(бахши нуҳум)
Роҳбарони «Тоҷиксодиротбонк» ва пуштибонҳои онҳо, то имрӯз шиками мардуми бечораи тоҷикро бо ваъдаҳои бардуруғ- гуё ҳамаи маблағҳоятонро рӯзҳои наздик бармегардонем, «сер» карда истодаанд. Чуноне, ки мо дар аввал ваъда карда будем, доимо аз паси гунаҳгорони асосии муфлисшавӣ яке аз бонкҳои азими ҷумҳурӣ, “Тоҷиксодиротбонк” пайгирӣ менамоем.
Мо мусоҳибаҳои Пиров Тоҷиддин ва намояндагони Бонки Миллиро аз аввалин рӯзҳои муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” мутолиа менамоем ва то имрӯз натиҷоҳояшро мебинем. Дар ҳама мусоҳибаҳояш ба журналистон Пиров Тоҷиддин ваъда медиҳад, ки то охирон сомонӣ маблағҳои мардум гардонида дода мешавад. Лекин якбор намегуяд, ки охирҳои соли 2016 бо ахбороти доштаи мо 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ ҳукумати Тоҷикистон пул ҷудо намуда буд. Ва ин пулҳо бояд аввалин дараҷа барои руйпуш кардани қарзҳои мардум мерафту баъдан ба маҳкам кардани қарзҳои дигар. Маблағи ҷудо шуда аз 400 миллион доллар зиёдтар буд, ки ин пули кам нест барои Тоҷикистон. Ҳатман то охирон муштарии маблағсупорида пулҳои худро мегирифтанд. Ҳол он ки Пиров ва Хушаков тасдиқ мекунанд, ки ин пулҳоро ба суратҳисоби бонк вазорати молия равон карда буд. Боз гап сари он кураторҳо бо мисли Давлаталӣ Саидов, Нуралиев Ҷамолиддин ва роҳбарони Тоҷиксодиротбонк Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон меравад, ки онҳо “гур сузаду дег ҷушад” гуфта сараввал тамоми проблемаҳои худашон, наздикони “Оила”– и гушначашм ва баъзе аз ёру дустони занҳояшону фарзандонашонро ҳал намуданд. Як қисми дигари пулҳоро ба ягон рӯзи “сиёҳ” ба хориҷа гуё аз фалон ширкати хоричӣ қарздорем, ҷангҷоли “дипломатӣ” мешавад гуфта равон карданд. Зиёда аз 150 миллион долларашро фақат Давлатӣ Саидов, Ҷамолиддин Нуралиев, Гулов Шералӣ, Ашраф Гулов ва Таҳминаи духтари Раҳмонов маблағҳои гузоштаи худро бо фоизҳои “африқоӣ”, яъне ниҳоят баланд гирифтаанд.
“Тоза ба мо маълум мешавад, ки барои чи Давлаталӣ Саидов ба ҳамаи запретҳои оила нигоҳ накарда, парикҳои сарро тез- тез иваз намуда ба назди Пирову Хушаков ба вохурӣ мерафтааст. Давлаталӣ Саидов ба занҳои дуюм ва “арусак”-ҳои худ мошинҳои нави “Лексус” ва мерседесҳои люкс туҳфа мекардаст. Ба гуфтаи худаш, мо бояд “ҷавононро тарбия намоем – ҷавонон ба мо лозим мешаванд, онҳо бояд зиндагии хуб дошта бошанд”. Албатта ин хел даромадҳо бошанд ҳар кас метавонад ба “тарбияи ҷавонон” машғул шаванд. Давлаталӣ Саидов бо писараш Фаромуз, ки дар садама як духтари ҷавон ва як марди миёнасолро ба ҳалокат расонида мисли дигарон беҷазо монда буд, шухӣ карда мегуфтааст, ки арусаки нав ёфтаи ман аз ту ҳам хеле ҷавонтар аст. Дар навбати худ Фаромузи писараш ҳам таъриф мекардаст, ки арусакаш ҳоло мактабхон аст. Ана тарбия ва суҳбати падару писар дар назди мехмонҳо. Ин ҳама худобехабарӣ, пулмастӣ ва беҷазо мондан аст!”
Давом медиҳем, боқимонда пулҳо агар ба мардум дастрас шуда бошанд, барои чӣ имрӯзҳо ҳазорҳо одамон ному насаб, рақамҳои телефони худро ба мо гузошта аз «Ислоҳ» илтимос доранд онҳоро рӯйи чоп оранд. Ба наздикӣ дар кадом маҷаллае чоп карданд, ки гуё “Тоҷиксодиротбонк” маблағҳои мардумро дода истодааст. Лекин ҳеҷ нафароне, ки ба мо муроҷиат намудаанд, пули гирифтаи касеро нашунидаанд ва тасдиқ ҳам накарданд. Мумкин аст, он мансабдороне, ки миллионҳои худро гузошта буданд, кисме аз онхо гирифта бошанд, ба мисли Нусратулло Абдуллоев, Шерхон Салимзода, Қурбон Шариф, Тиллоев Ҳокимшо, Абдураҳим Раҳимов ва дигарон.
Гилояи Шерхон Салимзода аз “Пешво” ва ген Прокурори бизнесмен
Аз рӯйи гуфтаи Хушаков Қурбон Раҳматович якчанд рӯз пештар Шерхон Салимзода дар як нишасти байни худиашон хеле аз ҳукумат, аз оилаву пешво ва сохти давлатдорӣ нисбати бизнесҳо ва даромадҳои калони Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва чи тавр қудо шудани Юсуф Раҳмон бо пешво, ба гуфтаи худаш дарди дил кардааст. Гуфтааст, ки бо супориши пешвову оилааш садҳо парвандаи фармоишӣ (заказное дело) ноҳақро сохта ҳукмашро бо воситаи судҳо бароварда будам. Дар ҳоле, ки судяҳо бисёр вақт норозигӣ ҳам мекарданд. Агар ман нисбати фаъолияти худ аз рӯзи пайдо шудани Агентии коррупция то охирон рӯзи кориам ҳамчун Прокурори генералӣ, яьне аз 2006 то 2015 китобе нисбати супоришҳои ғайриконунӣ ба ман додаи пешво, Ҳасан ва хешу таборони пешво нависам, бовар кунед, фақат аз ҳисоби фурӯши он миллионер мешавам.
” Лекин каме вақт ҳоло ҳам ҳаст. Ин корҳоро ман ба хотири ваъдаи пешво карда будам, ки маро ду панҷсола Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд. Аммо дар ваъдааш наистод. Ҳоло бошад як бизнесменро ба ду муҳлат Прокурори генералӣ монд, ки ӯ ҳама вазифаҳоро рӯйи рост фурӯхта истодааст. Прокуратураи генералиро ба вазорати савдою сохтумон табдил дода аст. Ҳатто сохтумон ва фурӯши хонаҳоро дар кабинети кориаш бо мутахассисони сохтумонӣ машварату маҷлисҳо мегузаронида аст, ки зиёде аз шогирдони ман ва баъзе аз собиқадорон ба ғазаб омада ба пешво ариза карда буданд. Аризаи онҳо бенатиҷа монд. Ва акси ҳолат худашонро ҷазо доданд ва боз боварӣ дорам, пешво сеюм муҳлат ҳам дар ин вазифа ӯро пешниҳод менамояд. Мардак қудо шуд дигар, кор тамом аст.Дар хотир дошта бошед, ман ӯро аз вазифаи прокурори вилояти Суғд барои фасодкорӣ, робитаҳои зич доштан бо соҳибкорони хуҷандӣ, сохтани парвандаҳои фармоишӣ дар ду соли кор карданаш ё 22 моҳ аз кор озод ва умуман аз системаи прокуратура ронда будам. Ҳоло канӣ ҳақиқат, канӣ иҷроиши қонунҳо ва қонуният?!”
Давраи сардори Агентии коррупция ва Прокурори генералӣ будан Шерхон Салимзода тамоми хешу табор, ҳамкурсону фарзандони онҳо, аз занҳои сеюм ва чорум фарзандони бо худ овардаи онҳоро ба вазифаҳои сердаромади ин ниҳодҳо таъин намуд. Даҳҳо фасодзадатарин шогирдони худро ба рутбаҳои баланд пешниҳод намуд, ҳоло бошад мисли девона ҳар рӯз дар ғайбати пешво ва Прокурори генералӣ мебошад. Яке аз шогирди наздиктаринаш Раҳимов Абдурахим, ки вақти роҳбарии Фаттоҳ Саидов дар Агентии коррупция қариб 200 адад амволи гаронарзишашро пайдо карда буданд, ки як қисми вилояти Суғдро бо ҳар роҳҳо азони худ карда буд, боз дере нагузашта ба ӯ рутбаи генералӣ дода ва ба мақоми ҷонишини Прокурори генералӣ пешниҳод карданд. Ҳоло тибқи маълумотҳо прокурори Хатлон аст. Даҳҳо ин тавр мисолҳо дорем. Савол ба миён меояд, ки Шерхон Салимзода ин қадар донову босавод ва қонундон бошад, барои чи ба супоришҳои ҷинояткоронаи пешвояш “есть” гуфта даст задааст ? Албатта, аз тарси он ки вазифа аз даст наравад. Бале инчунин гуфта будааст,ки ман фикр мекардам,ки мисли Бобоҷон Бобохонов маро мегузорад дар мақомам. Аммо як давраро пурра нокарда маро сабукдуш ва ба ҷоям ин бизнесменро гузошт. Аммо ончи бо Бобоҷон Бобохонов ва оилаи ӯ кард инаш бароям хело дарднок буд. Гоҳо шукрона ҳам мекунам,ки тезтар маро гирифт, ҳеҷ чиз бе ҳикмат нест.
Тақдири шуму сиёҳи Ҷамолиддин Нуралиев ё аз оила ва ё аз миллат ?
Ростӣ моро хабарҳои охир дар мавриди Нуралиев Ҷамолиддин аз як тараф шод карда бошад аз тарафи дигар ғамгин намуд. Барои чи ғамгин намуд, каме дар поён мегуем. Ҷамолиддин Нуралиев дар давоми 10-15 соли кориаш дар вазорати молияву Бонки миллӣ, дар вазифаи бонкдори хеле таҷрибаҳои калон гирифтаасту худ, ки дар Амрико каме зиндагӣ ва он ҷо таҳсил намудааст, аз сиёсатҳои давлатҳои ғарб бохабар аст, системаи онҳоро хуб мефаҳмад.Боварии комил дорем,пешво ва тамоми аъзои Оила ба воситаи Ҷамолиддин Нуралиев дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисобҳои худро кушодаанд. Даҳҳо компанияҳои оффшориро низ ӯ ба томоми авлод ва хешу таборон кушода додаасту то охир контрол менамуд. Дар замони ҳозира садҳо миллону миллиардро дар як дақиқа бо воситаи телефон аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб гузаронидан мушкил нест. Авлоди бесавод тамоми миллиардҳои ба даст овардаи худро маҳз дар дасти ҳамин одам нигоҳ медоранд. Нуралиев метавонад, масалан пешворо дар як дақиқа “Гадо” созад. Аз суратҳисобҳо тамоми пулҳоро ба ширкатҳои худ ва хешу табори худ бе иҷозати пешво гузаронаду дар суратҳисоб ягон сад доллар боқӣ гузорад, то ин ки 30 соли дигар пешво ва авлодаш ин суратҳисобро пур кунанд.
Давлаталӣ Саидов ҳоло дар як ҳолати бисёр ногувор мондааст.Аз як тараф шарики бизнесиаш Ҷамолиддин Нуралиев “антипартийный” шуд, аз тарафи дигар Озода барои духтарбозиаш сахт чап гирифтааст, боз аз ҳама безебтараш, ӯро Рустами Эмомалӣ дар бустонсарои ҳукуматӣ дар як маърака дида, назди одамони зиёде нафақат ба саломаш ҷавоб нагирифтааст. Ҳатто дашномҳои қабеҳ намуда аз маърака рондааст. Ҳоло ҳайрон аст, ки барои ин қадар гуноҳҳои кардааш чи ҷазо мегирифта бошад? Бовар дорем то охирон сомониашро мегиранду боз мебахшанд, барои он ки ӯ хешу табор аст.
Гилояҳои Қурбон Хушаков аз мо
Хушаков Қурбон доимо аз мо хафагӣ менамудааст, ки ман ҳеҷ гоҳ роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” набудам, мумкин аст нависанда маро бо Пиров Тоҷиддин “перепутать” мекарда бошад. Албатта не, мо хуб медонем, ки раиси “Тоҷиксодиротбонк” Пиров Тоҷиддин буд, лекин шумо Хушаков Қурбон Раҳматович муовин ва шахси боэътимоду наздики Пиров Тоҷиддин будед ва бисёре аз муштариҳои бонк маҳз бо шумо ҳамсуҳбат шуда, баъд аз амри маъруф, насиҳату васиятҳо ва меҳмоннавозиҳои шумо маблағҳои охирини худро месупоридаанду вақти баргардонидани маблағҳои худ ба қабули шумо дигар даромада наметавонистанд. Албатта Пиров Тоҷиддин ҳамчун роҳбари аввал ҷавобгар мебошад. Лекин аз рӯйи зиндагии шумо ва фарзандонатон, муқоиса ба зиндагии Пиров Тоҷиддин шубҳае намондааст, ки шумо “бегуноҳ” ва худотарс бошед.
Хонасалот кардани Раҳматшо тавассути Пиров ва Хушаков
Ин қиссаро ба он хотир мекунем,ки ҳам Пиров ва ҳам Хушаков нагӯянд,ки мо намедонем шуморо ва ё туҳматашон дорем ва то имрӯз дар матолибамон туҳматашон намудаем. Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон бо як соҳибкоре аз шаҳри Қурғонтеппа бо номи Раҳматшо шиносоӣ ва гуё дустӣ пайдо карданд. Раҳматшо зиндагии оромона дошт. Соҳиби 5000 гусфанд, як ширкати сохтумонӣ, бустонсарои хуб дар болои дарёи Вахш, хонаву дари хуб, якчанд мошин дошт. Ҳар вақте ин ду академики пиёз ба ватанашон Кули Суфиён ё Фархор мерафтанд, ҳатман ба Раҳматшо як рӯз пештар хабар медоданд, ки мо омада истодаем, “тайёриат”-ро бубин. Раҳматшо марди оддии куҳистонӣ, мисли хамаи халки точик мехмоннавозу мехмон дӯст, хатман як гусфанро кушта, пухту паз менамуду ду гусфанди дигарро кушта вақти рафтан бо мевагиҳои бисёр ба пушти мошини академикҳо мегузошт. Ин кор хеле вақт давом кард. Пиров ва Хушаков меҳмонҳои хориҷии худро ҳатман ба як ё ду рӯз ба бустонсарои Раҳматшо равон мекарданд.
Бисёр вақт бо аҳлу оилаи худ низ онҷо рафта, дар болои дарё, асабҳои худро ором намуда як -ду гусфанд мехурданду боз ҳамроҳ мебурданд. Ба Раҳматшо ваъда мекарданд, ки ба ягон шохаи бизнеси “Тоҷиксодиротбонк” ҳатман туро ворид месозем. Ва ба хулосае омада ба Раҳматшо пешниҳод карданд, ки ту ширкати сохтумонӣ дориву шиносҳои зиёд дар бозорҳои масолеҳи сохтумонӣ низ дорӣ. Биё барои ҳамин ба Тоҷиксодиротбонк биноҳои филиалҳояшро дар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйи лоиҳаи тасдиқ кардаи мо бисоз.
Раҳматшо, албатта рози шуд. Минатдорӣ намуда каме пас шуруъ кард ба сохтумони бинои филиалҳо. Якчанд биноҳоро сохт. Аввалҳо маблағҳои сохтумонии якчанд биноҳоро қисм ба қисм доданду баъд маблағгузорӣ тамоман қатъ шуд. Раҳматшо, ки зиёде аз масолеҳи сохтумониро аз яклухт фурӯшон ба тарзи насия мегирифт ба ӯ бовар мекарданд. Баъд аз напардохтани маблағҳо муносибатҳояш бо фурӯшандагон вайрон шудан гирифт. Раҳматшо чи пасандозе дошт ва боқимонда гусфандҳои худро фурӯхта қарзҳои худро кам менамуд. Аммо ба якчанд миллион сомонӣ масолеҳи сохтумонӣ гирифта буду ин пасандозҳояш қарзҳои гирифтаашро маҳкам накарданд. Ӯ дар як хафта 3-4 маротиба ба “Тоҷиксодиротбонк” назди академикҳо меомаду мерафт.
Вақтҳои охир қариб, ки ӯро қабул ҳам намекарданд. Ва рӯзе Хушаков бо Пиров ӯро қабул намуда гуфтанд, ки ҳоло аз тарафи пешво супоришҳо хеле зиёданд, маблағ тамоман надорем. Як роҳи ҳалли мушкилот ҳаст. Ту бояд бустонсарой ва ҳавлиатро ба гарав (залог) монда аз бонки мо қарз бигирӣ ва қарзҳои худро дар назди фурӯшандагон руйпуш намо. Баъд вақте ки комиссия аз тарафи мо иншоотҳои туро қабул менамояд, пас мо метавонем оҳиста-оҳиста мутобиқи акти имзошудаи дутарафа пулҳои туро баргардонем ва ту қарзҳои гирифтаат аз бонкро бо фоизҳояш руйпуш менамоӣ, агар нахоҳӣ худат фикр кун: “мумкин аст сифати корҳои сохтумониат паст бошаду комиссияи мо иншоотҳоро қабул накунад, баъд дарди сарат мешавад”.
Баъд аз ин фишору шантажҳо Раҳматшо розӣ шуд ва қарз аз “Тоҷиксодиротбонк” бо % баланд имзо карда гирифт, чун,ки дигар илоҷе надошт. Ин қиссаи дуру дароз аст, хулоса; бустонсарой ва ҳамаи гусфандҳо, ширкати сохтумонӣ, обруй дар назди мардум, ҳама аз Раҳматшо рафт. Дигар гусфандхуриву бародарӣ низ ба охир расид. Ҳоло Раҳматшо боз корро аз парвариши 5-6 дона гусфанд шуруъ намуда, дигар тавбаи аз пушти миллионерҳо давидан ё шинос шуданро кардааст. Ин яке аз садҳо мисолҳое,ки ин ду академик соҳибкоронро миёншикан намуда ба ҳолати варшикастагӣ ва хонасалотӣ расонидаанд. Метавонед ҷанобон ин ҳодисаро такзиб кунед? Агар дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат нависед ва метавонед аз худи Раҳматшо интервию гирифта нашр кунед!
Хушаков эрониҳоро тавассути “Тоҷиксодиротбонк” чихел ғорат кард?
Як мисоли дигар: Дар Эрон авиакомпанияи “Тоҷик Эйр” намояндае дошт ҷавоне бо номи Фирӯз.”Тоҷик Эйр” пеш аз COVID парвозҳо дошт. Хушаков Қурбон Раҳматович доимо ба Эрон сафар мекарду бо Фирӯз, ки нав шинос шуда буд дар Эрон ӯро бо VIP – зал пешвоз мегирифт ва вақти рафтан гусел мекард. Вақте ки парвозҳои Тоҷик- Эйр баста шуданд, Хушаков Қурбон Раҳматович аз ӯ хоҳиш кард, ки ду тайёраи Боинги “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Эрон оварда ба иҷора супорад. Фирӯз роҳҳояшро пайдо карда тайёраҳои ‘Тоҷиксодиротбонк”-ро аз Душанбе ба Эрон бурд ва чархонду хуб кору фоида ҳам мекард. Хушаков Қурбон самолетҳоро ҳамроҳи Фирӯз ба иҷора доду ба Фирӯз “Босс” шуд. Пулҳои арендаи ду “Боинг”-ро Фирӯз дар вақт – вақташ аз Эрон ба Тоҷикистон нақд бо роҳи қочоқ, тахминан ҳар моҳе аз 700 ҳазор, то 800 ҳазор доллар равон мекард. Бизнесҳо хуб рафта истода буданд, ки Хушаков Қурбон ба Фирӯз супориш дод, ки ба мардумони соҳибкору пулдор кортҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро пешниҳод намояд, то ки пулҳои худро дар “Тоҷиксодиротбонк” гузоранду бемалол сафарҳои хориҷа кунанд. Фирғз хеле муштариҳои зиёде пайдо намуда ба онҳо кортҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро “тақдим” намуд ва гуфт, ки ба суратҳисобхояшон пул резанд. Яке 10 ҳазор,дигаре 50-60 ҳазор доллар ва боз як қисм 80-100 ҳазор доллари ба дасти Фирӯз маблағҳо супориданд, то ин ки Фирӯз дар суратҳисоби кортҳо бирезад. Фирӯз ҳамаи пулҳоро бо роҳи қочоқ ба Душанбе ба дасти Қурбон Хушаков мефиристод. Барои он мардуми Эрон аз “Тоҷиксодиротбонк” корт мегирифтанд, ки ҳама бонкҳои Эрон дар зери санкция қарор доранду пулҳо ҳеҷ куҷое намегузаранд ба воситаи суратҳисобҳои бонкӣ.Баъд аз сафарҳо эрониҳо баргашта ба офисии Фирӯз омада ҷангҷолҳо карданд, ҳатто чанд маротиба ӯро сахт латукуб ҳам намуданд, ки дар хориҷа, асосан дар Аврупо аз ин кортҳо як доллар пул кашида намешаванд. Охир, эронии содда аз таърифу тавсифҳои ҷаннати сохтаи пешво бовар кардааст, ки бонкҳояш дар тамоми дунё ба ӯ бидуни лимит маблағ медиҳад. Корсчетҳои бонкҳои Тоҷикистон доимо холӣ асту бисёр бо мушкилӣ ягон сум медиҳад, аксар вақт ҳеҷ чиз намедиҳад. Охир,овозаҳои фиреби “Тоҷиксодиротбонк” дар Эрон ба органҳои қудратииаш расиду Фирӯзро дастгир намуданд ва баъд аз 2-3 рӯз зиндони Фирӯзро аз Эрон депортатсия намуданд. Вақте ки Фирӯз ба Душанбе омад, ба назди Хушаков Қурбон Раҳматовичи боссаш рафта, саволи аввалаш ҳамин буд, ки барои чи пулҳои эрониҳоро ман ба дасти шумо расонидаму кортҳои ба эрониҳо додаи “Тоҷиксодиротбонк” кор намекунад?
Хушаков Қурбон Раҳматович бо як оромӣ гуфт: ” тамоман ту зиқ нашав, ин бизнес аст, пастӣ ва баландиҳо дорад, ғами худатро хур, ту чи ғами эрониҳоро мехурӣ? Эрон давлати бой, мардумаш низ бой аст, хай фиреб кардем савоб гирифтем”, Фирӯз аз ҳамкорӣ бо Хушаков Қурбон даст кашиду ҳоло бошад дар як кунҷи Душанбе ба бизнеси майдаи худ оромона машғул аст. Шукр мегуяд, ки дар Эрон ба 20-30 сол барои ин қаллобияш зиндонияш накарданд, вагарна ба умеди Хушаков Қурбон дар кунҷи зиндони Эрон мемурд. Зеро Хушаков Қурбон мақсади як сомонӣ баргардонидани пулҳои эрониҳоро надошта будааст. Метавонанд ин ҳолатро ҳам такзиб намоянду гӯянд, на чунин нашуда буд? Мо чандин Эронии зарардида бо санадҳое аз онҳо дар худ дорем,ки ҳама як дарду ранҷ доранд ва он ҳам “кидат разбор надорад”.
Мисолҳои қаллобии зиёде аз ин ду дар даст дорем
Мисолҳо хеле зиёданд. Боз чи тавр хонаҳои истиқоматӣ вакили мардумӣ ва раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ба гуфтаи худаш фосиқи шайтонсират Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, писари собиқ раиси шаҳри Кулоб Абдуҷаббор Зардиев- Абдунабӣ ва собиқ ректори Университети аграрии Тоҷикистон —- нафаронро ҳамчун гарав “залог” гирифта бо қарзҳои % дандоншикан онҳоро миёншикан намудани ин ду академики пиёз нақлҳо мекунем. Аҷоибии кор дар он аст, ки ҳамаи ин одамони боло номбаршуда бо Пирову Хушаков бародару дӯст ҳастанд. Академикҳо аввал аз рӯйи гуфтаҳои
” Худиҳоро бизан, то ки бегонагон битарсанд” амал мекардаанд, баъд тактикаро дигар карданд “касе ба дом афтод ҳамашро бизан,фарқ надорад худи ё бегона”. Офарин!!! Метавонем барои ҳар яки ин афроди дар боло зикр намуда матолиби ҷудогона нависем ва ҳолатҳои онҳоро ба мардум бозгӯй намоем. Агар инаш ҳам дурӯғ ва туҳмат бошад марҳамат инашро ҳам такзиб намоянд. Раванд интервию гиранд ва худро пок эълон намоянд.
Масорифи “ЕВРОТУР”и Хушаков Қурбон ва Раиса Махсумовна 40% коҳиш ёфта будааст аз солҳои пешин
Хушаков Қурбон баъд аз бозгашт аз “евротур” бо янгамулло Раиса Махсумовна ҳисобу китоби харҷҳои дар хориҷа кардаашонро ҳисоб намуданд, ки худоро шукр на он қадар зиёд харҷ шуда будааст, ҳамагӣ 73 ҳазор евро, сафарҳои пештара доимо аз 100-120 ҳазор евро болотар будааст. Харҷ камтар ҳам мешуд, лекин Раиса Махсумовна агар ба як ду мағозаҳои дустдоштаашон намедаромаданд, дар оила ҷангҷол калон мешуд. Шумо бовар мекунед ё не, бечора янгамулло ду сол шуд аз коллекцияхои нави ин ду фирма харид накардаанд. Вақтҳои пеш ҳар соле ду маротиба хабар мегирифтанд, қариб абонемент ё “картаи узвият”и харидори доимиашонро “анулировать” кунад ин ширкатҳои беинсофи “Hermes” ва ” Coco Chanel”. Як сумкаи занонаи “Hermes” ба маблағи 46 ҳазор евро ва як туфлии занона аз ширкати “Coco Chanel” ба маблағи 8 ҳазор евро будааст. Боз як камарбанди бисёр хуб на он қадар қимат-4500 евро ба Раиса Махсумовна маъқул шуд, харидорӣ намуданд. Лекин афсус, каме кутоҳӣ карда будааст. Фикри бисёр накарда ба Қурбон Хушаков туҳфа карданд. Ана дасткушодиву шавҳардустӣ, офарин янгамулло! Раиса Махсумовна як салони косметикии машҳури дунявӣ бо номи “Loreal Paris” рафта, онҷо ду амалиёти тиббӣ низ гузаронид, албатта ҳамаро бо номҳояшон мушаххас намегӯем. Яке барои чеҳраро хушруй ва зебо намудан аст, дигаре “липосакция” – ин каме равғанҳои аз мантуву самбуса ва шашлык ҷамъ шударо бо роҳи ҷарроҳии ҳозирзамон кашида гирифтан аст.
Нафарони зиндагии хуб дошта, проблемаҳои моливу пулӣ надошта ва бо мақсади доимо дар назари мардум ҷавон худро нишон додан, ин ду амалиёти тиббиро ҳар соле як ё ду маротиба мекунанд. Раиса Махсумовна доимо мегунд, ки
” масрафи пул чанде набошад ба ӯ нигоҳ накарда, одам аввал аз паси саломатии худ бояд шавад”.
Идиев Ҳусейн аз ҷавонияш ҳам “бизнесмен” буд
Мо агар бе Идиев Ҳусейн ин матлабамонро ба охир расонем ва фарҷом диҳем, боварамон кунед ӯ аз мо ҷудо ҳам хафа мешавад. Ӯ кам-кам одами қаҳркун ҳам ҳаст. Аз навиштаи гузашта норозигӣ кардааст, ки бизнесҳои калонтар ҳам дар ҷавониҳоям доштам, онро аслан қайд накарданд. Дар ҳақиқат Идиев Ҳусайн рост мегуяд. Солҳои 1982-1983 видеомагнитофон камчин буд. Идиев Ҳусейн видео магнитофони Электроника ВМ-12 доштааст. Мувофиқи нақли ҳамдеҳагонаш, Идиев Ҳусейн бо участковый милиционер лейтенанти калон Лутфулло Мирзоалиев, ки се деҳро назорат мебурда аст, дӯст будаасту ба ӯ аз бизнесаш “доля” медодааст. Вай нигоҳубин мекардааст, ки касе халал нарасонад. Ҳар шаб Идиев Ҳусейн дар ҳавлии Баҳром бо тахаллуси “Брус Ли” тахминан 20-25 нафарро ҷамъ карда бо нархи 50 тинӣ то соати 12- шаб филмҳои “Брус Ли”-ро нишон медодаст. Баъд аз 12- шаб то 06- саҳар, ҷавонони аз 17 сола болоро ҷамъ намуда бо 2 сумӣ филмҳои порнографии хориҷиро тоб медодааст. Ҳамин тавр дар як моҳ аз 500 то 1000 рубл пул кор мекардааст. Аз ин пулҳо участковый Лутфулло Мирзоалиев ва Баҳроми Брюс Ли барои ҳавлиаш доляи худашонро мегирифтаанду боқимондааш азони Идиев Ҳусейн будааст. Дар дигар қишлоқҳо овоза шуд, ки Ҳусейн Идиев миллионер шудааст.
Як нафар аз деҳаи ҳамсоя бо номи Сафари “тухм” хост ҳамин тавр бизнес шуруь кунад. Видеомагнитофону 10-12 кассета харида шаби аввал мардумро ҷамъ кардааст, ки Лутфулло Мирзоалиевро Идиев Ҳусейн пеш- пеш карда ба хонаи Сафари “тухм” оварда дар вақти тамошои филмҳои порнографӣ ба даст афтонидааст. Оқибати кор, видеомагнитофон ба ҳисоби давлат бо кассетаҳояш мусодира карда шуд. Тамошобинҳо ҳама 300 сумӣ ҷарима супорид, худи Сафари тухм 1000 сум ҷарима ва 2 сол ҳукми шартӣ ( условный срок) гирифтааст. Лутфулло бошад, аз вазорат раҳматнома ва каме пас рутбаи капитаниро ҳам гирифта, боз то охир ба Идиев Ҳусейн “содиқона” хизмат кардааст. Ана инро мегуянд, ки “Арбоб мезанад ба ҳар боб” . Дар ҳақиқат аз ҷавонӣ Идиев Ҳусейн истеъдоди калон доштааст. Бизнеси худашро аз конкурентҳо ҳимоят кардааст, фарқаш чи бо кадом роҳ? То ҳозир ҳамон таҷрибахояш ба ӯ лозим шуда истодааст. Ин хел роҳбарон ба ҷамъияти сохтаи “пешво” намунаи ибрат ва кадрҳои ноёфтанд. Офарин!!! Давоми нақлҳои хеле хубу ҷолиб дар пеш аст.
Поёни бахши нуҳуми вижаматолиби қаҳрамонони “Тоҷиксодиротбонк” ,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷолибтарин ҳодисот бе хабар намонед…