Қаҳрамони имрӯзаи Ислоҳ яке аз афроди хашин ва зургӯй ва силоҳбадасте,ки Раҳмоновро дар барқарор созии сохти “конститутсионӣ” кумак карда аст. Қумондони саҳроии солҳои ҷанги бародаркушӣ Иброҳим Исмоил аст. Ин нома пас аз баромадҳои хашини ӯ нисбати мухолифин ба Ислоҳ расида буд. Аз сабаби машғул буданамон ба дигар матолиб ин матлабро имрӯз мехоҳем тақдими хонандагони Ислоҳ намоем.
Ман зодаи шаҳри Кулобам. Ҳангоме,ки баромадҳои Иброҳим Исмоилро нисбати муборизони ҳақгӯи дидам хело хашму ғазабам боло рафт. Хостам шахсияти ин марди хашин ва ҷоҳилу писаркушро ба ҳама хонандагон ва бинандагони “Ислоҳ” бозгӯйи намоям. Аллоҳ шоҳид аст дар ин навишта ҳеҷ туҳмат ва дурӯғе нест.Ҳама ончи менависам аз шахсияти воқеии ӯ мебошад.
Зодгоҳи ман деҳаи Боғи ҳабиби ноҳияи Муминобод аст. Ҳамдеҳаи ҳамин Иброҳим Исмоил, ки солҳои ҷанги бародаркуш дар ш.Кулоб хеле бедодгариҳо кардааст. Дар гардани ин шахс хуни ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳи миллат мебошад.
Иброҳим Исмоил як духтар ва 4 писар дорад. Ҳоло ҳам дар ҳамин деҳа зиндагӣ дорад. Писари хурдиаш Асламбек аст. Вай аз падараш дида золимтар мебошад. Ин бадбахт се занро сар дода ҳоло бошад бо зани чаҳорум зиндагӣ дорад ва соҳиби як писару як духтар ҳам аст. Солҳои пеш мардум аз падари ӯ, ки қумандон буд, ҳазар ва ҳарос мекарданд ва ин Асламбек аз пушти падараш бисёриҳоро ғам медод. Тӯю маъракаҳои мардумро зиёд вайрон кардааст. Ҳоло бошад нештатники милисаҳо аст
Дар Кулоб як хатсайр аст ки дар он маршрутҳои №2 кор мекунанд ва ҳамин Асламбек диспетчери ҳамин хатсайр аст. Сари ҳар ронанда 500 сомонӣ мегирад сипас иҷозати кор медиҳад, ки дар ҳамон линия кор кунад. Аммо ҳамарӯза аз ҳар ронанда 10 сомонӣ чек мегирад. Дар ин линия беш аз 100 тангем кор мекунад. Ӯ ин маблағҳоро ба баҳонаи андоз ва ё таъмири роҳ мегирад. Аммо ҳоли зори ин хатсайрро мебинӣ, гиряат меояд. Даромади якрӯзааш 1000 сомонӣ.
Тамоми ронандагоне, ки дар ин хатсай кор мекунанд ба дод омадаанд. Рӯирост мегӯяд, ки «мефорад кор кунед,намефорад,шуморо касе инҷо намеқапад,ба куҷое шикоят мекунед,кардан бигиред.Ман любой зотша кашидагиюм.Як занги палковник басай любой зотшда» -яъне падарашро дар назар дорад
Писари дуюмаш дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар кадом шуъбаи милитсия кор мекунад. Соҳиби се фарзанд мебошад .
Писари дигариаш Тоҳир ном дорад. Аммо Тоҳир фарқ дорад. Марди хуб ва хоксор аст.Менӯшад вале зарараш ба касе нарасидааст.
Иброҳим Исмоил худашро дар солҳои нооромӣ 92 ҳамҷинсгаро эълон мекунад ва мардумро ба ҷанг даъват мекунад. Писараш Тоҳир бошад аз ин кори падар нангаш меояд,ки чаро чунин мегуяд ва хеле хашмгин шуда падарашро сарзаниш мекунад. Падар моро шарманда карди ин чи сухане буд гуфтед,мо сарамонро бардошта наметавонем. Аммо Иброҳим Исмоили ғофил ва сархуш,ки силоҳ дар даст худаш шоҳу табъаш вазир, писарашро бо тапончаи худ ба ҳалокат мерасонад. Вале ин номард ҷойи тавбаву надомат дар ҳақи фарзандаш тӯҳмат карда мегӯяд,ки писараш маст буд ва мехост, ки ӯро бикушад, ва вай худашро ҳимоят кардааст. Акнун худатон хулоса намоед,ки шахсе писари худашро кушт ва раҳм накард,аз чунин Худобехабар чи тавақуъе метавон кард? Оё шаҳодати чунин шахс дар ягон ҷо ва зери кадом қонуне мавриди қабул ва таъйид ҳаст? Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!
Тоҳир соҳиби 5 писар мебошад.Писари хурдиаш Сорбон, соли тавалудаш 1988. Пештар дар Сафина кор мекард, ҳоло милиса аст. Писари дуввумаш Далер, соли тавалудаш 1987 мебошад ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Як писари дигариаш Бахтиёр ном дорад,соли таваллудаш 1985,муҳоҷир дар Русия аст. Бахтиёр чанд бор хостааст,ки аз болои бобояш шикоят кунад вале модараш ба хотири дигар писаронаш, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд,иҷозат надодааст. Писари дигари Тоҳир Исфандиёр мебошад, соли таваллудаш 1986. Вай ҳам дар шуъбаи милиса кор мекунад.
Писари калони Тоҳир Рустам ном дорад. Соли таваллудаш 1983.Ӯ ҳам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Ин аммо як золим аст.
Абдулло писари калонии Иброҳим Исмоил мебошад. Писари ҳамин Абдулло Ҷаҳонгир ном дорад, ки чанд соли пеш як сокини Кулобро бо корд зада кушт. Вай баъди як муддати кутоҳ аз маҳбас ҷавоб шуд.
Домоди Иброҳим Исмоил бо занаш соз намегирад.мехоҳад талоқаш диҳад. Аммо Иброҳим Исмоил дар даҳони вай мили таппончаро халонда таҳдид мекунад,ки агар сар диҳӣ мекушамат. Писарони Иброҳим Исмоил ҳам язнаашонро чанд бор латту куб мекунад. Хуллас ин домод дигар илоҷ намеёбад ва тарки Тоҷикистон мекунад ва ҳоло дар ғарибиҳо гурехта гаштааст.
Иброҳим Исмоил як замон дар ноҳияи Шӯрообод сардори милиса шуда кор мекард. Дар ин давра ӯ қариб ними Кулобро герчик карда буд. Зеро ҳар қадаре,ки афғонҳо мехостанд бо восиати Иброҳим Исмоил ва беягон душворӣ героин ворид мекарданд. Он вақт дигар мақомот аз Иброҳим Исмоил метарсиданд. Кури Саттор сардори шуъбаи амнияти минтақа буд аммо подхалими Иброҳим Исмоил буд.
Бовар кунед ин одам на дин дораду на имон. Дар маҳаллаи мо як домулло буд ва беҳад одами бо савод ҳам буд.Дар ҳақи ин домулло тӯҳмат баста як ҷоҳилро оварда дар масҷид имом монд. Ва гуфт касе гап дорад бо ман гап занад. Дар ҳоле,ки Иброҳим Исмоил дар ҳаёташ ба масҷид наомада буд ва то ҳол намеояд. Сину солаш аз 80 боло шуд вале то ҳол сараш саҷдаро надидааст.
Як саҳари рӯзи ҷумъа ман ба манзил барои фотиҳахонӣ сари қабр мерафтам, ки дар даруни маннзилгоҳ ҳамин Иброҳими Исмоил аз пешам баромад. Ва ба ман гуфт зани мулло Назирмадро хар фалон кунад, ки имрӯз наомад, бояд меомад ва дар сари қабри писарам дуо мехонд. Ҳамон писареро,ки худаш ба қатл расонида буд. Баъд аз ман хост,ки оят хонам. Баъд тарафи ман гашту гуфт,ки ту ҳам ба гуфтаи муллоҳои фалонизан накун. Гуфт дунёро ҳамин муллоҳо ҷазир карданд. Дар поёни деҳа як майдони футбол буд, ки аз дигар қишлоқҳо ва ҳатто шаҳр ҳам омада дар онҷо бозӣ мекарданд. Аммо ҳамин майдонро Иброҳими Исмоил гирифту участка карда тақсим карда фурӯхт. Мардуми маҳал чанд бор ариза навиштанд, лекин ҳеҷ кас ба додашон нарасид.
Дар шаҳри Кулоб дар назди бозори Сомонӣ як замин буд. Дар он замин як мард мебоист хона меандохт, аммо зӯраш нарасид ва давоми як сол замин ҳамин хел холӣ монд. Ин заминро Иброҳим Исмоил аз раиси онвақтаи шаҳри Кулоб Абдуҷаббор Зардиев гирифт. Ба соҳиби замин гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои шумо нодурст аст. Ин заминро ҳамроҳи бачаҳояш гирифтанду дар он як дискотека сохтанд. Дар ин дискотека ҳатто наврасони 14-15 сола ҳам даромада дилхушӣ мекарданд. Як нафар аз сокинони Кулоб як шаб бо воситаи норинҷакандоз онро ба ҳадаф гирифт тахриб кард. Баъд аз ин ин дискоклубро бар ивази як мошини Тойота ва 80.000 доллар мефурӯшад. Феълан онҷо мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ аст. Аҷобат дар он астки ҳар касе дар Кулоб раис мешавад Иброҳими Исмоил рафта аз ӯ замин мегирад. Дар ҳама ҷо фукашро халонида меистад.
Як шиноси ман дар « горадел»-и Кулоб кор мекард. Як рӯз дар КП меистодаст,ки Иброҳим Исмоил бо мошинаш меояду мегӯяд дарро кушо. Аммо он нафар дарро намекушояд. Ва,мепурсад, ки ба шумо кӣ даркор? Мегӯяд «очата фалон кунам, чи кордорӣ, ки ма гичо меравам?»
Ин нафар,ки нав корро сар карда ва ӯро намешинохт ба суяш автомат мебардораду мегӯяд,ки «ба қафо ҳай кун набошад занта фалон мекунам».
Хуллас аз ин кор дигар кормандони пулис дарак ёфта ин нафарро аз он чо мегурезонан ва баъдан сардори милиция, ки Искандаров буд ӯро бо «статя» пеш мекунад. Ҳоло бошад дар муҳочират аст.
Ps: Ислоҳ дар ин нома ҳеҷ тасарруф ва илова ва изофае накардааст ва онгӯнае ба мо расидааст онро нашр менамоем. Умедворам ин Иброҳими Исмоили писаркуши ҷоҳил барои пайдокардани нависандаи ин нома награда эълон намекунад мисли Зардиев Абдуҷабор,ки касе муаллифи номаи ба “Ислоҳ” ирсол шударо пайдо кунад 30 ҳазор доллар барояш медодааст. Агар Абдуҷаббор Зардиев он 30 ҳазор долларо ба он мардум ба гунае медод ва зулм намекард он мардуми ба сутуҳомада чизе наменавиштанд. Чаро аз ҷиноятҳои анҷомдодаи худ пас аз расонаи шудани онҳо шарматон меояд? Ҳоло ин шармандагии ин дунёӣ аст, шармандагии охиратро чи гуна ислоҳ мекунед? Ё фикр кардаед онҷо ҳам бо ин пулҳои ғораткардаатон наъузубиллоҳ онро ба малоики забония медиҳеду халос мешавед? Фаромӯш накунед онҳо “Ло яъсуннналлоҳу мо амараҳум ва яфъалуна мо юъмарун”