09.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

 

СММ: Аз гуфтушунидҳо барои сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон пуштибонӣ мекунем

 

Созмони Милали Муттаҳид аз талошҳои давлати Афғонистон ҷиҳати дастёбии роҳҳалли сиёсӣ барои хатми ҷанг ва ироаи пешниҳоди бидуни қайду шарти музокироти сулҳ бо Толибонро ҳимоят кард.

 

Мируслов Янчо, муовини сармуншии Созмони Милали Муттаҳид дар умури сиёсӣ дар ҷараёни сафар ва боздидаш аз Афғонистон гуфтааст, ки афғонҳо тамоюли шадид барои сулҳу мусолиҳа доранд ва Созмони Милал омодаи ҳамкорӣ аст.

 

Дар ин бора хабаргузории Пажвок иттилоъ додааст.

 

Манбаъ менависад, ки оқои Янчо, дар ҷараёни сафар бо намояндагони давлати Афғонистон, раҳбарони сиёсӣ ва ҷомеаи дипломатӣ дар нишастҳои ҷудогона ба тааҳҳудоти дарозмуддати Созмон Милали Муттаҳид ба Афғонистон ва мардуми он таъкид кардааст.

 

“Созмони Милали Муттаҳид аз талошҳои давлати Афғонистон дар баргузори интихоботи шаффоф, фарогир ва мӯътабар ҳимоят мекунад”. – гуфтааст Янчо.

 

Муовини сармуншии Созмони Милали Муттаҳид дар умури сиёсӣ, бар аҳамияти гуфтугӯҳои сиёсӣ ва масъулияти муштарак миёни раҳбарони сиёсии  давлати Афғонистон ва ниҳодҳои интихоботӣ ба манзури фароҳам сохтани шароит барои интихоботи шаффоф таъкид кардааст.

***

Эъломи таҳримҳои Амрико алайҳи Русия

Давлати Амрико мегӯяд, натиҷагирӣ кардааст, ки Русия алайҳи ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтараш  аз заҳри аъсоб истифода кардааст. Ба ҳамин хотир Амрико  таҳримҳое алайҳи Русия эъмол мекунад.

 

Ин иқдомро Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 08.08.2018 дар Вашингтон эълом кард.

 

Сергей Скрипал ва духтараш дар Биритониё дар ҳолати беҳушӣ пайдо шуда буданд ва ҳоли ҳар ду вахим буд, аммо баъд аз чандин ҳафтаи бистарӣ будан дар бемористон комилан беҳбуд ёфтанд.

 

Русия иттиҳоми ҳар гуна нақш доштан дар ҳамла ба ин дуро такзиб кардааст.

 

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе гуфтааст: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асоси қонуни соли 1991 контроли таслиҳоти химиёвӣ ва биологӣ натиҷагирӣ карда, ки Федератсияи Русия бо нақзи қавонини байналамллӣ алайҳи шаҳрвандони худ аз силоҳҳои маргбори химиёвӣ ё биологӣ истифода кардааст.”

 

Тибқи ин изҳороти ВКХ Амрико таҳримҳои тозаи ин кишвар алайҳи Русия аз рӯзи 22 август аамалӣ хоҳад шуд.

 

Дар пайи ҳодисаи заҳролудшавии Сергей Скрипал бо духтараш,  пизишкони Биритониёи кабир гуфтанд, ки ин ду нафар тавассути заҳри аъсоби махсуси низомӣ “Ноҷичок”,  ки истеҳсоли Русия дониста мешавад, заҳролуд шудаанд.

 

Аз пайи ин ҳодиса равобит миёни Русия ва ғарб сард шуд. Беш аз 20 кишвар дипломатҳои русро дар ҳамбстагӣ бо Биритониё ихроҷ карданд. Аз ҷумла 60 дипломати рус аз Амрико ихроҷ шуданд ва консулгарии Русия дар Сиетлӣ баста шуд.

 

Се моҳ баъд аз заҳролудшавии Скрипал бо духтараш дар Солсбери Британияи кабир, ду нафари дигар дар хонае дар 13 километрии шаҳри Эймсберии Британия мариз шуданд. Яке аз он ду ба номи Дон Стурджес баъдан даргузашт ва дӯсти ӯ Чарлӣ се ҳафта дар бемористон бистарӣ шуд.

 

Донишмандони Портон Даун, озмоишгоҳи таҳқиқоти низомии Биритониё, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин ду нафар низ бо заҳри “Навичок”-и истеҳсоли Русия заҳролуд шудаанд.

 

Иқдоми эъломи таҳрими Амрико алайҳи Русия метавонад сабаб шавад, ки равобити дипломатии ин ду кишвар ҷиддан сард гардад, инчунин мамнуъияти парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ ба Иёлоти Муттаҳида комилан қатъ мешавад. Ин таҳрим метавонад ба иқтисодиёти Русия зарбаи ҷиддӣ бизанад. Аллакай аз имрӯз уфти қурби рубли русӣ дар баробари эвро ва доллар эҳсос шудааст.

Коршиносон мегӯянд таҳрими Амрико алайҳи Русия ва афтидани қурби рубли русӣ метавонад ба даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кору фаолият мекунанд, таъсири манфии худро расонад.

***

Аввалин муҷрии телевизиони Амрико бо ҳиҷоби исломӣ

Мусалмондухтар Тоҳираи Раҳмон, аввалин муҷрии барномаи хабарии Амрикоӣ мебошад, ки бо ҳиҷоби исломӣ дар телевизиони ИМА ба кори худ оғоз кардааст.

Ин духтари покистониасли амрикоӣ гуфтааст,  алорағми душвориҳое, ки дар роҳи расидан ба ин масир дар муқобили ӯ қарор гирифта буданд, бо азми росих орзӯи худро таҳаққуқ бахшидааст.

 

Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ додааст.

 

“Ман фарзанди модари ҳиндӣ ва падари покистонӣ ҳастам, ки дар Амрико мутаваллид ва бузург шудам. Достони ман дар воқеъаи 11 сентябр оғоз шуд. Он рӯз ман низ монанди ҷомеаи мусулмонон таҳти таъсири ин иттифоқ қарор гирифтам; Аз он рӯз диди мардум ба мусулмонон иваз шуд. Ҳатто дар он рӯзҳо диди ҳамсояҳоямон низ ба мо тағйир кард. Ман дар он замон тасмим гирифтам, ки барои тағйир додани дидгоҳ ва тарзи фикри мардум нисбат ба мусулмонон коре анҷом диҳам. Хабарнигорӣ ба назари ман шуғле буд, ки метавонистам достони зиндагии мардумро ба гӯши тамоми ҷаҳон бирасонам. Падар ва модарам низ дар ин замина аз ман ҳимоят карданд ва ман дар донишгоҳи Чикаго риштаи рӯзноманигориро ба поён расондам”. – гуфтааст Тоҳира ба хабаргузории Анадолу.

 

Ӯ афзудааст: Дар даврони коромӯзӣ аз ман мепурсиданд, ки барои расидан ба орзуҳоят ҳиҷоби худро бадар мекунӣ ё не. Ман ҳамеша посух медодам, ки “не”. Бисёре аз муроҷиат барои кор ба ин далел рад шуд. Баъд аз инки натавонистам кор пайдо кунам, ба муддат ду сол пушти саҳна дар шабакаи «WHBF» хабар таҳия мекардам.

 

“Баъд аз инки ду бор дархостам барои муҷрии хабар шудан рад шуд, ман ба пушткории худ идома додам ва бештар кор кардам ва саранҷом дафъаи севум муваффақ шудам, ки ин корро анҷом бидиҳам. Барои аввалин бор дар 8 феврали соли ҷорӣ рӯ ба рӯи дӯрбин шудам, мардуми минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ба вежа Туркия аз ман ҳимоят карданд”. – нақл кардааст Тоҳираи Раҳмон, муҷрии барномаи хабарии шабакаи телевизионии «WHBF» дар Амрико.

***

Ба Масҷидулақсо саҳюнистони яҳудӣ беэҳтиромӣ карданд

Даҳҳо  нафар шаҳракнишинони саҳюнист субҳи имрӯзи панҷшанбе, нисбати масҷиди мубораки Алақсо беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо пойафзолҳои чиркини худ вориди ин макони муқаддаси таърихӣ шуданд.  

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, 65  нафар шаҳракнишини яҳуд бо ҳимояти маъмурони пулиси  “Исроилӣ” аз дарвозаи Алмуғориба вориди Масҷид-ул-Ақсо шуда, дар бахшҳои мухталифи он беҳудагардӣ карданд ва мусалмононро масхара намуданд.  

Маъмурони полис ва нерӯҳои вижаи артиши режими ишғолгар,  дайдуҳои яҳудиро дар ҳини гаштугузор дар дохили муҳавватаҳо ва саҳнҳои масҷид ҳамроҳӣ карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи гузашта беш аз 3800 дайдуҳои яҳудӣ вориди Масҷидулақсо шуда, дар бахшҳои мухталифи он беҳудагардӣ карда буданд.

***

Даъвати ба эҳтиёткории сафорати Русия аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дархост намуд, ки ҳангоми сафару ҳузур дар ин кишвар аз эҳтиёткорӣ кор гиранд.

Дар ин бора маълумоти расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Данғара нашр шудааст.

Тарве Азияплюс менависад, намояндагии дипломатии Русия эълони эҳтиёткорӣ ба шаҳрвандонашро ба амали террористии ҳамла ба сайёҳон рабт дода, хотиррасон намудааст, ки бар асари он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд ва аз шаҳрвандони кишвараш даъват кардааст, ки аз сафару ҳузур доштан дар нуқтаҳои камаҳолӣ худдорӣ варзанд.

“Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони русиягӣ, ки нияти сафар ба ҷумҳуриро доранд, дархост мекунад, ки тамоми тадбирҳои эҳтиёткориро риоя намоянд ва аз сафару ҳузур дар макони камодам ва мавзеъҳои дурдаст худдорӣ кунанд”, – омадааст дар изҳороти сафорат.

 

 

Share This Article