебаранд ё ШИЗО ё КПП мекунанд. Масъалаи хурок бошад, хӯрок тамоман мазза надорад, гӯшту равған дида намешавад ва бӯи ботлоқ мекунад. Агар аз ҳад зарур набошад, ягон кас намехурад. Саҳарӣ ба чой шакар меандозанд, аз оби соф камтаракак фарқ мекунад, халос.

 

Хулоса, ҳизбиҳо таҳти назорати сахтанд, таҳқир мекунандашон. Барои ҳамин мо аз генерал хоҳиш дорем, ки пеши роҳи ин корҳоро бигирад ва чорае биандешад.

Чанд рӯз пеш ду нафар муноқиша карданд. Гулбеков Шоирро лейтенанти калон Абубакр бурд ШИЗО кард. Ҳоло зиндониён мегӯянд, мо то кай ин хел зиндагӣ мекунем, ин бедодиро ба кӣ гуем.

 

Коре, ки дар Хуҷанд шуд, метарсем дар ин ҷо низ такрор шавад. Барои ҳамин, аз генерал хоҳиш дорем, ягон чорае андешад.

 

Барои истифодаи қувваи барқ, барои хурокгармкунӣ, ҳар моҳ 300-350 сомонӣ мегиранд. Моҳе якбор бо хешовандон панҷ дақиқа гап мезанонанд. Барои ин бояд аз берун ба телефони инҳо ё картаи бонкии занашон 150-200 сомонӣ маҳбусон гузаронанд. Ба ҳар шишту хест пул талаб мекунанд. Дар ҳоле, ки ба зиндон  ҳамроҳ пул гирифта даровардан мумкин не. Агар пулатро ёбанд, мебаранд ШИЗО мекунанд, пулатро мегиранд, боз пул мепурсанд, то ки ҷонатро халос кунӣ.

 

Агар касе аз ин талаботҳо сарпечӣ кунад, ҳамаро мебароранд, лату кӯб мекунанд. Талаб  мекунанд, ки ё ба саркаш бигӯем, ки ба ҳама мушкилӣ эҷод накарда пулро ёфта диҳад, ё ки ҳамакаса латукӯб мешавед. Хеле бераҳмона мезананд. То ба талаботашон розӣ нашавӣ,  аз шиканҷа даст намебардоранд. Хусусан, муовин Мирзоназаров Каромат ва лейтенанти калон Абубакр дар Боздоштгоҳи муваққатии 1 буданд, ҳамроҳи Авазов Баҳриддин аз ҳар як камера 20-30 сомонӣ ба зурӣ мегирифтанд. Агар пулро надодӣ, зиндониёнро мебароранд, латукӯб мекунанд, ғам медиҳанд, маъюб мекунанд. Чандин нафарро зада маъюб кардаанд.

 

Соли гузашта низ як одамро зада куштанд. Худашон тобутро кушодан намонда, бурда гӯр карданд.

Генерал Мансур, баъзе иқдомҳои хуб кардед, баъзе мушкилиҳо бартараф шуд, лекин дере нагузашта, боз корҳои пештара сар шуданд. Холматов Олимҷонро заданд, ба ҷигараш зарб хурда, хеле ранҷ кашид, ниҳоят ба беморхона бурданд. Ҳоло базур нафас мекашад, дар ШИЗО хобаст.  Чандин каса зада, маъюб кардагӣ ҳастанд. Чанд нафар шахсони сиҳатро аз инҷо бурданд. Фикр кардем, ҷои дигар интиқол додаанд. Аммо як нафар хабари маргаш омад. Шунидем, ки дар ҳамин зиндони худамон фавтидааст.

 

Баъзе миш-мишҳо ҳаст, ки бо ҳар баҳона, мабодо ягон зиндонӣ аз шикамдардӣ шикоят кунад, мебаранд,тавассути амалиёт узвҳояшро гирифта мефурӯшанд. Илоҳо ин ҳақиқат надошта бошад. Хеле зиндон ҷои даҳшате шудааст. Бар замми адои ҷазо, шабу рӯзамон бо даҳшату ваҳшат мегузарад.

 

Муҳтарам Генерал Мансур Умаров! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки якбор шароити зиндонҳоро бо чашми сари худ бубинед. Санҷиш гузаронед. Мо зиндониён аксарият бегуноҳ, бо тӯҳмату бӯҳтон дар маҳбас ба гуноҳи содирнакардаамон адои ҷазо мекунем.  Бар замми ин, зиндонбонон бераҳмона моро шиканҷа мекунанд. Умедворем, ин шикояти мо ба гӯши созмонҳои байналмилалии кафили ҳуқуқи инсон низ мерасад.

***

Хонандаи азиз! Ин шикоят ба пойгоҳи Ислоҳ бо таври аудиоӣ расидааст. Зиндониёне, ки ин шикоятро ба мо ирсол намудаанд, хоҳиш кардаанд, ки номашонро зикр накунем ва садояшон расонаӣ нашавад. Аммо мо  садоро ҳарчанд расонаӣ намекунем, дар аввалин фурсат дар ихтиёри Созмонҳои байналмилалии дифоъи ҳуқуқи инсон ва созмонҳои зидди шиканҷа вогузор хоҳем кард. То хоҳиши ин зиндониёни мазлум ба иҷро расад.

 

Share This Article