Гӯристони деҳаи Боғи мирии ҷамоати деҳоти Ромитро ҳам фурӯхтанд. Ин деҳа ва ин қисмат аз дараи Ромитро ҳамчун заповедник-мамнӯъгоҳи Ромит мешиносанд. Бори охир моҳи 29 июли соли ҷорӣ як нафар муаллими деҳаро дар ин гӯристон бо як азобу ситаме ба хок супориданд. Ҳамонро ҳам бо дастгирии раиси ҷамоат ва муовини раиси шаҳри Ваҳдат. Вагарна вақти кандани қабр меоянду белу каланди қабрканҳоро аз дастонашон гирифта худашонро аз оромгоҳ берун мекунанд.
Дар бораи вазъияти ин гӯристон як филми ҳуҷҷатӣ ҳам дар шабакаи YouTube дар гардиш аст. Манзурашон Далери Имомалӣ аст,ки як наворе аз сокинони ин минтақа барои гуристон намуда буданд. Аммо сокинони ин деҳа гуфтанд, ки баъд аз нашри ин навор чандин нафарро бурда дар подвали милисаи Ваҳдат кормандони «6-ой» отдел мурданивор кӯфтаанд. Сокинони деҳаи Боғи мирии ҷамоати деҳоти Ромит бо мазмуни зайл барои мо нома фиристодаанд:
Номаи шикоятӣ:
«Ин номаро мо, сокинони ҷамоати деҳоти Ромит аз шаҳри Ваҳдат ба шумо мефиристем. Раиси ҷамоати мо Хурсанд Мирзоева мардуми одиро зери фишору зулм қарор додааст. Вай аз мардум барои участкаи наздиҳавлигӣ пули зиёд гирифт. Аммо то кунун барои ягон кас як ваҷаб ҳам замин надода истодааст. Вай ин пулҳоро тавассути домоди бародари калониаш Раҷабалӣ Ҷайлобов гирифт. Ҷайлобов барига аст, кораш фақат фурӯши наркотик мебошад. Худи Мирзоева Хурсанд ӯро дар ин кор «кришават» мекунад.
” Мирзоева Хурсанд боз як ҷияни дигар дорад, ки номаш Асалбек аст. Асалбек майдони футболи ҷавонҳои ҷамоатро ба зӯрӣ аз они худ кард. Вале арзу шикояти ҷавонҳоро касе аз мақомоти давлатӣ гӯш намекунад. Кор ба ҳадде расидааст, ки ин раиса муллоҳои Ромитро ҳам «давлатӣ» кардааст. Ин муллоҳо пеш аз намози ҷумъа фақат таърифу тавсифи Ҷанобро мекунанд. Садои азонро хеле ҳам паст карданд. Як муллои бузи амниятиҳо ҳаст, ки Мулло Ҳошим ном дорад. Дар бораи «буз»-и ҳои ин мулло дар барномаҳои дигаратон маълумот роҳӣ мекунем.”
Сардори Идораи хоҷагии ҷангали мамнӯъгоҳи Ромит Ҳамоиддин Маҳмудов ҷони мардумро ба лаб овардааст. Дар тамоми кор пул канда мегирад. Барои як хар алаф мардумро зери мушту лагад мегирад. Пули дудпулӣ те, алафпулӣ те, барои сиёалаф пул те, барои як дарза ҳезум пул те, барои гову мол пул те…фақат кораш ғорати мардум аст.
“Худу хешу табораш ҳатто ҳезуми тарро меоранду месӯзанд вале агар як камбағал як чӯби хушк ҳам биёрад, ӯро санад мекунад ва ҷарима мебандад. Домодҳои вай гуриситонро соҳибӣ кардаанд. Ҳоло дар гӯристон мурда дафн карданро манъ кардаанд. Бародари Ҳамоиддин, дар беморхонаи Ромит кор мекунад. Дар ҷамоат як раисаи дигар кор мекард. Бо вай ҳамхоба шуда ҳаромӣ ба бор овард. Номи ин раиса Бибимарям Сафарова аст.”
Як бародари дигар Ҳамоиддин муаллим аст. Маҳмудов Маъруф ном дорад. Як духтари 17соларо бачадор кард. Имрузу пагоҳ мегирам гуфта фиреб дода гаштааст. Маъруф муаллим дар деҳаи Кохут аст.
Дар ҳамон наворе, ки дар робита ба сарнавишти оромгоҳ ва роҳи деҳа,ки ба самти куҳу пушта меравад Ҳамоиддин Маҳмудов мардумро аз амният тарс медиҳад. Худи Ҳамоиддин рамаи бузҳои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бонӣ мекунад. Заминҳои мардумро гирифта худи мардумро намемонад, ки ҳатто роҳро гузаранд. Роҳи ба самти чарогоҳро бастааст. Чанд нафар одамҳое, ки барои гӯристон эътироз карда буданд, масалан Зафарро бурда дар подвал ҳамчунон заданд, ки дар баданаш ҷойи ободӣ намонд. Гӯристони деҳаро Ҳамоиддини сардори мамнуъгоҳ гирифта ба кадом як генерал додагӣ аст. Рамазон Раҳимзода дар тори сари онҳо «кришават» мекунад. Ҳамоиддин аз инҷо барои Рамазон Раҳимзода кабку моҳиву оҳуву харгӯш сайд карда бурда медиҳад ва ё агар ба ин тарафҳо дамгирӣ ояд бо ҳамин гунна гӯштҳо барои вай ва ҳамроҳонаш дастурхон ороста мекунад.
“Раисаи ҳозираи ҷамоат Хурсанд Мирзоева, вақти ҳодисаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015 ду- се нафар маҷрӯҳонро бурда супорид. Дар чанд ҷо лоф задааст, ки дугонаи Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай пештар дар боғчаи бачаҳо кор мекард. Ӯро раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиралиев «кришават» мекунад. Ин раиса аз ҳар хона барои замин пул гирифтагиаст. 20 то 30 сар гуспанд ҳам гирифтагӣ аст. Аммо, чуноне гуфтем ҳоло аз ин заминҳо хабаре нест.”
Талабаҳои мактабро «буз» кардагианд. Ҳар касе барномаҳои «Ислоҳ»-ро бинад, мераванду хабар мекашанд. Лекин, бовар кунед қариб ҳама мебинанд барномаҳои шуморо.
Дар ШКВД-«отдел»-и Тангаӣ ду- се бачаҳои кулобӣ кор мекунад. «Фалони очаҳо шумо ихеле ухеле, «Ислоҳ»- наҳзатро тамошо мекунед” гуфта мардумро сахт мезананд. То пул нагиранд ҷавоб намедиҳанд. Милисаи участковийи Ромит Сафар ном дорад. Ин Сафар «шестёрка»-и ҳаминҳо аст.
“Чанд вақт пеш аз болои Ҳамоиддин дар коррупсия навиштанд.Омаданду бурданд, Вале чизе нашуд. Вақте корнавирус масҷидро бастанд. Якҷоро лагер мегӯянд, дар онҷо намози боҷамоат ташкил карда буданд. Участковий омада «шумо гапи Ҷаноби олиро намегиред» гуфта масҷидро ҷарима кард. Муллоҳо хонабахона гашта аз мардум пул ҷамъ карданд то ҷаримаи масҷидро пардозанд.”
Ҳоло акнун баргардем ба қабристон. Баъд аз он навор тамоми одамҳое, ки бо он журналист гап зада буданд, бурда дар 6-ой отдел заданд. Ин гуристонро кадом генерал гирифтагӣ аст. Гӯристони деҳаро ҳам ба мамнӯъгоҳи Ромит ворид кардагианд. Худи мамнӯъгоҳи Ромитро Рамазон Раҳимзода аз они худ кардааст. Мардумро дохил шудан намемонанд. Мардуми деҳа мурдаҳояшонро ба дигар гӯристон мебаранд. Аммо сокинони деҳаҳои дигар мегӯянд, ки дар гӯристони худатон дафн кунед. Атрофи оромгоҳро симтур гирифтагианд. Вақте ба хоксупории муаллим аз Идораи ҷангал ва идораи замин омада бо мо ҷангҷол карданд. Танҳо дахолати раиси ҷамоат ва муовини раиси шаҳр сабаб шуд,ки муаллимро дар ин қабристон дафн кунем. Як сол зиёд шуд, ки моро аз оромгоҳ маҳрум кардагианд. Ба тамоми ҷо навиштем, аммо бефоида. Ҳамоиддин Маҳмудов, мудири мамнӯъгоҳ аз деҳаи Хӯшон аст. Ҳамоиддин Маҳмудов, мудири хоҷагии ҷангали мамнӯъгоҳи Ромит. Бо Рамазон Раҳимзода рафтуомад дорад.
Соли ҳодисаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим (сентябри 2015) мардуми гирду атрофии мамнуъгоҳ шикоят карданд. Бояд Ҳамоиддинро аз кор мегирифтанд, ҳамин Рамазон Раҳимзода ёрдамаш кард. Қарор шуда буд, ки ҳар сол барои 10 нафар камбизоат замини наздиҳавлигӣ дода мешавад. Лекин Хурсанд Мирзоева ин заминҳоро аз 40 то 70.000 сомонӣ мефурӯшад. Дар деҳаи Боғи мирӣ 100 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Мақсади инҳо аз гирифтани оромгоҳ ва ба мамнуъгоҳ дохил кардани он дар он будааст, ки баъди чанд сол онро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба мардум фурӯшанд. Масоҳати он аз 4 гектар зиёд аст. Ҳоло нархи як сотих замин аз 1000 доллар ҳам зиёд аст. Айни замон чанд гаваз оварда дар болои гӯрҳои мардум сар додаанд. Ҳамчунин бузҳои Рамазон Раҳимзода дар инҷо мечаранд. Аммо мардум ҷойи дафни азизони худро надоранд».