Хотима ё фарҷоми нек – 2

Ислоҳ нет

Бахши дуввум

Аллоҳ сифоти муъминонро дар Қуръон баён намудааст:

إِنَّ ٱلَّذِینَ هُم مِّنۡ خَشۡیَهِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ۵٧ وَٱلَّذِینَ هُم بِ‍َٔایَٰتِ رَبِّهِمۡ یُؤۡمِنُونَ۵٨ وَٱلَّذِینَ هُم بِرَبِّهِمۡ لَا یُشۡرِکُونَ۵٩ وَٱلَّذِینَ یُؤۡتُونَ مَآ ءَاتَواْ وَّقُلُوبُهُمۡ وَجِلَهٌ أَنَّهُمۡ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ رَٰجِعُونَ۶٠ أُوْلَٰٓئِکَ یُسَٰرِعُونَ فِی ٱلۡخَیۡرَٰتِ وَهُمۡ لَهَا سَٰبِقُونَ۶١

 

Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд ва онҳое, ки  ба Парвардигорашон ширк намеоваранд ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунанд, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд, инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва  дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд. (Сураи Муъминун, оёти 57-61)

 

Аллоҳи мутаол дар ин оёт чанд сифат аз муъминонро баршумурдааст, ки дар вуҷуди ҳар кас ин сифот ёфт шуд ӯ муъмин аст.

  1. Аз азоби Илоҳӣ хавфи бисёр дорад.

  2. Ба оёти Илоҳӣ имон дорад.

  3. Барои Худованд шарик муқаррар намекунад.

  4. Дар роҳи Аллоҳ масраф ё садақа мекунад, дар ҳоле, ки дилҳояшон барои бозгашт ба сӯйи Аллоҳ иштиёқ ва дар некиҳо шитоб дорад.

  5. Дар шитоб ба сӯи некӣ бо ҳамдигар рақобат доранд.

 

Ҳолатҳои тамоми асҳоб (разияллоҳу анҳум) низ ҳамин тавр буда, ки аз Аллоҳ тарс доштанд ва амали некӯи зиёде анҷом медоданд ва ҳар кас қасд дошт аз дигари сабқат бигирад, чунонки Имом Аҳмад аз ҳолати Абӯбакр разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки мефармуд:

 

“Ин забон маро дар ҷойҳои бисёр ворид кардааст”

 

Ин ҳолати беҳтарини уммати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) будааст. Аммо ҳолати Ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) чӣ гуна буда, ривоят шуда, ки ин Ҳазрат фармуд: ман аз ду чиз зиёд тарс дорам:

1.Орзӯҳои тулонӣ.

2.Пайравии ҳавоҳои нафсонӣ.

Дақиқан ин ду чиз сабаби ҳалокати бисёре аз мардумон мегардад.

 

Аммо сабаби хавфи эшон чӣ буд?

Мефармояд: Орзӯҳои тулонӣ сабаб мешавад, ки инсон охиратро фаромӯш кунад. Чӣ басо инсон орзӯҳоеро дар дил дорад ва ба онҳо намерасад ва марг ба суроғи ӯ меояд. Дар ҳоле, ки на барои охирати худ чизеро захира карда ва на ба орзӯи хеш расидааст. Аммо пайравии ҳавоҳои нафсонӣ инсонро аз ҳақ мунҳариф мегардонад. Ва дар ҷое Ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) фармуда, ки дунё пушт карда меравад, яъне дунё ба охирзамон расида ва қиёмат наздик аст ва охират босуръат ба сӯи инсон меояд. Ва инро бидонед, ки ҳар як аз ин ду (дунё ва охират) фарзандоне доранд. Шумо коре кунед, ки аз фарзандони охират бошед ва мувозиб бошед, то аз фарзандони дунё қарор нагиред, ки дунё ва муҳаббат ва орзӯҳои он сабаби ҳалокати шахс дар ҳар ду ҷаҳон мешавад. Бидонед, ки имрӯз рӯзи амал ва кишту кор аст. Ва рӯзи ҳисобу бардошт нест. Аммо фардо (охират) рӯзи бардошту ҳисоб аст ва рӯзи амалу кишт нест. Агар касе чизеро дар ин дунё кишт кард фардо онро бардошт мекунад. Ҳамоно тавре ки медонед марги ногаҳонӣ дар ислом бисёр зишту нописанд аст, зеро инсонро дар ҳолати бехабарӣ фаро мегирад ва ҳеҷ гуна муҳлате ба ӯ намедиҳад ва чи басо инсонҳое буданд, ки машғули маъсият буданд ва дар ҳамон ҳол руҳашон аз бадан ҷудо шуда, хотимаи онҳо бо маъсият ва гуноҳ ҳамроҳ шудааст ва асари баде бар ӯ мегузорад. Худованд моро дар паноҳи исмати хеш муҳофизат намояд.

 

Ҳамчунин гузаштагони солеҳи мо аз хотимаи  бад тарси бисёр зиёд доштанд, чунонки Саҳли Тустарӣ(раҳ) мефармояд: Содиқин дар тамоми ҳолатҳои умри худ аз ин тарс доштанд, ки мабодо бо хотимаи бад аз ин дунё рахти сафар бубанданд ҳамон гуна, ки Аллоҳ онҳоро дар Қуръон тавсиф намудааст:

وَّقُلُوبُهُمۡ وَجِلَهٌ

 

Онҳо афроде ҳастанд, ки қулубашон тарсон аст. Инсон бояд дар тамоми ҳолот мутаваҷҷеҳ бошад, то амалеро анҷом надиҳад, ки бар хотимаи ӯ асари бад бигзорад ва бо хотимаи бад аз ин дунё биравад.

 

Бояд ҳамеша ин ҳолат дар муқобили чашмаш маҳсуб ва зоҳир бошад, зеро ҳамин хавф аз хотимаи бад сабаб мешавад, ки инсон ба сӯи амали нек рӯй биоварад ва амали худро ба таври саҳеҳ анҷом диҳад. Чунонки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:

 

«مَنْ خَافَ أَدْلَجَ وَمَنْ أَدْلَجَ بَلَغَ الْمَنْزِلَ أَلاَ إِنَّ سِلْعَهَ اللَّهِ غَالِیَهٌ أَلاَ إِنَّ سِلْعَهَ اللَّهِ الْجَنَّهُ».

 

“Касе, ки аз хотимаи худ тарс дошта бошад, шитоб мекунад ва касе ки шитоб мекунад, (зуд) ба манзил мерасад. Огоҳ бошед колои худовандӣ бисёр гарон аст ва колои Илоҳӣ ҷаннат аст”

 

Албатта вуруди ҷаннат ба осонӣ ба даст намеояд ва барои ба даст овардани он заҳмат бояд кашид.

 

Ҳамон тавре, ки барои ба даст овардани ҳар чизе бояд заҳмат бикашем. Барои шахсе, ки марги онҳо фаро расида ва аломати марг дар вуҷудашон зоҳир шудааст,  бояд умеди онҳо дар он ҳангом бештар шавад. Барои мулоқоти Аллоҳ муштоқ бошанд. Чуноки гуфта шудааст ««مَنْ أَحَبَّ لِقَاءَ اللَّهِ أَحَبَّ اللَّهُ لِقَاءَهُ»

 

«Касе, ки муштоқи мулоқот бо Аллоҳ бошад Аллоҳ низ муштоқи мулоқот бо ӯ аст».

 

 

Расули Худо фармуданд: «لَا یَمُوتَنَّ أَحَدُکُمْ إلَّا وَهُوَ یُحْسِنُ الظَّنَّ بِاَللَّهِ »

 

«Дар ҳоле аз дунё биравед, ки нисбат ба Аллоҳи мутаол гумони нек дошта бошед».

 

Аммо бештари мусалмонони ҷоҳил бар фарох ва паҳнои бекарони раҳмати Илоҳӣ ва бар авфу мағфирати ӯ таваккул кардаанд ва мегӯянд, ки Аллоҳ ғафуру раҳим ва раҳмати ӯ васеъ аст. Дар ҳоле ба баҳри гуноҳон ғутавар шудаанд ва гуноҳони бисёре анҷом медиҳанд, ки аз Худой бехабаранд ва ба сӯи Ӯ тавба намуда, боз намегарданд. Танҳо бар ин таваккул кардаанд, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва бар ҷаҳли Худашон боқӣ мондаанд, дар ҳоле, ки ин истидлоли онҳо бисёр хато аст ва сабаби ҳалокати онҳо мегардад.

 

Чунонки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

 

««الْکَیِّسُ مَنْ دَانَ نَفْسَهُ، وَعَمِلَ لِمَا بَعْدَ الْمَوْتِ، وَالْعَاجِزُ مَنْ أَتْبَعَ نَفْسَهُ هَوَاهَا، وَتَمَنَّى عَلَى اللَّهِ» »

 

«Оқил касе аст, ки нафси худро паст бишморад ва барои баъд аз марг амал кунад ва шахси оҷиз ва нодон касе аст, ки аз ҳавоҳои нафсонии худ пайравӣ кунад ва бар Худо таваккул дошта бошад».

 

Эй инсон, бидон, дар ҳоле, ки Худо ғафуру раҳим аст дар муқобил шадидулиъқоб низ ҳаст ва дар Қуръон, дар оятҳои гуногуне ба он ишора кардааст.

 

نَبِّئۡ عِبَادِیٓ أَنِّیٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِیمُ۴٩ وَأَنَّ عَذَابِی هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِیمُ

 

«Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омурзандаву меҳрубонам. Ва азоби Ман азобе дардовар аст»!(Сураи Ҳиҷр, оёти 49-50)

Ва дар ҷои дигар фармудааст:

 

«تَنزِیلُ ٱلۡکِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِیزِ ٱلۡعَلِیمِ٢ غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوۡبِ شَدِیدِ ٱلۡعِقَابِ ذِی ٱلطَّوۡلِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ إِلَیۡهِ ٱلۡمَصِیرُ»

 

«Ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди доно нозил шудааст, Ӯ омурзандаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби  неъматҳост. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст». (Сураи Ғофир, оёти 2-3)

 

..Умеди раҳмату меҳрубонӣ доштан аз касе, ки ӯро итоат намекунӣ ва бар зидди ӯ кор мебарӣ, ҳамоқате беш нест. Ҳамчунин шахси мусалмон бояд ҳамеша дар ин фикр бошад, ки агар аз мардум қарзе дорад, онро адо кунад ва бар адо кардани он кӯшиш дошта бошад ва ҳадисе аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят шуда, ки фармуданд:

 

«مَنْ أَخَذَ أَمْوَالَ النَّاسِ یُرِیدُ أَدَاءَهَا أَدَّى اللَّهُ عَنْهُ، وَمَنْ أَخَذَهَا یُرِیدُ إتْلَافَهَا أَتْلَفَهُ اللَّهُ علیه».

 

«Касе, ки амволи мардумро бигирад ва қасди адои онро дошта бошад Худованд аз ҷониби ӯ қарзашро адо мекунад, яъне Худованд тариқаи адои қарзашро фароҳам менамояд» ва агар қарз гирифт, аммо қасди талафи моли мусалмонро дошт Худованд низ моли ӯро талаф мекунад ва аслан мол ҷамъ карда наметавонад ”

 

Агар бар шахсе зулму ситам раво дошта ё аз ӯ ғайбат карда бошӣ, бояд ба фикри розӣ сохтани он шахс бошӣ ва аз тарафи муқобил талаби афву бахшиш намоӣ. Зеро ҳеҷ шаке нест, ки дар рӯзи қиёмат он шахс ҳақашро мутолаба мекунад ва ҳатман Худованд ӯро муҳокима хоҳад кард ва ривоят шуда, ки агар ҳайвоне ҳайвони дигарро шох бизанад дар рӯзи қиёмат зинда мешавад ва қасос мегирад. Шахсе, ки мадюн аст ё зулмеро бар бародари худ раво дошта, агар ҳасаноте дар номаи аъмоли ӯ бошад, аз ҳасаноти ӯ ба тарафи муқобил дода мешавад ва агар некӣ надошта бошад аз гуноҳони тарафи муқобил бардошта мешавад ва ба ӯ дода хоҳад шуд. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: нафси муъмин ба хотири динаш муаллақ аст, то барои ӯ файсала шавад.

 

Поёни бахши дуввуми ”Хотима ё фарҷоми нек”.

Агар фурсат бароям имкон диҳад, бисту чор ҳолати хотимаи некро тақдим менамоям. Пас аз он мегузарем ба “Хотима ё фарҷоми бад” Ин шо Аллоҳ.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article