Мо ҳама тимҳои “Ислоҳ” тасмим гирифтаем бахшида ба сӣ солагии Истиқлоли кишвари азизамон чандин матолиб тақдими хонанда ва бинандаи худ бигардонем. Матолибро ба шакли гулчин аз ҳар ҳолатҳои ин сӣ соли сипари гашта омода менамоему онро тақдими миллати азизамон мегардонем. Сӣ соли истиқлол ба мо чи дод ва чиҳоро аз мо гирифт? Сӣ соли истиқлол ба нафъи кӣ буд ва бар зарари кӣ буд? Ончӣ воқеъияти рӯзгори мо тоҷикистониёни “мустақил” буд ва ҳаст бидуни муҳобот хоҳем гуфт. Қазоват, дироят ва фаҳми ин се даҳа ба шумо миллати азизи “мустақил”амон!
Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳар сол бо наздик омадани 9-сентябр, Рӯзи эълони Истиқлоли давлатӣ силисла барномаҳоеро ба намоиш мегузоранд, ки гӯиё ин Эмомалӣ Раҳмонов аст ки кишварро ба истиқлол расонида ва инак тӯли сӣ сол онро аз ҳар газанду офоте ҳифзу ҳимоят мекунад. Аммо воқеият чӣ аст ва ончизе, ки дар ин шабакаҳо ба намоиш дароварда мешаванд, дуруст аст ва ё як дурӯғи бузург?
Киҳо ҷонибдори истиқлол буданд ва барои он талош карданд ва киҳо мухолиф? Эмомалӣ Раҳмонов дар кадом гурӯҳ шомил буд?
“Ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 1992 натиҷаи тавофуқи нерӯҳои мардумӣ, нерӯҳои навгаро бо ҳокимияти онвақта, ки парварда ва ҳаводори мактаби раҳбарии шӯравӣ буд, метавонист ва мебоист, тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои тулониро сокит карда ва Тоҷикистони тоза ба истиқлол дастёфтаро ба самти рушду инкишоф пеш бубарад.”
Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки бо имзои раиси ҷумҳурии мунтахаб ташкил ва таъсис дода шуд, ҳукумати комилан қонунӣ ва конститутсионӣ буд. Аммо бо таҳрику таъсир ва ҳидояту дастгирии ду давлати хориҷӣ: Русия ва Узбакистон, гурӯҳе аз мардуми норозӣ ва афроде, ки аз қудрат канор зада шуданд, алайҳи ин ҳукумат даст ба по хестанд. Ин гурӯҳ, ки ҳаста ва асоси онро сокинони як минтақа ташкил доданд, бо шиорҳои «Нест бод ислом!»,
«Ҳокимияти конститутсиониро барқарор мекунем»,
«Мо тарафдори комиссар Катанӣ»,
«Марази демократияро то лонааш маҳв хоҳем кард»
ва бавижа ин шиор,ки «СССРро барқарор мекунем» даст ба муқовимат ва он ҳам мусаллаҳона заданд. Чун ин нерӯҳо, ки дар майдоннишиниҳо ва тазоҳурот дар Душанбе шикаст хӯрда ва заминаро барои таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки як ҳукумати умумимиллӣ ва фарогирандаи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва ақшори ҷомеа буд, фароҳам карданд, бо бозгашт ба музофот аз тарафи ин ду кишвари зикршуда алайҳи Ҳукумати Муросои Миллӣ шӯронида шуданд. Ба хусус Ислом Каримов аз онки дар ҳайати Ҳукумати Муросои Миллӣ намояндагони нерӯҳои милливу мардумӣ ва аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мақом ёфтанд, ба шиддат нороҳат буд, чун нерӯҳои исломии водии Фарғона ба пиндорӣ вай дар чунин ҳолат алайҳи ӯ қиём мекарданд. Ҳароина ҳам Русия ва ҳам Узбакистон намехостанд, ки дар идораи Тоҷикистон нерӯҳои милливу мардумӣ ҳам саҳим бошанд.
“Мунтаҳо нерӯҳои муқобили Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки алайҳи истиқлоли давлаи Тоҷикистон ва тарафдори эҳёи СССР буданд, бо дастгириву кӯмаки моддиву ҳарбии Ӯзбакистон ва Русия тавонистанд, ки Ҳукумати Муросои Миллиро суқут диҳанд ва бо баргузории Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоби Хуҷанд дар ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонов, депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Кулоб дар раъси ҳокимияти Тоҷикистон оварданд.”
Эмомалӣ Раҳмонов,на танҳо узви Фронти халқии Тоҷикистон, ташкилоте, ки Узбакистон ва Русия бар алайҳи Ҳукумати конститутсионии Муросои Миллӣ ташкил карданд, буд, балки яке аз қумандонҳои хуношоми ин ташкилот дониста мешуд, ки ҳадаф ва мақсади асосии он аз арса берун андохтани нерӯҳои милливу мардумӣ, таҳмил ва истиқрори ирода ва сиёсату султаи ин ду давлати хориҷӣ болои давлати ҷавони тоҷикон буд. Ба ривояти содатар Эмомалӣ Раҳмонов, дастнишонда ва арӯсаки давлатҳои хориҷӣ буд, ки танҳо ба хотиру ҷоҳу мансаб озодиҳо ва истиқлоли давлати ҷавону навпойи Тоҷикистон ва мардуми онро фурӯхт. Ин Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамроҳони ӯянд, ки «хоҷаи хориҷӣ» онҳоро истифода карду ҳамин ҳоло ҳам истифода карда истодааст. (Роҳандозии равобит ва ҳамкорӣ бо «Толибон»,аз ҷумла мавҷудияти дафтари онҳо дар Душанбе ҳатмани ҳатман дастури Русия аст)
Барои Русия ва Узбакистон афроде назири Эмомалӣ Раҳмонов ва Сангак Сафаров, як ҷинояткори бо 23 сол собиқаи заиндон ва як беҳуввият ва ғайримиллӣ лозим буд, ки алайҳи нерӯҳои милливу мардумӣ мубориза барад ва онҳоро аз ҳокимият ва ҳатто ватан биронад.
Раҳмонов, қабл аз онки дар Хуҷанд раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шавад, дар Тирмизи Узбекистон тааҳҳуд супорид, ки тамоми хоҳишу амру фаромони Узбекистонро иҷро мекунад. Ва ҳамин тавр ҳам кард. Вай дар солҳои 1992-1993 бо ворид кардани артиши Ӯзбекистон аз тариқи замин ва ҳаво шарқи Тоҷикистон-водии Қаротегинро бамборон кард ва аҳолии ин водиро дар хун нишонд. Бамбҳои хӯшаии 500 килоӣ ҷони ҳазорон нафарро дар Ғарм гирифт. Садҳо ҳазор аз ин мардум ва тарафдорони нерӯҳои милливу мардумӣ тарки ватан карда дар Афғонистон ва соири кишварҳои шуравии пешин овораву паноҳанда шуданд.
“Ба ҳамин тартиб Эмомалӣ Раҳмонов дастуроти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбекистон барои даъвати вуруди артиши ин кишвар ба Тоҷикистон ва маҳви физикии роҳбарон ва тарафдорони нерӯҳои милливу мардумӣ-оппозитсиони тоҷикро иҷро кард. Ин яке аз шартҳои Каримов ба Раҳмонов буд, ки бо ба сари қудрат расидан артиши Узбакистонро барои маҳву нобудсозии роҳбарияти нерӯҳои милливу мардумӣ ва аҳолии Ғарму Бадахшон вориди Тоҷикистон мекунад.”
Аммо ин нуктаро ҳам бояд мутазаккир бишавам, ки Фронти халқӣ, ки тавассути хадамоти вижаи Русия ва Узбакистон ташкил ва сармоягузорӣ мешуд, агарчанде бо шиори барқарории «ҳокимияти конститутсионӣ» яъне овардани Раҳмон Набиев ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва Сафаралӣ Кенҷаев (комиссар Катани) ба мансаби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ба по хеста буд, дигар ин шиорро комилан фаромӯш кард, балке намояндаҳои ин ташкилоти дастисохти русҳову узбекҳо дар Хуҷанд ошкоро ба Раҳмон Набиев гуфтанд, ки «азбаски ту ва ё ягон нафар аз писаронат дар ҷанг бо мо набудед, дар ҳукумати мо ҷо надоред». Ва, ҳамин тавр дар ҳамон иҷлосияи сарнавиштсӯзи 16, барои онки Сафаралӣ Кенҷаев даъвои курсии раиси Шӯрои Олӣ накунад, ӯро то интихоби Эмомалӣ Раҳмонов аз толори ҷласа дуздида чанд рӯз Тошканд бурда дар онҷо назарбанд карданд. Баъдан қотилону киллерони фармоишии Эмомалӣ Раҳмонов Раҳмон Набиевро дар манзили зисташ дар Хуҷанд дар соли 1993 буғӣ карда куштанд ва ҳамин тавр дар фурсати барояшон муносиб дар соли 1998 Сафаралӣ Кенҷаевро парронида аз ҳаёт маҳрум сохтанд.
“Ҳамин тавр нафаре, ки бар муқобили истиқлоли давлати Тоҷикистон қарор дошт ва мубориза кард, дар раъси давлат қарор гирифт. Ҳоло, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз истиқлоли давлатӣ тамҷиду ситоиш мекунад, ба он хотир аст, ки дар муқоиса бо мардум ва миллат ӯ аз меваҳои истиқлол бештар баҳраманд шудааст. Ва, як раиси колхозе, ки ҳатто дипломашро ғоибона ба даст оварда ва дар вақташ «шакарови бо олича» мехӯрд ва « ҷурғоту шир»-ро бо ҳам омехта карда бо қаланфури тез аз нодорӣ омехта мекард, ҳоло шуд “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва “Пешвои миллат” ва тамоми фарзандонаш: 7 духтару ҳамин қадар домод ва писаронашу додарарӯсу ҷияну умуман аҳли авлодаш мултимиллиардер ва соҳиби истиқлоли ватан.”
Аммо, инки нерӯҳои милливу мардумӣ, онҳое, ки огоҳона ва ҷоннисорона барои истиқлолу озодии давлату миллат пайкор карда буданд, аз ҷумла дар ҳамон даврони истибдоди шӯравӣ, бо онки бо дастони ин гурӯҳи хоину ватанфурӯш ва муҷриёни ирода ва сиёсатҳои хоҷаҳои хориҷӣ , аз кишвар ронда шуданд, дар Афғонистон ва низ худи Русия ором наистоданд ва парчами муқовимат ва муборизаро боло карданд.
Воқеият ин аст ки ҷавонони бедори Наҳзати исломии Тоҷикистон зери раҳбарии устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз дар ҳамон айёми авҷи султаи комунистон дар шӯравӣ бо ҳар роҳу васила муқобили он низом мубориза мекарданд. Аз инҷо буд, ки устод Нурӣ дар соли 1986 аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон барои ҳаракоти зиддидавлатӣ маҳкум ба зиндон шуд.
Ин таҷриба ва сабақҳои бардошта дар роҳи мубориза алайҳи истибдод ва аҷнабӣ боис шуд, ки дар як муддати кутоҳ ташкилоте бо номи Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон таъсис ёбад, ки он якҷо бо Ҳизби демократ, созмонҳои мардумии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон», ки бо ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд, алайҳи Раҳмонов, ин дастнишонда ва арӯсаки русҳо ва узбекҳо муборизаро оғоз кард.
Ин мубориза ва муқовимат панҷ сол идома кард. Русияву Узбекистон дигар ночор ва нотавон шуданд. Эмомалӣ Раҳмонов борҳо ба побӯси устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбар ва сарфармондеҳи олии кулли қувои ҲНИТ ба Афғонистону Бишкек ва Русия омад. Борҳо зориву тавалло кард ва гуфт, ки «ман иштибоҳ кардам, ғалат кардам, аз гуноҳи ман бигзаред, идомаи муборизаи шумо суқути ҳукумати ман аст,боз ленинободиҳо ба ҳукумат бармегарданд, биёед ҳукуматро тақсим карда якҷоя идора кунем ….» ва аз ин қабил ҳарфҳои маҳалгароёна.
Ин ҳама дар ҳоле буд, ки Раҳмонов танҳо дар маркази Душанбе нуфуз дошт. Шарқи Тоҷикистон, Бадахшон, водии Ҳисор, вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) Хатлон-Кулобу Қурғонтеппа ҳамагӣ аз ӯ ва ҳокимияти вай безор шуда буданд, ҳамчунон, ки имрӯз. Размандаҳои артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон то Теппаи Самарқандӣ, автобазаи 3-юми Душанбе пешрфат доштанд ва як дастури устод Нурӣ кофӣ буд, ки қасри Раёсати ҷумҳурӣ ишғол бишавад.
“Аммо ИНОТ-оппозитсиони тоҷик оштӣ ва сулҳро тарҷеҳ дод. 27 июни соли 1997 дар Маскави Русия бо ҳузури СММ, давлатҳои кафил ва президенти Русия Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ҷанги панҷсола хотима ёфт. Раҳмонов ҳокимиятро бо нерӯҳои милливу мардумӣ, ба шумули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қисмат кард.”
Вале Раҳмонов, ки табиати ақраб -ҳамон каждуми зери бурёро дорад ва басо кинагир аст, баъди чанде яке пайи дигаре асноди сулҳро зери по кард. Аввалин коре, ки бар алайҳи таҳким ва суботи миллӣ ва сулҳу оштӣ анҷом дод ин буд, ки Қонуни Асосиро бидуни кадом зарурате иваз ва шароити ширкати худ барои ду ҳафтсолаи дигарро фароҳам кард ва дар соли 2016 бори дигар ба ин Қонун тағйирот даровард, ки бинобар он вай то охири умр метавонад дар сари қудрат бимонад.
“Дуруст аст, ки қабл тағйироти ахир бо як тавтиаи барномарезишуда иттиҳоми беасосеро ба пойи ҲНИТ-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баст. Моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ ро дар талоши анҷоми табаддулоти давлатӣ ҳамроҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон муттҳам ва фаъолияти онро мамнуъ эълон кард. Даҳҳо нафар аз роҳбарияти ин ҳизбро, ки тарафи дигари сулҳи тоҷикон буд дастгир ва маҳкум ба зиндон кард.”
Барои худ титули “Асосгузори сулҳу ваҳдат” ва “Пешвои миллат” ро дод. Рустами писарашро дар мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе овард. Раиси Маҷлиси Миллӣ нафари дуввум дар қудрати сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамин тавр духтараш Озодаро низ ба ҳокимият ҷалб ва ҳоло дар мақоми раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин кардааст. Амалан дар Тоҷикистон ва дар қаламрави шӯравии пешин ҳокимияти хонаводагиро бино ниҳод.
Эмомалӣ Раҳмонов, ки шира ва шарбати истиқлолро хӯрдан дорад ва истиқлол барояш ҷоҳу мақому мансаб ва пулу мол овард, агарчанде дар оғоз зидди истиқоли Тоҷикистон буд ва дар шумору қатори гурӯҳе буд, ки истиқлолхоҳонро саркӯб мекарданду ватанфурӯш мехонданд, имрӯз парчами истиқлолро тасоҳуб кардааст. Ончунон суҳбат ва рафтор мекунад, ки барои истиқлоли кишвар ҷон медода бошад.
Шабакаҳои телевизонӣ аз маъракае намоиш доданд, ки Раҳмонов бахшида ба сисолагии истиқлоли давлатӣ ба шахсиятҳои кишвар ҷоизаҳо тақдим мекунад. Вале тӯли ин ҳама солҳо ҳатто як маротиба ҳам аз исми Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии «Растохез» ва муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ва Қадриддин Аслонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ ва муаллифи имзои ин Эъломия ном намебарад. Замоне, ки Тоҳири Абдуҷаббор ва дигар лидерони нерӯҳои милливу мардумӣ барои истиқлол ва озодии давлат талошу мубориза мекарданд, Эмомалӣ Раҳмонов дар сангари муқобили онҳо ва ҳамроҳ бо мухолифони истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Ва, ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки Қадриддин Аслонов, муаллифи имзои Эъломи истиқлоли давлатиро бо фаҷеътарин ҳолат ба ӯ либоси занона пушонида ва бо дастони ҷиноятпешае паронида кушт. ……
Поёни бахши аввали “Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор”, бо Ислоҳ бошед ва барномаҳои бахшида ба Истиқлолияти миллӣ ва дастовардҳои онро хонеду бубинед!