Аз дидгоҳи Алӣ, разияллоҳу анҳу, авлавияти Абӯбакр

Ислоҳ нет

Аз дидгоҳи Алӣ, разияллоҳу анҳу, авлавияти Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз ҳама бештар буд

Дар ривоятҳои мутавотир аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, собит аст, ки аз дидгоҳи вай Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз дигар саҳобагон дида фазилати бештаре дорад ва дар хилофат аз ҳама муқаддамтар аст, аз ҷумла:

1- Аз Муҳаммад ибни Ҳанифа ривоят аст: «Ба падарам гуфтам: Баъд аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ касе беҳтар аст? Гуфт: «Абӯбакр», гуфтам: Баъд аз ӯ? Гуфт: «Умар» ва тарсидам бигӯяд Усмон, гуфтам: Баъд аз он ду ту ҳастӣ? Фармуд: «Ман марде аз мусалмонон беш нестам».[i]
2- Аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят аст, ки фармуд: «Шуморо хабар надиҳам, ки беҳтарини ин уммат баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам кист? Абӯбакр аст». Сипас гуфт: «Оё ба шумо бигӯям, ки баъд аз Абӯбакр аз ҳама чӣ касе беҳтар аст? Умар аст.[ii]

Аз Абувоил Шақиқ ибни Салама ривоят аст: Ба Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфтанд: Оё барои худат ҷонишине таъйин намекунӣ? Гуфт: «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам халифа таъйин накард, ки ман таъйин кунам, лекин агар Худованд барои мардум иродаи хайре карда бошад ба зудӣ онҳоро пас аз ман бар беҳтаринашон ҷамъ хоҳад кард, ҳамон тавр, ки баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар беҳтаринашон ҷамъ кард.[iii]

3- Алӣ, разияллоҳу анҳу, мегӯяд: «Ҳар кас маро аз Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ва аз Умар, разияллоҳу анҳу, бартар ва афзалтар бидонад бар ӯ ҳадди тӯҳмат заданро иҷро мекунам». [iv]

4- Сухани маъруфи Алӣ, разияллоҳу анҳу, дар посухи Абусуфён, ки гуфт: «Мо барои он – хилофат – фарди шоистаеро ёфтаем».

Асарҳо ва ривоятҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки аз онҳо ба равшанӣ пайдо аст, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу ва Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, робитаи бисёр хуб ва самимӣ бо ҳам доштанд, аз ҷумла:

а- Аз Уқба ибни Ҳорис ривоят аст: «Пас аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз намози аср берун омадем, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, низ бо мо буд. Дар роҳ, ки мерафтем ба Ҳасан ибни Алӣ, разияллоҳу анҳу, ки бо кӯдакон бозӣ мекард расидем. Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, ӯро ба оғуш гирифт ва бар гарданаш савор кард ва гуфт: «Падарам фидоят бод! Ҳасан монанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, на Алӣ, разияллоҳу анҳу.» Алӣ, разияллоҳу анҳу, бошад аз ин суханони Абӯбакр, разияллоҳу анҳу механдид».[v]

б- Аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят аст: «Ҳар кас як ваҷаб аз ҷамоати мусалмонон фосила гирад, бе гумон аз ислом хориҷ шудааст.[vi] Оё Алӣ, разияллоҳу анҳу, ки чунин мегӯяд, худаш мухолифи ин сухан рафтор мекунад? Ӯ, ки ихтилофро нописанд медонад ва бар ҳифзи ҷамоат ва иттиҳод ҳарис аст, ҳатман бар хилофи ин асл рафтор намекунад. Қуртубӣ мегӯяд: «Ҳар кас дар ончӣ байни Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ва Алӣ, разияллоҳу анҳу, аз гила ва узрхоҳиҳое, ки радду бадал шудааст тааммул кунад ва ба ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангии онҳо диққат дошта бошад, ба хубӣ дармеёбад, ки ҳар як аз он ду ба фазилат ва эҳтироми якдигар эътироф доштаанд ва қалбҳояшон бар эҳтиром ва муҳаббати мутақобил метапид, ҳарчанд табиати башарӣ гоҳе бар вай ғалаба кунад, аммо диндорӣ онро дафъ мекунад».[vii]

Ин, ки дар ривоятҳо омада, ки Зубайр ибни Аввом, разияллоҳу анҳу, аз байъат саркашӣ карда аз тариқи ривояти саҳеҳ собит нест ва ҳатто дар ривоёти саҳеҳ ҳақиқат ба гунае аст, ки ин иддаъоро рад мекунад. Ҳақиқат ин аст, ки дар ҳамон оғози амр ӯ байъат карда ва ин масъала дар ривояти саҳеҳе ба ривояти Абӯсаъид ва дигар асари ворид шуда собит шудааст.[viii]

в- Олиме гуфта: «Ба тавотур аз Алӣ, разияллоҳу анҳу, ривоят аст, ки мегӯяд: «Беҳтарин афроди уммат баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, сипас Умар, разияллоҳу анҳу, аст». Ин ривоят аз ӯ ба тариқҳои мухталиф нақл шудааст то ҷое, ки гуфтаанд: Ба ҳаштод тариқ мерасад. Аз ӯ ривоят аст, ки фармуда: «Ҳеҷ кас пеши ман оварда нахоҳад шуд, ки маро бар Абӯбакр, разияллоҳу анҳу ва Умар, разияллоҳу анҳу, бартарӣ диҳад, магар ин, ки бар ӯ ҳадди тӯҳматзанандаро иҷро хоҳам намуд»[ix] ва низ мегӯяд: «Ҳаргиз Алӣ, разияллоҳу анҳу, нагуфта, ки ман ба хилофат мустаҳиқтарам ё фалонӣ мустаҳиқтар аст, балки фақат касоне, ки дар онҳо осору нишонаҳои ҷоҳилияти арабӣ ва тақлид аз Форс (эрониён) будааст, ки гуфтаанд: Аҳли байт ба вилоят сазовортаранд, зеро дар даврони ҷоҳилият, арабҳо ханаводаи раис ва раисҳояшонро ба вилояти аҳдӣ бартарӣ медоданд ва муқаддам медонистанд. Ҳамин расм дақиқан дар миёни форсҳо ривоҷ дошта, ки хонаводаи подшоҳро барои раёсат ва подшоҳӣ муқаддам медонистанд ва маврусӣ буд».[x]

г- Ба кор бурдани лақаби «сиддиқ» барои Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, ва гувоҳии Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба пешӣ гирифтани Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, дар ислом ва шуҷоат: Аз Яҳё Ҳаким ибни Саъид ривоят аст, ки гуфт: Шунидам Алӣ, разияллоҳу анҳу, савганд хӯрда гуфт: «Қасам ба Худованд, ки номи «сиддиқ» аз осмон барои Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, нозил шудааст». [xi] Аз Силла ибни Зухари Абасӣ ривоят аст, ки гуфт: Ҳар гоҳ пеши Алӣ, разияллоҳу анҳу, номи Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, бурда мешуд, мегуфт: «Аз пешигиранда сухан мегӯед ва ёд мекунед, савганд ба Он Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯ аст, дар ҳеҷ амри хайре қасди пешӣ нагирифтем, магар ин, ки медидем Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз мо пешӣ гирифтааст».[xii]

Аз Муҳаммад ибни Ақил ибни Абӯтолиб ривоят аст: Алӣ, разияллоҳу анҳу, барои мо суханронӣ кард ва гуфт: «Эй мардум! Шуҷоътарини мардум кист?» гуфтем: Шумо эй Амири мӯъминон! Гуфт: «Абӯбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу, шуҷоътаринги мардум аст. Дар рӯзи ҷанги Бадр мо барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам соябоне дуруст карда будем, гуфтем: чӣ касе дар канори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам истода ва аз ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам нигаҳбонӣ мекунад, то касе аз мушрикон ба ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам наздик нашавад? Касе ҷуз Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, барои нигаҳбонӣ наистод. Ӯ буд, ки бо шамшери аз ғилоф кашида дар канори сари мубораки ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам истода буд, Ҳар гоҳ касе мехост ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам наздик шавад, Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, бо шамшераш пеши ӯро мегирифт ва ман мегӯяд Алӣ, разияллоҳу анҳу, худам дидам, ки мушрикон гулӯи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро гирифтаанд ва такон медиҳанд ва мегӯянд: «Ту ҳамон касе ҳастӣ, ки маъбудонро якто донистаӣ». Савганд ба Худо касе ҷуз Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, ба ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам наздик нашуд. Дар он замон Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, ду гесӯи дароз дошт дар ҳоле, ки чун бо суръат меомад гесувонашро канор мезад. Ӯ дар ҳамин ҳол омад ва гуфт: «Вой бар шумо! Оё мардеро, ки мегӯяд Парвардигорам Аллоҳ аст мекушед?! Ва ҳол он ки бароятон аз ҷониби Парвардигораш нишонаҳои возеҳ ва равшан овардааст! Дар он рӯз яке аз ду гесӯи Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, канда шуд». Ровӣ мегӯяд: Алӣ, разияллоҳу анҳу, мухотабонро савганд дод, ки оё назди шумо мӯъмини оли Фиръавн беҳтар буда ё Абӯбакр, разияллоҳу анҳу. Мардум чизе нагуфтанд, Алӣ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Савганд ба Худо! Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, аз мӯъмини оли Фиръавн беҳтар аст, он мард, ки имонашро пӯшид ва Худованд ӯро сутуд (таъриф кард), аммо Абӯбакр, разияллоҳу анҳу, ҷон ва хуну молашро дар роҳи Худо фидо кард».[xiii]

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
[i]. Бухорӣ.

[ii]. Муснади Аҳмад 1\106, 110, 127. Аҳмад Шокир бештар туруқи ин аҳодисро саҳиҳ донистааст.

[iii]. Мустадрак, Ҳоким 3\79. Иснодаш саҳиҳ аст. Заҳабӣ бо он мувофиқ аст.

[iv]. Фазоилу-с-саҳоба 1\83 дар санади он заъф вуҷуд дорад.

[v]. Муснади Аҳмад, ба таҳқиқи Аҳмад Шокир, исноди он саҳиҳ аст 1\170.

[vi]. Мусаннафи Ибни Абӯшайба 15\24, аз мурсали Абӯториқи Аздӣ ва ӯ садуқ аст ва риҷоли санад сиққа мебошанд. Хилофату Абӯбакр, с. 80.

[vii]. Фатҳулборӣ 7\495.

[viii]. Хилофату Абӯбакр, с. 81.

[xi]. Алмуъҷамул-кабир, Табаронӣ 1\ 55. Ҳофиз дар Алфатҳ мегӯяд: Риҷоли он сиққа мебошанд.

[xii]. Табаронӣ фил-Авсат 7\ 207, 208 исноди он заиф аст.

[xiii]. Аммустадрак 3\67, саҳиҳ аст бар шарти муслим ва Заҳабӣ ба он мувофиқ аст

Share This Article