Зиндон дохили зиндон ё Зиндонбардӯшон

Ислоҳ нет

Дар илми сиёсатшиносӣ истилоҳи «давлат дохили давлат» – ро дорем, вале инҷо мехостам оид ба «зиндон дохили зиндон» бароятон сухан гӯям.

Агар «давлат дохили давлат» барои ҳукумате хатар дошта бошад, ин гуфтори сиёсист, вале дар кишварҳои диктаторӣ инсонҳо, дар умум, ва ҷавонон, хусусан, ба хушбахтӣ намерасанд. Умрбод «зиндонбардӯшанд» – чи дар дохил, чи дар хориҷ.

Махсусан, агар ин зиндон дохили зиндоншавӣ дар марҳалаи гузариш аз низоме ба низоми диктаторӣ ба вуқуъ пайвандад.

Натиҷаи истибдод ҳафт пайомад дорад:

  1. Мардум дурӯғгӯ мешавад;
  • Ҳиллагарӣ рушд мекунад;
  • Фиребкорӣ густариш меёбад;
  • Дурӯягию нифоқ ривоҷ меёбад;
  • Бечоранолӣ одати ҳамешагӣ мегардад; (розию нороз ҳамеша меноланд)
  • Беномусӣ ва ҳатки ирзу номус падидаи маъмулӣ мегардад;
  • Ишқу алоқаву боварию муҳаббат, ки сарманшаъи зиндагист, гусаста мешавад.

Аммо дар олам чизе тасодуфан ба амал намеояд. Баъзеҳо амалро анҷом дода, баъзеҳо танҳо тамошову муроқибат карда ва баъзеҳо танҳо аз он лаззат мебаранд.

Танҳо ононе раванди ҳодисотро дигар мекунанд, ки «анҷомгари амаланд», ё ба таъбири шоир: «Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард!»

Суҳбати ҷолибе доштам бо як сиёсатшиносе, ки ӯ чунин қисса кард. Тасодуф буда ё кори тақдир, ки вақте ба Академияи Илмҳои ҶТ дохил мешудам, комиссияи қабул, ки иборат аз устод Шамолов ва Рустам буд, бар иловаи суолҳои асосии билет, азам як суоли дигар намуданд:

Суол: кадом навъи давлатдориро низоми Авторитарӣ меноманд?

Ҷавоб: низомеро, ки сарвари он бо як чанд роҳ ба сари қудрат расида бошад…

-масалан?

– масалан, бо роҳи кудато (гос переворот) қатлу куштор ё ин шахсро қувваҳои хориҷӣ бо мили силоҳ сари қудрат оварда бошанд.

– Фаҳмо… (Шамолов)

Политолог Рустам:  Зинаи баъдии гузариш аз авторитаризм чист?

– Тоталитаризм

Шамолов: баъд аз тоталитаризм ягон низоми дигари давлатдорӣ ҳаст?

– Бале. Ҳаст. Диктатура.

Шамолов ба Рустам: ҳарчанде соҳааш сиёсатшиносӣ нест, вале инсони огоҳе менамояд. Метавонем қабулаш кунем.

– Муборак. Шумо дар қисми шӯъбаи сиёсатшиносии шӯъбаи Фалсафаи АИҶТ ба ҳайси аспирант пазируфта шудаед.

-ташаккур гуфтаму хушҳол гаштам!

Чуноне мебинем низоми тиранӣ ва ё худ диктаторӣ яку якбора падид намеояд. Барои то ин марҳала расидан, ки охирин марҳаллаи як истибдоди тамомайёр аст, шахси ғаддору хунхору арӯсаке лозим дорад, ки сароғоз автаритар шуда, пасон қадам ба остонаи тоталитарӣ гузошта, аз он бо ҳазорон макру найрангу қатлу куштору иръобу даҳшату ваҳшату зиндонсозии тамоми равшанфикрону озодихоҳону аҳзоби мухолифу дигарандешон, бо як дасисаи печида бо номи «инқилоб» ва ё худ бо роҳкори дурӯғине бо номи «давлат дохили давлат» тамоми сохторҳову ниҳоду фишангҳои як давлатдориро тасарруф намуда, тамоми ҳамтабақону ашхоси мӯътамад ва оилаи худро, агарчи дар ин соҳаҳо дониши казоӣ ҳам надошта бошанд, сари кор ва дохили долонҳои ҳукуматдорӣ намуда, низоми саркӯбгари оилавии худро бо ниҳодҳои ҳомии давлату миллат пӯшиши низомӣ медиҳад!

Бале, ҳеч шаҳрдоре тӯли 70 соли аҳди Шӯравӣ ва то соли 2016, ки Рустами генерал шаҳрдор шуд, бо худ, чун низоми қуюди шабгардию низомӣ, бо худ силоҳ ҳамл намекарда.

Чаро?

Чунки ин режими маданӣ нест. Ҳокимони он аз як калан, аз як мафия, аз як гурӯҳу даста ва аз як мафкурае иборатанд, ки Сарқонуни ҶТ онро маҳкум карда аст, ки ҳеч мафкурае наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ пазируфта шавад . «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.». Сарқонун.

Ҳоло куҷо мафкураи ҳизбию иттиҳодиявию ҷамъиятӣ, ки мафкураи кӯррахаре шуда мафкураи давлатӣ ва  тамоми аркону акнофи ҳаёту зиндагии миллате ба ин бисёриро хафа кардаву ҳарчи дили палиду ақли касифи бадтарбияву алкашашро хӯш ояд, ба он ҷомаи беқасабии қонунӣ мепӯшонад!

Худаш шоҳу ҳавову ҳаваси кӯдаконааш шуда вазир! Ва як пода  гови ҷазир аз пасаш саф кашида шудаанд вазиру хабиру кабир!

Ин аст низоми давлат дохили давлат, мафкура дохили мафкура ва шапалаи дохили кӯрраи пила, ки рӯзе худро ҳам бӯғӣ хоҳад кард. Вале то он вақт ин кирми шабчароғ, ки шабу рӯз мерақсаду метанаду меканаду мебалъад, хело зарарҳои ҳавлноку мудҳише ба ин миллату давлаташ хоҳад  расонид!

Давлат дохили давлат бас хатарзост.  Вале оилаеро «давлат» муаррифӣ намудан, аз ин дида хатарноктар аст. Аз ин ду дида хатарбортар он аст, ки саравлоду сарвари ин қабиларо болотар аз қонун ва ҷавобгарӣ назди қонун таъйин кунанд. Моддаи Пешвои миллат.

Ҷосуси гумошта дар варои ниҳодҳои давлатӣ бас хатарбор аст. Онро бояд муояна ва қалъу қамъ карду кишвару шаҳрвандонро аз зери манипулятсияи афкору муътақадоти зиддиконститутсионӣ ва нақшаҳои дастраскарда аз «супоришгарон»-у конструкторони хориҷияш, ки баҳри маҳви давлату миллату ояндааш тарроҳӣ кардаанд, раҳо бахшид!

Як ҷосус, он ҳам агар дар сатҳи як Президент вориди баданаи кишваре карда шавад, миллату ояндааш дар хатари басо бузурге воқеъ мешавад!

Вале баҳси имрӯзаи мо, ки оид ба «зиндон дохили зиндон» унвон дорад, робитаи мустақиме бо низоми диктаторӣ доштааст. Ба ин маъно, ки вақте диктаторе тамоми фишангҳову аҳромҳои низомӣ, молӣ, иқтисодӣ, сармоя ва башариро ба роҳи ғалат роҳнамоӣ мекунад, ана,  дар ҳамин ҳолат, як кишвар ба як зиндон , ба як конслагери кушоду бози бузург мубаддал гашта, тамоми оромиш, хӯшиву хуррамӣ ва амну амонию дили беғаму хотири ҷамъи як миллатро,  танҳо ба хотири инки ин деви дупо ҳарчи тӯлонитар ҳукуматравоӣ кунаду ҳокимияти қонунию сохтори онро ба низоми оилавии султагарову пархошгару саркӯбгар табдил бидиҳад, барҳам мезанад!

Ҳамакнун, миллати тоҷик аз марҳалаи «бо зарби силоҳу мили тӯфанги хориҷиён сари қудрат овардани Э.Раҳмонов» ҳанӯз соли 1997 гузашта буду пас аз он то солҳои 2010 аз Авторитаризм ба Тоталитаризм интиқол ёфта буду пас аз соли 2015 то имрӯз, пас аз тасвиби қонунии қонун оид ба Пешвои Оила, акнун дар марҳалаи аълои диктатура қарор дорем.

Дар ин марҳалаи кӯтоҳи торих тоҷикон, на танҳо аз низоми Шӯравӣ ба ҷангӣ шаҳрвандӣ балки аз низоми авторитарӣ ба тоталитарӣ ва акнун ба диктатураи бехирадона интиқол ёфаанд, ки гузариш аз як низом ба низоми дигар, дар илми сиёсат як таҳаввули харобиовар ва қалъуқамъгарӣ маҳсуб ёфта, ҳазорон ҳазор оқилу фарзонаву худиву бегонаро хонабардӯшу дарбадару гадову овора ва бехонумону радди маърака менамояд!

Донишмандон Шӯравӣ ё худ болшевикҳоро таъна мезаданд, ки якуякбора тӯдаҳоро аз низоми Феодалӣ ба низоми Сотсиалистӣ кашола кардаанд, дар ҳоле, ки Э.Раҳмонов якуякбора ва дар камтарин мӯҳлат тоҷиконро аз низоми сотсиалистӣ ба «демократӣ», аз «демократӣ» ба  феодалии ақабмонда, аз феодалии ақабмонда ба низоми оила-қабила-пешводавлатии кавданона кашида бурд. Ҳамаро ҷазир карду талвосиду кашида сар дод!

Боз мегӯянд намешавад?! Танҳо тоҷики аблаҳу ҳавои даҳан аст, ки чун дастак, чун притсеп, чун қатора дар қатори ҳар сагу хару хингал кашола шуда, ин сӯ он сӯ, он сӯ ин сӯ, чархидан мегирифта аст. Рақсид, мерақсад. Хандид, механдад. Аз ҷар парид, мепарида аст. Ва-гар на, дигар миллат мебуд, ин Локоматив-Эшакро кайҳо аз саф бароварда, ҳам роҳи зиндагӣ, ҳам низоми давлатдорӣ, ҳам хатсайри миллияшро худ муайян мекард!

Хуб, нафаре омаду тагу боло ҷасту хез карду кори бадро бадтар кард, баъд то мурданаш оқилу девона ҳай бале гуфта, ӯро «Худо додайш», «Худо овардайш» гуфта мегардед? Худо дигар одам наёфт, ки харақлеро «баргузид»?

Бори Худо накунед.  Дар рӯи ин замин Худо кайҳо таклифашро рӯшан карда, ки «Худатон худатонро озод кунед»! Чун дигар миллатҳои озода!

Ҳоло имрӯз чи бисёранд хармагасҳое, ки гумон доранд, ки мухолифин бо ҳукумати Раҳмонов то соли 2015 шаҳу арус будаву пасон талоқ додаанд ҳамдигарро.

На дӯстон, шумо худро сиёсатмадору аҳли сиёсат гирифта, аз камтарин шинохти низомҳои давлатдорӣ ва интиқол аз низоме ба низоми дигаре огоҳ нестед, ё таҳлили раванди онро намефаҳмед?

То соли 1993 барои авторитар ҷангандаҳои ҷинояткору собиқ зиндониён лозим буд, бо онон гирди як дастурхон нишасту пасон, вақте вазифаашон иҷро шуд, сарбанесташон кард.

Ва вақте истиқрорият ва сулҳ лозим шуд,  бо мусаллаҳони ҲНИТ ё ИНОТ даст доду ҳамнишинӣ карду пасон аз низоми авторитарӣ ба тоталитарӣ – низоми дастбозтар дар саркӯб  рӯй овард, Эмомалӣ аҳзоби заифтару ашхоси осебпазирро як-то як-то дастгиру нобуд карду акнун баъди соли 2015 замина барои гузариш аз тоталитаризм ба диктатураи сатҳи олӣ зарурат пеш омад, ин гуна амал кард… 

Барои инки мустабид қонунан Пешвову қавру бало шавад, ҲНИТ-ро қалъу қамъ кардан зарурат пеш омада буд,  ва кард.

Ва ин корро карду ҳоло марҳалаи пирии низом фаро расида аст!

Ва, ягона падидае, ки метавонад умри ин «пири дар ҳолати назъ»-ро боз дорад ё дарозтар кунад, ҳамоно тиру туфангу зиндону террор аст, ки инҳам дар дарозмуддат корсоз нест.

Касе дар олам пири по бар лаби гӯрро аз марг наҷот додан наметавонад. Ва давлат (режим) ҳам умри муайяне дорад. Давлатҳои ситамгор сахт метозанду зуд чун гови ақлбохта ба худ печида ҳароммур мешаванд!

Ва аммо «зиндон дар дохили зиндон» ин мақулаи ҳам сиёсӣ, ҳам ҷомеашиносӣ ва ҳам метавонад равоншинохтӣ буда бошад.

Дар марҳалаи кунунӣ шаҳрвандон, ки аз ин ҳама гузариш хаставу тарсидаву дилгир гаштаанду дар уфуқ ҷуз «воъаст»-и мустабид садоеро намешнаванд, аз он ҷо ки дар як «конслагери боз» умре бо тарс мезиянд, дар навбати худ, қисмате бас азим аз шаҳрвандон дар зиндони дуввум – тарс, худсензура ва ноумедию беамалӣ худро қарор додаанд!

Ин гуна зистан басо дилгиркунанда аст – дохили «ду зиндон» то кай менишинед?

Яке зиндони Раҳмонов, ки акнун пур шудаву дигар ҷое надорад, вале 9.5 миллиони дигарро ки зиндонҳои физикии Раҳмонов қобилияти ғунҷоиш надоранд, зиндони ақлӣ, шахсӣ ва сензураву ҳаросу тарсҳо фаро гирифта аст!

Дӯстон, Тоҷикистон аввалин ё охирин кишваре нест, ки дар он диктатор падид омада бошад. Сабаби асосии пайдоиши палидони торих – диктаторон, мутаассифона, худи миллатҳоянд!

Диктатор мисли заҳрпечак, мисли каждум, мисли чокак танҳо дар полезҳои бесоҳиб ё ғофилсоҳиб, дар зери бӯрёҳои хонаҳои бесоҳиб ё камтаваҷҷӯҳ ва дар лонаҳои парандагони пастпарвозу лонабоз тухмаш гузошта ва гавҳар ба бор оварад – ҳамон тухмаи наҳс рӯи кор оварад!

Дар бузург шудани колхознике аз сатҳи говбонӣ то ба ин сатҳи олӣ, фақат ману шумо гунаҳкорем!

Ҳамагӣ гунаҳкорем – мухолифин, духтурон, олимон, низомиён, амниятиҳо, пулисҳо, саркорону ашхоси бонуфӯзу муллову тамоми якояки мо!! Ҳама бояд, якҷоя, ин кишвару низомашро ба ислоҳ оваранд.

Мо иҷозат додем, ки диктатор аз хуни мо, аз дороии мо, аз вақти мо, аз нерӯи мо, аз ғафлату тарсу беамалии мо сӯистифода намуда нерӯву тавон бигираду имрӯз якояки моро хору залил кунаду фақиру овора! Сарватҳомонро кашида бигираду ояндаамонро сӯзонда, тираву тор созад!

Дар кишвари диктаторӣ ҳеч шахсе, чи ӯ низомист, чи сиёсатмадор, чи мулло, чи ҳокиму чи вазир хушбахту сарбуланду муҳтарам нест!

Танҳо як кас ҳақ дорад, ки ҳамаро масхара кунаду аланан сарзанишу накӯҳиш кунад, муллоро рост монда, дар малаи омм таҳқир кунаду ҳокимро хезонда издеваться (тамасхур) кунад! Обрӯяшро бирезаду дигарон қарсак бизананд!

«Кӣ шуморо овард? Кӣ шуморо одам кард? Дар вақташ кӣ будеду ҳоло чӣ? Кӣ интихобат кард?»

Танҳо дар ин кишвар аст, ки ба вақти таҳқири шахсе дигарон кафкӯбӣ мекунанд! Акнун, аз инҳо чӣ одамгарӣ биомӯзем?! Магар ба вақти душному таҳқири нафаре чӣ бояд кард? Қарсак, ки набояд зад!

Муллоро таҳқир кунад

Духтурро таҳқир кунад

Сатрдору ришдорро истеҳзо кунад

Деҳқонро ситеза кунад

Нақбканро «қадш иқаҳак» гуфта, таҳқир кунад

Ҷорубқӯлиро таҳқир кунад, ки «роҳта қати атат кадан гир» (Пошел на @)

Донишҷӯдухтарро допрос кунад, ки чаро ту иқа хароб?

Ё дигарашро пурсуков кунад, ки дар телефонат рақами кавалерат ҳаст? Ҳаст? Не? Тамом! Дига ҳичкӣ ҳақи зангзаданатро надорад! (Аз ҳамин пешвояшон имрӯзҳо кормандони мақомот ёд гирифтаанд, ки касе  дар кӯчабозорҳо маъқулашон нашуд, ё риш дошт, ё гапашонро ду кард, зуд телефонашро гирифта, ғайриқонунӣ, бидуни иҷозати муфаттиш кофтукоб намуда, шантаж мекунанд).

Ба гуфти Кабирӣ диктатор ҳаштпоеро мемонад, ки як дасташ даруни шалвори зану мардон,як дасташ дохили телефони ҷавонон, як дасташ дохили деги маъракаву худоиҳосту дигар дасташ даруни мағзи мутафаккирону дасти пас,  ё пои дигараш даруни тиҷорату хонаи шаҳрвандон қарор дорад!

Мо гунаҳкорем, ки худро дар ду зиндон – зиндони физикии Раҳмонову режиму думравони ҷоҳилаш қарор додаему садо намебарорем дар айни ҳол умре дар дохили зиндони шахсӣ, зиндонӣ инфиродӣ, зиндони сукуту беамалӣ қарор дорем! Зиндон дохили зиндон маънояш баротон рӯшан гашт?

Баъзан, аз танҳоии худ дар «зиндонҳое аз тарсу ҳарос» ба танг омадаву дигарон, ҳамсоягон, зану фарзандону бародаронамонро ба ин зиндони тираву тор фаро мехонем! Маҷбурашон мекунем, ки сарашонро аз «обезянка»-и худ берун набароранду «ҷумҷитак» шиштан гиранд! Сари «бебало»-шона дар «бало» намонанд. Дар ҳоле ки нафаҳмидаанд, ки сарашон дар ду бало – тарсу зиндонлагери ин режим солҳост қарор дорад!

Тарс чист? Амали номуайяне, ки натиҷаи номуайян ба бор дорад.

Бо он чӣ бояд кард? – қабул. Ва пас аз қабули вуҷуди он, дар доираи лониҳоии он амал бояд кард.

Ҳамагӣ интизори бемаъноянд….

 Ку бинанд, Худо бо золим чӣ кор мекарда бошад, то ин ҳама 9.5 миллион тоҷики дар қафасҳое аз тарсу ҳарос қарордошта, по аз ин маҳдудаи тангу тору дилгиркунанда берун гузоранд!

Бунт кардан лозим! Исёну ошӯб барпо кардан лозим!

Лоақал аз дари ҳамон зиндончаҳои шахсии худсохтаатон берун бароед. Танҳо аз доираи ҳамин қафасҳо , ки «зиндон дохили зиндон»-аш номидаем, по берун гузоред, аз сиёҳии шумо ин селаи кафторҳои даҳонхунолуд ба ҳарос хоҳанд афтоду ба самти чӯлҳои қипчокашон фирор хоҳанд кард!

Вақте шерҳову палангону гургон худашонро бурда дар дохили қафасҳо меандозанду аз наъраву аллосу овозу зӯзакашӣ ба сукуту думтагикункунӣ мегузаранд, албатта ҷойгоҳи шағолон васеъ мешаванду ҳарчи қадар ки хоҳанд, ҳаркиву ҳарчиро, ки аз пешашон баромад, газидану хоидан мегиранд!

Арабҳо масали олие доранд: Дарахте, ки зераш шерҳо хобида бошанд, маймунҳо рӯи он ҷастухез намекунанд. Ватану хонаву кошонаи мардҳои ҳақиқӣ ҳам ҳамин аст – маймунинсонҳо ба ҳаримаш наздик намешаванд. Вале, ҳоло ки бӯзинагони ин қавм зада дохили хонаҳои ин мардон мешаванд, шаҳодат аз он медиҳад, ки «шерони тоҷик» аз хона дуру дар ғуломиянд! Магар шер ғулом мешавад? Мемирад, вале аз бешааш бурун намеравад!

Эй мардон, бешаи худро чаро ба бӯзинагони бешарафе, ки худ дайюсанд «амонат» додаву солҳост, ки рафтаед?!

Шаҳрвандон, ки сукут ихтиёр карданд, диктатор ҳатман садояш баланд мешавад!

Чаро имрӯз садои Эмомалӣ ва сагу мурғу шакалҳову гӯрхару хугонаш баланду баландтар шудаву гӯё инҳо «ҳаққи мутлақ», «ҳақбаҷониб» ва «ягонагони даврон»-анду ҳама шаҳрвандон гунаҳкору террористу хатокоранду ҳамагӣ бояд назди мақомоти саги Раҳмонов ва худи хугаш аризаи афву маъзарату узрхоҳӣ тақдим кунанд,  то ин «хуги олӣ», агар муносиб бинад,  аз сари «банданавозӣ» аз «гуноҳашон», аз амали нокардааш гузарад! Ба «бандафақирҳо»-и лохи хоки роҳ марҳамат намояд!!

Аз кадом гуноҳи бегуноҳе гунаҳкори русиёҳе мегузарад?

Аз зиндонии ду зиндон чӣ дигар интизор аст ин золим?

Касе , ки дар дохили ду зиндон қарор дошта бошад, Диктатор азаш наметарсад, балки ин аризабозию афвталабию бо сари хам назди ин хугон баргашта рафтани баъзе ду-зиндониҳоро, ки ҳатто дар хориҷ аз кишвар ҳам дар қафасе аз тарс умре қарор дорандро танҳо барои ворид сохтани озодагон ба зиндонҳо иҷро мекунанд!

Эмомалӣ ва сагонаш хуб медонанд, ки кадомин мухолиф «хасакӣ» ва кадомаш «аслӣ» аст!

Кадомаш дар ду зиндон ва кадомаш аз ин ду қайд – қайди тарсҳои равонии шахсӣ ва тарси ҷавоб додан назди золим,  раҳо шуда аст!

Кадомашро бо бозиии «афвнамоӣ» метавон «ашёи айёнӣ» сохту барои набаромадани боқимондаи миллат аз «қафасҳои шахсие аз тарсҳо», ба бозӣ овард.

Вагарна дар Тоҷикистон тамоми қувваҳо, нерӯҳо ҳизбу ҳаракату равияҳои чи динӣ ва чи дунявӣ, дар шакли хӯспида ҳузур доранд; салафӣ ҳаст, ҳанафӣ ҳаст, шиъа ҳаст, силаҳшӯр ҳаст, низомӣ ҳаст, собиқ размандаҳо ҳастанд, гурӯҳҳое, ки бо силоҳ сару кор кардан метавонанд,  ҳастанд, муллоҳои золимбадбин ҳастанд, ҳақгӯён ҳастанд, занҳои ҷасури нотарс ҳастанд, мӯштзанҳои хундарҷӯш ҳастанд;  ҳама ҳаст, вале чаро садое шунида намешавад?

Ҷавоб: чунки ҳамагӣ худро дар дохили қафаси шахсӣ, зиндон дохили зиндон қарор додаанд (само-изолятсия кардаанд).

Бо ҳамдигар бовар надоранд, ба ҳамдигар аз паси панҷарае аз тарсу шубҳа менигаранд. Дар ҳоле ки шағолон тӯли 27 сол аст бо сарбӯзинаи олияшон дур рафтаву кайҳо фаромӯш кардаанд, ки 9.5 миллион шеру палангу гургчанголҳо дари қафасҳошон қулф надорад. Вале ҳамагӣ ин ҷамъи касире аз башарият ҳоло ҳам дар ҳамон қафасҳое, ки 27 сол қабл бо номи «сулҳ» барошон сохта буданд, истодаву истодаанд!!!!

Лоақал боре тақ-тақ намезананд ба дарҳо то бифаҳманд, ки ҷанг тамом шудаву сари сулҳро, 9 сол қабл,  Эмомхари манғит хӯрдаву ҳоло бӯзинагони даштҳои наҳси Қипчоқи Ал-Данғара пайи шаҳватрониянду сарватғундорию дигар на сулҳе лозим доранду на ёрои ҷангидан доранд!!

Хоҳишмандам, ҷанобон, аз қафасҳо, аз зиндонҳои бесоҳибмондаатон бароед! Оламро бингаред, ҳама пайи пархошу озодиянд!

Дар Укроин аҳвол дигар шуд!

Дар Бангладеш ҷавонон аз қафасҳо баромадаву золимонро саркӯб кардаанд!

Дар тамоми кишварҳои Пасошӯравӣ миллатҳо рушд мекунанду танҳо мо қисме дар қафасҳои Русия ва қисме дар рифоҳиятҳои Урупо ва қисме дар қафасҳои Тоҷикистон хӯспидаем! Пӯсидаем. Бесоҳиб мондаем, чун ҳоло ҳам ба дарки ин масъала нарасидаем, ки «соҳиб»-и ин миллат танҳо моем – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистону бас!!

Айби ману шумост, ки сар намебардорем!

Айби ману шумост, ки аз тарси номавҷуд тарсидаем

Аз тахаюлоти сохтаи худу дигарон тарсида, ба он бовар кардаем!

Аз «ҳеч чиз» меҳаросем. Аз никтое,  ки гӯшбақимор аст, ки кай миллат бапо мешавад то аз ин марзу бум оилавӣ фирор кунад, 33 сол аст тарсида- тарсида гаштаем!

Танҳо хуруҷи мову шумо аз хонаҳо, аз қафасҳо, аз занҷираҳои дурӯғини тарсу воҳимаи Эмомпухол зарур аст, то ин гӯсолаи тӯхолӣ суқут кунад!

Асоситарин ва густурдатарину муассиртарин миттингу хезиши миллати тоҷик, танҳо пас аз 12-уми феврали соли 1990 рух дода буд. Чунки дар 12-уми Феврал (Баҳманмоҳи хунин) хуни ҷавонони бегуноҳи тоҷикро одамхорони шӯравӣ ва дастнишондагонашон баноҳақ рехта буданду миллат, ба ҷои он ки битарсад, баръакс, бештару бештар ба майдонҳо рехта буданд, ки мунҷар ба истеъфои тамоми кабинаи Маҳкамов шуда буд!!

Осонтарин инқилоб ин инқилоб дар кишвари диктаториест, ки акнун оилавӣ шуда бошад, чунки агар замоне рӯи ашхосе берун аз оилаи худ такяву эътимод мекарда, кунун Эмомтарсӯ танҳо рӯи 7 домоду 7 духтару 2 писару як зан ва чанд додарарусонаш такя дораду бас, ки аз худаш ҳам тарсутару заифтару нотавонтаранд!

Мардум, бихезед!  Озода наздатон зор-зор гиря мекунад

Рустам ларзону бинияш пурхун, чун занону сагҳои шаттахурда ҷин-ҷинг мекунад.

Азизамоҳ ба лаби сател нолаву оҳу воҳу тараҳҳумхоҳӣ мекунад.

Сомон ку шояд хидмати дигаратон пешниҳод кунад.

Домодҳои Раҳмонов намедонанд сарашонро дар кадомин сӯрохи мору сусмор ворид созанд!

Ҳар маҳаллае метавонад домодҳои буздили Раҳмоновро ба осонӣ датсгир кунад. Зарифбеки бачаи Шарифбекро, аз таги замин, аз зери ғори Паси Мазор ин мардум хоҳанд бароварду оварду ба дастамон таслим менамоянд!

Ҳар кадоматон як хидмат кунед, қисмате аз дӯстону хешовандонатонро мутақоид кунед, ки ба кӯча, ба назди идораи ҳукуматҳо бароянд!

Дар Душанбе, дар, Рудакӣ, Дар Ҳисору Ваҳдат, дар Файзобод, дар Қурған, дар Нӯробод, дар Ғарму Ҷиргатолу Тоҷикобод, дар Ёвону Кӯлобу Данғара, дар Шаҳритусу Регару Фархор, дар Панҷекенту Хӯҷанду Конибодом, шаҳрвандонро ба кӯчаҳо барорем, аз ин авлоди танҳои дузди тарсу на домод мемонаду на хусуру на хуштоман! Ҳамагӣ суқути оилавӣ мекунанд!

Суоли рӯз: чаро солҳои 1990-97 тоҷикон чун дигар миллатон аламбардори хезишу ҳақталабӣ буданду кунун на?! Магар он солҳо ҳам силоҳбадастону тактирандозон дар интизорашон камин нагирифта буданд?

Буданд. Ҳамааш буд. Бадтару нерӯмандтар аз имрӯз буд, вале ирода, ҷасорат, ҳақталабӣ, озодипарастиву озодихоҳӣ, ки доштем, монеаҳо, тарсҳо, танку тӯпҳову зиреҳпӯшҳову аскарҳо моро намеҳаросонид!

Вале, муқаддимаи ин ҳама хезиш ин – баромадан аз қафасҳои тарсҳо ва «зиндонҳои дохили зиндонҳоямон» аст, ки худро солҳо шуд чун туқумшулуқ ва чун сангпӯшт дохили он кардаему бори гарони ин сангу туқумро, беасос кашида истодаем!

Партоед ин сангҳои пушт ва туқумҳоеро, ки оилаи Раҳмонов болои мову шумо бор карда асту бидину ягон ҳадафе ин бори гаронро умре кашидан доред!

 Хаста намешавед? Кай хаста мешавед? Ё шудаеду илоҷу чораро намедонед?!

Хуб! Хезед!!! Ба майдонҳо резед!! Ягона илоҷи мову шумо барои озодӣ аз банди ин торикӣ, аз ин дилгирӣ, аз ин бардагӣ, аз ин беқадрӣ, аз ин нодорӣ, аз ин беҳуқуқӣ, аз ин бечорагиву оворагӣ, хезиш аст!

Эй муҳоҷирони хасташудаву беқадр, баргардеду ин хонадонро барандозем, пасон бо сари баланд ба ҳар куҷое хоҳед рафтан мегиред!  Дигар касе шуморо дар рӯйхати сиёҳе, дар Интерполе, дар таҳти пайгардеву зери моддаи 307-е қарор нахоҳад дод!

Ин занҷираҳои зулму торикиро Раҳмонов сохтаву бо азбайн рафтанаш, ин занҷирҳои истибдодаш ба нестӣ хоҳад рафт!

Агар чунин накардеду накарданиед, ин ғулу занҷирҳоро Рустами гунг ба мерос чун курсии падар ба ҳамроҳ хоҳад гирифту бар иловаи моддаи 307, 308, бар иловаи террористу чуркаву ғулом, ҳолатонро аз ин ҳам бадтар хоҳад кард. Қоидаи кишварҳои истибдодии меросӣ ҳамин аст; писар аз падар сагтар, бераҳмтар, ноодамтар, ситамгортар, қотилтар, мутаҷовизтар хоҳад буд! Ва барандохтани ҳар хонадоне дар аввали ташаккулёбияш осонтар аст, аз инки ин оиладавлатдорӣ реша давондаву сулолавӣ шавад, ки вой бар ҳоламон, ки аҷдодамон 1000 сол зери султаи сулолаҳои ба миллати мо бегона ҳақирона зистанду хорона мурданду кунун мо ҳам чун онон зери султаи як ҳаромзодаи маҷҳулнасабу фарзанди туппойи герчики дуздаш, мурғона зиндагӣ дорему боз аз худ лофу газофҳое ҳам сохтусоз дорем!

Шеронамон дар зиндону оқилонамон дар ғурбату гулдухтаронамон ё фоҳиша гашта, ё дар бағали ин тӯдаи муғули ҳаромзодагони торих қарор доранд!

Бас аст дигар худро ба нодонӣ задан! Мард шавед, мард! Мард будан танҳо дорои олоти мардӣ будан нест. Мардона ба майдони мардон баромадан худ айни мардист!

Майдон, ки баромадӣ шаттаву мушт мехӯрӣ, чӣ мехоҳед, ки шумо Эмомалӣ ва тороҷгаронашонро бидуни ҳеч мушкилу талошу душворие чаппа кунед?

Ин майдондорӣ, ки нест! Майдон аз далер аст. Бароем, ё мезанем, ё зада мешавем!

Аку, мехоҳед ба Эмомалӣ биген, ки ту назан мо бзанемт?! Эмомалӣ то ин ҳад, ки кавдан нест! Мезанад, вале чун задиш, баъд чун солҳои набард ба наздат Хусдеҳи Афғонистон дастако пеши бар меояду наздат ба зону зада гиря ҳам мекунад! Чунки мунофиқ аст. Бо мунофиқин аз роҳи далелу ақл намешавад коре пеш бурд.

Инқилоб…. Инқилоб…

Бо тарс ҳам омадед, бо сари баланду ғурури як муборизу инқилобгар ин бор ба хориҷ хоҳед рафт!!

Лутфан, сангбақагиву туқумшулуқиро бас кунед!

Қоматро рост, садоҳоро тамрин диҳеду муштҳоро омода карда, ба самти Қасри Заҳҳоки тарсуи миллатгурези дузд, битозеду наъра бизанеду бар сару сураташон туф андозеду дастгирашон кунеду низомеашонро, ки дар душманӣ бо  мову шумо бино кардаастро дарҳам шиканед!

Муборак бошад! Шумо тавонистед аз сатҳи як мурғ,  аз сатҳи як санбақа, аз сатҳи як кафлезак, аз сатҳи як букашкае, ки Раҳмонов шуморо меномиду дар ҳамин сатҳ мешинохт, раҳо шудед!

Акнун, дар хориҷу дохил инсонҳои боқадр мешавед!  Дигар шуморо касею миллате ҷуръати Ҷумшуду Рушану чурка гуфтан нахоҳад дошт, чун то рӯзе ин Режими дузду номардумист, шумо боқадр нахоҳед шуд. Мушкилоти шумо дар Москаву Берлину Порис на, балки дар майдони марказии Душанбе – пойтахтатон ҳаллу фасл мешавад! Боқадриятон ҳам аз ҳаминҷо шуруъ мешаваду беқадриятон ҳам реша дар ҳамин ҷо дорад! То инҷо ислоҳ нашавад, ҳоли шумо дар ягон ҷо ислоҳпазир нест!

Дар ҳадисе паёмбар (с) мегуфт: дар бадан пораи гуштест, ки чун ислоҳ шавад, тамоми бадан ислоҳ шавад. Ва чун фосид шавад, кулли бадан вайрон мешавад. Огоҳатон кунам он чист?

Он дил аст.

Ана, ҳамин дили дилат Пойтахту сарвари он аст, ки имрӯз «фосид» гаштаву бӯи ганд гирифтаву дар дами марг аст, ки Раҳмонов ва режимаш ҳастанд, ки бояд, қабл аз рафтани фурсати охирин аз даст, «ислоҳ» шаванд, то баданаи ин кишвару давлат наҷот ёфта, солим гардад!

Тамоми сарчашмаи фақру мушкилоту саргардонию беҳуқуқиҳои ин миллат реша дар ин режими пӯсидаи фасодгашта дорад, ки бояд ислоҳ шавад. Ислоҳи ин режим бошад, ҳамоно, барандохтани он асту бас! Инро кӣ мекунад? – ману туву мо! – шаҳрвандони Тоҷикистон!

Тоҷикистон танҳо ишратгоҳи ҷаллодони Раҳмонову оилаи ҳаромхори ӯ нест, балки хонаву маъвову будангоҳи мову наслҳои оянади мост. Аз мо, ки бошад, мо бояд дар ин масъалаи ҳаётӣ масъулиятшинос  буда бошем!

На бетарафу тамошобину сокиту холабеғам!

Пас аз хезишу инқлоб…

Шумо имрӯз соҳиби суханеду Раҳмоновро чнгрк монда допрос мекунед, тамасхӯраш мекунед;  суол мепурседу ин гарданбалонигазӣ бо либосҳои дарида, оид ба қатлу куштору ҷиноёташ сар аз соли 1992 то имрӯзашро ошкор карда, «фалонтона бхрм ба ҳолм раҳм кнен, аз гуноҳм гзарен»   – гуфта гиряву лоба хоҳад кард!

Агар аз ин рӯзи мабодо дар ҳарос набуд, «Қонуни Пешво»-ро намебароварду худро аз «истинтоқу бозпурсӣ шудан барои амалҳои тӯли раёсаташ кардааш» «озод»-у «дахлнопазир»  намекард!

Солҳо мову шумо тамошо кардем, ки Раҳмонов любой шаҳрвандро чухт монда, ба сараш дод мезанад, таҳдидаш мекунад. Акнун, биёед,  як бор, мо ҳамин корро дар ҳаққаш,  пеш аз мурданаш кунем, ки лаззати таҳқири дигаронро дар пӯсти ғафсу кулуфти хугии хеш санҷида бошад.

Ин гуна суолотро бояд миллат ин бор азаш пурсад:

– 30 сол  пеш чӣ дороӣ доштӣ, ҳозир – чӣ?

– кӣ дод?

– кӣ таъйин кард?

– кӣ овард?

– кӣ силоҳ дод?

– чаро дод?

…..

Чӣ гуфтед?

Хулоса, аз ин ду зиндон- зиндони макри Раҳмонов ва зиндони тарсҳои шахсӣ ва худсензура то набароем,  коре аз дастамон нахоҳад омад.

Шумо дасту панҷаву бозуятон на ,балки иродаатон дар зери манипулятсия Режими диктатор фалаҷ шуда аст, вагарна дари зиндонҳо боз аст!.

Қуфле дар дарвозаи мағзи тарсидаи мову  шумо қарор надорад. Шумо озоди озодед, вале мағзатон дар ду зиндон қарор дорад: зиндони эҳтимолии Раҳмонов ва ҳоло бошад зиндони шахсӣ- мағзи зиндонигаштаатон зери ҳаросу тарсҳои номавҷуд!

Вақте қулфи дари зиндониҳо во мешавад, ки қулфи мағзҳоямон кушода шавад, пасон ин қулф дар дари зиндони дудмони палиду касифи Раҳмоновҳо зада хоҳад шуд, ки умрбод кушода нашавад.

Поёни қиссаи Раҳмоновҳо метавонем он рӯзи бузург бигӯему саҷдаи шукр намоем….

Share This Article