Султон Абдулҳамиди II (сонӣ) охирин халифаи усмонӣ

Ислоҳ нет

Султон Абдулҳамиди II (сонӣ) охирин халифаи усмонӣ

(31 августи 1876-27 апрели 1909)

Хилофати Усмонӣ қудратмандтарин хилофате буд, ки дар се қораи дунё,  Осиё, Аврупо ва Африқо салтанат рондааст.  Ин давлатро Усмони аввал писари Эртуғрул 27 июли соли 1299 таъсис намуд ва то 3 марти соли 1924, тахмин шашсад сол нисфи дунёро тасхир кард. Дақиқ  гӯем Осиёи Хурд ва бахши азими ҷанубу шарқи Аврупо, ғарби Осиё ва шимоли Африқо зери итоати ин хилофат қарор дошт. Шумори вилоятҳои бузург дар аҳди ин хилофат ба 29 адад мерасид, ки дар ҳоли ҳозир 42 давлатро ташкил медиҳанд. Масоҳат ва паҳнои ин давлат 5,200,000  (панҷ миллиону дусад ҳазор метри мураббаъ) буд. Бузургтарин давлатҳои дунё Амрико то солҳои 1901 ба ин давлат ҷизя ё дан пардохт менамуд. Русия бошад ҳамеша дар ҳолати дифоӣ қарор дошт. Бо сабти ин маълумоти мухтасар иктифо намекунем ва дар ин росто аз таърихи хилофати охирин намояндаи ин хонадон Султон Абдулҳамиди  II (сонӣ)нақл мекунем. Бештари манобеъ бар ин назаранд, ки императории усмонӣ то соли 1924 арзи вуҷуд дошт, аммо гумон меравад салтанти воқеии ин хонадон то поёни ҳукумати Султон Абдулҳамид буда бошад. Пас лузум мебинем ин давраи боландаи таърихии императории усмониро бо такя бар изҳори назари муаррихин муаррифӣ намоем.  Султон Абдулҳамиди II (сонӣ)  21 сентябри соли 1842 таваллуд шуда, сиву чорумин султони ин хилофати бузурги исломӣ буд. Абдулҳамид таълимоти худро дар қасри салтанат оғоз намуд. Забонҳои арабӣ, форсӣ ва фаронсавиро хуб медонист, таърихро низ хуб медонист ва адабу шеърро дӯст медошт. Бо забони туркӣ шеър иншо мекард. Илми ҳадисро хуб аз худ карда, “Саҳеҳ”-и Бухориро ҳифз медонист. Дар илми тасаввуф ҳам таълим гирифта буд. Абдулҳамид писари Султон Абдулмаҷиди аввал аст. Модараш яке аз ҳамсарони султон Абдулмаҷид буд ва номаш Тирмизкон Қодин, аслаш черкезӣ буд.  Дар сини 33 солагияш вафот мекунад. Дар он овон Абдулҳамид 10 сол дошт. Абдулҳамид писари дуввуми султон Абдулмаҷид буд, инчунин дуввумин фарзанде, ки ба хилофат расид.  Пас аз вафоти модари Абдулҳамид сарпарастии ӯро яке аз ҳамсарони падараш Парасту Қодин ба уҳда мегирад. Парасту Қодин фарзанд надошт ва Абдулҳамидро бо беҳтарин шева тарбият ва омӯзиш медиҳад. Вақте ба хилофат мерасад модарашро лақаби Волида Султон медиҳад, ин аз вафо ва эҳтироми Абдулҳамид ба ин зан буд. Парасту Қодин дар аҳди Абдулҳамид бисту ҳашт сол  лақаби “Волида Султон”-ро дошт. Абдулҳамид дар аснои хилофати амакаш Султон Абдулазиз (25 июни 1861-30 майи 1876) дар як ҳайати ҳукуматӣ ба кишварҳое чун Миср, Аврупо аз қабили Фаронса, Англия, Белгия, Австрия ва Олмон сафар кардааст. Ин сафар аз 21 июн то 7 августи соли 1867 як моҳу ҳафдаҳ рӯзро дарбар гирифта буд. Аз ин сафар Абдулҳамид масоили зиёде омӯхта, мавриди  хилофаташ аз онҳо истифода кард. Абдулҳамид дар варзиш, савории асп, тирпаронӣ  ва шамшерзанӣ маҳорати хуб дошт. Абдулҳамид аз хурдӣ диндор ва риоякунандаи ҳама шаоири дини ислом буд. Дили нарм дошт. Босиёсат ва дар муқобили душман қавӣ буд. Дар хондани ахбори дохили кишвар ва хориҷи он пайваста мувозибат менамуд. Баъди вафоти амакаш Султон Абдулмаҷид, Абдулҳамид, ки 18 сол дошт валиаҳди дуввум таъин мегардад.

Султон Абдулҳамид  31 августи соли 1876 ба хилофат расид ва 34 сол дошт. Яксаду дуввумин халифаи мусалмонон дар умум ва сивучорумин султони давлати Усмониҳо ва бисту шашумин  султони усмоние буд, ки  хилофат ва салтанро бо ҳам якҷо кард. Замоне Абдулҳамид ба хилофат расид вазъияти иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар дар баддтарин вазъ қарор дошт. Султон Абдулҳамидро метавон охирин султони босалоҳияти ин хонадон номид. Даврони ҳукумати ӯ ду марҳиларо дар бар мегирад. Давраи аввали ҳукмрониаш, ки ӯ ҳеҷ салоҳияти ҷиддие надошт як солу шаш моҳ сол идома ёфт. Чун мебинад давлат дар ҳараҷу мараҷ ва душманони давлату хилофат ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд ва  ҳеҷ аксуламале аз ҷониби ҳукумат ва вазирон анҷом дода намешавад ва ё барои ӯ дар иттихози қаророт машварат намедиҳанд, бо як тасфияи ҷиддӣ дар суфуфи кобинааш корро оғоз менамояд ва ҳукуматро комилан ба даст мегирад. Ин амалкарди ӯро мухолифонаш дида,  даврони ҳукумати ӯро даврони истибодод ва ба ӯ лақаби “Султони аҳмар ё сурх”-ро медиҳанд. Аммо ӯ одил, бофаросат ва малаки олии идора дар шуъуни сиёсиро дошт ва дипломати моҳир буд. Шахши раҳмдилу дилсӯз ва ҳомии мусалмонони дунё дар замонаш маҳсуб меёфт.

Вазъияти хориҷии хилофат дар аҳди Абдулҳамид:

Тамоми давлатҳои ғарбӣ иттифоқан ба ин натиҷа расиданд, ки хилофатро пароканда кунанд ва онро “Таракаи марди бемор” ном гузоштанд.  Инчунин Боснӣ ва Ҳарзагуин (Югославия) бар алайҳи сипоҳи усмониҳо ҷангҳои черекӣ (партизанӣ)-ро оғоз намуданд. Ҳатто сипоҳи усмониҳоро шикаст доданд ва дар Ҷабал-ул-асвад муҳосира намуданд. Сербҳо бо сипоҳи худ омодагии ҷангро доштанд. Аз тарафи дигар  Русия пас аз ҳодисае дар соли 1877 ҷангро оғоз намуд. Давлатҳои ғарбӣ дар ин ҳол аз ҳукумати усмонӣ талаб намуданд, ки дар қонунаш  ислоҳот ворид намояд. Аз тарафи дигар дар Булғористон ошӯбҳои сартосарӣ бо дастгирии Австрия ва Русия ба миён омаданд, то ҳукуматро заиф намоянд. Вазъияти мусалмонони Ҳинд вахим буд. Онҳо мустамликаи Англия буданд ва нидоҳои ҷонкоҳи худро ба дорул хилофат мерасониданд.Султон Абдулҳамид ин ҳамаро бо беҳтарин шакл сомон дод. Воқеъан ӯ як нобиғаи сиёсӣ ва дипломати нотакрор буд.

Қазияи арманҳо.

Қазияи куштори арманҳо дар аҳди хилофати Султон Абдулҳамид  масъалаи муҳим буд. Русҳо дар атрофи арманҳо буданд ва онҳоро бар алайҳи хилофат мешӯрониданд,то талаби истиқлол кунанд. Русия дар тадрибҳои низом додани арманҳо саҳим буд. Ба онҳо силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ медод. Русия аз як тараф ва Англия аз тарафи дигар гурӯҳҳои мусаллаҳеро бо номҳои Ханҷоқ ва Ташноқ, ки гурӯҳҳои череки (партизанӣ) буданд муҷаҳҳаз ва омодаи ҷанг намуданд. Мақсад ин буд, то дар минтақаи шарқи  Анозул, ки арманҳо зиндагӣ мекарданд ва аз шаш вилоят иборат буд давлати худро таъсис диҳанд. Аз ин лиҳоз даст ба қатл ва дар амокини сернуфус  инфиҷору таркишҳо ба роҳ андохтанд, то давлатро маҷбур ба ташкили ин давлат намоянд. Тибқи омори он замон арманҳо аз як миллиону дусад, то якуним миллионро дар тамоми сарзамини хилофат ташкил медоданд. Султон Абдулҳамид ба ин талаби арманҳо розӣ нашуд ва қувваҳои ҳарбиашро ба ҷанги қалъа фиристод ва ба таҳдидҳои англисҳову  русҳо аҳамият надод.  Гурӯҳҳои мусаллҳро тақрибан нобуд ва пароканда сохт. Ин пирӯзии ӯ шикасти сангине барои англисҳо буд. Бақия гурӯҳҳои мусаллаҳ дар соли 1905 ба ҷони Султон Абдулҳамид ҳангоме, ки аз масҷид хориҷ мешуд суйиқасд намуданд.  Султон Абдулҳамид аз он суйи қасд ҷони солим бурд ва ҳамлагарро дастгир намуданд . Султон  ӯро бахшид ва раҳо кард. Дар ин робита роҳбари мисрӣ Мустафо Комил дар китоби Масъалаи шарқияш чунин менависад.”Он арманҳое, ки дар он дасисаву ошуб бар алайҳи Абдулҳамид кушта шуданд онҳо бешак қурбонии дасисаҳои англисҳо шуданд”

Бархе аз хадамоти Абдулҳамид.

Султон Абдулҳамид  ҳукуматро бо тадбирҳои сиёсӣ ва малакаи идории қавияш ба болотарин сатҳ дар арсаи байналмилал мерасонад. Хадамоти ӯро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии раият ё шаҳрвандоне, ки ба ин хилофат мутеъ буданд воло медонанд. Мум фарш кардани ҳама роҳҳои пойтахти кишвар, Истанбул ва марокизи шаҳрҳои тобеаш медонанд. Сохтани мадориси динӣ ва донишгоҳҳое, ки ҳеҷ фарқе аз донишгоҳҳои аврупоӣ надоштанд. Донишгоҳи ҳуқуқии султонӣ таъсис намуд, ки маъруфтарин донишгоҳҳои олам ба шумор мерафт. Донишгоҳи тиб ва муҳандисиаш бо доштани устодони варзида аз чандин кишвар фаъолият мекард. Дар умум факултети тиббӣ, муҳандисӣ, милиса, дор-ул-муаллимин,  гумрук, байторӣ, фанҳои зебо, шаҳрсозӣ, зироат, ҳарбии махсус, иқтисодӣ, дипломат, маъдан ва нефтро таъсис медиҳад. Зироаткоронро дастгирӣ намуда, маҷмуи ҳосилоти зироатиро ба баландтарин сатҳ мерасонад. Дар содир намудани маҳсулоти зироатӣ ба дунё иқдом мекунад ва комёб ҳам мегардад. Сохтани калонтарин роҳи оҳане, ки Осиёро бо Африқову Аврупо мерасонид, роҳро барои зиёраткунандагони Макка ва Мадина  осон мекард, дар тарҳи ин нақша заҳматҳои зиёде кашид. Ба ин тарҳ тақрибан ҳама давлатҳои аврупоӣ мухолифат доштанд, вале онро бо кӯмаки олмониҳо ба итмом расонид ва ба истифода дод. Роҳи оҳан то Мадина расид, соли 1908 бояд ба Макка ва Яман мерасид, аммо бо хиёнатҳои амири Макка ва Англия ба Макка нарасид ва он соли охири хилофаташ буд, ки барканор гардид. Дар гузашта роҳи оҳан ҳамагӣ 452 километр танҳо бо Аврупо вуҷуд дошт. Султон Абдулҳамид онро ба 5883 километр расонид. Иртиботи комил бо ҳама кишварҳои тобеи хилофат барқарор гардид.  Дар тарҳи беҳбуд бахшидани почта ва роҳҳои баҳрӣ заҳамоти зиёд кашида, аз Аврупо беҳтар ба роҳ монда буд.  Дар соҳаи таслиҳот ва омода намудани қувваҳои низомиаш талоши зиёд кард. Сохтмонии фабрикаи силоҳро бо мутахассисони олмонӣ ба итмом расонид. Дар дохили кишвар тупҳои то 6 километр бо тахриби масоҳати 200 метрро ба роҳ монд. Киштиҳо ё флоти обии мулкӣ ва ҳарбиашро чунон пурзӯр ва бо қувват намуд, ки душманонашро осуда намегузошт ва дар ҳарос буданд. Дастгоҳи қазои додгоҳҳоро дар тамоми қаламраваш ба низоми одилонаи беришват табдил дод. Ду намуд маҳкама ва додгоҳро дар хидмати шаҳрвандонаш ба иҷро расонид. Вазорати адлияро зери мутахасисони қазоӣ қарор дод ва низоми ҳукмро зери муфтии кишвар Шайхул ислом қарор дод. Ҳар моҳ аз кори маҳкамаҳо ашхоси махсус назорат мекарданд, то дар онҳо ришваситонӣ ва истибдоду зулм роҳ пайдо накунад. Ҳеҷ қозии маҳкама барои реша накардани ришва дар ин вазифа аз шаш моҳ бештар кор намекард.  Соҳаи конҳо ва захоири зеризаминиаш дар гузашта бо сабаби қарздор будани давлат зери дасти мутахассисони хориҷӣ фаъолият мекарданд. Сабаб он буд,ки давлатҳое, ки аз онҳо қарздор аст аз он манобеъ пулҳои худро пас бигиранд. Ҳангоми сохти роҳи оҳан вақте ниёз ба маблағ мешавад онҳо намехоҳанд чизе барояш диҳанд. Шартномаи худро бо онҳо бекор ва комилан идораи захираҳои зеризаминии кишварро ба давлат ва хилофат бар мегардонад. Ин амалаш  ба манфиъати давлат анҷом меёбад. Маболиғи хубе аз он захираҳои зеризаминӣ ба даст меоварад. Сохтани обанбори ҳамидия, ки барои таъмини об буд ҳама аҳолии шаҳри Истанбулро бо оби ошомидани таъмин мекард. Дар гузашта аз ин зовия сокинон хеле танқисӣ мекашиданд.  Ин обанбор то ба ҳол дар Истанбул вуҷуд дорад ва тобеи шаҳрдории ин шаҳр аст.

Қарзи давлат вақте ба қудрат расид беш аз дуввуним миллиард лираи усмонӣ буд.Тавонист пас аз ин ҳама масориф барои кишвару мамолики зери султааш ва ҳимояти мусалмонон дар шарқу ғарб ва Ҳинд ин қарзро ба як миллиард лира расонад. Якуним миллиард лира қарзи давлат, ки пеш аз ӯ буд, пардохт намояд. Муддати хилофати Султон Абдулҳамид сӣ сол буд, вале дар ин муддат корҳоеро анҷом дод, ки баъзеҳо дар сесад сол наметавонанд анҷомаш диҳанд. Ӯ дорои қавитарин душманони дохилӣ ва хориҷӣ буд. Мисли Парвиз, Теодор Ҳарзел, Карасу ҳар се яҳуд буданд ва барои таъсиси давлати яҳуд кор мекарданд. Ин се душман дар дохили пойтахт бар алайҳи султон дасиса анҷом медоданд. Яке аз тазъифи ҳукумати ӯро дар ин се шахс медонанд, ки то охир бо ӯ дар набард буданд. Султон бо сокинони масеҳӣ ва яҳудаш ҳеҷ мушкил надошт ва онҳо дар озодии комил зиндагӣ мекарданд. Назди онҳо ҳам эҳтиром дошт, вале мушкил дар рууси фитна ва душманони дину ақида аст, ки бо ӯ душманӣ доштанд.

Суханони Султон Абдулҳамид.

То ҳол китобҳо ва мақолаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки аз тарафи душманони динӣ ва ақидавии ман бар алайҳи ман ва хилофати исломӣ навишта шудааст он ҳама ба ранги хунашон тар карда ва дар варақҳо навишта шудаанд. Ман бояд бо имонам ва ақидаам бо он ҳама истиқомат намоям. Теодор Ҳертзел як рӯзноманигори яҳудии муқими Намсо (Австрия), ки дар садади ташкили давлате барои яҳудиҳо дар Фаластин буд. Ба Истанбул меояд ва талаби мулоқот менамояд вақте мефаҳмад чунин шахс аст ӯро тақрибан ду моҳ намепазирад. Бо талошҳои зиёди вазирон ва руасо ӯро мепазирад ва мегӯяд ба ӯ гӯед сухане талабе накунад, ки ӯро озурда созам. Теодор Ҳартзел вақте ба наздаш дохил мешавад аз Абулҳамид мехоҳад барояшон дар сарзамини  Фаластин  Қудс замин фурӯшад, то он ҷо яҳудиён зиндагӣ кунанд. Ончунон маблағи зиёдеро мехоҳад бидиҳад, ки қарзи комили давлат пардохт мегардад, боз ҳам дар хазина боқӣ мемонад. Бархе аз таърихнигорон онро се миллиард бархе дигар ду миллард гуфтаанд. Бархе дигар гуфтаанд: Ҳартзел бо худ панҷ миллион ба қаср мебарад, ҳамчун ҳадя. Султон Абдулҳамид  вақте аз Теодор Ҳартзел ин суханро мешунавад дигар ӯро гӯш намекунад аз наздаш хориҷаш мекунад. Ба раиси дастгоҳаш мегӯяд: Ба доктор Теодор Ҳертзел расонед: “Агар шумо ба ман ба андозаи ин дунё тилло диҳед  намепазирам. Ман наметавонам як ваҷаб аз ин хокро ба касе диҳам. Ин сарзамин моли шахсии ман нест, балки моли ҳама уммати ислом аст, ки барои фатҳи он набард кардаанд ва хун резонданд. Ба яҳудиҳо бигӯед: миллонҳои худро пеши худ нигоҳ доранд. Танҳо ҳамон вақт метавонанд сарзамини Фаластинро бидуни ҳеҷ маблағ ба даст оранд, ки давлат ва хилофати исломӣ пора пора гардад. Инро дониста бошед, то он вақте ман зиндаам пора пора кардани баданам осонтар аст аз он ки сарзамини Фаластинро аз давлати исломӣ ҷудо бинам. Ин кор ҳаргиз сурат намегирад ва ман ба ин тарҳ ё пешниҳод мувофиқат намекунам, ки дар зиндагиям ҷасадҳои моро пора пора кунанд ва ман зинда бошам”. Он дасте, ки тасбеҳ мегӯяд наметавонад имзо кунад, то яҳудиён дар Фаластин ватан ё макони зист дошта бошанд. Дар номае ба волии Қудс навишт: барои яҳудиён зиндагӣ дар Қудс манъ аст. Бигузор дар ҳар сарзамине аз хилофат иқомат кунанд, вале на дар Қудс. Ҳангоме, ки шартномаи роҳи оҳанро ба Ҳиҷоз бо олмониҳо имзо мекард дар шартнома як шарт гузошт, ки яҳудие, ки намояндагӣ аз ҳукумати Олмонро мекард  дар тааҷҷуб монд. Султон Абдулҳамид чунин гуфт: Шумо дар сохтмони роҳи оҳан то бист километрии Мадина кор мекунед. Вақте ба он ҷо расидед дигар олмониҳо ҳаққи кор карданро дар он шаҳр надоранд. Мануел Қарасу мепурсад чаро? Султон мегӯяд: Мадина шаҳр ва оромгоҳи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст ва онҳое, ки мусалмон нестанд ҳаққи дохил шудан ба ин шаҳрро надоранд. Бояд муҳандисони турк ва мардуми мулкии  ин минтақа кор кунанд. Дар сохтмони бақияи роҳ бояд дар замин пеш аз инки релесро мегузоранд матои махсусе аз пашм гузоранд, то зарбаи сахт бар замин назананд ва оромии он шаҳр ва паёмбарамонро халалдор накунем.” -Дини ислом рӯҳест дар ҷисми башарият, агар бихоҳед он рӯҳро бидамонед, пас бо дилҳо биҷангед, на бо баданҳо. Дилҳоро ба даст оред, то рӯҳ дар ҷисмҳо бидамад. Ягона қуввае, ки мо метавонем бо пойҳоямон рост биистем ин ислом аст. Мо уммати қавӣ ҳастем ба шарте, ки мо ба ин дини ислом мухлис ва содиқ бошем.  Барои уммати ислом зарур ва ҳатмист, то миёни якдигарамон робитаи наздик дошта бошем. Фарқ намекунад дар кадом сарзамин қарор дорем. Ба ояндаи нек ва дурахшон умед набандед магар бо муттаҳид ва якпорчагӣ. Медонам ҳоло ҳам вақти он нарасидааст. Ман умед дорам мерасад он рӯзе, ки ҳама муъминон бо ҳам муттаҳид ва як порча мегарданд. Бо як наҳзат ва ваҳдати ягона аз ҷой худ мехезанд ба монанди инки гуё як мард аз ҷой хеста бошад. Он душмани дасисапардозу хашинро аз олам решакан ва маҳв менамояд.

Султон Абдулҳамид аз дидгоҳи андешамандони олам.

Сайидҷамолиддини Афғонӣ (раҳ) (1838-1897) гуфтааст: Агар Султон Абдулҳамидро бо чаҳор нобиға мардони замонаш муқоиса кунем. Бидуни ҳеҷ шакке заковату тезҳуши ва сиёсати ӯ бартар аст аз он ҳама. Яке дигар аз хусусиёти ӯ ҳамсуҳбаташро комилан тасхир менамуд. Ҳеҷ тааҷҷуб накунед ончӣ дидем дар шахсияташ, он мушкилоте, ки давлатҳои ғарбӣ тавтиаҳое, каминҳое  тартиб доданд, ки хориҷ шудан аз он сангин буд. Бар зами ин ҳама сафире, вазире, ҳайате аз ҳар куҷое ба наздаш ворид мегашт  бо ӯ ҳамсуҳбат мешуд. Шахсияти волои ӯро бо ахлоқи ҳамида ва тавозуъ ва шевои баёни қаноъатмандонаашро медид аз наздаш қаноъатманд хориҷ мешуд”. Он чизе ман бо чашми худам дидам дар бедорияш, сираташ, ахлоқаш, боҳушӣ ва тадбирҳои зебояш, ки дар баробари хунсо кардани макру дасисаҳои давлатҳои ғарбӣ ва душманонаш. Ниятҳои зебо ва мудаббиронааш барои наҳзати мусалмонон дар умум. Бидуни ҳеҷ даранге маро водор кард,то ба ин марди наҷиб даст бидиҳам ва байъат кунам бо ӯ дар малик ва халифа буданаш. Яқин кардам инки мамлакатҳои исломӣ дар шарқ ва ғарб ҳаргиз бо Аврупо таслим нахоҳанд шуд. Инчунин онҳое, ки мехоҳанд ин хилофатро тазъиф ва нотавону пора пора кунанд ё дар садади онанд.Умед дорам яке паси якдигар бедор мешаванд ва якдигарро огоҳ менамоянд ва зери байрақи ин халифаи бузург муттаҳид ва якпорча мегарданд”(афсус,ки чунон накарданд ва ӯро танҳо гузошта, хиёнаташ карданд).

Султон Абдулҳамид аз ҳукмат меравад.

Султон Абдулҳамид  уммати исломиро беш аз сӣ сол хидмат кард, дар ҳоле давлат дар душвортарин вазъ қарор дошт. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ давлатро заифу нотавон карда буданд. Яҳудиҳо донистанд роҳе, ки ӯ пеш гирифтааст, агар дар муқобилаш корҳои ҷиддитаре анҷом надиҳанд  ҳама уммати исломро басиҷ ва пароканда кардан дар оянда мушкил ва сахт мегардад.  Тоҳо Алвалӣ менависад: “Мақсад ва мароми яҳудиҳо дур кардани Султон Абдулҳамид аз сари роҳашон буд. Бидуни дур кардани ӯ роҳ барои расидан ба Фаластин имконнопазир буд.Тамоми василаҳои лозимаро анҷом доданд,то аз дохил бо роҳи ришва додан ба наздикон ва мардони дин бо ӯ муборизаи беамон бурданд. Аз хориҷ бо роҳҳои дипломатӣ фурсатро барои хоинони дохилӣ омода карданд. Бо инқилоби сохтае ӯро барканор намуданд, то нахуст  ӯро аз сари роҳашон дур кунанд.Суқути ӯ раҳоӣ аз исломи қавӣ буд, ки дар оянда ҳамаамон шоҳиди он гаштем”.

Султон Абдулҳамид дар 27 апрели соли 1909 бо фикри иттиҳодҳо аз дохил ва давлатҳои бузрги ғарбӣ мисли Англия суқут намуд. Ин аввалин нақшаи пароканда кардани хилофат буд, ки барояшон беҳтарин роҳи халосӣ аз Абдулҳамид буд. Яҳуд ва арманҳо ин рӯзро солҳо  интизор  буданд ва ба ҳадафи аслиашон ноил гаштанд. Дар Истанбул моҳи март чанд нафар аз ҳизби иттиҳод ва тарақӣ кушта шуданд. Қувваҳои иттиҳод ва тарақӣ аз Слоник ба Истанбул интиқол ёфтанд. Бо онҳо баъзе гурӯҳҳои сербӣ ва булғорӣ паваст гаштанд. Дар зоҳир эълон намуданд, ки ин қувваҳо барои кӯмаки Султон Абдулҳамид омадаанд,то бар онҳое, ки бар алайҳи султон қиём намуданд биистанд. Дар оғоз сипоҳи султон монеи онҳо гардид,то ба Истанбул ворид нагарданд. Аммо султон барояшон иҷозати вурудро дод ва онҳо вориди Истанбул гаштанд. Ба сипоҳи хатти муқаддам амр шуд,то ба онҳо тир накушоянд.Онҳо бо сардории Маҳмуд Шавкатпошо наздики қаср шуданд ва оғоз ба гирифтани фатво аз Шайхулислом Мустафо Сабрӣ муфтии хилофати усмонӣ намуданд,то фатвои барканории ӯро содир намояд. Аммо муфтӣ аз додани чунин фатво худдорӣ намуд ва фатвое содир накард. Бо зӯри силоҳ аз ӯ чунин фатвоеро гирифтанд ва ин амали ғайримашруи худро либоси қонунӣ ва шаръӣ пӯшониданд. Ошӯбгарон бар алайҳи Султон Абдулҳамид иттиҳомоти дурӯғе заданд, ки инсони оқил наметавонад тасаввурашро бикунад.

Айбнома ё туҳмати барканории ӯ

Гӯё Cултон пас аз ҳодисаи Истанбул Қуръонҳоро сӯзонид.  Мусалмононро бар алайҳи якдигар шӯронид, то якдигарро бикушанд.

Пас аз ин иттиҳомот чор нафарро вазифадор намуданд, ки ин қарорро ба Султон ва мардум расонанд. Ин чор нафар якеаш яҳудӣ дуввумӣ арманӣ севвумӣ албанӣ ва чормумӣ гурҷӣ буд. Худ қазоват кунед. Халифаи мусалмонро,ки мехоҳад барканор кунад аввалин саволе, ки Султон Абдулҳамид мекунад ҳамин буд. Ҳар чори шумо кӣ ҳастед ва ин салоҳияти уммати исломро ба шумо кӣ дод?Посух ба фармон амал кун ва дигар савол накун.

Он хомӯшие буд, ки уммати ислом, то имрӯз беш аз сад сол мегузарад хомӯшанд. Ба ҷои ӯ бародараш Муҳаммадрашодро шинонданд. Бо сиву ҳашт нафар аз аъзои хонаводааш ба Силоник интиқол дода шуд, дақиқан ҳамон шаҳре, ки ошӯбгарон аз онҷо омада буданд. Ин шаҳр дар итоати яҳудиҳо қарор дошт ва ӯро дар яке аз қасрҳои яҳудиҳои он ҷо маскун карданд. Ҳама ончӣ дошт онҳоро ба нафъи давлат мусодира намуданд ва дар ин қаср бо тадобири амнияти шадид иқомати ҷабрӣ намуд. Ончунон зери рақобати шадид қарор дошт, ки барояш иҷозати хондани ахбор ва дохил шудани ашхос аз берун манъ буд. Билохира пас аз дақиқан нӯҳ сол Султон Абдулҳамид  дар 10 феврали соли 1918 дар синни 76 солагӣ  аз дарди шикам ва ё меъда дори фониро тарк ва ба дорул бақо реҳлат намуд. Агарчӣ корнамоиҳои ин марди наҷиб зиёданд, кӯшидем муҳимтарини онҳоро нақл кунем. Дар охир мехоҳам биафзоям,ки давлати Туркия филми бисёрсериягии Султон Абдулҳамидро бо номи Пойтахт ба намоиш гузоштааст ва то ҳол идома дорад. Ин филм  ҷолиб ва яке аз беҳтарин филмҳоест, ки то имрӯз ман дидам. Тибқи шариъати исломӣ ҳама персонажи филм бо риояи ҳиҷоби исломӣ ба навор гирифта шудааст.  Филм ба забонҳои арабӣ ва рӯсӣ тарҷума шудааст. Ҳатман ин филмро тамошо кунед ва аз ҳолати он вақта, интригаҳои сиёсӣ ва макрҳои душманони Ғарб хуб огоҳ гардед.

Ин мақола барои он иншо гашт,ки аз вафоти ин марди бузурги таърихи ислом пас аз чанд рӯз 10 феврал 100 сол мегузарад.Аз Аллоҳ таманно дорем,то пас аз ӯ дар ин асри ҷадид,ки сад соли пурра аз он гузашт чунин абармардеро ба ин уммат насибу рӯзи бигардонад омин.

Муҳаммадиқболи  Садриддин

 

Маъхазҳои истифодашуда:

1. Алӣ Салобӣ. Султон Абдулҳамид ва фикрат Алҷомеъат Ал исломия ва асбоб завол хилофат Алусмония.

  1. Муҳаммад Суҳайл Тақуш. Торих Ал усмонийин мин қиёми Ал-давла ило инқилоб ало хилофа.
  2. Маҳмуд Шокир.Торих-ул-исломӣ  ал аҳд  ал усмонӣ Ҷ. 8.
  3. Муҳаммад Алӣ. Султон Абдулҳамиди сонӣ ҳаётуҳа ва аҳдосу аҳдиҳи. Урхон
  4. Алдавлат Ал усмония давлат исломия муфтари Алайҳо.
  5. Музаккироти Султон Абдулҳамиди Сонӣ. Тарҷумаи Муҳаммад Ҳарб.
  6. Музаккирот Аламира Оиша.
  7. Саҳват Алраҷлул мариз.
Share This Article