Имсол 25 сол ё чаҳоряк аср аз солрӯзи имзои санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сипарӣ мешавад. 27.06.1997дар Президент –оттели Маскав ин санади таърихӣ ба ҷанги дохилии панҷсола нуқта гузошт ва роҳ барои оштиву мусолаҳаву ободкориву созандагӣ дар Тоҷикистонро боз кард. Арзиш ва аҳамияти ин санади таърихӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон аз санади муътабари Эъломияи истиқлолияти давлатӣ камтар нест. Барои ҳамин шурӯъ аз соли 1998 рӯзи имзои ин санад, бо номи Рӯзи Ваҳдат дар шумори маросимоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт. Аммо, оё ин санад ва ин сулҳ то куҷо тавонист ба аҳдофи худ бирасад ва оё як ҷомеаи озоду мардумсолор ва як давлати демократӣ ба мардуми тоҷикро ба армуғон оварад? Бо гузашти чаҳоряк аср тарафҳои ин сулҳ дар чи вазъу ҳоланд ва мардум, масолеҳи асосии ин ҷанг дар чи ҳолу ҳавое қарор дорад? Чаро бо гузашти ин чаҳоряк аср тарафе, ки мусаббиби тамоми бадбахтиҳову мусибатҳо ва омили асосии ҷангу хунрезӣ шуда буд, дар сари қудрат боқӣ монд ва тайи ин ҳама солҳо бешармона дастовардҳоро ба номаш задаву худро Асосгузори сулҳ хондааст, вале тарафе, ки сулҳу оштӣ заҳамоти ӯст, боз ҳам дар ғурбат ва ҳиҷрат қарор дорад?
Пойгоҳи «Ислоҳ” талош меварзад, ки ба чанду чунии сулҳу санади сулҳ ва нақшу саҳми шахсиятҳо, созмонҳо ва давлатҳо дар амри ба даст омадани оштӣ миёни тоҷикон ва суолоте мушобеҳ, ки ҳамин имрӯзҳо ҳам дар сари забонҳост, посух бидиҳад. Бад-ин ҷиҳат ришта матолиберо барои нашру пахш омода кардааем. Ва, ҳоло бахши аввал:
Нақши Эмомалӣ Раҳмонов дар сулҳ. Оё Эмомалӣ Раҳмонов асосгузори сулҳ аст?
(бахши аввал)
Барои онки дар бораи нақши Раҳмонов дар амри истиқрори сулҳ суҳбат кунем, зарур аст ки як каме дар бораи гузаштаи вай бигӯем. Ҳеҷ кас рад карда наметавонад, аз ҷумла худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов ҳам, ки вайро Русия ваУзбакистон ба раҳбарии Тоҷикистон оварданд. Ӯро оварданд, то пеши роҳи қишри бедору огоҳи халқи худашро, ки давлати мустақил, соҳибихтиёр ва миллиро ҳадаф қарор дода буд, бигирад, талошу муборизаҳои онҳоро саркуб кунад, онҳоро кушаду нобуд созад, аз раъяшон баргардонад, хулоса нагузорад, ки онҳо ба мақсади худ бирасанд. Раҳмонов беш аз тасаввур ва чашмдошти ин ду кишвар, талабу дархостҳои онҳоро иҷро кард. Ҳам кушт, ҳам зиндонӣ ва ҳам водор кард, то гурезаву дарбадару муҳоҷир бишаванд. Аммо, як сол ҳам нагузашта буд, ки авзоъ комилан иваз ва ин нақшаҳои шум хароб ва ботил шуданд. Раҳмонов ва дар пушту пешаш Русия ва Узбакистон маҷбур шуданд ба суроғи оппозитсиони тоҷик бираванд. Раҳмонов чору ночор ба сари мизи музокира омад. Нафаре, ки аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои озодро баст, нафаре, ки даҳҳо нафар аз шахсиятҳои муътабари кишвар ба шумули Бозор Собир, Шоири Халқии Тоҷикистонро зиндон кард, нафаре, ки аз тарси тиру аслиҳааш мардум Афғонистон гурехт, нафаре, ки Ғармро бомбаборон кард ва дуғу таҳдид мекард, ки ҳеҷ гоҳ бо хоинону душманони миллат ва давлат музокира намекунад, на инки музокира мекард, худаш бархосту рафт Афғонистон.
19 майи соли 1995 ба Кобул омад ва дар кохи мавсум ба Гулхонаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пойи суҳбати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нишаст. Инҷо як пора аз матни ин изҳороти муштараки ӯро бо устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нуриро айнан меоварем, то маълум бишавад, ки дар он солҳо дар чи вазъу шароите қарор дошт:
«Мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан, аз 17 то 19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул мулоқот доир сохтем».
Аммо вай бо танҳо ҳамин мулоқот бо устод Нурӣ наметавонист иктифо кунад.
“Он замон, замони «теғу оташу хун», замоне, ки дигар Ҳаракати наҳзати исломӣ даст ба муқовимати мусаллаҳона зада ва замоне буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов шояд, такрор мекунам шояд, санге дар бағал надошт, шояд ҳам дошту рӯ намекард, вале дар шароите қарор дошт, ки ба ҷон мехост, мухолифин бо вай оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Барои ҳамин буд, ки хесту Афғонистон рафт ва ба пойи суҳбати «домулло» нишаст ва аз устоди марҳум узру маъзарат ва кумаку ёрӣ хост. Агарчанде дар оғози роҳаш тамоми талошашро карда буд, ки несту нобудаш кунад. Чун дастур гирифта буд ва ваъда ҳам супурда буд, ки ислом ва исломиҳоро несту нобуд мекунад.”
Ин воқеият ва ин факту далел аст ки Раҳмонов на як бору ду бор ба суроғи роҳбари Иттиҳоди Неруҳои мухолифини тоҷик ба Афғонистону Эрону Русия рафт. Аммо воқеият ва ҳақиқати раднопазир ин аст ки ин устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки сулҳ сулҳ шуд. Ҷойи Раҳмонов ҳар касе дигар ҳам буд, дақиқан ҳамон роҳеро мерафт ва ҳамон кореро мекард, ки Раҳмонов паймуд ва иҷро кард. Аз он роҳ ва аз он хат по фаро гузошта наметавонист. Раҳмонов дар зоҳир роҳбари давлат буд. Амалан иҷрокунандаи ирода ва барномаҳои Русия дар Тоҷикистон буд. Вале ҷойи устоди равоншод нафари дигаре буд, баъид буд, ки айни ин сулҳ такрор бишавад.
“Баъди гузашти ин чаҳоряк аср боз ҳам бештар маълум мешавад, ки устод Нурӣ ба Раҳмонов чи гузаштҳое кардааст, аммо Раҳмонови курнамак ва носипос оқибат мункири ин ҳама гузаштҳо шуду дар ниҳоят санги бағалашро берун овард ва устод Нурӣ ва ҳаракату ҳизби ӯ ва ёрони ӯро хоину душман хонад. Кореро, ки як бор карду пушаймон шуду гуфтаҳояшро пас гирифту сулҳу оштӣ кард, аммо боз ҳам такрор кард. Хуб, дар ин бора дар матолиби баъдӣ муфассалтар хоҳем гуфт ,аммо ҳоло бозмегардем ба он даврони теғу оташу хун.”
Эмомалӣ Раҳмонов, такрор ба такрор аз устод Нурӣ дархост мекард, ки ӯро бипазирад, бо вай суҳбат кунад. Вақте хабари омодагии устод барои мулоқот бо худашро шунавид, болу пар баровард ва аз хурсандӣ дар курта нагунҷид ва котибашро гуфт бишину навис. Ва (пеш аз сафараш ба Хусдеҳ) навишт,ки
«Хушнудам, ки омодагии хешро ба мулоқот изҳор намудаед. Ман ҳам такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам, то дар суҳбати рӯ ба рӯ мо битавонем масъалаҳои мубрами сарнавишти халқамонро баррасӣ намоем. Қазияро тавре ҳал кунем, ки он ба таври амалӣ ба ихтилофи миёни мо нуқта гузорад, дарди халқ ва ҷароҳати кишварро табобат кунад.”
Бисёр мехостам, Шумо рӯзеро, ки ба Маскав омада метавонед, хабар диҳед, то мо омодагии сафар гирем».
Хоҳиш, аз шумо хонандаи азиз, ки ба ин иқтибосҳо аз суҳбатҳои Раҳмонов сахт таваҷҷуҳ кунед ва ҳолати онрӯзаву имрӯзаи Раҳмоновро барои худ қиёс намоед. Қиёс кунед то бифаҳмед, ки то чи ҳад ба сулҳ ва ба оштӣ муҳтоҷ буд.
Ин, ҳоло ҳолост, ки Эмомалӣ Раҳмонов худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ва яккаву яктои замон мехонад. Он вақтҳо вай, ана ҳамин тавр, мисли мурғи парканда ва гурбаи баобуфтода буд, ки наҷоти ҷонаш дар дасти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд.
«Суҳбати рӯбарӯ» мехост, барои дидор бо устод «омодагии сафар» мегирифт, «такроран мегуям, ки тайёрам дар ҳар вақти мувофиқ бо Шумо во хурам»,мегуфт. Ва мегуфт, ки «дар ҳар куҷои дунё, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бихоҳад, омодааст, ки барои мулоқот биравад».
Аммо воқеият чизи дигар буд, агарчи имрӯз дар ин бора наменависанд. Воқеият ин буд, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост бо оппозитсион сулҳ кунад. Дар соли 1993, ки оппозитсион худро дигарбора ҷамъу ҷур карда аз тасмимоти ҷиддияш барои бозгашти сарбаландона ба ватан аломатҳои рушан медод, Раҳмонов ва дору дастааш бо тамоми имконоти мумкин ва ғайримумкин талош мекард оппозитсиони худро дудаста сохта бо он гуруҳе, ки таъсири амалӣ надошт, равобит барқарор кунад. «Муаллимҳо»-и Раҳмонов дар вазорати хориҷии Русия уро раҳнамоӣ ва ҳидоят мекарданд, барнома месохтанд. Ҳамин тавр фиристодаҳои Раҳмонов ба шумули Қозидавлат Қоимдодов, Шукурҷон Зуҳуров ва чанд нафари дигар бо шодравон Отахон Латифӣ, марҳум Ҳабиб Сангинов ва нафароне дигар, ки дар Маскав ба сар мебурданд, дидору мулоқотҳо доир карда ва онҳоро таблиғ мекарданд, ки ба ватан баргарданд. Яъне аз канори устоди Нурӣ ва ҳамроҳонаш ҷудо бишаванд. Аммо, ин Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки ҳарфи охирро мезад ва маълум шуда буд, ки роҳи расидан ба сулҳ ва бозгашти сарбаландона ба ватан фақат ҷанг ва муборизаи мусаллаҳона аст, ки ин роҳро танҳо муҷоҳидини ҷон бар каф ва сангарнишинони ошиқи шаҳодат паймуда метавонистанду бас. Вай ва назариясозону тарроҳони сиёсаташ ба роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон (баъдан Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик-ИНОТ) туҳмат мебастанд, ки онҳо то оринҷ дастони хунолуда доранд. Раҳмонов аз Узбакистон дастур гирифта буд, ки роҳбарони оппозитсионро душман ва хоин эълон кунад ва онҳоро ҷисман нобуд созад. Аммо чуноне гуфтем фишор дар сангарҳои муқовимат ва мубориза болояш зиёд шуд ва ӯ дигар сари мизи музокирот наомада наметавонист, чун имкони 100%-аи барканорӣ ва дар ҷояш нишондани як арӯсак ва хусаи шабеҳи худи ӯ аз тарафи Русия вуҷуд дошт ва ягон проблема ҳам пеш намеовард, ки бар фарзе ба ҷойи Раҳмонов Убайдуллоев ва ё Достиев оварда шавад.
Эмомалӣ Раҳмонов барои онки худ ва ҳукуматашро аз нобудӣ наҷот диҳад, панҷ бор ба мулоқоти устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ омад. Вай омад, на барои онки сулҳу оштӣ кунаду ба мардум оромиш ва осоиш оварад, вай омад, ки худ ва ҳукуматашро ҳифз кунад. (Тамоми ҳаводис ва иттифоқоти сиёсии рухдода баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ далел ва бозгӯи ин гуфтаи мо аст)
Ва, ҳар гоҳе, ки бо устод танҳо менишасту дарди дил мекард, ҷудо аз онки аз «нафасҳои гушнаи Маҳмасаид Убайдуллоев» ва «чашмони пур аз нафрати Абдумаҷид Достиев» шикоят мекард, ба устод ҳушдор ва огоҳӣ медод, ки «идомаи ҷанги ману шумо боис мешавад, ки будикҳо ҳукуматро боз бигиранд. Мо, набояд ҳукуматро ба онҳо бидиҳем». Дар яке аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ.нет» дар робита ба инки Раҳмонов то куҷо омода барои сулҳу оштӣ бо оппозитсион буд ба ин тарз тасвир шудааст:
“Боз ҳам такрор бишавад, таъкид ва гӯшнишон бишавад, ки Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳ кардан намехост. Баракс, ӯ ки бо шиори “Нест бод ислом” вориди Душанбе шуда ва ошкоро изҳор дошта буд, ки “равед ба Афғонистон ба назди ҳамон бобову бибиҳои пештар рафтаатон ва онҷоҳоро обод кунед”. Вай нияти сулҳу созишро надошт. Ҳамин Раҳмонов буд, ки баъди курсии риёсатро ишғол кардан мусоидат кард, ки нерӯҳои аҷнабӣ дохили мамлакат бишавад ва водии Қаротегинро бомбаборон кунад ва мардумро ба Афғонистон гуреза созад. Агар Раҳмонов қасду нияти сулҳ медошт, баробари нишастан ба чавкии қудрат сари мизи музокирот мешуд. Вале ӯ эълон кард, ки мувофиқ ба кирдорашон ҷазо мегиранд. Дар ҳоле, ки худи вай ҷангро идома дод ва дар пушти неруҳои аҷнабӣ ҳокимият бунёд кард.”
Ҳамин чанд соли пеш буд, ки мегуфт Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баробар бо санади Эъломияи истиқлоли давлатӣ боаҳамият ва боарзиш аст ва барои тоҷикон муқаддас ба ҳисоб меравад.
Раҳмонов соли 1999 барои худ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дод. Гуфта шуд, ки ин унвони олӣ ба вай барои он дода шуд, ки мардумро ба ҳам овард, гурезаҳои ҷанги дохилиро бозгардонд ва дар ба даст овардани сулҳ нақши муҳим гузошт. Ба баёни содаву одӣ бигӯем Раҳмонов ин мукофоти олии мамлакатро барои он ба худ ихтисос дод, ки тавонист бо устоди шаҳид сулҳ кунад (масалан Хусдеҳ рафтани ӯро айни шуҷоат ва шаҳомат ҷилва медиҳанд) ҳукуматашро бо ӯ тақсим кунад ва то ба сатҳи муовини аввали раиси ҳукумат нафареро оварад, ки як домулло ва як исломӣ буд ва дигар ҳарфи «Нест бод исломро» ҳам фаромуш кард. Устод Нурӣ дасти беҷони Раҳмоновро гирифту фишурду ҷон бахшид ва зери санади сулҳ имзо гузошту ба ҳукумати Раҳмонов умри дубора дод. Вагарна Раҳмонов амалан аз ҳама ҷо канда шуда буд ва ҳатто неруҳои ҷангии оппозитсион то километри 7уми Душанбе омада буданд, Қаротегину Бадахшон таҳти итоати онҳо қарор дошт ва имкони саддарсадаи ташкили маркази сиёсӣ дар яке аз ин ду минтақа барои мухолифин фароҳам омада буд. Узбакистон аз кумаку ёрӣ комилан мунсариф шуда ва Елтсин ошкоро Раҳмоновро ахтор дод, ки Русия дигар наметавонад ҳукумати туро рӯи даст бардошта гардад ва Назарбоев, Акаев, Ниёзов ва Каримов ҳам таҳдид карданд, ки ё бо Нурӣ сулҳ мекунӣ ва ё дигар вуҷуд нахоҳӣ дошт. Ин аз зӯромад ва зӯровард буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик оштӣ бишавад ва сулҳ кунад. Ин ҳақиқат аст ки дар санади Сулҳ имзои Раҳмонов ҳаст. Аммо Раҳмон ба танҳоӣ онро имзо накардааст ва сулҳ амале нест, ки ба танҳоӣ бишавад ва сулҳро бо тарафе мебандӣ, чун сулҳ хатми ҷанг аст ва Раҳмонов, ки бо худаш наҷангида буд. Аммо ҳамеша маълум буд, ки самимӣ нест, кина ва кудурат дорад, пайт ва замон мехоҳад.
Вақе ӯ дар соли 2015 ба худ титули ҷаълӣ ва дуруғини «Асосгузори сулҳу ваҳдат»-ро эъто кард, ки дигар тарафи дигари сулҳро муталошӣ кард ва ғайриқонуниву ҳатто террористӣ хонд. Ҳоло савол ин аст ки агар санади Созишномаи сулҳ муқаддас аст, дар паҳлуи Раҳмонов имзои кӣ онро чунин мартаба бахшидааст ва агар бо устод Нурӣ сулҳ накард, чаро имзои ӯ дар ин санад вуҷуд дорад? Агар Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст ин сулҳро бо кӣ кард? Бигирем, ки Раҳмонов Асосгузори сулҳ аст, пас устод Нурӣ чи мақоме дар ин сулҳ дорад? Дар ҳақиқат, вақте ба ин ҳама иттифоқот чира мешавед, мебинед, ки ба ҳеҷ гоҳ Раҳмонов холисона, сидқан ва аз дили соф сулҳ накарда будааст. Вақте дар соли 2003 ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард, маълум шуда буд, ки вай ҳеҷ гоҳ қасду нияти хубе бо ин мардум нахоҳад дошт. Вай, на танҳо бо мухолифинаш-тарафи дигари сулҳ қатъи робита карду онҳоро душману террорист хонд, то ҳамин имрӯз аз онҳо зиндагӣ ва ҳаётро гирифта истодааст.
“Соли 1998, вақте Маҳмуд Худойбердӣ шимоли кишварро ғасб кард, ин муҷоҳидин буданд, ки ӯро водор ба тарки кишвар карданд ва курсии аз даст рафтаи Раҳмоновро боз барояш баргардониданд. Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки он шабу рузҳо Раҳмонов бо чашмони ашколуд ба тарафи устод Нурӣ гаштаву гуфтааст, ки «акнун гурезагӣ навбати мо шуд».
Аммо, ин «муқтазои табиат»-и Раҳмонов будааст, ки бо табиат ва хуву хислат ва урфу одати одамӣ ва бахусус мусалмонҳо дар тафовути ҷиддӣ қарор дорад, ки бар ивази ин ҳама некиҳо фақат бадӣ кард. Раҳмонов тамоми сулҳу дастовардҳои сулҳу ояндаи давлату миллат, ояндаи оромишу суботи кишварро бо ояндаи оилааш иваз кард. Вай миллат, мардум, Ватан, давлат ва мамлакатро ба пойи бачаҳову духтарҳову Оилааш қурбонӣ кард. Ҳамин ҳоло ва айни замон Раҳмонов танҳо касе аст ки аз Сулҳу оштӣ фоида ва манфиат мебардорад. Арсаро барои нозу ҷавлону уштулуми худ холӣ кард, худро Асосгузор хонд, писарашро нафари дуввум, духтарашро нафари саввум, домодҳояшро сафиру қудаҳояшро вазир кард. Мунтаҳо тамоми авлодаш дар гирди дастурхони пур аз нозу неъмати давлат ҷамъ омадаанд ва ҳамакаса ба саломати сари ӯ қадаҳ мебардоранд ва дуои ҷондарозии ӯро мекунанд. Аммо ин «Асосгузор» Бадахшонро дар арафаи 25умин солгарди сулҳ оғушта ба хун кард, то инки Рустамро ба қудрат оварад, Фаромузро ба зиндон кашид, то инки ба Рустам рақиб нашавад. Нафаре, ки барои мулоқот, барои побусиву дастбусии устод Нурӣ омода буд ба «ун вари дунё биравад»,ҳоло дар омад-омади 25 солагӣ бародари ӯ ва бародарзодаҳои ӯро ба зиндон кашид. Агар Асосгузори сулҳу ваҳдат дар ҳақиқат асосгузори сулҳ буд, ниёзе ба ин ҳама душманӣ ва кинаву адоват дошт?
Вале, фикр мекунед, ки ин ҳама беҷавоб хоҳад монд? Дар ҳоле, ки дур намеравем, дигар Нурсултон Назарбоев «элбасӣ» нест, Раҳмонов то кай «Асосгузор» мемонад, асосгузоре,ки ҳеҷ гоҳ набуд…
Поёни бахши аввал, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то бештар огоҳтар гардед! Бахши дуввуми ин вижаматолиби бахшида ба имзои созишномаи сулҳи мо : “Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, меъмори воқеии сулҳи тоҷикон” аст.
Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.
Имрӯз метавонед навори ин матлабро дар шабакаи “ИСЛОҲ ТВ” бубинед!