Ҳаряк илм рукнҳои муайяне барои шинохташ дорад, ки тамаддуну торихи он ҳам дорои 8- рукн буда аст.
Падари ин илм Вилл Дюрент Ҷеймс, тӯли умри худ сари ин масъала кор карда, аносири онро чунин тақсимбандӣ карда аст.
Имрӯз, ки пешвои «соҳибтамаддун»-и тоҷикон бо миллати «бемаданият»-и худ сари ин масоил кашмакаш ба роҳ андохтаву дар садади ба сатҳи «тамаддун» суъуд доданашон камари ҳиммат барбаста аст, биёед сари тамаддуну фарҳангу арконаш каме суҳбати умумимиллӣ дошта бошем, ки умедворам Пешвои «ғамхори миллат» ҳам дар ин васат буда бошад.
Унсурҳои тамаддун инҳоянд:
-Кор
-Ҳукумат
-Ахлоқ
-Дин
-Илм
-Фалсафа
-Адабиёт
-Ҳунар
Вуруд:
Агар, ҳамагӣ ин аркони 8-гонаро таҷзияву таҳлил кунем, хоҳем дид, ки дар ҳарякаш зеррукнҳое аз аркони маданият нуҳуфта аст, ки ҷанбаҳои гуногуну фарогири ҳаёти одамии моро дарбар мегирад. Чандин вақт аст ки ҳукумати Тоҷикистон маъракаи мубориза бар зидди «маданияти бегона», «либоси ба миллати тоҷик бегона» ва ғайраро ба роҳ мондаву қонунан пайи решакан кардани он аст, вале худ сареҳан намедонад, ки аз ҷомеа чӣ мехоҳад ва дар навбати худ, мардум ҳам намефаҳмад, ки ҳукумат ё ҳукуматиён аз онҳо, айни ҳол, чӣ тақозо доранд. Агар ҳукумати кунунӣ, ки бунёдаш ба соли 1992 бар рӯи чӯбаҳои дори ҷаҳолат овехта шуда аст, хоҳад ки миллатро «мутамаддин» созад, сароғоз, бояд аз худ шуруъ кунад, ки бас бемаданият аст. Ягон рукне аз аркони ин давлат миллӣ ва мутамаддин нест. Як рукни асосии шоҳаншоҳиҳои ориёиҳо ин адолату додгустарӣ ва мардумнавозӣ буд, ки дар ин режим аслан дида намешавад.
Номусу қонун ҳам зери по гашта.
Обрӯи миллат зери суол рафта
Ҳайсияти шаҳрвандонро помол кардаанд.
Дуюм рукнаш худкифоии зеҳнӣ, ғаллаи худӣ, силоҳи худӣ, сипоҳи худӣ, марзу буми номаҳдуди, илми худӣ, ҷаҳоншиносии худӣ, забону хати худӣ буда, ки мо ин ҳамаро надорему ҳама соҳаҳои урёни ҳаёти миллиямон вобастаи сохтаву пардохтаҳои ҳамсоякишварҳоямон аст.
Бояд, ба ҷои латтабозӣ, раисҷумҳури кунунӣ, таваҷҷуҳ ба ин масоили ҳаётии давлатӣ кунад, на думдуми занҳову хиштаку поҷомаашон ҷару баҳс бароҳ андозад.
Воқеан, ҳамин корҳое, ки ин бетарбияҳо ба номи қонун ба роҳ мондаанд, ояи ошкори бемаданиятии онҳост, ки надониста онро буруз додаанд!
Аз куза ҳамон бурун таровад, ки дар он аст!
Оре, замоне амирони бетарбияи сарҳуйи манғитӣ низ, ба ҷои умури давлатдорӣ ба «латтабозӣ» иштиғол доштаанд.
Ба ин маъно, ки ҳар замон амирон дар даргоҳашон ҷашну хатнасуру тӯй барпо мекардаву худи амир ба ҷои ойтимуллову отун (модараш) супориши бевосита медод, ки дар дастархони овардаи зани фалон қушбегӣ, раис, миршаб ва дигар юзбошиҳо чӣ миқдор қандалоту нуқлу навову чӣ сарупову ҷелаку эзору «латта»-ву матоъ «инъом» гузоранд!
Эмомалӣ Раҳмон, воқеан медонӣ, аз сатҳи ҳамонҳо як ваҷаб ҳам ба тамаддуни инсонӣ, посдошти арзишҳои миллӣ, приояи қонунҳои маданӣ, по пеш нагузоштаӣ.
Ҳамоно, ақлонияти шумо дар асри пори пӯсида дармондаву пайи «хиштаки бонувон» мепӯеду онро мебӯед!
Шумо баринҳоро миллати тоҷик «кунбӯ» мехонанд!
«Занмиҷозҳо доим корҳои занона кунанд, чун мардона андешидану мардона кишвардорӣ кардан дар тинаташон нест.»
Тарбияи падарнодидаҳо, тақлид ба модарони ҷалабашон мекунанд…
Бесалоҳиятҳои дар сатҳи латта дармонда!
Латтаҳо! Тряпки!
Дуруст аст ки дар дарозои торих маданиятҳои гуногуну рангоранг, дар ҳавзаҳои мухталифи манотиқи олам арзи ҳастӣ карда аст, ки бо вуҷуди аз ҳамдигар мухталиф буданашон, дар масъалаи либос, ҷаҳонбинӣ, хат, анъанаву расму оин, фалсафаву ахлоқу тарзи ҳукуматдорию адабиёту ҳунар, яъне 8 рукни асосии тамаддун, дар навбати худ, бо дигар тамаддунҳо, кешу оинҳо, ҷаҳонбинию ахлоқу ҳатто забон, бештарин вақт дар «додугирифт»-у табодули дуҷониба, ё бисёрҷониба будаанд.
Боре Режими Раҳмон ё «ақлёдтиён»-и мушовиронаш боре ба эшон намегӯянд, ки ҷаноб, то вақте миллат ҳоли зору табоҳи иқтисодӣ, милллӣ, сиёсӣ, ичтимоӣ, истеҳсолӣ, фарҳангӣ, ҳукумктдорӣ, илмӣ, ҷаҳонбинию фалсафӣ дошта, бо табъизи диннӣ-ҳукуматӣ мувоҷеҳ аст, ҳатман, сад дар сад «тақлид» хоҳад кард!!!
Тақлид нишонае аз фақр аст! Ҳам фақри моддӣ, ки ҳукумати кунунӣ натавонист урёнии онро бо истеҳсолоту роҳкорҳои дурусти миллӣ-иқтисодӣ садд кунад, ва ҳам фақри маънавӣ, ки омили асосияш худи ҳукумати хирадситези Раҳмонов аст.
Андешаи тоҷикона, тарзи ҳаёти тоҷикона, забони ноби тоҷикона, тарбияи тоҷикона надошта, лоф аз «тоҷикият» мезананд.
Бо қонун намешавад миллатеро мутамаддин кард, агар мешуд ҳоло қабоили бемаданияти африқоӣ, сурхпӯстони ҳиндушумурдагони амрикоӣ ва дигар «бемаданиятҳо»-ро ба сатҳи тамаддуну хираду «худӣ» боло кашиду аз манҷалоби «тақлид» вораҳонд! Ҳамон қабоили ақабмонда ҳам дар ахлоқу рафтору муносибати байнихудӣ аз ин қабилагароҳои худамон, мутамаддинтару одамтаранд!
Кош, инҳо лоақал индетс (ҳинду) мебуданд, ки найзаву камонғулаку силоҳҳои нафасияшон истеҳсоли худияшон асту аз дигарон вом нагирифта!
Аслан, худи Пешво ҳам дар ҳамин манҷалобу гирдобу сароби тақлид аз хоҷагони аврупоию русу хитоияш гир мондаву тамаддуни онҳоро, ки тору пӯди режимаш тақлиде аз низоми русист, густариш медиҳад.
Низоми бонкияш русист:
Пулису либосу рутбаҳо (званияҳо)-яшон русист.
Суду Прокуратураву ҳатто зиндонҳояш низоми русист.
Хаташ ҳам криллӣ-русист.
Адабиёташ ҳам тақлиде аз адабиёти Тургенову Толстойу Пушкин аст.
Ин давлат тақлиди номуваффақе аз хоҷагони Э. Раҳмонов асту бас!
Боз дам аз маданияти «худӣ»-миллӣ мезананд?!
Дар ин ҳолат, ногузир аст тақлид. Чунки, дар олам тамаддуну фарҳангу ҳунару умуман рукнҳои ҳаштгонаи маданияти миллате ҳеч имкон надорад, ки дар қолаби шахшуда қарор дошта бошаду таъсир нагузораду таъсир напазирад.
Чакану атласе, ки барои бонувони тоҷик дар асри 21 пешниҳод доранд, матоъи асри пору перор асту моли музейҳост.
«Дар кишварҳои демократӣ бошад, аввалин озодӣ- ин озодии интихоби либос, пасон интихоби дин, интихоби ҷои зист, интихоби тарзи ҳаёти завқи дил ва интихоби Президент аст!»
Мардум бояд интихоб кунад, на Президент! Президент ба гуфти А. Дониш як «муздур» аст- кор мекунад, музд мегирад!
Ба ин Сарқонун иҷозат дода, на Эмомалӣ Шарипович. Ҳарчӣ дили Шарипович бихоҳаду Сарқонун иҷозат надиҳад, бояд мақомоти салоҳиятдор Президентро барои «кирдорҳои хилофи Сарқонун» ба бозпурсӣ фаро хонда, истифсор кунад, ки мутобиқи кадом меъёрҳои қонунҳои амалкунанда як чунин «қонуни латтабандон»-ро бароварда аст?
Агар аз Сарқонун далел надошт, бояд барои кирдори хилофи қонунаш, ба ҷавобгарӣ кашида шавад!
Агар як чунин фарҳанги шахшудаеро дар олам суроғ дошта бошед, лутфан ба мо ҳам нишон бидиҳед.
Интихоби либосу мӯди замонавии он дар салоҳияти шаҳрванд аст, на Пешвову мақомот, ки як чунин «бикуну накун»-ро қонун барошон иҷозат надода аст
Имрӯз, ҳукумати ҶТ, ки намояндагони «воломақом»-у идеологҳои тангназараш пайи «зиндасозӣ»-и «фарҳанги миллӣ», «расму оинҳои миллӣ», «либоси миллӣ-мардумӣ» ва шояд ҳам «андешаи миллӣ» шудаанд, ба дарки ин масъала нарафтаанд; ончиро, ки ба миллати мо «бегона» унвон додаанд, айни чизест, ки тули асрҳо ба миллати мо «багона» ва худӣ буд.
Гуфтанист, ки миллати тоҷик, аз қаъри таърих, аз онҷо, ки по ба арсаи маданияту тамаддуни «худӣ» гузошт, шохисаҳои миллӣ ва фарҳангии худро аз ҳастии худ бо худ дошт.
Яке аз ин рукнҳои тамаддуни худӣ ин- хат буд.
Расмулхат.
Магар мешавад бо доштани хатти русҳо худро «мутамаддин» номид?
На.
Барои пӯшиши бонувон шабу рӯзу маҳу сол пулу нерӯву тавону вақт меёбед, ки тамоман ба маданияти мо таъсире, ҷуз таҳқири қишре аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, надорад, вале ҳамин ки барои рукни ракини маданияти тоҷикон- хати форсӣ гап рафт, на ҳавсала, на нерӯ на маблағ пайдоятон намешавад?!
Танҳо миллате по ба арсаи «тамаддун» гузошта ба шумор меояд, ки расмулхати «худӣ»-ро офарида бошад, ки шукри Яздон, тоҷикон аз ҷумлаи ин миллатҳоянд. Вале…
Бо вуҷуди талошҳои хастагинопазири хирадмандону зиёиёни тоҷик дар солҳои 70-у 80-уми асри пор, ки тавониста буданд, бо вуҷуди дискриминатсия алифбои ниёгону забони форсӣ аз ҷониби Ҳукумати Шуравӣ, ин забонро расман забони давлатӣ ва хати онро дар макотиб ба кӯдакон таълим бидиҳанд, вале мутаассифона, намояндагони ҳукумати кунунӣ, ки дам аз «ориёият»-у «қидмати миллӣ»-ву «тамаддуни 6000-сола»-ву дигар лофу газофи дар зоҳир илмӣ, дар ботин ёвагуфторӣ мезананд, аввалин коре, ки ба соли 1993 карданд, ин- аз матни Сарқонун рӯфта партофтани яке аз шохистарин аркони «маданияти худӣ-миллӣ»-и мо- тоҷикон буд, ки номаш алифбои ниёгон ва номи аслии он «хати форсӣ» мебуда.
Ва Пешво бо берӯии тамом дигар миллатҳоро «таҳқир» мекунад: вақте миллати тоҷик тамаддуну фарҳангу давлатдорӣ дошт, дигар миллатҳо, мебахшед, дар ҷангалҳо мегаштанд?
Хуб, ҳоло мо бо доштани ин ҳама «воҳима» ҳанӯзам дар ҳамон «ҷангале аз беқонунӣ»-ю «бехатӣ» ва ҳатто дар душмани бо фарҳанги 1400-солаи хеш умр ба сар мебарем! Вале мелофем, ки гузаштагони мо чунин буданду чунон.
Яъне, инҳо оид ба кадомин «маданият»-у «фарҳанги миллӣ»-и сутург, имрӯз, ба миллати тоҷик, «ҷик-ҷик» ёд медиҳанд, ки дар матни ин «маданияти колхозии маҳдуд» расмулхати мо- тоҷикон «хати форсӣ» вуҷуд надорад?
Дуввумин рукни маданиятнокии миллат ин- «истеҳсолоти худӣ» аст.
Истеҳсолот гуфта танҳо истеҳсолоти моддиро дар назар бигирем, миллатро аз киштии «тамаддуни асил» фароварда, дар кавирҳову чӯлҳои саричӯлгардоне таназзул додаем, ки ба ҷуз хару «фарҳанги харӣ»-ву «харсаворӣ»-ю дигар аркони харигарию харпарастӣ, чизе, аз тамаддун дар ҳастии моддию маънавии хеш, тули асрҳо бо худ надоштаанд, то ки имрӯз ба мо аз он чизе тақдим намоянд.
Истеҳсолоти миллӣ-худӣ метавонад аз сохтани сӯзан то рокетҳову моҳвораҳову ихтироъоти миллатро дарбар гирифта бошад. Ҳатто таппакеро ҳам, ки барои захирасозияш ин «мутамаддинпешво» суфориш медиҳад, рукне аз тамаддуни ибтидоии асри чорводории ибтидоии тоҷикон аст, ки то имрӯз ин колхозник аз он дилканданӣ нест!
«Миллатро бо ин қонунҳои колхозӣ ба асри саргину таппаку латтаву пашми бузу қутосу пустинпӯшӣ роҳнамоӣ доранд?»
Миллате ба дараҷаи соҳибтамаддунию маданиятнокии, ба гуфти Шарипович: «сатҳи баланд» расида бошад, ки аз мусиқии миллӣ гирифта то ба истеҳсоли илмӣ, истиқлоли фарҳангию густариши ҷаҳонбинии худӣ ва истеҳсолоти маҳсулоти моддӣ, аз найшакар гирифта то ба орду ғаллаву боимҷону себзаминию тухми мурғу шири гову матоъу доруворию силоҳу мошинолоту пойафзору пӯшоку хӯроку заргарию ҳарчи ки як миллати мутамаддин ниёзмандӣ он бошадро худ истеҳсол намуда, ба тарзи худкифо дошта бошаду ҳатто ба дигар бемаданиятҳо ҳам тақдим кунад, ки он гаҳ ин миллат тавониста, ки ба василаи молу колои худӣ, ба дигар қавмиятҳо таъсир расонидаву дар густариши тарзи зиндагии пешрафтаву волои худ, хидмате карда бошад.
Ҳоло чӣ?
«Ҳоло як мушт муфтхӯрон, таёрхурон, танбалхӯҷаҳое, ки мафҳуми маданияту фарҳанги худиро дарк накардаанд, омадаанду дар ин соҳа «паёмбарӣ» доранд. Чи паёмбарони дурӯғине, ки дастпарвардагони Масеҳи Даҷҷоланд!»
Миллати тоҷик, асрҳост, ки рукн-рукни тамаддуни сутургашро бодиягардон, азаш тарошиданду имрӯз дар инзиво ва манҷалоби «бемаданиятӣ» қарор дорад.
Вале як қисме аз ин бемаданиятҳо, ки бемаданияттаринашон ҳастанду имрӯз бо номи давлати миллӣ хартозӣ доранду бар сару либосу тарзи рӯзгузаронию ҷашну сури дигарон кор гирифтаанду оид ба «маданияти баланд» -и худ лоф зада, дигарон (ҳатто бомаданиятноктар аз худашонро) ҳам ба сатҳи «фарҳанги даштгардӣ»-и хеш таназзул доданиянд, нафаҳмида, ки тӯли 3 даҳсола аст, ки бар зидди фарҳанги миллии хеш ҷанг эълон кардаву онро, рӯз ба рӯз хору залилу маҳву нобуд карда истодаанд.
Либос рукне аз маданиятнокист?
Ба ин суол ду ҷавоб метавон дод:
Якум, миллате мутамаддин маҳсуб меёбад, ки «сару танаш» пӯшида бошад.
Дуюм, агар васеътар ба ин «латта» нигоҳ кунем, хоҳем, дид , ки миллатҳои қафомондаи нимаваҳшие, ки дар рӯи замин, инҷову онҷо кашф мешаванд, ҳанӯз ҳам «сару кун»-и пӯшида надошта, занҳо бо пистонҳои боз, мардҳо гирди миён алафҳои худрӯй баста, бидуни ҳеч мушкиле зиндагонӣ доранд.
Чаро?
Чунки дар ин қабоили ибтидоӣ, ҳанӯз ҳам рукнҳои маданият зуҳур накарда асту сарвари қабила (пешвои миллат)-ашон ҳам барояшон дар масъалаи «пӯшиши багона» ё «бегона» ҳарф намезанад. Ҳашт рукни тамаддунро барои хеш наофаридаанд. Ҳатто давлат ҳам надоранд.
Ҳарчанде барои мо дигарон давлати ҷаълие дуруст кардаанд, вале мо наметавонем, ки ба сатҳи «давлатмардӣ» худро тарақӣ диҳем. Омадему як говбонро пеш гузошта пешво кардему худамон шудем «пасво».
Миллати тоҷик тӯли 3000 сол аст, ки пешво гуфтани ҷондор надошт. Шоҳу шоҳаншоҳу подшоҳу султону амиру халифа дошт.
Ин қабилаандеш омаду худро, дар кишвари Демократӣ «пешвои қабила» эълон карда, тоҷиконро шармсор кард!
Қабоили нимаваҳшӣ барг мебанданд гирди чатану шикор мекунанд бо сарнайзаҳо, ҳамон сарнайзаҳое, ки ин даштгардони моро ҳам ба соли 1992 «соҳибтамаддун» кард, вале тамаддун зери сояи қаламу санъату ҳунару дину ахлоқу фалсафаву адабиёт пайдо мегардад, на зери сояи шамшеру тиру туфанг.
Лутфан, бемаданиятҳо оид ба маданият ба соҳибмаданиятҳо «диктават» накунед.
Миллати тоҷик, ҳазорсолаҳост, ки ба арсаи маданияти «тарзи либоспӯшӣ» расида асту ниёз ба ақли либоспӯшӣ ёд додан надорад! Сардори қабилаи аз чӯл омада, тоҷикон қабилаҳои ақабмондаи ибтидоӣ нестанд, ки ниёз ба «қонунҳои иҷборӣ»-и туро дошта бошанд, баракс, ҷаноби сардори қабоили ақабмондаи даштнавард, ин туву пайравони нимаваҳшият ниёз доранд, ки аз мо- тоҷикон ягон чӣ биомӯзанд.
Вақте барои либоспӯшӣ миллатеро маҷбур мекунед, худ далолат аз ақабмондагиятон мекунад. Миллатҳои фарҳехтаву мутамаддин ҳамдигарро бо зарби чӯб, ақлу тарҳи зиндагиву тарзи либоспушӣ нишон намедиҳанд, балки бо мушовараву роҳнамоиву гуфтугӯ бо ҳам месозанд!
Магар миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо кунлучу сарбараҳнаву сарҳуй буду «пешво»-е пайдо нагашт, ки барояш читу кимхобу атласу адрасу абрешиму мӯйинаву сару пову ҷомаву ҷелаку чакану сатину шоҳиву маҳсиву кафшу сарбанду чашмбанду фаранҷиву беқасабу ҳазору як навъ либосҳои миллӣ- мардумӣ бисозад, ки аз сардиву гармиву бодҳои серуму ҳавли гармӣ баданашро ҳимоят кунад?
На, ҷанобон, шумо, ки худ случайно аз як форматсияи ибтидоии ҳавзаи харпарварӣ ба пойтахту тамаддунгоҳ , бо хунрезӣ қадам гузоштед, гумон кардед, ки пойтахтнишинон ҳам як мушт «харбонанд» дар ҳоле ки дарки шинохт аз оламу одаму тоҷикияту таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик надоштаеду умре дар инзивову ҳошияи бодияҳо рӯзатон ба сар омад буд, гумон кардед, ки ба ин миллтаи устоди дигарон «устодӣ» кунед!
Эй, тақдир! Чӣ қадар вақти дигар лозим аст, ки ҳар шутурбону говбонеро мо- тоҷикон соҳибтамаддун кунем!
Гуфтам, ки тоҷикон, дар гузори торихи тӯлонии хеш ҳар 8-рукни тамаддун (civilization)-ро то омаданаи шумо, дар соли 1992 доштанду ниёз ба қонуни «манъу иҷозат» -и шумо ҳам надоштанд.
Вале, аз бозе, ки омадеду заводҳои моҳутбарорӣ, қолинбарорӣ, матоъсозӣ, рангрезӣ, қолабрезӣ, пойафзолсозӣ, либосдӯзӣ ва ҳама дигар аркони маданияти истеҳсолиро хароб кардаву қисм-қисм фурӯхтеду пул кардед, миллати тоҷик, бо «шарофат»-и пайи қадами наҳси шумо, дигар аз либоси миллӣ, ки тули натанҳо 70 соли Шӯравӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо либоси мусулмонӣ- миллии боризи худро дошту аз дигар қавмиятҳо як сару гардан боло меистод, либосҳои миллӣ-мардумии хешро яксӯ гузошту пайи «чиртаку ширтаку пиртак»-и воридкардаи командирбизнесменҳои шумо гашт.
Як омили боризи рӯй овардани миллат ба либосҳои бегона (ҳол он ки либос бегонаву багона намешаванд), балки миллӣ ва ғайримиллӣ мешавад, ин шикасташавии ҳувияти фарҳангӣ-миллии он миллат аст, ки шумо омили асосии беҳувиятшавии тоҷикон дар 32 соли охир ҳастед!
Вақте зиндагии иқтисодии як миллат, дар натиҷаи ҷангхоҳии ҷанговарони саҳроӣ ба зону мезанад, он миллат дигар тавони хариди либосҳои гаронқиммат, моҳуту абрешимиро дигар надошта, агар либоси занонро дар нигар бигирем, он танҳо дар сатҳи «паплен», ки онро ҳам на давлати «маданиятноку миллигаро»-и Тоҷикон, балки чиниҳову русу узбаку арабу турку татор барои бонувонамон истеҳсолу экспорт мекунанд, гашта аст!
Фоҷиа ин ҷост, ки сарвари давлате тӯли умр оид ба «либоси миллӣ»-ву «фарҳанги либоспӯшӣ», ки ҳеч вазифаи президентии ӯ нест, ҳарф бизанаду надонад, ки «паплен»-у «кундал»-у «атласу адрас»-е, ки дар садади «реклама»-и он аст, аслан дигар дар ин марзу бум истеҳсол намешаванду ҳамагӣ, рулон-рулон, кип-кип, тонна-тонна аз Чину Дубаю Қирғизистону Ӯзбакистону Русия ворид мешаванд!
Омили асосии папленпӯшии бонуи тоҷик ҳам дар арзонқимат будани ин сарулибос аст, ки ҳатто 200 сол қабл бонувони тоҷик якчунин либосҳои «синтетикӣ»-ро барои худ ор медонист, ки бипӯшанд.
Вале, ҷаноби Раҳмонов, як ба худ ою даме аз «мутамаддинҳо»-ят бипурс, ки авлоду элитаи то дирӯз ҷайданпӯшат, кай ин гуна сару либосҳои ҳазордоллара дошт?
«Дирӯз чӣ сару либос доштен, ҳоло чӣ?».
Духтаронат лоҷуварду ёқуту алмос меовезанд, гумон кардӣ, ки «миллати шариф»-и папленпӯшат аз «рӯзи хуш» синтетика мепӯшанд?
Гумон кардӣ, ки «қонуни сатру ҳиҷобу либос» барорӣ, бонувони тоҷик, мисли туву бастагонат, миллионер шуда, либосҳои ба миллати мо «багона» харида мепӯшанду ту ҳам аз ин бемории либосҳаросият халос мешавию мо ҳам, ниёзманди қонунат намешавем?
Ғалат кардӣ, пешвои қабила!
Ба ҷои қонуни латтаву либосу карбосу идгардаку инро бигиру вайро нагиру инро бихӯру онро нахӯру инро бикуну онро накун, агар 8-рукни асосии тамаддунро дар хоки Тоҷикистон эҳёву пуштибонӣ мекардӣ, миллат худ медонист чӣ бипушад, чӣ напӯшад!
Ҳашт рукнро дидӣ, ки
Якумаш, ҷойи кор аст, ки тӯли 32 соли қумондоният натавонистӣ барои миллати тоҷик онро биофарӣ. Ҷойи кор, ки набошад аз миллат чӣ талаби итоъати қонунҳои беақлонаатро дорӣ? Ҷойи кор набошад миллат «индетс» мешаваду дар кӯҳу адир харпоӣ карда, нимаваҳшӣ, бо тану сари луч, сарсарӣ мегардад!
Дуюмаш, ҳукумат, ки ҳоло ҳукуматат, аниқтараш Режимат, дар манҷалоби беҳувиятӣ ва дар ботлоқи нотавонӣ гир монда;
Сеюмаш ахлоқ, ки дар ин 32 соли ҳукуматравоият, дар сатҳи як ахлоқи кӯчабозорӣ нузул кардаву дар тамоми идораву корхонаҳо танҳо «забони давлатии дашном» бедод мекунад.
Ҷаноби «тамаддунгаро», медонӣ, ки худат ҳамчун Президенти ин миллат, ва акнун пешвои «қабилаи ибтидоӣ» , дар баромадҳоят қишре аз ин ҷомеаро таҳқири рӯйрост карда, танҳо ба хотири он ки тарзи зиндагӣ ва либоспӯшии онон ба табъи «воло»-ятон нописанд аст, онҳоро ғайриқонунӣ «дискриминатсия» ё худ табъизи диннӣ мекунӣ, ки тибқи меъёрҳои қонунӣ, ҷиноят маҳсуб меёбад!
На Президент, на ягон ниҳод ё шахси алоҳида, ҳақ надорад, шаҳрвандеро ба хотири пӯшиши мазҳабияш таҳқир карда, носазо гӯяду дигаронро таҳрик кунад, ки ба «гумроҳгаштагон фаҳмонед, вай кунед». Магар худи шумо то дирӯз, дар оғили Данғара гумроҳгашта будед, ки бо шлаяпаи «ба миллати мо бегона» хару хук мепарвардед?!
Ҳамон мундири гаронқимматат, туфлиҳои итолёвият, штанаи кунбораи туркият, трусики (кунпуш)-и русият, ҷӯрабҳои фарангият, гарданбанди фаронсавият, соати дастии суисият, куртаҳои рангобаранги итолёвият, ҳамагӣ «ба миллати мо бегона» буда, онҳое ки ин тарзи либосро ба тан мекунад, баъзан «вай мекунад» гумроҳгаштагонанд!
Боз ба худ накашӣ, ҷаноб! Худат «ҳидоятёфта»-ӣ!
Гумроҳгаштагон мо – 10 миллион тоҷику тоҷикистониёнем, ки аз ҳамон «гумроҳиямон намедонем, ки бо ин иқтисоди дастурию шикаставу инфилятсияву монополияву нархҳои гарону маоши ночизу як олам дузду ғари гирду барат», ҳаётамонро куҷо барем?
Ҷаноби «ҳодӣ», худут чи турӣ кадӣ, ки «ҳидоят» ёфта, ин қадар либосҳои гаронарзишу хонаву дару либосу палосҳои хориҷии «ба миллтаи мо бегона»-ро харида, кайфу сафо дорӣ?
Мои «гумроҳгашта» бошем, ҳамин як -ду либосҳои арзонаки хитоиро ҳам бидуни иҷозати ҷаноби олӣ, ва «қонуни латта» иҷозати дарбар карданро ҳам надорем?
Иҷозат ҳаст кунпуш пӯшем? Ё аввал рангашро аз духтару писаратон рафта пурсем? Размерашро ҳам омада доложит кунем, пешво? Бо яке….
Ҷаноби “соҳибмаданият”-и олӣ, шукр, ки Шайтон туро бар сарамон оварду баромон “роҳнамо” гаштаед, вагарна кӣ медонист, ки мо “гумроҳгаштагон” ҳоло чи намуд либосҳоеро бабар дошта будем!
Ту баромон роҳи маданиятнокиро кушодаӣ. Маданиятнокии бефаросатӣ!
Аввал қонуни хатнаро «зарарнокияшро ба пастшавии қаду басти тоҷикон» маъруза карда, моро аз «гумроҳӣ» бадар овардӣ!
Пасон, қонуни «хешутаборгирӣ»-ро бароварда, зарари онро ҳам «исбот» кардӣ!
Пасон, омада фурӯзонакҳои каммасрафро, ки рукне аз аркони «тамаддун» аст, баромон шарҳу исбот кардӣ, ки «зарарнок»-анду фурӯши иличияшро манъ карда, боқии барқро бо ҳаққи барқамон, ки рукне аз тамаддун буд, ба ҳамсояҳо фурӯхтӣ, ки онон низ аз «тамаддуну нӯру зиё»-и барзиёди тоҷик баҳравар гашта, аз ҷаҳолату торикӣ ва «гумроҳӣ» наҷот ёбанд!
Пасон қонуни дегу табақро бароварда, бароямон фарҳанги сутурги олучашакаров, тарзи резакардани барги лаблабуро омӯхута, исбот кардӣ, ки миллати «бофарҳанг» ҳамон миллатест, ки нисфе аз душманонашро бо чапотӣ мекушад. Ва дигар тамаддунофаринҳои гирду барат, дулунҷа онро нимколахо карда, бемалъиданду имрӯз тамоми гӯшаву канори пойтахтамон пур аз «қурутобхона»-ву самбусаву лағмони ӯйғӯрии «миллӣ» гашта аст, ки рукне аз «фарҳанг»-и «ориёӣ»-и шумост!
Пеш бши бача, авқоти миллита начаконӣ! Оличашакаров!
Имрӯз, мо- «бемаданиятҳо»-ро бо –«маданият» кардиву танҳо ҳамин «идгардаки ҷӯгигарӣ» ва «либоси араб» монда буд, ки дар баробари либосҳои шики итолёвӣ, фаронсавӣ, амрикоӣ, туркӣ ва ҷопонию куриёии ҷанобу бастагонаш, як каме «бегоначоптов» метофту онро ҳам ба зарби «қонуну ҷаримаву воҳима», бо имзову воҳимаи ғулу занҷир, аз байн бурда, ба ҷояш чӣ овардӣ?
Чакан?
Бошад! Вале, ҳамон гуна ки мебелу палосу мошину хонаи ҳар як миллат сол ба сол тараққӣ кардаву мӯде рафта мӯде меояд, либос ҳам тағйирпазир асту ниёз ба рушду нумуву коркарду замонасозӣ дорад! Пеш аз ҳама онро бояд дар хоки худ, бо технология ва дизайни худӣ истеҳсолу коркард кард, на чун гови «латтахӯр» рафту аз мусуркаҳои дигарон, рулон-рулон хариду оварду духту «миллӣ» гуфта фурӯхт.
Ҳамон гуна, ки духтарат барои сарват шуда, фурӯзонакҳои хитоиро «қонунан, иҷборӣ» карда буд!
«Гумон кардӣ, ки бо баҳонаи «миллию бегона» номидани ҳар латту пут, миллатро гӯл задаву пул кор мекунию оқиле шохбандро рӯзе ба шохи шикстаат нахоҳад гузошту ба колхозат нахоҳад бурд?!»
Бас аст!
«Қонуни ҳамхобагӣ, қонуни танзими дегу табоқ, қонуни лампочка, қонуни бакорат, қонуни сифлису Вич-Спид, қонуни латта, қонуни «гумроҳгаштагон», қонуни «мазҳаби тоҷикӣ», қонуни кордор нашудан ба Пешво!»
Эй, дафъ шаве!
Ту киӣ, ки ба ҳама кордор мешавию ба туву авлоди «бемаданият»-ат касе ҳақи дахолату роҳнамоӣ надорад?!
Калаи чӣ овардаӣ? Ё гуфти худат ту аз осмон чакидаи?
Холаи ҳамакора, ба идгардаки кӯдакон чӣ кор дорӣ?
Салоҳияти як президент ин қадар фарох нест, ки як чӯб дар дасташ куни мардумро кофта гардад!
Абдулманон- қадратро дон! Ё ҳой Айёз чоруқот дар тори кос!
Чоруминаш Дин аст: Миллате соҳибтамаддуну фарҳехта маҳсуб мешавад, ки динеро пайравӣ кунад ё ба Худое эмону итоат дошта бошад.
Агар, Эмомалӣ туву дору дастаи «ҷанговар»-ат ба Худое боварманд набошед, ҳаққи дар масъалаи тамаддуну фарҳанг сухан гуфтанро тамоман надоред. Агар эмон ҳам надошта бошед, тибқи талаботи бандҳои Сарқонуни кишвар ҳаққи таҳқири дини дигаронро надоред!
Касоне, ки ба Худову дине бовар надоранд, рукне аз аркони тамаддунро инкор кардаанд.
Фарқ надорад, ту чи дӯст бидорӣ чи надорӣ, тамаддуни лоақал 1400 соли ахири ин миллат ва минтақаву густурдае аз олами кунунӣ, муртабит ба дини Ислом аст, ки пайравонашро «гумроҳгаштагон» мехонӣ!
«Гумроҳии ин миллат дар риояи фармудаҳои ин дин бошад, ки ҳазор сол қабл аз пайдоиши туву падари номаълумат арзи ҳастӣ дорад, пас, «ҳидоят»-е, ки моро ба он фаро мехонӣ кудом аст? Бигӯ, охир шояд растагор шавем, пас аз гумроҳӣ?!»
Ҳидоятат модари «қиддиса»-ату худатро «парастидан» аст наъузубиллоҳ?
Панҷумаш илм аст: Мутаассифона, ҳама медонанд, ки псевдо олимони қонунбарори ин режим ва худи Эмомалӣ як «плагиатор»-е беш нестанд!
Ҷаҳонбинии илмӣ надоранд. Илмро хор кардаанд. Аз илм барои пешбурди ҳаёти лӯчи мардум кор гирифтанро қодир нестанд. Дигар миллатҳо баромон технология ва мутахассис мефирисанд. Роғунро итолёиҳо месозанд. Парлумони 240 -миллиондолараро ҳам чиниҳо месозанд!
Вобастаи институтҳои илмии дигаронем! Истеҳсолу коркарди маълумотҳои илмӣ дар ин диёри «гастарбайтерони сиёҳкор» мурда аст.
Бешараф боло нишаста, олим- хор! Системаи маориф ва илмат дар пасттарин ҳолат қарор дорад….
Шашумаш, ки фалсафаю ҷаҳонбинии миллӣ аст: дар ин кишвар кайҳост аз матни андешаи мардум ба дур афтода.
Ҷаҳонбинии ин қавм ҷуз сирқат, мардумозорӣ, миллатгӯлзанӣ, найранг, беқонунӣ, пастфитратӣ ва як ҷаҳонбинии на метафизикӣ ва на физикии комил, ки лоақал он дунёи ин миллатро ҳам насозад, ин дунёашонро обод кардан тавонад, буд, ки нест!
Нест! Фалсафаи нифоқу дучеҳрагӣ бедод мекунад. Ҳар қонуне Эмомалӣ мебарорад, дар соярӯшанҳош дарду мақсаду ҳадафу манфиати хештан аст, на роҳнамоии миллату тараққиёту пешрафти он!
Ҳафтум рукни тамаддуни тоҷик: ҳазорсолаҳост пойбарҷост, Адабиёт аст. Вале, охирин намояндаи боризи фарорӯдии он- устоди забардаст, Абдуқодири Рустам, бо тангназарии як идда «адабшиносон»-и беадаби чоплус, паси панҷара рафт!
Магар, инҳое, ки 8 рукни асосии тамаддуну фарҳангу маданияти тоҷикро ришта-ришта азҳам гӯсастаанд, ҳақ доранд, боз ҳам аз «маданият» ҳарф бизананду маданияти миллиро аз «арабии бегона» ё «туркӣ» тафриқ ё ҷудо намоянд?
На. Инҳо худ турктозие беш надоранд!
Амалкардии худи инҳо, айнан, фарҳангсӯзиест, ки дар Бағдод Ҳолеку карда буд. Тамоми олимону санъаткорону файласуфону ҳатто шоири номдоре чун Аттори Нишопуриро бидуни ҳеч ҷурме сар бурида буданду инҳо (пешвогароҳо) бо зиндон кардани тамоми равшанфикрон, олимон, шоирон, нависандагону бастакорону рӯзноманигорону аҳли илму дину ҳатто духтурони боризу варзишкорон, умуман, намояндагони фарҳангу илму ҳунару тамаддуну маданияти тоҷик, омада, боз дам аз «фарҳанги миллӣ» мезананд?!
Фарҳанги миллии мо- тоҷикон обишхӯраш аз чанд сарчашмаи муътамади торихист, ки хоҳу нохоҳ тоҷикону ирониён, дар дарозои торих аз он баҳраманд гаштаанд.
Аввал, Авесто
Дуввум, Қуръон
Севвум, адабиёти шифоҳӣ
Чорум, нигоштаҳои форсихат
Чорум, мазҳаби Абӯҳанифа Нуъмон
Панҷум, адабиёт ё устураҳои паҳлавӣ, дарборӣ, исломӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ, шӯравӣ ва даври навин.
Ҳеч кас таъсири ин ҳамаро рӯи ҷаҳонбинии мо инкор кардан наметавонад ва зӯри беҳудаааш ё миёни ӯро мешканад, ё аблаҳ рӯзе аз бом фитода, гардани мо мешканад!
Ту кистӣ, ки бо тамоми расму оину дину фарҳангу хатту пӯшишу таому ҷашну маросиму идгардаку зангириву ҳаёту мамоти як миллати соҳибтамаддун, бо қонунҳои ғайриконститутсионият ба ҷанг бархостаӣ?
Ба Худо, беморӣ!
Беморият реша дар бехирадиву нафси бетарбияат дорад!
Вагарна, душманӣ бо ҳама аркони 8-гонаи тамаддун туро ба соҳили муроду мақсадат, ки ҳадафе ҷуз нобудии ин тамаддуни тоҷикӣ надорӣ, нахоҳад расонд!
Киштии ҷаҳолати шикастаат дар гили баҳри бекарони тамаддуни форсу тоҷик, ҳатман ғарқ хоҳад шуд. Ҳамон гуна, ки қабл аз ту Чингизу Темуру Ҳолекуву Столину Ленинро дар ҳам кӯбидаву ба боди фано дода буд!
Ҳаштумаш ҳунар аст:
Эмомалӣ ва режимаш ягона коре ,ки кард тамоми ҳунарманду ҳунарпешаву санъату санъаткору саноату ҳунармандиро несту нобуд кард. Миллати тоҷикро барои он чуркаву Ҷумшуду Рушану гастарбайтер меноманд, ки дигар устодияти худро дар ҳунармандӣ, ки асрҳо дар Фарорӯдон устоди ҳама гуна ҳунару санъат ба шумор мерафт, аз даст дод!
Аввалин коре, ки режими «ҳидоятгари гумроҳони беҳунар» аз рӯзи вурудаш, бо танку тӯп ба Пойтахти Тоҷикистон кард, ин – қатли академикҳо (Исҳоқӣ), олимон (Осимӣ), варзишкорон (Мусо паҳлавон), ҳунармандон (Кароматулло), муллоҳо (Шарифзода, Қиёмиддин, Нӯрию Ҳимматзода), генералҳои мардумӣ (Сангаку Мирзову Ҳалим) ва дигар аҳли зиёву тамаддуну илму андеша буд.
Пас аз ин чӣ мемонад?
Як миллати «бефарҳанг», «бемаданият», «гумроҳгаштагон», «гурӯҳҳои ҷиноятпеша», «арабгаро» ва «Пайравони пешво», ки ниёзманди «дастуру ҳидояту роҳнамоию заҷру зӯру зарбу шатму қонуну ҷарима»-анд!
Аввал, худ мутамаддину фарҳехта гардеду ғулу занҷири ғуломиеро, ки хоҷагонатон бар ақлу гарданатон гузоштаандро бишканед, пасон ба миллат роҳнамоӣ кунед. Он гаҳ ниёзе ба қонуну иҷбору ҷаримаву руъбу даҳшат боқӣ намемонад!
Президенти бомаданият ниёз ба қонунҳои иҷборӣ надорад!
Танҳо диктаторҳои нотавон аз ин ки аз пешбурди кори давлату ҳимояи манофеъи миллат оҷиз меоянд, меоянду бо шатта «қонуни латта» мебароранду гӯиё доранд давлатдорӣ доранд. Вале, чун бо тааммул дар корашон нигарӣ: хоҳи дид, ки говҳо доранд латта мехӯранд!
Дигар ҳеч….