Шоеаҳои марги мармузи ҳамсари М.Убайдуллоев

Ислоҳ нет

 

  Шоеъаҳои зидду нақизе дар мавриди марги Рӯзигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев,раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Душанбе ва берун аз он босуръат паҳну пароканда мешавад. Бинобар навиштаи расонаҳои интернетӣ ҳодисаи марги хонуми М. Убайдуллоев бомдоди рӯзи 2-июл дар манзили зисташ сурат гирифтааст. Аммо инки ба ҳангоми назъи ҷон ва ё инки дар сари сакароти марҳума кӣ сари болин ва бистараш буд ва инки ӯ дар рахти хоб фавтидааст ё ҷое дигар аз утоқ,  ва инки даъвати ҳақро дар шаб, нисфи шаб ва ё аввали бомдод лаббайк гуфтааст, чизе гуфта намешавад. Чунки то онҷое маълум шудааст дар сооти марг касе аз бастагони хонуми нафари дуввуми давлати Тоҷикистон, не фарзандон ва не шавҳараш ҳузур доштаанд. Гуфта мешавад, ки духтари ӯ низ дар Амрико ба сар мебурдааст,чанде пештар ба ватан баргашта будааст ва танҳо  дар он шаб ӯ ҳамроҳ бо модараш будааст, аммо ӯ  бо  модараш дар як утоқ будаанд ва ё субҳ бо ҷасади сарди модараш рӯбарӯ шудааст,низ номаълум аст. Албатта, агарки ӯ дар канори модараш буд аз вазъи саломатии ӯ огоҳ мешуд ва дафъатан ёрии таъҷилӣ ва ҳадди ақал ҳамсояҳоро даъват мекард.

 

  Аммо бар тибқи шаҳодати яке аз ҳамсояҳо, ки бо ин хонавода равуои бештар доштааст, Рӯзигул Каримова кадом беморие надошта ва аз сиҳҳатиаш ҳам шиква намекардааст. Вебсайти русии “Спутник” аз қавли ҳамин ҳамсоя навиштааст,ки Рӯзигул Каримова бемор набудааст ва маргаш нобаҳангом аст: “Субҳи барвақт буд, ки овози доду фарёд баланд шуд.Аз ҳавлӣ баромада огоҳ шудем,ки ҳамсояамон Рузигул даргузаштааст”. Зимнан на танҳо ин хабаргузорӣ бақия расонаҳо ҳам  ин ҳодисаро тавре  ба қалам додаанд, ки миқрози аҷал риштаи ҷони нафари комилан солим ва тандурустро буридааст: “неожидано скончалась”, “даргузашти нобаҳангом”,  “она ничем серьезным не болела”,“ба таври ногаҳонӣ”,  “ ӯ бемории ҷиддие надошт”,“сабаби даргузашти ҳамсари раиси ММТ то ба ҳол маълум нест.Сухангӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев, то ҳол дар ин бора хабар надодааст”ва ғайра. Нашру пахши ҳамчунин ахбор  боиси бештар доман паҳн намудани ҳаргуна овозаҳо дар мавриди марги табиии ин хонум шудаст.

 

Ба ҳар ҳол то ҳамин ҳоло иллати марг номаълум ва мармуз боқӣ мондааст.Гуфта мешавад, ки манзили зисти М. Убайдуллоев дар ҳамсоягии манзили зисти Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Азбаски ин ду манзил  бо муҳофизони шабонарузӣ таъмин ва ҳамчунин камераҳои назоратӣ насб шудааст, табиист, ки аввалин нафароне, ки бояд бохабар бишаванд ҳамин муҳофизони хона ҳастанд.Ҳадди ақал мебоист ҳамин муҳофизон аз асли ҳодисаи марг огоҳ мебуданд, албатта агарки муҳофизон дар амри иҷрои вазифаи худ кутаҳ наомада бошанд. Расонаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ин хонуми обида,ки ҳамвора дар тоати парвардигор буда ва то нимаҳои шаб Қуръони карим тиловат мекардааст, аз саломати худ шиквае надоштааст ва танҳо яке ду рӯзи ахир ба дарди гулу гирифтор шудааст. “Спутник” аз қавли манобеаш навиштааст, ки бонуи Убайдуллоев аз сактаи қалбӣ даргузаштааст. Ва ҳамин манбаъ бо такя ба қавли яке аз ҳамсояҳояш менависад, ки комилан тандуруст буд вале субҳи дуввуми июл, замоне, ки шавҳараш барои адои  сафари корӣ дар Маскав қарор дошт яку якбора даргузаштааст.Албатта сактаи қалбӣ дарди кушанда аст вале то ҷое пизишкон мегуянд ин дард он вақт кушанда мешавад, ки як бор ё ду бор пештар ҳам одам ба он дучор шуда бошад.

 

Сару садоҳо дар мавриди марги хонуми М. Убайдуллоев дар ҳоле пахшу пароканда мешаванд,ки чизе камтар аз як соли дигар то интихоботи ояндаи парлумонӣ ва ҳамин тавр чизе бештар аз як сол, то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боқӣ мондааст. Хелеҳо бар ин назаранд, ки имкон дорад Убайдуллоев яке аз кондидҳои калидӣ дар ин интихоботҳо бошад ва сафари ахири ӯ ба Маскав шояд ба ин масъала робита дошта бошад.

 

 Маҳмадсайид Убайдуллоев,ки дар гузашта муовини раиси кумиҷроияи вилояти Кулоб буд, баъди сари қудрат омадани намояндагони “Фронти халқӣ” ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон вориди Душанбе шуд. Ибтидо дар мақоми ноиби сарвазири Тоҷикистон фаъолият кард ва сипас бо фишори Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги айни замон дар ҳоли фирори тоҷик аз ин мақом барканор карда шуд. Вале баъди таваққуфи кутоҳ бо фармони Раҳмон шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Аз соли 2000 ба ин сӯ ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон аст.Ин мақом дар иерархияи давлатдории Тоҷикистон баъди президент мебошад ва аз ин ҷиҳат Убайдуллоев то ҳамин ҳоло нафари дуввум аст ва дар шароит ва мароҳили хос ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Ба фарқ аз боқии сиёсатмадорони ҳамроҳ бо Раҳмон ба ҳокимияти марказӣ дастёфта Убайдуллоев то ҳамин имрӯз дар канори президент қарор дорад. А. Достиев, А. Миралиев, Т. Назаров, С. Зуҳуров , С. Мирзошоев, И.Ҳаёев, М. Солеҳов, Ё. Салимов, Ғ.Мирзоев,Ш.Гулов аз ҳукумат канор зада, баъзеашон фавтида ва баъзеашон ҳам зиндон ва бархеи дигар ҳатто кушта гардиданд.

 

Ба ваҷҳи мисол то ҳамин имрӯз бар худкушии М. Солеҳов, собиқ  Додситони кулл ва вазири пешини умури дохила тардидҳо вуҷуд дорад. Ҳамла ба хонаи Салмон Лангариев дар шаҳри Кулоб ва боздошти писари ӯву писари Сангак Сафаров ва низ эъзоми Олег Захарченко,сардори собиқи ОМОН барои боздошти Мирзохӯҷа Аҳмадов аз тарафи дар даврони вазирии ҷаноби Солеҳов аз ҷумлаи иттиҳомоте буданд, ки ба пойи худи ӯ печонида шуданд. Ӯро ҳам дар қасди ташкили табаддулоти давлатӣ бо пуштибонии Ӯзбакистон ва Русия муттаҳм карда буданд.

 

Аммо сабаби то ба имрӯз дар раддаи боли қудрати сиёсӣ боқӣ мондани Убайдуллоевро ба алоқаҳои мустақими ӯ ба Маскав  марбут медонанд. Вагарна Раҳмон кайҳо ӯро ҳам бознишаста ва ҳатто ба кадом кишваре дур ба ҳайси сафир бадарға мекард. Чунки Раҳмон аз амбитсияҳои Убайдуллоев комилан дарак дошт. Абдумаҷид Достиев дар яке аз китобҳои хотироти худ ошкоро менаисад, ки Убайдуллоев зидди тағйирот ба моддаи марбут ба муҳлати президентӣ буд. Зеро намехост, ки мунтазир бимонад, ки Раҳмон ба ҷойи панҷ соли таъйиншуда дар Қонуни асосӣ 7 сол дар сари қудрат бошад. Ва, низ дар соли 2003 вақте Раҳмон хост ин як муҳлати 7солиро ба ду иваз кунад Убайдуллоев ба назди устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омада аз эшон хост ҳамчун тарафи сулҳ ба ин амали Раҳмон розӣ нашавад ва муқобилият кунад.Убайдуллоев ба устод мегӯяд ӯ (Раҳмон дар назар дошта мешавад) на танҳо шарти сулҳро шикаста истодааст, қавл ва лафзи мардиашро,ки гуфта буд, баъди сипарӣ шудани муҳлат шумо  номзади мо хоҳед будро ҳам сарфи назар карда истодааст. Мо набояд ба ин кор роҳ диҳем.

 

Аммо сахттарин мавриде, ки талошҳои пинҳонии Убайдуллоев ҷиҳати чаппа ва сарнагун кардани Раҳмон ноком пойин ёфт, кудетои ба анҷом нарасида аз тарафи Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди президентӣ буд, ки ба таъйиди худи Раҳмон Русия, худи Путин дар паси он меистод. Ва ин масъаларо Раҳмон ошкоро ба сафири собиқи Амрико ҳам гуфта буд, ки русҳо баъд аз Ғаффорро шинонидан ночор сокит ва ба ихроҷи сарҳадчиҳояшон розӣ шуданд.

 

Соли баъд интихобот  дар ҳарду палатаи Маҷлиси олии Тоҷикистон доир гардид. Раҳмон нахоста буд, ки Убайдуллоев дубора раиси Маҷлиси Миллӣ шавад ва ҳатто аз котиботи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ин сару садоҳо ҳам берун баромада буд, ки навбат раёсати Маҷлис ба намояндаи шимол дода мешавад. Мақсад аз сатҳи боло дур афкандани Убайдуллоев буд. Аммо Путин Раҳмонро ба Сочӣ даъват карда  ошкоро мегӯяд, ки барои мо миёни ту ва Убайдуллоев фарқе вуҷуд надорад ва Убайдуллоев бояд дар мақомаш биистад. Он вақт Убайдуллоев бо баҳонаи табобати духтараш ба Маскав рафт ва муддати зиёде истод. То замоне, ки Путин Раҳмонро дигарбора водор кард, ки   Убайдуллоев дар мақомаш боқӣ хоҳад монд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳмон дар ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав”-и  Зайд Сайид ҳам аз Убайдуллоев гумонбар шуд. Зеро З. Саид бо Убайдуллоев миёнаи хуб дошт ва бинои 23 ошёнаи Душанбе -плаза бо сармояи будҷаи шаҳрдорӣ сохта мешуд.

   

Дар соли 2017 вақте Убайдуллоевро ба писараш дар мақоми шаҳрдори Душанбе иваз кард, ҳамагӣ 15 дақиқа қабл аз шурӯи маҷлис ба Убайдуллоев хабари фармони сабукдӯшшавиашро расониданд. Дафъатан баъд аз холӣ кардан бо “талаби сокинони Душанбе ва шаҳрдори нав” тафтиши фаъолияти молиявӣ ва муҳосиботии  Убайдуллоев аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод шуруъ ва 160 миллион камомад ошкор шуд. Ба дари утоқҳои шаҳрдорӣ муҳр заданд ва ҳамаро аз кор пеш карданд ва оқибат чанде аз наздикони зердасти Убайдуллоев   ба зиндон кашида шуданд. Ба ин тартиб Убайдуллоев  таҳти фишори шадид ва тамоми қадамаш зери назорат қарор дорад.Инчунин ба қавли манобеи огоҳ делоҳои ҷиноятӣ бар алайҳи ӯ, барои ягон рӯзи лозима омода карда шудааст.

 

Сафари ахири М. Убайдуллоев ба манзури ширкат дар “Форуми байналмилалии Рушди парламентаризм” ва бо даъвати мақомоти Маскав сурат гирифтааст. Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз рӯзи 30 июн то рӯзи 4 июл мебоист дар Русия меистод ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом медод. Азбаски ин сафар барои ҳамчунин нишаст тулонӣ ба ҳисоб меравад ҳар гуна гумон ва шакку шубҳаҳоеро ба бор овардааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи бархе аз доираҳои наздик ба Кремлин Путин аз Раҳмон хостааст, ки дар интихоботи ояндаи Тоҷикистон ширкат накунад.Шубҳа ва гумонҳои мардум аз ҷумла сокинони Душанбе бар марги хонуми Убайдуллоев ҳам ба ҳамин эҳтимоли дидору мулоқти Путин бо Убайдуллоев марбут будааст. Аммо марги ба навиштаи матбуоти электронӣ нобаҳангому ногаҳонии хонуми Убайдуллоев, наздиктарин шарики зиндагӣ боис шудааст аз ҳамчунин мулоқот ҷилавгирӣ бишавад. Гӯиё бо ин    ба аносири ва авомили муассир дар хориҷ ва дар дохил нишон ва паём дода шудааст, ки курсии аввал дар Тоҷикистон баҳои сангин хоҳад дошт.   

Таъзия:

Дар фарҷом барои даргузашти ин модари обида Рӯзигул Каримова таъзияи ва андуҳи амиқи худамонро баён менамоем.Ба шавҳар, бозмондагон ва фарзандони ба камол расонидааш сабри ҷамил аз даргоҳи Аллоҳ таманно менамоям.Аллоҳ қабри ин модарро пурнур ва сафари охираташонро бехатар гардонад омин.

Share This Article