Сифатҳои бандагони неки Аллоҳро бихонеду чунон бошед!
Худованди бузургмартаба мефармояд: «Бандагони Худои Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимат сухан гӯянд».
(Сураи Фурқон, ояти 63)
«Ба худписандӣ бар замин роҳ марав, ки заминро нахоҳӣ шикофт ва ба баландии кӯҳҳо нахоҳӣ расид».
(Сураи Исро, ояти 37)
Ибни Касир (раҳ) мегӯяд: Ин оят ба маънои ин аст, ки ғурур ва такаббур дар роҳ рафтан худро мушобеҳи ҷабборон нагардонад, зеро ки наметавонӣ бо роҳ рафтани худ заминро бишикофӣ.
«Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон ба субҳ меоваранд».
(Сураи Фурқон, ояти 64)
«Аз бистари хоб паҳлӯҳояшон дур мемонад, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд».
(Сураи Саҷда, ояти 16)
Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Ҳаркасе қисмате аз шабро бедор бошад ва Худовандро зикр намояд, сипас вузу гирад ва намоз гузорад аз Худо талаби бахшиш намояд ва ҳарчизе талаб намояд Худованди бузургмартаба хоҳишҳо ва намозашро қабул мекунад.
(Ривояти имом Бухорӣ ва…)
«Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигоримо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим! Ҷаҳаннам бад қароргоҳу бад маконест».
(Сураи Фурқон, оёти 65-66)
«Ваонон, ки чун нафақа (харҷизиндагӣ) мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки миёни ин (дуроҳ, исроф ва хасисӣ) миёнаро.
(Сураи Фурқон, оёти 67)
Имом Табарӣ(раҳ) дар тафсири ин оят мегӯяд: Исроф дар нафақа, ки дар ин оят омадааст, яъне хуруҷ аз маҳдудае, ки Худованд бар бандагонаш мубоҳ кардааст ва иқтор ҳам, яъне кутоҳӣ ва сахтгирии беш аз ҳаду амал накардан ба шеваи муътадил аст.
Худованд мефармояд: «На дасти хеш аз рӯи хасисӣ (бухл ва исроф) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикшой, ки дар ҳарду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ».
(Сураи Исро, ояти 29)
Худованд дар ҳоле, ки ба миёнаравӣ амр карда, аз бахилию исроф манъ мекунад хитоб ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васалам) мефармояд: Бахил набош, ки чизе ба дигарон набахшӣ. Ва дар инфоқ (садақа кардан) низ исроф накун, ки болотар аз тавони худ бошӣ ва харҷ намоӣ, ки дар натиҷа шахси бахил мавриди сарзаниши мардум қарор мегирад ва дигар чизеро барои инфоқ надошта бошад ва дар натиҷаи исроф аз кор бимонӣ, монанди ҳасире, ки аз роҳ рафтан хаста мешавад ва аз хастагию заъифӣ барҷо меистад. Табари тафсири ин оятро аз ибни Аббос ва Ҳасан (р) ин гӯна нақл мекунанд.
«Ва онон, ки бо Худои якто Худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар бар ҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳаркӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад».
(Сураи Фурқон, ояти 68)
Ин оят баёнгари яке аз сифатҳои бисёр муҳим аст. Онон Худовандро ягона медонанд ва дар ҳеҷ ибодате барои ӯ шарик намегиранд, махсунан дар дуоҳояшон, чун дуо худ ибодат аст. Аз паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсиданд: Чӣ гуноҳе бузургтар аст? Фармудаанд: «Дар дуоҳоятон каси дигареро ғайр аз Худо шарик бигирад бо вуҷуди инки ӯ туро халқ карда аст».
(Имом Бухорӣ ва Муслим)
Худованд мефармояд: «Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд. Ғайри он касон, ки тавбакунанд ва имоноваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад ва Худо омӯрзандаву меҳрубонаст!».
(Сураи Фурқон, ояти 69-70)
«Ва онон, ки бадурӯғ шаҳодат медиҳанд ва чун бар нописанде (амалиношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд».
(Сураи Фурқон, ояти 72)
Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Оё шуморо ба бузургтарин гуноҳ огоҳ кунам? Ин суханро се маротиба такрор намуд. Гуфтанд: Бале эй паёмбари Худо, сипас Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Шарике барои Худованд қарор додан ва нофармонӣ кардан ба волидайн (падару модар). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) баъд аз ин таъкидҳо ногоҳ аз ҷой бархостанд ва фармуданд: Ҳамчунин гуфтори дурӯғ ва шаҳодат додан бар ботил,ноҳақ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) суханҳояшро онқадар такрор намуданд, ки гуфтанд: Кош сокит мешуданд». (Имом Бухорӣ ва Муслим)
Шаҳодати бардурӯғ додан,ки ҳоло ҷомеаи мо пур аз ин ҷинояти нобахшудани шудааст.Барои зиндон намудани шахсе шаҳодати бар дурӯғ медиҳанд.Диққат диҳед чеҳраи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пас аз гуфтани ин ҷиноят тағйир карданд.Ба ҷонҳои худтон раҳм кунед қабл аз шаҳодати бардурӯғ доданатон.
Дигар сифаташон ин аст, ки агар ба умури лағву (лағв дар забони арабӣ, ҳар сухан ё амали ботилу пӯч ва зиштро гӯянд) беҳӯда бархурд шуданд бо сабру ҳилм аз он руйгардон мешаванд. Имом Табарӣ (раҳ) мегӯяд: Худованд аз муъминоне хабар медиҳад, ки аз канори корҳои бефоидаву пуч, каримона ва муҳтарамона мегузаранд вале аҳамияте намедиҳанд ба он корҳо.
Худованд мефармояд: «Ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд».
(Сураи Фурқон, ояти 73)
Ин оят ҳам далолат ба сифати муъминон мекунад. «Муъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳояшонро фарогирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакул мекунанд».
(Сураи Анфол, ояти 2)
وَالَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا (74)
«Ва онон, ки мегўянд: Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!».
(Сураи Фурқон, ояти 74)
Ибни Касир (раҳ) мефармояд: Манзур касоне ҳастанд, ки аз Худованд мехоҳанд аз насли онон инсонҳои итоаткунанда ба Худо бошанд, ки танҳо ӯро ибодат карда, ба ӯ ширк наварзанд.
Ибни Аббос (раҳ) мефармояд: Манзури муъминон аз ин дуо касоне аст, ки Худовандро фармонбардорӣ кунанд, то аз дидори онон хушнуд шаванд.
Икрима (раҳ) низ мегӯяд: Манзурашон фарзандони зебо нест, балки итоаткунанда буданашонро мехоҳанд.
Ин оятро аксари бузургон ҳатто дар саҷдаҳояшон мекарданд ва хело дуъои зебое аст ояти 74 Сураи Фурқон.
Дар мавриди ин оят аз Ҳасани Басрӣ(раҳ) савол карданд: Гуфт: бандагони Худованд мехоҳанд ҳамсарону бародарон, дӯстону наздиконаш мутеъи Худованд бошанд ва ба Худо қасам ҳеҷ чиз барои мусалмон дилпазир ва шодиовар аз инки фарзандаш ё бародараш, дӯст шавад ё хешовандонашро мутеъи Худованд бинанд ва дар олам барои шахси мусалмон аз ин карда волотар чизе вуҷуд надорад.
Худованд мефармояд: «Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро подош ёбанд ва дар онҷо ба дуруду саломашон бинавозанд. Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!».
(Сураи Фурқон, оёти 75-76)
Ибни Касир (раҳ) мегӯяд: Пас аз инки Худованд бархе аз сифоти зебои муъминонро мешунаванд дар рӯзи Қиёмат биҳштро ба хотири сабр (бар мушкилот ва сахтиҳои ин роҳ) ба подош мегиранд, дар биҳишт ба онҳо салом мешавад ва мавриди эҳтирому бузургдошт воқеъ мешаванд, пас салом медиҳанд ва ҳам салом мегиранд ва малоикаҳо аз ҳар даре ба назди онҳо рафта, барояшон салом мегӯянд (бар онон табрику таҳният мекунанд). Дар ҳақиқат чи ҷойгоҳи хуб ва сарои волое аст.Аллоҳ ин сифоти шоистаро барои мо арзонӣ бинмо ва моро дар ҷаннати Фирдавс маъвову бошишгоҳе ато бинмо омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин