Ledi from Ғарм №2

Ислоҳ нет

достони нав дар бори Зарина Идизода, раисаи Ғарм, ки аз пешгуфтор, чанд боб ва пасгуфтор иборат аст

«О,омадани Ҷанобда будан ку, байни худмон. Вай (манзураш Ҷаноб) хай, ку ҳамин хел омад рафту бо да дачаи ҳоҷӣ Обид вай кардан ку, о занакора файрод кардан бурдан ҳамеша барои ҳукумата бегаҳӣ вазирову ҳамунҷа будан. Раиси Маҷлиси намояндагону ҳамино. Ростӣ маро я рӯз пеш гуфтан, ки биё, ман нарафтум. Ҳамун рӯзам занг задан, ай зано, ростӣ ман тилфонма куштум. Бароики уҷа хай аку мардако мешинан, хай аку бегаҳӣ вазирам боша, кабирам боша касе бошад вай менуша. Бароики ҷои хурданшонай, шиштаншонай, истироҳат мекунан. Бегаҳ  лави дарёяй. Баъд рафтан духтарову занакои ҳукумат музика мондан, рақс кне гуфтиян. Фаҳмидӣ ҳамин гапа? Баъд ин гапа мана, ки гуфт бо…Ростӣ ман аҳамият надодуму ҳамин чиза, чи хелай, ман уже пешбинӣ кардум. Одам мефаҳма ку. Баъд гуфтум, ки хай, мора барои чи файрод каден уҷа? Ина вазирмон, мора да ҳамиқта вақтай надидай, 

Баъд унҷа мардо бган, ки биё рақс ку иш бикаша, уш бкаша …шарманда шавем.

Вазири мо дар ҳамин гостнитсаи худмон буд, бегаҳ брафт. Аз унҷа мара се -чор бор раиси занҳо одам монд, мн нарафтам. Ростӣ телфоноша куштам. Баъд карочики рафтиян, вай кардиян.. уна ҳаминхелӣ кор шудай. Бо шиносои ман ҳастанд, ку, бо я шиноси тоҷирум ҳамихели гав зад, гуфт ту нарафтӣ дача?. Гуфтум не, ман нарафтум. Гуфт нағз кардӣ нарафтӣ, ҳамин чиза қайд кардиян да мақомото.

Баъд И. Д.як муаллимаамон духтарша файрод кадиян,у Ф. муовини раисай ку. Баъд гап зад қатим. Гуфт, ки духтарам бас каданияй, институтдай ёрдамуш кун. Гуфтум майлӣ. Пурсидум чува бас мекунад.

Баъд гуфт, ки ҳамурӯз бурдай да ҳамуна мардако, да пеши мардако,хай мардакан мешинан менушан, ҷои истироҳатай. Фармидайшон, ки хезед ита кне, хезед рақс кне, духтар биёве иноя хизмт кне. Ина ҳамихелӣ ким чи намедонум. Ту ҳамин кора хабар дорӣ.

 Баъди ин пагаҳи дига рӯзи дониш буд ки раиса иҷои мо омад 30 август ростӣ камтар…буд ба ман …. ку. ита хай вай карду маънеш ки чи кард ки дар корои ҷамъиятӣ худта дур мекашиву намериву.

Баъд хайр ман гуфтум хафа наша бо я туҳфаш гирифтум бурдум роҳиш кардум. Гуфтум бина хурсанд мешавад. Ба истиқлолияту ,гуфтум мазаи ма набуд ба итари коро ма рафта наметонам. Р.рогуфтум, ки раисара салом брасону хафа нашавӣ. Ба гуфтум, ки и ҳукумат кори худтона куне. Ай мо ҷумҳурияивияй, ай мо ҷудоҳай,мо муллимем. Бо ба корои худмон саргардонем ихели короя мора набарӣ. Хулоса ина ҳаминхели чиву кор шид. И гапа И… гуфт, ачаи ҳамон муовиншон, ачаи Ф.вай иҷа кор мекна, бегона нест мисол ҳамихелияй бисёр мерад. Занаки калонсолай. Ба гуфт Ф. файрод кадай гуфтай брав 5-6 духтр бков биёр, ки биёян иёра хизмат кнан. аку намедонум чи хели хизмат мекардан. Хай Шавам боша. Шаб чи хизмат мекунад духтар? Хай аку бахшишу охир ҳаминхел. Ин як.Дуюмаш, ки вай гуфта, раиса ҳиҷки духтараша намеомад намеояд дар ин шабӣ ба иёра хизмат кна.

Хай намедонум гуфтааст раиса, дстрхон куна чой кна. Хай дастрхону чой ҳамаш ҳаст духтар чи кор мекунад. Агар ин мақсад ҳам боша. Гуфтай ҳиҷҷка наметия, ки ман духтарша иҷа биёрум да ино хизмат кнан, рақс кнану да пеши ваё. Аку намедонум ҳамин хели чи ваё,чи гузштай, ки аку ун духтар баскун будай. Ҳамин вай қатӣ баъди ҳамин чиз гуфтай бас мекунум модараш гуфт. Ина ин гапе, ки духтарора гардондану унҷада нону об фармудан.

Ростӣ вақте да ҳамин Зарангак шид гуфтанд, ки мора, ки дегдон биёред ина ҳамин институтда равен дегдон кневу кулчаву нон бандеву омадаву да раставу ҳунарҳои мардумӣ биёред. Баъд зангуш задум. Гуфтум раиса як чи бигум хафа нашав. Ҳамунҷа мумкин нестай ҳамин чиз. Хай унҷа мусибат буд, аку шид ҳамихелӣ. Ваям я мебина мерай, ҳамин чизои шумо даркор нестай накунен ҳами чизора. Гуфт, ки э… Маънеш, ки э, аку ман намефаҳмам чени шумо? Хайр, аку нагуфту …неки маънеш, ки ҳамин хел, я -ду вай кадак. Ростӣ, мна эҳтиром мена, зиёд гап намега

Ҳамун гапа гуш накад, гапи ман шид. Омадан ҳамаша полни барҳам додан. Баъд нашуд, ҳо меган ку аз зин фуромада бошадам ай узанги не, бо раиси заноша фармид. Бо раиса мега, ки М-ро бгу ғун кнаву брава. Растаи нонои мардумӣ мекунем, дар пеши ҷойи ҳоҷӣ Обид, брава. Бегаҳӣ мераванд истироҳат, нони мардумӣ нишон метем, худуш биёя.

Аку ту медонӣ, ки ма да руи одам гап мезанам. Баъд гуфтум, ки гуш ку. Ту гуфтаниӣ, ки ма бигирам чор нонаву брам дар пушти растаи ноно бестам? Карочи зангум задан, як одами бо вай ростиш муҳим буд. Хуллас, ки мн гуфтум намерам.

Гуфт, ки раиса мега, ки именно худуш биёя, барои уҷа неву қати худмон бишина. Баъд хай майлӣ гуфтуму ростӣ ҳамун чизои гуфтагишона мн тйор кардаму бо пагаша шуд фармидум, даже набурдум ба ҳавуёра. Фармидум барои ҳамиҷада. Ҳамин гастнитсада меҳмонони худмон, ҳаминҷа хай бтен. Хулоса нарафтум. Ба ҳамин хулоса омадум, фикр кардум фикр кардум, рафтан лозим нест уҷа.

 Баъд вақте бегаҳ мешавад, нигаҳ кадам, ки пагоҳӣ охӣ нагуфтан, ман хиёл кардум ягон намоиш мешавад. Баъд бегаҳ мешавад, дер мешавад занг мезанум барои зано.

 М. да гҷоӣ, биё брем. Биё Буни сафиён брем. Хулоса, ки связ безебай гуфтум ва остаҳак куштум телфонма, дига гап назадум қатишо тамоман. Се -чор бори дига занг зад телфонма куштам. Баъд гирён кардам, ки се- чор бори дига занг задагиян. Хулоса, ҳамин қатӣ баъд камтар димоғ шудану баъд ин воқеаҳоро ман баъдтар ай модари ҳамон муовинаш фаҳмидум,ки ҳамин  хелӣ гуфтай. Некӣ духтари… гуфт, ки барои растаи ноно мора гуфтанд, ки дхта биёрен хай нобуд, ки духтарша меёра дар пеши растаи ноно меистад. Ин як. Дуюмуш, ки ман гуфтум, ки Р-ро занг задум, вақте ки ҳамин гапа гуфт, хай раиси зано я гов, беақл, як дузанда буд оварде раиси занош монде. Ин ҳамин ҷои моро заочний тиёр кард, ҳила. Э,гуфтум як масъала. Ҳамин ҳоҷӣ Обид як хуг надорад гуфтум халос. Даҳ сол шуд ҳамин куҳи  Ғарма ҳавай хурд, тамоми ҳамин минтақара, о мемурад, ки я занака, ага да шумо нон даркор мебуд, гап да вай несту, и санитаркара мефармоӣ, иҷара и учрежденияра мефармоӣ. Ҳамин роҳбар мефармоя, у роҳбарай у коргарша мефармоя,у коргар бо ҳамин санитаркаша, полшуша бечора банд бигӣ биё ройӣ кнем. Ҳамин хелай кор, гуфтум. Ай ҷабр кардани мардуми бечора ҳами беҳтар нестай? Якташ ҳалол мекуна, яташ хушру мепаза, яташ безеб мепаза, мемурде ҳамин ҳоҷӣ Обида мегуфтед, ҳамин якуним ҳазор мерафт. Ута нонатон мефорид нони тоҷикӣ як занака мефармидед мепухт ҳалол. Се занак мебастан меовардан. Шарт нест, ки шумо бред. Унҷа ҷои растаи нон ҳам нест, да лави дарё, бегоҳ-шав шумо ҳамин кора кунед. Ман намедонум чи мақсад буду.. хулоса як шармандагӣ каран ва ина ҳамин хелин занакора бурдан. Баъд, ки ҳамун ачаи ҳавай гуфт, ки хай Г. бурдакшон шармандагӣ, хезед да пеши ҳамино рақс куне, духтар биёре инора хизмат кнану. Баъд духтарм гуфтай, ки наметонум раиса. Охи и гапма ҳиҷ ки намегирад, кӣ духтароша меора да иҷа метия, иҷоза метия духтар меояд иҷа рақс мекуна, охи маънеш,ки да иҷа меиста. Гуфтай, ки ита кӣ боша вазифара биспоре, ана и хел. Аку туғрӣ нафаҳмидам  чи хел мега ита вазнинтар боша, ки бас карданияй кора.

Боби сеюм, Нома ба Ислоҳ

Ассалому алайкум бародари азиз ва ҳақталош Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз кормандони пешини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мебошам. Навиштаи шуморо дар бораи Зарина Идизода хондам. Ҳар ончи навиштаву чоп намудед 100% дуруст аст.

Дар асл ин хонум ягон характери роҳбарӣ надорад. Ин зан дар вақташ муаллима буд. Ӯро ҳамон Набизода Раҳимҷон Муқимӣ раиси пешина овард. То соли 2019 дар ҳукумат набуд. Вай муаллимаи мактаби миёна буд, баъд ба Донишгоҳи омузгории Рашт кор мекард ва баъд дар соли 2017 сардори шуъбаи маорифи ноҳия таъин шуд. Муқимӣ соли 2000 оварду муовинаш дертар муовини аввал монд. Вале ин зан дар сиришташ мисли ақраб аст. Муқимиро подстава кард. Зарина, ин курсиро аз зери пои вай кашида гирифт. Шумо дар ин бора навишта будед. Вақте роҳбари Дастгоҳи Муқимиро бо пора барои додани вазифаи сардори шӯъбаи маориф дастгир карда буданд.

Ин зан чи гуна тавонист, ки бидуни кадом таҷрибаву собиқаи кор дар мақоми роҳбарӣ дар муддати хеле ҳам кутоҳ, раиси ноҳия шавад?

Ин зан  бисёр корҳои бад кард. Ҳоло як сол мешавад ё не, Аммо ҳамин як сол хеле кадрҳои  ноҳияро аз кор гирифт. Гуё ҳукумати ноҳия корхонаи хусусиаш бошад. На ба собиқаи корӣ нигоҳ мекунад на ба мутахассис будани шахс.

 Бародараш раиси Маҷлиси намояндагон аст. Ӯро пушту паноҳ карда корҳои зишт карда истодааст. Ҳатто аз замини бинои ҳукумат фурухт. Ҳама чизро бо пул чену андоза мекунад.

Ин зан, ҳамаи корҳояшро аз номи Ҷаноби Олӣ карда истодааст ва нафрату хашми мардумро нисбати ҳукумат ва Ҷаноби олӣ садчанд боло бурда истодааст.

Ҳоло Заринаро баъзе касҳо Ледӣ мегуянду баъзеҳо Мамароза. Ҳатто ин гуна овозаҳо ҳам паҳн шуд, ки Зарина «пастаянка»-и Сайдализода Муродалӣ, сардори КДАМ-и Рашт аст. Ва тавассути ин нафар бар алайҳи рақибон ё саркашҳову калашахҳо пирӯз меомадааст. Як тиру ду фохта.

Бародари азиз! Ҳасрати дилам ва орзуям ҳамин аст ки барои ҳамин зани золими шаттоҳ биравам як бор ба Ҷаноби олӣ ҳама хату хабарҳоро бирасонам. Гуфти гапҳо ғамхору меҳрубон аст. Ин қадар солҳо дар хизмати халқу ватан аст. Аз соли 1992 ба он присягаи қабулкардааш гуфти гапҳо, ки 1000% ва ҳатто зиёдтар хизмати халқу ватанро кард. Ин муроҷиати ман аст. Чунки ман имконият надорам, ки бо Ҷаноб рӯбарӯ сӯҳбат кунам.Тавассути Шумо, худованд ризо шаваду бирасонад, хеле хуб мешавад. Ҳамин қадар ҳасрат дорам, ки боз ҳамон бачаҳое, ки нону намакашонро мехурду подставиташон кард, беқадрашон кард, онҳо биёянд дар ҷояшон востановит шаванд, боз кор кунанду боз дунё тинҷтар шавад.

Талош мекунад, ки ҳамаро таҳти таъсир ва сиёсати худ қарор бидиҳад. Беҳад кинагир аст, хусумати шахсӣ мекунад. Набизода Раҳимҷон Муқимӣ  хеле инсони хоксор ва хуб буд. Мардумро насиҳат, эҳтиром ва дастгирӣ мекард. Камбудиҳои мардумро талош мекард бартараф кунад вазифа медод бачаҳоро ёрдам мекард.

Аслан Муқимиро бо таъсиррасониҳои ҳамин ледӣ гирифтанд. Ҳар замон через кадоме ба боло ӯро сиёҳ мекард. Ман саддарсад бовар дорам, ки маълумотҳо бар зиди Муқимиро ба Ислоҳ ҳамин Зарина Идизода расонидааст.

 Бе ҳамон ҷои кор рӯзи ман ҳам гузашта истодааст. Ман гушнаю бепушок намондам. Просто, бе ҳеҷ сабаб, бе ягон камбуду кутаҳӣ шарманда кардан дар байни мардум, одамро бо дурӯғу туҳмат забонкутаҳ кардан, аз рӯи инсоф аст? Магар занҳоро ҳамин хел дастгирӣ мекунӣ? Ба ҳар роҳи бад рафтан, ба ҳар як кори бад даст задан, магар кори раиси ноҳия, намояндаи Президент ҳамин аст?

 Мумкин аст баъди паст задани вай, баъди ин кор ҳамин хел набошӣ ҳам ҳаминхелӣ шавиву равӣ. Хайр ин насиби худо аст.

Баъди онки фармони раисиаш баромаду дар курсии раисӣ шишт як бачаро, ки босавод ва бомаънӣ буд -аз ҷамоати Ҳиҷборак-сардори бахши сайёҳӣ буд, ӯро гирифту роҳбари дастгоҳ монд. Вай се моҳ кор кард, накард, ки чи проблемае, чи чизеро баҳона карда бечораро аз вазифа гирифт ва шармандааш кард. Вай Маскав ё куҷое дигар рафт. Ҳам беобрӯ кард ва ҳам аз нолаи даҳонаш маҳрум сохт. Ҳоло, дар ин муҳит ва фазое, ки Зарина дар ҳукумати Рашт сохтааст бачаҳо дар идораҳо  кор карда метавонанд, наметавонанд, номаълум.

 Баъд маҷбур мешаванд, ки Русия раванд. Делои коррупсиониашон, мекунанд мақомоҳоро подключат мекунад вале боз худашро дур мегирад. Баъд забонкутаҳ мекунад коргарҳорову бутун сум пуми он бечораҳоро бо мақомот якҷошуда меканад ва попалам мекунад.

 Ҳоло акнун мегузарам ба асли матлаб ва достони ин занро бо далелу ҳуҷҷат бароятон ривоят мекунам.

Раиси бахши ноҳиявии ҳизбамон Маҳмадов Раҳматҷон буд. Беш аз бист сол собиқа дошт. Вай кори ҳизбро пеш мебурд яъне ҲХДТ-ро аз уҳдаи кораш мебаромад. Ӯро дар «боло»-ҳо -Душанбе сиёҳ ва туҳмат кард. Ба пенсияаш ками дигар монда буд. Уро «на принсип» аз ҷояш беҷо карда ҷояшро гирифта, ду сол кор кард. Як вақт фаҳмидем, ки бечора дар ҷонаш задааст, ҳаяш кардаст. Э,ту натавонистӣ гуфта на принсип чи коре кард через кадомҳое ҷои ӯро гирифт. Дар давоме, ки муовин буд, Муқимиро он қадар ғаме дод, ки касе он тавр азияташ накарда буд. Яке омад фармонаш баромад, раис шуду ана ҳамин хел корҳо кард. Ман бидонам,ки як манро тоқа таъсиррасонӣ ва аз корам дур кард, гапи дигар буд. Хелеҳо, мутахассисҳоро аз кор берун кард.

 Дар ин байн раисони ҷамоатҳоро иваз кард. Раисони ҷамоатҳо, ҳамон се -чор нафареаш, ки собиқадору як майда бамаъниву аз уҳдаи кору борашон мебаромада буданд, корро пеш мебурданд онҳоро аз кор гирифт ва ҷойи онҳо одамони худашро монд.Ҳамон одамоне, ки гапаш ба онҳо мегузарад, пулу порааш меоранду боз хушомадаш мезананд, онҳоро дар гирдаш ҷамъ кард.

  Як мисол биоварам. Пиров Фаридун раиси ҷамоати Қалъаи сурх инсони хуб аст ва ҷамоати вай 20 қишлоқ дошт, худо курам кунад, агар нодуруст бигӯям, коргар буд, ҳатто шабҳо медидӣ, ки дар бари роҳҳои қишлоқҳо арча мешинонд, фақат дар пайи супоришу аз қафои кору ободӣ буд, ӯро аз кор гирифт.

Бо вай барои чи чизе душман шуд. Бо информатсияи даҳани мардуму занҳо, бо овозаҳо ӯро аз кор барканор кард. Бачаҳои Раёсатро супориш дод, муфаттишҳоро,   ки «равен  биёрен маҳкамаш кунед». Панҷ рӯз маҳкамаш кард. Ана ҳамин  тавр беҳиҷчӣ ба вай туҳмати заминфурушӣ кард. Кишварзода, прокурори ноҳия гирифт, санҷид, чизе набаромад, делояшро қатъ кард.Г уфт мо санҷида баромадем, туҳмат будааст. Бобои вай пулдор аст гуфта бутун бегӯру кафанаш кард. Пул ва моли зиёди ӯро гирифта оварда  доданд ва бачаи бечораро хариданд. Бачаи ҷавон аст, мазааш нест, дилаш дард мекунад.

Бобояш, ки сумдор буд, доду наҷоташ дод. Падараш дар Раёсат хабаргириаш меомад, иҷозат намедоданд, намемонданд, ки бидарояду бубинад. Дар СИЗО барояш чиз роҳӣ мекарданд, «супориши раис, мумкин нест» мегуфтанд ва намегирифтанд. Ба дари кабинеташ  печат зада буд.

Зарина Идизода гуфтааст, ки «ин бачаи эркаҳай, ба мо эрка лозим нест». Хуб, ту чи кор дорӣ, ки эрка аст ё нест. Ту коратро талаб кун, ту ба отношенияву муносибати мардум чи кор дорӣ? «И,ихели мена, ухелӣ мена» гуфта баҳона оварду бачаро сахт ғам дод. Хулоса, бо як делои коррупсионӣ аз вазифа гирифт вале тасдиқ нашуд.  

Налоги Рашт дар дасти додари худаш буд. Вай касали дил шуд, дилашро ҷарроҳӣ карда стенд монданд. Вайро аз вазифа гирифтанд. Як бача ба ҳайси иҷрокунандаи вазифа кор мекард. Вайро ҳам ҳамин тавр таъсиррасонӣ кард. Ҳар замон дар маҷлисҳо дар байни мардум сиёсаташ кард, пасташ заду ғамаш дод, безораш кард ва ниҳоят аз вазифа гирифт. Ҳозир боз як бачаи дигарро монд. Ин ҳам шогирди ҳамон аст.

Як бача Мубориз ном дорад, аз кадом ҷамоат аст намедонам. Дар ҳизб( ҲХДТ) худаш, худи ҳамин Зарина Идизода оварду монд. Вагарна вай барои раисии ҳизб намешуд, чун практикаи корӣ  надошт, омода набуд. Хуб дунё дар дасти Заринаи бесавод афтодааст дигар. Ин ледӣ ҳушу ёдаш фақат ба порахурӣ, подставит куниву ҳамин, «фоида кунум»-у ва одамҳоро паст задан аст.

Он бачаяки бечораро чи проблемае кард, ки навор созонд, ташкил кард, дар интернету ютуб партофт, через кадоме. Ҳоло он бача дар куҷо аст намедонам. Дигар дар идораҳо кор карда наметавонад ба фикрам. Ҳоло боз чи кореаш кардааст, ки на дигар Русия рафта метавонаду на кор дар ягон идора.

Чанд сол пеш роҳбари Дастгоҳ як одами босаводу сиёсатдор буд. Он вақт ҳукумат ҳам ранги ҳукумат буд, ӯро подставит кард. Овоза ва гапгапҳо буд, аз баъзе бачаҳо фаҳмидам, ки қопчаи сиёҳ ба сараш кашиданд. Бечораро доғдораш кард. То замони нафақааш кам монда буд. Ӯро бутун шармандаю беобрӯ кард. Ҳамаи бачаҳо гуфтанд, ки кори ҳамин ва супориши ҳамин Зарина Идизода аст.

Як нафари дигар раиси ҷамоати Ҳоит буд,Аббосзодааш мегуфтанд. Баъд мудири маориф таъинаш карданд. Раиса ҷойи ӯро ба касе дигар ваъда карда ӯро бисёр танг кард, то корро бас кунад. Азбаски бо хоҳиши худаш нарафт ӯро ҳам тавассути амният чи балоеяш карду аз кор сураш кард.

 Муҳсиддин Мирзоқурбонов, директори КАТС-и ноҳия аст. 12 сол мешавад, ки инҷо кор мекунад. Бачаи бообрӯ, босавод вай дар кору бораш ягон проблема нест. Дар хизмати мардум аст. Се моҳ мешавад овоза паҳн карда истодааст, ки вайро гирифтанӣ аст.

Як бачаи дигар Қобилҷон ном дорад, аз ҷамоати Қалъаи сурх. Вай дар Русия буд. Албата, бо телефон ё через ягон шиносҳо ӯро ҳой -ҳой карда овардааст. Чунки вай айни замон пулдор аст гуфта ваъда кардааст, ки Муҳсиддинро мегирам ва дар ҷояш туро мемонам. Ин Муҳсиддини бечора тамоман безнастроений ва сарвайрон: «ҳозир мегиранам, беобрӯм мекарда бошад». 

Дар ҳар сессия бисёр ғамаш медиҳад, мехезонад, ҳар гапаш мезанад, таъна мекунад.

Хулоса, талош мекунад, ки ҳамаро таҳти таъсири худ нигоҳ дорад ва нафаронеро биёрад, ки бесавод бошанд, гушаш кунанд.

Чанд рӯз пеш аз назди Идора мегузаштам. Бачаҳо дигар аз тарси вай бо ман саломуалейк намекунанд, намепурсанд. Ман ҳам намепурсамашон. Яке сардори Идораи кишоварзиамон  фарёд карду пурсид, ки созӣ, хубӣ?

-А,бача гуфтум,и чи хел шуд, шумо ай тарси вая мара намепурсидед.

Э, гуфт акнун дигар наметарсам. Ана бас кардам корро.

Дар ҳақиқат бачаҳоро ғамшон медиҳад. Баъд бечораҳо зӯрашон намерасад, вазифаро бубаранд. Рӯзи сиёҳашон медиҳад, баъд бас мекунанд. Як хелҳояш медонанд, ки охир мубориза кунем зӯрамон намерасад шармандаамон мекунаду подставитамон мекунад, пешпеши милисаҳову мақомотамон мекунад.

Ошкоро тарафам гашту гуфт дигар наметарсум ман. Хайр аҳволпурсӣ карду гуфтум ай тарси вая саломалек намекардед

Э, гуфт, и сардори кишоварзӣ ҳамиқа кор безеб ва ҳамиқа қине ҳай, ки гизала шудам, дига зӯрум намерасад, брам аризама нависам акуну чизпизма ҷамъ кунам документомаву ба ҳамин биспорам, тинҷида баобрӯ брам аку Расия».

Бовар кунед, ки ҳама додгӯ шудаанд. Хуллас, сардори Идораи кишоварзӣ ҳам корро маҷбур супорид.  

Боз як нафари дигар, ки 12 сол сардори Раёсати молия буд, маҷбур карда аз вазифа рондаш. Ин нафар аз тарафҳои Ҳоит буд, инсони хуб ва бомаданияту бомаънӣ. Ӯро ҳам бениҳоят ғам дод. Инро ваъда дод, онро ваъда дод дар ҷойи вай. Дар маҷлисҳо ҳамеша мехезонду росту дурӯғ эрод мегирифт, супориш медод, сиёсаташ мекард ва муносибати бад мекард.

Хеле аз бачаҳоро бо ҳамин роҳи газидану неш задан, муносибати носолим кардан маҷбур ва ночор мекард, ки худашон безор шаванду тарки кор кунанд. Агар худашон нафаҳманду ихтиёран бас накарданд баъд ягон проблема мекунад ба шармандагӣ мегирадшон ҳатто тавассути мақомот.

 Дар даруни район ду бачаи босаводу боақл ва бомаънӣ буданд, ки хизмат мекарданд. Дар ҳамин 14 ҷамоат хизмат мекарданд. Аз соати кориашон боз зиёд кор мекарданд: Ахмедов Вайсиддин директори  КДФ буду Абдонов Акобир раиси Кумитаи замини ноҳия.

Он муовине, ки ман ёрдамчиаш будам фақат ба ҳамон ду шуъба бисёртар ҳамкорӣ мекард.Ҳ урмату эҳтироми шаҳрвандонро ба даст оварда буданд. Фармонҳои корашонро аз Душанбе гирифта буданд, онҳоро рӯз надод, гирифту дар идораҳояшон муовин таъин кард ва дар сессияи ноҳия ду девонаи дигарро оварда дар ҷойи онҳо мондаст. Албатта, курсиҳои онҳоро ба он бачаҳо фурӯхт. Дар ҳар куҷо, ки як одами соз ва мутахассис буд, аз кор гирифт ва ҳукумати ноҳияро ба як фирмаи хусусӣ табдил дод.

                 Пасгуфтор

   Баъзе инсонҳо, ки сари кор оянд, мансабу мақом гиранд куллан иваз мешаванд, дар қолабу тани як шахси тамоман дигар, падид меоянд. Ҳамин Заринаи Ледӣ ҳам аз хайлу зумраи ҳамин гуна инсонҳо будааст. Вай, баъди онки раиса таъин шуд дар идора ва контроли нафсаш бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Ин тавр идома биёбад, маълум аст, ки чи хоҳад шуд. Абдусалом Тухтасунзода, раиси собиқи Конибодом ҳам аз худ рафтаву худро  дар пайравӣ аз пешво Пешвои Конибодом эълон карда буд, ки дере нагузашта доштанду 12 солаш доданд. Ислоҳ дар бораи вай навишта буд: «Пешвои муаззами шаҳри Конибодом» кист?» , ки бисту дуюми декабри соли 2023 ба нашр расида буд. Онро метавонед таҳти ин линк пайдо кунед:  https://isloh.net/peshvoi-muazzami-shahri-konibodom-kist. Ва ё Қурбоналӣ Юсупов, Қурбони бех, ки худро императори Вахш меҳисобад. Дар бораи вай ҳам, ки тибқи хабарҳо фаъолияти чандсолааш дар дасти тафтишот қарор дорад бо номи «Императори Вахш-Вахш ноҳия аст ё ҷумҳурии худмухтор? 07.03.2025 https://isloh.net/imperatori-vakhsh-vakhsh-nohiya-ast-yo-ҷumhurii-khudmukhtor,Ислоҳ  навишта буд.

Ба навиштаи муаллифони мо Ледӣ аслан поҷомаро дар танаш роҳ намедиҳад. Дар кучаҳои деҳаҳо ҳам бо линги луч мегардад. Сари лич, лингҳои лич, пешобари лучи фарох. Мегӯй, ки як хонандаи бузбалаи 120 кг дар Афғонистон ё Шабнами Сураё дар Дубай бошад.

Ҳиҷ салобату сиёсати як раисро надорад. Ғафс намебуд мешуд Ҳема Малинӣ аз филми ҳиндии «Алибобо ва чил роҳзан» ҳам гуфт. 

Яке аз дӯстонамон гуфт, ки ба вай атри франсузӣ фармоиш кардаст. «Душанбе маҷлисода брам шакида мерам.

Вале дигар оилавӣ кардани ҳукумат дар таҳсуб ва пайравии Ҷаноби олӣ уро то чи вақте нигоҳ медорад маълум нест. Халқи Ғарм ба вай эҳтиром надорад. Духтар туғрикуниҳояш дар сари забонҳо афтодааст. То вай чунин корҳо тамоман набуд. Ҳозир ҳазоруяк қисса, қиссаҳои мисли Ҳазоруяк шаб.

Баъзеҳо навиштаанд, ки агар ин хонум, ки дар ғоибаш Леди мегуянд панҷ сол истад  ҳоли духтраҳои ғармӣ табоҳ мешавад.

 Зарина Идизода  гуфтааст, ки «мн шогирди мактаби давлатдории Пешвоюм. Чи коре Пешво дар мамлакат кард, мн дар Ғарма мекунум». Ва, дар ҳақиқат карда истодааст. Вазифаҳоро фурӯхта истодааст, одамони худашро, мутахассис аст, метавонад не оварда ҷойгир карда истодааст. Агар шумо ҳам сокини Ғарм ҳастед ва аз ҷиноятҳои Зарина Идизода огоҳ ҳастед ,натарсед ба Ислоҳ нависед.

Поёни бахши дуввум, идома дорад….

Share This Article