Таҳдиди намояндаи Толибон, ки «дар 24 соат ба Тоҷикистон тасаллут хоҳем ёфт» ҳамон чизе аст ки Раҳмонов бисёр мехост онро Толибон ба ҳамин забону бо ҳамин баён эълон кунанд. Ва, Раҳмонов ҳам бори дигар рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овараду бигӯяд:-SOS! SOS! SOS! Ӯ рӯбарӯ бо таҳдиди тундравҳои ифротӣ қарор дорад. Ӯро ҳарчи бештар мусаллаҳ бисозанд!
Аммо, шумо ҳар чизе хоҳед бигӯед, вале боварам бар ин аст ки ҷангу даргирӣ дар Панҷшер бар манфиати Раҳмонов аст. Ҳар қадар, ки масъалаи муқовимат дар Панҷшер ба дарозо бикашад, тарафе, ки беш аз ҳар тарафи дигар манфиат мебинад ин Раҳмонов аст. Акнун, ки Толибон ба марзҳои Тоҷикистон омаданд ва акнун, ки тамоми ин ҳама солҳои натиҷаи адвокатии Раҳмонов барои ҳукуматҳои Карзай ва Ашраф Ғанӣ обгирии ғалбер аз дарёро мемонад, барои ӯ ҷанг дар Афғонистон муфид аст. Чун тарафҳо бо ҷанг машғул мешаванд. Арсалонро фурсат намешавад, ки Нуробод биёяд ва нагузорад, ки Рустам ҳам мисли Муҳаммад бини Салмон роҳати валиаҳдӣ дошта бошад. Чизе, ки Раҳмонов аз он барои абад ҳарос дорад. Ин панҷшериҳои хушбовар ва ин тоҷикони мубталои накбату бадбахтишудаи Афғонистон ҳастанд, ки бехабар аз асли ҳодиса ба Раҳмонов чашми умед дӯхтаанд.
Мусалламан Раҳмонов қаламрави Тоҷикистонро барои икмолоти ҷабҳаи Панҷшер ба тиҷорат мубаддал мекунад.Чун манфиат дар миён аст. Ҷабҳаи муқовимат набояд фиреби Раҳмоновро хурад. Зеро Раҳмонов аз тамоми муомила ва ҳамкориҳои Русия бо Толибон на танҳо огоҳ буд, балке дар ин ҷиҳат бо Русия дар як мавқеъ аст. Намояндаи Толибон бо сароҳат гуфт, ки дафтари онҳо дар Душанбе аз солҳои қабл фаъолият мекард ва дигар ҳам ин аст ки захмиёни онҳо дар беморхонаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дармон меёфтанд. Ҳамин шабурӯзҳо ҳам Афғонистони таҳти сайтараи Толибон бо нерӯи барқи Тоҷикистон равшан мешавад ва тибқи маълумоти мунташира дар моҳи август Раҳмонов бо ҳукумати Толибон беш аз 12 миллион доллар тиҷорат доштааст. Аз ҷумла ҳудуди 1500 тонна фаровардаҳои нафтиро, ки ширкати «Фароз»-и домоди Раҳмонов ба Толибон дастрас кардааст, қисме аз ин пул аст.
“Дар ҳар сурат Раҳмонов дар ҷанги Толибону Ҷабҳаи муқовимат бозии дугона бурда истодааст ва тоҷикони Панҷшер бояд огоҳ бошанд. Ончи ки Раҳмонов мегӯяд ва онро роҳи ҳал мешуморад: «ҳукумати ҳамашумул» чизе нест, ба ҷуз аз роҳгум ва чапғалат занонидани Ҷабҳаи муқовимат.”
Ҳалли мушкилоти Панҷшер ва бақия мухолифони Толибон таъсис ва ё ташкили ҳукумати «ҳамашумул» нест. Агар манзур аз «ҳамашумул» ин буда бошад, ки 30-40 ва ё ҳатто 50дар 100-и кобинаи давлатро Толибон ба ихтиёри тоҷикҳо ва ақвоми дигар бидиҳад,(ки намедиҳанд)мушкил ҳал мешавад, иштибоҳи азим аст.Тоҷикони Панҷшер бояд хеле огоҳона сарнавишти минбаъдаи худро рақам зананд. Агар барои онҳо собит шуда бошад, ки бо Толибон намесозанд, роҳи ҳалли ин мушкил ташкили ҳукумати «ҳамашумул» нест. Бар фарзи мисол бибаранд даҳто аз панҷшериро бо шумули роҳбарони феълии он шомили ҳукумати Толибон кунанд, чи хоҳад шуд? Вақте қудрат ва қувва дар дасти Толибон аст. Набояд бо сарнавишти фоҷиабори мухолифини тоҷик ва таҷрибаи талхи ҳокимияти 33% мавоҷеҳ бишаванд.
Толибон дар шароити феълӣ тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти итоати худ даровардаанд ва онҳо бо гузашти 20 сол дубора қудратро қабза кардаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шурӯъ аз Амрикову Русияву Чин то Узбакистону Қазоқистону Туркманистону Қирғизистон бо онҳо дидору мулоқот карданд. Ин ба он маъно аст, ки дигар Толибон террорист нестанд. Амрико шабусаҳар фаъолияти бонкҳои Афғонистонро иҷозат медиҳад. Аз ин ҷиҳат бовар бар ин ки Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҷабҳаи муқовимат кӯмак хоҳад кард, худфиребие беш нест. Вай на қудрату тавон дорад ва на ҷуръату имон. Раҳмонов аз як бозичаи дасти Кремлин беш нест ва ҳеҷ гоҳ кореро, ки русҳо набихоҳанд, наметавонад анҷом диҳад, «тем более» дар қаламрави берун аз Тоҷикистон. Ва, ҳамин ҳоло ҳам ҳар коре, ки мекунад ва карданӣ аст ва мегӯяду хоҳад гуфт, дурусту дақиқ кору ҳарфи русҳост, ки дар дасту даҳони Раҳмонов гузоштаанд. Русҳо худашон мустақиман бо Толибон канор омадаанд, вале робита бо Ҷабҳаи муқовиматро ҳам накандаанду тамоми паёму ҳамкориҳои пинҳониашон бо ин гурӯҳро доранд тавассути Раҳмонов анҷом медиҳанд. Ва, эълон ҳам карданд, ки бигзор Тоҷикистон майдони ин «бозӣ» бошад.
Аммо, чуноне зикраш рафт, Раҳмонов, ин бозингари ҳиллагар , ки худро пуштибони тоҷикони Афғонистон ҷилва додааст, дар асл тарафи дигари сикка бо тасвири Мулло Бародар аст. Ва, Раҳмонов бадтар ва хашинтар ва даррандатар аз Толибон аст, ва инки навори мунташира аз гурезаҳои бараҳнаи афғонистонӣ дар марз, ки бо забони тоҷикӣ Раҳмоновро накуҳиш мекунанд, далели муътамади ин гуфтаҳост ва ҳеҷ «аҷобат»-е надорад, ки он дар расонаҳо бознашр шуда бошад. Ин «урра-патриотҳо»,ин ҳамон бузу бузғолҳои «фермаи ҷавоб» ва ин ҳоло мунтазири «момент»-будаҳо ҳастанд, ки ингор аз «гӯиё пуштибонии Раҳмонов аз тоҷикҳои Афғонистон» ӯро ба ҳар навъу лаҳне леслес доранд.
“Вагарна онгуна, ки Толибон гумошта ва арӯсаки Покистонанд ва ба маҳзи кӯмаки нерӯи ҳавоии Покистон Панҷшерро рахна карданд, Раҳмонов ҳам дасти хориҷӣ ва арӯсаки Русия ва Узбекистон буд. Ҷангандаҳои Узбекистон Ғармро дар тасарруфи Фронти халқии Раҳмонов даровард ва Квачков-сарҳанги ГРУ-и Русия буд, ки Қурғонтеппаро бо тонкҳои русӣ ишғол кард. Квачкови Русия ин Файз Ҳамиди Покистон аст. Аз ин рӯ ҳам Толибон ва ҳам Раҳмонов бар муқобили тоҷикҳо бо кӯмак ва пуштибонии ҳарбиву ҷангии давлатҳои дигар сари қудрат омадаанд.”
Шабоҳати дигари Толибон бо Раҳмонов ин аст, ки Раҳмонов дар Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд ҳукуматро гирифт вале ҳеҷ аҳадеро аз тарафи дигар дар он ҷой надод. На Акбаршо Искандаров, на Ҳайдаршо Акбаров, на Асллиддини Соҳибназар, на Тоҳири Абдуҷаббор ва на ҳеҷ касро. Чун ғолиб буд, ҳарчи бихост ҳамонро кард. Ҳамин кореро,ки имрӯз Толибон доранд иҷро мекунанд. Як нафари дар гузашта ҷинояткор ва рэкетерро оварду вазири дохилӣ таъин кард, айни коре, ки ҳоло маҳбуси Гуантанамо дар ҳайати ҳукумати Аморати Исломии Толибон мақоми болое дорад.
“Ҳамин ҳоло, ки ҷангиёни Толиб хона ба хона мегарданду душман меҷӯянд ва дар бозору барзан афроди бо қиёфаи ғайри худро аз дами теғ мегузаронад, биъайниҳӣ корест, ки он солҳо муқобили қаротегиниҳо ва помириҳо Раҳмонов ва силаҳзӯрони мутаҷовизаш дар хиёбонҳои Душанбе анҷом медод. На танҳо куштанду ғорат карданд, балки хонаву кошонаи ин мардумро ҳам фронтовикҳои Сангак забт карда буданд. Шояд бовар намекунед, агар бифаҳмед, ки яке аз ин ишғолгарони хонаҳои мардуми гурезашуда ҳоло генерал асту вазир. Айни ин корҳоро имрӯз доранд толибҳо дар Афғонистон анҷом медиҳанд, кореро, ки Раҳмонов ва «боевик»-ҳояш дар он солҳо карда буданд.”
Раҳмонов , дар ҳоле, ки бо мухолифони худаш забон ёфта наметавонад, дар ҳоле, ки ҳарду тараф ба тафовут аз паштуҳову тоҷикҳои Афғонистон, тоҷиканд, аз Толибон тақозо дорад, ки тоҷикҳоро шомили ҳукумат кунанд. Манзури Раҳмонов ин аст ки хоки ин кишвар ва давлати ин кишвар ба ҳама ақвоми он тааллуқ дорад. Пас, ин пурсиш ҳам пеш меояд, ки магар давлату сарзамини Тоҷикистон танҳо ба Раҳмонов мутааллиқ аст, ки давлати онро хонаводагӣ кардааст?
Инро ҳам бояд ошкоро гуфт, ки Толибон пирӯзанд, ҷангидаанд, чаро бояд тақсим кунанд? Толибон, ба пиндори худашон, ҳукумати дастнишондаи Амрикоро сарнагун карданд, ҳукумате, ки дар он Амрулло Солеҳ ноиби раиси ҷумҳурӣ буд. Магар Ҷабҳаи муқовимат дар ин набард бо онҳо буд, ки қисмате аз ҳукуматро барояшон бидиҳанд? Бубинед, ин боз ҳам дуруст ҳамон ҳарфу ҳиҷои Фронти халқӣ дар Хуҷанд буд, ки Набиевро гуфт «ту ҷанг накардӣ,чаро ҳукуматро ба ту бидиҳем?»
Бо ин гуфтаҳо, на Толибонро «оправдат» карданиам ва на тарафи онҳоям. Аллоҳ шоҳид аст. Аммо тамоми манзури ман ин аст, ки ҳарфу ҳиҷои Раҳмонов барои гӯиё пуштибонии тоҷикҳои Афғонистон як дурӯғи калоне беш нест.
“Дарди Раҳмонов тамоман дигар аст. Вай тӯли ин ҳама солҳо худро вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқҳои Афғонистон мешиносонд ва Толибонро манбаъ ва маншаъи даҳшатафканӣ, яъне муҷрим мегуфт. Ҳоло ҳама чиз воруна шуд ва Толибони муҷрим-Толибони айбдоршаванда ҳокимиятро гирифтанд. Онҳое ҳокимиятро гирифтанд, ки бо Раҳмонов на танҳо ташобуҳ, балки тафовутҳои ҷиддӣ доранд.”
Раҳмонов дар як мамлакати мусалмоннишин қонуну қавоиди зидди исломӣ ҷорӣ кардаасту бо иҷбор ин қавонинро болои мардум таҳмил мекунад.
Толибон, таври маълум арзишу меъёрҳои шариатро дар кишварашон ҷорӣ карданианд. Ин як тафовути тамоман ҷиддӣ аст, ки ду кишвари мусалмоннишини ҳамҷиворро минбаъд дучори мушкил мекунад.
Толибҳо дақиқан муқобили давлатдории Раҳмонов давлатдорӣ мекунанд. Онҳо шариатро ҷорӣ мекунанд. Раҳмонов шариатро мамнӯъ кардааст. Онҳо масҷидро ривоҷ медиҳанд, Раҳмонов масҷидро манъ кардааст.
Раҳмонов аз он ҳарос дорад, ки Толибон «….аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат»-ро ҷорӣ хоҳанд кард. Ва, ӯ ҳоло бо чунин шароит ва вазъияти сахте рӯбарӯ шудааст, ки бо Рустам ва барномаи валиаҳдаш чӣ бикунад?
Раҳмонов дард кашида истодааст, дарди сахт, дарде, ки муолиҷа намешавад. Вай аз самти Афғонистон суқут ва хазони худро эҳсос карда истодааст. Дуруст аст, ки ҳамин ҳоло ҳам Рустамро реклама кардан дорад. Ҳеҷ гоҳ Маҳмадсайид Убайдуллоеви дар паҳлуи Эмомалӣ Раҳмоновро телевизионҳои кишвар «крупний план» онгуна ки ҳоло Рустамро нишон медиҳанд, нишон намедоданд.
Барои Раҳмонов ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ мушкилсоз набуданд. Онҳо ҳамин тавр ба ном Ҷумҳурии исломӣ буданд.
Вале…. Толибон. Ба ин тарҳу нақшаи Эмомалӣ Раҳмонов монеа эҷод кардаанд. Раҳмонов шояд акнун ин орзуяшро на танҳо дар анҷоми сисолагӣ, то поёни умраш натавонад ҷома бипӯшонад.
Раҳмонов аз онки як давлати исломӣ ҳамсояаш шуд, сахт дар ташвиш аст. Чун тамоми ин ҳама муддат асосан болои мусалмонҳо ва ба истилоҳ исломиҳо зулм кардааст. Давоми сӣ соли ҳукуматаш ду маротиба исломиҳоро водор ба тарки ватан карду кушту зиндонӣ намуд.
Раҳмонов дар дохили Тоҷикистон кайҳо нафратзада шудааст. Маҳзе ҷарақа дар онҷо аланга ба бор меоварад. Он ҷавони нурободӣ, ки акнун контроли марзи Тоҷикистонро барояш додаанд, табиист, ки дар фикру нақшаи омадан ба ватанаш аст. Чаро бояд наояд? Магар ин ватан танҳо моли Раҳмон Рустаму Озода аст?
Вале он нурободӣ, ки наҳзатӣ нест, ки бо Раҳмонов аз масоили демокросӣ, интихобот, ҳизб ва ҳуқуқи башар суҳбат кунад. Вай толибонӣ аст.
“Раҳмонов бо онки ҲНИТ-ро берун кард, садҳо маротиба пушаймон мешавад, алаакай шудааст. Раҳмонов ҲНИТ-ро барои овардани Рустам баст. Вале Худо подошашро дод. Агар ҲНИТ 5 вакил дар парлумон медошт, чи чиз иваз мешуд? Агар намояндаи Наҳзат номзади интихоботи президентӣ мешуд чӣ? Боз ҳам тақаллуб ва боз ҳам дуздии раъйи мардум сурат мегирифт. Ҳоло агар ману даҳҳо чун ман дар ватан мебудем, он зиндониҳои сиёсӣ аз ҷумла ҳамин Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб, Муҳаммадалии Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонашон дар озодӣ буданд ва ҲНИТ фаъолият мекард чӣ мешуд?”
Аммо акнун он нурободӣ на ҲНИТ писанд мекунад ва на Раҳмонов. Тарси Раҳмонов аз ҳамин аст. Ва дигар ҲНИТ шароит надорад, ки бо ӯ ҷарру баҳс кунад, ҳамчуноне бар муқобили Маҳмуд Худойбердӣ баромад ва вориди саҳанаи корзору разм шуду ӯро ронд. Вале, оне, ки омаданист, не ҲНИТ мегуяд не Раҳмонов.
Раҳмонов дард кашида истодааст. Дарди Раҳмонов дигар аст.Дарди Раҳмонов Панҷшер ва Аҳмади Масъуд ва тоҷикони он сӯи Омуя нестанд. Дарди Раҳмонов қудрат аст, дарди Раҳмонов иҷроӣ шудани қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат аст», дарди Раҳмонов Рустам аст ва дарди бузурги бузурги Раҳмонов ин Арсалони нурободӣ аст….