То кай хуҷандиҳоро узбак мегӯед,ҷудо мекунед?

Ислоҳ нет

Номаи шикоятии як гурӯҳ кормандони ҳукуматӣ аз шаҳри Хуҷанд

Ассалому алайукум, бародар Муҳаммадиқбол! Росташро гӯем мо чандон намехостем, ки ба шумо номае бинависем ва бештар мехоҳем, ки худамон коре кунем, аммо мушоҳидаи вазъу ҳолат ва ноадолатиҳои кишвар моро маҷбур сохт, ки пеш аз ба коре даст заданд, қаламе бар даст гирифта, ҳарфе бигӯем ва ин як огоҳие бошад. Дар ин номаи дардноки худ, мехоҳем се нуқтаро ба самъи халқи азизамон ва ҳамтоёни ҳукуматии худ бирасонем.

Якум: ин ки то ҳол, дар ҳамаҷо хуҷандиҳо 70 сол танҳо худашон хӯрданд гуфта, моро муттаҳҳам мекунанд.Вақте ки дар тӯю маъракаҳо, маҷлису ҷамъомадҳо ва ҷашну ҷашнвораҳои омехта, бо намояндагони дараҷаи аввали ҳукумат иштирок мекунем, тақрибан дар ҳар гӯшае баъзан бо шӯхӣ ва баъзан бо ҷиддият аз тарафи онҳо, таҳқиру сарзаниш мешунавем. Шахсан худам, борҳо аз ҳар нафарони дар вазифаҳои гуногун қарор дошта, шунидам, ки шӯхӣ – ба шӯхӣ; “шумо хуҷандиҳо балоед” мегуфтанд. Вақте аз онҳо пурсон мешудам, ки мо чигуна балоем? Ҷавоб мегардонаданд, ки “шумо дар 70 сол пеш рафтед”, “мактабу маорифро дар Хуҷанд беҳтар ба роҳ мондед” “тиҷорати калонро танҳо хуҷандиҳо метавонанд”, “дар 70 сол шаҳри худатонро хеле обод кардед” ва ғайраҳо. Ҳангоми ироаи чунин суханҳо, онҳо гӯё ки мо хуҷандиҳоро таърифу тавсиф мекарданд, аммо аз рангу рӯй ва тарзи баёнашон маълум буд, ки зери ин калимот, хеле норозигиҳои зиёдро пинҳон мекарданд. Ва ингуна норозигиҳои пинҳонӣ, борҳо аз даҳони он нафаронашон, ки каме бо шароб саргарм мегаштанд, садо додааст. Масалан, чандин нафароне аз онҳо дар вақти сархушӣ мегуфтанд: “дар 70 сол шумо хуҷандиҳо, барои мо хатлониҳо ягон кор накардед”, “ҳама чизҳои даркорира дар шаҳрҳои худатон сохтед” ва ғайраҳо. Ва, билохира мо дарк намудем, ки намояндагони дараҷаи аввали ҳукумат, ки роҳбарашон Эмомалӣ Раҳмону оилааш ва вазиронаш аст, хеле зиёд нисбати мо хуҷандиҳо нафрат доранд ва ҳар лаҳза дар фикри чигуна ва бо кадом роҳ ҳарчи бештар ғорат кардани ҷайбу аз сари роҳ дур кардани мо мебошанд, то ки бо ин амалашон каме худро ором бисозанд ва ба қавли машҳурашон, “70 сол хуҷандиҳо карданд, акнун бояд мо бикунем”, гуфта, дар амалӣ кардани тамоми корҳои паст кӯшиш мекунанд.

Аммо инҳо бехабаранд, ки хуҷандиҳо дар ин 70 сол пеш нарафтаанд, балки пештар аз ташкилёбии СССР ҳам хуҷандиҳо пешрафта буданд. Барои фаҳмидан ва дарк намудани ин масъала бас аст, ки ақалан бар таърихи 200 соли охири тоҷикон рӯй оранд. Инчунин дар тӯли 70 сол бо роҳбарии хуҷандиҳо ва заҳмати халқи тоҷик дар манотиқи гуногуни Хатлон ҳам шаҳрҳо бунёд карда, шуданд мисли Қӯрғонтеппа,ки (аз як ботлоқзор иборат буд сохта шуд) Кӯлоб ва ғайраҳо. Дар ин маврид зиёд ҳарф намезанем, чунки тамоми китобҳои таърихи халқи тоҷик гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Танҳо ва ягона хоҳише, ки дар ин банд дорем ин аст, ки дигар моро муттаҳам насозанд, ки шумо ин тавр кардеду он тавр кардед, балки бар кору кирдори қавмгароёнаи худашон диққат диҳанд. Худи онҳо чаро Донишгоҳи тиббиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа маркази вилоят насохтанду дар як биёбони гарм, яъне Данғара сохтанд? Чаро тамоми мансабҳои калидиро, танҳо оила идора мекунад ва бар дигар фарзандони миллат, ба хусус хатлониҳо ҳеҷ гуна шонсе дода намешавад? Агар чунин саволҳоро кофтукоб намоем, ҳама асрор ва камбудиҳои харобиовар рӯй мезананд. Пас беҳтар ин аст, ки онҳо бар аъмоли худашон диққат диҳанд.

Дуюм:  нуқтае, ки дар инҷо баён карданием ин аст, ки болои он ҳама иттиҳомот, боз моро дашном мекунанд. Дар солҳои пештар дар як маҷлиси маълуме Эмомалӣ Раҳмон дар назди чанде аз мансабдорони хатлонӣ бо сархушӣ мегӯяд, ки “хуҷандиҳо тоҷик нестанд, очаи инҳора фалон кардан даркор, то ки хунашон тоза шавад”. Шояд Президент меҳмоннавозӣ ва пешвозгириҳои моро дида, фикр карда бошад, ки мо ингуна суханҳояшро фаромӯш кардаем, аммо ҳаргиз чунин нест. То ҳол бо ҳар мансабдори хатлоние, ки рафту омад ва ошноӣ кардем, онҳо нони моро мехӯранд ва ҳамин ки рӯяшонро аз мо бар дигар тараф кардан ё каме аз мо дуртар рафтанд, дарҳол “очаи будикора фалон кнм, иёра фалон кадан даркор” мегӯянд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Бовар кунед, аз дасти алулаку булӯлаки инҳо мо дилгир шудаем. Моро будик гуфта дашном мекунанд, аммо ҳамин ки гурусна шуданд, дарҳол назди мо шикамчаронӣ меоянд. Аз оилаи Президент тамоми наберагону ҷияну домодҳо, фарзандони онҳо, ҷиянҳои домодҳо, фарзандони бародарону хоҳарони худу хонумаш ва тамоми ҷияну фарзандони онҳо, посбонону муҳофизон ва фарзанду ҷиянҳои онон. Аксари вазирону раисони шаҳру навоҳӣ суду прокуроҳо, началникҳои милиса ва тамоми фарзандон ва ҷияну ақрабои онҳо, ки дар умум на кам аз чанд ҳазор нафаранд, шояд дар ягон ресторан ё чойхонае боре ҳам маблағи таъоми хӯрдаашонро надода бошанд. Дар Хуҷанд аз дасти инҳо ҳама ба дод омадааст. Имрӯз як нафарашро меҳмондорӣ мекунӣ, ки соате нагузашта нафари дигараш пайдо мешавад. Дар меҳмондории инҳо агар ягон ҷияни дур ва хурдсолашон бошад, ками кам аз 500 то 2000 ҳазор доллар сарф мешавад. Агар калонтаронашон биёянд, миқдори маблағи харҷшуда баъзан баробари пули як мошини хуб ё хона мегардад. Мо ку мисли онҳо дузду гадо ва одамхӯр нестем, то ки аз ҳисоби ин амалҳоямон пулдор гардида бошем. Пас ҳар як дирами сарф кардаи мо ё пули ҳалоли дастамон аст ё қарз, ё аз кадом тоҷири бечарае аст  ки онро ҳам бо як занги телефонӣ маҷбуран бо хоҳиши худаш дар гарданаш мондаанд. Мо бар меҳмондории худ миннат карданӣ нестем, агар меҳмони мо як хатлонии одӣ бошад, ӯ тоҷи сари мост, аммо сухан сари он аст  ки ин мансабдорон ба ҷӯгиҳои давлатӣ табдил ёфтаанд ва мо аз ин ҳолат зиёд нигарон ҳастем. Ин гуна одамон чигуна метавонанд, ки як давлатро ғорат накарда, ба пеш баранд? Дар ин нуқта аз инҳо дархост карданием, ки ҳоло ки нону намаки моро мехуред ва истироҳатҳоеро, ки росташро гӯям шумо арзишашро надоред, дар Хуҷанд ё манотиқи наздик бар он бо харҷи мо мегузаронед, пас ақалан ҳамон бадбинӣ ва кинаро аз дилатон берун созед. Гарчанде дар рӯятон механдем, аммо аз макру ҳилла ва ноодамиятон хуб огоҳ ҳастем ва росташро гӯям, дар чашмонамон чор колхозчие беш нестед, ки тасодуфан бар мансаб дастёб гардидаед. Албатта бо ин ду ҷумлаи кӯтоҳ ҳамачизро дар инҷо нагуфтем, агар аз ин бештар ошкоргӯӣ намоем, метарсем, ки дар кадом мансаб будани моро дарк карда, боз ҳамон силсиланомардиҳоятонро бар рӯи мо ҳам татбиқ мекунед. Чунки ҳукумати инҳо аз ҳукумати Чингизхон ва манғитиҳо ҳеҷ гуна фарқе надорад. Ин ду нуктаи боло, баёнгари кинаву адоват ва ҷудосозии мансабдорони хатлонӣ, нисбат ба мардуми Суғд, аз ҷумла Хуҷанд мебошад, ки ҳоло як нишонаи рӯшану ошкори душманӣ ва ғоратгарии Ҳукуматро нисбати мардуми Суғд ба хусус Хуҷанд дар банди сеюм бароятон нишон медиҳем.

Сеюм: аз нишонаҳои ошкори ҷудосозию бадбинӣ ва ғорат гардидани мардуми Суғд дар умум ва шаҳри Хуҷанд ба хусус, ин ташкили IRS, ҳамин роҳи пулакӣ мебошад.

Бародар Муҳаммадиқбол, дар гурӯҳи мо, ки ҳоло ин номаро бар шумо навишта истодаем, ҳастанд нафароне, ки баъзан бо сафарҳои расмӣ-давлатӣ ва баъзан барои саёҳат ба хеле аз давлатҳои хориҷӣ рафта омадаанд, аз ҷумла банда низ, тақрибан ними сайёраи заминро гардидаам. Чигуна ки онҳо нақл мекунанд ва чунон ки худам шоҳид будам, дар он кишварҳо низ роҳҳои пулакӣ мавҷуданд, аммо дар бари ҳар роҳи пулакӣ, ҳатман як ё якчанд роҳҳои бепул ҳастанд. Дар он кишварҳо агар касе саросема аст ва мехоҳад бо роҳи каммошин ҳаракат намояд, пас аз роҳҳои пулакӣ истифода мебарад, аммо ҳеҷ кас касеро маҷбур намесозад, то ки онҳо ҳатман бояд бо як роҳи пулакӣ сафар кунанд. Дигар ин ки дар шаҳрҳои хеле обод қарор доштем, дар он ҷойҳо дида мешавад, ки ҳатто дар миён ва ду тарафи роҳҳои ҳамворе, ки дар рӯи замин ҳамвор қарор гирифтаанд, барои бехатарӣ нигаҳдорандаҳо насб карда шудаанд. Яъне аз оҳан ва дигар металҳо роҳро аз байн ду тақсим намудаанд ва ҳамин тавр ҳарду тарафи онро боз бо металҳои мустаҳкам садд гирифтаанд, то ки мабодо мошине аз роҳ набарояд. Ва тақрибан тамоми он роҳҳо васеъ ва густурдаанд. Аммо роҳи Душанбе- Хуҷанд чи гуна аст? Аз ҳама пеш ин ки сифати роҳ хеле паст аст, аз пасту баландиҳои роҳ, мошинҳо зуд – зуд вайрон мегарданд. Тунелҳои тангу торик, дорад, ки сабабгораш ҳамин ҳукуматиҳо мебошанд. Чунки Эрон 80 фоизи ба гардан гирифта буд, яъне кӯҳро шикоф карда, гузаштанро ба анҷом расонид ва инҳо 15/20 фоизи ба гардан гирифтаашон, ки чароғон сохтани онҳо буд ба анҷом нарасониданд ва маблағҳоро дар ҷайби худ гузоштанд. Дигар ин ки роҳи Душанбе -Хуҷанд аз тариқи кӯҳсор аст ва ниёз бар садҳои муҳофизии мустаҳкамтаре дорад, аммо тамоми ин роҳҳо тангу бе асбоби муҳофизатӣ ҳастанд, ки ҳарсол даҳҳо нафар аз баландиҳои гунонгун ба зер афтода ҷони худро аз даст медиҳанд.

“Аммо ин ҷӯгиҳои ҳукуматӣ, мардумро фиреб карданд, ки роҳро пулакӣ карда, маблағҳои воридгардидаро барои ободкории он истифода мебаранд, вале шояд аз ҳазор як ҳиссаи он маблағҳои мардумӣ дар ин роҳ сарф карда нашавад. Инҷо мо саволҳое дорем ва мехоҳем, ки посухашро ҳукуматдорон диҳанд.”

Чаро аз миёни се вилоят, танҳо роҳи Суғдро пулакӣ карданд? Оё ин ба он хотир аст, ки роҳи Суғд кӯҳсор аст?  Оё роҳи Рашту Бадахшон ва баъзе манотиқи Хатлон ҳам кӯҳӣ нестанд? Чаро онҳоро низ пулакӣ накарданд? Ё ин ки аз Бадахшониҳо метарсанду Суғдиҳоро лох меҳисобанд? Агар моро лох хаёл карда бошанд, ин хобашонро ба об гӯянд. Дар урфият мегӯянд: “сухани ширин морро аз хонааш берун мебарорад”, мо ҳам рӯзе инҳоро аз мансабҳояшон берун хоҳем овард. Оё суғдиҳо бегонаанд? Чигуна ки Эмомалӣ гуфта буд? Агар бегона набошанд, пас чаро роҳашон пулакӣ аст? Агар бигӯянд, ки пулро барои ободии роҳ мегиранд, хуб агар роҳро бо пули мардум обод кунанд, пас вазифаи ҳукумат чӣ аст? Чаро роҳи дигар манотиқро бо пули мардум обод намекунанд? Агар пулро ба хотири ободӣ ва таъмини бехатарии роҳҳо ҷамъоварӣ намоянд, пас чаро бар мурдагон, зери тарма мондагон ва аз баландӣ сарозершудагон, онҳо худро ҳеҷ гуна масъул намедонанд ва барои онҳо ҳеҷ гуна ҷавобгарие нест? Роҳро пулакӣ карданд, пас куҷост он роҳи дигари алтернативии бепул, то ки мо аз он гузар намоем? Оё ташкили ин роҳ ҷудо кардани суғдиён аз дигар қисмати кишвар нест? Ҳар рӯз онҳо бегуноҳонро тафриқаандозу ҷудоиталаб гуфта, таъқиб мекунанд, аммо худашон дар асл доранд мардумро амалан ҷудо месозанд. Чаро касе онҳоро таъқиб намекунад?

Хитоби мо ба Президент!

“Мо як гурӯҳи мақомдор аз Президент қотеъона хоҳиш менамоем, ки бар ин ҳама маймунбозиҳо хотима диҳад. Роҳи пулакии оилаашро аз миён бардорад ё роҳи бепули дигареро бар мо нишон диҳад, то аз тариқи он ба  пойтахти кишвар ва Хатлону Бадахшони азиз рафту омад намоем. Ин ҳама мурғу чурғашро ҷамъ кунад, ки ҷони мардумро бар лаб овардаанд. Ва бидонад, ки ҳамин роҳи пулакии кардааш, аз сабабҳои аввалини рафтанаш аз қудрат мегардад.”

Моро то ҳол муттаҳам мекунанд, таҳқиру дашном менамоянд ва болои ин моро аз боқимондаи кишвар ҷудо сохтанд. Ин чи ҳол аст? Беҳтар мебуд якбора роҳро барои вилояти Суғд мебастед ва мо ҳам кӯшиш карда, ҳадди ақал бо Тошканду Самарқанд барои худ роҳҳоро боз мекардем ва хеле осуда ҳаёт мебурдем. Гап хеле зиёд аст, аммо барои нафари бо ақл як ишора бас аст, то ки бифаҳмад ва дарк намояд. Агар ин номаи кӯтоҳи мо ҳеҷ тағйиротеро бар миён наорад, баъд мо бо розкушоиҳои бештар ва кам-кам амал кардан, кори худро оғоз хоҳем кард.

Хуҷандиҳо 70 сол ҳукумат накарда буданд:

Дар охир ба шумо як факти таърихиро мехоҳам ёдовар шавам. Нахустин раиси Ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Махсум буданд, ки хуҷандӣ нестанд. Ин қаҳрамони миллат аз соли 1924 вақте Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбакистон буд ва баъди мустақил шудан дар соли 1929 низ раиси Ҳукумати Тоҷикистон буданд. То соли 1933 ҳамин нафар ва сипас, Шириншо Шотемур ва Мунаввар Шогадоев раиси Ҳукумати Тоҷикистон буданд. Хуҷандиҳо дар соли 1946 дар мақоми Котиби Якуми ҲКТ Тоҷикистон аз тарафи Маскав таъин шуданд, ки он нафар Бобоҷон Ғафуров буд. Баъди он кас Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов котиби аввал шуданд. Ҳоло аз соли 1992 1946-ро тарҳ кунед, чанд сол мешавад?46 сол хуҷандиҳо дар ҳукумат будаанд. На 70 сол! То Бобоҷон Ғафуров нафарони ҳатто миллати дигар котиби аввали КМ ҲКТ буданд. Мисли Мирзо Довуд Боқир уғлу Ҳусейнов, Григорий Исаакович Бройдо, Сурен Константинович Шадунс, Урумбай Ашӯрович Ашӯров ва Дмитрий Захарович Протопопов. Дар давоми ин 46 сол 5 хуҷандӣ дар мақоми аввали раҳбари Тоҷикистон кор кардааст. Яъне барои ҳар кадоме 9 солӣ мерасад. Аммо як худи Эмомалӣ Раҳмонов 31 сол шуд, ки дар сари қудрат аст. Пас, ки ин қадар чашмгушнаву нодидаву мансабгадо аст ва ки ин қадар хӯрда истодааст? Ҳасан ҳамаҷои Тоҷикистонро хӯрду хӯрда истодааст, ҳоло камӣ кард, ки ҳатто ҳамин бозори Панҷшанберо ҳам омада гирифт. Аз рӯзе, ки пойи Ҳасан ба ин бозор расид, тамоми файзу баракатро худо гирифт.

Гуфтаниҳо зиёд аст. Ҳоло бубинем, ки чи хоҳанд кард……

Ps: Ин нома ба “Ислоҳ” аз як гурӯҳ мақомдорони Хуҷандӣ расид. Ҳангоме онро мутолеа намудан ҳеҷ туҳмату дурӯғе дар он надидем. Дардест воқеъӣ ва аз он ҳама шаҳрвандони кишвар огоҳ. Ин номаро бидуни тасарруф нашр намудем, то шояд ин дашти қипчоқиҳо каме андеша намоянд.

Share This Article