Ин бор аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,аз Душанбе, аз Сангвор (Тавилдараи собиқ) ва аз Ваҳдат номаҳои ҷолиберо бароятон омода кардаем. Муаллифи нома аз Помир аз он шикоят кардааст, ки дар Тоҷикистон қадри илму олим коста шуд ва бисёриҳо ночоранд, ки илму донишашонро бо муҳоҷирати корӣ иваз кунанд.
Аз Душанбе як нафар аз он изҳори тааҷҷуб ва надомат кардааст, ки чоплусону хушомадгӯҳо ҳама марзҳоро зери по карда акнун аз суханҳои Озодаву Рустам иқтибос овардаву шиору овеза карда истодаанд. Муаллиф гуфтааст, ки як каме изо бикашед, шарм доред, халқро аблаҳу аҳмақ наҳисобед.
Аз ноҳияи Сангвор муаллиф дар бораи як руйдоди аҷибе ҳикоят кардааст. Амриддин Нахшов, холабачаи Рустами Эмомалӣ ва раиси кони Шугнов як бизнесменро задаву куфта 24 миллион долар пул,молу сарват ва инчунин бизнесашро кашида гирифтааст.
Муаллифи ваҳдатии мо ин бор ҳам аз Ромит навиштааст. Аз он навиштааст, ки Диловар Солеҳови раиси ҷамоат роҳу канал кофта истодааст, ки чи гуна ба «Ислоҳ» муомила кунад.
Помир
Асалому алейкум бародарам Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман як шаҳрванди Тоҷикистон аз ВМКБ-Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳастам. Мехостам дарди диламро ҳамчун як мард, як шаҳрванд, як инсоне, ки падару модарам бо ҳазоруяк умеду орзуҳо ба воя расонданду соҳиби илму дониш ва ҳатто то дараҷаи профессорӣ сазовор шудам, ифшо кунам. Ногуфта намонад, ки шароиту муҳити зисти мардуми вилояти номбурда назар ба дигар вилоятҳо чи аз ҷиҳати иқтисодиву чи аз ҷиҳати иҷтимоӣ сахт ва барои на ҳар кас тоқатпазир аст. Вале ногуфта намонад, ки мо мардуми Помир аз гаҳвора то ба гур дониш меомузем.
Оилаи мо серфарзанд буд. Падарам устои хонасоз буд, модарам бошад муаллима ва дар мактаб кору фаьолият мекарданд. 250сомонӣ маош мегирифтанд дар як моҳ. Бо вуҷуди душвориҳо аз бракати ғамхориҳову кушишҳои шабонарӯзии падарҷону модари қаҳрамонамон мо ҳама соҳиби маълумоти олӣ гардидем ва онҳо умед доштанд, ки мо дар оянда соҳиби кору обруй ва хизматгори халқу ватан мешавем. Вале сад афсус, ки ин ҳама як афсонаи бардуруғу орзуҳои фиребанда будаанд.
Чун имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ илму маърифат мавкеъ надорад, яъне инсони босавод душмани давлату миллат!
Вазорати маориф дар Тоҷикистон аз оғилхона фарқе надорад. Худо нохоста якбор назари як инсоне, ки дар ҳақиқат дар дунёи илму фарҳанг зиндагонӣ дораду чун дари вазорати маорифи Тоҷикистонро кушояд, руи рост гиря мекунад. Хеле аламовар аст. Фазои Тоҷикистон, муҳити иҷтимоии он хеле ғализ аст, зери боди афғонӣ қарор дорад, чун бесаводӣ солҳост, ки ҳукмфармост!
Аз тифлӣ моро омузонданд, ки ВАТАН-МОДАР аст.
Вале имрузҳо ба хулосае омадам, ки ватан ҷоест, ки озораш набошад! Модоме як инсон дорои унвони Аълочии фарҳанг, донандаи забонҳои хориҷӣ ва бо19 сол собиқаи корӣ дар ватан хору бекор, пас вой бар ҷони муҳоҷироне, ки аз муҳоҷират баргаштанд.Чи чиз онҳоро интизор аст дар ватан, Худованд худаш медонаду тамом.
Дар муассисаҳои таьлимиву тарбиявии Тоҷикистон як намуд занҳои солхурда кор мекунанд. Фақат фикр мекунӣ дар шанбебозорӣ. Гуё онҳоро махсусан барои чунин корхонаҳо тайёр мекунанд. Не маданияти сухан гуфтан доранд, хуб, бигзор, ки савод надоранд, бахшиш, ақалан рафтори хубу гуфтори хуб бояд инсон, алалхусус зан -модар бояд дошта бошад. Чун модар худ тарбиятгар аст дар ҷомеа.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман мард ҳастам. Ман дипломҳоямро мегирам дар хона мемонам, худам меравам ба дигар кишварҳо хамчун муҳоҷир яъне, ки ғулом, кор мекунам, оилаамро нигаҳ мекунам. Вале ояндаи фарзандонамон чи мешуда бошад?
Чаро фақат чунин бесарусомониҳо дар Тоҷикистон?
Чаро дар Тоҷикистон инсон қадру қиммат надорад?
Чаро ҳукумати Точикистон як бор вазорати маориф ва муассисаҳои таълимиро аз назар намегузаронад?
Беадолатӣ, тағабозӣ, бахилӣ дар вазорати маорифи Тоҷикистон барои тамоми мардуми тоҷик аён аст, ба ғайр аз раиси шахру сарвари давлат! Гуноҳ ба гардан намегирам, шояд, ки бо хабар бошанду хунукназарона рафтор мекунанд?
Хулоса, ман аз худораҳматии падару модарам узр мепурсам.Чун шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта моро хононданд, вале ватани азиз қадр накард.
Зиндагӣ давом дорад, маҷбур хастем роҳи муҳоҷириро пеша кунем, то зану фарзандҳоямонро нигаҳубин кунем.
Дар охир мехостам устод Мухаммадиқбол паёми маро ба раиси шаҳру сарвари давлат бирасонед, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аз парешониҳову дарбадариҳо чун парандаҳои муҳоҷир якумра дар парвозем.
Аз вазъияти илму маориф,донишгоҳҳову пажуҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ назарсанҷӣ кунанд. Мо ҷавонон бояд дар ватани худамон кор кунем, вале куҷое мепурсӣ, куҷое меравӣ кор нест, кор нест гуфта ҷавоб медиҳанд.
Ин аст сарнавишти мо ҷавонон дар Тоҷҷикистон.
Барои Шумо бародари гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтаниам, ки ҷойи гарматро хунук накун! Чун Тоҷикистон як ҷойест, ки бояд дузд бошӣ, бояд фосид бошӣ, бояд ҳатман бахил бошӣ, бояд тағайи мошенники заминфуруш ё чоплус дошта бошӣ, баъд метавонӣ зиндагӣ кунӣ. Вале одами росткору ростгуфтор дар Тоҷикистон камбағалу бекору муҳтоҷ аст.
Дар кадом гушаи дунёе, ки набошӣ сиҳату саломат бошед. Худо ёратон бод!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳарчанд тоқат кардам дигар нашуд. Ин чоплусҳои тамаллуқкору ва хушомадгӯи хокзан чересчур гузарониданд. Барои онки худашонро ширин кунанд, чи чизҳое, ки придумат намекунанд. Акнун аз гуё сухнҳои Озодаву Рустам шиору овеза сохта истодаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва вот-вот дар роҳҳову деворҳо ҳам кашол хоҳанд кард.
Чоплусиву моямолӣ ҳаддумарз доштагист, аммо аз они мо надорад. Изо бикашед, шарматон бод. Албатта, аввал бояд худи инҳо-Озодаю Рустам изо бикашанд. Шумо худатонро кӣ хиёл кардаед?
Вале маълум, ки изову шарм барои инҳо бегона аст.
Рустами гунгак то ҳоло ҳатто гап назадааст. Даҳ сол мешавад, ки раиси шаҳру раиси Маҷлиси миллӣ шуд, аммо ягон бор дар пеши журналистҳо, дар пеши мардум, дар ягон ҷаласаи кушода гап назада аст. Изоброженияро мебинем звук нест? Чи гуна гапи ӯро ёфтед, ки аз вай нақли қавл мекунеду гапи вайро шиору овеза месозед?
Инро чи гуна ҷои Убайдулоев овард? Нохуни пои Убайдуллоев намешавад. Корашро ҳам аз танаш дигарҳо карда истодаанд.
Ҳоло ду навиштаҳои бо хати зар (дар нохунак)-и Озодаро меоварам, ки иқтибос кардаанду шиору овеза ва дастури кор:
«Эҳтиром ба омузгор эҳтиром ба ояндаи миллат». Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон. Хуб, ин чи гапе аст, чи чизи ғайримуқаррарӣ, чи фикри баланду бикр дорад. Як гапи одии кучагӣ аст. Бовар кунед, ки инҳо халқро аблаҳу аҳмақ фарз кардаанд. Роҳбари Дастгоҳ чи касе аст ки боз аз вай қавл биовариву онро плакат созӣ?
Гапи дигари Озода: «Ҳеҷ як хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад ки ба мушкили мардум бо бепарвоӣ муносибат кунад. Масъулиятшиносӣ симои ҳақиқии давлатист».
Ин гап дар дарунаш чи дорад, ки бо онро бигириву шиор куниву боз як чоплуси тардоманаш дар зери он бинависад, ки «Ин сухани зарринро чун дастур бояд ҳар як корманди мақомоти давлатӣ иҷро кард».
Беҳтар буд Озода даҳон накушояд. Беҳтар буд Рустам даҳан накушояд. Чунки «Пистаи бемағз агар лаб во кунад,расво шавад».
Ҳоло инҳоро фурсати ин гапҳо нест. Инҳо аз куни падарашон кашолшудаанд. Инҳо касе нестанд, ки сухан гуфта битавонанд ва агар гуфтанд ҳам ранги ҳамин гуфтаҳояшон аст, ки не маъно ва не мазмун дорад.
«Эҳтиром ба омузгор эҳтиром ба ояндаи миллат»
Эй, худо бигирад шуморо. Омузгор мактаб ремонт кунад, омузгор маоши хуру намур дошта бошад, омӯзгор форма мактабӣ фурӯшад, омӯзгор пули обуна ҷамъ кунад, омӯзгор талабаву донишҷӯро дар таътилот барои маршировка омода кунад, омӯзгор мактабро раҳо кунаду муҳоҷират нонковӣ равад, қадру эҳтиром дар куҷояш мемонд?
Омӯзгорро бояд ҳукумат ва давлат эҳтиром кунад.
Шароити иҷтимоии омӯзгорро шумо бояд таъмин кунед, он гоҳ сазовори ҷойгоҳу эътибор бишавад.
Вале ин масхарабозиву таҳқиру дашноми мардумро бас кунед. Шумо кӣ шудаед, ки гапи шумо плакату шиору овезаву дар нохунак гирифта мешавад?
Имрӯзро ҳам дидем. Аҷаб рӯзу рӯзгор дорад тоҷик.
Сангвор-Тавилдара
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммдиқболи Садриддин.
Дар ин нома дар бораи як тоҷир ё соҳибкор гап мезанам, ки Амриддин Нахшов бизнесашро шикаст. Ин тоҷир аз Ёвон аст ва Аҳмадҷон Сангов ном дорад. Ин соҳибкор ба тиҷорати шираи камол машғул буд. Дороии вай 24 миллион доллар гуфта мешуд. Тиҷорати ӯро Амриддин Нахшов (писархолаи Рустми Эмомалӣ) кашида гирифт,тасарруф кард.
Ҳозир бошад бе хонаву дар, дарбадар мегардад.
Қисааш чунин аст:
Тиҷорати Аҳмадҷон Сангов хелу рушду ривоҷ ёфта буд. Наздик ба 7 километр роҳҳои мҳаллиро аз ҳисоби сармояи худаш мумфарш мекунад. Ба ҷуз тиҷорати шираи камол, боз заводи арматура дошт.
Ҳамчунин ба фурӯши говҳои зотӣ машғул буд. Говҳоро аз Белорусия ба Тошканд тавассути ҳавопаймо ва аз Тошканд бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон меовард ва ба савдо мегузошт.
Пештар бизнеси шираи камол асосан бо афғонҳои Афғонистон буд. Харидор онҳо буданд. Вале Сангов Аҳмадҷон бошад бо ҳиндуҳо доду гирифт кард ва як килои онро ба онҳо 15 ҳазор доллар мефурухт. Афғонҳо шираи камолро ба 1000 доллар сари кило мехариданд. Сангов Аҳмадҷон фоидаи калон ба даст меовард. Вай соҳиби чанд мошини БМВ, Тойота ланд крузер ва хонаҳои дакаданг дошт.
Амриддин Нахшов аз кори Аҳмадҷон Сангов бохабар мешавад. Касе ба Амриддин мегуяд, ки Сангов Аҳмадҷон як бизнеси зур дорад. Агар дар аввал як кило шираи камол 1000 долар буд ин Сангов Аҳмадҷони мошенники бевабоз ба15 ҳазор доллар бо ҳиндуҳо паноҳ аз шумо мефурӯшад. Амриддин Нахшов Сангов Аҳмадҷонро фарёд. карда мегуяд,ки бизнесатро ба ман бидеҳ.
Сангов Аҳмадҷон ба тарафи Амриддин Нахшов дашномаш мекунад . Ҳамроҳи Нақшов дар кабинеташ 3 генерали дигар ҳам будаанд. Баъди шунидани ин сухан онҳо Сангов Аҳмадҷонро лату куби сахт мекунанд. Ӯро ба шӯъбаи амният бурда дар ток мемонанд. Ва тамоми дороиву молу мулкашро мекашанд мегиранд:- мошинҳои таги пояш, хонаи 600 ҳазор доллара, хуллас тамоми дорунадорашро мегиранд. Сангов Аҳмадҷонро тани урёну куни луч мекунанд ва ду шата дар дари кунаш мезананд. Ва таъкидаш мекунанд, ки ҳарчи зудтар аз назарамон гум шав, фалони зан.
Вай як вақтҳо дар Қазоқистон буд. Дар Полша ба ҳайси муҳоҷир рафта буд, кор мекард.
Домулло, хоҳиш ин аст ки номаро дар «Номаҳо…»нашр кунед …
Ман як корманди КДАМ дар Душанбе ҳастам. Вале аз тарафи дигар фикр мекунам, ин Аҳмадҷонро худо зад. Ин ҳаёти чанд духтарро сухт. Вай дар бораи Амриддин Нақшов чизҳои бисёр ҳикоя кардааст.
Дар Амрико як сиёҳпуст Амриддин Нахшовро ба зӯрӣ….
Иншоаллоҳ дар барномаҳои баъдӣ дар бораи Амриддин Нахшов ва корҳое мекунад хоҳем гуфт.
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло.
Илтимос нашр кунед. Мо дар мақомотҳо шуморо тамошо мекунем. Ва барои раҳоии миллат аз дасти ин оилаи чашмгурусна тайёрем, ки салтанати ин хонаводаро бишкнем.
Ҳозир бошад ин Сангов Аҳмадҷон боз шури мурияшро шуруӯ кардааст. Ҳоло шунавидем, ки посредник шудаст.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммдиқбол. Аллоҳ оқибати кори муминонро ба хайр гардонаду оқибати ҳукумати Раҳмонову оилаашро ҳарчи зудтар расонад.
Устод, мухлисҳои шумо дар Ромит ҳар рӯз зиёд шуда истодааст. Барои ҳамин боз аз инҷо суҳбатро идома медиҳем.
Хурсанд Мирзоева, раиси пешини ҷамоати Ромит ҳоло бекор аст. Гуфтааст, ки додагиюм. Гуфтааст, ки дар Ромит дигар ҷойи пулкоркунӣ намонд, дигар не замин аст не ҳеҷчи.
Озода Раҳмон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент картошкаи қиёмат дар айлоқи Яфрак корида буд. Хурсанд Мирзоева мардумро бепул бурду кор фармуд. Мегӯяд, ки доляро прямой дар ҳамон медиҳад. Ҳар вақте пеши Озода мерафт як ҳафта, ду ҳафта дар қишлоқҳо гадоиро сар мекард: «асл биёред барои пам бурдестум търифтон мекунам бачаҳотон облва намебран, ширини тут биёред, чормағзи ҳамелӣ биёред ,чормғзи ҳамелӣ бепуст мағзаш метобад, нок, себ биёред. Ранги як гадо. Ё ягон кас ҷамотро тафтиш меомад аз хонаҳо мефармуд қайла биёред, гулмоҳӣ биёред..
Вақте моҳихонаи Азизморо мекушоданду меҳмонҳоро пешвоз гирифтанд Хурсанд Мирзоева аз ҳар як хона пул ҷамъ карда буд: 50-100 самонӣ, аз магазинчиҳо 2-3000 сомонӣ.
Ҳар вақте ярмаркаҳо дар бозорҳо мешуд магазинчиҳоро маҷбур мекунанд, ки «бачат дар облава ҷиянат дар облава форад набранша саҳмта гузор».
Як магазинчӣ Ёқуб Исмоиловро маҷбур карданд чор тонна картошкаро чор сумӣ харида ярмаркаи Душанбе аз номи Ромит бурда ду сомонӣ фурухт. Барои онки бачаашро облава набарад. Дар портер бор кард бурда буд. Духтар дошта бошивву писар надошта бошӣ вақти шавҳар додани духтар пулатро мегиранд:хоҳӣ-нахоҳӣ. Барои документ медавонанд.
Ставкаи барои туй аниқ. Агар 1000 сомонӣ зиёд диҳӣ, свет ҳам медиҳанд. Мегуяд ҳамааш аз худам ту хизмт кун. Хизмат -яъне пул.
Диловар Солеҳови раиси нави ҷамоат корҳои Хурсандро сар кард. Блокрези дорад дар даруни мавзеъи Роғуни Ромит, на андоз ва на пули барқро медиҳад.
Замини 98 сотиха дар болои Ромитро Роғун мегуянд. Аз тарафи мамнуъгоҳ боғи калон аст, ки Роғун мгӯянд. Ин боғ аз давраи Союз мондагӣ. Заповедник норафта. Ними зиёди змини ин боғро ҳам фурухтанд Солиҳов Абдул, ки директори мактаб буд, солҳои пеш раиси ҷамоат буд, ҳамин одам фурӯхт. Онҷо хонаҳоро ҳам фурӯхт, вале солҳост, ки документ карда намешавад.
Ҳозир Диловар Солеҳов барои фурӯши заминҳои боқимондаи ин боғ харидор кофта истодааст. Вале ҳозир сари Диловар сахт мондааст. Диловар ковучов карда истодааст. Гуфтааст, ки «маҷбурам ягон пул тиям».
Шабҳо пеши магазини Хайриддин дар экрани широкий Ислоҳ тамошо мекунанд.
Гуфтаст, ки пул пешниҳод кунем. Мақсадаш, ки ба Ислоҳ нома нависад ва пул предлагат кунад. Ва пурсад, ки одами Ислоҳ кист, ки пулро бурда диҳад. «Дар Тоҷикистон одам дошта бошад равему пулро диҳем». Яъне гап мековад. Мақсади пул пешниҳод кардан ё барои ягон барнома нома роҳӣ кардан фаҳманд, ки ба Ислоҳ кӣ ин корҳоро гап мезанад.
Ҳозир участковий ҳам барои кофтукови хоини миллат дар Ромит ҷалб шудааст. Меояд не зан мемонд не оча, не кудак.Аммо мардум хапанд, аз ҳақи худ дифоъ карда наметавонанд.
Як капитани амният бо номи Қулов Сайфулло куратори Ромит, ки гуфта мешавад аз 14 мкр-и Хуҷанд аст сӣ-чил нафарро руст карда аз онҳо пул гирифт баъд ҷавоб дода истодааст.
Барои облава Хурсанд Мирзоева ҳамонро занг мезад, барои «исуусу бурдан».
Боз нуктаи дигари ҷолиб ин аст ки Хурсанд Мирзоева повури махсус дошт. Барои ош, алоҳида барои кабоб лоҳида. Номи повураш Саид буд. Беҳад бузи бераҳм
Мардумро бурда статяи 307 задагӣ. Аммо инҳо барои облава пул додагӣ нестанд. Се нафар аз Амоншайхӣ, аз Камонгарон, аз Чуянгарон ва деҳаҳои дигар.
Қулов Сайфулло бо Лексуси сиёҳи 570 рнгш сиёҳ рақами қайди давлатиаш 10-10 мегардад. Ин Қулов Сайфулло дар ҷойҳои серсум, ресторани Шафран, дискоклуби Соқиевҳо мегарданд. Вай медарояд, заметка мекунад, арақу хурокро мезанад ва сипас дар берун мунтазир мемонад.
Сипас пули як барбарро мекананд. Дар дарун сурат мегиранд, берун, ки омдад ба чанги амниятиҳо меафтанд. Пул надода илоҷ надоранд.
Қулов Сайфулло пости 9ум, пости Варзоб ва пости самти Ромитро комилан признават намекунад. Касе маанъаш ҳам намекунад. Махлумотҳои тару тозаро аз Ромит интизор бошед!
