ҳисоботи ҳайати “Ислоҳ” барои соли 2023
Ҳаводорону бадхоҳон,дустону душманони «Ислоҳ»! Имсоли мелодӣ ҳам ба поёни худ расид.
Як соли гузашта барои «Ислоҳ» ва ҳайати эҷодиву фаннии он басо пурбор ва бобарору бомуваффақият буд.
Барномаҳо дар имтидоди сол ҳам дар сомона ва ҳам дар Ютуб боиси ҷалби таваҷҷуҳи ҳарчи бештари мардум шуд. Шумори хонанда ва тамошобини мо афзун гардид. Мо тавонистем, ки ҳузури худро дар майдони матбуот ва фазои маҷозӣ пуррангтар ва намоёнтар намоем.
Имсол шумори матолиби мунташира дар пойгоҳи «Ислоҳ.нет» ба 321 расид, ки аз соли гузашта бештар аст. Замимаи телефонии «Ислоҳ» -ро ба телефонҳои андроид барои аввалин бор маҳз дар ҳамин сол сохтем ва дар дастрас ва истифодаи хонандагони азизи худ қарор додем.
Пойгоҳи «Ислоҳ» –дар имсол 12 млн маротиба мавриди ҳуҷуми ҳакерони Раҳмонов, СС (Саидмумин Сатторович Ятимов) ва РР (Рамазон Раҳимзода ) қарор гирифт. Дар маҷмуъ 18 соат аз кору фаъолият бозмонд вале бо заҳмату талоши техникҳои муҷарраб в ҳирфаӣ, ки дасти эшон дард накунад, барқарор гардид. Охирон зарбаи ҳакерӣ аз тарафи УБОП-Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Шодӣ Ҳафиз ба пойгоҳи «Ислоҳ» расонида шуд, ки шукри Аллоҳ таъсири лаҳзаӣ ҳам надошт ва мо фавран барқарор намудем ва паёми кутоҳи зебое ҳам ба ин домодгенерал ҳайати фаннии «Ислоҳ» гузошт. Шикасти талх ва намакин буд барояшон.
Имсол дар шабакаи Ютубии «Ислоҳ.ТВ » 34 ҳазор бинанда сабти ном кард.
Дар канали ютубӣ кормандони техникии мо 260 навор нашр намуданд.
Имсол 81 барномаи “Минбари муҳоҷир” манзури шумо, тамошочиён гардонида шуд, ки тули онҳо аз 4 то 7-соатро фаро гирифт. Ду барномаи “Зери заррабин” баргузор намудем.
Барномаҳои “Минбари муҳоҷир” ҳамеша рӯзҳои чоршанбе баргузор мешуд. Аммо, бо тақозои бинандаҳо, пас аз моҳи август, нашри онро ду маротиба дар ҳафта:- чоршанбе ва якшанбе ба роҳ мондем ва худи шумо шоҳидед, ки хело бинандаи зиёде ҳам доштанд.
Аксари барномаҳои “Минбари муҳоҷир” наздики 200 ҳазор ва гоҳе ҳам бештар ин рақам бинанда доштанд. Барои мисол барномаи “Минбари муҳоҷир №213” 405 ҳазор бинанда дошт.
Навори мо таҳти уновни “ Абдуқаҳҳор Розиқовро дар Кулоб кӣ кушт” ним миллион бинанда касб кард. Албатта чунин наворҳои сербинанда, ки аз 200 ҳазор болоянд, хело зиёданд, ки мо танҳо ба яке ишора намудем.
Имсол “Ислоҳ.тв” ва “Ислоҳ плюс” -ро 70 млн бинанда тамошо кард. 907 ҳазор лайки ҷонибдорӣ гузоштаанд ва 101 ҳазор нафар поделится ё бознашр намудаанду 112 ҳазор комент ё шарҳ навиштаанд.
Дар соли 2023, ки акнун дигар ба моли гузашта мубаддал мешавад, мо ба муносибати 50 умин солрӯзи таъсисёбии ҲНИТ силсиланавишта ва барномаҳоеро бо номи “ҲНИТ ним қарни пурталотум” нашру пахш намудем. Алҳамдулиллоҳ, ин барномаи худро, ки аз таърихи пурифтихори ҲНИТ ҳикоят мекунад,9 0 дарсад ба итмом расонидем. Як матлаб ва чаҳор видеофилми он барои соли нав боқӣ монд,ки иншоаллоҳ дар январи 2024 нашру пахш хоҳем кард.
Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар ду моҳи охир 57 матлаб ба нашр расонид. Ду моҳи охир хело пурмаҳсул буд. Ҳамагӣ се рӯзи истироҳат доштем. Ҳадафи мо расонидани ҳарфи ҳақ ва воқеиятҳо барои миллат ва мардум аст ва тибқи он амал дорем.
Ҳайати фаннӣ -техникии “Ислоҳ” хеле ҳам такмил шуд вале, ростӣ, ҳоло ҳам мо ниёз ба кормандони ҳирфаӣ дорем. Чун нақша ва барномаҳои зиёд дорем ва барои анҷому иҷрои он ҳамроҳӣ ва ҳамкории шуморо хоҳиш дорем.
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ»! Мо аз шумо чи мехоҳем?
Бале, дуруст аст, ки мо расона ҳастем. Аз ҳар ҳодиса ва руйдодҳо ва нақшаву ниятҳо, аз навгониҳо, аз таҳаввулоту тағйирот ба масобаи як расона огоҳатон мекунем, маълумот медиҳем. Аммо, мо фақат ва фақат расона нестем, фақат ва фақат журналист нестем. Мо, ночор ва ногузир ҳастем,ки гоҳо аз меъёр ва чаҳорчуби як расона ва журналистика фаротар биравем,чунки мо дар ҷабҳаи муқовимат ва мубориза қарор дорем, мо дар майдони масофу набард, мо дар майдони сиёсат қарор дорем. Инро аз шумо ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаем. Муқовимати мо рустиву баҷоӣ нест.
Дар ҳар барнома ва матолибе, ки пахшу нашр мешавад, шумо бар мағзу моҳият ва бар жарфу умқи аҳдофи он пай мебаред.
Мо дар даст силоҳи сард ё оташфишон надорем. Мо силоҳи сахттар ва буррандатар ва кубандатар дорем. Ба гуфтаи шоири маъруф,муҳоҷири сиёсӣ устод Абдулқосим Лоҳутӣ, ки айнан мисли мо, ё беҳтараш бигӯем мо айнан мисли ӯ овораву паноҳанда шудаем, дар “даврони теғу оташу хун зиндагӣ” дорем ва инки алайҳи ман ва ҳамроҳони ман ва ҳамсангарони ман парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва инки моро ифротӣ эълон кардаанд ва инки «Ислоҳ»-ро бастанду мамнуъа эълон кардаанд,на барои он аст ки ман дар дастам Калашников доштам ва ё туфанг, барои он маро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд, ки бо сухан он тарафи майдонро ҳадаф қарор додаам. Ин шумо мардуми азиз ва мазлум ҳастед, ки дар васати майдонед ва инки шуморо барои як лайк ба Ислоҳ ва ё тамошои он мебаранду азият медиҳанд, зиндонӣ мекунанд, пулатонро мегиранд, бохабар ҳастем ва аз ин ҷиҳат аст ки мегуем мо танҳо расона нестем, агарчи кору пайкорамон бо расона ва расонаӣ аст. Ҳабиб Юсуфӣ, шоири ҷавонмарги тоҷик, ки дар майдони ҷанги воқеӣ ҷоми шаҳодат нушид, дар ҳамон майдони ҷанг боз ҳам аз қалам менавишт:
Вақти он аст эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам решааш буррӣ зи бех,
То расӣ манҳус анчарро кунӣ бешоху барг.
“Минбари муҳоҷир” ба марҳала ва сатҳи комилан дигар расид. Густаришу тақвияти нуфузи он дар ҳар хона ва корхона режими оилаӣ-қабилаии Раҳмоновро водор кард дар сиёсаташ бар алайҳи мо бознигарӣ ва аз василаҳои нав истифода кунад. Маълум аст, ки роҳе ба ҷуз аз истифода ва ҷалби қудрат ва зӯр надорад ва барои ҳамин мақомотро истифода кард. Туда- туда омӯзгору корманди ҷамоату табибону бознишастаҳоро вориди барномаҳои мо кард. Ҳатто дар як утоқи корӣ мешинонанд ва як корманди амният ва ё бахши идеологии ҳукумат онҳоро ёд медиҳад, ки дар муқобили мо чи бигуянд. Баъзе аз онҳо барои бори аввал бо интернет рубару мешавад, чи расад бо Муҳаммадиқболи Садриддин.
Имомхатибҳоро водор карданд, ки ба барномаҳои онлайнии мо бидароянд. Мақсад, аз ҳузури мо ҷилавгирӣ кунанд ва нишон бидиҳанд, ки на, Муҳаммадиқбол он тавр ки мегуяд пуртарафдор нест, мардум тарафдори пешво аст. Ин номер нагузашт. Дигар мудири шуъбаи ҳукумати ноҳия, муовини раиси ноҳия ва мансабдрони сатҳи ноҳия худашон вориди майдон шуданд.Фикр мекунед,ки он сари худ ва беиҷозат бо мо ҳамгапу ҳамсуҳбат шуданд?
Аммо, ончуноне шумо шоҳид шудед, тирашон хок хурд. Мунтаҳо, «Ислоҳ»- имсол дастгоҳи мафкурасозону мутамаллиқону чоплусон, хушомадгуён, лесаконро дарҳам шикаст ва аз кор мононд. Онҳо қабл аз муҳлат бознишаста шуданд. “Фабрикаи ҷавоб” ку?
Вақте «Ислоҳ» мегуяд, ки масҷидро дискоклуб кардед, масҷидро наврузгоҳ кардед, масҷидро кабинети кори амният кардед, масҷидро амбор кардед, аз пеши худ нагуфтам ва шумо ҳам мефаҳмед, ки ман дар ин бари дунё ин маълумотҳоро аз кӣ мегирам? Ва, ин боиси рашку ҳасодати шумо мешавад, ки мардум ба мо маълумот мефиристад ва ҳамназарӣ ва ҳамфикрӣ ва ҳамроҳии худро бо мо ифшо месозад.
Шумо гумон доред, ки бо ин корҳоятон ҳукмфармову фармонраво шудед. Бале,дар зоҳир. Аммо дар қалбу ботину руҳи мардум Шумо душман, шумо манҳус ҳастед. Магар мешавад бо муқаддасоти як миллат таҳқиру тавҳин кард ва боз ҳам пуштибонӣ ва ҳимояти онҳоро ба даст овард?
Инки Шумо муҳоҷирони кориро ба иҷбор аз Русия барои облава овардед, инки шумо волидони онҳоро зери зарбу лат қарор додед, метавонед бо мардум бошед?
Ҳеҷ гоҳ!!
Барои ҳамин муовини раиси ноҳия ки чӣ, худи СС. РР ва Раҳмонов вориди “Минбари муҳоҷир” шавад ҳам коре аз дасташ барнамеояд.
Аз инҷо аст ки дар соли 2023, 34000 ҳазор нафар бар шумораи бинандаҳои мо афзуд.
Яке аз нукоти қобили зикр он аст ки дар соли 2023 тамошочӣ ва муштариҳои онлайнии мо ба маротиб афзуд. Барномаҳои мустақими «Ислоҳ»-тв ро то ҳудуди 20 ҳазор ба шакли зинда тамошо карданд. Дар умум шумораи тамошобинони ин барномаи онлайнӣ аз 9 ҳазор то 12 ҳазорро фаро гирифт.
Алҳамдулиллоҳ афроди ин миллат даъвати моро ҷиҳати дастгирӣ ва кумак дар идомаи роҳ беҷавоб нагузоштанд. Агарчи тоза ба роҳ андохтаем ва кам ҳам бошад бахше аз масориф ва махориҷи моро пушонид мо дар корамон ҷиддӣ ҳастем ва қадамҳоямонро санҷида гузошта истодем. Аз он идда аз ҳамватаноне, ки дар ақсо нуқоти ҷаҳон дар ин ҷиҳат дасти сахо ва ҷуди худро дареғ надоштанд, ташаккур мекунам ва дасти ҳар кадоме аз шуморо мефишорам ва Ин шо Аллоҳ, ки дар соли меомада низ дареғ намедоред ва суфуфи шумо биафзояд.
Инҷо бояд зикр намоям,ки имсол мо аз шабакаи ютубии “Ислоҳ.тв” ютуб 6070 (шаш ҳазору ҳафтод евро) даромад доштем.
Аммо ҳар моҳ масорифи кормандони «Ислоҳ»-4800 евро мебошад. Ин масориф аслан ба офис ва студияе,ки дар он барномаҳои онлайнӣ баргузор мегардад иртибот надорад. Масорифи студия ва ….1200 евро,ки солона 14400 ҳазор евро аст берун аз масорифи ҳуқуқи моҳонаи кормандони «Ислоҳ»-аст.
Ҳоло аз 9 корманди «Ислоҳ»- 5 нафари он маошашон ҳар охири дастрас карда мешавад.Ин бародарони боимон ва ҷоннисори миллат пардохти маоши ду кормандро ба уҳда гирифтаанд. Аммо музди 4 нафари дигар аз он аз ҳисоби кумакҳоест, ки ба «Ислоҳ» мерасанд. Яъне 2000 барои 4 корманди дигари мо собит нест. Ва, ҳамеша ин масъала мушкил пеш меоварад.
Дар воқеъ кореро, ки мо имсол дар бархе аз ноҳияҳо маслан Зафаробод, Истаравшан, Кулоб ва махсусан Шаҳристон иҷро кардем, як инқилоб буд. То ҳамин имрӯз кофта истодаанд, ки киҳо бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ мекунанд.
Вақте саропо ҷиноятӣ, вақте саропо дуздӣ, вақте саропо дуруғӣ, вақте сипсиёҳи пушти дегӣ, вақте ҳеҷ “оправдат” карда наметавонӣ, чун туро хеле вақт аст ки шинохтаанд, туро медонанд, ки ту кистӣ, ту чистӣ, чунки ту хеле дер кардаӣ, намешавад туро сафед карду табраа намуд. Зоҳир намекунанд, буруз намедиҳанд, ру намеоваранд, аммо мешиносандат.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки 95-шумораи он дар “Ислоҳ.нет” мунташир ва навори № 87-и пахш шуд, дар воқеъ як таҳаввулоти азимеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Нақши як расонаи бисёр ҳам пурқудрат ва мардумиро ба иҷро дарвард.
Ин барнома воқеан ҳам ба сари худ як фронт-ҷабҳаи дигар буд, ки дарундаруни режимро шикаст. Чи қадар дар даруни мардум дарду доғ ҷамъ шудааст, чи қадар мардум ташнаи гуфтан аст,чи қадар мардум пазмони як матбуоти озод шудааст, дар ҳамин “Нома..ҳо”-и «Ислоҳ» намоён шуд. Озодии сухан, озодии матбуотро, ки мардум гум карда буд, режими Раҳмонов леҳу пора карда буд, зинда кард. Сокинон аз тамоми навоҳии кишвар навиштанд ва гуфтанд.
Ин барнома нишон дод, ки фақат дари масиҷиди Чоркуҳ ва ё Новдонак баста нашудааст, фақат масҷиди Айнӣ ва шаҳри Хуҷанд ва ё аз Кулобу Қумсангиру Ғарм баста нашудааст, ҳамаҷоро ҳамин тавр баста истоаанд ва ин сиёсати ҳисоб ва тарроҳишудаи исломситезӣ дар як мамлакате аст, ки 99,9% мусалмон аст. Ин дастур ва ин ҳидояту роҳнамоии марказ аст.
Мардум на як бору ду бор мутмаин шуд, ки ин давлат, раиси ин давлат, маъмурони қудратии вай бо масҷид, бо муқаддасоти мардум бо руҳу равон бо Худову расули ин мардум мушкил дорад.
Инҳо мехоҳанд мардуми тоҷик дигар Аллоҳ ҷаллаҷалолаҳу нагуяд, дигар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нагуяд, дигар масҷид наравад. Дар онҷой, ки асрбааср, номи Аллоҳ ва номи Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) бурда мешуд, ҳоло бурдани ин исмҳо мамнуъ аст. Номи Раҳмонов ва акси Раҳмонов ва ҳатто «сухан»-ҳои Раҳмонов бурда ва гуфта мешавад.
Инҷо месазад як қиссаи воқеиро бароятон бозгӯйи намоем.
Як қиссаи воқеӣ.
Яке аз корбарони Ислоҳ,ки дар яке аз навоҳии кишвар боздошт мегшавад ва ӯро идораи милиса мебаранд. Ҳангоми ҷустуҷӯй аз телефонаш сомонаи Ислоҳ мебарояд. Корманди шуъба вақте телефонро мекушояд барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет” мебарояд. Дар он барнома сухан дар мавриди як дузде мерафтааст,ки ин корманди ин шуъба дар муддати 8 сол натавониста будааст ӯро боздошт намояд. Аммо ин барнома сабаб шуда будааст,ки ин ҷинояткор боздошт ва зиндонӣ шавад. Вақти тафтиши телефон маҳз ҳамон барнома баромадааст. Ин шахси боздоштшуда мегуяд милиса як нигоҳ кард ва гуфт “ака як гап бгум? Гуфтам чи мегӣ? Гуфт: бза бра! Лично ман 8 солда натонистм ҳами одама ягон кор када,пас аз ҳамин барнома турмаш кадем”. Ин шахс гуфтаст як гапи дигар ман бгум ака ? Милиса гуфтаст гап зан. “Ака трам мард бачаӣ, ма ҳам ҳаму гапора дар ҳаму номаҳоман навишта будум”. Мегуяд хело хандиду гуфт аку дар ин гап як обедм намебарӣ чақчақ кунем ва ҳарду баромада рафтанд. Ин воқеиятест,аз корҳои «Ислоҳ» ки Раҳмонов дар паёмаш агарчи нома набурд вале “сотссет” гуфту худро халос кард.
Номаҳо аз ноҳияҳо бармало кард, ки ончики Раҳмонов дар Душанбе мекунад, ончики Озода ва Рустам ва Ҳасан ва боқии ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ мекунад, боқии маъмурони масъулонаш дар мақомоти маҳаллӣ тақлид ва пайравӣ мекунад. Масалан раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом худро пешвои муаззами Конибоом рост кардааст.
Ҳамаи инҳоро “Номаҳо…” фош кард. “Номаҳо …”иртибот ва алоқаи муборизинро бо мардум пурзӯр, қавӣ ва муҳкам кард. “Номаҳо….” Раҳмону дору дастаашро аудит мекунад, номаҳо онҳоро контрол мекунад ,номаҳо онҳоро ифшо кард. “Номаҳо…” исбот кард, ки мардум ва ҷомеаи тоҷик бо кист. Муаллифи ин номаҳо халқи Тоҷикистон аст, бале халқи Тоҷикистон, ҳеҷ хоҷаи хориҷӣ, ки мегуяд не, халқи Тоҷикистон навишта истодааст. Ҳиҷ касе аз чоплусу тардоману лесакҳои Раҳмонов наметавонад ончиро ки халқ дар номаҳояш менависад инкор кунад. Чун мебинанд воқеият ва ҳақиқтро, ки мардум ончи менависанд воқеият аст. Дар муқобили ҳақ ва дар муқобили халқ чи метавон гуфт.
Дар фазои маҷози Паёми Раҳмоновро бубинед, ки чи шумора тамошочӣ дорад ва худи ҳамин факт кофист бигуем, ки Раҳмонов барои мардум кӣ аст?
Имсол, чуноне огоҳ ҳастед, ногаҳон ва яку якбора бемор шудам ва чашмамро дар бемористон боз кардам. Албатта, ки бо инояти Парвардигор ва дуоҳои Шумо ин фурсати вазнин пушти сар шуд ва шукр, Аллоҳи покро, ки дигарбора бо дидори шумо мушарраф шудам.
Аммо як чизро бояд ҳам ба ҳаводорон ва ҳам ба дусторон ва ҳам ба душманонам бигуям, ки эътимод, эътиқод, иззат, обру, азамат, ҷойгоҳ хариду фуруш намешавад. Онро нахуст Аллоҳ медиҳад ва тавассути ашрафи махлуқоташ бар ҳар бандаеаш , ки бихоҳад медиҳад. Яъне обруву иззат чизе нест, ки бо фармон дода бишавад. Аммо ҳифзи он душвор аст. Зарра зарра ҷамъ меояд, қадрашро надонистӣ ба якбор, мисли онки сел мебарад, мисли онки зери тарма меравад, мисили онки куҳ болояш фуру мерезад, тамом, аз даст медиҳӣ.
“Номаҳо….” нишон дод, ки мардум бо кӣ аст. Киро интихоб кардааст ва киро мехоҳад.
Мо таъсири амал ва кори худро, мо натиҷаро мебинем. Мо, мебинем, ки маҷбур аст посух диҳад.
Магар муҳоҷирони кории тоҷик фақат ҳамин сол рафта буданд? Чаро Раҳмонов дар барои муҳоҷирҳо қаблан намегуфт? Ин “Минбари муҳоҷир” ва садоҳову даъватҳои худи муҳоҷирин аз ин минбар буд, ки биларзондаш. “Минбари муҳоҷир” ба сангар ва ба хатти аввали ҷабҳа, ба талоя, ба майманаву майсараи майдони масоф бадал шуд. Онҳо шикаста, маҷруҳ ва захмӣ шуданд, саф ва ҷабҳаашон баҳам зад, дарҳам шикаст ва ба пошидан сар кард. Сангарашон дар сангинтарин ҳолати дифоъӣ қарор дорад. Мо, медонем, ки шахсан тамошо мекунад. Борҳо СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро гушмол ҳам додааст, ки “даҳони ӯро кай мебандед”.
Хостанд муқовимат кунанд. Вале барои муқовимат бояд дошта бошӣ, ки берун оварӣ. Вақте ончики мегуӣ, нестӣ, вақте ончиро нишон медиҳӣ, ки надорӣ, вақте ҷилва медиҳӣ, вале нишоневу ва санаде надорӣ чи гуна муқовимат мекунӣ?
Бубинед, ки ин васвосӣ чи мегуяд: “ба набераҳоятон, ба абераҳоятон чи мемонед, чи мегузоред,созед”…
Як касе нест бипурсад, ки аз бобову падарат ба худат чи монда буд, ки ба набераҳоят бимонӣ?
Мо, барои худамон, барои бачаамон наёфта истодаем, ту дар ғами набераву абера? Агар дар ғами набераву абераи мардум будӣ ба 100 миллион доллар самолёт мехаридӣ, ба Майрам ҳайкали чандинмиллионӣ месохтӣ?
Гумонат ин аст ки ба ин ҳама мардум розӣ аст? Чун ин пули мероси падарат, ки нест. Ин пули мардум аст. Ана барои чи мардум туро намехоҳад. Ана барои чи мардум ин қадар аз нашри “Номаҳо..” изҳори ризоият ва хушҳолӣ мекунад.
Номаҳои мардум меҳвар ва маркази муборизаро маълум кард. Мардум ба куҷо ру овардан ва бо кӣ буданашро бори ошкоро эълон ва таъйид кард.
Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ». Мо нақш дорем, ки дар соли 2024 чанд барномаи ҷадидеро роҳандозӣ намоем ва ҳамроҳиву ҳамнафасиву ҳамдамии шумо, моро дар иҷрои ин нақшаҳо таҳрик ва ҷуръат мебахшад.
Муҳаммадиқболи Садриддин,
Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии “Ислоҳ.нет”