Кайф -кайфи Эмомалӣ Раҳмонов ва хонаводаи вай
Ҳадафи асосии ҳамапурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ дар моҳи майи соли 2016 ташкили ҳокимияти хонаводагӣ, меросӣ кардани мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамин тавр забту ишғоли қудрати сиёсӣ дар кишвар буд.
Эмомалӣ Раҳмонов ҳанӯз чанд соли қабл, дар соли 2010 мехост, ки ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карда ва заминаро барои овардани Рустами писараш ба қудрат ва бидуни маҳдудият боқӣ мондан ва якумрӣ кардани мансаби олии кишвар барои худаш фароҳам созад. Вале ҳаводиси рухдода дар Қирғизистон ва сарнагун кардани Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии ҳоло дар ҳоли фирори ин кишвар,ки низ хост писар ва бақия наздиконашро ба қудрат оварад, ӯро тарсонд. Вале фикри онро ҳеҷ гоҳ аз сар дур намекард.
Танҳо монеае, ки барои анҷоми ин нақшаву орзуяш мешуд, ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Эмомалӣ Раҳмонов, қудрату нуфуз ва вусъату соҳати пойгоҳи иҷтимоии ин ташкилоти сиёсиро аз ҳар касе дигар хубтар медонист. Вай тамоми муддати дар сари қудрат буданаш ва бахусус баъди тавофуқи сулҳ, ки тавонист «гап»-и худро болои ҲНИТ гузаронад, бахусус дар ду маврид:-яке инки замони раёсаташро, ки баъди омадани оппозитсион аз берун барои ду соли дигар, яъне давраи навбатӣ ва ё боқимондаи 5-солаашро ба 7 сол ва дар соли 2003 онро боз ба ду 7-сола тамдид кунад, дар қасди дубора бастани танҳо рақиби сиёсиаш ҲНИТ буд. Ҳамин ин ки муваффақ шуд, як давраи 7-солиро ба 2 иваз кунад, ӯро хеле шерак кард ва ҷуръату ҷасорат бахшид, ва ӯ танҳо пайт ва фурсати мувофиқ мепоид, ки ҲНИТ-ро маҳв бисозад.
“Интихоботи парлумонии соли 2010, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барандаи воқеъии он буд, чун аксарияти раъйи мардумро ба даст овард Эмомалӣ Раҳмоновро башиддат нороҳат ва нигарон кард. Раҳмонов, ки ҳамакнун ба як роҳбари худкома ва диктотур бадал шуда ба таблиғу тавсифи дурӯғини атрофиён ва бахусус шабакаҳои телевизионӣ дар мавриди фарзанди фарзонаи миллат, беназир, наҷотбахш ва ҷаноби олӣ будани худаш сахт бовар карда буд, бовар намекард, ки ҲНИТ ин ҳама овози халқро соҳиб бишавад. Вай дигар бар муқобили ҲНИТ-як тарафи сулҳи тоҷикон душманиро ошкор кард.”
Омадани СС. Ятимов ба курсии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои иҷро ва анҷоми нақша ва барномаҳои Раҳмонов басо мувофиқ афтод. Ятимов на танҳо дар даруни орзуҳои Раҳмонов роҳ мерафт ва аз ҳама нақшаҳояш огоҳ буд, балки супоришҳои Раҳмоновро «як бар ҳазор» иҷро мекард ва агар Раҳмонов «салла» мегуфт,ӯ калларо дар даруни салла меовард.
“Протоколи 32-20 аввалин санади давлатӣ бар муқобили ҲНИТ буд, ки бар тибқи он ин ҳизбро мебоист аз саҳна мерӯфтанд. Ҳамин тавр ҳам кардаанд.”
Кудетои моҳи сентябрии соли 2015-и Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон як сенария, як барномаи тарҳрезишуда Раҳмонов ва Ятимов бар муқобили ҲНИТ буд. Инҷо кадом қасди табаддулоти давлатӣ вуҷуд надошт. Ин як бозии ноҷавонмардона ва ин як амали зиддимиллӣ буд, ки ин ду кас бо ҳадафи бастан ва аз сиёсати кишвар берун кардани ҲНИТ анҷом доданд.
Ҳоло, ки акнун ҲНИТ-ро маҳор ва ғайриқонунӣ эълон карданд дигар дасту пойи Раҳмонов барои иҷрои нақшаҳои шум ва палидаш боз шуд.
Декабри ҳамон соли 2015 қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат»-ро қабул карданд. Ин қонун барои Раҳмонов шароитеро, ки барои тамоми умр раиси ҷумҳурӣ бишавад, фароҳам мекард ва як заминае барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ мегардид. Аммо вақте онро саросемавор қабул карданд, дар назар нагирифтанд, ки ба он мақоми қонуни конститутсионӣ бидиҳанд. Баъди як моҳ онро дубора тағйир дода ва ба он мақоми конститусионӣ доданд, то ки бар мабнои он дар Қонуни асосӣ ислоҳот ворид шавад. Ба ин тартиб дар моҳи майи соли 2016, акнун ки ҲНИТ амал намекунад, кадом рақибу рақобати сиёсӣ вуҷуд надорад, ҳар ғалате,ки Раҳмонов бихоҳад анҷом медиҳад, ба Қонуни асосӣ ислоҳот дароварданд ва онро ба раъйпурсии халқӣ пешниҳод карданд.
Дар ин навбати ислоҳот се масъалаи калидӣ вуҷуд дошт:
1.Раҳмонов бар мабнои қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳуқуқ пайдо кард, ки то охири умр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бишавад. Яъне барои Раҳмонов ва танҳо Раҳмонов, бар хилофи тамоми мавозини байналмилалӣ, нормаҳои низоми демократӣ ва ҳатто ҳамин Қонуни асосӣ, ки баробарии шаҳрвандони кишварро кафолат додааст, маҳдудияти ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз байн бурда шуд ва вай то мурдан метавонад, ки раиси ҷумҳурӣ бимонад.
- Синну соли номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз 35 то ба 30 поин оварда шуд. Ин тағйирот дурусту дақиқ барои Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмонов ворид карда шуд, ки ба ҳангоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ битавонад номзад бишавад, чун ӯ дар он интихобт 33 сола буд. Яъне Раҳмонов барои татбиқи нақша ва барномаи чандинсолааш,ки ҳокимиятро ба писараш дода, меросӣ карданист, шароити ҳуқуқӣ муҳайё кард. Вай, бар асоси қонуни «Асосгузор …» метавонад дар қудрат бимонад ва Рустамро, ки барои раёсати ҷумҳурӣ омода кардааст, назорат ва ҳидоят кунад. Хулоса эҷод ва ташкили як ҳокимияти хонаводаӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр пайрезии низомии салтанат ва шоҳигарӣ…
- Аз Қонуни асосӣ лағв кардани моддаи 28.Моддае,ки фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистонро тазмин ва кафолат медод. Ин модда ба ҳангоми тавофуқи сулҳ ва яке аз шурути Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик буд, ки ба ҳангоми кори Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон сари он мувофақаи дуҷониба ҳосил ва ба назарпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ дар соли 1999 пешниҳод карда шуда буд. Ҳамин тариқ Раҳмонов, гӯиё дар сатҳу чаҳорчӯби Қонуни асосӣ низ фаъолияти ҲНИТ-рақиби асосиашро мамнуъ кард.
Дуруст аст ки то инки бо ҲНИТ ин гуна бархурд кунад бо ҳизби демократ ва ҳизби сосиалист низ ҳамин гуна бахӯрдҳои хашин ва хасмона дошт. Гап дар сари он аст ки дар интихоботи парлумонии соли 2005 тамоми аҳзоби сиёсӣ: ҳизби коммунист, ҳизби наҳзат, ҳизби демократ, сосиалист ва сосиал-демократи Тоҷикистон як эътилофи бузурги сиёсиро ташкил доданд, чун Раҳмонов ва дору дастааш саҳна ва фазо барои фаъолияти аҳзобро ба ҳадде танг карда буданд,ки коммунистҳо бо исломиҳо зери як чатр ба мубориза барои вожгун кардани Раҳмонов ва ҳизби вай паймон бастанд. Раҳмонов,ки бо ҳизбаш тоқа ва якка махав шуд, ҳизби демократ ва сосиалистро бо истифода аз зӯру қудрати ҳукумат дар дохили онҳо ҷудоӣ андохту дудаста кард. Ва, дигар ба хотири онки дар оянда танҳо набошад чанд ҳизби киссагиро ташкил намуд.
“Аммо бархӯрд ва муносибати Раҳмонов бо ҲНИТ тамоман дигар буд, чун ин дуввумин ҳизби пурҷамъият ва дорои садҳо ҳазор ҷонибдору пайрав буд. Муҳимтар аз ҳама таҷрибаи гирдиҳамоӣ, яъне мухолафати маданӣ, ҷанг, муборизаи мусаллаҳона ва мудирият дар ҳокимият (30%)-ро дошт ва дар сатҳи байналмилалӣ шинохта ва эътироф шуда буд. Ҳама сафирон ва намояндаҳои созмонҳои сиёсиву ҳуқуқиву молиявии дунё, ки ба Тоҷикистон меомаданд, ҳатмани ҳатман бо масъулони ҲНИТ низ мулоқот мекарданд.”
Ин ҳама барои Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳу ба ҳеҷ ҳолат қобили қабул набуд ва сухтааш мегирифт. Бо ин вуҷуд ки ҳоло ҲНИТ дар дохили кишвар нест, ҳамоно тарси Раҳмонов аз он аз дилаш берун нашудааст. Миллионҳо, миллионҳо долларро харҷ карда истодааст, ҳам барои «Фермаи ҷавоб» ҳам барои ҷалби киллерҳо ҷиҳати маҳви физикии наҳзатҳои мубориз дар саросари дунё ва ҳам барои онки онҳоро дар Аврупо ба унвони ташкилоти террористӣ бишиносанд. Интерпол-пулиси байналмилал ҳазорҳо ному насаберо аз Тоҷикистон гирифтааст, ки онҳоро Раҳмонов ҳамчун террорист муаррифӣ кардааст. Аммо даҳҳо тан аз наҳзатиҳо ба чанги Интерпол афтоданду баъди тафаҳҳус ва бозҷӯӣ хатти барот гирифтанд ва ҳоло кору пайкори худро доранд идома медиҳанд.
Айни замон даҳҳо шабакаву расонаҳои ҳаводор ва наздик ба ташкилоти Пймони миллии Тоҷикистон-эътилофи аҳзобу гурӯҳҳои сиёсии паноҳанда дар хориҷ аз Тоҷикистон ба шумули ҲНИТ чеҳра ва симои воқеии Раҳмонов ва дуздиву ғорати ӯ ва аҳли оилаашро ба мардуми кишвар шиносонида истодаанд. Раҳмонов ва мақомоти тафтишотиву судии он ин шабкаҳоро борҳо «суд» карданду террористӣ эълон намуданд, аммо онҳо ба фаъолияти худ идома дода истодаанд. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла СММ, ИА, САҲА ва дигарҳо фаҳмиданд, ки Раҳмонов дар ҳаққи онҳо туҳмат мекунад ва баракс ин худи Раҳмонов аст ки ҳуқуқу озодиҳоро дар Тоҷикистон салб карда ва як ҳокимияти ғосибу дузду авлодӣ ташкил кардааст.
“Ин воқеияти талхро мардуми Тоҷикистон солҳост пай бурдааст, ки Раҳмонове, ки аз курсии раиси колхози даврони шӯравӣ ба мақоми раёсати давлат омад, ба тадриҷ идораи давлатро то ба сатҳи идораи колхоз поин овард. Яъне тамоми умур ва тамоми дороиву сарватро бояд раис дошта бошад ва дар дасти раис бошад ва раис дар ҷойи аввал бошад.”
Феълан Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки раёсати онро Раҳмонов бар уҳда дорад, бо беш аз 500.000 аъзо идораи давлатро дар даст дорад. Аслан ин ҳизб дигар як ташкилоти сиёсӣ нест. Вай дигар ба мисли ҳизби коммунисти замони шӯравӣ раҳбарияти кишварро дар даст гирифтааст. Аммо ба ин тафовут, ки дар ин роҳбарӣ танҳо фарзандони худи Раҳмонов, ҷияну домодҳои бешумори вай ва ҳаммаҳалҳояш аз ҳокимияти марказӣ гирифта, то маҳаллҳо ҷалб ва масъул мебошанд. Барои мисол дар тамоми навоҳии кишвар ё сардори милиса ва ё сардори амният ва ё суд ва ё прокурор ҳатмани ҳатман аз Данғара ва ё Фархор ва ё як ноҳияи дигари соиқ вилояти Кулоб аст. Ҳатто идораи оташнишонӣ, кумитаи замину ДЭУ дар навоҳии кишварро маҳз зодагони ин маҳалҳо дар даст доранд. Раҳмонов ҳокимиятро хонаводаӣ ва авлодиву қабилаӣ карда бо ин роҳ мехоҳад худ ва фарзандонашро, ки дар арши сиёсат ҷойгоҳ гирифтаанд ҳифзу ҳимоят кунад. Аммо ончунон ҳам нест,ки мардумони оддии Данғара ва Кулобу Фархор зиндагонии осуда ва хубе дошта бошанд. Танҳо инҷо он афроде аз ин манотиқ дар роҳатанд,ки ба Раҳмонов ва оилаи ӯ вафодор ва содиқ дар амрҳои ҷиноятии ӯ мебошанд.
Воқеият ин аст, ки ҳеҷ касе, ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон мисли Раҳмонов ва аъзои оилаи вай ва хешу таборонаш аз истиқлолият фоида надидааст. Фосилаи зиндагиву маишату боигариву дороиҳои Раҳмонов ва оилаи вай бо мардуми оддиро наметавон чен кард, аз фосилаи замину осмон ҳам тулонитар аст. Аз инҷо буд, ки ҳанӯз чанд соли пеш буд, ки дар як назарасанҷӣ беш аз 60% пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки зиндагиамон дар даврони истиқлол бадтар шуд.
“Агар ин савол ба Раҳмонов Азизамоҳ,Рустам, Озодаву Таҳмина, ба Бег Сабур ба Ҳоҷӣ Шарифу Маҳмадзоир, ба Муроди телеху Қодир Качалаеви шофераш ва ба Ҳасани Асадуллозода, ба Шамсулло, ба Зарифбек, хулоса ба ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ дода шавад фикр мекунед, ки чи посух мешунавед?”
Озодӣ ва истиқлоли як давлат ва миллат ба чӣ маъно аст? Магар озодии мо аз Кремлин набуд? Магар ҳазорҳо -ҳазор тоҷик барои раҳоӣ аз султаи Кремлин ҷон набохт? Имрӯз чӣ? Ҳар рӯз садҳо тоҷик талош дорад, ки табааи Русия бишавад.
Ба назаратон Рустами Эмомалӣ , Ҷамолиддин Нуралиев, Ашраф Гулов, Рамз Сабуров, Зарина, Фарзона, Сомон, Исмоил Умеду Исломиддини Нуриддин (бачаҳои Нуриддин тракторист) бачаҳои Ҳасану Муҳибу Амруллову набераҳои Узбакиву бачаҳои Қурбонбиву дигару дигарҳояш ҳам мехоҳанд, ки Русия раванду шаҳрвандӣ бигиранд?….
Воқеияти талхи кишвар ин аст ки солҳост дигар Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ, сардори давлат нест. Вай дигар танҳо ва танҳо дар фикру хиёли боз ҳам бойтар ва пулдортар кардани худ, аъзои оила, таҳкими қудрат ва ҳар бало карда Рустамро ба ҷойи худаш овардан аст. Вайро бисёр ҳам мефорад, ки тамоми аҳлу авлодашро аз ҳисоби мардум хуронад ва пушонад ва бойтар кунад. Вай дигар дилаш сахт пур аст ва пур шудааст, ки касе ва гурӯҳе дар дохили кишвар нест, ки ангушти ӯро тобида битавонад.
Ҳадафи асосии бастани ҲНИТ ва тағйирот ворид кардан ба Қонуни асосӣ ҳам ҳамин буд, на чизе дигар…..Раҳмонов ва оилаи вай кайф кунанд…..
Поёни бахши дуввум,идома дорад бо Ислоҳ бошед,то аз дигар ҷанбаҳои Истиқлоли кишвар бо як диктатор огоҳтар гардед…