Номаи шикоятӣ аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Ислоҳ нет

Ба мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” мӯҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин

 

(бахши аввал)

 

Мо,як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бори дуввум аст дар бораи кору амали Шодиев Давлатбек- Эшони Давлатбек ё Эшони Тоқӣ, ки раиси ин ҷамоат мебошад, менависем. Домулло Муҳаммадиқболи азиз, бовар кунед, чунин намуди эшонро нав дида истодаем. Луқмаи худу фарзандон, падар модар, наберагон, хулоса тамоми аҳлу оилаи худро бо пули аз мардум талабида ва дуздида таъмин карда истодааст. Эшон 8 фарзанд дорад, 5 тояш аз зани якумаш ва 3 тояш аз зани дуюмаш. Бало ба пасаш. Зани сеюму чорум ҳам гирад. Лекин пули мардумро гирифту замин медиҳам гуфта 5 сол мешавад бо фиребу найранг имрӯзу пагоҳ карда гашта истодааст. Таи 14 сол Раиси ҷамоати деҳоти Чортеппаи нохияи Рудакӣ буд. Хуни 34 ҳазор аҳолии инҷоро макид. Матлаби чоп кардаи Шумо нисбати Эшони Давалатбек боис шуд ӯро аз раиси ҷамоати деҳоти Чортеппа озод карданд. Аммо баъди чанд вақт Эшонро ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Навобод таъин карданд. Баъди ин таъинот вай гуфтааст, ки маро аз вазифа  нагирифтаанд, танҳо ҷойи корамро тағйир доданд. Ӯ барои онки мардуми фиреб кардаашро орому сокит кунад, чунин гапҳо гуфта гаштааст: ”Раиси ноҳия одами худамон, мана дидед, ку гашта Раис монданд, сабр кунед ҳукумат замин диҳад Шумо ҳамаатон якум- беочират замин мегирад. Заминҳои гирду атрофи ҷамоатро ба мардум фурӯхта тамом карда ҳатто хоҷагиҳои деҳқонии мардумро низ ба замини наздиҳавлигӣ тақсим карда дод.

 

Як усули заминфурӯшии эшони Давлат ин аст ки қарори заминро ба мардум “задни число” медиҳад. Масалан дар санад соли 2007 ва 2008 менависанд. Ба архиви ноҳия 500 доллар медиҳанд. Директори архив справка медиҳад ва қарорро тасдиқ менамояд. Сипас Мардонов Ҷумъа муовини Эшон субҳи барвақт то мардуми гирду атроф набинад, заминро ҷудо карда медиҳад. Агар одами зӯр бошед сохтмон мекунед. Вагарна тамом. Имрӯзу пагоҳ гуфта одами замин ва қарор додагиро боз 2 ё 3 сол медавонад. Аз омаду рафтан ба ҷамоат безор мешавед ва пули боз як якхонагиро роҳпулӣ мекунед. Агар гирифта тавонистед гирифтед вале агар нагирифтед, замини шуморо боз ба дигар кас мефурушанд. Эшон одами вазнин ва оромтабиатро писанд намекунад. Дид, ки одами хуб метобӣ хар карда саворат мешавад. Агар дид ки одами ҷиддиӣ ё дар мақомот ягон тағаи бақувват дорӣ чорқату панҷ қат шуда пеши поят меғалтад. Агар одами хуб бошӣ мебиёӣ ҷамоат   мегӯянд раис дар ҳукумат ё дар прокуратура ё дар суд ё дар амният.  Агар ба хонааш равӣ аз камера мебинад ба фарзандон ё занаш мегӯяд, ки гап занед раис нест. Тағояш мурдаст ё аммааш ё амакаш. Раис ба Оби гарм ё ба Файзобод барои ҷаноза рафтаасту 3 рӯз намешавад. Ҳаминхел мардумро фиреб карда мегардад. Маълум нест, ки ӯ чанд амаку аммаву тағо дошта бошад, ки ҳар рӯз яке аз онҳо мемурад.

 

Каме болотар аз идораи ҷамоат хонаҳои боҳашамат дорад. Ҳаммом бо маркази савдо ва якто қасри падараш яктои дигар аз они худаш. Поёнтар хонаи 2 ошёна аз писараш, боз якто хонаи 2 ошёна аз додарааш. Як бародараш тӯли чандин сол мешавад сардори танзими   шуда кор мекунад. Хулоса дар якуним гектар замин ва 7 хонаи дуошёна ба Эшону авлодаш тааллуқ дорад. Дар Душанбе 10 то квартира дорад. Онҳоро ба иҷора додагӣ аст. Зани дуюмаш дар шаҳр зиндагонӣ мекунад. Дар поёни хонаи падараш як хонаи 2 ошёнаи дигар ҳаст, хонаи додари Эшон Давлатбек яъне Эшони Сафарбек. Тамоми чизу чораи хонаи бародараш аз сементу сангу шағалу хишту шиферу дару тиреза то ваннаву ташнобу дивану яхдону кондиционеру телевизору қолинҳои қиматбаҳои хонаи додараш аз ҳисоби мардум. Давоми 2 моҳ хона барои истиқомат кардан тайёр шуд. Бовар кунед агар вазир бошад дар ин фурсати кутоҳ чунин хонаи боҳашамат пушида наметавонад. Ҳамааш аз ҳисоби мардуми туйдору маъракадор ва дигар одамҳои фиребхӯрда.

Мардонов Ҷумъа муовини Эшон оид ба масъалаҳои кишоварзӣ дасти рости Эшон,   Эшони Ҷурабек бародари калонии Эшони Давлатбек, масъули бахши танзими ҷамоат мебошад, Норов Фаридун як бачаи спортсмен -заминсози ҷамоат. Заминҳоро Эшону Ҷӯрабеку Ҷумъа мефурушанд. Вақти ҳуҷҷатгузорӣ заминсозро яъне Фаридунро мегӯянд имзо гузорад. Бардурӯғ воҳима карда мегӯянд, ки ин одами   як   прокурор ё коргари амният  ва ё милиса то имзо гузорад. Лекин дар асл ин 3 нафар пули калон гирифта заминро фурӯхтаанд. Аммо вақте ягон проблема шуд худро қафо мегиранд ва заминсози бечора дар бало мондагӣ. Меравад барои пурсишу посухи мақомот. Эшон   заминсози бечораро мефурушад. Чанд бор шудааст, ки  “барои чи имзо мондӣ Фаридун як бор аз ман напурсидӣ” гуфта ӯро мазаммат мекунад. Агар ба ҷои Фаридун як одами дигар бошад кайҳо ҳамаро ошкор мекард. Барои 6 сотих замини давлат Эшони Давлат то 15.000 доллар ришва мегирад. Аммо садҳо нафаранд, ки бо ин вуҷуд ки пул дода замин гирифтаанд, наметавонад, ки иҷозати хонасозиро ба даст оваранд. Эшони Давлат ба гӯши муфатишон низ мепарад. Мегӯяд ҳамин корро ором кунед, барои шумо замин медиҳам:   “Нусхаи паспорти ягон хешу таборатонро диҳед ба он тарафаш коратон набошад” гуфта кормандони мақомотҳои қудратиро ҳам фиреб дода бо ҳамин ҷони худро халос мекунад.

 

Ин муфаттишон рузҳои шанбе ба қабули Эшон мебиёянд аммо Эшон нест: ё аз камера дида баҷо мешавад ва ё ба ҳар баҳона мегурезад. Эшони Давлатбегро Раиси ноҳия ба зӯр меёбад. Ӯ амалан як мошеник мебошад ва номери телефон надорад. Дораду доимо дар переадресатсия мебошад. Танҳо телефони одамони наздики худ масалан Ҷӯрабеку Ҷумаву бархе аз кормандони ҷамоатро мегираду халос. Дар ҷамоат як бачаи дигар бо номи Зафар одами бовариноки Эшон буд. Бо ҳама муносибати хуб дошт. Ин Зафар аз вилояти Суғд буд. Рӯзҳои шанбе меомадӣ Эшонро намеёфтӣ лекин Зафар дар кабинети Эшон ҳамаро қабул мекард. Аммо Эшон бахилӣ кард. Аз бими онки ҷойи маро мегирад ташкил карду “подстава” намуд ва як бало карда ӯро “судебний” кард ва аз кор ронд. Ин Эшон дар ин масъала ҳам сахт ноҷавонмардӣ мекунад. Нафареро,ки намехоҳад, ба воситаи шиносҳояш мушкил месозад. Эшон чандин бор Ҷумъаи муовинашро ба воситаи кормандони УБОП бурда маҳкам карда аз 50 то 80 ҳазор доллари ӯро гирифтааст.

 

Танзими ҷамоат Эшони Ҷурабек ном дорад- бародари Эшони Давлатбек. Ӯ ҳам мисли бародараш мебошад: мардумфиреб, як лагандбардори чоплус, 2 зан дорад, якеаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Ҳама шароит хонаҳои 2 ошёна ва дар шаҳр чандин квартира.   Мошинҳои 20.000 доллара. Аммо ҳамааш аз пули мардум ва фурӯши замин. Зеро ягон намуд бизнес ва ягон намуд  даромади дигар надоранд. То соли 2008 замин ва тақсимоти он дар ихтиёри ҷамоатҳо буд баъдан ин ваколатро ба Раисони шаҳру ноҳияхо дода буданд Лекин то ҳоло ҷамоаҳо “задни число” ҳуҷҷат карда  заминҳоро чаппаву роста фурухта истодаанд. Аз камбизоат сар карда то одами пулдор ба Эшон пул додаҳо хеле зиёданд. Агар пули худатро талаб кунӣ, ки замин даркор нест пуламро деҳ боз имрӯз пагоҳ карда 2 ё 3 сол медаванд. Мо медонем қариб 25 нафар аз дасти Эшон паси панчара шиштагианд. Онҳоро бо туҳмат бурда шинонд. Аммо чанде аз онҳо баъди қонуни афв раҳо шуда омада ӯро маҷбур карданд, ки пулҳояшонро гардонида диҳад. Албатта, баъди чанд соли умри худро паси панҷара гузаронидан. Эшони Давлатбек як актёр аст. Ӯ аз Файзобод аст ва бо истифода аз номи мақомот дигарҳоро фанду фиреб медиҳад. Аммо бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро Эшони Давлатбек бо пул муттаҳам кардааст. Пули мардумро мегирад ба онҳо медиҳад.

Мегузарем ба дигар масъала. Бар фарзи мисол вақте заминро ҷудо карда доду шумо рафтед сохмонро оғоз кардед, баъди як ё ду рӯз нозир-участковий ё дигар мақомоти қудратӣ меоянд барои тафтиш. Устоҳоро таҳдид мекунанду. Кор ба Прокуратура кашонида мешавад. Прокурор амр бароварда сохтмонро ғайриқонунӣ меҳисобад ва мегӯяд,ки “ба ҳолати аввала” баргардонида шавад. Соҳиби сохтмон хонаи Эшон меояд ва мегӯяд ягон илоҷашро ёб, вагарна меравам ва мегӯям, ки барои ин замин ман ба Эшон 25 ё 30 ҳазор доллар додам. Эшон ӯро бо фиреб дилпур кардамегӯяд, ки “парво накун ҳалуш мекунем, ман қати прокурор гап задам”. Аммо Эшони Давлатбек чи кор мекунад? Трактор мебарад камтари сохтмонро чаппа мекунад ва сурат мегирад. Дар як ҷои дигар 2 камаз сангу шағал рехта ҳамаро навор карда бурда ба прокурор нишон дода мегӯяд ки амрро пурра иҷро кардам: “сохтмонро чаппа карда заминро ба ҳолати аввалааш баргардонидам”. Ҳатто прокурорро фиреб мекунад. Амммо баъди чанд рӯз меояед,ки соҳиби замин хонаро рост кардааст. Ҷолиб инҷост, ки прокурор хабардор мешавад аммо ҷойи ҳодиса намеояд. Барои ҳамин касе пишаки Эшони Давлатбекро пишт гуфта наметавонад, чунки дар ҳақиқат ӯ онҳоро пул дода забонкутоҳ кардагӣ аст.

 

Дар ноҳияи Рӯдакӣ 16 ҷамоату шаҳрак мавҷуд аст ки бештари раисони он аз 2 то 3 сол фаъолият бурда ё зиндон мешаванд ё аз кор мераванду бо доғи судӣ ба муҳоҷират мераванд. Аммо дар байни чунин раисони шаҳраку ҷамоатҳо фақат Эшони Давлатбек аст ки 14 сол масъулияти Раисии ҷамоатро бар ӯҳда дошт ва ҳоло бошад Раиси ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Эшони Давлатбек ранге, ки аз дигар сайёра омада бошад ва ё сеҳру ҷоду мекарда бошад, ки аз болояш ба тамоми мақомот аз ҷумла Прокуратураи генералӣ шикоят бурда бошанд ҳам  чизе намешавад. Аз ВКД, аз КДАМ ҳам тафтиш карданд ӯ софу тоза баромад. Бахудо ин як масхарабозӣ аст. Наход як одами порахур заминфуруш миллион -миллион аз мардум қарздор ҳасту шаб дар ҷойгаҳаш бо ҳарос хоб меравад, аз дасти қонун бо ин содагӣ халос мешавад. Худро эшон мегираду дар сари ҷойнамоз боз нишаста намоз мехонад. Ҳоло  боз дар куҷое ба тақсими замин шурӯъ карда барои худаш 30 сотих заминро симхор бастааст. Дар ҳудуди ҷамоат дар 5 деҳа эшон 30 сотихи барои худаш замин гирифта гирдашро бо сементблог маҳкам кардааст. Барои онки “агар рӯзе дастгир кунанд ҳамин заминҳоро дода худро халос мекунам” гуфтааст. Сардори милисаи ноҳия чанд вақт пеш  Эшонро маҳкам карданӣ мешаванд. Раиси ноҳия, прокурор, сардори амнияту милисаву ҳама дар сари дастархон мешинанд ва раиси ноҳия мегӯяд, ки Эшон бисёр одами хизматӣ аст, маҳкамаш накун, хизмат мекунад. Сардори милиса мегӯяд, ки агар бо мо 2 пиёла арақ бигирад маҳкамаш намекунем. Бовар кунед баъди шунидани ин гап эшон 2 пиёла пур карда арақ менушад. Ана эшону ана имону ана мусалмон! Бовар кунед ин ҳаромхур номи Эшонро ҳаром кардааст. Баъди нӯшидани арақ сардори милиса мегӯяд, ки маҳкамат намекунем.

Эшони Давлатбек дар ноҳияи Рӯдакиву берун аз он нақши як кошелёкро мебозад. Ҳар ҳафта бо навбат  ба хонаҳои бархе аз вазирону кабирон, раиси ноҳияву милисаву суду  амнияту прокуратура бозорӣ карда равон мекунад. Барои онҳо дар хонааш зиёфат медиҳад ва дар бағоҷи мошинҳояшон гусфанду сиркаи кушташуда ришва медиҳад. Албатта, аз ҳисоби фурӯши замин ва фиребу найранги мардум. Агар худи хозир эшонро аз вазифа гиранд бовар кунед 36 ҳазор аҳолии ҷамоат пушти дари вай навбат меистанд. Ранги Белорусия митинг барпо мекунанд, талаб мекунанд, ки пулҳоро баргардонад. Бовар дорам, ки хонаву дарашро алоб сар медиҳанд. Пули маҳшари халқи худоро гирифта хурд. Ҷавобашро бояд диҳад. Дунё бесоҳиб нест. Чунки дар ин ҷамоат 36 ҳазор аз ҳама маҳаллаҳои Тоҷикистон истиқомат ва зиндагонӣ мекунанд. Мардуми Ғарму Хатлону Суғду Бадахшон низ ҳастанд. Эшонро барои он ҳама ваъдаҳои дурӯғаш кордор нашуда истодаанд, умедворанд вагарна ду пояшро кашол карда пӯст мекананд. Ин тавр мумкин нест, ки як нафар садҳо нафарро фиреб кунад.

 

Вақте Аҳмадзода Раҷаббой, (раиси имрӯзаи вилояти Суғд) раиси Кумитаи замини Тоҷикистон таъин шуд дар рӯзи сеюми кориаш ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карда буд. Аз ҷамоатҳои он дидан карда бо сохтмонҳо аз наздик огоҳ шуд. Азбаски ин  гурги борон дида  вазъиятро зуд фаҳмид дар як ҷалсаи васеи ноҳия супориш дод, ки “сохтмонҳои дар заминҳои обӣ ғайриқонунӣ сохтаатонро дар байни 1 моҳ ҳуҷҷатгузорӣ карда ба Идораи замин пешниҳод намоед. Мо дар асоси санадҳои шумо ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем. Ҷаноби олӣ ҳамара авф мекунанд шумо ҳам халос мо ҳам” гуфту рафт.

 

Ҳама раисони ҷамоатҳо дар пайи ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳои хонаҳо шуданд ва баъди ҷамъоварӣ онҳоро ба Кумитаи замин пешниход карданд. Аммо ин Аҳмадзода Раҷаббой “ход”-и зӯр кард. Пешниҳод кард  то аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  як ситод ташкил шавад то ҳолати ҳама заминҳои ғайриқонунӣ додаро бисанҷанд. Раисони ҷамоатҳо баъди шунидани ин хабар, ки Ситод ташкил шудааст,  дар ҳолати шок афтоданд. Хулоса, ситод аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи идораи замин ташкил шуда ба тафтиш шурӯъ кард. Эшони Давлатбек аз шунидани ин хабар, ки аллакай дар дигар ҷамоатҳо “делои чиноятӣ” оғоз ёфта чанде аз заминсозон ва раиси ҷамоатҳоро бурда маҳкам кардаанд, дар даву тоз даромад. Хулоса, бо воситаи кадом миёнарав дар Прокуратураи генералӣ масъалаи худашу ҷамоаташро пора дода ҳал кард. Дар дигар ҷамоатҳо қариб 100 нафарро ин Ситод дело  ва дастгир кард. Мутаассифона дар ҷамоати Чортеппа ягон шахс “дело” нашуд ва ситод “как будто” ягон айб наёфт. Бар замми заминфурӯшиҳояш Эшони Давлатбек боз мардумро ғорат мекунад. Масалан барои баргузории ин ё он маърака:-туй, ҳоҷиталбон. Меояд соати 5. Ҳол онки рӯзи корӣ аз 8 сар мешавад. Эшони Давлатбек мегӯяд: “якчи бте бра чи хели мефорад маъракаатро гузарон”. Вале бояд моро ҳам ёрӣ диҳӣ. “Меҳмон дорем аз мақомотҳои қудратӣ 4 ҳазор бте меҳмонҳоро гусел кунем, ту бра чихели мефорад гузарон. Онҳо аз касе хабардор шудаанд, ки ту маърака дорӣ. Рейд гуфта омадаанд. Маъракаатро ором гузарон”. Хулоса бо ин роҳ ҳам пул кор мекунад.

 

Дар ҷамоат дар як рӯз чандин чунин маъракаҳо баргузор мешавад. Эшони Давлатбек 10, 15 то 30 ҳазор сомонӣ кор мекунаду меравад  Ҳатто пули даъватшавандаҳоро ҳам мегирад. Мардуми Ҷуйбодом безор шудаанд. “Призив” сар нашуда эшон аз тамоми волидоне, ки фарзанди синни аскарӣ доранд, пули онҳоро мегирад. Ҳар сол ҳама ҷамоатҳои ноҳияи Рудакӣ   нақшаи даъватро буд мекунанд. Лекин ҷамоати Чортеппа не. Зеро Эшон пулҳои мардумро  гирифта бачаҳоро гурезондааст. Тавассути милисаҳо, амниятиҳо аз ҷамоати Чортеппа як нафарро ҳам намеёбанд, ки ба аскарӣ баранд. Эшон ба Раиси ноҳия доля медиҳад. Раиси ноҳия бо хоҳиши Эшон дар ҷаласа аз раисони дигар ҷамоатҳо 2 ва 3 нафарӣ сарбоз меоваранду нақшаи ҷамоати ӯро ҳам иҷро менамоянд. Айни хол чуноне гуфтем, Эшони Давлатбек дар ҷамоати шаҳраки Навобод Раиси ҷамоат аст. Дар ин ҷамоат ҳамагӣ 8 ё 9 ҳазор зиндагӣ мекунанд

Ин ҷамоат замин надорад, ки Эшон фурушад. Мардуми ҷамоати Чортеппа Эшонро кофта ба ҷамоати Навобод меоянд. Ҳарруз на кам аз 20 ё 30 нафар ба дари ҷамоати шаҳраки Навобод меоянд, барои пулҳояшон. Боз бо фанду фиреб марумро гусел мекунад, ки корҳояшонро буд мекунад. Гӯиё раиси ноҳия ваъда карда бошад, ки баъди интихобот Эшон раис хоҷагии деҳқонии Раҷабалӣ Давлатов мешавад.

Хоҷагии деҳқонии Рачабалӣ Давлатов яке аз бузургтарин ва калонтарин  дар ноҳияи Рудаки ба хисоб меравад, чун заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппа аз они ҳамин хоҷагӣ ба ҳисоб меравад. Раиси ин хоҷагӣ акаи Файзалӣ ном дошт, аз Данғара буд. Охири  сентябр аз бемории Ковид- 19 вафот кард. Эшон даводав дорад ҷои ӯро бигирад. Мехоҳад заминҳои ин хоҷагиро фурӯхта қарзҳояшро соф кунад. Ин Эшон “гарени хитрий-муғамбири маккор” одам аст.

Худованд сафи инхел “аферист”-оро кам кунад.  Ҳатто Эшон дар даврае, ки Раиси ҷамоати деҳоти Чортеппа буд, каллаи азон хонаи чор ё панҷ нафар одамҳои пулдор рафта талбандагӣ ҳам мекард. Худро ба як ҳолати зор меандохт ва мегуфт, ки “ягончи ёрдам кунед, меҳмон дорем ё ба газета обуна шудан даркор фалон сомонӣ лозим дорем, аз ҳукумат маҷбурамон доранд”.  Хулоса бо ин баҳонаҳои “корӣ” хело пул кор мекунад…

Мо,муаллифони ин номаи шикоятӣ тавассути “Ислоҳ.нет” аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунем, ки фаъолияти раиси ҷамоат дар ноҳияи Рӯдакӣ Шодиев Давлатбек- Эшони Давлатбек ё Эшони Тоқиро аз нав санҷида пули гирифтаи ӯ аз мардумро ба соҳибонаш баргардонед!

Мо хуб медонем,ки шикояти мо ба ҳеҷ вазорату идора ва мақомоти судии ноҳиявӣ ва Ҷумҳурӣ бе таъсир аст. Дасти Шодиев Давлатбек ба ҳама мерасад ҷуз “Ислоҳ.нет”. Худоро шукр мекунем,ки шумо ҳастед ва барномаҳои шумо таъсири хело хубе доранд ва мо таъсирашонро бо чашмони худ дидаем.

Поёни бахши аввал,дар ҳолати бе тағйир мондани ин вазъ мунтазири ҷиноятҳои дигари Шодиев Давлатбек дар бахшҳои дигар бошед.

Ps:  Ҳамдиёрони азиз, Ислоҳ.нет” ҳамеша дар хидмати шумост ва омодаи нашри ҳар шикоят ва дарду ранҷи шумо ҳамватанони азизи кишвар аст. Барои мо ҳеҷ фарқе намекунад ҷинояткор кӣ ҳаст ва чи мақом ва вазифаву рутбае дорад. Муҳим шумо онро нависед ва фиристед, дар наздиктарин фурсат он нашр мегардад.

 

Share This Article