Шикояти Лётчикҳои Тоҷик аз фармондеҳон ва вазъияти бади худ ба “Ислоҳ”, аз ҷиноятҳои зиёде ҳам навиштанд
Ин номаи шикоятӣ аз як гурӯҳ халабонҳо ё лётчикҳои тоҷик ба “Ислоҳ” расидааст,ки хело нигарон кунанда буда ва аз вазъу ҳолати хело баду вахими ин ниҳоди муҳимми низомӣ навиштаанд. Инчунин аз ҷиноятҳои сарфармармондеҳони худ ва ҳатто аз президенти кишвар ва писараш низ шикоят намудаанд,ки ба ваъдаашон вафо накарданд. Агарчӣ тулонӣ аст вале хело дарднок ва хонданист. Умедворем мақомоти марбута ба дарду шикояти ин халабонҳо расидагӣ менамоянд.
Соли 2021Русия чор ҳавопаймои ҷангӣ, дақиқтараш ду фарванд Миг-29 ва ду фарванд Су-24 ба Тоҷикистон дод. Аммо лётчикҳои тоҷик дар он ҳавопаймоҳо парвоз карда наметавонистанд. Тоҷикистон лётчике надошт, ки онҳоро ронда тавонад. Хостанд, ки аз хориҷа инструктор даъват кунанд. Инструкторҳо пули калон пурсиданд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва генерал-лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар қисми низомӣ дилашон нашуд, ки пул харҷ кунанд. Русияро илтимос мекунанд, ки лётчикҳои моро таълим диҳанд, омӯзонанд.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ аз аэродроми Айнӣ
Охири соли 2021Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо Рустами Эмомалӣ ба аэродроми “Айнӣ” барои дидани ин самолётҳо ба фурудгоҳи Айнӣ омаданд. Шералӣ Мирзо ва Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат бо ҳайати шахсӣ сарнишинҳову муҳандисони он самолётҳоро якҷо бо ҳайати техникӣ ҷамъ мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳам афсонаҳои «вайвай»-яшро сар мекунад. Ва дар охири вохурӣ бо онҳо аз Шералӣ Мирзо вазири Мудофиа мепурсад:
-Инҳо хона доранд?
Шералӣ Мирзо:
-Бале,Ҷаноби олӣ!
Эмомалӣ Раҳмонов аз бачаҳо мепурсад -шумо бо хонаву дар таъмин ҳастен?
Яке аз онҳо ҳарчи бодо бод гуфта чунин ҷавоб медиҳад:
-Не, Ҷаноби олӣ
Ҳамин хел ҳамаи онҳоро мепурсад ва ҳар яки онҳо ҳамин ҷавобро медиҳанд:
-Не,Ҷаноби олӣ, хона надорем, иҷоранишин ҳастем.
Эмомалӣ Раҳмонов тарафи Шералӣ Мирзо рӯ оварда мегӯяд, ки «то моҳи март инҳо бо хона таъмин шаванд».
Шералӣ Мирзо:
-Фаҳмида шуд, Ҷаноби олӣ.
Эмомалӣ Раҳмонов аз лётчикҳо мепурсад
-Чанд сум маош мегирен?
2000 сомонӣ ҷаноби олӣ
Эмомалӣ Раҳмонов
-мерасонатона?
-не,Ҷаноби олӣ
Эмомалӣ Раҳмонов ба тарафи вазир баргашта мегуяд,ки « э бача 2000 сомон кам нестай?
Шералӣ Мирзо ҷавоб медиҳад:
-Ислоҳ мекунем,Ҷаноби олӣ.
Как будто Эмомалӣ худаш намедонад, ки ҳарбиҳову табибҳову дигар коргарҳо дар давлате зери идораи ӯ буда чанд сомонӣ маош мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмонов ба сӯи Рустам баргашта мегуяд, ки «ай ҳаму пулҳо монд»?
Рустам:
-Ҳо
Эмомалӣ Раҳмонов :
-10донагӣ тақсимшон кун. (мақсад 1000 долларӣ)
Шералӣ Мирзо бо заҳрханда ба Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд:
-Ҷаноби олӣ инҳо 1000доллара ҳолӣ надиданд…
Эмомалӣ Раҳмонов ба тарафи Шералӣ Мирзо мегӯяд,ки вақте лётчикҳо хонданӣ рафтанӣ бояд хонаводаи инҳо таъмин карда шавад.
Шералӣ Мирзо:
-Хуб шудааст,Ҷаноби олӣ.
Мо Лётчикҳо якҷо бо кормандони техникӣ шаҳри Липески Русия хонданӣ омадем. Моро ваъда доданд, ки то шумоҳо баргаштан хонаҳоятонро омода мекунем. Меоеду ба хонаҳои худатон зиндагӣ мекунед. Аммо то ҳозир не хона ҳасту не ҳеҷ чиз. Як бор дар вақти таҳсил ба хонаамон 5литр равған, пиёзу картошка бурда доданду тамом.
Генерал -лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат 20 сол мешавад, ки фармондеҳ аст.
Дар ҳеҷ қонун чунин нест, ки як нафар 20 сол дар як мақом кор кунад. Баъд аз куҷо навигариву пешравӣ шавад дар ин соҳаи муҳимми низомӣ ва мудофиавӣ? Дуздиву ғоратгариву фиреб мешаваду тамом. Мо лётчикҳо тамоми сирҳои Сафарализода Раҳмоналӣ Давлатро ошкор мекунем, чи таври топливо-сузишвориро бардуруғ «списат» мекунад-тонна-тонна, чи хел арусҳоро меоварад ва инҷоро ба як «дом терпений» табдил кардааст. Баъзе аз лётчикҳову кормандони техникӣ ҳоло чупони Сафарализода Раҳмоналӣ шудаанд. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ аз моҳи январ сар када то моҳи декабр дар инҷо асп, гуспанд, буз ва гов парвариш мекунад. Бечораи сарбозҳо мегуӣ, хидмат неву ферма кор карданӣ омада бошанд: шабу рӯз гову гуспанд парвариш мекунанд.
“Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат аз Восеъ, ҳамшаҳрии Муроди телех аст. Сузишворӣ ба Тоҷикистон бо вагон аз Русия оварда мешавад. Пули онро вазорати мудофиа медиҳад. Пас, онро ба фурудгоҳи Айнӣ мефиристад. Сафарализода Раҳмоналӣ ҳам дар ВВС (неруҳои ҳавоӣ) ва ҳам дар ПВО (зидди дифои ҳавоӣ) фармондеҳ мебошад.”
Агар барои вазорати мудофиа 10 миллион (рақами шартӣ) ҷудо карда шавад 5 миллиони он ба ВВС ва ПВО гузаронида мешавад. Яъне ними пули вазорат дар фурудгоҳи Айнӣ обу лой мешавад. Сардори «тыл»-и вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал- майор Ибодуллоев мебошад. Мардаки ранги куни дег сиёҳ аст, шикамаш чени тағораӣ 50 килоҳа аст. Вай бо 100 ҳазор доллар рутбаи генералиро харид. Ӯро дар вазорат дар мақоми ҷонишини вазир таъин кардани буданд, лекин ӯ худаш «отказ» кард. Барои онки даромаде, ки дар фурудгоҳ ё аэродроми Айнӣ мебинад аз дигар ҷойи вазорат бештар аст. Генерал -майор Ибодуллоев шарики генерал- лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ мебошад. Ибодуллоев дар маркази Душанбе дар рӯ ба рӯйи мединиститут корпуси аслӣ як ҳавлии се ошиёнаи муҳташам дорад. Оё бо се ҳазор сомонӣ чунин ҳавлиро мешавад сохта? Ин саволест,ки онро следственный комитет бояд ташхис намояд, на мо лётчикҳои бе сарпаноҳи хору зори иҷора нишин.
“Чи проблемае, ки дар ВВС ва ПВО пеш меояд ҳамаашро Ибодуллоев ҳал мекунад, яъне «кому надо» пулро бурда медиҳад. Барои мисол як ҳодиса рух дод: сарбоз худкушӣ кард. Прокуратураи ҳарбӣ дигар орому қарор намегузорад. Ибодуллоев чамадонро пури пул карда меравад, прокурорро «хабар» мегирад ва ҳама кор ҳал мешавад.”
Генерал Ибодуллоев максимум 3-4 ҳазор сомонӣ маош мегирад аммо бо мошинҳои Лексуси маркаи охир ва Мерс мегардад, ки ҳар яки онҳо бо арзиши на кам аз 150 ҳазор доллар аст. Мошинҳои Сафарализода Раҳмоналӣ асосан Тойота прадо (чандин адад) мебошанд мегардад.
Чанд бор афсарони қисмро бо наша ва бангу чарс қапиданд, ягон гап нашуд. Дар ин гуна ҳолат даррав мегиранду «задним числом» «уволит» мекунанд. Гуё вай дар инҷо хидмат намекард. Як афсар аз «масковский»-ро бо чанд кило нашъа дастгир карданд, аммо ҳамин тавр «тишина» шуд. Афсари дигар Ҳакимов Бахтиёр. Вай сахт ба бозии «ставка» дода шуд. Беш аз 20 ҳазор сомонӣ қарздор шуд, дар ҷои кор худашро паронд, ба ҷони худаш суиқасд кард. Аммо «осечка» медиҳад, дигар афсарҳо хабардор мешаванд. Ин ҳодасаро ҳам «задним число уволит» оформит карда «от греха по далше» гуфта ӯро аз кор ронданд. Соле нест, ки сарбозҳо худкушӣ накунанд ( маълум нест,ки дар асл худкушӣ аст ё кушта мешаванд) аммо ҳама кур, ҳама гунг, ягон чи намешавад. Максимум ягон афсари камбағали бесоҳиби бетағаи бечораро «крайний» карда ва аз кор пеш мекунанд ё ҷои пасттар «перевод» мешавад.
ТИҶОРАТ ДАР ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ
Дар Тоҷикистон сарбоз ду сол хизмат мекунад. Аз рӯйи қоида ҳар ним сол форма-сарулибос, яъне 4 пар форма бояд дода шавад. Ва ҳамин хел ҳам мешавад, фақат дар коғаз, сарбозҳо имзо мегузоранд, ки гирифтанд. Аммо сарбоз як форма мегирад ва то охири хизматаш яъне ду соли пурра онро мепӯшад. Агар фарсуда шуду дарид, сарбоз ба командир пул дода дигарашро мегирад. Вақте сарбозҳо дембл мешаванд, барои форма ҷудо пул медиҳанд ва барои онки зудтар ҷавоб шаванд алоҳида пул медиҳанд. Онҳое, ки пул намедиҳанд, то охири даъват хизмат мекунанд. Барои сарбоз роҳпулӣ то хона дода мешавад. Ин роҳпулиро худи командирҳо мегиранд як дирам ба сарбозон дода намешавад. Боз як далели аҷиб. Як одам ҳаст, ки ҳама намуди формаи ҳарбиро дорад ва шуморааш ҳам ҳар қадар хоҳед дорад. Вақте комиссия омад аз ҳамон одам формаҳоро «аренда» мегиранд, комиссия, ки рафт боз бурда «обратно» медиҳанд. Ин одам ҳамон нафаре аст, ки аз он 4 пари қоидавӣ се тоашро барояш мефрӯшанд ва вай боз дар ҳолати зарурӣ «аренда» медиҳад. Ин нафар шахси наздики Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат аст. То онҷое медонем ин танҳо бо қисмҳои бахши ҳавоӣ не, балки бо чандин қисмҳои қувваҳои мусаллаҳ дақиқан ҳамин корро мекунад.
Сомонайр ва хариди сӯзишвории дуздӣ бо нисфи қимат аз Сафарализода.Р
Тибқи санаду ҳуҷҷат ҳамаи лётчикҳо парвоз кардаанд, самолётҳоро рондаанд. Аммо амалан «полёт» ё парвоз аслан намекунанд. Чунки Сафарализода Раҳмоналӣ «топливо»-ро мефурӯшад. Ба эҳтимоли зиёд харидори асосии ин «топливо» «Сомонайр»-и Ҳасан Асадуллозода хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов аст, чунки «Тоҷикайр» чанд сол шуд дигар парвоз намекунад. Аз ин бармеояд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо сузишвории дуздӣ сафарҳо мекунад. Чунки ин топливо фақат ба самолёт ба кор меравад. Инчунин парвозҳои тиҷорате бо Сомонайр ба дигар кишварҳо сурат мегирад он бо ними нарх харидорӣ мегардад ва инҷо Ҳасан Асадуллозода се чор баробар фоида ҳам мегирад. Ин ҳама бовар кунед хиёнати бузург ба ватан ва сарзамину миллат аст.
Ҳоло акнун фикр кунед, ки лётчике, ки ягон бор пушти штурвал нанишастааст, ҳарими ҳавоӣ, осмони кишварро дар ҳолати «икс» чи гуна ҳимоят мекунад? Чи гуна аз самолёти ҷангӣ истифода мебарад?
Аэродроми Айнӣ шикоргоҳи “пешво” ва ғоратгоҳи Сафарализода Раҳмоналӣ
Аэродроми Айнӣ ҷои шикори Эмомалӣ Раҳмонов ва Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар инҷо онҳо мурғи ҳилол шикор мекунанд. Дар фурудгоҳ гов, гуспанд, буз, асп, мурғ, мурғобӣ, моҳи парвариш мекунанд. Ҳамаи онҳоро сарбозҳо нигоҳ ва бонӣ мекунанд. Патрули махсус ҷудо карда шудааст. Шабу рӯз дар гирди гову гуспанд бечораи солдат дар ҳавои гарму хунук посбонӣ мекунад. Ин ҳама молу мурғҳо ҳамчун хоҷагии ёрирасони қисми низомӣ ҳуҷҷат мешавад, аммо ҳатто як мурғ барои сарбозҳо кушта намешавад. Сафарализода Раҳмоналӣ шабу рӯз фақат маст мегардад.
Инҷо як нафар бо номи Олим прапоршик шуда кор мекунад. Олим сардори ошхона ва «личный повар»-и генерал -лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ мебошад. Чи хӯроке, ки сарбозу афсарҳо тавассути ҳамин ошхона «списат» мешавад.
Масалан:
“дар як моҳ 2 тонна гушт, моҳӣ, биринч, равған, нахуд ва ғайра. Аммо дар хурок ҳатто буи гуштро намефаҳмӣ аз худи гушт аслан нагуем ҳам мешавад. Аммо барои генерал Сафарализода, сихкабоби махсус ва хурокҳои бо лаззат пухта ва тақдим мешавад. Мо лётчикҳо ва сарбозон бо чашмонамон медидем он таъомҳоро тамом.”
Хуроки летчикҳо дар ҳама атиши ҷаҳон аз дигар қисмҳои низомӣ фарқ мекунад:
“Моҳӣ, гушт, тухм, мевагӣ, ҳасиб, панир, сок, компот, хуллас ғизоҳои муқаввӣ-серкаллория. Аммо да Тоҷикистон ҳамаи инҳоро мо танҳо дар рӯи коғаз мехурем. Дар асл хуроке, ки ба мо медиҳанд, дар маҳбасхонаҳо онро намедиҳанд, ҳайвоне, ки худашро ҳурмат мекунад, ин таъомҳоро намехурад.”
Дар 5 соли охир 4 сарбоз худашонро паронданд, лекин ягон гап нашуд, касе ҳам напурсид. Гуё онҳо мурча буданд. Сафарализода Раҳмоналӣ мегуяд, ки «ма ҳамаша г…м, мара тағам Мурод (Муроди телех) мара лично ҷаноб да и вазифа мондагияй, чизе мехом ҳавая мекинм».
Аз забони ин генерал ягон гапи дуруст намебарояд. Фақат аз очаву аз апаву хоҳар ҳақорат мекунад, боз мегуяд, «очаи шуморам, апатонам, ататонам, маюм».
То алафҳои аэродромро мефӯрушад.
“Инҳо чаҳор самолётро махсус аз Русия гирифтанд: 2-то Су-24 ва 2-то МиГ-29 . Ин самолётҳо беҳад бисёр сузишворӣ масраф мекунанд. Овардани ин самолётҳо барои он аст ки «списат»-и сузишворӣ бештар бошад, яъне зиёдтар бидузданд.”
Ҳатто худди русҳо ин намуди самолётҳоро истифода намекунанд. Сабаб калон будани расходи топливо, агарчи Русия давлати бой ва абарқудрат ба ҳисоб меравад.
“Ҳамаи таъминоти аэродроми “Айнӣ” аз ҳисоби ҳиндуҳо пардохт карда мешавад. Ҳатто барои аз ҳиндуҳо бисёртар пул кандан “бордюр”-ҳоеро, ки дар роҳҳои аэродром аз замони шуравӣ боқӣ монда аммо коршоям ва мустаҳкам буданд, вайрон карда шуданд. Ва ба ҷои он «бордюр»-ҳо, пулро аз ҳиндуҳо гирифта, сарбозҳоро маҷбур карданд,ки дар сармои зимистон бетон рехта “бордюр” созанд. Аммо ин бордюрҳо думоҳ нашуда ҳама шикастанду рехтанд. Ва боз аз сари нав пул ҷудо карда мешавад. Ба ин тартиб аз ҳаво дуздӣ мекунанд.”
Афсарҳое дорем, ки рутбаи подполковник ва ё майор доранд лётчикҳои ҷангианд вале “таға” надоранд. Онҳо ҳар кадоме 3-4 тоӣ фарзанд доранд. Бо маоши моҳона зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд. Маҷбуранд бо корҳои сохтмонӣ ва ҷамъ кардани оҳанпора ва алюминийю мис дар “Айнӣ” машғуланд, то пуле ночизе ба даст биёранд ва зиндагии худро пеш баранд. Ҳатто дар боми ангархое, ки дар онҷо вертолёту самолётҳо таъмир ва кабутарон ҷамъ мешаванд шабона бо фанар шикор карда шиками худ ва кӯдаконашонро сер мекунанд.
Бе шухӣ вақте мо аз шаҳри Сызрани Русия хатм карда омадем, шароити инҷоро дидем, фикр кардем зиндон омадем. Маоши моҳонаи мо аз стипендияе, ки дар вақти курсантиамон мегирифтем камтар аст.
“Вақте мо дар Русия мехондем курсантҳои Тоҷикистон дар байни 15-20 давлати ҷаҳон обуру доштем, ба ягон кас сар хам намекардем дар байни ҳамкурсҳоямон аз ҳар ҷиҳат лидер будем. Аммо вақте ба ватан баргаштем баъди хатм фаҳмидем, ки саг қадр доштаасту “лётчик” не….”
Дипломи сурх як тараф истад, бо дипломи тиллоӣ ҳам хатм карда бошӣ “таға” надошта бошӣ ҳич кас ҳастӣ. Вақте ки бо ҳамкурсҳои худ аз давлатҳои бо мо ҳамсоя (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон) ҳатто аз Африқо (Судан, Сумали,) ҳамсӯҳбат мешавем дар ҳайрат мемонем. Чунки баъзеи ин давлатҳоро шароити иқтисодиашон аз мо пасттар аст, вале ин давлатҳо барои лётчикҳои худ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтаанд, то аз чизе камбудӣ надошта бошанд: бо хонаву замину мошин таъминанд, то инки танҳо дар фикри муҳофизати ватан бошанд. Аз рӯйи нақли хамкурсҳоямон музди маоши онҳо дар як моҳ аз 1700$ доллари амрикоӣ камтар набудааст. Аз мо бошад 2000 сомонӣ яъне 200$ доллар.
“Акнун худатон фикр кунед, ки аз ин 2000 сомоние, ки медиҳанд бояд афсар пули иҷора ба камиаш 1500сомонӣ диҳад, роҳкиро кунад, либос пӯшад, хӯрока гирад, ба падару модар ёрдам диҳад. Дар ягон ҳолат, любой хел эконом кунӣ ҳам намерасонӣ.”
Мо тамоман парвоз намекунем гӯем ҳам мешавад. Аз саҳар то шом хобем. Аз ҳисоби набудани практика ҳама таҷрибаи омӯхтаи худро қариб гум кардаем. Худое накарда ҳолати ҷангӣ эълон шавад бо осонӣ ватанро аз даст додан мумкин аст. Чунки омодагии қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ дар сатҳи хело паст қарор дорад.
Соли 2012 миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон дар марз нофаҳмие ба амал омада буд, ки ҳамаи шумо аз ин хабар доред. Моро фармондеҳ генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дар ҳолати мастиаш ҷамъ кард (Сафарализода вечно пиён мегардад) ва гуфт,ки «к..и очаҳо дар сарҳад вазъият безеб аст, если что, мепарен, мезанен»…
Аз байни афсарон лейтенант Мамарасулов Бахтиёр, ки як бачаҳаки кулобӣ ва шух буд гуфт «рафиқ генерал ин самолётҳои мо ракета надора ба чи мезанем?»
Дар ҷавоб генерал Сафарализода Раҳмоналӣ
-к..иоча, тра ягон кас пурсид?! Даркор бошад ба санг мезанен фамидӣ?
понздаҳ ҳазор доллар калиди хона аз “Пешво”
Ҳамин офисер Мамарасулов Бахтиёр таға ёфта дар рубаруи “ГАИ”- 33-юм микрорайон аз тарафи давлат хона гирифт. Калиди онро худи Эмомалӣ Раҳмонов бо тантана супорид. Баъди соҳиби хона шудан, Мамарасулов Бахтиёр боз таға бозӣ карда худро «уволит» кард. Вақте уволит карданӣ шуд ба ӯ гуфтанд агар дар ватан хизмат кардан нахоҳӣ хонаи додаамонро мегирем.
Дар ҷавоб Мамарасулов Бахтиёр мегӯяд, ки ман ба фалон одам 15 ҳазор доллар додам, то ки навбати хонаро пеш орад. Пулҳоямро баргардонед, хонаро бигиред… Мамарасулов Бахтиёр медонист, ки агар Президент хонаро супорад танҳо бо қарори Президент хонаро мешавад гирифта…
Ҳамин хел Мамарасулов Бахтиёр уволит шуда рафт. Баъди чанд муддат бо героин дар Русия меқапанд ва зиндон мешавад. Баъди зиндон шудани Мамарасулов Бахтиёр хонаашро аз модари бевааш мегиранд ва модараш бо зани Мамарасулов Бахтиёр дар кӯча монданд. Ин як ҳолати оддии лётчики таҳсил кардае метавонист ба ин ватан ва давлат хидмат кунад. Хело маҳорати хуб ва яке аз беҳтаринҳоямон буд. Аммо аз нодорӣ ва шароити бади зиндагонӣ даст ба ин кор зад ва ҳаёташро сӯхт. Агар ба Ҷои Сафарализода Раҳмоналӣ як ҷавони таҳсилкарда мебуд беҳтарин кадрҳо аз даст намерафтанд ва Тоҷикистон дар беҳтарин ҳолати мудофеъавӣ қарор мегирифт, аммо ҳайҳот ва афсӯс…
Дар қисмҳои низомӣ маҳал муҳим аст, на донишу малакаи низомӣ
Дар “Айнӣ” боз як ҳолати дигар ҳаст. Командирҳои ҳамаи қисмҳо аз Данғара ё ин ки аз вилояти пешини Кулоб мебошанд. Ба худо, инҳо бесаводанд “а” – ро аз “б” фарқ намекунанд. Калонҳо ин намуд командирҳои бесаводро махсус мемонанд, то дуздиашонро бе мушкилӣ давом диҳанд. Ҳамаи ҷонишинҳои ин командирҳоро аз бачаҳои Суғд ё инки аз Бадахшон мемонанд. Барои он ки инҳо нисбат ба командирҳо босаводанд. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро ҷонишинҳояшон пеш мебаранд. Командирҳо фақат имзо монда метавонанду тамом. «На болше они не способни»
Яке аз ин командирҳои бе савод Собиров Шамс бо лақаби “Трамп” ё инки “рыбный память” мебошад. Саҳарӣ ҳасту нест мекунанд, як гапро 50 бор такрор мекунад. Дар вақти гап заниаш ягон афсар дер карда биёяду иҷозат пурсад тамом, ҳамаи гапҳо, эълонҳо, ки то ин вақт кард, аз ёдаш мебарояд ва боз аз сари нав сар мекунад. Агар се нафар дар построения дер биёянд стройи 10 минута 3 соат давом мекунад. Ду калимаро пайваст карда гап зада наметавонад, фақат через ҳақорат фикрашро гуфта метавонаду халос. “Полковник” Собиров Шамс маълумоти олӣ надорад. Аз рӯи ихтисос техник мебошад. Се сол училишро хатм кардааст, яъне ӯ ҳақи командиршавиро аслан бо ҳеҷ қонуне надорад. Лекин инҷо Тоҷикистон аст ва Эмомалӣ Раҳмонов сардори ин намуд говҳо аст.
Собиров як гап дорад: «бачаҳо ҳушёр бошен, толибҳо дар сарҳад, қариб омадагианд». Мегуфта бошӣ агар толибҳо дароянд, «как будто» мо ягон чи карда метавониста бошем. Дар ҳама идҳо ё инки президенти ягон кишвар биёяд, ё ки Эмомалӣ Раҳмонов ягонҷо равад 100% казарма эълон карда мешавад. Лекин дар “Айнӣ” ягон намуди шароит нест.
Масалан дар қисми ҳарбӣ 100 нафар афсар бошад, барои 30 нафар ҷои хоб ҳаст 70 нафар бояд дар куҷо биистанд, номаълум, ҷои хоб нест. Аслан Сафарализода Раҳмоналӣ дар бист соли роҳбарияш як бор дар ин масала фикр накарда аст. Барояш аслан муҳим нест чи мешавад? Кишвар зери хатар қарор дорад.
Як гапи зур дорад: “ма доляра сруп метим, Акаи Муродм зинда бошад, дига у тарафш кори ма нестай, Тоҷикистони моро дар 45 дақиқа любой гурӯҳ мегирад, давлат намегум ма ва қаҳ қаҳ зада механдад”
Ана ин аст ҳолати низомии мо, моро дард мекунад, диламон ба таҳсилотамон месӯзад. Диламон ба ин ватан месӯзад, аммо афсӯс, кӣ сухани моро гӯш мекунад?
Дар идҳо маълум чанд рӯз давом кардани режими козарма. Лекин Эмомалӣ Раҳмонов хориҷа сафар кунад номаълум кай тамом шудани ҳолати казармавӣ. Аз касе ва чизе сахт метарсанд,ки онашро мо лётчикҳо намедонем.
Барои он ки фақат Эмомалӣ Раҳмонов ҳақ дорад казармений положенияро отменит кунад. Агар Эмомалӣ Раҳмонов аз ёдаш барояд ҳеҷ вазире- ҷазире дух намекунд ба хотири Эмомалӣ Раҳмонов расонад, то козармаро отменит кунад. Азобро бошад афсарҳои қаторӣ ва лётчикҳо мекашем. Командирҳо дар кобинети салқин май нушида кайф карда дам мегиранд.
Хидмати холаи Зулфиной аз пешво ва ҳама вазиру ҷазир бароямон болотар аст
70% офицерхо аз ошхонаи «Айнӣ» намехурем. Барои онки мумкин дар хонаи баъзеҳо барои сагҳояшон аз ин ғизоҳо болаззаттар хурок диҳанд. Аз ҳамин сабаб ҳама роҳ ба сӯйи хонаи холаи Зулфиной меравем. Холаи Зулфиной ҳавлиашро мисли ошхона кардааст ва дар онҷо бо духтару келинҳояшон кор мекунанд. Хубии холаи Зулфиной дар ҳамин аст, ки мешавад хуроки худамонро қарз бинависонем. Ҳамин хел моҳ мегузарад. 50% бачаҳо аз холаи Зулфиной қарздор мешаванд. Маошро мегирему бурда медиҳем, бо ҳамин маош тамом мешавад, моҳи дигар боз ҳамин кор такрор мешавад. Раҳмат бар холаи Зулфиной модари ғамхори мо ӯст, на Сафарализода Раҳмоналӣ ва на Эмомалӣ Раҳмонов.
Лейтенант нав аз омӯзишгоҳ ё аз академия хатм карда меояд. Як моҳ хизмат мекунад ва мефаҳмад шароити инҷоро. Аз моҳи дуввум фикри аз армия гурехтанро мекунад ва бо ҳар роҳе худро «уволит» мекунаду ҳуй мехурад, ҷонашро гирифта мегурезад. Мумкин фақат дар Тоҷикистон бошад ин ҳолат. Ин ҷо барои хондан, дохил шудан пул медиҳӣ. Баъди хатми академия «двойной» пора медиҳӣ, ки туро аз армия хориҷ кунанд.
Фирори афсарони таҳсилкарда аз идомаи хидмат дар артиш
Бисёри афсарҳо розианд худашонро разжаловать кунанд ва пагонҳое, ки 10 сол 8 сол хизмат карда, азоб кашида ба рутбаи капитан, майёр расиданд ва умед доштанд, ки ҳозир як мӯъҷизае руй медиҳаду Тоҷикистон обод мешавад, ин шикам дамо сер мешаванду мо ҳам соҳиби як бурида нон мешавем. Ва вақте мефаҳманд, ки ин чиз ба наздикӣ тамом намешавад. Ин гуруснаҳо серӣ надоранд. Аз баҳри ҳама чиз гузашта рутбаҳояшонро ба «рядовой» баробар карда бошад ҳам аз армия мегурезанд…. Ин шармандагӣ нест магар? Инро мешавад хидматҳои “Пешво”и миллат унвон кард ба сарбозон ва афсарон? Мо ба дод омадаем аз ин ҳолатҳо ва ин ҳолатҳо ба фикрам , то рафтани ин “пешво” тағийр ҳам хурданӣ нестанд. Охир мо чикор кунем дар ин ҳолати тоқатфарсо? Ончи навишта истодаем як ҳарфамон дурӯғ ва туҳмат нест ва марҳамат комиссия ташкил кунед аз афроди содиқ санҷед. Аммо боз комиссияи шумо чанд порагиру коррупсионери дигар аст,ки меоянду натиҷааш ҳеҷ аст.
“Пешво”ро намефоридааст,ки афсарон ӯро бубинанд
Ҳангоме, ки ба Тоҷикистон Президентхо дар ягон самит ё нишастҳо меоянд аз ҳамаи хадамотҳо офицерхоро ҷамъ карда мебаранд ва бо автобусҳо тақсим мекунанд. Аз худи шаҳр то дачаи Президент (варзоб) офицерҳо дар ҳар як 30 метр як нафари мемонанд дар чиллаи тобистон 1,5литр об ва як дона хлеби труш бо як килкии-моҳи барои ду нафар тақсим мекунанд. Ин хӯрокро аз сахар то ба шом барои ду афсар медиҳанд. Вақте мошинҳои Президентхо аз пешамон гузарад мо бояд рӯямонро ба самти кӯҳҳо ё инки тарафи дарёи Варзоб гардонем, хулоса ҳатто бо чашмони худ мошини Президентро ҳаққи дидан надорем. Афсарҳо байни худ гап мезанем барои чӣ Эмомалӣ ба мо афсархои тоҷик бовари надошта бошад?!
Ба ин прогресс диққат диҳед!
Як вақт ба ҷои “полковник” Собиров Шамс «временного-исполняюший обязанности» командир, подполковник Давлатшо Давлатшоевро монданд. Ин мард зодаи Бадахшон аст. Ва босавод ҳам буд. Ҳар вақте имкон мешуд ба генерал Сафарализода Раҳмоналӣ шикоят мекарду мегуфт барои чӣ палёт ,парвоз нест? Барои чӣ лётчик «как положенно» бо хурок таъмин карда намешавад? Монанд ба ҳамин саволҳоро нотарсида медод. Албатта, ки ин хел инсонҳо дар ягон ҷойи Тоҷикистон маъқул намешаванд. Сафарализода Раҳмоналӣ мегуфт «Давлатшо Давлатшоев заибат накы саволот кати»!
Як рӯз бояд аэродром вазири мудофиа Шералӣ Мирзо меомад. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ командирҳоро ҷамъ карда мегӯяд, «бо ягонтат ягон проблема накунӣ, сӯйи Давлатшо Давлатшоев ҳами ту саволҳои бемаънӣ бисёр метӣ хап када бишин».
Баъди вазир омадан дар охир Шералӣ Мирзо мепурсад
– ягон проблема доран бачаҳо? Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ мегӯяд не мӯҳтарам Вазир! Давлатшо Давлатшоев иҷозат пурсида ба вазир Шералӣ Мирзо савол медиҳад:
Рафиқ генерал полковник мо лётчикхо бояд хӯрокамон аз рӯи норматив инхел бошад гуфта:
наҳор: Тухм, каша, сир, шир, колбаса, шоколад бихурем, лекин ягон хел таъмин карда намешавад. Мо, ҳамкасбҳои худ- ҳиндуҳоро дида ҳавас мекунем. Мо аз онҳо чӣ камбудӣ дорем. Лётчикҳои онҳоро ба мошин то пеши самолёт мебаранд. Техникҳояшон бардошта ба самолёт савор мекунанд. Баъди полёт онҳоро бардошта аз самолёт мефароранд. Бо мошин ошхона мебаранд. Ҳар як лётчики ҳиндуро пешхизмат ранги ресторан заказашро гирифта мебиёрад. Даркор шавад лабҳояшонро бо салфетка тоза мекунад. Мо онҳоро дида худро дар асри 9 представлять мекунем. Онҳо ба ҳоли армияи тоҷик механданд. Шералӣ Мирзо тарафи Сафарализода Раҳмоналӣ мегӯяд, ки таъмин карда шавад. Баъди вазир рафтан генерал Сафарализода Раҳмоналӣ тарафи подполковник Давлатшо Давлатшоев мегуяд: «кунти ман тра гуфтам ку савол нате». Тарафи ҷонишини худ Ибодуллоев мегӯяд, ки “ке..и мара быбр лётчикода ба ҷои колбаса тақсим кы”.
Аз байн як чанд моҳ мегузарад ва боз вазир фурудгоҳи «Айнӣ» меояд ва боз подполковник Давлатшоев хеста: «мӯҳтарам вазир ҳамон проблеммаҳое, ки ӯ дафъа гуфтем, то ҳозир ҳали худро наёфтаанд”.
Дар ҷавоб Шералӣ Мирзо вазири мудофиа мегӯяд:
-ин проблемаро ман ҳал карда наметавонам.
Мо, мехостем аз “мӯҳтарам” вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “генерал полковник” Шералӣ Мирзо пурсем: Агар шумо як проблемаи кӯчакро ҳал карда натавонед куҷои шумо вазир аст? Пас, ҷойро холӣ кунед, як одами дигар кор кунад ва проблемаҳоро ҳал кунад!
Баъди ин маҷлис генерал Сафарализода тарафи Давлатшоев мегӯяд, ки ту «к..си оча одам намешӣ». Аз вазифаи временного- исполняющий обязанности командирӣ мегираду боз ба ҷои худ не до “полковник” Собиров Шамс меояд. Давлатшоев ҳам аз армия дилаш хунук шуда худро «уволит» карду рафт Русия, то ҷое хабар ёфтем феълан дар Москов ба кадом кори дигаре машғул аст.
Аз сабаби кам будани парвозҳо ҳама ташнаи парвоз ҳастанд. Яке парвоз шуданӣ бошад дар любой типи самолёт ё вертолёт фақат генерал майор Талбаев ва генерал- майор Қурбанов Тимур мепаранд. Барои лётчикҳои ҷавон роҳ нест. Боз шарм накарда мегӯянд, ки шумо «ҳолӣ ёшен, ҳоли вақти паридани шумо ҳам мешавад». Ба фикрам вақти парвози мо лётчикҳои ҷавон пас аз рафтани Эмомалӣ Раҳмонов ва омадани Паймони миллии Тоҷикистон мерасидагист.
Савол барои ин генералҳо:
Агар мо дар ҳамин ҷавонӣ таҷрибаи худро зиёд накунем дар вақти пирӣ мепарем? Шогирди ин генералҳо полковник Лолазода мебошад. Ӯ ба наздикӣ, баъди аз ҷанги Бадахшон омадан, «досрочно» рутбаи полковникӣ гирифт. Ҳамкурсҳои Лолазода Алишер баъзеҳояшон ҳатто майор ҳам нестанд. Ба фикри мо ин Лолазода аз осмон фаромадааст. Ба Лолазода Алишер рутбаи полковникиро бо пешниҳоди вазири МВД “Ҷеки-чан” –Рамазон Раҳимзода доданд. Лолазода Ҷеки-чанро дар ҷанги Бадахшон бо вертолёт гирифта гашт, чи коре кард, накард досрочно полковникиаш доданд. Ё дар куштани Бадахшониҳо маҳорати хуб нишон дода бошад?
Фармондеҳ Сафарализода Раҳмоналӣ ва айшу ишрати ӯ
Ин генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дар ҳама қисмҳои ВВС ва ПВО ҷои махсуси майишати худро дорад. Ҳатто дар утоқи кориаш отделно комната бо крават ва душ дорад. Яке аз арӯсҳои бешумораш як ҳамсоядухтар дар назди аэродроми Айнӣ мебошад.
Волидони ин духтари бева як гушаи хонаашон дар пеши дарвозаи аэродромро қаҳвахона кардагианд ва майда-чайда ҳам мефурӯшанд.
Ин духтари бева аруси генерал Сафарализода Раҳмоналӣ мебошад ва як кӯдак ҳам дорад. Сафарализода Раҳмоналӣ ба ин бева ҳарчи бисёр зиёд мекунад. Мисол Туркия дамгирӣ роҳӣ мекунад, санаторияи «Баҳористон»-и Қайроқум мефиристад ё Дубай.
Як сол шаби соли нав як нафар аз мо дар КПП-и главный дежурный буд. Ними шаб як мерседеси фасон омад. Мебарояд мебинад мошини бегона.Мепурсад куҷо омадед? Мегуяд пеши фармондеҳ генерал Сафарализода Раҳмоналӣ омадлем .Дарвозаро сарбозҳо кушоданд. Дарун даромад. Аз даруни мерс як аруси зебои тақрибан 18сола фаромад. Дар ҳақиқат зебо буд. Ба худ гуфтам духтар худро ҳайф кард. Наход барои пул шуда пеши ҳамин хел хукҳои пир биёӣ.
Бо сарбозу афсарон прикол карда хандидем, ки генерал ба худаш дар соли нав «подарка» кардааст. Снегурочка даъват кардааст, гуфтем. Баъди 4-5 соат снегурочка бо мерс баромада рафт.
Як дафъаи дигар яке аз арӯсҳои генерал Сафарализодаро офицерҳо дарун мебаранд «отдых» мекунанд ва арусҳоро кидат мекунанд. Яъне пулҳояшонро намедиҳанд. Арӯсҳо пеши “папашон” генерал Сафарализода Раҳмоналӣ жалоб карданӣ меоянд. Мегӯянд моро офисерҳоят кор фармуда пуломонро надоданд. Хуллас доду войро мебардоранд. Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дастур медиҳад, ки срочно ҳамаи личный составро ҷамъ кунед! Личный составро строй карда беваҳоро мегӯяд кадоми аз ин к..и занҳо ҳамин корро кард? Беваҳо якто ба якто афсаронро мебинанд. Лекин у ду афсаре, ки ин корро карда буд дар строй набуданд. Ин офисерхо фаҳмидан, ки ҳамин хел гапу чапай гурехтанд.
Баъде, ки беваҳо нашинохтанд генерал Сафарализода Раҳмоналӣ ба финансист Ибодуллоев гуфт «бра и к…и очаҳора сумошона бте, а то заибат кадан». Ибодуллоев беваҳоро гирифта кабинеташ бурд барои ҳисобӣ кардан.
Генерал Сафарализода Раҳмоналӣ дар пеши личный состави ҷамъ шуда -тақрибан 200нафар- мегуяд «к..и очахо к…с г…да наметонен баъд к…ма арусбози мекынен? Бо арӯсҳои мара ме…н? Агар ёфтм,ку ахтатон мекынм. Дар ича тоқа ма к..с г..да метонм, дига ҳиҷ кас ҳақ надора». Дар он строй домоди худи Сафарализода Раҳмоналӣ ҳам буд. Мо байни худ мегӯем падарлаънат ин генерал аз ҳамин домодаш ҳам изо намекашад.
Бо як аруси генерал Сафарализода як офисери қисми ҳарбӣ ҳамхоба мешавад. Арус нақл мекунад, ки генерали шумо он онқадар ҳам хуб неее.(инҷо комилан ҳама ҳолатҳоро навиштаанд,ки аз ҷузиёти онҳо худдорӣ мекунем) Ин офисер бовар намекунад. Арус детально описать мекунад, ҷои отдыхи генерал Сафарализодаро, дар куҷо, чи хелӣ крават истодааст, чи хелӣ душ. Хулоса ҳамаашро дақиқ он фоҳиша мегӯяд.
Каме аз дуздии сӯзишвории фармондеҳон ва хитоб ба Генерал Сафарализода ва Шералӣ Мирзо!
Дар аэродроми Айнӣ вертолетҳои Русия ҳам меистад. Самолетҳояшон меоянду мераванд.
Вақте моро ба вилояти Суғд, шаҳри Чкалов командировка роҳӣ карданд дар онҷо фаҳмидем, ки чи хел топливо дуздида мешавад. Бояд ҳар ҳафта вертолёти низомии Тоҷикистон парвоз карда, сарҳади Ӯзбакистон ва Қирғизистонро хабар гиранд. Аммо дар як моҳ як бор парвоз мекунанд. Лекин дар қоғаз чаҳор бор навишта мешавад
Вазорати мудофиа
Самолётҳо:
-2то МиГ-29
-2то Су-24
-4то Л-39
-1то Ан-26
-1то Ту-134
-1то Ан-2 дорад.
Самолёти Ан-2 бо бензин мепарад. Аз ҳамин сабаб як хел офисерҳо аз ӯ бензин дуздида мефурӯшанд. Ан-2 сливной кран дорад, аз ҳамонҷо бензин дуздида мешавад.
Вертолётҳо:
6-то Ми-24, нимаш вайрона
10то Ми-8 инҳо ҳам ҳамин хел, нимаш вайрона
Дар инҷо гап хеле зиёд аст. Мо, ҳоло тоза оғоз кардаем ба гуфтани дардҳои диламон…
Вале ваъда медиҳем, ки агар лётчикҳои Тоҷикистон бо хонаву дар ва бо маоши муносиб таъмин карда нашаванд ва ончи ба мо аз буҷҷаи кишвар ва вазорати мудофиа ихтисос дода шудааст онро бароямон надиҳанд. Хело аз сирҳоро мекушоем ва ба «Ислоҳ» мерасонем. Бигзор бидонанд, ки мо ҳамаашро медонем, ки ин дуздҳо аз ҳисоби мо кайфу сафо карда гаштаанд. Мо гуфтему шумо шунидед!.
Ps: Ин номаи халабонҳои Тоҷик,ки аз вазъияти бадашон ба “Ислоҳ” навиштанд. Чун, ки диданд ҳеҷ ниҳоде ва ҳатто худи Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ба додашон нарасид. Ошкоро гуфт: “ман ҳеҷ коре карда наметавонам”. Ончи Эмомалӣ Раҳмонов ва писараш Рустами Эмомалӣ бояд мекарданд ва фармон ҳам доданд он иҷро нагашт. Пас но илоҷ дигар ягон маконе вуҷуд надошт, то дардашонро бигӯянд. Омаданд суроғи “Ислоҳ” ва гуфтанд ҳарчи бодо боду навиштанд. Мо ҳам дигар матолибро канор гузоштему пардохтем ба таҳқиқу омӯзиши ин номаи шикоятӣ.
Ҳангоми омода намудани ин матлаб афсарони бо нангу номуси десанти кишвар навиштанд. Албатта дар мавриди иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 25 умин солгарди десантчиёни тоҷик дар Ноҳияи Хуросон рӯзи 2 уми август сурат гирифт. Он омӯзиши намоишкоронаро навиштаанд,ки чӣ гӯна спектакл онҷо баргузор намуданд муфассал тақдими “Ислоҳ” менамоем. Феълан ҳолат ва вазъи десантчиёнро ба “Ислоҳ” фиристодаанд, ки хело вахим аст. Мо мунтазири гузориши комили ин афсарони бо нангу номуси миллат ҳастем, то ба шакли пурра онро тақдим намоем. Ин афсарон навиштаанд, ҳама ончи дар ТВ ҳо мебинед ин як намоише беш нест ва бо ин шакл Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад мардумро бештар тарсонад, ки ман чи қадар пурқувватам ва ҳар касе садо баланд кард ӯро маҳв менамоям. Ончи дар навор дидед, 300 нафар ҳамлагарон нобуд шуданду, ана ин шуду , ана он шуд. Қувваҳои ҳавоӣ ва заминӣ чунин карданду чунон карданд. Ҳамаи онро фикр намоед,ки ҳадаф мардуми осоишта буда ва ҳеҷ ҳуҷуме кишвари моро таҳдид намекунад. Мошинҳои десантбари мо акомулятор надоранд, сӯзишворӣ надорем, нони хурдан надорем, тир барои машқҳоямон надорем. Мо ҳамавазъро бо чашмонамон мебинему дар дохили ин қисмҳо қарор дорем. Раҳмонов аз мардуми бо зулм болояшон ҳукумат карда истода бештар тарсу ҳарос дорад, аз ҳар ҳуҷуми мусаллаҳонаи дигаре. Тафсилотро интизор бошед….