Ҷиноятҳои наздикони “Пешво” ва Азизмо чаро бе ҷазо мемонанд?

Эмомалӣ Раҳмонов, на танҳо худ, балки хешу табору авлодашро ба як қишр ва табақаи ҷудо, бартар ва болотар аз мардуми тоҷик табдил ддааст ва онҳоро ҳамвора аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ҳимоят мекунад. Дуруст аст ки ҳама оғозе анҷоме дорад, аммо анҷоми дери Раҳмонов ӯ ва наздиконашро ба ин хулоса овардааст, ки дигар онҳо ҳарчизеву ҳаркоре бихоҳанд, анҷом медиҳанд, агарчи он дар ивази ҷон, бо содир кардани ҷинояти вазнин сурат бигирад ҳам. Дар ин матлаб аз мавориди мушаххасе ёдоварӣ хоҳем кард, ки дар манобеъи дастрас қоибили истифодаанд, расонаҳо роҷеъ ба онҳо на як бору ду бор навиштанд, вале обе аз осиёбе науфтод, чизе такон нахӯрд, муҷриме муҷозот нашуд. Ҳамакнун хешу таборону ақрабои Эмомалӣ Раҳмонов на фақат ба дуздиву тозиву ғорати молу сарвати мардум ва ватан машғуланд, онҳо дигар бидуни кадом тарсу ҳаросе таҳқир ва таҷовуз мекунанд, мезананд, мекушанд, хуллас, ҳарчизе, ки бихоҳанд ҳамон мешавад. Дар зер чанд намуна аз ин кирдорҳоро, ки дар ҳар кишваре барои онҳо парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ва омилин муҷозот хоҳанд шуд, тазаккур медиҳем:

Моҳи октябри соли гузашта дар прокуратураи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешина) бар асоси шикояти як зан кори тафтишот оғоз шуд. Ин зан шикоят мекард, ки ӯро Азизулло Соҳибов, раиси идораи «Тоҷикматлубот»-и вилояти Хатлон дар манзили зисташ қасди таҷовуз кард ва баъде, ки зан рад кард бо корд заду маҷрӯҳ намуд. Ин ҳодиса дурусту дақиқ даҳуми октябр рух дод ва он зани 36-сола дар шумори «меҳмон»-они Азизулло қарор дошт. Албатта, ин меҳмониву меҳмондорӣ дар яке аз манозили истиқоматии Азизулло Соҳибов, баъд аз онки ба таклифи «ҳамхобагӣ» бо соҳибхона розӣ намешавад, ба вуқуъ мепайвандад. Хабаргузориҳо навиштанд, ки милисаи шаҳри Бохтар дар асоси сӯҳбат бо шоҳидони ҳодиса мавод тартиб медиҳад. Парвандаро Раёсати вилоятии милиса мегирад. Милисаи вилоят ҷиҳати тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба прокуратураи шаҳри Бохтар месупорад. Аммо бо ҳамин кори тафтишот ба анҷом мерасад ва Азизулло Соҳибов ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Дар ҳоле, ки милиса дақиқан санад тартиб медиҳад, ки ин зан дар пайи ҳамлаи Азизулло Соҳибов бо силоҳи сард захмӣ шудааст. Ин зан се рӯз дар шӯъбаи реаниматсионии Бохтар бо марг даступанҷа нарм мекунад, вале шифо меёбад. Азизулло Соҳибов ба тафтишот гуфтааст, ки ин занро дар манзилаш «бори аввал» дидааст ва ин зан «худаш дар гарданаш бо корд задааст». Ҳамин тариқ ин «аллиби»-и Азизулло мавриди қабули додситонӣ қарор гирифт ва мақомот парвандаро махтума эълон карданд ва Азизулло ҳадди ақал ҷарима нашуд, куҷо расад ба сӯй қасд ба ҷони шаҳрванду ҳукм гирифтан. Аммо савол инҷо аст, ки Азизулло кист? Азизулло Соҳибови 50-сола,бародари Маҳмадзоир Соҳибов шӯи Фируза, духтари калонии Раҳмонов ва амаки Шамсулло Соҳибов-шӯи Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, духтари дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, яъне домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Соли гузашта, Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари 64-солаи Эмомалӣ Раҳмонов ва беваи Холмуъмин Сафарзода, собиқ раиси Идораи ҳифзи ҷангали Тоҷикистон,ки дар соли 2012 дар назди масҷиди «Автовокзал»-и Душанбе дар пайи як «разбор» бар сари 350.000 доллар кушта шуда буд, бар асари ибтило ба коронавирус Қурбонбӣ аз дунё даргузашт. Се писари марҳума Қурбонбӣ, ҷиянҳои «родной»-и Эмомалӣ Раҳмонов ба шумули полковник Фахриддин Сафарзода, сардори собиқи милисаи Шаҳринав шоми 20-июл Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президентро, барои онки ба бемор даво ва дармон бахшида натавонистанд мавриди латту кӯби шадид қарор медиҳанд, ки бар асари ин ҳамла онҳо сахт маҷрӯҳ мешаванд. Ҳодисаи латукӯб ҳамзамон бо эълони хабари марги модар аз тарафи Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо сурат мегирад. Гап дар инҷо аст, ки ба бемористони ҳукуматӣ, ки хоҳари Раҳмонов бистарӣ буд як пизишки хориҷӣ даъват мешавад ва вай тавсия медиҳад, ки усули табобат дигар шавад. Ҳамин гап боис мешавад, ки хоҳарзодаҳои Раҳмонов вазири тандурустиро барои нокифоятӣ дар муолиҷа зери мушту лагад бигиранд. Шоҳидон мегӯянд, ки вазир таваллову зорӣ мекунад, ки «накушедам, ду фарзанди касалӣ дорам». Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд, гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса. Дар аввал ҳам дар вазорати тандурустӣ ва ҳам дар вазорати дохилӣ вуқуи ин ҳодисаи ғайримаъмулӣ ва боварнакарданиро тасдиқ карданд. Вале баъдан ҳама дар даҳон об гирифтанд, балки инкор намуданд ва гуфтанд, ки вазири тандурустӣ «чандин вақт аст ки дар сафари корӣ дар хориҷа қарор дорад”. Ин дар ҳолест, ки ҷоғи вазири тандурустӣ шикаставу тақрибан як моҳ «бемори атолахур» мешавад ва вай ҳатто дар нишасти матбуотиаш, ки дар рӯзи 26 июл муқаррар шуда буд, ширкат карда наметавонад. Агарчи Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилӣ (Шодӣ Ҳафиззода) тафтишот оғоз кард, аммо то кунун касе муҷозот нашуд.Чунки онҳо ҷиянҳои Эмомалӣ Раҳмонованд ва барои онҳо тамоми кор ҳатто ҷиноят мумкин  ва равост, чун аз каста ва қавми дигаранд. Оё шумо дар ягон гӯшае аз дунё шунавидаед, ки ҷияни роҳбари давлат вазири ҳукуматро зери зарбаву шаллоқ бигирад ва аммо ҳиҷ муҷозоте нашавад?

Дар бораи ҷурму ҷиноёти бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар расонаҳо чандин матлабу гузоришҳо ба нашр расида буданд. Шумо аз Муҳибулло Саъдуллоеви «номард бошаму зинда бошам» хабар доред ва агар хабар надошта бошед ба ёдатон танҳо аз ду маврид ҷинояти ин бародарзани Раҳмонов мегӯям. Як зани шаҳритузӣ чанд соли пеш дар як навори видеоӣ мегуфт,ки Муҳиб меояду духтари ӯро рӯирост мебараду таҷовуз мекунаду боз меоварду ба хона мемонад. Ин зан дар ин навор, мегӯяд танҳо ба хотири онки раиси ҷумҳур аз қазия огоҳ бишавад розӣ ба сабти суҳбаташ шудааст. Вай бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд, бародарзани вай- Муҳибулло Саъдуллоев дар соли 2005 дар вақти набудани ӯ духтарашро маҷбуран аз хонааш берун бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Ӯ мегӯяд, Саъдуллоев баъдан ҳам пайваста пеши духтараш меомад, вале мақомоти интизомӣ дар посух ба муроҷиатҳои вай иқрор кардаанд, ки коре бо додарарӯси президент карда наметавонанд.

Ҳодисаи дигаре, ки Муҳибулло Саъдуллоев «қаҳрамон»-и асосии он мебошад, тасарруфи ошкорои бозори «Ином»-и ин ноҳия мебошад. Муҳиб бо такя ба онки шавҳари хоҳараш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бозори як оиларо кашида гирифт ва бадтар аз ин онҳо-зану шавҳарро, ки арзу шикоят ва даъвӣ карданд, бурду шинонд ва коре кард, ки онҳо ноилоҷ аз баҳри бозори бунёднамудаашон бигзаранд. Ошкоро асноди тақаллубӣ сохта гуфт, ки соҳибони бозор 50% бозорро ба вай инъом каранд. Аммо соҳибони бозор ин гапро рад намуданд. Муҳиб ҳам пустинро чапа пушиду бозорро комилан ғасб ва шавҳари занро маҳкум ба зиндон кард. На Раҳмонов арзи ин ду соҳиби бозорро шунавиду на «апаи Азизмоҳ»-и газетахонак. Дар дасти мо садҳо ҷиноятҳои хело вахими Муҳиб вуҷуд дорад вале танҳо ба он дуе,ки ҳама аз он огоҳанд иктифо менамоем.

Яке дигар аз наздикони Раҳмонов, ки «вес Тоҷикистонро задагӣ» ин Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон мебошад. Мақомоти милиса Нахшов ва нӯҳ ҳамроҳашро ба он муттаҳам карданд,ки нимаи дуввуми майи ду соли пеш дар маркази ноҳияи Данғара кормандони ширкати “Мину Фарм”-ро мавриди шаллоқ қарор дод. Нахшов ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла кардааст. Дар ин ҳодиса ҳудуди даҳ кас ҷароҳат мебардорад. Дар тани  чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шуда буд. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ буданд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

Ҳамроҳони Нахшов барои иштирок дар занозанӣ ва расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз 3 то 5 сол ҳукм гирифтаанд. Аммо Амриддин Нахшов бо ҷарима озод шуд. Ин Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои сершумори Раҳмонов буд, ки ин ҷангу ҷангҷол то ба додгоҳ кашонида шуд ва Амриддинро маҷбур аз ҷойи пинҳоншудааш дар хонаи Ҳасан Асадуллозода, яке дигар аз бародарзанҳои Раҳмонов ба суд оварданд. Аммо бо вуҷуди ин ба ӯ танҳо ҷарима татбиқ карданду халос. Як манбаъи наздик ба ВКД ба “Ислоҳ” гуфт: Амриддин Нахшов ҳеҷ гоҳ худро таслими мақомот накарда буд ва ин, ки худаш ба ШКВД Данғара рафт ин комилан бе асос буд. Шоҳид будем ба Шоҳрух Саидов занг зад Амриддин дар он шабу рӯзи ҳодиса ва мисли вазир пурсид чӣ гап аст ҳарчи ҳарчи шунидестам дар масалаи кору бори ма? Шоҳрух гуфт ҳама хуб аст акаи Амриддин ва шумо истироҳататонро кунед корро мо ҳал мекунем. Баъд ба Душанбе омад ва дар кабинети Шоҳурух бо сиёсат фармон дод тезтар и гапу чақа ҳал кунен, ма ихели наметонм дигар. Шоҳрух гуфт акаи Амриддин ҳама ҳалаи шумо ягонҷоеда бошен набинантон тамом. Сад дар сад шоҳидам,ки ба суд ҳам нарафт ва бидуни ҳузури Амриддин додгоҳ ҳукми ҷаримаро содир намуду кор бо ҳамин тамом. Шоҳрух боз занг зада ҳамаи ҳолатро доложит кард ба Амриддин.

Тибқи маълумотҳои ба мо расида солҳои охир Амридин Нахшов,ки ҳоло як нафари хеле ҳам серпул шудааст (миллионҳо доллар) даст ба бедодгариҳои зиёд мезанад. Бахусус, баъд аз онки Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе таъин мешавад вай дар Душанбе руирост «безпеределӣ» мекунад. Рустам ӯро ба наздаш ҷеғ мезанад ва мегуяд: «Амридин бедодгариҳои зиёд карда истодаӣ. Инҷо шаҳр аст. Дар инҷо ин корҳоятро накун. Рав ҳаму кони тилоят кор кун, дар ҳамон территория чи хеле мехоҳӣ бигард.Дар шаҳр ин корҳоятро набинам».

Амриддин, ки сахт хашмгин шуда буд посух медиҳад, ки «Ма да Тоҷикистон гапзана фалон мекунам».Баъди ин гап дар байнашон занозанӣ сар мешавад ва Амриддин Рустамро як шапалоқ мезанад. Онҳоро халос мекунанд. Аммо ин кор як ғавғои калонро дар оила ба бор меорад ва бо дахолати Ҳасану Азизмо ва дигар тағоҳои Рустам қазияро ором мекунанд ва онҳоро боз оштӣ медоронанд.

Ҳоло саволи ахир ин аст, ки чаро ин ҳама қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби ақориби Эмомалӣ Раҳмонов рух медиҳад? Иллат ва сабаби асосӣ он аст ки онҳо ба худи Раҳмонов тақлид ва пайравӣ мекунанд. Раҳмонов худаш барои ба вуқуъ омадани ин ҳама аъмоли зишту ҷиноӣ ба онҳо улгу ва намуна аст.

Раҳмонов Талкоро гирифту даромади онро ба ҳисоби шахсии худаш гузаронд, Раҳмонов, тиҷорати чандмиллиондолларии Зайд Саидовро тасарруф карду аз они худ намуд, Раҳмонов бонкҳои Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк ва Тоҷиксодиротбонкро бардуруӯғ муфлис хонда пулҳои онҳоро аз они худ кард, Раҳмонов Умед-88ро зиндон карду кушту тамоми пулу молу заправкаҳои ӯро гирифту аз они худ кард, Раҳмонов Мирзо Зиёро кушт, Раҳмонов Каромат Шарифовро кушт, Раҳмонов Умаралӣ Қувватовро кушт ва мусаллам аст , ки ҳама ҷурму ҷиноёти Раҳмонов дар тӯли ин сӣ солро наметавон инҷо тазаккур кард. Мо, мушт намунаи хирвор овардем. Ҳамин тавр хешу табори Раҳмонов ҳам дар тақлиду пайравӣ ба ӯ ва бо такя ба ӯ ва пуштибониву ҳимояти ӯ аз содир кардани ҳар гуна ҷурму ҷиноят ибо намеварзанд. Барои онҳо тамоми кор иҷозат ва мумкин аст.

Аз ҳамин ҷо аст,ки писари Нусратулло Абдуллоеви собиқ раиси Суди олӣ дар сари рули мошин маст нишаста одам мекушад, аммо муҷозот намешавад, писари Давлаталӣ Сайид, муовини аввали сарвазир ва аз дигар ҷиянҳои худи Раҳмонов низ мадҳушу махмури амфетамин (маводи мухаддира) мошин ронда якбора ду одам мекушад, аммо ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Ва,ё писари Амонулло Ҳукумов, собиқ раиси Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов се касро кушт, ақалан ҷаримааш накардаанд. Амонулло Ҳукумов ҳамон нафаре аст ки самолёт ва летчикони русро гаравгон гирифта,писараш,ки дар зиндони Россия бо фурӯши зиёди наркотика адои муҳлат мекард иваз карда ба Тоҷикистон оварда буд.

Ва, ахиран ин ҳодисаро ҳам тазаккур бидиҳам, то худ мутмаин бишавед, ки ҳоло ин ин хонавода ва ин авлод ҳамаро задагиву кашидагианд. Писари ҳоҷӣ Амируллои Асадулло, бародарзани дигари Эмомалӣ Раҳмонов  бо мошини гаронбаҳои “Ламборҷини” шаби 7 ноябри соли гузашта дар майдони Дӯстӣ, дар муқобили бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба як мошини “Тойота Кемри” бархӯрд. Хабарҳои расида ҳокист, ки садама бо айби писари ҳоҷӣ  Ҳоҷӣ Амируллои Асаддуло раиси собиқи шаҳри Бохтар рух дода ва вай ба гардан гирифтааст, ки мошини зарбхӯрдаро тармиму таъмир карда медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки писари ҳоҷӣ Амирулло дар сари фармони мошин ба ҳадде маст будааст, ки кормандони БДА-ро ҳам сахт дашном мекунад. Саволи дигар ин аст ки ин писари ҳоҷӣ Амирулло мошини “Lamborghini Urus” 250.000 –доллариро чи гуна ба даст овардааст ва чаро ҳатто барои ин ҷиноят як дирам ҳам ҷарима нашуд?

Бо тамоми масулияти имонӣ мегуям,ки дар дасти “Ислоҳ” аз ҷиноятҳои наздикони оила хело маълумотҳои зиёде расидааст. Ҳоло дигар ҷиноятҳо ва амалҳои рейдерии писару духтарони пешво бо худи додарарусону ҷиянҳои Раҳмонов як чизи муқаррари аст. Акнун писарону духтарони инҳо шурӯъ намуданд ба тохту тоз ва ҷиноят кардан. Як Исмоили набераи “Пешво” чунон ҷиноятҳои вахиму нобахшуданияш ба мо расидааст,ки намегуед,ки Тоҷикистон бошад ва ин кишвар қонун дошта бошад. Чаро ? Чунки медонанд бе ҷазо мемонанд? Чаро бе ҷазо мемонанд? Охир инҳо наберагони “Пешво” ва апаи Азизмоҳ мебошанд.

Бори дигар мегӯем, ки Раҳмонов ва ақрабои вай аз чандин сол аст ки дигар фаро ва фавқулқонун шудаанд, агарчи «давлатчоплусакон» инро намебинанду намефаҳманд, аммо воқеият зиндагии ҳамарӯза дар кишвар ҳокӣ аз он аст ки дигар инони ихтиёру қарорро комилан аз даст додаанд ва ҳиҷ ниҳоду мақомоте наметавонад, пишаки онҳоро пишт бигӯяд…

“ Ислоҳ” дар мавриди ҷиноятҳои оилаи “пешво” таҳқиқотҳои худро мӯйшикофона идома медиҳад ва ончи таҳқиқ шуд ҳатман тақдими шумо азизон менамояд.

Total
16
Shares
Related Posts