Сорбон ё Сӯҳроби урметаниро кӣ кушт,раиси хоҷагӣ ва ё амнияти ноҳия?

Ислоҳ нет

Номаи доди як сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба “Ислоҳ.нет”

Марҳум Собирқулов Сорбон ном дошт. Аммо дар деҳаамон бо номи аввалааш -Зиёев Суҳроб мешиносанд. Исму насабашро ба хотири муҳоҷират иваз кард.

Маҳаллаи Лангар ба ҷамоати Урметан дохил мешавад. Охирҳои соли 2006 ва оғози 2007 буд. Қувваи барқ бо лимити шадид дода мешуд. Як муйсафеди аз 70 боло бар асари торикӣ роҳро дуруст намебинад ва болои ях қадам мемонад, ки ба замин мезанад ва кадоме аз узви баданаш сахт лат мехурад. Сари ғазаб   дашноме нисбати роҳбари давлат мекунад. Чанд рӯзе нагузашта мӯйсафеди аз 70-гузаштаро ба шӯъбаи амнияти миллии ноҳияи Айнӣ даъват мекунанд ва 500-сомонӣ ҷарима мебанданд.

Ин авалин ва охирин сокини деҳаи мо буд, ки норозигиашро кушоду равшан баён кард. Ҳоло ин марди куҳансол дар ҳаёт нест. Дар ноҳияи Айнӣ махсусан Урметани мо ҷосусони амният чунон бисёранд, ки касе ҳарфи ошкор зада наметавонад. Як раиси маҳалла дорем бо номи Азимов Исмоил, мактаби миёнаро хатм накардааст …

Ҳамон нафаре, ки бо телефон бо Сорбон сӯҳбат мекард лейтенант Маҳмадов ном доштааст. Навори аудиоии сӯҳбатҳояш бо марҳум назди ман ҳаст. Аввал бо писари марҳум занг мезанаду номи писаронашонро мегирад:- Меҳроб ва Минбар. Минбар дар мактаб дар вазифаи китобдор  (библиотекачӣ) кор мекунаду Меҳроб  корманди вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Фарзанди сеюмашон донишҷӯ дар курси аввал мехонад. Писарони Сорбон Меҳроб Минбар ва Дилписанд мебошанд. Падари Сорбон муаллими куҳансолтарини мактабамон мебошанд -Зиёев Собирқул. Худи Сорбон низ дар мактаб ҳамчун таъмиргари бухориҳои мактаби миёнаи умумии рақами 40-кор мекард. Соли тавалуди ӯ 1970-мебошад. Дар 50-солагиаш бо шакли мармузе  “вафот” кард.

  Асли қазиа чунин аст:

Хоҷагии деҳқонии Лангар аз кумитаи андози ноҳия хеле қарздор мебошад. Раиси хоҷагӣ Азимов Исмоил бо лақаби (Исмат) борҳо дар маҷлиси хоҷагӣ мегӯяд, ки мардум мо қарздор мебошем, чи кор кунем? Мардум ҷавоб медиҳанд, ки мо аз касе қарздор нестему намедонем ва андози заминҳоямонро дар вақташ месупорем, барои чи мо қарздор ҳастем? Раис бо ҳар баҳона гапро дароз мекунад аммо касе ӯро гуш намекунад. Дар болои руди Зарафшон як пул бекорхобидаи одамгузари даврони шӯравӣ вуҷуд дошт. Тақрибан то 10-сол пеш кор мекард. Пас аз ба истифода додани пули нав дигар ҳеҷ кас ба он аҳамият намедод.

“Дар фасли тирамоҳ ё зимистон дарёи Зарафшон камоб мешавад. Мардум хабардор мешаванд, ки шахсони номаълум бо як автомашинаи Газел ва ё ки портери бортовой пур аз газу кислород дар назди пул истодааст ва онҳо бо раиси хоҷагӣ гапро пазондаву мехоҳанд онро ба қисмҳо пора-пора кунанду оҳанпора карда баранд.”

Мардум пиёдаву савора  ба суи мавзеи Дашти таг шитобон фаромаданд. Яке аз шахсони фаъолу ташаббускор марди ватандӯсту ватанпарвар Сорбон буд. Шахсан худи Сорбон ба он харидорон мегуяд, ки агар дастатонро расондед, шумову ҳамон фурӯшандаро дасту пойҳоятонро скочпеч карда дар ҳаминҷо ба дарё равонатон мекунем. Харидорон ноилоҷ   одамони бисёрро дида роҳи гурезро пеш мегиранду дарҳол ба раис занг зада мегуянд, ки ин чи кори кардагиат буд? Раис аз онҳо заколот гирифта буд ё не барои мо норӯшан аст.  Раис дигар илоҷи корро наёфта аз амниятиҳо мадад мепурсад ва мегӯяд, ки ҳақатонро мегиред.

Амният ҳам мефаҳмад, ки чун ҷунбиши халқӣ аст дигар шарик намешаванд. Аммо раис боз ором наистода руйхати саркардагонро ба амният пешниҳод мекунад, аз он ҷумла Сорбон дар аввал. Ин ҳодиса соли 2015 буд .

Бори дувум раис (Исмат ) зимистони соли 2017 як рӯз пас аз намози аср ба назди имомхатиби масҷидамон, ки он вақтҳо ҳоҷӣ Мирзо буд мегӯяд, ки мардумро фаҳмонед хоҷагиамон қарздору ҳамон пулро розигӣ диҳанд. Ман қарзи хоҷагиро супорам. Дар ин дафъа Исмат хеле зиракӣ карда ва дар вақти мувофиқ омада буд. Чунки аксарияти намозхонони масҷид калонсолон буданду аз он шӯришиёни аввала якчанд нафар буданду халос. Пас аз аср ҳама аз масҷид рӯи ҳавлии он баромадем. Раисро якбора дида ҳама дар ҳайрат монданд. Одаме,ки дар ҳаёташ намоз нахондааст, ғайричашмдошт масҷид омада буд. Ҳатто ду нафар бо таври шухиомез яке ба дигаре мегуфт, ки Исмат соати намозро шояд надониста бошаду дер кард. Ин замон буд, ки имомхатиби масҷид овоз баланд карду гуфт: раиси бечора як пешниҳод доштааст. Исмат тарафи имохатиб рафту бо овози паст чизе ба имом гуфт, чун ӯ медонист, ки агар худаш сухан кунад, касе гӯш намекунад. Имоми масҷид ҳоҷӣ Мирзо суханро оғоз карданд: Мардум биёед ба ҳамин раис кумак кунем, то ки хоҷагиамонро аз қарзи андоз озод кунад. Мардум пурсиданд, чи тавр?

Исмат боз аз ҳамон пул гапро оғоз кард ва имомхатиб ҳам  мардумро ташвиқ карданд, мардум норозогии худро ошкоро изҳор доштанд. Яке аз иштирокчиён ба Исмат гуфт, ба ту кӣ иҷозат медиҳад, ки пулро фурушӣ? Исмат ҷавоб дод, ки  ин пул дар тавозуни хоҷагӣ асту амволи давлатӣ мебошад. Ҳоло, ки корношоям аст мефурӯшем. Нафари дигар гуфт ту раис шуда намедонӣ, ки ин пул аз маблағи халқ сохта шудааст? Вақте ки сокинони ҳамин маҳалла дар комбинати Анзоб (шахта) кор мекарданд, дар солҳои 60-уми асри гузашта онро оварда сохтагианд. Як нафари дигар гуфт, ки имсол ту пулро мефурӯшиву қарзатро медиҳӣ, соли оянда чи кор мекунӣ? Ҳамин тавр  тири Исмат боз ба ҳадаф нарасиду ҳама бо як овоз не-не гуфтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Исмат дар оилаи даҳмарда ба дунё омадааст. Вай аз хурдӣ то  қаровули колхози Лангар шудан чӯпон буду ҳезумбиёри кирояи мардум. Исмат пас аз қаловурӣ бригадир шуд. Солҳои 2000-ум колхози номдори ба номи Узбакистон дар ҷамоати Урметан пароканда шуду ҳар як хоҷагии мустақил раиси худро интихоб кард.

Аслан касе ба ин мансаб талабгор ҳам набуд. Деҳаи мо дар маркази ҷамоат қарор дошт ва ҳамаи заправкаву пункти қабули тамоку, шипангҳои колхози собиқ ба мо мерос монд   Кори бригадиру раис бо фурӯхтани амволи давлатӣ оғоз шуд. Дар ин вақтҳо Исмат бригадир буду як нафари дигар раис.
Дар он солҳо раиси ноҳияи Айнӣ Бобоева Мавҷуда Валиевна буданд. Ҳамаи хариду фурӯшу нархгузориҳо тавасути муовини раиси ноҳияи Айнӣ Бобоҷонов Абубакр сурат мегирифт. Ӯ зодаи Урметан буду аз Бобоева дида нағзтар медонист.

“Бовар кунед дар муддати 5-сол меҳнати 70-солаи ҳукумати советиро барбод доданд.”

Бинои пункти қабули тамоку, замину амволи заправка, ки қариб ҳамаи мошинҳои ҷамоат дар онҷо меистод, бинои заводи консевр, бинои селпо, идораи колхоз, мағозаҳо, саройу шипангҳо. Мо аз он ҳамдеҳагонамон, ки ин биноҳоро харидаанд, шикоят надорем ва ё зид нестем, чун агар онҳо ҳам намехариданд, дигарҳо мехариданд .

Раиси пешинаи маҳаллаи мо маҷбур буд, чун аз ин фурӯхтанҳо на ба ӯ ва на ба мо сокинони Лангар ягон фоида набуд. 90%-ин маблағҳо ба маркази ноҳия мерафтанд.

Фарқияти байни раиси пешинаву Исмат дар он аст ки касе ёд надорад ягон нафари ҳамдеҳаашро ба нозири минтақавӣ, суду прократура, милисаву амният фурӯхта бошад.

Барои мисол мегӯям, ки тақрибан солҳои 1998–1999 раиси собиқ намедонам бо фармони ҳамон вақта раиси колхози Узбакистон  (ҳоло дар қайди ҳаёт нест)-ва ё саҳван як Зилкамаз ғаллаи бригадаи моро мехост ба куҷое қарз диҳад, пинҳонӣ аз мардум. Ҳамон Сорбони (сарбардор, Восеъсиришт, таҳамтан,родмард, хирадманд, ҳакҷую ҳақгу)- бо ҳамроҳии якчанд нафар  шаб дар маркази деҳа мошини ғалларо ба анбори хоҷагӣ бармегардонанд. Шаб рӯз шуд, ҳама мардум аз ин сир огаҳ шуданду ба Сорбон офарин гуфтанд.

“Ба Исмат мегӯем, ки ҳамон раиси пешина ҳам мисли ту раис буд, аммо шестёркаи амнияту милиса набуд. Хулоса, соли 2007 ва 2008 дар хоҷагӣ ягон амвол намонд. ”  

Касе довталаби раисшавӣ ҳам набуд ва акнун Исмат озодона нафаскаширо оғоз кард.

Раиси нав корро оғоз кард.  Дар он солҳо кадом бонке дар минтақаи Зарафшон ба шахсони ташаббускор маблағҳои бебозгашт дод. Масалан касе замини ноободро обод мекунаду каси дигар ниҳолу дигар корҳоро анҷом медиҳад. Дар хоҷагии мо ҳам хеле одамон аз он маблағҳо гирифтаву истифода бурданд…

Бо сабаби оне, ки мавзеъи Дашти Устообиди Урметан ба 2-бригадаи ҷамоат таалуқ дорад Исмоил бо раиси хоҷагии деҳқонии Файзбор сухан як карда бо маслиҳати пешакӣ барои таъмиру аз навсозии ҷуйи оби дашти Устообид аз ҳамон бонк хеле маблағи калон мегиранд. Маблағ ҷудо шуд вале барои мо норушан боқӣ монд. Ин ду роҳбар обу лой карданду каме трубаҳои қутраш150-мм ё 200-мм харидорӣ карданд.

Мардуми ҳарду бригада фаҳмиданд, ки таги коса нимкоса ҳаст. Ҷӯй тағир наёфт ва мардум мисли ҳарсола сарсону саргардон шуданд.

Мардуми мо обруи раисамон нарезад гуфта шикоят накард. Ё, агар шикоят ҳам кард, ба ҷои даркорӣ нарасид. Бригадаи дигариро шикоят карданд. Доғи судӣ гирифт. Аз мо нагирифт Вале аз ин ҳодисаҳо амнияти ноҳияи Айнӣ бехабар намонд. Исмоил дар ҳамон рӯзу ҳафтае, ки ба амният даъват шуд, дигар корманди ҳаққонии онҷо шуду монд…

Қаҳрамони Урметан Сорбонро чи гуна мекушанд?


  2-сол пеш маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ баргузор мешавад. Боз ҳамон марҳум Сорбон масъалаи қарзи хоҷагиро ба мардум мефаҳмонад, ки ором нашинанд. Барои чи мо ҳамаи андозҳоро месупорему қарздорем? Ин 2-юмин маротиба мешавад, ки дар “чёрный список” меафтад.

Сорбон соли 1970-тавалуд шудааст. Дар синни 25-солагӣ рӯбарӯи раисону комитетҳои маҳалла озодона сухан мегуфт. Маълумоти олӣ надошт вале хеле босаводу хушсухан буд .

Амаки Собирқул 3-писар доштанд ҳама дар як ҳавлӣ зиндагонӣ мекарданд. Дар болои деҳаамон як қабристони куҳна вуҷуд дорад. Хонаи амаки Собирқул камтар ба он мавзеъ наздиктар мебошад. Солҳои пеш онҷо ҷои ҷамъшавии бузу гусфандони мардум буд.То онҷо мебурданд дар фасли зимистон ва ба дасти чупон месупориданд. Бо гузашти солҳо дигар мардум ба онҷо намерафтагӣ шуданд. Шояд аз ҳисоби ба қабристон наздик буданаш бошад. Сипас амаки Собирқул бо ҳамроҳии яке аз бародаронашон онҷоро обод карданд. Аммо бародарашон ҳам даст кашид аз он замини сангзор. Дар асл онкас онҷоро барои макони истиқоматӣ обод накарда, якчанд сафедору бед шинонда буданд. Бо мурури замону вакт зиндагӣ Сорбонро маҷбур мекунад, ки бояд ҳамроҳи зану фарзандони хурдаш ба ҳамон замини нимобод кучида равад. Дар асл ҳамин тавр шуд ва пас аз сохтани хонаи истиқомати зиндагониро оғоз намуд. Дар мавсими баҳору тобистон чандин маротиба дар дохили таҳхонаву хонаву ҳатто аз таги гаҳвораи фарзанди 3-юмаш ки дар он солҳо нав таваллуд шуда буд морҳои ҳархеларо медиданду меҳаросиданд. Бо ҳамаи ин боз Сорбон тоқат мекард, чун худ хеле марди обутоб ёфта буд, наметарсид. Аммо ҳамсару фарзандон ҳамеша парешонҳол буданд. Аммо ин дер давом накард.

Дар мавзеи боғи хоҷагӣ замине, ки барои падараш дода буданд Сорбон ба онҷо кучид. Солҳо гузаштанду фарзандонаш калон шуданду соҳиби зану фарзанд. Сорбон соҳиби ду набера ҳам шуда буд. Бо хурсандӣ набераҳояшро дар даст гирифта тамошои деҳа мебаромад.
Соли 2019 фарзанди 3-ми Сорбон бо баҳои хубу холи баланд ба кадом донишгоҳи Душанбе дохил шуд. Сорбон бо 2-фарзанди дигараш дар вилояти Свердловск дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Мисли ҳарвакта моҳҳои сентябр- октябр ба ватан чун дигар ҳамватанон баргаштанд.

Аз сабаби онки худ ва ду фарзандонаш ҷамъ 3-оила дар як замини назди ҳавлигӣ, ки 4-сотник (га)-мебошад зиндагӣ мекарданд ва ва як писари бо балоғатрасидаи дигар дошт, ба хулосае омад, ки бояд барои яке аз фарзандон хонаи истиқоматӣ бисозад.

Сорбон ба хулосае омад, ки ба ҷуз ҳамон манзили морон дигар ягон ҷо нест.

Дере нагузашта падари омӯзгораш, чун дилаш барои наберагонаш месухт, замини хеле ободи хоҷагӣ додаро ба Сорбон медиҳад. Дар онҷо хона сохта зиндаги мекунанд. Дар қабристоне, ки дар наздикии хонашон қарор дошт,сохтмони навбатиро оғоз кард. Бо тарҳи нав 10,12-метр пастар сохт,ки ҳарчи аз роҳи селу морони қабристон дуртар бошанд.
Ин  навбат  ба  дасти морон неву ба дасти одамони аждаҳосиришт ғалтид.

Марҳум як моҳ пештар аз маргаш бо силоҳи шикориаш ба дасти кормандони хоҷагии ҷангал афтода буд. Аз он сабаб ҳам ба маркази ноҳия даъватшуда буд. Аз Урметан то маркази ноҳия 35-километр мебошад. Ӯ борҳо даъват шуда аст .Исмоил пас аз дасти амниятиҳо фаромаданаш корманди содиқи онҳо гардид. Ӯ медонист, ки агар Сорбонро натарсонад дар оянда ӯ ҳамеша дар пои ман мезанад.

“То кунун сабаби марги Сорбон муайян нашудааст, гуё мақомот медонанд, ки ба амният рафтааст. Боз ӯро дар вақтҳои корӣ нею масалан соатҳои 18 ва ё 20-бегоҳ даъват мекунанду субҳ барвақт ҷавоб медиҳанд, ки гуё ба ҳеҷ куҷо нарафта бошад.”

Тибқи баъзе маълумотҳо чунон дар каллааш задаанд, ки шаб омада дар хонааш хоб мекунад. Саҳар барвақт ба худ мебиёяду кадом чизе ва ё ҳодисае ба хотираш мерасад, чун вақтҳои маъмулӣ аз хонааш мебарояду дар роҳи ба хонаи боло ба кор рафтан дар як мағозаи сари роҳ ресмончаеро харидаву худашро бо ҳамон меовезад.

Вақти хуроки нисфирӯзӣ пайдо намешавад. Писараш аз мактаб мебиёяд. Модараш мегӯяд падарат имруз чоштхурӣ наомад. Писар меравад, ки алакай дер шуда буд.
Қисме аз мардуми деҳа мегуянд,ки Сорбон хеле марди бофаҳму ҳушёр буд. Шояд, ки бо сабаби дар калааш зарбаи бисёр хурдан хотираашро гум кардаву бо ҳамин роҳ рафтааст.

“Ҳоло дар хоҷагии мо мактабу масҷид ва як чойхонаи ҷамъиятӣ ҳасту халос. Ҳамон чойхонаро раиси аввала халқӣ кард. Агар дар дасти Исмат мешуд барвақт мефурӯхт.”

Ҳоло Исмат идора надорад, дар дохили мактабамон як синфхонаро гирифта асту халос.

Дигар ягон ҷои фурӯшӣ намонд. Шояд бовар накунед, роҳҳои куҳие, ки дар болои деҳаамон ҳаст онҳоро бо ҳар баҳона ба мардум мефурӯшад. Роҳи мошингард, адиру теппаҳо ҳатто ҷару партовгоҳҳо, ки касе нигоҳ намекард, онҳоро фурӯхта истодааст.

Яке аз дигар сабабҳои марги Сорбон он аст ки гуё ки Исмат мехост дар замини хонаи марҳум ё инки дар қисме аз он барои касе сетификат карда диҳад. Сорбон ба Исмат ҳушдор медиҳад, ки ин корро накунад. Исмат бо ҳазоруяк тӯҳмату бӯҳтон аз ӯ ба боло маълумот медиҳад.

Масалан 3-сол пеш дар мавзеи Уштургардани Лангар як нафар сокини деҳаамон замини назди ҳавлиги дошт. Ӯ қисмати поёнии боғашро, ки ҷарии нишеб мебошад кам- кам обод мекард. Як рӯз фарзанди ҳамон одам аз падараш мепурсад ки падар ман ҳаминҷо барои мошинам гараж кунам? Падар мегуяд, ки ман солҳои 90-асри гузашта ҳуҷҷат карда будам.  Вале вақте ин  бечора корро оғоз кард, кормандони кумитаи замини ҷамоат меоянду мегуянд ғайриқонунӣ заминро аз худ кардаӣ. Маълум мешавад онҳоро Исмат равон карда аст. Исмат мебинад, ки ӯ сар хам намекунад ба прокурори ноҳия шахсан худаш хабарро мерасонад. Прокурор ӯро даъват карда бо маблағи хеле калон раҳояш мекунад.

Ps: Ин номаи пур аз дарду андӯҳ беш аз ду моҳ аст ба мо расида буд. Аз баски кутоҳ-кутоҳ навишта шуда буд дертар рафтем ба суроғаш, чун рӯяш бояд кор мекардем, имрӯз онро таҳрир намуда тақдиматон намудем. Аз ҳама манотиқи кишвар номаҳо ба “Ислоҳ”  расидааст ба ҷуз аз Айнӣ. Айнигиҳои гиромӣ хуб медонем шумо ҳам гирифтори ҳазорҳо мушкилотед. Б мо нависед,то дардҳои шуморо нашр кунем ва тағйироте дар шумо ҳам падидор гардад. Нагуед,ки Абдуфаттоҳ Шарифзода аз Айнӣ аст ва набояд нависед ба “Ислоҳ”. Мо чандин маълумотҳо дорем,ки номаҳои шикоятие аз Айнӣ ба дастгоҳи президент мераванд ҳамаи онҳоро А.Шарифзода монеъ мешавад, то онҳоро дида бароянд. Амр мекардааст, то тавассути КДАМ, ВКД  шахсони шикояткунандаро водор намоянд хомӯш бошанд ва сокиташон мекунанд. Аммо “Ислоҳ” минбари шумост ва ҳама дардҳои шуморо бе каму кост нашр мекунем.

Share This Article