30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №16

Ислоҳ нет

Русия ва найрангҳои он дар оғози даврони истиқлоли Тоҷикистон

(бахши шонздаҳум)

Маскав ба раванди нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил дар моҳи ноябри соли 1991 дахолат накард. Аммо бо шурӯи  пасларзаҳои ин маъракаи сиёсӣ Тоҷикистон, истиқлоли он ва раиси ҷумҳурии мунтахаби он ба варзишгоҳ, майдон ва арсаи бозиҳои махуфу ваҳшатнок ва турктозиҳои империяхоҳии он бадал шуд.   

  Агар бигӯем, дар паси ҳодисаи ҳамлаи С. Кенҷаев ба Душанбе дар октябри соли 1992, истеъфои Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи Душанбе хадамоти амниятиву ҷосусӣ ва ҳарбии Русия  ва баъзе аз мансабдорони баландмақоми ин кишвар ба мисли Андрей Козирев, вазири хориҷӣ, Павел Грачев, вазири мудофиа, Михаил Синкевич, нахустин сафири Маскав дар Душанбе ва чанде дигар аз генералҳову афсарони он кишвар қарор доранд, чизе тоза нагуфтаем, воқеиятро ёдовар шудаему бас. Ҳамчуноне, ки ташкили Фронти халқӣ, баргузидани Сангак Сафаров ба ҳайси роҳбар, мусаллаҳсозии мухолифини Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, сарнагунии ин ҳукумат, мусоидат дар «дуздӣ»-и ду адад тонк аз полки қурғонтепагии дивизияи 201 ва дигар ёриҳои ғоявию моддиву ҳарбӣ  маҳз аз тарафи русҳо сурат гирифтааст. Бахусус баргузории Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд, ин кори дасти русҳо буд, ки тавассути узбекҳо ба амал баровраду онро дар Тоҷикистони тоза соҳибистиқлолёфта анҷом дод. Шуравии шикастхурда дар Афғонистон ва ба Русияи федеролӣ мунҳасир гашта ниқор мекофт. Ниқор ва қасди худро бояд аз Тоҷикони ин бари омӯ мегирифт ва қасди шикасти хурдаашонро аз мо бояд ба шаклу наҳвае мегирифтанд.

        Раҳмон Набиев, президенти мунтахаби кишвар, як сиёсатмадори ботаҷриба дар мушти Александр Омоев, корманди баландмақоми ФСБ-и Русия, ки ба ҳайси сармуҳофизи ӯ «хидмат» мекард, хурду реза шуда буд. Гом ба гом, дақиқа ба дақиқа, ҳарф ба ҳарфи Набиевро маҳз ҳамин  «КГБшник»-и Русия муайян ва муқаррар мекард.

    Абдумаҷид Достиев, ки ба ҳангоми раиси ноҳияи Бохтар             Коммунисти собиқ ваКушониёни имрӯза ва сипас дар мақоми муовини аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буданаш, ки табъан аз хурдтарин ҳодиса бохабар буд, хеле печонидаву пӯшида ишораҳое ба «қувваҳо»-е мекунад, ки дар ҷанги байни тоҷикон дастҳои худро гарм мекарданд:

«…..ҳаминро қайд карданиям, ки қувваҳое пайдо шуданд, ки ба ҳар ду ҷониб қариб, ки як хела муносибат мекарданд, яъне агар ҷонибе ғолиб меомад ба ҷониби муқобил ёрмандӣ мекард ва баракс. Дар натиҷа маҳалҳо ва хусусан шаҳри Қурғонтеппа, тез-тез аз даст ба даст мегузаштанд. Агар ин дер давом мекард, ба фикрам оҳиста-оҳиста тамоми қаламрави кишвар, чун Афғонистон, ба майдони ҷанг табдил меёфт.» Абдумаҷид Достиев. «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо». Душанбе «Ирфон»-2003

   Ҳамин Сангак Сафаров, нафари баргузидаи низомиҳои Сарраёсати ҷосусии Ситоди генералии Неруҳои мусаллаҳи Русия(ГРУ) ҳам, вақте дар дасти неруҳои тарафдори майдони «Шаҳидон» дар моҳи майи соли 1992 асир афтод, бар вуҷуди «қувваи сеюм» дар васати майдонҳо, ки кору амали машкук анҷом медоданд, таъкид кард. Сангак аз зикри ошкорои ин қувва истиҳола кардааст, аммо ном набурда бошад ҳам маълум аст, ки ба кӣ ва куҷо ишора мекунад.

   Савол ба Сангак:

    Вопрос: Ви все время твердите о третей силе какой-то мафии, кто это такие?

   Ҷавоби Сангак

   Ответ: Давайте возмем позавчерашний факт, полковник КГБ взорвавший бомбу возле палатки. Его поймали, если би я не бил, то ребята убили би его. Сколько раз стреляли неизвестние литци со сторони кинотеатра «Джами».Они споровоцировали нас. Такие факти много было».

 Сангак аз полковнике сӯҳбат мекунад, ки корманди КГБ аст ва дар васати майдони «Озодӣ» граната метарконад. Тарконидани норинҷак ва бори дӯши майдони «Шаҳидон» кардан, то инки тазоҳуротҳои осоишта ба хунрезӣ ва ниҳоят ба ҳамин бипечад. Бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар паси кинотеатри «Ҷомӣ» ҷойгир аст ва манзури Сангак аз «неизвестние литци» ҳам ба онҳост.

Ин  лаҳзаро Сафаралӣ Кенҷаев дар китоби «Табаддулоти Тоҷикистон» чунин ба қалам додааст:

«Дар ин асно як гурӯҳ ҷавонони майдои «Озодӣ» бо шӯру ғавғо ва қаҳру ғазаб собиқ ҷонишини раиси Кумитаи амнияти давлатӣ полковник Белоусовро ба назди дари утоқи раиси ҷумҳур,ки дар он ҷо Н.Ҳувайдуллоев, Н.Дӯстов ва чанд тани дигар истода буданд, кашон-кашон оварданд. Ба ҳозирон арз карданд: «Белоусов дар сари рули автомашинаи «Жигули» нишаста бо ду шахси дигар аз майдони «Озодӣ» гузашта истода ба миёни гирдиҳамомадагон граната (норинҷаки тарканда) партофтанд, ки он таркиду якчанд кас маҷруҳ гашт. Ин хоини миллатро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан лозим….» Сафаралӣ Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон», китоби якум.

Ва дар пайи ин таркиш дар хаймае аз хаймаҳои майдони «Озодӣ» 3 нафар ҳалок ва чор нафар захмӣ мешаванд.

Русҳо на танҳо муътаризини майдони «Озодӣ» ҳамчунин ба майдоннишинҳои «Шаҳидон» ҳам талош карданд, ки аслиҳа «дастрас» намоянд. Давлати Усмон, яке аз роҳброни гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» дар сӯҳбат бо ВВС-и форсӣ тасдиқ мекунад, ки аз ҳамчунин иғвои артиши 201 онҳо тавонистанд ҷилавгирӣ кунанд:

  «Чунин як ҳодисаи иғвоангезе иттифоқ афтод. Гурӯҳе аз ҷавонони майдони “Шаҳидон” гӯё дар роҳ “КамАЗ”-и пур аз силоҳро тасарруф карда ва ба бинои Қозиёти Тоҷикистон бурдаанд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон, ва раҳбарони майдони “Шаҳидон” аз тавзеъи силоҳ ҷилавгирӣ карданд. Мо ин амалро навъе иғвои низомиёни рус ба хотири оташ додани ҷанг миёни ду майдон арзёбӣ карда ва комюни силоҳҳоро ба Лашкари 201 баргардондем. Аммо чанд адад силоҳ рабуда шуда буд».

Акбаршо  Искандаров, раиси Шӯрои Олии онвақта низ аз мавриди дигари тавзеъи силоҳ аз тарафи артиши 201-и Русия сӯҳбат мекунад, аммо ин бор барои майдони «Озодӣ»:

« к возникновению братоубийственной войны в Таджикистане имели руку некоторые государства. «Я лично стал свидетелем доставки одной грузовой машины оружия митингующим площади «Озоди» из 201-ой дивизии. Мы перехватили эту машину с оружием и вернули руководству дивизии, однако, как потом выяснилось, буквально через три часа после этого груз был обратно доставлен митингующим той же площади».

Мунтаҳо рӯёрӯии осоиштаи майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон» ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бадал шуд, ки чуноне мебинем, дар оташ задан, шуълавар гардонидан ва аланга додани он русҳо нақши калидӣ бозидаанд. Чаро русҳо ин корро карданд ва ҳадаф аз ба хоку хун нишонидани Тоҷикистон, ки он замон, сад сол пеш аз он ва ҳамин имрӯз ҳам ҳамчун минтақаи таҳти нуфуз ва марзҳои ҷанубии худ мешуморанд, чи будро як каме поинтар хоҳем гуфт. Вале ҳоло, ки ҷангро андохтанду кишвар ва мардумро ба хоку хун шинониданд, ором шуданд ва ё баракс?

Бале, дурусту дақиқ баракс, бештару бештар аланга доданд. Боз рӯ меоварем ба далелҳо. Далел аз онҳое, ки иштирокчии бевоситаи он ҳодисот буданд ва бо русҳо мустақим робита доштанд.

  Як нақли қавл аз Абдумаҷид Достиев, ки ноҳияе, ки ӯ дар он солҳо роҳбарӣ мекард яке аз минтақи доғи ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт:

« …..ҷанг дар водии Вахш баъди 2 сентябр шиддати даҳшатноктар гирифт. Касе ё кадом қуввае роҳбарияти Фронти халқиро ба он овард, ки бояд дар назди комиҷроияи вилояти Қурғонтеппа митинг ташкил кунанд. Бо вуҷуди онки барои ташкили ин амал бисёр ҳолдонҳо мухолиф буданд, аммо гуруҳҳое пайдо шуданд, ки  ин корро ташкил карда тавонистанд. Аз таҷрибае, ки имрӯз бардоштаем ва пеши назар овардани он ҳама омодасозиву созмондиҳии он гирдиҳамоӣ ва ширкати фаъолони он, бе шубҳа метавон гуфт, ки ин кор бо дасти бегонагон сурат гирифта буд. Аммо ман ҳоло дар ин бора мушаххас гуфтанӣ нестам. Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки бозингарони асосии ҷанги мо қувваҳои хориҷӣ буданд, чуноне борҳо гуфтаам: «остинҳо аз мо буданд, дастҳо аз дигарон». Лекин он вақт инро на ҳама эҳсос мекард ё на ҳама фаҳмидан мехост. Дар водии Вахш қувваҳое буданд, ки агар дар ҷанг ҷониби мухолиф бартарӣ пайдо мекард, ба Фронти халқӣ ёрӣ медоданд ва агар баракс мешуд, ба ҷониби дигар. Мақсади ин неруҳо якдигарро бо дасти худ маҳв кардани мо буд.» Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб».-Душанбе «Матбуот»-2006

Нақли қавли дигари мо аз китоби дуввуми «Субҳи ситоракуш»-и шодравон Аслиддин  Соҳибназар аст ки ба таври ошкоро баён месозад, ки чи тавр хадамоти ҷосусии Русия дар маҳаллу музофот аҳолии мулкиро мешӯронду ба ҳам душмани ҷониву хунӣ мекард:

  « Ба иттилои хонандагони гироми мерасонем, ки нимаи моҳи июн, вақте ман бо устод М.Осимӣ дар маҷлиси лақайҳои ҷумҳурӣ, дар совхози «Москва»-и ноҳияи Ленин ширкат доштем Холбой ном марде аз деҳаи Эсанбой арз кард, ки Сангак, Маҳмуд аз ургутмаҳаллаи шаҳри Қурғонтеппа ва дигарон бо иштироки афсарони рус дар тонкодром вохӯрӣ доштанд. Мо аз матлаби ин вохурӣ  чанде пеш иттилоъ дода будем. Инчунин иброз доштем, ки мутобиқи нақша тарафҳо ба мувофақае омаданд, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Вахш бояд хонаи якчанд лақай ё қунғуротро ба ғорат дода, қисми мардумро ба қатл расонда ва ин ваҳшониятро ба ғармиҳо пайванданд. Нақша рӯзи дуюм, пас аз ахбори Холбой амалӣ шуд. Дар яке аз деҳаҳои назди Ботурободи ноҳияи Вахш хонаи як лақаю чанд кулобиро сузонда, қисми мардум ба қатл расонда шуд. Як рӯз пас радиои Кулоб, ки радиои «Озодӣ»-и Кӯлоб ном гирифта мустақиман амал мекард, эълон намуд, ки дар фалон деҳаи ноҳияи Вахш даҳҳо одамонро парронда, якчанд хонаҳоро оташ задаанд. Ин корро ваҳҳобиёни ғармӣ гӯё содир кардаанд. Ҳатто номи даҳҳо ғармиро дар муроҷиатномаи радио эълон карданд. Ин муроҷиатномаи радиои ба ном «Озодӣ» ба садои Давлаталӣ Раҳмоналиев пахш гардид. Рӯзи дигар гӯё лақайҳо якҷоя бо кулобиҳо ба шӯр омада, ба хонаи тоҷикони деҳаҳои минтақаи Ботуробод даромада, панҷ хонаи ҳамдиёрони худро (ба воситаи радио эълон шуда буд) оташ заданд ва 15 нафарро парронданд. Рӯзи 24 июн ин амал қариб аксарияти деҳаҳои ноҳияи Вахшу Бохтарро фаро гирифт.» Аслиддин  Соҳибназар, «Субҳи ситоракуш» китоби дуввум

 Равоншод Аслиддини Соҳибназар, узви Раёсати Шӯрои Олӣ ва яке шахсиятҳои зинуфузи неруҳои милливу демократӣ, ки бо бархе аз мансабдорони баландмақоми артиши 201-и Русия ошноӣ пайдо мекунад, аз қавли нафаре бо номи Соломин, аз командирҳои полки дар Қурғонтеппа будаи ин артиш менависад, ки мансабдорони рус, чи ҳукуматӣ ва чӣ низомӣ аҳдофи хусусии худро низ дунбол мекунанд. Ва, инро бояд шумо-намояндагони Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ҳам бифаҳмед, вагарна вақте ин миллиардҳои интиқолшуда аз Маскав ба дасти Сангак бифаҳмад, дигар аз сад ҷонатон яке ҳам зинда нахоҳад монд. Албатта, ин иқтибос аз китоби Аслиддини Соҳибназар як каме васеътар аст,аммо манзараи онрӯза ва бозиҳои русҳо дар ҷанги шаҳрвандии моро шаҳодат медиҳад:

 «Дар Бонки Миллӣ аз ин ҳам зиёдтар пули нақд мавҷуд аст ва онро имрӯзу пагоҳ бояд ба Қурғонтеппа интиқол диҳанд. Марказ, Москва бо кӯшиш ва даву този зиёди генералҳои Русия зиёда аз 3-миллиард пули нақдро ба ҷумҳурӣ интиқол кардааст. Як қисми ин маблағ бояд боз ба Марказ баргардад. То шумо намояндагониҲукумати Мусолиҳаи Миллӣ дарк мекунед, ки пулро шикорчиёни Сангак аз худ мекунанд. Қисми онро барои силоҳ ба афсарону генералҳо ва мансабдорони Марказ медиҳанд. Онҳо бо ин тарз соҳиби миллиард мешаванд, аммо силоҳи дар ихтиёрашон бударо ба гуруҳи Сангак гӯё ба сифати ёрии «башардӯстона» медиҳанд. Русия зидди хатари гуруҳҳои исломӣ ва таъсиси давлати исломӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст….

Ин афсари рус мегуяд, ки тақрибан 1 миллиард, ки он  вақт баробар ба 180-200 миллион доллар буд, даркор аст. Ва мегуяд, ки «ғармию кулобӣ, исломию демократ гуфтани мо ба хотири пул кор кардани мо аст.-гуфт Соломин дар ҷавоб ва боз афзуд:- Даҳ-дувоздаҳ миллионӣ ба Грачев, Козирев, Синкевич ва даҳҳо мансабдорони олирутбаи дигари Русия, ки ба ҷанги тоҷикон ҳавасманду шарик ҳастанд, тарафдори шумо шуда, бо ҳамин ҷанг қатъ мегардад…… Ин афсари олирутбаи рус, яке аз роҳбарони полки дар шаҳри Қурғонтеппа будаи дивизияи 201-и Русия подполковник Соломин боз илова мекунад, ки бар асоси маълумоти онҳо «Сангак шоҳиди ҷиноятҳои худро зинда намемондааст. Даҳҳо ҳазор долларе, ки асосан аз Хуҷанду Тошканд мегирад, то бегоҳӣ тақсим мешавад. Пагоҳ бошад, қариб тамоми ин маблағ, ки онро боевикҳо  барои муборизаи зидди «вовчик»-ҳо гирифта буданд ҳамон хел пурра ба Сангак бармегарад. Зердастони худро номаълум нобуд мекунад. Шумо медонед, ӯ аз кумитаи бехатарӣ, аз «Алфа» беҳтар кор мекунад.» Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш» Интишороти Душанбе-2000

Талошҳои Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва и.в раиси ҷумҳурӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумати Русия ва раиси ҷумҳурии он Б.Елтсин ба нокомӣ анҷом меёбад. Дар як сӯҳбаташ бо шодравон Аслиддин Соҳибназар ҳам Искандаров дар ин бора хабар медиҳад:

 «-Ҳама корҳо хуб аст. Имрӯз бо Б.Елсин гуфтугуи телефонӣ доштам. Ваъда дод, 30 танк медиҳад. Илова ба ин иттилоъ дод, ки лоиҳаи қарор дар бораи ба Тоҷикистон додани дивизияи 201-ум таҳия шудааст ва дар рӯзҳои наздик ба он имзо мегузорад.» Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш» Интишороти Душанбе-2000.

Аммо рақибони ӯ дар симои С.Кенҷаев ва чанде дигар Искандаровро ба ҳайси як нафари ҳаводор ба «исломи сиёсӣ» дар чашми роҳбарони Кишварҳои Ҳамсуд сиёҳ ва бадном мекунанд. (Дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Акбаршо Искандаров дар доираи ин риштагузориш як матлаби алоҳида пешниҳод мешавад) Чуноне мебинем Елтсин дар ибтидо розӣ мешавад, ки дивизияи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистонро ба ҳукумати Тоҷикистон бидиҳад. Аммо раиси ҷумҳурии Узбакистон мухолифати шадид мекунад. Акнун иштироки русҳо ва низомиҳои рус дар сангарҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ошкоро ва рӯирост сурат мегирад.

Владимир Квачков, сарҳанги ГРУ-Сарраёсати ҷосуси вазорати муофиаи Русия ва «падари маънавӣ»-и Фронти халқӣ ва устоди Сангак Сафаров, солҳо баъд парда аз рӯи чи гуна созмон додани «Фронти халқӣ» ва ёфтану сохтани Сангак бардошт. Вай гуфт, ки Сангаки ҷинояткорро барои он ба Ислом Каримов муаррифӣ кард, ки сахт руспараст ва ҳамин тавр сахт бар муқобили ислом буд. Аммо сарҳанг Александр Мусиенко, сардори ситоди бригадаи 15, ки ҳамроҳи ҳайати 100 нафарии ҷангиёни ин гурӯҳ вориди Тоҷикистон шуда ва дар ташкили Фронти халқӣ саҳми мустақим доштааст, дар робита ба нақши Русия дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чунин мегуяд:

     “Мы снабжали отряды НФТ оружием и боеприпасами, пользуясь специальными методами партизанской войны, помогали объединять всех, кто был против «вовчиков», и обучали их воевать. По сути дела, партизанское движение в Таджикистане организовывали специалисты спецназа ГРУ. Много было мелких стычек, спонтанных операций, импровизаций, в которых выручала спецназовская смекалка. Хорошо помню штурм Шар-Шара 11 ноября 1992-го. Звонит мне перепуганный насмерть Эмомали и кричит, что утром «вовчики» оседлали перевал. Попросил помощи, в общем. Мы взяли, не скажу где, два бэтээра, станковый гранатомет, 82-мм миномет, загрузили на свой УАЗ 30-мм автоматический гранатомет и… с двумя десятками бойцов пошли штурмовать перевал”.

На танҳо асфарони ГРУ, акнун полкҳои мустақар дар Қрғонтеппа ва Кулоби дивиязияи 201 ҳам барои зарба задан ба Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва пешравиҳои Фронти халқӣ даст ба диверсия ва амалиётҳои ошкорои низомӣ мезаданд. Ёдатон бошад аз полки Қурғонтеппа Маҳмуд Худойбериев ду тонкро «дуздид» ва бартарият дар ҷанг дар Қурғонтеппаро ба суди Фронти халқӣ тамом кард. Аз як ҳолати шабеҳи дигар дар китоби «Фарёди солҳо»-и Бӯри Карим пораеро инҷо меоварем:

« Ҳамроҳи дастаҳои ғоратгари артиши Русия бо техникаи вазнини ҷангӣ таҳти сарварии подполковник Меркулов алайҳи мардум ва неруҳои худмуҳофизати шаҳр ҷанг оғоз кард. 4 тонки Русия БТР ва БМП-ҳои Ашуров бо сардории майор Собиров ғоратгаронро ба маркази шаҳр оварданд, ки онҳо бинои шуъбаи умури дохиларо тирборон карданд. Бисёр биноҳои истиқоматӣ хароб гардиданд. Шумораи қурбоншудагон аз ҷумлаи дастаҳои худмуҳофизат ва аҳолии шаҳр маълум нест. Сокинони шаҳр хонаҳояшонро тарк кардаанд… Воқеан, таркондани пули Қизилқалъа мувофиқи нақшаи пешакии дастаҳои ғоратгар ва мушовирони артиши Русия буд. Мақсад аз Душанбе ва Кофарниҳон ба Қурғонтеппа ёрӣ нарасад. Шаби 25 сентябр пулро тарконданду субҳи 27 сентябр ба шаҳри кулфатзадаи Қурғонтеппа боз ҳуҷум карданд….»

Инки русҳо чаро маҳз ба Сангак ва тарафдорони майдони “Озодӣ” таваҷҷуҳ доштанд, хуллас ба як тарафи ҷанг «ставка» гузоштандро ҳамон солҳо ҳам фаҳмида ва то онҷое барои маҳор кардани он  имкон доштанд, талош меварзиданд. Ҳатто як навбат дар назди сафоратхонаи Русия дар Душанбе ба нишони эътироз  даст ба тазоҳурот ҳам заданд:   «23 сентябр дар назди сафоратхонаи Русия,ки муваққатан дар собиқ меҳмонхонаи «Октябр» (собиқ меҳмонхонаи СК) ҷойгир аст, митинги эътирозӣ баргузор шуд. Аҳли митинг дахолати мусаллаҳонаи артиши Русияро ба корҳои дохилии Тоҷикистон маҳкум карда талаб намуданд, ки Русия иғвову дасисаро бас кунад. «Адолат» №39 (51) 1992. Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо». Москва. «Трансдорнаука»
Аммо ин ҳама иқдомот мавқеи Русияро дар баробари тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ иваз намекард ва ҳамоно онҳо Фронти халқиро аз ҳар лиҳоз кумак ва пуштибонӣ мекарданд. Давлати Усмон дар яке дигар аз суҳбатҳояш аз як мавриди дигари ҷалби таваҷҷуҳи хоси мансабдорони баландпояи Русия ёдовар мешавад:

  «Барои мисол вақте собиқ вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Козирев ба Тоҷикистон ташриф оварда ва рафта буд бо Сангак Сафаров мулоқот кард, дар Душанбе бо мо на ҳамчун муовини нахуствазир, балки ҳамчун яке аз роҳбарони оппозитсион мулоқот анҷом дод, ки дар ин мулоқот ҷаноби Тоҳири Абдуҷаббор ҳам ширкат доштанд. Козирев ба ман гуфт, ки Сангак Сафаров истеъфои шуморо талаб мекунад ва мегӯяд шумо, ки аз симмат канора равед, қазия ҳал мешавад. Дар он вақт ба оқои Козирев гуфтам, ки ба ман хеле шигифтовар аст, ки вазири корҳои хориҷии як кишвари хеле бузург бо як ҷинояткоре, ки 23 сол собиқаи зиндон дорад, рафта мулоқот мекунад ва талаби ӯро барои ҳукумати мо пешниҳод мекунад. Албатта ман хеле афсӯс мехурам. Лекин ба тариқи расмӣ изҳор медорам, агар санаде имзо шавад, ки имрӯз хунрезӣ дар Тоҷикистон қатъ мешавад ва бо рафтани ман ҳама ором мешавад, ман аз ҳамин алъон ҳозирам, ки дар ҳузури шумо чунин як санадро имзо кунам ва Ҳукумати мусолиҳаи миллиро тарк кунам. Вале албатта ман бо оқои Козирев гуфтам ин нооромиҳо омилҳои хориҷӣ дорад ва ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон бо рафтани як нафару ду нафар мушкил ҳал намешавад, балки боз ҳам авзоъ муташаниҷтар мешавад»

Ба ин тартиб аз Андрей Козиреву Павел Грачеву Михаил Синкевич гирифта то Владимир Квачкову Меркулову Мусиенкову Белоусову Омоев,  дигару дигарҳо, мансабдорони баландмақоми Русия ва низомиёни он барои он Фронти халқиро ташкил, такмил ва ниҳоят ба сари қудрат оварданд, ки дар симои ҳамин чанд нафари шомилшуда аз тарафи неруҳои милливу мардумӣ ба ҳукумат ва ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ тарсиданд. Тарси онҳо асосан аз он буд,ки «исломи сиёсӣ» дар Тоҷикистон метавонад ҳукуматро бигирад. Барои ҳамин ба шиддат муқобилият карданд (Чаро Русия ва Узбакистон бо неруҳои нав, аз ҷумла ҲНИТ насохтанд, ҳамкорӣ накарданд-як масъала ва мавзуи дигар аст ки дар оянда ба он хоҳем пардохт)

Русия ҷанги Тоҷикистонро аз аввал то ба охир барномарезӣ карду сохт. Бархеҳо муътақиданд, ки мавзеъгириҳои як идда аз роҳбарони неруҳои нав-оппозитсиони тоҷик, масалан Шодмон Юсуф, ки шиорҳо ва иқдомоти зиддирусӣ кард, таъсири манфӣ дошт. Масалан эълони ба гарав гирифтани мактаби русӣ дар Душанбе ва ё даъвои рондани дивиязияи 201 аз қаламрави кишвар. Барои мисол Сайидамир Зуҳуров, раиси собиқи КДАМ ва яке аз афроди наздики Сангак Сафаров ҳам бар ин назар аст ки мухолифтаҳои оппозитсион бо русҳо ба нафъи тарафи дигар тамом шуд:

«Дар ин мавзӯъ мавқеъ ва фикри ман тамоман дигар аст. Мо бояд аз ягон бегона хафа нашавем, аз худамон хафа шавем. Агар мо баақл мешудем, ба ин корҳо роҳ намедодем. Имрӯз чӣ гиребони Русияву Узбакистонро бигирем ва ё мамлакатҳои арабро, ки ба мухолифин шумо кӯмак кардед ё Эрону дигарҳоро. Аслан ман зидди он ҳастам, ки боз коҳи кӯҳнаро кофта бароварда бод диҳем.

Вале агар ошкортар дар бораи пуштибонии русҳо ҳарф бизанем, вақте мактаби рақами 8-ро мухолифин гаравгон гирифтанд ва чанд шиори зиддирусӣ дар миён андохтанд, аз ин ҳама тарафи дигар истифода кард. Худашон фаҳмиданд. Аз ҳамон давра шурӯъ шуд, то он давра кадом иртиботу тамос набуд.»

Дар бораи он ки тазоҳуроти осоиштаи ду майдони «Озодӣ» ва «Шаҳидон» дар соли 1992-ро чи гуна хадамоти вижаи Русия ва ҳамтоёни тоҷики он, ки ҳоло таҳти таъсири Маскав қарор доштанд метавон садҳо далел овард. Инҷо пораеро аз сӯҳбати мухбири рӯзномаи «Адолат» Зулфиқори Исмоилиён дар №34 (46)аз августи соли 1992 бо   ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова пешкаш менамоем, ки аз китоби «Фарёди солҳо» гирифта шудааст:

  « Савол: Мегӯянд, ки ҳамин низоъро дар байни ду майдон кормандони собиқ КГБ созмон додаанд. Дар даврае, ки Стройкин рафту ба ҷояш Сафаралӣ Кенҷаев ва баъди ӯ Ризо Турсунов раис шуда буданд:

  Ойниҳол Бобоназарова : Бо бисёр кормандони Кумитаи амнияти миллӣ суҳбат доштам. Онҳо аз пиндори ману шумо бештар чизҳоро нақл карданд! Бино ба иттилоъи онҳо кормандони КГБ пеш аз омадани мардум ба майдони Озодӣ барои ташвиқу тарғиб ба ноҳияҳо фиристода шуда буданд. Бахусус ба вилояти Кулоб. Ин кормандони КГБ ном ба ном ба мо маълуманд. Онҳо ба ихтиёри худ на, балки барои иҷрор супориш фиристода шудаанд! Аз ин мақсади ду майдонро ҷанг андохтани онҳо мусаллам аст. Ҳамон шабу рӯз дар майдонҳо ва майдони ҳавоӣ кормандони КГБро дастгир намуданд, ки мақсади иғвоандозӣ бо худ граната доштанд! Ғайр аз ин, Кумитаи бехатарӣ дар вилояти Қурғонтеппа ба як гуруҳ яроқ тақсим карда буд. Ин яроқ тақсимкунӣ бо кадом мақсаде шуда бошад. Ғайри қонунист. Ва ба он шахсони ба он дастдошта ҷавобгаранд. Гумон мекунам, ки дар ин хунрезиҳо ҳам мисли баҳманмоҳи соли 1990 КГБ-и собиқ даст дорад».

Русҳо баргузорӣ ва ташкили кори Иҷлосияи 16-и Шурои Олиро ҳамчун натиҷа ва сарнагунии Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ҳисобиданд. Агар вакилони кулобӣ тавассути Тирмиз ва ҳавопаймои вазири дифои Узбакистон ба Хуҷанд рафтанд, аммо Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдумаҷид Достиев ва низ Сангаку фармондеҳони дигари Фронти халқиро чархболҳои артиши 201-и Русия аз Қурғонтеппа ба Хуҷанд овард. Ғулом Бооев, яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ, ки он солҳо сардори милисаи Қурғонтеппа буд, хотироташ дар ин бораро ба хабарнигори «Миллат» ҳикоят кардааст:

«Онҳо, ду нафар вакилони хатлонӣ -Абдулмаҷид Достиев ва Эмомалӣ Раҳмонов аз шаҳри Қӯрғонтеппа тариқи чархбол ба Хуҷанд сафарбар намудаанд. Ман, ки он замон коменданти ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа будам, сафарбаркунии вакилон ва нируҳои ду ҷонибро аз минтақа ба уҳда доштам. Вақте пешниҳод мешавад, ки қумандонҳои ду ҷониб низ ба Иҷлосия даъват шаванд, дар саннаи 26-уми ноябр ману Сангак ва Ёқуб аз  қисми ҳарбии дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Двизияи 201-уми Русия бо чархбол сӯйи Хуҷанд парвоз кардем».

 Ва, аммо бо тафсилу тафсири ҳодисаи ба истеъфо фиристодани Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии мунтахаб дар 7 сентябри соли 1992, ки мухолифин онро кори дасти хориҷӣ (Русҳо) ва тарафдорони Фронти халқӣ кори дасти оппозитсион мешуморанд, ба ин навишта ҳусни анҷом мебахшем ва шумо худ хулоса хоҳед кард, ки русҳо дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чи нақшеро ифо кардаанд.

Аввал як  пораеро аз китоби «Ситораи умед».(Душанбе- «Адиб» 2012) генерали марҳум Сайиданвар Камолов,раиси собиқи КДАМ-и Тоҷикистон пешкаш менамоем:

 «Президент Раҳмон Набиев дар аэропорти Душанбе танҳо бо сарвари посбонони худ Анатолий Омоев омад. Ӯ мебоист, мувофиқи қонуну қоидаи амалкунандаи ҳифзи роҳбари ҷумҳур ду соат пеш аз парвоз бо Кумитаи амнияти миллӣ мувофиқа мекард, то ҳамаи чораҳоро оиди бехатарии ҳаёти президент медиданд ва ба набудани таҳдиде ба ҳаёти президент эътимоди комил пайдо карда, ӯро ба ҷои таъингардида меоварданд.

Вале ин тавр нашуд. Бӯи хиёнат меомад. Ҳине Набиев ба аэропорт расид, ки дар толори вакилони халқ ӯро гурӯҳи мусаллаҳи Исмат Ҳабибуллоев (лақабаш Исмати авулӣ) истиқбол гирифтанд. Ба одами рақами якуми ҷумҳурӣ таҳдид карданд, ки протоколро дар бораи истеъфои худ имзо кунад ва ба истеъфо равад. Анатлий Омоев рӯзи дигар ба Москва парвоз кард. Ва ӯ то парвоз фурсат ёфта, хонаашро фурӯхт. Баробари расидан ба Москва роҳбари хизмати амнияти «Росконтракт» шуд. Аз рӯи суръати ҳодиса Анатолий Омоев барои ба вуҷуд овардани шароите, ки ба рафтани Раҳмон набиев аз курсии президентӣ мусоидат кард. Ӯ аз намояндагони  мухолифин «мукофот»-и калон гирифт. Вагарна чи хел шуд, ки дар аэропорт Президентро танҳо гурӯҳи мусаллаҳи ҷанговарон «интизорӣ» доштанд.»

Ва ҳоло ба шарҳу тавзеҳи Давлати Усмон дар ин бора мутаваҷҷеҳ бишавед:

Ҳодисаи дар фурудгоҳ рухдода ин як иғво (провокатсия) буд. Ин иғво чуноне пештар ҳам зикр кардам, аз берун тарҳрезӣ шуда буд. Барои бадном кардану тезтар аз саҳна берун сохтани мухолифони онвақта. …..Одамоне, ки ин корро анҷом доданд, якеаш дар қайди ҳаёт несту дигарӣ ҳаст. Ман иҷрокунандаҳои ин корро дар назар дорам. Воқеан ҳам ин амали созмони ҷосусӣ буд. Ё Узбакистон ва ё Русия, ки он вақт хеле фаъол буданд. Созмони ҷосусии Тоҷикистон ин ҷо даст надошт. Роҳбарияти мухолифон низ чунин ранг гирифтани корро намехост. Намехостанд, ки Раҳмон Набиев бо ин шева аз кор биравад. Агар онҳо даст медоштанд, ҳеҷ гоҳ кӯшиши ду навбат баргузории ҷаласаи порлумонро намекарданд. Барои мухолифон он замон анҷом додани чунин кор хеле осон, ба масали “ду карат ду” буд. Мухолифон хостори қонунан тағйир додани ҳокимият буданд.”

Ёдатон бошад дар яке аз матолиби қаблӣ аз қавли Карим Абдуллов, мудири Дастгоҳи иҷрои Раҳмон Набиев оварда будем, ки Алиҷон Солибоев, раиси КГБ ба ӯ гуфтааст зӯраш ба  Анталой Омоев, сармуҳофизи раиси ҷумҳурӣ намерасад, ҳоло бо овардани ин ду иқтибос аз Сайиданвар Камолов ва Давлати Усмон бори дигар ба дурустии гуфтаи Солибоев метавон мутмаин шуд. Агарчи генерал Камолов бар ин бовар будааст, ки Омоев аз мухолифин пул гирифтаву Набиевро фурӯхтааст вале бо таваҷҷуҳ ба шарҳу тафсири Давлати Усмон яқин мешавад, ки ҳодисаи истеъфои Набиев дар фурудгоҳ кори дасти русҳо ба хотири ҳарчи бештар доман задани мухолифат ва ҳарчи бештар радикалу ифротӣ ҷилва додани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ будаасту тамом. Ин дар воқеъ бозии «спецслужба»-и Русия буд. Вагарна ҳамин Анатоли Омоев филфавр дар «Росконтракт» -ниҳоди фуруши силоҳу муҳиммоти ҷангӣ сардори сервиси амниятӣ намешуд.

Маскав, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноябри соли 1994-ро на танҳо   ташкил карду гузаронд, ҳанӯз шумориши оро ба охир нарасида, қабл аз эълони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон тавассути радиои «Маяк» аз ҷамъбасти он ба манфиати Эмомалӣ Раҳмонов-дастнишонда ва арӯсаки худ хабар дод. Агар мо дар мавриди дасти шуми Русия дар ҷанги шаҳрвандии кишварамон таҳқиқот намоем он чунон зиёданд,ки бе андоза. То инҷо барои ҳар хонанда маълум гашт,ки дасти шуми сервисҳои амниятии Русия ва воломақомҳои ин кишвар дар ин ҷанг вуҷуд дошт ва амалӣ ҳам гашт. Аммо инҷо зиёнро кӣ кард? Боз ҳам миллати Тоҷик ва шаҳрвандони кишвари мо. Боз ба ин ҳама ваҳшоният иктифо накард ин кишвар , шахсеро дар қудрат нигоҳ дошта ва ҳимоят мекунад,ки кораш Тоҷик куштан ва зиндон кардани ин миллат аст. Муҳим дасти шуми Русия дар ҷанг бар ало маълум ва ҳувайдост. Аммо бадбахтии дигараш ин ҳимояту нигаҳдорӣ аз як Тоҷиккуш тули се даҳа ин як фоҷеаи аз ҳама бузургтар.

Поёни қисмати шонздаҳуми мо ва қисмати ҳафтдаҳуми мо “Талошҳои нокоми Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон “ мебошад. Ин бахш ҳам яке аз бахшҳои ҷолиби ин мақтаъи таърихӣ аст, ҳатман хонеду бубинед!

Share This Article