Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мард даробари зан тибқи шариати ислом

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон Хоҳаре аз ман нисбати ҳуқуқҳои зан бар мард савол намуданд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мард даробари зан тибқи шариати ислом
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Хоҳаре аз ман нисбати ҳуқуқҳои зан бар мард савол намуданд. Бо исрор аз мо хоҳиш намуданд, ки хеле ҳоли занҳои тоҷик дар ин шабу рӯз вахиму ногувор аст. Ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи мардон риоят карда намешаванд. Занҳо ба ҳоли худ раҳо карда мешаванд ва касе аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят намекунад. Ҳамеша мардҳо худро ҳақ мешуморанд, вале дар асл мардҳо занҳоро бо ҳоли худ раҳо менамоянд ва ё он ҳаққе, ки шариъат барои занҳо лозим медонад аз тарафи мардон аслан риоят намешаванд. Масалан як мард зани дуввум мегирад, вале дар пайдо гаштани аввалин мушкил бо хонуми аввалаш ҳамсари дуввумро раҳо мекунад ва боз мегардад ба назди ҳамсари аввалаш. Ҳамсари дуввум рӯ ба раҳми Илоҳӣ боқӣ мемонад ва намедонад куҷо равад ? Чӣ кор кунад? Ба куҷо шикоят барад? Зеро издивоҷаш қонунӣ нест ва никоҳи қонунӣ надорад, то назди мақомоти судӣ шикоят ва ё аз ҳуқуқаш даъво намояд. Хуб мешуд инро бо истидлоли оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ нависед, то мардон панд пазиранд ва чунин ноадолатиеро нисбати занон раво набинанд.
Саволдиҳанда хоҳар З. С.
Ҳуқуқи зан бар мард дар шариати ислом
Бар дӯши мард ҳуқуқҳои бешуморе дар шариати исломӣ ҳаст, ки ин ҷо ба муҳимтарини онҳо мепардозем.
1. Муомила ва бархурди некӯ бо зан.
Барои мард воҷиб аст ки бо ҳамсараш муомилаи некӯ дошта бошад. Ӯро икром намояд ва бо ӯ дар бархурд меҳрубону латиф бошад. Мард бояд бо ҳамсараш бозӣ шухӣ ва ҳар он амале, ки ҳамсарашро аз ӯ шод мегардонад анҷом диҳад. Инчунин дар адаб додан, дар омӯзонидани он чизе, киҳамсараш намедонад кӯшиш намояд. Ончи бар нафъи дунё ва охирати ҳарду бошад онро дареғ надорад. Ба иззати нафси хонумаш нарасад бо номҳое, ки ӯро намефорад садояш накунад. Аз камбудие, ки ҳамсараш ранҷ мебарад онро ҳамчун айб ва камоӣ ба ӯ хитоб накунад. Инчунин камбудие дар оилаи ҳамсараш бошад аз падар ва ё бародар ва ё зиндагонии онҳо ҳамчун таҳқир барояш гӯшзаду маломат накунад.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
سورة النساء 19 وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ فَإِنْ كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئاً وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْراً كَثِيراً
…Ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад. (Сураи Нисо, ояти 19)
2. Абӯҳурайра (раз) аз Расули акрам (с) ривоят мекунанд, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: “Васият менамоям шуморо инки бо занон накӯ ва хушмуомила бошед. Зеро онҳо аз қабурға офарида шудаанд. Пас каҷтарин ҷои дар қабурға ин болои он аст. Агар хоста бошӣ онро рост намоӣ мешиканад. Агар ба ҳоли худаш таркаш намоӣ ҳам каҷ боқӣ мемонад (тағйир намехӯрад) Пас васият менамоям шуморо инки бо занҳо хушмуомила ва некрафтор бошед.”(Ҳадиси саҳеҳ Мутаффақун алайҳ)
3. Мард бояд ҳуқуқи ҷогаҳхобии занашро бароварда намояд. Лозим аст барои мард, инки рағбати шаҳвонии занро бароварда намояд.То инки занашро аз майл ба ҳаром боз дорад (мисли ҳушу ҳавасашро аз мардони дигар боз дорад). Зеро зан ҳам мисли мард шаҳват дорад. Фуқаҳо қабл аз ҷимоъ барои комилан сер намудани рағбати зан аввал бояд муқаддамотеро анҷом бидиҳанд, ки занро омода ба он намояд ва сипас бипардозад ба ҷимоъ.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
. وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ* إِلَّا عَلَى أَزْوَاجِهِمْ أوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ [المؤمنون فَمَنِ ابْتَغَى وَرَاء ذَلِكَ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْعَادُون المئمنون 5-7
Ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд, ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд ва касоне, ки ғайр аз ин (ду роҳи машруъро) биҷӯянд аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд. (Сураи Муъминун оёти 5-7)
4. Мард бояд ҳамсарашро ба некӯӣ таъмини нафақа намояд.
Воҷиб аст бар мард инки бароварда намояд эҳтиёҷоти ҳамсарашро мисли хона, либос, таъом, даво ва ончизҳои зарурие, ки инсон ба он эҳтиёҷ дорад.Агарчӣ зан сармоя аз худаш ҳам дошта бошад бар мард бароварда кардани ин эҳтиёҷот ҳатмист. Вале агар зан худ ин эҳтиёҷоташро хоҳад бароварда намояд боке нест.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
وقال الله تعالى
لِيُنْفِقْ ذُو سَعَةٍ مِنْ سَعَتِهِ وَمَنْ قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُ فَلْيُنْفِقْ مِمَّا آتَاهُ اللَّهُ لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا سَيَجْعَلُ اللَّهُ بَعْدَ عُسْرٍ يُسْرًا الطلاق7

Ҳар молдоре аз моли худ нафақа диҳад ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва ба зудӣ Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад. (Сураи Талоқ, ояти 7)
وقال الله تعالى
الطلاق 6 {أَسْكِنُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ سَكَنْتُمْ مِنْ وُجْدِكُمْ وَلَا تُضَارُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُوا عَلَيْهِنَّ}
Ҳар ҷо, ки худ сукунат ихтиёр кардед, онҳоро низ ба қадри тавоноии худ манзил диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то дар машаққат қарорашон диҳед. (Сураи Талоқ, ояти 6)
Аз Ҷобир (раз) аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки Дар ҳуҷҷатул видоъ чунин фармуданд: Битарсед аз Худованд дар занҳо, шумо онҳоро зери амони Худованд гирифтаед. Ҳалол намудаед шармгоҳҳои онҳоро ба сухане аз Худованд. Шумо бар болои занҳоятон ҳақ доред инки шахсонеро намехоҳед биншинанд бар болини шумо (масалан мард намехоҳад дар хонаи ӯ бародари занаш,амакаи занаш,ҳамсояааш ва ё касе набошад чӣ мард бошад ва чӣ зан ворид шавад) Агар зани шумо ончи шумо намехостед онро анҷом дод пас бизанед онҳоро задани ғайири маҷруҳ кунанда (адаб бидиҳед, токи бори дуввум ба он хато даст назананд). Таъмини ризқу рӯзӣ, пӯшонидани занҳоятон ба накуйӣ бар дӯши шумо мардҳост. (Ҳадиси Саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)
Ато (раз) аз Ибни Аббос (раз) мепурсад задани зан дар ин ҳадис чӣ гӯна бояд бошад?
Ибни Аббос (раз) мегӯяд: Задани зан бо мисвок ва ягон чизе, ки ӯро озор надиҳад ё захми накунад.

5. Сабр намудани мард бар он озор ва азияте, ки аз тарафи зан бар мард мерасад.
« لا يَفْرَكْ مُؤْمِنٌ مُؤْمِنَةً، إِنْ كَرِهَ مِنْهَا خُلُقاً رَضِيَ مِنْهَا آخَرَ» عَنْ أبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ
أخرجه مسلم.
Абуҳурайра (раз) аз Расули акрам (с) ривоят менамоянд: “ Шуморо эй мардони муъмин аз худ нагурезонанд занони муъмина. Агар як чизе аз зан бароятон нохушоянд бошад як чизи дигаре аз он бароятон писанд хоҳад омад”(Ҳдиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)
6. Мард бояд ҳамсарашро ҳифз ва ҳимоят намояд аз ҳама чиз ва ҳама ончи барои ӯ хатар дорад. Ин ҳифз шомили ҳама ҳолат ва ҳама он чизе, ки ба иффати ӯ дорад. Зеро зан ин номӯси туст ва бе аҳамиятии мард дар ин номӯс хатарҳои вазмин дар дунё ва охират дорад. Набояд ба ҳеҷ ваҷҳе дар ин масъала кӯтоҳназар бошед. Бояд дар сафарҳо ҳамсаронатонро ҳамроҳӣ намоед ё маҳрами шаръиро бо ӯ таъмин намоед. Аз ихтилот бо мардони бегона дар ҳама ҳолат ӯро дӯр нигоҳ бидоред. Он чизҳоеро, ки дар ахлоқи ҳамсарат таъсиргузор бошад ва ахлоқашро фосид намояд, иҷозат надиҳед. Мисли дугонаҳои бе ҳиҷоб, сериялҳои фосидкунанда, ҳамсояҳои баду фосида. Дар ин масъала хеле таваҷҷӯҳ намоед. Ҳар чизе ҳар шахсе ҳар василае ҳамсаратро аз роҳи поки ислом дур менамояд аз он ҷилавгирӣ намоед, то аз онҳо худро дар канор гирад. Зеро ин масъулияти аслии шумост.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
قال الله تعالى: .
النساء:34 {الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ} .

Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. (Сураи Нисо, ояти 34)
7. Барои мард воҷиб аст таълим бидиҳад ҳамсарашро масоили диниашро. Зан бояд таълими дин бигирад, агар онро надошта бошад ҳангоме,ки аз хонаи падараш меояд ба хонаи шумо. Мард бояд ҳатман ба ин аҳамияти хосе диҳад қабл аз фарзандор шудан. Зеро пас аз фарзандор шудан каме мушкил барои зан мегардад. Инчунин агар ҳамсари шумо аз ислом хабардор бошад ҳатман фарзанди шуморо дар он рӯҳия тарбия менамояд. Хондани Қуръони каримро барои ҳамсаратон ҳатмӣ бидонед. Зеро хонае, ки дар он Қуръон хонда мешавад нӯронист ва дар он хона баракат пайдо мегардад. Агар шумо надонед барояш устоде ҳатман пайдо намоед, то ҳамсаратонро таълим бидиҳад. Аз шабакаҳои интернет ва сомонаҳои муфиди илми динӣ ва шабакаҳои телевезионии муфид истифода намуданро барояш тавсия намоед. Ислоҳи ҳамсари шумо дар дасти шумост. Ислоҳи ҳамсараи шумо ин ислоҳи фарзанди шумост. Ислоҳи фарзанди шумо ин хушбахтии шумо дар дунё ва охирати шумост.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
قال الله تعالى:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ
التحريم:6
Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (гумоштаанд). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд. (Сураи Таҳрим, ояти 6)
8. Хориҷ гаштани зан аз хонаи шавҳараш ҳангоми зарураташ ба он.
Зан ҳуқуқ дорад, ки аз хонаи шавҳараш бо иҷозати ӯ хориҷ гардад. Барои адои намози ҷамоъат дар масҷид, зиёрати хонаводааш наздикону пайвандонаш, ҳамсоягонаш ё рафтан ба Донишгоҳ ва ҳалқаҳои илмӣ-омӯзишӣ. Ба шарте, ки ҳиҷоби исломиро комилан риоя намояд. Дар аснои хориҷ гаштанаш аз хона то расидан ба маконҳои зикршуда ва ё баргаштан аз атр ва хушбӯӣ истифода нанамояд ва бо мардони бегона мухолата нанамояд ва аз ҳаром дӯрӣ дошта бошад.
عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضيَ اللهُ عَنهُمَا عَنِ النَّبِيِّ صلى الله عليه وسلم قال
إذَا اسْتَأْذَنَكُمْ نِسَاؤُكُمْ بِاللَّيْلِ إلَى المَسْجِدِ فَأْذَنُوا لَهُنَّ»
متفق عليه «
Абдуллоҳ Ибни Умар (раз) аз Расули акрам (с) ривоят мекунанд: “Ҳангоме, ки занҳоятон барои дар шаб рафтан ба масҷид аз шумо иҷозат пурсиданд, пас онҳоро иҷозат диҳед. (ҳадиси Мутафақун алайҳ)
9. Шавҳар набояд сирр ва ё айбҳои ҳамасарашро ба ҳеҷ касе ифшо намояд. Лозим аст бар шавҳар, инки ончи миёни ӯ ва ҳамсараш дар ҷойгаҳи хоб мегузарад ба ҳеҷ касе бигӯяд. Инчунин айбҳои дохилие агар зан дошта бошад набояд онро ифшо намояд. Ё он муносибати бади ахлоқии ҳамсарашро ифшо намояд. Танҳо шавҳар метавонад барои ислоҳи ҳамсараш агар бо насиҳат ислоҳ нашуд онро ба хонаводааш бирасонад, то хонаводааш занро ислоҳ намояд. Инчунин мард метавонад барои ислоҳи ҳамсараш аз одатҳои ислоҳ нашавандааш аз уламои дин бипурсад, то роҳҳои ҳалли он мушкилотро барояш тавсия намоянд.
10. Мард бояд дар умури хона ва ҳалли масоили хонавода бо ҳамсараш машварат намояд. Инчунин дар масоили тарбияи фарзандон ва ба таври хуб ба роҳ мондани тарбияи фарзандон машаварат намоянд. Дар умум ҳарчӣ ба хонавода иртибот дорад машаварат бо ҳамсар муҳим аст. Чунонеки мегӯянд албатта бо шӯхӣ зан вазири дохила аст.
11. Шаб чӣ гӯна бояд бошад барои мард назди ҳамсарон?
Аз Абдуллоҳ Ибни Амр Ибни Ос (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (с) ба ман чунин гуфтанд: «Ба ман расонидаанд, ки ту рӯза медорӣ рӯзҳо ва шаб зиндадорӣ (қиёми лайл ва то субҳ намоз мегузорӣ ва ибодат) менамоед?
Гуфтам: бале эй Паёмбари Худо (с). Расули акрам (с) гуфтанд: Чунин накун дигар, рӯза бигир (баъзе аз рӯзҳоро) ва ифтор бикун (чанд рӯзе нагир). Баъзе аз шабро зинда нигоҳ дор (бо ибодат) ва (базе дигарро) бихоб. Зеро ҷисму бадани ту бар ту ҳақ дорад чашмони ту бар ту ҳақ доранд, ҳамсари ту бар ту ҳақ дорад, шахсоне, ки туро зиёрат менамоянд (меҳмонони ту) бар ту ҳақ доранд» (Ҳадиси Мутафақун алайҳ)
12. Бар мард лозим аст адли миёни ҳамсаронашро риоят намояд агар чанд ҳамсар дошта бошад. Воҷиб аст барои мард, инки адлро риояти комил намояд миёни ҳамсаронаш. Дар хонаи зист ва либосу пушока, хурду хурок, шабро то субҳ бояд бо навбат миёни онҳо тақсим намояд. Бояд дар бархурд ва муомила хушгуфтор ва хушрафтор бошад миёни ҳамсарони худ аз ҳама нигоҳ. Ҳуқуқҳои шаръӣ ва отифии онҳоро поймол накунад, онҳоро маҳрум насозад аз он ҳақҳои оддиашон, ки барояшон шариъати ислом иҷозат додааст, онҳоро ба коре амр ё маҷбур накунад, ки онҳо аз анҷоми он кор оҷиз бошанд, муроотро ҳатман риоят намояд дар занҳояш ва ба онҳо хидмат намояд барои рифоҳи зиндагии босаодат..
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
قال الله تعالى:
البقرة 228 {وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ]
Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст! (Сураи Бақара, ояти 228)
Боз мефармояд Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ояти дигаре нисбати адл миёни занон:
وقال الله تعالى
وَلَنْ تَسْتَطِيعُوا أَنْ تَعْدِلُوا بَيْنَ النِّسَاءِ وَلَوْ حَرَصْتُمْ فَلَا تَمِيلُوا كُلَّ الْمَيْلِ فَتَذَرُوهَا كَالْمُعَلَّقَةِ وَإِنْ تُصْلِحُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيماً النساء 129

Ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед, то дигареро саргаштазане, ки на шавҳар дорад ва на талоқ шудааст, раҳо карда бошед. Агар ба салоҳ оед ва парҳезгорӣ кунед, Худо омурзанда ва меҳрубон аст! (Сураи Нисо, ояти 129)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ الله عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: “مَنْ كَانَتْ لَهُ امْرَأَتَانِ فَمَالَ إِلَى إِحْدَاهُمَا جَاءَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَشِقُّهُ مَائِلٌ “
Дар ҳадисе аз Расули акрам (с), ки онро Абуҳурайра (раз) ривоят менамояд чунин фармудаанд:”Шахсе ду ҳамсар дошта бошад ва ӯ моил бошад ба яке аз онҳо меояд рӯзи қиёмат як тарафаш ё паҳлӯяш бор гирифта ё фалаҷ аст.”
Аллома Шамсулҳаққи Азимободӣ дар китоби “Авнул маъбуд” шарҳи сунани Абӯдовуд дар шарҳи ин ҳадис чунин мегӯяд:
“Дар шарҳи лафзи (فَمَالَ إِلَى إِحْدَاهُمَا) Мойил шавад ба яке аз занҳояш бар ин маъност ,ки адл миёни онҳо нанамояд.
Дар лафзи дигари ин ҳадис : (وَشِقّه): أَيْ أَحَد جَنْبَيْهِ وَطَرَفه (مَائِل): Яъне як паҳлуяш мойл аст. Яъне фалаҷшуда мехезад дар назди Парвардигор дар Қиёмат.
Ҳадис дар умум баёнгари он аст, ки бар марде, ки ду ҳамсар ё зиёда аз он дорад бояд адлро миёни ҳамсаронаш риояти комил намояд. Ҳаром аст барои мард инки ба яке аз занҳо майл намояд ва ба дигараш накунад. Мурод аз майл дар масалаи нафақа аст, яъне ончи барои ҳамсари якумашро мехарад бояд айнан барои ҳамсари дувумаш бихарад. Ончи ба дуюмаш мекунад ба аввалашҳ ам онро бикунад ва дар масъалаи моддиёт аст инҷо на дар муҳаббат. Зеро муҳаббат дар дасти банда нест ва мард дар муҳаббат дар ихтиёри худаш нест. Агар марде ду зан дошта бошад ҳардуро як намуд инфоқ намояд дар моддиёт вале як ҳамсарашро аз дигари бештар дӯст дошта бошад шомили ин ҳукм намегардад.”
Пас занҳое, ки шавҳарҳояшон ду зан ва ё бештар доранд исрор наварзанд, ки киро бештар дӯст медоред ва ончунонеки ӯро дӯст медорӣ маро ончунон дӯст бидор нагӯянд. Зеро дӯст доштан дар ихтиёри мард нест. Шумо метавонед сабаб гардед ва коре намоед дар амалатон ва эҳтироматон, ки шавҳаратон шуморо дӯст дорад аз дигар занаш. Пас шавҳар маломат нест, агар нафақаи занро адо намояд, вале ӯро дӯст надорад ва ҳамсари дигарашро бештар дӯст бидорад. Маломат зан аст, ки натавонистааст таваҷҷӯҳи шавҳарро ба худ ҷалб бикунад.
13. Мард набояд ҷамъ намояд ҳамсаронашро дар як ҳавлӣ магар инки бошад ин якҷо намудан ба ризояти онҳо. Зан комилан ҳақ дорад, ки бо ҳамсари дигари мард дар як ҳавлӣ зиндагӣ накунад. Магар инки ҳарду ҳамсар ризо бошанд зиндагиро дар як ҳавлӣ. Боз дар инҷо набояд ҳуқуқаш поймол гардад аз тарафи писари мард духтари мард келини мард ё ҳамсари дигари мард. Ҳайсияту обурӯяш ва каромату шарафаш аслан поймол нагарданд. Ин ҳайсияту обурӯйро ба ӯ шариъати ислом комилан ҳифз намудааст. Набояд ҳамсаре, ки дар як ҳавлӣ бо ҳамсари дигари мард зиндагониро ихтиёр намудааст фаромӯш гардад ва ё ба ӯ беаҳамиятӣ аз тарафи мард бубинад.
Шариъати ислом зиндагиро ба ихтиёри зан медиҳад дар зиндагӣ дар як ҳавлиро, вале на дар як утоқ ё ҳуҷраро миёни ду зан. Иҷозат аст дар якҷо нишастан хӯрок хӯрдан корҳои умумиро анҷом додан, вале шабгузарониро ба ҳеҷ ваҷҳе иҷозат надодааст.
14. Барои мард набояд айб бошад дар кӯмак намудани корҳои хона ҳамсарашро. Ончи корҳои хона аст на танҳо бар дӯши зан аст мард низ ҳамсарашро кумак намояд.

عَنِ الأسْوَدِ قَالَ: سَألْتُ عَائِشَةَ: مَا كَانَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم يَصْنَعُ فِي بَيْتِهِ؟ قالتْ: كَانَ يَكُونُ فِي مِهْنَةِ أهْلِهِ، تَعْنِي خِدْمَةَ أهْلِهِ، فَإذَا حَضَرَتِ الصَّلاةُ خَرَجَ إلَى الصَّلاةِ. أخرجه البخاري .
Аз Асвад (раз) ривоят аст, ки пурсидам Оишаи Сиддиқа (раз)-ро, ки Расули акрам (с) чӣ кор мекарданд дар хона? Оишаи Сиддиқа (раз) гуфтанд: “Расули акрам (с) расидагӣ мекарданд ба корҳои хона яъне хидмат мекардан ба хонаводаашон. Ҳангоме, ки мерасид вақти намоз хориҷ мешуданд ба сӯйи намоз”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Бухорӣ).
Хонандаи гиромӣ, посӯхро нисбати ҳуқуқи занҳо то инҷо ба поён мерасонам умед аст бардоште намуда бошед ва ҳуқуқҳои шаръии худро гирифта бошед.
Агар Худованд бароям муяссар намуд ҳуқуқи мардро назди зан менависам, то мардҳо нагӯянд пас ҳуқуқи мо куҷост?
Дар охир инро мехоҳам биафзоям,ки кампютерам каме расмулхати арабияш мушки пайдо намудааст мумкин аст дар матнҳои аҳодис пешу қафо ё чизе гунҷоиш наёфта бошад,вале тарҷумаҳояш ва санади аҳодис зикр ёфтаанд.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Фарҳанги номгузорӣ дар Ислом

Ба номи он ки ҳастии ҳама махлуқоти олам аз Ўст ва Ў таоло дорои номҳои зебост ва бар бандагонаш хостори накўист ва мехоҳад, ки онҳо низ номҳои зеборо дошта бошанд, то бо номҳои худ нексиришт ва фармонбардори Ў таоло бошанд.
Идома

НАСИҲАТИ ПАДАР БА ПИСАР ДАР ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ

Писарам, медонам, асре, ки умр ба сар мебарӣасри интернет ва навовариҳои техникӣҳаст. Намехоҳам берун аз мавзуъ бо ту суҳбат кунам, зеро ҳамеша мегўйӣ: падар, ончи мехоҳӣбароям бе парда бигӯй.
Идома

НИГОҲДОРӢ Ё САРПАРАСТӢ АЗ ТИФЛ

Масалаи сарпарастии кудак хело як масалаи муҳим ва ҷиддие мебошад. Ин мушкилот бештар пас аз талоқ печида ва мушкилзо мебошад.