Тарсуии бобоҳоямон моро асрҳо ғулому муҳоҷир кард боз бадбахтона аз худ ба мо ҳикматҳои тарсуиро мерос гузоштанд

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

«Ҳар сари беқадре арзиши буридан надорад. Сарҳои сарфарозонро золимон мебуранд, то ба дигарон сарфарозӣ наомӯзанд!»

Касоне,ки назди аз худ зурманд зону мезананду аз худ заифтаронро мезананд, тарсуянд. Зуру нотарс касест, ки бо аз худ нерӯмандтар панҷа меафканад ва бар нотавонон раҳм мекунад! Бисёриҳо ҳоло бар заифон зӯру назди зӯрмандон мушанд, ки нишонаи тарсуии онҳост.

Эмомалӣ Раҳмонов ҳам аз ҳамин зумра аст. Чӣ қадар назди зурмандон зону задаву гириставу чӣ қадар зораву нола карда аст. Вале чун мардуми бесилоҳро ёфт, қир мекунад. Назди қирғиз ба зону зад. Назди Толибон курниш дорад. Назди русҳо таъзиму чнгрк меистад, ки худ дидаеду шоҳидед!

Аз чӣ бештар метарсед?

Аз гапу чапи мардум? Аз ғайбату ифтирову буҳтону таҳқири мақомот?

Аз ин ки забонзади мардум мегардед?

Аз ин ки бадном мешавед? Зоғи ало мешавед? Ангуштнамоятон мекунанд?

Аз ба қарори ниҳоӣ омадан хавф доред, ки оқибати коратон чӣ мешавад?

Аз ҷои кор ронда мешавед?

Аз ин ки ҳама танҳоятон мегузоранд? Аз давру баратон фирор мекунанд?

Аз ин ки мардум аз шумо дасту дил мешӯянд? Аз ҷаҳонбинию ҷабҳагириятон дар ҳарос меафтанд?

Аз ин ки муҳаббати зоҳирии дигаронро аз каф медиҳед?

Аз ин ки дигар бо шумо ҳатто салом намекунанду шуморо, ки диданд раҳ чапғалат мекунанд?

Ҳамаи инро барои он бо шумо раво мебинанд, ки аз ҳақиқати ошкори шумо, ки дар он як саре аз паёмадҳои ҳароснокро эҳсос мекунанд, эминии худро таъмин намоянд.

Ҳарчӣ мекунанд, бикунанд. Кори худашон, ту ба роҳи интихобкардаат бирав!.

Тарс бемории гузаранда аст. Худо қавмеро дар ғазабаш гирифтор кард, бар дилҳояшон тарсу ҳаросро чира месозад, ки умре тарсида-тарсида чун мурдагон мезиянду мурда-мурда рӯзе мемиранду назди Холиқашон, ки ҳамеша аз онҳо талаби суботу истиқомату пойдорию далерию сабр дар сахтию шиддатҳоро мекард, бархоҳанд гашт.

Аз гуфтани ҳақиқат, ки тарсидем аз тағйирот метарсем, аз тағйирот, ки тарсидем аз паёмад метарсем  ва ҳамин гуна ин тарси малъун аз гаҳвора то ба гӯр моро бо худ хоҳад бурд!

Аз Путин тарсидем, аз Си Ҷинпин метарсем, аз Си Ҷинпин тарсидем аз Эмомалӣ метарсем, аз ҳаромзодаи Майрам тарсидем, аз сагони бесаводи барзагови гирду бараш метарсем, ва вақте аз ин ҳама тарсидем, аз дасти ин шағолону кафторони тарсу умре, насл ба насл хоҳем тарсид.

Аз “ғайруллоҳ” тарсидед, Худо аз шумо рӯй хоҳад гардонд.

Инсон дар доираи тарс 3 ҳолат дошта аст:

1.Ҳолати мурғӣ

2. Ҳолати уштурӣ

3.Ҳолати шерӣ

Вақте инсоне ё миллате ноогаҳ бошад, ҳолаш мисли мурғ аст, ки аслан ҷуз дар фикри ҷиғилдонаш несту боре ҳам сар аз замин намебардорад, то бубинад, ки дар гирду бараш чиҳо мегузарад.

Ва, он гоҳ аз сифати «мурғӣ» ба «уштурӣ» мегаравад, ки бар ӯ зулме раво дида шавад. Сифати уштур ин – қасосхоҳист. Ва дар ин марҳала инсон фурсат мепояд то аз золимаш қасос бигирад. Вале ин марҳалаи рушди инсонӣ ҳамчун инсони мубориз нест. Танҳо мехоҳад қасоси маҳдуд аз шахси муайян бигирад. Ва боз, дубора, мурғии худро давом диҳад!

Вале вақте зулму ситам болояш фаровон мешавад, чуноне ки ҳоло дар Тоҷикистон як мушт авбошу арозилу валадизинову бепадару модарпурхато, лаҷомгусаста шудаву ба ҳама шаҳрвандон зулму ситам карда, тикаи нон аз даҳони ятиму бевазан ба ноҳақ мебаранд, он гоҳ як инсон муборизи бас фаъолу бераҳм мешаваду аз ҳолати «уштурӣ» ба сифати «шерӣ» мубаддал мегардад. Шер мафҳуми тарсро умре намедонад.

Ана дар ҳамин марҳала сафи шерон ба ҳам омада селаи кафтору шуғолу рубаҳу каргасонро титу парешон хоҳанд кард.

Вале то ба ин сатҳи олии огоҳию шуҷоат расидан хело аз минқори каргасону дандони заҳрогини ноаёни кафторону дадманишон захмҳо мебояд хӯрд, ки ватқе бар сарашон ҳуҷум кардӣ, дигар раҳме дар дил нисбати ҳеч золиме надошта бошӣ.

Чуноне мушоҳида мекунем намунаҳои тарс гуногунанд ба мисли:

Тарс аз:

Бадбахтшавӣ

Пирӣ

Нолозим шудан

Ба нафақа баромадан (тарси Эмомалӣ)

Танҳомонӣ

 Офатҳои табиӣ

Дурӣ аз ҳамсару фарзандон

Аз даст додани бехатарии иқтисодӣ (оҳ, чӣ басо муборизоне, ки барои пулу мол дину виҷдон фурӯхтаанд)

Тағйири дидгоҳ ва мавқеъ

Марг

Ҷанг

Беморӣ

Аз даст доданӣ шахси азиз

Садама

Рабуда шудану нопадидшавӣ

Суиқасд

Қатъи алоқа бо баъзе ашхос

Саҳву хато кардан

Тарс аз шикаст

Тарс аз «беобрӯшавӣ» ва ғ.

Чун шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ!

Тарсҳо ду навъанд: фикрӣ ва физикӣ:

Тарсҳои қисмати дуввум тарсҳои даруниянд на берунӣ чун тарсҳои қисмати аввал, ки физикиянд.

Дар қисми тарсҳои якум пеш аз ҳама дохил мешавад тарс аз падару модар, аз бародар, аз ҳамсоя, аз муаллим, аз устод, аз сардор, аз директор, аз корфармо, аз раис, аз пулис, аз қозӣ, аз пешво ва ғ…

Ва касе ки дар ин қадар занҷирае аз тарсҳо печида асту наметавонад ба касе на гӯяд,  ҳаққи худро талаб кунад, чӣ гуна рузе ба майдон ҷуръати баромадан мекунад?

Ба ринги золим касе мебарояд, ки сахт нотарс ва машқдида аст. Нотарсӣ ҳам машқу машқгоҳ мехоҳаду «тренер»у вақту муҳлати муайян.

Диктаторон ҳам умре «машқи тарсдиҳӣ» тамрин мекунанд!

Надидаед, Эмомалӣ дар ҳар фурсати қуллай, бо ҳар васила «тарс» медиҳад?

Ба сиёсат даст задед, назди қонун ҷавоб мегӯед! Кадом қонун?!

Агар ҳодисае шавад, пеш аз ҳама муллову сатрдорон ҷавоб хоҳанд дод! Кадом ҳодиса?

Солҳои навадумро мехоҳед? Бихоҳем, чӣ?

Наберу аберамонро қир мекунанд? Кӣ? Чаро?

Мо бояд рӯи тарсҳои худ кор кунем. Мехоҳед тарсро кушед бар зиддаш ҷанг кунед. Тули умр, на як рӯзу як моҳу пасон таслимаш шаведу ба «хонаи ороми тарснок»-и тарс дохил шуда умре бо тарсу ҳарос ба сар баред.

«Не» гуфтанро биомӯзед

Исён карданро аз сатҳи оила ёд гиред.

Ҳама метавонад хато кунад, аз волидон то пешвоҳо ва набояд чашмпушӣ кард, балки нотарсида, аз ҳақи ҳалоли хеш бигӯед. Камбудҳо бо тарс не, балки бо ҷуръати гуфтан ислоҳ мешаванд!

 أنا أمير، انت امير، من يسقي الحمير؟

Ман амирам? Ту амири харро ки об медиҳад?

Мутаассифона,  дар ин олам ҳақатро намедиҳанд, онро ба зур кашида мегирӣ!

Ҳатто дар Қурон омада, ки на бо ҳама мешавад бо роҳи хубӣ пеш рафт, аз ҷумла ояи 75-и сураи оли Имрон.

Қисмати саввуми тарс.

Ва бузургтарин навъи тарс ин «худфиребӣ»- аст, ки ба худ мегӯем: «Ин кор аз дасти ман намеояд». Ё тоҷикитар гӯем: «бузро аз пои худашу гуспандро аз пои худаш меовезанд». «Гӯри ту ҷудову гури ман ҷудо».

 Аммо, касе ин ду ҳамоқатгуфторро таҳлил накард то имрӯз, ки ончӣ дар ин ду омада ба «мурдагон» тааллуқ дорад на ба ману ту ки ҳоло зиндаему фурсати амалисозии кореро дорем.

Асли «аз дастам намеояд» танидае аз тарси дохилии «баҳонаҷӯён» мунофиқон дупагонагон ва манфиати- шахсихоҳону «слишком умнийҳо»-аст, ки ҳеч гоҳ омода нестанд тарсашонро шикананду чун хаффошон дар рӯз ба парвоз биоянд. Офтоб гуноҳе надорад чун куршабпаракҳо аз он бадашон меояд, балки кӯрии чашми онон аст, ки офтобзудост.

Ва ҳамчунин гуноҳи озодӣ нест, ки баъзе бардагон азаш нафрат доранд, балки бардахӯйии онон аст, ки озодиро чашми дидан надорад!

Ва ҳеч дину оине наметавонад бардагонро ба озодӣ расонанд, агар онон худашон озодиро нахоҳанд.

Мусулмону габру тарсову яҳудиву шаману будоӣ мешаванд, вале аз бардагӣ раҳо намеёбанд, то инки мафҳуми озодиро бо шикасти занҷираҳои тарси «модарзодӣ» дарк накунанд. Он гоҳ ҳеч дину занҷиру истибдоду қонуну артишу қуввае садди роҳи озодгаштагон наметавонад бошад! Рӯзе, ки аз пайи озодӣ шаванд!

Озодӣ сароғозаш озодӣ аз тарс аст. Арзиши бас гарон дорад! Асабҳоро метарконад, ҷонҳоро мекоҳонад, оилаҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, руҳҳоро ба осмонҳо суъуд медиҳад, дороиҳоро ба боди фано мебарад, обруҳоро мерезонад, ақлҳоро дарҳам мекӯбад, вале кобини муносиб аст барои аруси озодӣ!

Озодӣ! Озодӣ! Ба қадри ту бардагон намерасанд. Озодагон ошиқу шайдои туанд!

Баҳри озодӣ чӣ корҳое намекунанд…

Озодгаштагон…

Ҳамаро мешикананд, чун занҷирҳои тарсро дар вуҷуди хеш, дар мағзи хеш, дар зиндагии хеш, бо ҳар арзише шикастаанд!

Эмомалӣ, вақте туро мешиканем, ки занҷирҳои номаръӣ, морҳои сиёҳу тираи дар мағзҳои мо- ҷавонон гузоштаатро саркӯб карда бошем!

Ва мо аз ҳамин ҷо оғоз кардаем – худ ва дигаронро ба шоҳроҳи озодӣ хоҳем бурд!

Ва он гоҳ таъбири «аз дастам намеояд» ба «аз дастамон ҳама чӣ меояд» мубаддал гашта, тахту тоҷи фалшивии псевдопешвои двоишникро ба хок мекашему худашро ба касби бобогияш- даҳмардагӣ, ботантана мефиристем. Хато нафаҳмед, дар зиндон ҳам мешавад ферма сохт!

 Пас, ин бор ки гуфтанд аз дастатон чӣ меояд?

Мегӯем  ҳама чӣ! Ва исбот ҳам мешавад, ки инсон ҳеч коре дар олам нест, ки натавонад кард. Ба қавли нашрияи СССР: МО метавонем! Мо метавонем занҷирҳои ғуломию тарсу беамалиро шиканему пайи амалкарду чора гардем!

Ва шумо,ки даъвои мусулмонию ҷонфидоӣ дар ин роҳро доред, намедонед, ки дар ҳама оёти Худо, Аллоҳ худ мегӯядатон: لا تخافوا، لا تحزنوا

Аз паёмбарони улулазм то подабонон , Худо,  як чӣ мехоҳд:

لا تخاف ان الله معك

Ва ҳеч куҷое аз Қуръон наомада, ки аз касе ҷуз Аллоҳ битарсед!

Дар Қуръони карим 124 маротиба вожаи  «الخوف» тарс омада аст. Дар 87 ҷой ба сиғаи феъл омадааст ба монанди  

{إنِّي أَخَافُ اللّه رَبَّ الْعَالَمِينَ} المائدة:28

Тарҷума : «Ман аз парвардигори оламиён метарсам» (Моида,ояти 28)

Дар 38 ҷои дигар ба сиғаи исм омадааст:

{فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ} البقرة:38.

Тарҷума : «…Шахсе пайрави кунад аз ман, пас ҳеҷ тарсе бар онҳо нест…»

Дар ин ду қисмате намудем дар даҳ ояти он  ҳамчун башорат ё хушхабар омадааст бар муъминон,ки натарсанд аз чизе ва осуда бошанд.

Албатта тарс як ҳолатест,ки он дар вуҷуди ҳар зиндаҷоне вуҷуд дорад ва аз он ба кулли наметавон худро раҳониду дур намуд. Аммо на тарси мутлақи комил,ки дигар худро фармонбардори тарс карду нишаст.

Касе аз Аллоҳ воқеан битарсад, на бо сухан, аз ҳеч касу чизе наметарсад, ва касе аз ғайруллоҳ тарсад, аз ҳама чиз хоҳад тарсид!

Эмомалӣ, ки «худо» ё нимахудо ё ҳатто малак нест, ки аз вай тарсид. Як кункандаи аз роҳ расидаи дузди бешарафи модарғари додардузди писарҷоҳили духтарбахато асту бас!

Ёфтед, шумо , тоҷикон ҷои тарсиданатонро?!

Ҳай, дига ридед аз як барзагови пири мафлуке, ки даҳонаш гапашро намегирад.

Ҳамин аст «мақоми хавфат»-он? Мақоми хавф ё «тарсгоҳ» дар 3 ҷои Қуръонатон омадаву он ҳам бо ду лафз зикр гашта аст:

خاف مقامي  و خاف مقام ربه

«аз ҷойгоҳи ман битарсед» ва «аз мақому манзалати парвардигоратон битарсед»

Ку? Ояи «мақоми тарс аз Шарипови алтур» нест?

Шумо бо ҳамин ҳол даъвии «ман ғайр аз Аллоҳ аз касе наметарсам» мезанед?!

«Ман аз Аллоҳ метарсам», маънояш, ки хилофи гуфтаҳояш коре намекунаму фармудаҳояшро иҷро мекунам.

Ва ман «аз касе ҷуз Аллоҳ наметарсам» маънояш ин, нест, ки бо сухан мегуяму хилофи гуфтаҳояш амал ва ба манъкардаҳояш амал мекунам. Дар ин ҳолат ҳаст, ки тарси «гайруллоҳ» дар дилҳоятон реша медавонад!!

Худо мегӯяд: Шумову пайравонатон ғолиб хоҳед шуд. Қасас, ояи 35.

Вале амал ку? Худо дар тамоми Қурон мегӯяд: амал кунед- подош мегиред!

Аммо, қисме мунтазиранд,ки ҷони пешворо Азроил ё Омилинаш бигирад. Пас чӣ?

Дар матни ин қисса ту чӣ кор кардӣ, то марги пешвову марги худат фаро расидан?

Ҳичӣ? Ба гуфти аҳодис «хомуш дар баробари бедодӣ шайтони ахрас» аст.

Бо «ҳикматҳо»и тарсуҳо бовар накунед!

Бузро аз пояш танҳо пас аз куштан ва гуспандро ҳам ҳамчунин меовезанд. Куҷо дидаед ки бузу гуспанди зиндаеро якҷо овезанду аз моъасту баъъасташон хаста нашаванд?

Ва, оре,  гӯри туву ман ҷудост, вале дунёи ману шумо хело дарҳампечида аст!

Дар олам бояд якҷо амал кунем. Вақте мурден, ман дар гӯратон намедароям. Ошатон шавад гӯрҳои танҳову ғамгинатон.

Вале, лутфан аз бузу гуспанди пӯсткандаи сарбурида ва мурдагони дохили мазорҳо баром дигар «фалсафа» ва сафсата набофед.

Содда карда гӯям, ин «ҳикматҳо»-и тоҷикони тарсидаи торихамон буда, ки тарсашонро ба «фалсафае, ки дар зербунаш ҷуз тарси сахт» чизе ниҳон набуда, пинҳон кардаанд. Ҳамон тарси бобоҳои ҳакиму фарзонаамон буд,ки бузургтарин шаҳру қалъаву мадрасаву дабистонҳоямонро гузошта ба куҳистонҳо фирор карданд. Мо ва шуморо аз бобо то падару аҷдодамон насиҳатамон карданд ором бош даъво накун бо касе ҷанг накун! Аммо туркҳо ва дигар ақвом чӣ ? Имрӯз кӣ хору зору дарбадару афгор аст ? Боз ҳам ману ту!

Ба мисли «даҳани баста-сад тилло». Ин ҳикмат нест, ҳамоқат аст

 Ку?  Раҳмонов ба кадом «даҳанбастагон»у даҳанялаҳо як тилло дод, ки 100 тилло золимону хунхороне чун Темуру Чингиз ба «ғуломон» дода бошанд?

«Гардани каҷро шамшер намебурад».  То кай дар Русияву дигар кишварҳову ҳатто дар Тоҷикистон дастҳо пеши бар, гарданҳо чун ғуломони беқадри тарсу каж мегардед?! Оре, шамшер гардани каҷи тарсуро намебурад чунки гарданкаҷон барои хоҷагон даркоранд, то хару аспашонро парво кунанду заминҳошонро ҷуфт кунанду тухм бикоранду бидараванду то умр доранд ғуломии пешвояшонро кунанд!

«Ҳар сари беқадре арзиши буридан надорад. Сарҳои сарфарозонро золимон мебуранд, то ба дигарон сарфарозӣ наомӯзанд!»

Бубин, чӣ қадар тарсуҳо тарсашонро устокорона лӯлакпеч кардаанд: «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод».

Шумо, сархамон аз кудомин «сари сабз» сухан мегӯед?

Магар, шумое ки умре, нару мода хапу дам, рида -рида ё ба гуфти шоир: мурда-мурда зиндагӣ кардаед, худро «сарсабз» меномеду ба сарҳои каҷу пӯкидаву пур аз тарсатон, эҳтиромона, сифати «сарсабзӣ ва сарбаландӣ» медиҳед?

Миллате ки дар манҷалобу гирдоби тарси худсохтаи беасос дармонда аст, аз «сарсабзони воқеӣ» нафраташ меояд!

Ба хотири як тангаву як мансабу ду қитъа замин омодаанд зану фарзандону ҳайсияту озодиву имону виҷдонашонро бифрӯшанду вақте дигарон эродашон гирифтанд, дарун ба дарун бисӯзанду бихурӯшанд, ки «ҳой забонсурхон» сарони сабзатон рӯи  китфҳоятон вазнинӣ карда аст?

Дар асл ин сархамон мехоҳанд шармандагии худро ки ба ивази дирҳаме чанд газоф фурӯхтаанд, зери пардае аз «ҳамоқатгуфторҳо» пӯшонанду ҳеч киро иҷозат надиҳанд, ки гарданфарозӣ кунаду озодии хешро, агарчӣ бо рафтани «сари сабз»-ашон ҳам бошад, нахаранд!

Ҳама мисли инҳо номусфурушу озодифурӯшу кунбардору чилимбардор бошад!

Дарди фоҳишаҳо ин аст, ки чаро ҳама бонувон танфуруш нестанд!

Дарди бардаҳои хоҷагон ин аст, ки ахта шудаанду аз лаззати «озодӣ» маҳруманду озодии дигарон ва озодихоҳии озодзодагонро манфур медонанд!

Айби озодагон нест, ки мубориза мебаранд, балки иллати бардагон аст, ки худро барои моли дунё ба бардагӣ фурӯхтаанду дигар роҳи озодӣ ба руяшон баста аст!

Мо инҷо маҷбурем аз психотерапевтҳову аз ҷомеашиносон иқтибос оварем, ки оё воқеан тарсе, ки дар мағзи ҳар яки мо вуҷуд дорад амалишаванда аст?

Кисравӣ мегуяд: «дунё макони ҷидолу кушокушӣ нест, балки инсонҳои ғофиланд, ки гумон мекунанд, зиндагӣ муборизаи бардавом аст.»

Юсуф Алҳасанӣ мегӯяд: «90%-и ҳаросҳои мо ҷанбаи тахаюлӣ доранд, ва ягон вақт ба амал нахоҳанд омад. Инро ман аз таҷрубаи худ, ки умре тарсида-тарсида зистаам, тасдиқ мекунам.»

Пешво тарсуст!

Эмомалӣ Раҳмонов ҳам аз онҷо ки ин суханро  хоҷагонаш бовараш кунондаанд, ки агар аз амалинамоии нақшаҳои мо даст бикашӣ «бо бачу качу наберу аберат мекушемат» боварманд гашта, дар ҳоле ки як чизро тарсу шантаж меноманд, ки набояд ба ҳар ваъдаву тарсе бовар кард.

Тарсдиҳӣ (тахвиф) ин як роҳи муассир рӯи равони инсонҳои заифшахсият аст, ки дар ин зумра пешво, бадбахтона ворид аст.

Солҳои мадид, дар ҳама суханрониҳояш ва то кунун ҳам, аз тарсу иръобу террору пора-порашавию нестшавии миллати тоҷик сухан мегӯяд, ки ин нишондиҳандаи «бовар»-аш аз ҳамон «шантажҳо»-ест, ки замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯи мозгаш коштаанд.

Ин мағзисаршӯиест, ки дар мисоли филе, ки дар хурдӣ ба пояш ресмоне баставу маҳораш кардаанд то нагурезад. Ва ҳарчанде фил сутургу муқтадир ҳам шавад, ҳамон ресмони матин дар мағзаш аз кӯдакӣ нақш гузоштаву умре ҳатто намесанҷад, ки оё қувват дорад, ки ресмони пояшро бидарад ё не.

Ин ресмонҳои «кӯдакӣ» бо гузашти замон чун тросҳои ногусастанӣ «таҷассус» мешаванду ақл ба он бовар мекунад.

Такрори тарс ақлҳоро боварманд месозад, ки воқеан ҳодиса реалист ва бояд ҳамеша аз он «ҳазар» карда гашт.

Қиссаҳои манипулятсия зиёданд.

Қиссаи машҳури бӯзинаҳои як қафас, ки машҳур аст.

Қиссаи «Нақли хиёнати сарбозони амрикоӣ» ҳангоми асорат дар дасти ҷопониҳо, машҳур аст.

Қиссае, ки Табарӣ оид ба 4 тоҷик оварда, ки муғуле ҳамагиро асир карду нафареяш ҷурхаъ карда ӯро кушту худу ҳамроҳонашро раҳо кард.

Қиссаи зани муғуле, ки як тоҷикро хост бикушаду шамшераш дар паҳлӯяш набуду гуфт: ин ҷо ист, то биёяму коратро яксара кунам ва рафту фаромӯш кард, ки ин аблаҳи «гарданхам» ҳоло ҳам сар руи кунда интизор, ки кай муғулзан омада сарашро ҷудо кунад.

Ҳамин ресмони «тарс аз ҷанги шаҳрвандӣ»-ст, ки имрӯз касе ҷуръат намекунад лоақал бисанҷад, ки агар митинг кардем «ҷанг мешавад» ё Эмомалӣ «фирор» мекунад?

Қонуни Эйнштейн нисбият аст, ҳар эҳтимоле имкони вуқуъи 50 дар 50 -ро дорад.

Ҳатто Эмомалию режимаш ҳам намедонанд, ки рафту тоҷикон қиём карданд, чӣ амалкарде рӯйи даст мегиранд?

Ва на касе аз мутазоҳирин ҳам дар он рӯз эҳтимоли вуқуъи ҳодисотро намедонад.

Танҳо баъд аз вуқуъи ҳодиса ва раванди минбаъдаи он, дар ҳамон рӯзу маҳу сол нишон хоҳад дод, ки чӣ рӯх хоҳад дод!

Аз ин рӯ,  тарс аз чизе ки фарҷомаш маълум нест танҳо Лаку Пакҳоро пештарс медиҳад.

Қиссаи «Лаку Пак»-ро тоҷикон медонанд, ки Лаку Паке мехостаанд хонадор шаванду пасон аз тарси пешоянди номаълуми ояндаи тахаюлӣ ва сарнавишти «фарзанди ба олам наомада»-ашон аз сари савдои ин «никоҳу паёмади шумаш» мегузаранд!

Ҳатто дини Ислом ҳам барои ғалабаву мағлубияти 2 қувва куфру имон, дар рӯзи «масоф» эҳтимол медиҳад, бо вожаи «لو» агар, ки чуноне паёмбар мегӯянд кунед  ва ё чуноне гуфта буданд мекардед , ғолиб мешудед.

Ва дар ҳама оёт даъват ба амал мекунад.

Амал кунед то натиҷа гиред!

Ҳатто ин гуфтори мантиқӣ машҳур аст, ки агар ризқ хоҳед кор кунед, агар саломатӣ хоҳед, табобат кунед, агар бадани риёзӣ хоҳед, машқ кунед  ва агар фарзанд хоҳед, зан гиред. Ва ин ҷо  суол мегузорам: агар озодӣ мехоҳед, ба роҳи тарсу сукуту худақибкашию бетарафӣ ва «тамошобинӣ» чун филмҳои ҳиндӣ, шумо рӯзею соле ба озодӣ мерасед? Абадан!

-Роҳи фарзандоршавӣ зангирист

-Роҳи сарватмандшавӣ- тиҷорату кору бор

-Роҳи ғалаба дар ҷанг- ҷангу куштор

-Роҳи истиқлолият дар озодсозии хеш аз аҷнабиён

-Ва роҳи раҳоӣ аз низоми диктаторӣ танҳо дар инқилоб аст!

Сад соли дигар ҳам аз домани тарсу ҳароси мағзҳоямон, ки рӯиҳамрафта, тӯли асрҳову солҳои мадид анбошта гаштаанд, даст накашем, ба озодӣ намерасем.

Аввалин озодӣ ин- озодӣ аз тарс аст.

Тарс ҳам чандин зинаҳо дорад, ки мушкилтарин мақулаи илми психология аст. Ва «тарси ҷамъиятӣ» ё дастаҷамъӣ бошад мавзӯи баҳси илми ҷомеашиносист.

Ҳамон гуна,ки ҳеч ҳодисае дар олам «ҳамту» тасодуфан ва алакӣ падид намеояд, мағзи инсонҳо ҳам дар натиҷаи «амалкарди мақомот, ашхос ва ниҳоду институтҳои дахлдор» гирифтори ин «беморӣ» мегарадад!

Аз тарс дида дар олам «монеъа»-и фалаҷгаре вуҷуд надорад.

Дигар анвоъи бемориҳо муваққатиянду танҳо тарс аст, ки метавонад аз рӯзи марг то дами марг идома кунад.

Инсоне  деви ҳафтсари тарсро хуб мешиносад, ки бо он ру ба рӯ гашта бошад.

Танҳо Рустам  ба набарди «деви сафед» мерафт ба Кӯҳи Қоф. Ва манзур аз «деви сафед» тарс асту манзур аз «кӯҳи Қоф» мағзи нохудогоҳи печидаи инсонҳо!

Рустам барои ҳамин бар дигарон чира мегашт, ки «девҳои тарсу ҳарос»-ашро дар «куҳҳои торики Қофе» аз мағзаш кушта буд!

Шумо ҳам, ҷавонон ин девҳои ҳафтсарро дар мағзҳоятон бикушед. Нагзоред, умре асири тарсҳотон боқӣ бимонед.

Ин «девҳо» гумон накунед, ки ҳатто ба Урупову Амрико ҳам фирор кунед, аз чангашон раҳо шудаед! Ё агар Қурон бисёр хонед, раҳоятон мекунад. Ё агар машқи бадан кунед, мағлубашон мекунед!

На! Ҳеч роҳе ҷуз ба набард дар «кӯҳи Қоф»-майнаи саратон, бо «деви сапед» онро мағлуб нахоҳад кард. На фирор. На машқ. На сухан. На тарс. На гурез. На чеҳрапӯшию сукут!

Шумо аз ин «дев» раҳоӣ надоред, то ба набардаш раведу мағлубаш кунед.

Танҳо рӯёрӯӣ бо он дар варои Кӯҳи Қоф!

Он гоҳ сафшикану заҳҳоккуш хоҳед гашт!

Тамоми ҷомеашиносону равоншиносон як сухан доранд- агар хоҳӣ аз воқеае дар амон бошӣ, иштирокчии он бош. Дохили он шав. Ва дар доираи тарс амал бояд кард!

Ҳама торихдонон медонанд, ки дар ҳама ҷангҳо аз ҳама бештар «бегуноҳон» кушта, тороҷу таҷовуз, таъзиб, таҳқир, зиндон ва бадарға мешаванд!

Чаро?

Чунки иштирокчии билфеъли ҳодисот нестанд. Гумон мебаранд,ки бетарафияшон наҷоташон медиҳад, ки баръакс вақте ханҷарро дар ҷигар мебинанд, баъд мефаҳманд, ки эй кош ба рӯшанӣ асоямонро мезадем.

Ва вақте устод Садриддин Айниро аз ҳуҷрааш дар мадрасаи Бухоро зада-зада,  кашола карда кормандони Амир бурданд, аввалин ҳасраташ ин буд,  ки чаро дар ҳаёт «мубориз» нашудаму тирпаронӣ аз яроқро наомӯхтам, то «муфт кушта нашавам»!

Ҳамин ҷо ҳаст, ки сухани ҷанговарони пурдаҳшати торих маъно пайдо мекунад, ба мисли сухани Холид ибни Валид ки мегуфт: «Худоё, ҳеч гоҳ чашми буздилон хоби роҳатро набинад»

Ва ин рост аст, ки ҳеч гоҳе тарсуён рӯзи хушу хоби роҳатро намебинанд.

Ва тоҷикон масали зебое доранд, ки «тарсу чор чашм» дорад!

Чаро чор чашм?

Чунки умре дар ҳаросу гурезу тарс аст, ки бамодо аз 6 самт «гир науфтад» ва ҳатман тарсаш ӯро рӯзе  гирифтор хоҳад кард. Чаро? Чунки аз «рӯёрӯӣ» метарсаду мегурезад!

Ин ҷо ҳам мақулаи равоншиносист, ки тамоми олимон ба он бовар доранд: инсон ба он чизе рӯ ба рӯ мешавад, ки умре рӯи он андеша меронад!

Ва тарсуҳо ба ҷуз рӯи мавзуи «тарс» ба чизи дигаре меандешанд? На, ба гумонам….

Агар дар ин доираи инсонкуш намеандешиданд, пас чаро онҳо тарсу ном гирифтаанд?

Инсон ҳарчӣ ҳам битарсад, тарсаш ӯро боз ҳам ба манҷалоби ваҳму васвосу равонпарешиву гурез ва ба  «минтақаи оромиш» ва ё худ «зона комфорта» ғутавар мегардад. Чун Шутурмурғ сарро даруни ҳар реге мехалад. Магар шутурмурғ дар ин ҳолат аз хатар эмин аст?

Аблаҳии шутурмурғро такрор накунед!

Чуноне Мишел Де Мунте мегӯяд: «зиндагиям занҷирае аз  ҳарос буда, ки бештарини онҳо ба вуҷуъ наомадаанд. Ва ҳаркӣ оид ба дарду алам андеша дорад, аз натиҷаи ҳамин тарсу ҳарос , дар озоб хоҳад монд».

Ҳама дар олам метарсанд!

Паёмбарон, авлиё, анбиё, ҷанговарон, ҳакимон, диктаторон, файласуфон, кӯдакон, занону мардону умуман инсоният!

Ду ҷанговар қабл аз он ки вориди набарди тан ба тан шаванд, дар кунҷе аз магзи нохудогоҳашон 50% эҳтимолияти маргу 50% эҳтимолияти ғолибиятро ҳатман таҷасчум мекунанд.

Тарс ду навъ дорад:

Тарси уфуқӣ: дар роҳе қарор дорӣ то ба охир «задний ход» нозада бояд роҳ паймоӣ!

Тарси амудӣ:  бояд аз маконе ба маконе, аз зонае ба зонае аз коре ба коре аз ҳоле ба ҳоле аз сухане ба сухане, аз ақидае ба ақидае, аз боваре ба боваре аз ватане ба ватане аз ҳамсаре ба ҳамсаре ва аз оламе ба оламе,  интиқол ёбӣ!

Барои ин ҳама ҷасорат даркор аст!

Зонаи комфорти собиқатро бидуни доштани гарантияи маълуму ояндаи норӯшани дар интизорат буда, тарк кунӣ, нотарсӣ! Пулҳое дар ҳисоби бонкият дорӣ, хонаву мошинҳое дорӣ, ва… барои тағйирот бояд натарси ва мардона пеш равӣ!

Кист,  ки аз маргу рафтан аз ин оламе ки қарор дорем боре натарсида ё ҳайратзада ё дилгир нашуда бошад?!

Агарчӣ битарсем ё натарсем рӯзе бо он рӯ бар ӯ хоҳем шуд.

Сабаби асосии тарс дар чист?

Дар худи мағзи сари инсонии мост!

Ягона қуттии сиёҳе, ки ҳамеша аз «эҳтимолиятҳо»-и норушану «хатарзо»-и аммлкардҳоямон моро тарс медиҳад ин мағзамон аст.

То рӯзе битарсем моро бештар метарсонад.

Мағзи инсон мисли занест, ки умре ҳамсарашро метарсонад, ки агар «зани дуввум бигирӣ» ман ин мекунаму он кунаму инат кунаму онат кунам:  он қадар тарсаш медиҳад, ки боварманд мешавад, ки воқеан занаш – «ақлаш» агар чунин коре кунад, ӯро ҳамину ҳамону чунину чунон мекунад, вале вақте ҳодиса анҷом ёфту инсон зани дуюм гирифт, он гоҳ роҳ рушан ва абрҳои манипулятсия ва таҳдидҳои шохдор аз рӯи зиндагияш пароканда мешавад.

Вале, аз онҷо ки мағзи инсоният ҳамагӣ- моро то дами марг «метарсонад»  он роҳҳои нав ба нави тарсдиҳиро, ҳатман, хоҳад ёфт!

Ҳамон гуна ки зани дуюм услуби «мағзхорияш»-ро иваз кардаву мегӯяд: агар бо ман бештар монӣ чунину чунон некият мекунам. Агар ба он занат фалон корро раво бинӣ, азат то умр боқист ташаккур мекунам.

Мебинед, тарсҳо ҳечгоҳ аз руи сари пӯки ту дур намераванд, балки чун буқалламун (офтобгардак) ранг иваз мекунанду халос.

Пас, хуб он аст, ки дар дохили саҳнаи набард бошӣ, ки эҳтимолияти зинда монданат бештар аз он аст ки пасон аскарҳои ғолиб омада дар пеши чашмонат модару зану кӯдаконатро таҷовуз кунанду худатро ба хорӣ бикушанд ё ба асорат баранд, ки мисли Айнӣ «эй кош»-ат аламатро даҳчан мекунад!

Ва тоҷикон мегӯянд: «мушти баъди ҷангро дар сари худат зан!»

Ва вақте дар дохили майдони корзорӣ, хело душман сари қудрату тавоноият тафаккуру андеша мекунад. Метавони ҷони чандинтояшро қабл аз онки бикушандат, бирабоӣ. Лоақал «муфт» нахоҳӣ мурд!

Тоҷикони азиз!

Азатон як хоҳиш дорам муфт мурданро бас кунед!

Хапу дам таваллуд шудану «фсмолак» мурдан бас будагист.

Оддӣ писари оддӣ зода шудану никто писари никто боқӣ монданро бас кунед!

Биёед, якҷо бубинем, ки Қуръонамон дар ин масъала чӣ мегӯяд:

Ман ин ҷо танҳо сари «ҷангу ҷидолу хунрезӣ» не, балки рӯи авомили пайдоиши тарсу ҳаросу буздилӣ оя -оя бароятон «тиловат» мекунаму гӯш кунед:

Аввалин ояе, ки дӯст дорам  аз Қуръон биёрам ин ояест, ки «мунофиқон»-ро васф карда, чунин аст:

Ояи 56, сураи Тавба.

وَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنَّهُمْ لَمِنكُمْ وَمَا هُم مِّنكُمْ وَلَٰكِنَّهُمْ قَوْمٌ يَفْرَقُونَ

 [الجزء:١٠  التوبة  |  الآية: ٥٦]

Тарҷума:

«(Бо  камоли бе шармӣ) Ба Худо савганд ёд мекунанд,ки ҳатман аз зумраи шумоянд, дар сурате,ки аз шумо нестанд. Балке гурӯҳеанд,ки аз шумо (ба хотири имони устуворатон) дар изтироб ва тарс басар мебаранд»

(Сураи Тавба, ояти 56)

Ва вожаи «яфрақун» маънояш- яхофуна аст, ки ба тоҷикӣ тарсуянд гуфтан аст . Яъне мунофиқон тақия мекунанд аз тарсашон,ки аз шумо доранд.

Бубинед, дар Қуръон инсонҳо ба се даста ҷудо мешаванд: кофирун, муъминун ё муслимун ва мунофиқун. Яъне диндор, бедин ва мунофиқ. Пас ҳоло дар ҳамин ҳолате мо ва шумо қарор дорем худатро дар кадом тоифа меҳисоби? Ин саволро ба худат кун ва посухашро ҳам ба худат деҳ!

Дар ҳеч ҷое аз Қуръон наомада, ки кофирон «яфрақун» бошанд, баракс ононро «душмани худо» номида аст. Агар кофирон тарсу мебуданд, ин ҷуръатро намекардаанд, ки бо Худову  расулаш ба ҷанг бароянд. Агарчи дар ботин тарсуянд вале дар зоҳир на.

Аммо мо дар ботин гӯйё тарсу нестем ҷуз аз Худо аз касе наметарсем ва дар зоҳир ва физикӣ метарсем. Аммо дар асл ва ин аср дар ҳарду ҳолат сахт тарсуем.

Вале инҷо эҳтимолияте нест, ки мунофиқон «нотарс» буда боашанд-  ин бандаҳои бечораи тарсуи Худо,  аз ҳамон тарсе, ки доштаанд на чун ғайри динон ба ҷанги эмон баланд мешудаанду на ҷуръати силоҳкашӣ бар фарқи ононро доштаанд, ки дар байни хубу бад, куфру имон, ҷангу сулҳ муаллақ намонанд.

Ҳангоми корзор мешуд мегуфтанд: размида наметавонем , чандин далелҳо ҳам меоварданд.

Масъалаи интихоб байни куфру имон мешуд: дар зоҳир бо мусулмонон ва барои тазмини «бехатарии иқтисодӣ, ичтимоӣ, маишӣ, тиҷоратӣ» ва ҳазору як озу ниёзҳои инсонии худ, дар хафо бо мушрикон ҳампаймон мешуданд. Яъне тарс бештар бо мунофиқ ҳамовоз ва якҷо аст. Аз чизе тарсиди бояд имонатро бисанҷи ва ба худат фикр куни. Мусалмони ? Бале мусалмонам. Пас чаро метарсӣ ? Охир пулдорам, хона дорам, ҷойгоҳ дорам, эҳтиром дорам ва… Дигар қазоват ба худат,ки кӣ ҳастӣ….

Ҳазар аз мунофиқон, ки хело тарсуянд!

Хонандаи гиромӣ, то инҷо расидем ба ниҳояти бахши аввад. Ин матлабро барои дур кардани тарсу ҳароси миллат идома медиҳем ва умедворам таъсире барои мардуми тарсу дошта бошад. Тарсро канор гузоранду барои озодии худу оилаҳои худашон коре анҷом диҳанд!

 Поёни бахши аввал, идома дорад….

Share This Article