Хавориҷ Дуввум: Ҳадисҳое, ки дарбаргирандаи сарзаниши хавориҷ ҳастанд

Ислоҳ нет

Хавориҷ
Дуввум: Ҳадисҳое, ки дарбаргирандаи сарзаниши хавориҷ ҳастанд

Силсила мақолаҳои хавориҷ № 2
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Ҳадисҳои зиёд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар сарзаниш ва накӯҳиши хавориҷи аз дин хориҷ шуда ривоят шудаанд, ки онҳо бо сифатҳои сарзанишшуда ва бад тавсиф шудаанд, ки онҳоро дар палидтарин ҷойгоҳҳо қарор медиҳад. Аз ҷумла ҳадисҳое, ки дар онҳо ба сарзаниш ва накӯҳиши онҳо ишора шудааст ривояте аст, ки Шайхайн дар саҳеҳи худашон аз Абӯсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят кардаанд, ки мегӯяд: «Ҳангоме, ки мо назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам будем ва ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро тақсим кард ва Зулхувайсира, ки марде аз Тамим буд назди ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам омад ва гуфт: «Эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам! Одил бош», фармуд: Вой бар ту! Агар ман одил намебудам, ноком мешудам ва зиёну зарар медидам». Умар, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Эй Расули Худо! Иҷоза бидеҳ гарданашро бизанам», фармуд: «Раҳояш кун, ӯ асҳоб ва ёроне дорад, ки ҳар як аз шумо намози худро дар муқоиса бо намози онҳо ва рӯзаи худро бо рӯзаи онҳо ҳақир ва ночиз медонад. Онҳо Қуръон мехонанд дар ҳоле, ки аз гулӯяшон фаротар намеравад. Онҳо аз дин хориҷ мешаванд ҳамон гуна, ки тир аз камон хориҷ мешавд. Нишонаи онҳо марде аст, ки яке аз бозуҳои ӯ чун пистони зан сиёҳ шуда ва ё монанди тиккаи гӯште ҳаракат мекунад ва онҳо дар як замон хуруҷ мекунанд ва ба унвони як фирқа аз мардум ҷудо мешаванд».
Абӯсаъид мегӯяд: «Ман шаҳодат медиҳам, ки ин ҳадисро аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам ва шаҳодат медиҳам, ки Алӣ ибни Абӯтолиб, разияллоҳу анҳу, бо онҳо ҷангид ва ман низ ҳамроҳи ӯ будам, ки дастур дода шуд он мардро оварданд ва бар асоси васфи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бадани ӯ нигариста шуд».
Шайхайн ҳамчунин ҳадис аз Абӯсалама ва Ато ибни Ясор ривоят кардаанд, ки он ду назди Абӯсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳу, омаданд ва аз ӯ дар бораи Ҳарурия пурсиданд, ки оё аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидӣ, ки фармуд: «Дар ин уммат қавме хориҷ мешавад, ки шумо намози худро дар муқоиса ба намози онон ночизу камарзиш мешуморед ва Қуръон мехонанд ва ин Қуръон хондан аз ҳалқи онҳо ё гулӯяшон фурутар намеравад ва аз дин хориҷ мешаванд ҳамонгуна, ки тир аз камон хориҷ мешавад».
Бухорӣ ҳадиси Усайд ибни Амрро ривоят мекунад ва мегӯяд: «Ба Саҳл ибни Ҳаниф гуфтам: «Оё аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидӣ, ки чизе дар бораи хавориҷ бигӯяд?» гуфт: «Аз ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам дар ҳоле, ки дасташро сӯи Ироқ дароз карда буд фармуд: «Аз он ҷо қавме хуруҷ мекунанд, ки хондани Қуръон аз гулӯящон фаротар намеравад. Аз ислом хориҷ мешаванд ҳамон тавр, ки тир аз камон хориҷ мешавад».
Дар ин се ҳадис ба равшанӣ сарзаниш ва накӯҳиши фирқаи хавориҷ дида мешавад ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро ба тоифае, ки аз дин хориҷ мешаванд тавсиф мекунад, ки дар дин бе ҷиҳат ва бе маврид сахтгирӣ мекунанд ва дар њоли даромадан дар дин аз он зуд хориҷ мешаванд ва аз он фоидае намебаранд ва ҳатто ҳадиси аввал аз ин ҳадисҳои сегона шомили ин матлаб мешавад, ки онҳо бо аҳли ҳақ меҷанганд ва дар миёни онон марде, ки дасташ чунину чунон аст ва ҳамаи ин мавридҳо ҳамон гуна, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар дода буд рух дод ва дар ин фармоиши Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки фармуд: «Қуръон аз гулӯи онон фурутар намеравад ду эҳтимол вуҷуд дорад:
1- Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки қалбҳои онон Куръонро намефаҳманд ва онро бар ғайр аз мурод ва ҳадафи он ҳамл мекунанд.
2- Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳадаф аз он ин бошад, ки тиловати онон ба назди Худованд боло намеравад.

Аз ҷумла сифатҳои сарзанишшудаи онон, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро сарзаниш намудааст, ин аст ки «Онҳо аз имон ҷуз ба забон овардани ҳоли он фоидае набурдаанд ва дорои ақл ва хиради заиф ва пасте ҳастанд ва вақте Қуръон мехонанд бар асоси фаҳми нодурусти худ ба шиддат гумон мекунанд, ки Қуръон бо онҳо аст дар ҳоле, ки бар зидди онон аст».
Бухорӣ ҳадисе аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки ӯ мегӯяд: «Вақте ман ҳадисе аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои шумо бигӯям, ба Худо қасам, агар аз осмон фуру биафтам барои ман дӯстдоштанитар аз он аст, ки чизе ба дурӯғ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бигӯям ва агар дар бораи ончӣ, ки байни ман ва шумо будааст барои шумо чизе бигӯям, бояд бидонед, ки ҷанг як ҳила ва найранг аст ва ман аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам, ки фармуд: «Дар охири замон қавми камсинну сол ва заифақл хуруҷ хоҳанд кард дар ҳоле, ки беҳтарин суханони мардумро ба забон меоваранд ва имонашон аз ҳалқ ва гулӯҳо фурутар намеравад, онҳо аз дин хориҷ мешаванд ҳамон тавр, ки тир аз камон хориҷ мешавад».
Дар ин ду ҳадис сарзаниши хавориҷ ин гунна омадааст, ки имони онон чизе ҷуз ба забон овардани он нест ва ҳадиси аввал далолат бар ин амр мекунад, ки онҳо ба забон имон меоваранд на ба қалб. Аммо ин ҳадисе, ки ҳадиси Зайд ибни Ваҳаби Ҷуҳанӣ ба нақл аз Алӣ, разияллоҳу анҳу аст, ӯ дар ин ҳадис имонро бар намоз итлоқ кардааст ва ҳар ду ҳадис далолат бар ин доранд, ки имони онон дар забон ва нутқашон маҳдуд аст ва аз гулӯ ва ҳалқашон фурутар намеравад ва ин бадтарин ва қабиҳтарин сарзаниш барои касоне аст, ки ба он васф мешаванд.

Аз ҷумла сифатҳои зишту бади дигаре, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳоро сарзаниш кардааст ин аст, ки: Онҳо аз дин хориҷ мешаванд ва муваффақ ба бозгашт ба он намешаванд ва онҳо бадтарини мардум ва махлуқот ҳастанд:
Муслим ҳадиси Абӯзар, разияллоҳу анҳуро ривоят мекунад, ки гуфт: «Баъд аз ман аз миёни умматам қавме хоҳад омад, ки Қуръонро мехонанд дар ҳоле, ки аз гулӯи онҳо фурутар намеравад ва аз дин хориҷ мешаванд ҳамон гуна, ки тир аз камон хориҷ мешавад ва сипас ба он боз мегарданд ва онҳо бадтарини мардум ва махлуқот ҳастанд».
Аз ҳадиси Абӯсаъид ривоят шудааст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз қавме ёд кард, ки дар миёни уммати ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳанд буд ва ба унвони як фирқа аз миёни мардум хориҷ мешаванд ва сару рӯяшон тарошида шудааст. Мефармояд: «Онҳо бадтарини мардум ё аз бадтарин мардум ҳастанд, ки наздиктарини он ду гурӯҳ ба ҳақ бо онҳо меҷангад».

Аз сифатҳои дигаре, ки аз забони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам онҳо мавриди сарзаниш қарор гирифтаанд ин аст, ки онҳо мабғузтарини мардум назди Худованд ҳастанд:
Ҳадиси Убайдуллоҳ ибни Абӯрофиъ ғуломи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар саҳеҳи Муслим омадааст, ки Ҳарурия вақте хуруҷ карданд ва Убайдуллоҳ низ ҳамроҳи Алӣ, разияллоҳу анҳу, буд гуфтанд: «Ло ҳукма илло лиллоҳ», Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Ин калимаи ҳаққе аст, ки ба василаи он амри ботил талаб мешавад. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам гурӯҳеро тавсиф кард, ки сифати ононро мешиносам ва онҳо бо забони худ сухани ҳақро мегӯянд, аммо аз инҷо фурӯтар намеравад гуфт ва ба ҳалқи худ ишора кард ва фармуд онҳо аз мабғузтарин бандагони Худо дар назди ӯ ҳастанд. Дар миёни онҳо як марди сиёҳ аст, ки яке аз дастҳояш мисли пистони гӯсфанд аст». Вақте Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо онон ҷангид гуфт: «Он мардро биҷӯед», аммо онҳо чизе наёфтанд. Ӯ ду ё се бор инро такрор кард: «Баргардед, ба Худо қасам, ман дурӯғ нагуфтам ва ба ман дурӯғ гуфта нашудааст». Сипас ӯро дар вайронае пайдо карданд ва оварданд ва дар пеши Алӣ, разияллоҳу анҳу, қарор доданд». Убайдуллоҳ мегӯяд: «Ман дар онҷо ҳозир будам ва шоҳиди кори онон ва сухани Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар бораи онон будам».
Аз ҷумла сифатҳои қабиҳе, ки бар забони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои онон ҷорӣ шудааст, ин аст, ки онҳо аз шинохти ҳақ ва ҳидоят бар асоси он маҳрум ҳастанд. Муслим дар саҳеҳи худ ҳадиси Юсайр ибни Амр ба нақл аз Саҳл ибни Ҳаниф ва ӯ ба нақл аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро ривоят мекунад, ки фармуд: «Қавме аз ҷониби машриқ гумроҳ мешаванд, ки дорои сарҳои тарошида ҳастанд».
Нававӣ ҳам ин сухани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро мегӯяд: «Ятияҳу қавмун қибалал-машриқи муҳаллақата руъусиҳим».
«Қавме аз ҷониби машриқ гумроҳ мешаванд» ба ин маънӣ аст, ки аз роҳи рост ва дуруст ва роҳи ҳақ хориҷ мешаванд. Мегӯяд: «Тоҳ» ба маънии ин аст, ки биравад ва ба роҳи ҳақ ҳидоят нашавад». Валлоҳу аълам.
Аз сифатҳои сарзанишшудаи дигари хавориҷ, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар дод, ки дар мавриди онҳо рух медиҳад, ин аст, ки онҳо муътақид ба куштани мусалмонон ва раҳо кардани бутпарастҳо ва салибиҳо мешаванд. Шайхайн дар саҳеҳҳои худашон ҳадиси Абӯсаъиди Худрӣ, разияллоҳу анҳуро ривоят кардаанд, ки мегӯяд: «Алӣ, разияллоҳу анҳу, замоне, ки дар Яман буд миқдори тиллоеро, ки омехта бо хоки маъданаш буд назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристод ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро байни чаҳор нафар тақсим кард. Марде дорои риши ғафс, рухсораҳои баромада, пешонии барҷаста ва сари тарошида омад ва гуфт: «Эй Муҳаммад! Аз Худо битарс». Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Агар ман дар баробари Худо исён (гуноҳ) кунам чӣ касе аз ӯ итоат мекунад? Ӯ маро амини аҳли замин қарор додааст, оё шумо маро амин намедонед?». Мегӯяд: «Он мард пушт гардонида рафт ва яке аз афроди он ҷой, ки ривоят мекунанд Холид ибни Валид будааст иҷоза хост, ки ӯро бикушад. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Аз табори ин мард қавме меояд, ки Қуръон мехонанд ва Қуръон аз ҳалқҳояшон фурутар намеравад, бо аҳли ислом меҷанганд ва бутпарастонро раҳо мекунанд, аз дини ислом хориҷ мешаванд ҳамон гуна, ки тир аз камон хориҷ мешавад, агар онҳоро бубинам монанди қавми Од онҳоро хоҳам кушт».
Дар инҷо муъҷизаи ошкор аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам вуҷуд дорад ҳамон гунае, ки хабар медиҳад воқеъ мешавад ва онон шамшери худро зидди аҳли ислом барои ҷанг бардошта ва дар баробари кофирони яҳуд ва масеҳиён онро дар ғилоф мегузоштанд, ки ба хости Худованди мутаъол баҳс дар бораи онҳо хоҳад омад.
Аз сифатҳои қабеҳи дигаре, ки сарзаниш ва накӯҳиш ва беобругӣ ва ор барои хавориҷ аст, ин аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар сурати зоҳир шудани онҳо ба ҷанг бо онон тарғиб мекунад ва хабар медиҳад, ки агар худаш онҳоро бубинад, онҳоро монанди қавми Од ва Самуд аз байн мебарад ва хабар медиҳад, ки ҳар кас бо онҳо биҷангад дар рӯзи қиёмат дар назди Худованди мутаъол аҷр ва подош дорад ва Худованд чаҳорумин халифаи рошидиро ба ҷанг бо онҳо ва куштанашон мушарраф гардонид, зеро онҳо дар замони ӯ зуҳур карданд ва ӯ бо таваҷҷӯҳ ба тавсифи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз онҳо, зуҳурашонро муайян кард ва ҳамроҳ бо як лашкаре, ки барои ҷанг бо аҳли Шом омода карда буд ба самти онон рафт ва дар Наҳравон бо онҳо ҷангид ва ба ҷуз шумораи андаке яъне камтар аз даҳ нафар касе аз онҳо наҷот наёфт, ки баёни он хоҳад омад. Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар аввал бо онҳо наҷангид то, ин ки онҳо хуни ҳаром рехтанд ва амволи мусалмононро ғорат карданд ва Алӣ, разияллоҳу анҳу, барои бартараф кардани зулм ва гумроҳияшон замоне бо онҳо ҷанг кард, ки амалҳо ва суханони шарри худро изҳор карданд. Мо дар инҷо ба ин миқдор ҳодисаҳои ривоятшуда дар сарзаниши хавориҷ басанда мекунем, зеро, ки ҳадисҳои воридшуда дар сарзаниши онҳо бисёр зиёд ҳастанд ва кам китобе аз китобҳои суннати пок ёфт мешавад, ки холӣ аз ин сифот бошад. Бо хости Худованди мутаъол дар саҳифаҳои баъдии ин силсила мақолот дар бораи оғози пайвастани онон ба Ҳаруро, мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо онҳо, алоқаи Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба роҳнамоӣ ва ҳидояти онҳо, сабабҳои ҷанги Наҳрвон ва натиҷаҳои он ва усули хавориҷ ва муноқиша ва баррасии он усул ва ин, ки оё афкор ва гароишҳои хавориҷ ҳамчунон дар миёни мардум вуҷуд доранд ё не ва сабабҳои он ва чигуна бояд баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд, баҳс хоҳад шуд.Бо сомонаи Васатият бошед то аз ҳами он ҳодисот бо хабар шавед.

Share This Article