Номаи маро алоҳида нашр кунед №24
Аз Хоруғ, ки чанд мешавад хабару маълумот ба нудрат дастрас мешавад, хабарҳое расида истодааст, ки ташвишовар ва риққатбор аст. Онҷо, баъди ҳаводиси солҳои 2022 -2023, ки Раҳмонов Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро истило ва ишғол кард, дар тамоми мақомот:-КДАМ, ВКД, Прокуратура, Суд, Гумрук, Андоз, Коррупсия, марзбонӣ, комиссариати ҳарбӣ аз «бачаҳакои боло» оварду роҳбар таъин кард. Худи Алишер Мирзонабот, ки помирӣ ва аз Рушон аст, солҳо муовини КДАМ ва аз чоплусону тамаллуқкорони ин низом буд ва рутбаи генералӣ дорад ва ҳамин тавр зиндагӣ дар ин қуллаи ғурур ва кӯҳи шаҳоматро ях зад. Ин «бачаҳокои боло» аз сардори Раёсати корҳои дохилӣ бигир то мудири шуъбаи фарҳангу маориф дастур гирифта буданд, ки ҳарфе аз инҷо берун наравад ва шуморо-ман-Ҷаноби олӣ иҷозат медиҳам, ки бо ин мардум ҳарчи бихоҳед, битозед, бизанед,бикушед, иҷозат аст. Ман худам фармони безараргардони онҳоро додаам ва ман худам аҳкоми сангин барои онҳоро содир кардаам.
Аммо ҳамчуноне мебинед, новобаста аз ин таҳдиду тарс доданҳо сокинони Боми ҷаҳон сукутро раҳо карданд ва ин номаро дар бораи вазъияти феълӣ дар Бадахшони куҳӣ барои «Ислоҳ» фиристоданд:
Номаи вижа аз Помир: шаҳодат аз дохили муҳосира
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар яке аз кишварҳои аврупоиям. Дар як Донишгоҳи маъруф кор мекунам. Ночор шудам, ки ин хабарҳоро, ки аз Хоруғ ба дастам расид, бо шумо дар миён бигзорам.
Тибқи хабарҳои расида мақомот аз ҳамаи он бадахшониҳо, ки дар пайи ҳаводиси солҳои 2022-2023 бо ҷазои ҳукми абад зиндон шудаанд, талаби маблағи бузург-700 ҳазор сомонӣ беш аз 70.000 доллар кардаанд. Номаълум, ки ба кадом иллат. Онҳо муваззаф шудаанд, ки ҳар кадоме ин маблағи бузургро пардозанд.
700 ҳазор сомонӣ: фишори молиявӣ ба хонаводаҳои маҳбусони помирӣ
Агар дар ёд дошта бошед дар ҳаводиси соли 2014 горотдел ва прокуратура дар Хоруғ оташ гирифта буд. Маълум нест, ки барои ҳамин бошад ё баҳонае дигар аммо хонаводаҳои онҳоро даъват кардаанд.
Гуё бархе аз онҳо дар ҳамон сухторҳои он биноҳо иштирок карданд. Ана акнун ҳамаи онҳоро 700 ҳазорӣ бор бастанд.
Амният ҳар яке аз ин пожизненикҳо-маҳбусони якумриро 700 ҳазорӣ доля бастааст. Барои ҳамаи даҳ маҳбуси якумрӣ, ки дутоаш даргузаштанд пардохти ин миқдори маблағро ҳатмӣ донистанд. Ин маҳбусони якумрӣ иборатанд аз лидерони мардумии Бадахшон, ки ному насбашон барои ҳамагон ошно буд:
Толиб Аёмбеков, Ғуломалӣ Абдураҳмонов (писари Толиб) , Ниёзшо Гулобов, Аслан Гулобов, Имумназар Шоиширинов, Холбаш Холбашов, Наҷмиддин Шерҷонов Мунаввар Шанбиев ва Хайримамад Дӯстмамадов, бо лақаби Хайруш ва Қулмамад Паллаев.
Аслан Гулобов, ки 35 сол дошт шоми 9-уми июн ва Қулмамад Паллаев, шаби 12 ба 13-уми январ дар зиндонҳои шаҳри Душанбе ба таври машкук даргузаштанд ё чуноне Раҳмонов мегӯяд «Бе зарар гардонида шуданд».
Ба назарам ин як роҳу як усул-методи дигари куштани онҳо аст. Ба аъзои хонаводаи онҳо условия мондаанд, ки «агар шумо 700 ҳазор сомонӣ надиҳед, барои шумо дигар свиданка нест». Дар ҳоле, ки барои пожизненикҳо ҳар ним сол-шаш моҳ, яъне дар як сол ҳамагӣ ду маротиба дидорбинӣ-свиданка иҷозат асту халос. Бастагони Қулмамад Паллаев ва худи ӯро то вақти заҳролудсозӣ айнан ҳамин гуна азият доданд. Чанде аз аъзои хонаводаи вай, ки ҳоло дар як кишвари хориҷӣ дар ҳолати паноҳандагӣ ба сар мебаранд гуфтанд, ки ҳамин хел бархурди хашин карда онҳоро дигар иҷозати мулоқот надода буданд. «Ӯро худашон отравит карданд, заҳр доданд, рафт аз ин дунё».
Пас аз 2022–2023: ишғоли маъмурӣ ва ҳукмронии «бачаҳакои боло»
Сиёсати қавму қабилагроии Раҳмонов аз ҳамон аввали кораш махсусан бар зидди помириҳо ва ғармиҳоро тамоми ҷаҳон медонад. Қабилаи Раҳмонов ба унвони як қабилаи ғосиб ва ишғолгару истилогар аз солҳои қаблӣ ҳам бештар дарранда ва ифротӣ шуда истодааст. Дар тамоми кишвр ҳатман сардорони бахшу шӯъбаҳои мақомоти қудрат: амнит милиса прокурор ҳатто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, идораи оташнишонӣ, коррупсия, андоз аз ҳаминҳо аст. Агар пеш сардори шуъба буданд ҳоло корманду муфаттиш оперативнику уголовник ҳам аз ҳаминҳо аст. Тамоми қисмҳои ҳарбӣ дар дасти ҳаминҳо аст. Ва, акнун ба марҳалаи дигари забту ғасби ҳатто тиҷоратҳои хурд даст зада истодаанд: мағоза, бозор, тарабхона ва автозаправкаҳоро маҷбурӣ гирифта истодаанд. Инҷо сухан ё ишора ба Ҳасану Шамсуллову Тахминаву Амируллову Муҳибу Раҳматулло нест. Инҷо аллакай онҳое, ки масалан хешу табори сардори милиса, сардори налог ё одамони онҳоанд дар назар аст. Ва ин омадаҳо бо такя ба фалонӣ забт ва тасарруф карда истодаанд. Ва ин кор дар сартосари кишвар идома дорад. Аммо ҳоло Бадахшон ин қалъаи ғурур, номусу шараф ва виқору шукуҳу шаҳомати миллат ҳам дорад тахриб ва зери пойи ин мутаҷовизин, ишғолгарони аҷнабӣ шикаста мешавад. Дақиқан ин як сиёсти ҳисоб ва тарроҳӣ шуда аст. Ин қабилаи дар ҳақиқат гушна меояд ва якбора соҳиби пулу мол мешавад ва дигар пешинаи худро фаромуш мекунад ва ин тафаккур, ки онҳо бояд правит кунанд ба гуфтаи Абдулло Раҳнамои ҷомеашинос «ниҳодина» мешавад. Инҳо, ки ҳоло дар Бадахшон худашон шоҳу табъашон вазир ҳамаашон аз навоҳии вилояти пешини Кулобанд. Ҳиҷ гуна бо мардум унс намегиранд. Бархурди душманона мекунанд. Тавре муносибат мекунанд, ки солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ немисҳо бо русҳо мекарданд. Ба унвони ғосиб ва ишғолгар. Онҳо гуё дар инҷо ғалаба карданд. Ҳиҷ нишонаи ҳамватанӣ, ҳамзабонӣ, ҳаммилатӣ нишон намедиҳанд. Бисёр дағалу дурушт бархурд мекунанд.
Писари халифа Музаффар як ҳафта пеш аз марги бо падараш бо вай гап зад, бояд мебаромад, аммо куштанаш. Ҳамин тавр якта-якта кушта истодаанд, то дигарҳо битарсанду пул диҳанд.
Бародар, аз инҷо шумо баромад карда аз ҷиноятҳои ин режими зиддимиллӣ дар бораи зиндониҳои Бадахшон мегуед, аз инҷо бачаҳои мо, аз тарафи дигар тамоми созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва кишварҳову ҳукуматҳои аврупоӣ водор барои раҳоии онҳо карда истодаанд, барои ҳамин дар ҳукумати касифи Раҳмонов проблемаашон бисёр шуда истодааст.
Барои ҳамин ҳукумат тасмим гирифтааст, ки онҳо-зиндониҳоро, ҳарчи зудтар уничтожат кунанд, ки дарди сар нашаванд.
Бо хонагиҳои яке аз ин зиндониҳо суҳбат кардам. Гуфтам биё ин гапҳоро барорем, ки як баромад кунанд, мардум бифаҳманд. Гуфт моро як намуд ҳаррӯз фарёд мекунанд, моро «до того ғам дода истодаанд, мо илоҷ надорем бароему биравем.
Падари Имомро ду бор фарёд карданд, дилаш зад мурд. Ин мард сиҳату саломат буд. Имум Шоширинов яке аз лидерҳо буд. Падараш се ё чор моҳ пеш бандагӣ кард. Мутаваллиди соли 1965.Соли таваллуди худи Имум1982 аст.
Дар Чорбоғи Хоруғ чи ҳодиса руй дод?
Ҳозир дар Хоруғ ҳадаф доранд дискотека ҳуй кунанд. Намедонам, ин гап рост аст ё не, инҷо Муҳиби номард бошаму зинда бошам дискотека мекушодааст ва аз Душанбеву Кулобу Қурғонтеппа проституткаҳоро меовардааст.
Як нафар аз корманди амният гуфт, ки инҷо нақшаҳои дигар ҳам доранд. Мехоҳанд баъзе аз роҳбарони неруҳои низомии Толибонро оварда бо онҳо ҳамхоба кунанд, то онҳо нафарони тоҷикистониро, ки дар гурӯҳҳои дигаранд, данний диҳанд. Мақсадашон фақат харобу вайрон ва фосид намудани ахлоқи мардуми инҷо нест.
Он вақтҳо, ки онҷо будем ин хел гап набуд, ки дар Хоруғ ту мебуромадӣ «ай раҳ арус мегирифтӣ, мерафтӣ. Ин хелин гап набуд. Ҳозир ҳамонро ҷорӣ карданд.
Ба наздикӣ дар Чорбоғ ду коргари амният як духтарро дар наздикии ҷамоатхона – масҷид мардум дар рӯзи рӯшан … монда зада истодаанд.
Як зани бечора мебинад он ҳолатро. Он духтар студент аз Роштқалъа. Мегуядаш, ки ту изо намекашӣ, ки бо коргарони амният ин кори зиштро анҷом медиҳӣ? Мо дар вақти студентӣ ин хел корҳоро намекардем.
Духтар дарҳол коргарони амниятро мегӯяд. Коргарони амният ҳамон зани бечораро, ки Чорбоғро мерубад, мегиранду мебаранд ва бо як бераҳмиву ҳайвонӣ муи сарашро мечинанд ва таҳдиду шантажаш мекунанд: «бфорт кӣ делат накнем озир ҳаминҷа ягон хизмат ку, бпар бра».
Бечора 1000 сомонӣ аз касе қарз мегирад ва ба онҳо медиҳаду ҷонаш халос мешавад. Ин зан ҷуръат накард, ки ному фамилияи онҳоро бигӯяд. Баракс гуфт, илтимос чизе дар ин боб нагуед, ки ман аз кори кардаам пушаймон шудам.
«Он вақт он мардҳо буданд, ки мо нафаси озод мекашидем. Бимон ман дигар гап назанам». Он зан касали сахар шуд. Қандаш 38. Як панҷаашро буриданд. Аз дасти ана ҳамин азоб доданҳо. Ин кор тобистон руй дода буд.
Аммо мо яке аз онҳоро мушаххас кардем, ки Кароматулло ном доштааст, корманди КДАМ. Яке аз онҳо, тибқи хабарҳои расида ба контразведкаи Хатлон перевод шудааст.
Маро ҳам чанд бор аз КДАМ занг заданд. Телефонашонро ҷавоб надодам. Вагарна сабт карда расонаӣ мекардам.
Помирӣ шомили «Афв»—и пешво намешавад!
Як шинос дар байни ҳамон милисаҳо дорам. Гоҳ-гоҳ греташ мекунем. Албатта аз «бачаҳакои боло» аст. Аз вай пурсидам, ки дар амнистияи оянда ягон бачаҳои мо меафтад. Гуфт, бахудо барои мардуми Бадахшон ягон амнистия намешавад. Инҳоро ба зӯр дар 30 сол дастгир карданд, 30 сол ждат карданд, ки биқапанду ғулом бигиранд, магар амнистия мекунанд? Гуфт ягон бадахшониро амнистия намедиҳанд, беҳдаву баҳуда ягон сум надиҳед.
Дар УИД ҳам як шинос дорам. Як вақт барои халифа Музаффар зангаш задам. Гуфтам, акаи генерал любой сум медиҳем ҳамин халифаи моро поселенка кун. Гуфт статяашро роҳӣ кун. Статяашро роҳӣ кардам. Ҷавоб гардонд, ки ба номи парвардигор инҳо то званка ҳаминҷо меистанд. Гуфт ин супориши худи ҷаноби олӣ аст. Ягон бадахшонӣ, ки бо ҳамин статяҳо шиштагӣ на посиленка мекунад, на чизе дигар. Гуфт, илтимос барои ҳамин хел одамҳо маро занг назан помирӣ амнистия намешавад!
Мирзонабот: аз намояндаи маҳаллӣ то абзори ихтилоф
Аммо ин Алишер Мирзонаботи хоин дар онҷо мардумро маҷбур мебарорад, ки байрақ бардоранду рақс кунанд. Дар кадом ҳолу рӯзи ин мардум аз гулӯят хурсандӣ мегузарад?
Ҳозир ин Алишер Мирзонаботов як як кори дигар карда истодааст. Ба наздикӣ одамҳои худашро оварду ташкил кард, то дар байни аҳолии Рӯшону Шуғнон ҷанг андозад. Ҳозир рушониҳо дар Масква одамони худашонро партофтаанд. Рушониҳо мегуянд, ки шумо шуғнониҳо, карочи ҳамаро ҷазир кардед. Шумо дар ҷанг ҷанг накардед, шумо инхел, шумо он хел. Хуллас, байни Рушону Шуғнон ҷанг рафта истодаст. Барои онки рушониҳо гиламанданд, ки шумо шуғнониҳо дар ин ҷанг моро дастгирӣ накардед. Вале шуғнониҳо бошанд гуфта истодаанд, ки шумо дар солҳо 2008, 2012, 2014 ҳамаро ҷазир кардед, ку. Шуморо шаҳиди аъло Мамадбоқир гуфт, ки биёед позитсияро дар Хоруғ бигирем, чунки дар Хоруғ боз метавонем инҳоро иҷозати ғасби ватанамонро надиҳем, шумо дар ҳамонҷо истодед.
Инҷо основной ин рушониҳо буданд, ки ҳам дар властанду ҳам бузӣ карданд. Мисли ҳамин Алишери Мирзонабот, мисли генерал Абдулло Навҷувонов ва дар он солҳо генерал Холбаш Холбаш позитсияаш дигар буд. Дар соли 2012 Холбаш противи халқ зад. Баъд, ки диданд кислородашонро маҳкам карданд, боз гашт ба тарафи халқ. Ин мардум баъд ӯро қабул ҳам накард.
Рӯшон минтақаи калон вале ҷанговар кам дорад. Гӯштингир зиёд доранд аммо мубориз надоранд.
Хоруғ имрӯз: тарс, фишор ва фурӯпошии зиндагии иҷтимоӣ
Сӣ сол Хоруғ держатса кард. На прокурор ва на милисаро монд, ки мардумро ғам диҳанд. Бачаҳои Хоруғ буданд, ки инҷо озодӣ буд. Ҳозир прокуратура меравад маоши муаллимҳоро кашида гирифта истдааст. Муаллиму муаллимаҳо ҳалқашон қоқ, намедонанд ба кӣ бароянд. Ҳозир пушаймонанд. Гуфтам, ки бояд дар вақташ мардҳоро дастгирӣ мекардед. Намегуфтед, ки инҳо даркор нестанд. Ҳозир бе ин мардҳо душвор аст зиндагӣ. Он вақт ППСу оид ба ноболиғон ҷуръат намекард мактабҳо дароянд ва ягон талабаро гуяд ки ту чаро форма надорӣ, чаро ин хелиӣ. Ҳозир муаллимҳоро як намуд ҷиқидагианд, ки нафас кашида наметавонанд, духтурҳо ҳам ҳамин хеланд. Занг мезананд, ки ҷонашон дар нуки сузан аст: чи хел кунем, ки аз ҳамин ҷо бигрезем биравем. Дигар инҷо ягончи намондааст.
Як ресторна ҳаст бо номи Узбекистон. Амниятиҳо медароянд бо духтарҳо пиён. Фақат мусиқии як маҳалли барои ҳама шумшударо мемонанд. Спетсиално. Ин ресторан аз давраи шуравӣ бо ҳамин ном омадааст.
Фақат мусиқии Зафарчаву Зикриллову монанди ҳамин. Ягон хел мусиқии помирӣ нест.
Гуфтам коре намешавад кард? Гуфт ту дар гӯши фил хобӣ. Мо нафас кашида натавониста истодаем, биё баъд мефаҳмӣ гуфт. Инҷо қонуну ҳиҷчи дигар нест.
Ҳозир каждий аз якдигар сомнений дорад, ки «иш бузай, уш бузай». Ана ҳамин хел.
Баъд ҳозир байни Шуғнону Рушон проблема соханд. Ин як виза ва ин бозӣ, ки ин мардумро аз ҳам ҷудо кардан аст. Ҳамин ду бародарро ҷудо карданд. Баъд власт дид, ки бо рушониҳо кор карда мешавад, дид, ки инҳо вазифадӯстанд, ҳамаашро дар вазифаҳо монд.
Ҳозир байни Мирзонаботу Ризо Назарзода раиси шаҳр шапошап
Раиси шаҳр дар пеши мардум гуфта истодааст, ки шуморо Мирзонабот фурухтагӣ аст. Армияро Мирзонабот даровардагӣ аст. Ман раис мешавам, ҳама айб аз ҳамин аст.
Мисол ҳамонҷо хонаҳоро тақсим карданӣ буданд. Ин раиси шаҳр гирифт бе иҷозати раиси вилоят имзо карду дод. Ӯро раиси вилоят фарёд кард, ки чи маро признават намекунӣ? Корочи байни инҳо ҷанг. Раиси шаҳр гуфтааст: «мара аз Душанбе занг заданд, ваъда доданд, ки ту раиси вилоят мешавӣ».
Ба мардум гуфта истодааст, ки ман армияро надаравордам. Инҳо байни ҳам барои вазифа шапида истодаанд.
Онҷо ҳозир милисаҳо барои худашон дар Телеграм группа ташкил кардагианд ва ба воситаи он мардумро ғам медиҳанд.
Сафорат ва «бузҳо»: шикори паноҳандагон дар Аврупо
Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо як масъалаи дигар ҳаст. Ин масъалаи бузҳо дар Олмон мебошад. Баъзе аз ин бузҳо дар Рӯзи Президент дар 16 ноябр дар Дуселдорфи Олмон омаданду бо сафири Тоҷикистон рақс карданду қарсак заданд. Забти наворҳои онҳо ҳаст. Инҳо ягонтоаш ҷабрдида нестанд, ҳамаашро обратно ватан роҳӣ мекунанд. Раведу ҳамонҷо рақс кардан бигиред мегуянд.
Ман дар алоқа ҳастам бо баъзе аз онҳо. Дар онҷо гапу кор бисёр аст,ки дар ояндаи наздик ҳамаро шоҳид мешавед.
Инҳо-сафорат, ҳозир юрист доранд. Ба ҳукумти Олмон пешниҳод кардаанд, ки инҳо паноҳанда нестанд, инҳо самозванетсанд, проверкаашон кунед, инҳо дурӯғ мегӯянд, инҳоро обратно роҳӣ кунед. Ташкили ин чорабинӣ як доми хубе буд барои он,ки ба ҳукумати Олмон нишон диҳанд,ки инҳо ҳеҷ мушкили сиёсие надоранд ва дурӯғ мегӯянд.
Ҳозир ҳамин кор рафта истодааст. Ҳамин бачаҳоро, ки кадоме рақс карду қарсак зад ҳамаашонро обратно ватан роҳӣ мекунанд. Бо факту далел! Мегуянд, ки агар ин ҷабрдида ва гуреза бо коргари ҳукумат-литцо государство чи хел рақс мекунад, боз дар рӯзи Прзидент. Дар ҳоле, ки аз дасти ҳамон гуреза шуда бошӣ, чаро дар Рӯзи ҷашни вай хурсандӣ мекунӣ? Инҳо, аз ҷумла Деҳқон Деҳқонов ва ду, се маймуни дигар. Онҳо ҳамроҳи Амриддин буданд. Суратҳои онҳоро дар Группа ҳам партофтанд. Аммо имрӯз ин мард маҳкам асту инҳо бо ҳукуматиҳо рақсу шодӣ мекунанд. Значит ҳаминҳо фурӯхтагианд. Амриддини бечора мочевой пузираш кафидагӣ бо памперс мегардад. Вале инҳо дар рӯзи президент дар толор рафта рақс доранд. Ҳозир бачаҳо конкретно кор карда истодаанд дар Олмон.
Помириҳоро зани дуюм гиред, хунашон тоза шавад
Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), муовини аввали ВКД, ки дар соли 2022-2023 аз роҳбарони асосии ҷанги зидди помириҳо дар Рӯшону Хоруғ буд аз қавли Рамазон Раҳимзодаи вазири дохилӣ ба милисаву амниятиву низомиҳо супориш дод, ки «помириҳоро зани дуюм бигиред хуношона тоза кунед».
Ин гапро як бор президент ҳам дар маҷлисе дар Хоруғ гуфта буд. Гуфт чаро ба занӣ намегиред? Бигиред, рафту омад шавад, «бигирен занои помириҳора». Аммо Раҳмонов ин гапро нагуфт, ки «шумо ҳам (яъне мо помириҳо)аз Кулобу Данғараву Кангурту Балҷувон зан бигиред. Аммо гуфт «биёен помириҳоро бигирен барен». Фармон яктарафа буд яъне барои Хатлониҳо иҷозат барои помириҳо не. Бовар кун бародар, сарам дар ҳамон ҷо ҷушид, ки «и чихелӣ гапай, ки мода мумкин набудаст, шумода мумкин будаст»?
Дар таърихи Хоруғ барои онҳое, ки имрӯз дар Хоруғ ҷавлон зада бо воҳимаву виқор мегарданд, он вақтҳо допуск дода намешуд. Инҳо Маскав рафтанду баъд гапзан шуданд. Ҳозир ҳаминҳо- мардуми қишлоқ аз Роштқалъаву Рушон милисаву амният ва властро гирифтагианд. Бачаҳои Хоруғ 80% маҳкам, гуреза ва кушта шуданд.
Эраҷи касой чи гуна дафн шуд
Як Эраҷи касой буд, як чашмаш тарафи шимол як тоаш тарафи шарқ, замначалники Управления, полковник, предатели №1 буд. Вақте ки паралич шуду мурд, ягон кас хокканӣ ва ҷанозааш нарафт, ягон кас. Он вақт власт дар дасти мардҳо буд. Хешовандонаш даже нарафтанд. ОМОН ва милисаҳоро супориш доданд. Рафтанду қабрашро канданд ва гӯру чубаш карданд. Ягон кас хонааш нарафт, касе таслият ва таъзия баён накард, даже хешу табораш нарафт дуъо кунад. Ба наздикӣ бо супориши мақомоти Душанбе Алишер Мирзонабот як кучаро ба номаш номгузорӣ кард. Вай аз ҳамин Хоруғ буд. Вай чанд сол пеш дар ҳамон ҳодисаи соли 2012 хеле мардумро парронида буд. Халифа ҳам нарафт барои дуъо кардан. Ба фикрам онҷо як нафар аз Муминобод дар бозор калуш мефурӯхт, ҳамонро бурданд, дуъо кард.
Халифа ва ҷамоатхонаҳо под запрет
Ҳозир агар пеши халифа барои тумору таштоб биравӣ, ягончи ба даст намеоварӣ. Халифаҳоро полний китобҳояшонро мусодира карда ва дар кори онҳо запрет мондагианд.
Дар Телеграм бачаҳо як группа ташкил намуда бо ҳам суҳбат мекарданд. Ба наздикӣ як бачаро дар Хоруғ кормандони амният барои риш меқапанд. Аммо ин бача намедонист, ки дар ватанаш чи гапу хабар асту ин навомадаҳо чи қоидаҳо ҷорӣ кардаанд. Ин бача аз Амрико барои аёдати наздикон ба ватан рафта буд. Ду коргари амният сари раҳашро мегиранд:-«ту бо чи иқа худта гаренӣ гирифтаӣ, чаро ришта бланд мондай» гуфта дағдаға мекунанд. Ин бача нагло на три букви посилаташон мекунад: Шумо киед, ки ба ман чунин гап мезанед? Чи кор доред, ба риши ман?
Инҳо дарҳол подкреплений- опергруппаро фарёд мекунанд ва бачаро бор карда мебаранд. Телефонашро мегиранд ва ончиро, ки барояшон лозим буд:-суҳбату наворҳои мазҳабӣ меёбанд. Хуллас, аз он бача 10.000 сомониашро мегиранд. Мегуянд, ки агар ин хел наворҳои мазҳабиат мефорад ва диндор ҳастӣ бирав ҷамоатхона китоб бисёр ҳаст.
Мегуяд рафтам ҷамоатхона, ягон китоби динӣ нест, фақат китоби пешвои миллату китоби «Тоҷикон» -ро чиндагианд. Ягон китоби диниву маҳзабӣ нест, ягон китоби Носири Хисрав нест ё дигар, ки бигириву бихонӣ. Фақат суратҳои пешвои муаззами миллат ва китоби «Тоҷикон» .
Ман гуфтум «э паъат инҷо ман чи бихонум»?
Дар ҷамоатхона пеш аз инҳо бачаҳо охранна меистоданд, гремит мекарданд. Ҳозир миилисаҳо меистанд, аз отдел охранна. Лаънатиҳо бо попушӣ медароянд, чизе гуфта наметавонем. Ҷамоатхона як ҷойи поку муқаддас, хонаи худо, онҷо бояд тамоман покиза ворид бишавӣ, аммо ин худобехабарҳо то муқаддасоти мо Исмоилияҳоро таҳқиру хурд карданд. Мегӯянд: «шумо исмоилиҳо намозу масҷиди чи дорен ва шумо чию намозхондантон чӣ».
Як нафари онҳо гуфта аст, ки каме дигар тоқат кунед мо ҳамаи ҷамоатхонаҳои шумо-гансҳоро ба дискотека табдил медиҳем ва духтаронатонро дар инҷо раққоса мекунему отдих мекунем.
Шикастани сукут: чаро ин нома бояд нашр шавад
Бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ бо нашри ин нома мову шумо сукути ҳавлноки мардуми сарбаланди Помирро хоҳем шикаст ва аз ин ба баъд сокинони ин вилояти бузург чи аз дохил ва чи аз хориҷ дар бораи ҳаводису руйдодҳо ҳатман ба Ислоҳ менависанд.
Саломат бошед.
Ҳушдор ба помириён:
Ҳушёр бошед ва худро аз муборизон ҷудо нагиред. Таърихи ҳокимияти ин режим нишон дод, ки бо ҳар роҳу васила, як ба як, ҳар касеро, ки танҳо мемонад, мешиканад. Имрӯз навбат ба дигарон аст, фардо метавонад навбати ҳар яке аз шумо бошад. Қувват дар ваҳдат аст, на дар сукут ва ҷудоӣ!.
