ТАЛОҚ ЧИСТ?
(бахши аввал)
Талоқ чист ва чӣ маънӣ дорад?
Талоқ дар луғат ба маънии раҳо, озод кардан, халос кардан ва дар истилоҳи шаръӣ хотима додан ба робитаи никоҳи зану шавҳар аст. Робитаи зану шавҳар робитаест, ки дар асл ва асоси худ то поёни умр идома меёбад ва бояд, ки чунин бошад, дар сурати ғайр аз ин зану шавҳар паҳлӯи якдигар эҳсоси роҳат ва итминон накарда, ба вазифаи аслии худ, ки ҳамоно пешбурди зиндагӣ ва тарбияи фарзандон аст, ба таври бояду шояд ва бо хотири ором расидагӣ карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки Худованди Мутаъол иртиботи зану шавҳарро аҳду паймони маҳкаму пойдор номида, мефармояд:
Сухани Худо: «Ва занҳо аз шумо аҳду паймони маҳкаме гирифтанд. Бинобар ин, ҳар коре, ки сабаби гусастани ин аҳду паймон гардад, аз назари шариъат ва ақл зишт буда, нописанд аст».
(Сураи Нисо, ояти 21)
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Зиштарин корҳои ҳалол дар назди Худованд, талоқ аст».
БАХШИ АВВАЛ – ҲУКМИ ТАЛОҚ.
Бар асоси он чи, ки зикраш рафт талоқ додан дар асли худ ҳаром аст, агар зарурат бошад, ки бе талоқ роҳи ҳалли дигар набошад. Далел ин сухани паёмбари Худо (с) аст, ки мефармоянд: «Лаънати Худованд бар касе аст, ки лаззати занро чашида, ӯро талоқ медиҳад».
Вале вақте ки робитаи зану шавҳар аз раванди табиъии худ хориҷ гардида, биҳишти хонавода ба сабаби бадрафториҳои зан ё мард ва ё ҳардуи онҳо ба дӯзах мубаддал гардад, дар ин сурат шариъат иҷоза медиҳад, ҳатто дар баъзе ҳолат лозим медонад, ки робитаи зану шавҳар қатъ гардида, аз якдигар ҷудо шаванд. Аз ҷумла ҳолатҳое, ки талоқро мубоҳ (ҷоиз) мегардонад:
Риоя накардани зан ба ҳуқуқи шавҳар, монанди бадзабонӣ кардан, беэҳтиромӣ нисбати вай, фош кардани сири ӯ, берун шудан аз хона бе иҷозати ӯ, ба майли худ рафтор кардан дар корҳои хона ва амсоли ин.
Он чи, ки талоқро мустаҳаб ё воҷиб мегардонад, даст задан ба ҳаром ва амал накардан бар асосҳои шаръӣ аст, мисли ғусл накардани зан аз ҷанобат, намоз нахондани вай, каҷравиҳо, бадахлоқии вай, дуздӣ кардан аз хонаи шавҳар, хиёнат ба шавҳар ба фоидаи хешу табор, бастагони худ ва амсоли инҳо.
БАХШИ ДУВВУМ – ШАРТҲОИ ДУРУСТИИ ТАЛОҚ.
Ба иттифоқи ҳамаи донишмандон, агар шахси оқил ва болиғе ҳамсарашро талоқ диҳад, ин талоқ дуруст буда, воқеъӣ аст ва агар шахси девона ва ё ноболиғе занашро талоқ диҳад, талоқаш сиҳат надошта, дуруст намегардад.
Чанд нукта.
Агар шавҳар девона ва ё шахси ноболиғ бошад ва зан аз зиндагӣ кардан бо он шавҳар зарар бинад, дар сурате, ки ин зарар ҳақиқӣ буда, дар назди қозии шаръ исбот гардад, зан метавонад талаби ҷудоӣ аз он шавҳарро намуда, ҷудо гардад ва касе, ки ҳукми ҷудоии зану шавҳарашро дар ин ҳолат содир мекунад, танҳо ва танҳо қозӣ аст ва на шахси дигар. Ҳоло чун қозихонаҳои расмӣ дар кишвар вуҷуд дорад, аммо на барои ҳамаи онҳо дастрасанд. Дар ин ҳолат ба олими дине, ки аз ҳама аҳкоми дин огоҳӣ дорад муроҷеъа шавад, то ин масъаларо ҳал намояд.
ШАРТҲОИ ДИГАР ДАР ДУРУСТИИ ТАЛОҚ.
Тавре ки қайд гардид, агар шахси оқил ва болиғе занашро талоқ медиҳад, ба иттифоқи ҳамаи уламо талоқаш воқеъ мегардад. Вале оё дар дурустии талоқ танҳо ҳамин ду чиз, яъне ақл ва булуғ шарт аст ва ё он, ки умури дигаре монанди ихтиёр, қасд ва мисли инҳо низ дахл дорад? Ин чизе аст, ки мавриди ихтилофи донишмандон аст ва шарҳи он чунин аст:
1. ТАЛОҚИ ШАХСИ МАҶБУР.
Маҷбур шахсе аст, ки кореро бе ихтиёраш анҷом медиҳад. Масалан, шахсеро дар биёбон ва ё дар зиндон ё дар хонааш дуздон таҳдид ба қатл намуда, аз вай мехоҳанд, то занашро талоқ диҳад ва ин шахс яқин дорад, ки агар таслими талаби онҳо нашавад, ӯро хоҳанд кушт ва ё барояш зарари куллии дигар, монанди сӯзондани амвол, таҷовуз ба номус, дуздидани фарзандон ва мисли инҳо хоҳанд расонид аз ва рӯи ин маҷбурият занашро талоқ медиҳад.
Аксари донишмандон бар ин назаранд, ки талоқи чунин шахс дурустӣ надошта, воқеъ намегардад. Далелашон ин сухани Паёмбари Худо (с) аст, ки фармудаанд:
«Аз уммати ман он чи, ки аз рӯи хато ва фаромӯшӣ ва икроҳ (маҷбурӣ) сар мезанад, муъохиза (сарзанишу уқубат) надорад».
Бинобар зоҳири ин ҳадис, агар касе ҳамсарашро аз рӯи маҷбурӣ талоқ диҳад, талоқаш воқеъ нагардида, ҳамсараш аз вай ҷудо намешавад. Вале уламои мазҳаби ҳанафӣ мегӯянд, ки талоқи шахси маҷбур воқеъ мегардад ва далелашон ин аст, ки барои ин шахс миёни яке аз ду чиз, ки талоқ ва ё масалан, кушта шудан бошад, ихтиёр дода шудааст ва ӯ талоқро бар кушта шудан ихтиёр кардааст. Бинобар ин, чунин шахс мухтор буда, маҷбур маҳсуб намеёбад. Дар мавриди ҳадиси Набии Акрам (с) мегӯянд: Дуруст аст, ки хато ва фаромӯшӣ ва маҷбурият тавре ки Набии карим (с) фармудаанд мавриди сарзаниши уқубат қарор намегирад. Вале ин муъохиза қарор нагирифтан дар мавриди уқубати ухравӣ (охират) аст, на масъалаҳои дунявӣ. Яъне аз он чи, ки шахс дар ҳоли хато, фаромӯшӣ ва маҷбурият анҷом медиҳад, дар охират гуноҳе бар вай нест, вале аҳкоми ин дунё аз чунин шахс соқит нест ва мутобиқи он чи, ки аз вай сар мезанад, бо вай муъомила карда мешавад.
Масалан, агар касе фаромӯш кард ва намози пешинро нахонд, гуноҳе дар охират аз ин фаромӯшӣ бар вай нест, вале агар дар ин дунё ба ёдаш омад, бояд қазои он намозро ба ҷо биёварад. Ичунин агар касе маҷбур мешавад, ки рӯзаашро бихӯрад ва ё намозашро тарк созад аз хӯрдани рӯза ва тарки намоз ба сабаби маҷбурият, дар охират гуноҳе бар вай нест. Вале дар ин дунё баъд аз ин ки маҷбурият бартараф гардид, бояд қазои рӯза ва намозашро ба ҷо биёварад ва ин чизе аст, ки мавриди иттифоқи ҳамагон аст, пас чаро талоқ додан аз рӯи икроҳ ва маҷбурият аз ин қоида ҷудо бошад?
Пас бинобар он чи гузашт, агар касе аз рӯи маҷбурият занашро талоқ медиҳад, аз зараре, ки ба сабаби ин талоқ бар занаш мерасад, дар охират бар вай гуноҳ нест. Вале он чи, ки мутааллиқ ба ин дунё аст, ки воқеъ шудани ин талоқ бошад, таъсирашро бахшида, талоқ дурустӣ пайдо мекунад.
Вале бояд гуфт, ки ин далеле, ки шахси маҷбур, миённи яке аз ду чиз мухтор гардида, ӯ талоқро ихтиёр кардааст, пас мухтор гуфта шуда, талоқаш сиҳат дорад, далели чандон қавӣ ва муътабаре нест. Мухтор барои касе гуфта мешавад, ки амалеро бо ризоияти худ анҷом дода бошад ва касе, ки барояш миёни кушта шудан ва талоқ додани занаш ихтиёр дода мешавад, касе аст, ки ба ҳарду кор маҷбур шудааст.
Пас талоқе, ки аз вай содир мегардад, талоқест, ки рӯи маҷбурият будааст, на аз рӯи ихтиёр ва ризоият. Бинобар ин, воқеъ нашудани чунин талоқ бартар ба назар мерасад.
2. ТАЛОҚИ ШАХСИ МАСТ.
Агар касе шароб хӯрда ва дар ҳоли мастӣ занашро талоқ диҳад, дар назди баъзе аз уламо талоқаш воқеъ намегардад ва Имом Кархӣ ва Имом Таҳовӣ аз донишмандони мазҳаби ҳанафӣ низ бар ҳамин назаранд. Чунин шахс ақлашро аз даст дода, дар ҳукм девона шумурда мешавад, вале дар мазҳаб фатво ба қавли ин ду нест.
Бисёре аз уламои дигар, аз он ҷумла уламои ҳанафӣ мегӯянд, ки талоқи шахси маст воқеъ мегардад, зеро вай пеш аз нӯшидани шароб оқил буда, медонист, ки нӯшидани шароб сабаби аз байн рафтани ақлаш мегардад ва шояд дар он ҳолат корҳое аз вай сар занад, ки оқибати нек надошта бошад ва бо вуҷуди ин эҳтимол, дар вақти камоли ақли худ ба нӯшидани шароб даст зад. Пас чунин шахс гӯё дар ҳоли оқил будани худ ва ба ихтиёри худ, занашро талоқ додааст.
Далели дигар ин аст, ки агар шахс дар ҳоли мастӣ касеро мекушад, ба иттифоқи ҳамаи уламо мавриди қасос қарор гирифта, мастияш сабаби кам кардани ҷазо аз вай намегардад, пас чаро мастияш дар мавриди талоқ муассир воқеъ гардида, сабаби дуруст нашудани талоқаш гардад? Пас талоқи шахси маст дуруст аст, вақте дар ҳолати мастӣ занашро талоқ дод, талоқаш қабул ва воқеъ шудааст.
Чанд нукта.
Ғайр аз шароб, ҳар чизи дигаре, ки сабаби аз байн рафтани ақл гардад, ҳукмаш ҳам монанди ҳукми шароб аст, монанди банг кашидан, тарёк (афюн) хӯрдан, истеъмоли ҳероин ва ҳар маводи мухаддири дигар.
3. ТАЛОҚИ МОЗИҲ Ё БА ШУХӢ.
Мозиҳ касе аст, ки занашро аз рӯи шухӣ ва масхарагӣ талоқ медиҳад.Талоқи чунин шахс ба иттифоқи уламо сиҳат дошта, воқеъ мегардад. Далели эшон ин сухани Паёмбари Худо (с) аст, ки фармудаанд:
«Дар се чиз фарқи миёни қасд ва мазоҳ нест; дар никоҳ, дар талоқ ва дар озод сохтани ғулом».
Илова бар ин, агар талоқи мозиҳ воқеъ нагардад, аз як тараф талоқ бозича қарор гирифта, ҳамагон ба он одат мекунанд ва аз тарафи дигар, ҳар касе, ки занашро талоқ медиҳад, метавонад даъво кунад, ки қасдам мазоҳ ва шухӣ буд, на талоқи ҳақиқӣ ва ба ҳамин тарз наметавон қоидаи хосеро барои талоқи ҳақиқӣ муайян намуд. Пас талоқи марде бо шухӣ бар занаш бигӯяд ту талоқ ҳастӣ, талоқ воқеъ мегардад.
4. ТАЛОҚИ МУХТӢ, ШАХСЕ, КИ ХАТО КУНАД.
Мухтӣ касе аст, ки қасди кори дигареро дошта, аз вай кори дигар бар хилофи қасдаш ба амал меояд. Масалан, касе қасди шикори ҳайвонеро дорад, вале тираш ба инсоне бармехӯрад ва ё шахси рӯзадор мехоҳад даҳонашро обгардон кунад, вале нохост об ба ҳалқаш медарояд. Дар талоқ низ чунин аст. Масалан, шахсе мехоҳад, ки ба занаш бигӯяд, ки бисёр сергап ҳастӣ, аз забонаш хато рафта, мегӯяд, ки ту талоқ ҳастӣ. Ин талоқаш назди Худо воқеъ намегардад, вале аз нигоҳи қазовати қозӣ воқеъ мегардад.
Ба ин маънӣ, ки агар ҳамсараш ба назди қозӣ рафта, даъво кунад, ки шавҳараш ӯро талоқ кардааст ва ин даъвои худро собит намояд, қозӣ ҳукм ба талоқ мекунад, агарчи шавҳар бигӯяд, ки қасдам талоқ набуд ва хато кардам. Пас дар чунин ҳолат занҳо, ки хеле саросема мешаванд, дарҳол муроҷиъат мекунанд ва ҳукм бар талоқашон содир мегардад.
5. ТАЛОҚИ ПЕШ АЗ НИКОҲ.
Агар касе занеро, ки ҳанӯз бо вай издивоҷ накардааст, хитоб карда, гуфт: ту талоқ ҳастӣ, сипас ӯро ба никоҳи худ даровард, ин талоқе, ки пеш аз никоҳ воқеъ шудааст, ботил буда, дурустӣ надорад. Агар дар сурати шарт талоқ дод, талоқаш воқеъ мегардад, чи шарти хос бошад ва чи шарти ом.
Масалан, агар касе гуфт, ки ман фалон занро ба никоҳ гирифтам, талоқ бошад, ин суханаш таъсир дошта, ҳар вақте ки он занро ба никоҳаш даровард, дар ҳамон лаҳзаи бастани ақди никоҳ, талоқ воқеъ мегардад.
Ё агар бигӯяд, ки ҳар занеро, ки ба никоҳ бигирам, талоқ бошад. Ин шахс дар ҳар вақт ва бо ҳар зане, ки издивоҷ намояд ва бо муҷарради бастани ақди никоҳ, занаш талоқ мегардад. Ба иборати дигар, ин шахс ҳеҷ вақт издивоҷ карда наметавонад. Мутаассифона, баъзе аз мардум аз рӯи ҷаҳл ва нодонӣ бо андак сабабе барои он, ки дурустии сухани худро барои ҷониби муқобил собит намоянд мегӯянд: барои ҳамеша се зан талоқ бошам, агар чунину чунон карда бошам.
Уламо гуфтаанд, ки агар касе чунин сухан гуфт ва ба ин мушкил дучор гардид, роҳи ҳал ин аст, ки шахси дигар, масалан, падар, бародар ва ё рафиқаш бе иҷозаи вай рафта, барояш зане ба никоҳ гиранд, ки дар ин сурат, чун худаш издивоҷ накардааст, занаш талоқ намешавад. Ин навъ никоҳ ба номи никоҳи «фузулӣ» ёд мегардад ва бо ризояти шавҳар, агарчи бе нутқ бошад, сиҳат пайдо мекунад. Пас ҳаргиз ба чунин сухане қасам нахурад ва ҳаргиз чунин шартеро зери ҳеҷ шароите қабул накунад ва худро дар мушкил қарор надиҳад.
Ҳолатҳои талоқро дар бахшҳои дигари мақола зикр хоҳем кард, то ончи ба талоқ иртибот дорад барои хонанда фаҳмо гардад. Бахшҳои баъдиро ҳатман интизор бошед.