Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№382

Ислоҳ нет

Ин бор аз Душанбе-пойтахти кишварамон, аз ноҳияи куҳистонии Нуробод ва як нома аз Варшава, пойтахти Лаҳистон дорем. Дар номаи омада аз Душанбе аз як устоди Донишгоҳи техникӣ вазъи илму таҳсил ва бахусус, гирифтани дипломҳои қалбакӣ бар ивази пора равшан нишон дода шудааст. Як иқтибос аз ин нома Санҷидани ин корномаи Ҷурахонзода  1-2 соатро талаб мекунад. Зеро , ки ҳамаи дипломҳои сохташуда дар ҷои имзо ” роҳбар”-и  бо фармон таъиншуда, имзои Ҷурахонзодаро дорад. Дар 1 кор тахминан 8-10 имзои роҳбар бояд гузошта шавад. Агар 8 имзо ҳисоб кунем дар маҷмуъ вай 800 имзои қалбакиро гузоштааст. Дастрас кардани корҳои дифоъшуда ҳам мушкил нест, зеро, ки онҳо дар бойгонии Донишгоҳ маҳфуз мебошанд. Аз эҳтимол дур нест, ки аз ин амали Ҷурахонзода  ректорат хабар дорад. Аммо барои фош кардании ин кор ягон чорабини мешавад ё не? Ин аст муаммо зеро, ки ректор ба ин кор манфиатдор нест, чунки Ҷурахонзода бевосита бо амри ректор таъин шуд.

Муаллифи ҳамешагии мо аз Нуробод ин бор маълумотҳои ҷолиберо аз Сиёвуши амниятӣ ва низ шӯъбаи шашум (6-ой) отдел фиристодааст. Аз номаи вай ҳам ин иқтибосро меоварам: «Дар райони куҳна Сиёвуш қапид- чаро ту тилфон надорӣ? Гуфтам интернет қимат, пули свет қимат зурам намерасад. Гуфт «ҳами ту на нависӣ ба Ислоҳ»? Ман гуфтам: «намешиносам ҳамон одами гуфтагиатро». Боз ин Сиёвуш роҳнамоият мекунад. Мегӯяд, ки «ина нав дар Ютуб канали нав кушодаст- Ислоҳ медиа. Гуфтам ман ятуб тамошо намекунам. Гуфт ятуб не Ютуб. Гуфт чи кор мекунӣ? Гуфтам тибқи фармудаҳои пешво китоб мехонам. Яке сараш вайрон шуд. Гуфт Қуръон мехонӣ? Гуфтам бале, бо забони тоҷикиаш, китоби чопкардаи пешворо мехонам. Гуфт китоби Шоҳнома хон, «Тоҷикон»-и Мирзо Турсунзодаро. Хандидам. Қаҳраш кард. Гуфтам Турсунзода не, Ғафуров «Тоҷикон»-ро навиштагӣ аст. 

Ва, аммо як нафар аз ҳамватанҳои мо, ки дар Варшава ба сар мебарад, аз муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик гуфта, хеле аз паҳлуҳои дардовару  мусибатбори онро тазаккур додааст. Аз номаи ӯ низ ин иқтибосро пешкаш мекунам: «Аксар маврид мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме  занон ба набуди мардонашон тоқат накарда, ба хиёнат даст мезананд. Бо ин гуфтаҳо аксар мардум розӣ шояд, ки нашаванд, вале ин ҳақиқати талх аст». 

                Душанбе

Ассалому алайкум муҳтарам коргарони редаксияи «Ислоҳ». Шумоён ягона манбаи иттилоотие мебошед, ки аз хабар додани маълумоти  таъсирбахш худро канор намегиред. Аз сомонаи интернетии шумо маълум мешавад, ки роҳбарони марбутаи Тоҷикистон ба он вокуниш карда нисбат ба қазия чора мебинанд. 

Мақсади муроҷиати ман ҳам дар он аст ки кори нопоки ба ном роҳбари кафедраи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба омма шинос намоям. Ҷурахонзода.Д асосан вобаста ба «география»- ҷои таваллуд ба вазифаи мудири таъин шуд. Аз ин пеш чандин сол Исвалиев Д. дар деканат кор карда  аз ғоибхонҳо пул ҷамъ карда онҳоро аз курс ба курс мегузаронд. Дар он вақт дасташ кутоҳ буд ва соли 2026 бахташ баландӣ кард, мудир таъин шуд.  

Имсол дар кафедра зиёда аз 200 хатмкунанда кори дипломиашонро дифоъ намуданд. Аз имкон истифода бурда  дар давоми 2 ҳафтаи июни 2026 тахмин 100 адад кори хасакиро сохта ба довталабон бо нархи 300-400 доллар фурухт. Албата барои ин кор заминаро аз моҳи сентябр 2025 тайёр намуд. Аз аввал довталабони шӯбаи ғоибонаро, ки тахминан 70 нафар буданд ва боқимондаҳоро  ба номҳои “ раҳбарон”, ки берун аз донишгоҳ кор мекунанд тақсим кард. Ин бисёр кори қулай шуд, ки ягон ғоибхон ба шарти Ҷурахонзода муқобил нашуд, бинобар он ки ғоибхонҳо дар солҳои охир танҳо як маротиба ба донишгоҳ меоянд – дар рӯзи ҳимояи кори дипломӣ. Онҳо баъд аз 2-3 соатӣ харидани кор дар назди комиссия онро ҳимоя” намуда унвони бакалаврро соҳиб мешаванд. Аксари онҳо ном  ва андоми  “ раҳбарон”-ро нашунидаанду надианд.

Агар  барои тайёр намудани як лоиҳа ба таври бояду шояд  2 моҳ лозим бошад барои 100 лоиҳа чанд вақт лозим аст? Аз ин хулоса аст, ки сифати ин корҳо чи тавр буд ва довталабон чи тавр корҳоро дифоъ намуданд?

Санҷидани ин корномаи Ҷурахонзода  1-2 соатро талаб мекунад. Зеро ,ки ҳамаи дипломҳои сохташуда дар ҷои имзо ” роҳбар”-и  бо фармон таъиншуда, имзои Ҷурахонзодаро дорад. Дар 1 кор тахминан 8-10 имзои роҳбар бояд гузошта шавад. Агар 8 имзо ҳисоб кунем дар маҷмуъ вай 800 имзои қалбакиро гузоштааст. Дастрас кардани корҳои дифоъшуда ҳам мушкил нест, зеро,ки онҳо дар бойгонии Донишгоҳ маҳфуз мебошанд. Аз эҳтимол дур нест, ки  аз ин амали Ҷурахонзода  ректорат хабар дорад. Аммо барои фош кардани ин кор ягон чораҷӯӣ мешавад ё не? Ин аст муаммо. Зеро, ки ректор ба ин кор манфиатдор нест, чунки Ҷурахонзода бевосита бо амри ректор таъин шуд.

Ҷурахонзода дониста ба ин кор даст зад. Вай медонад, ки барои фош кардани ин   имзоҳои роҳбаронро санҷидан лозим аст ва дар байни 1-2 соат ошкор мешавад. Чи тавре хабар карданд, решаи Ҷурахонзода бисёр чуқур аст ва ӯ аз хеҷ кас наметарсад.

Аз ин корҳо, алки ҷиноятҳову хиёнатҳо зиёдтар дар моҳи сентябри 2026 кушиш дорад, ки мудири кафедра интихоб шавад.

Дар поёни муроҷиатам, гуфтаниам, мутаассифона номи худро гуфта наметавонам. Зеро, ки ба роҳбарони донишгоҳ ин маълумот аниқ маъқул намешавад ва дар натиҷа ман аз кор ронда мешавам. 

Бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам ин навиштаи маро чоп кунед. Мехоҳам   ба корҳои шумо Аллоҳ таъоло ҳама вақт мададгор бошад ва шумодар «Ислоҳ» дар ислоҳ намудани ҷомеъаи тоҷик муваффақ бошед. 

           Нуробод

 Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Боз ҳам аз Нурободи зери зулми 6-ой отделу амният менависам. Дар шумораи қаблӣ дар бораи 6-ой отдел навишта будем.

Дар райони куҳна аз 6-ой отдел як нафар дар таксиҳо мешинад мусофирони дигарро гап мековад. Мегуяд, ки «ин 6-ой отдел безор кардай, ҳарруз рейд мегзарона. Ин 6-ой отдел ба ҷони мардуми Нуробод задаст». Ва ҳамин гуна гапҳо мегуяд. Вой бар ҳолат, ки гуӣ бале 6-ой отдел безор кардааст. Ман, ростӣ, дар як мошини таксӣ аз райони куҳна ба тарафи райони нав рафтам. Як бузичаи 6-ой отдел ҳамин гапҳоро гуфт, ки 6-ой отдел бозор ба бозорҳо гашта истодааст ва мардуми тилфондоро қапида якто- якто бурда мекобанд телефонҳоро:- ку ту кадом муллоро тамошо мекунӣ, ё «Ислоҳ» ё «Гурӯҳи-24» тамошо мекунӣ?

Ин бузича гап гирифт. Баъд як нафар гуфт, ки кори хуб мекунанд- пешгирӣ. Бачаҳои ёш фақат инстаграм тамошо мекунанд, муллоҳои бесаводро тамошо мекунанд, гуруҳҳои мамнуъро тамошо мекунанд, хуб мекунад шашум отдел. Ин бузича хандиду гуфт «кори хубай ҳами кори 6-ой отдел». Мо гуфтем, ҳо. Ин бузича гуфт 6-ой отдел ҳамаатонро тарсондааст: «тарсончакен, метарсен мо наметарсем, ин кори давлатай ҳеч гап не». Дар охири роҳ қариби фаромадан тилфонашро нигоҳ кард. Яке дидам гапҳоро запс карда истодааст. Баъдтар шофёр гуфт инҳо чанд нафаранд, одамҳои 6-ой отделанд, номанавис мекобанд. Ман гуфтам номанависи чи мекобанд? Таксист гуфт кадоме дар «Ислоҳ» 6-ой отделро навиштааст,ҳамонро меҷӯянд. Ё инки кӣ зиди 6-ой отдел гап мезанад? Дар таксиҳои Душанбе мерафтагӣ ҳам ҳамин корро мекунанд- гап мепартоянд дар бораи 6-ой отдел. Баъд запсҳояшонро мебаранду медиҳанд. Он вақт мардумро 6-ой отдел мебаранду мезананд. Хулоса, ҷойи онки Ислоҳ шаванд, пораву ришватро пешгирӣ кунанд  мардуми бечораи Нурободро ғам надиҳанд, баракс карда истодаанд.

 Дилам барои ин мардуми мазлуми Нуробод месӯзад.

  Солеҳзода Фатҳуддин, раиси Нуробод тамоман ягон гап намегуяд. Чанд бор падарашро мардум гуфтанд, ки чаро бачаат 6 –ой отдел ё амниятро намегуяд, ки ғам надиҳед мардуми камбағалро. Падараш Ҳусен гуфт: «гапаш намегузарад, бечора бачаи ман ба ном раиси ноҳия ҳастай. Як меҳмон аз Душанбе биёяд ман гусфанд мекушаму меҳмондорӣ мекунам. Амният ва 6-ой отдел кати меҳмони аз Душанбе омада хурда мераванд неки рулават мекунан Нурободро. Писари ман як ҳайкал, бо ном раиси ноҳия неки дуъои бади мардуми Нуробод ба сари писари ман аст. Ин мардум намедонанд, ки писари ман гапаш намегузарад. Мақомдори калон гуш намекунанша, аз фармони калон бдай, ки бояд ин мардуми Нуробод таҳти фишори 6-ой отдел бошанд».

  Домулло свет нест. Як шамол мешавад як ҳафтаи дигар бе свет. Агар борон биборад, свет мемурад. Ба ҳамин наздикӣ дар Сурхоб сел омад, пули Яхакро зада шикаст. Тавре вонамуд карданд, ки ин офати табиӣ набуд. 

  Масҷидҳо маҳкам, намоз хони дар ҷои стройка манъ, дар роҳҳо манъ, дар масҷидҳо манъ. Ин ғазаби Худованд аст. Ҳоло  ин кам аст. Як ҷо сел занад дарав блогерҳо картаи Душанбе Сити ё Алиф мемонанд, ки кумак кунед. Ин давлат куҷоро нигоҳ мекунад? Давлат аз мардум налог мегирад, пули свет мегирад, вале агар як сел роҳҳоро бизанад боз аз мардуми камбағал пул ҷамъ мекунанд. Ин талбандагӣ як шармандагӣ аст.

 Акнун дар бораи Сиёвуши амниятӣ-яке аз персонажҳои номаҳои Нуробод дар Ислоҳ. Сиёвуш гуфтааст, ки ин Муҳаммадиқбол аз худаш гапи зиёдатӣ мегуяд, то ки дар ҷои ман ягон коргар аз Курғонтепра шавад. Лекин фоидааш надорад. СС.Ятимов махсус аз Қурғонтеппа намемонад дар Нуробод ва Ғарм. Ё аз Фархор, ё аз Балҷувон, ё аз Восеъ ва ё аз Кулоб мемонад. Муҳаммадиқбол ягон кор карда наметавонад. Ман оҳиста- оҳиста началники амнияти ҳамин Нуробод мешавам:- беҳуда зур задестай, ҳам ин Муҳаммадиқбол ва ҳам номанавис. Ин ду кас то ҳатто фамилияи маро намеёбанд-гуфта механдад. Сиёвуш мегӯяд, ки «мардуми Нуробод ро ҳамихели накунам мегузаронан аз ҳади бад. Ҳоли ман иҷозат додам, ки ҷумахонӣ меоянд. Агар хоҳам масҷиди райони куҳнаро ҳам маҳкам мекнам ҷумахонӣ намемонамшо. Дар Тегирми масҷиди ҷумахонӣ буд ман маҳкамаш кардам, як масҷиди ҷумахонӣ бас ба раёни куҳна».

  Сиёвуш бо як кибру ғурур ин гапҳоро бо яке аз бузҳояш дар суҳбат гуфтааст. Сиёвуш чанд рӯз пеш муллоҳоро фарёд карда гуфтааст, ки «мардумро дар қишлоқҳо бигуен, ки нанависан. Ман меёбам, бад ҳамон қишлоқро кати ҳамон нома навис медонам чи кор кунам.

 Ба раисҳои маҳаллаҳо ҳам ҳамин гапро гуфтааст. Як раиси маҳалла гуфтааст, ки «одами худатон набоша номанавис ягон одамои мо нестай».

Сиёвуш гуфт «одамои ма ё бзичаҳои ман аз ман меринан, агар нависан. Аз падару модаршон бисёртар аз ман метарсан. Бзичаҳом ё ҳамкорҳом дилёв намешаванд. Ман нигоҳ кунам мефаҳмам, ки кӣ навиштааст» худашро таъриф кардааст Сиёвуш.

 Як мулло аз қишлоқ дар байни муллоҳо вақте Сиёвуш баромаду рафт, хеста гуфт, ки «ҳами кадоме номанавис ҳастай …ро бучуқа шинад, безор шидем аз иқадар фарёд кунӣ».

  Сиёвуш зураш фақат ба ҳами бузичаҳо мерасаду ба ҳамин муллоҳову раисони маҳалла. Чунин ба назар мерасад, ки Сиёвуш як инсони бепадару бемодар аст ва соҳиб надорад.

  Гуфтааст, ки чанде маро гуянд, ки мардуми Нурободро зулм мекунам, боз вазифаам болотар меравад. Ба гуфти Сиёвуш СС. Ятимов дӯст медоштааст, ки «ихели муллоҳоро ғам диҳам, ё мардуми намозхонро ғам диҳам, хурсанд мешудааст, тем боле масҷидро маҳкам кунам.

  Эй, Сиёвуш инро дон, ки ин мардуми Нуробод ҳоло ягон гапат намегӯянд. Мардумро фишор оварда истодаӣ, метарсанд. Лекин Аллоҳ моро кофӣ аст: ҳасбун Аллоҳу ва неъмал вакил неъмал мавло ва ниъманнасир» -мо таваккал ба Аллоҳ дорем.

  Домулло шумо дар «Минбари муҳоҷир» дуъои ҳазрати Мусоро мехонед. «Раббишраҳ ли садри ва яссир ли амри ва аҳлул уқдатам-мин лисони яфқаҳу қавлӣ». Ин дуъоро бояд ягон мулло нахонад. Сиёвуш аллергия доштааст. Ё хатиб бояд дар хутбааш мабодое нахонад. Бадбахт, беҳад исломро шум мебинад, масҷидро шум мебинад. Худованд хораш кунад ин Сиёвушро.

Мардуми Нуробод, ростӣ, дигар аз дастаи ин 6 -отдел ё амният тилфон намегардонад. Чанд бор проверка карданд.

 Дар райони куҳна Сиёвуш қапид- чаро ту тилфон надорӣ? Гуфтам интернет қимат, пули свет қимат зурам намерасад. Гуфт «ҳами ту на нависӣ ба Ислоҳ»? Ман гуфтам «намешиносам ҳамон одами гуфтагиатро». Боз ин Сиёвуш роҳнамоият мекунад. Мегӯяд, ки «ина нав дар Ютуб канали нав кушодаст- Ислоҳ медиа. Гуфтам ман ятуб тамошо намекунам. Гуфт ятуб не Ютуб. Гуфт чи кор мекунӣ? Гуфтам тибқи фармудаҳои пешво китоб мехонам. Яке сараш вайрон шуд. Гуфт Қуръон мехонӣ? Гуфтам бале, бо забони тоҷикиаш, китоби чопкардаи пешворо мехонам. Гуфт китоби Шоҳнома хон, «Тоҷикон»-и Мирзо Турсунзодаро. Хандидам. Қаҳраш кард. Гуфтам Турсунзода не, Ғафуров «Тоҷикон»-ро навиштагӣ аст. 

Домулло, ин Солеҳзодаи картошка ба гуфтаи Сиёвуш имсол ҳамаи ҷоро картошка коридаст «лекин интизорем кай картошкаи Солеҳзода Фатҳуддин мешида боша ва арзон мекарда боша ё ба Рустамҷонша мебурда боша».

 Ин Солеҳзода Фатҳуддин дар маҷлисҳояш фақат гапаш раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст ва як бор не чанд бор мегӯяд. Ин Солеҳзодаи картошка номи падарашро ин қадар намегирад.

Солеҳзода Фатҳуддин донишгоҳи миллиро хатм кардааст- психолог, аммо дар Нуробод агроном шудааст. Ба ҷойи онки кормандони давлатиро бигӯяд пора нагиред:- амниятро гуяд, ки мардумро фишор наоред,картошкаву каду гуфта гаштааст. Солеҳзода Фатҳуддин ман ҳамчун дуст шуморо огоҳ мекунам, агарчи медонам, ки ту як одами кибру худдонамӣ, коргар нестӣ,корро сарфаро намеравӣ,масъулиятатро намедонӣ, ки чист?

Солеҳзода Фатҳуддин дар назди Аллоҳ ҷавоб медиҳӣ. Ин вазифаро барои сари қабри бибии кабудҷариат гирифтаӣ ё барои Аъзамои тағоият гирифтаӣ. Солеҳзода Фатҳуддин пеш аз худат чанд нафар раис дар Нуробод иваз шуд. Аммо мисли шумо тарсончаку бечораву беор надидам.

 Зиёрати Саъдулло, раиси собиқи Нуробод гуфтааст, ки ин қадар раиси беақлу тарсончакро нав дидам. Наход дар ноҳияи худат аз дигар ҷойҳо -аз Фархор, аз Балҷувон туро фармон диҳанд. Онҳо зердастони туанд, на баракс. Дар даври ман аз Рашт, ё аз Роғун  коргари амният,ё милиса,ё ГАИ мешуд ва лишний движний мекард,мегуфтамаш аз Нуробод дафъ шав.

 Лекин ин Солеҳзода Фатҳуддин то ҳатто як амниятии қаториро ягон гап намегуяд. Гапаш дар врачи роддом Шафоатова Зарина нагузашт. Шафоатова Зарина гуфтааст Солеҳзода Фатҳуддин фақат куҳ ба куҳ гаштаст картошка корида мода кордор нест. Аслан намегуяд, ки ин қадар порагирӣ дар балнисаҳо то кай идома мекунад. Ягон бор намегуяд, ки пора нагиред. Тамоми кормандони давлати порагир шудаанд. Дар райони нав, кумитаи замин, налог, ҷамоат, беморхона, шуғли аҳолӣ, ЗАГС, комиссариати ҳарбӣ фақат порагирӣ. То 500,то 100 сомони надиҳӣ коргари шуғли аҳолӣ имзо намекунад. 

 Ҳазрат фаромуш кардам Сиёвуш занҳое, ки сатр  ё румоли калон дар сар доранд дар райони куҳна «ту чиба сатр дорӣ» гуфта он зан шавҳар дошта бошад номерҳояшро мегирад ва ту хоини миллат занат ҷоҳил шудааст, занат гумроҳ шудааст, сатр дорад гуфта ба отдели райони куҳна биё, ё саҳарӣ соати 10:00 ба Самсолиқ биё мегӯяд. Меравӣ 1800 штраф ё 1500 Сиёвушро медиҳӣ баъд халос мешавӣ.

 Ин Сиёвуши бадбахт ба занҳои Нуробод кор гирифта истодааст. Ин Сиёвуш дар райони нав дар пеши беморхона махсус меистад, ҳамчунин кормандони 6-отдел ва кадом зане дар сараш сатр ё румоли калон дорад мегуянд:- «ин румоли гумроҳиро бгир аз сарат» ва таҳқирашон мекунанд. 

                 Варшава

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастед.  Аз Аврупо ба Шумо навишта истодаам. Ростӣ, худи ҳозир шумораи  навбатии «Номаи манро алоҳида нашр кунед»-ро дар Ютуб дидам-«Зери таҷовуз қарор додани ноболиғи 13 солаи рус аз ҷониби ҷавонони тоҷик» буд он навор.Хостам фикру ақидаи хешро оиди ҳамин масъала каме ҳам бошад  иброз дорам. 

Чихеле ба ҳамагон маълум аст Эмомалӣ Раҳмонов зиёда аз 30 сол боз дар сари қудрат аст ва ӯ барои некуаҳволии мардум коре ҳам намекунад. Кори ӯ ва аҳлу байташ ҷмъу ғун кардани молу сарват ва ғорати ошкорои халқи мазлуми тоҷик аст.

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзе,ки давлату ҳукумати моро бояд ба ташвиш ораду аз пайи ҳалли он гардад албатта,ки муҳоҷират аст. 

Падару модари ҳар яки мо мардуми тоҷик бо таваллуди фарзанд аввал хурсанд гашта, баъдан зиқ мешаванд.Барои чи ғамгин?Барои он ки намедонанд ояндаи наслашон чи мешавад.Писарашон пас аз хатми мактаби миёна маҷбур ё ба хондан рӯ меорад, ё ба муҳоҷират.Барои чӣ иҷборӣ ба таҳсил?Чунки бо ин васила муддате ҳам бошад аз облава ва хидмат дар артиш дур мешавад.

Ғамгин барои духтарҳо барои он мешаванд,ки пас аз ба шавҳар додан домодҳо муддате нагузашта маҷбур хонаро тарк мекунанду аз пайи ризқу рӯзӣ боз ба муҳоҷират рӯ меоранд.

Муҳоҷират аз рӯи сатҳи зиндагии паст ва набуди ҷойи кор.Шахсан худам бо як орзуи калон ба таҳсил рӯ овадам ва ба умеди ояндаи нек соҳибмаълумот ва соҳибдиплом гаштам. Аммо сад афсус ки ҳамаи ин солҳои таҳсилам бефоида, чунки баъди хатми мактаби олӣ соҳиби ҷойи кор нашудам. Ба ҳар куҷое мерафтам аввал макони таваллуд ва   сипас ҷайб нигоҳ мекарданд.   

Яке аз хиёнатҳои бузурге ки Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ин таъмин накардани зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳоло онки  мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зиндагии арзанда дар моддаи 1 ва боби дуюм, махсусан моддаи 31, инъикос ёфтааст.

Моддаи 1: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 31: Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки барои худ ва оилааш сатҳи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дошта бошад.Ин моддаҳо асоси ҳуқуқии кафолати зиндагии шоиста ва шароити иҷтимоиро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Дар асл муҳоҷирати кунунии халқи тоҷикро наметавон муҳоҷират номид.Чунки ҳангоми дар муҳоҷират будан  ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар умуман риоя карда намешавад.Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи шаҳрвандони бурунмарзӣ дар моддаи 16 муқаррар карда шудааст.

Дар ин модда омадааст:

 Моддаи 16: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар берун аз марзи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.» 

 Инчунин, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 11), мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷа ҳимоя кунанд.

Ба иззату нафси касе намехоҳам расам, аммо мо ба муҳоҷират не ба ғуломӣ меравем. 

Муҳоҷират меҳнатии имрӯзаи мо ин худ пурра мусибат аст,чунки он бештари маврид мушкилоти нав ба навро ба бор меорад. Аз ҷумла:

— Дур шудани волидон, чи падар чи модар, аз фарзандон;

— Тарбияи нодуруст гирифтани фарзандон;

— бероҳа гаштани фарзандон аз ҳисоби муҳоҷирати волидонашон;

— аз байн рафтани қувваи кории волидон ва хастагии равонӣ;. 

— вайроншавии оилаҳо.Аксар маврид мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме  занон ба набуди мардонашон тоқат накарда, ба хиёнат даст мезананд. Бо ин гуфтаҳо аксар мардум розӣ шояд, ки нашаванд, вале ин ҳақиқати талх аст. 

Инҳо танҳо шумори каме аз зиёнҳои муҳоҷират ба ҳисоб мераванд.

  Дар аксар маврид падару модарон( на ҳама ) ба писарони худ таъкид мекунанд, ки то маблағи калон кор накунӣ,бар нагард. Албатта онҳоро фаҳмидан мумкин, лекин дар ин маврид ҷавонон, хусусан мардон аз ҳисоби дер оиладор шудан, дар муҳоҷират даст ба амалҳои номатлуб, алалхусус ба зинокорӣ мезананд. Медонам ин суханони ман сахт аст, вале ҳақиқати талхи имрӯза ҳамин аст.

Бар мегардем ба моддаи 1. Дар ин шароите, ки ту эй калаварами Эмомалӣ  бо ҳукумати худкомаи хеш фароҳам овардаӣ,чӣ гуна мо инкишофи озод карда метавонем? Мисоли оддӣ. Ҳангоми як тиҷорати хурд кушодан аз чанд тараф омада соҳибкори бечораро нафастанг мекунед. 

Ту ва оилаи касифат ҷавонони ин миллати бузургро ҳамчун гови ҷушо кардаӣ. То он даме, ки қувва дар ҷисму ҷонамон ҳаст,водор месозӣ, ки ба ғуломӣ рафта,ба мисли хар кор кунем. Ҳатто аз ҳисоби интиқоли маблағҳои бо арақи ҷабинамон ту фоизи хешро мегирӣ. 

Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол аз дурии падару модар, аз ҳамин муҳоҷират хаста шудам.Мехоҳам ба ватан баргардаму ба мисли инсон зиндагӣ кунам. 

Муроҷиати ман ба ин беимони беинсофи каладам.Бирав аз сари қудрат. 99% фоизи мардум аз ту ва аз ҳаромзодаҳоят хаста шудем. То ба кай мо барои шумоҳо кор кунем, то ба кай мо дар ғуломӣ ба сар барем, ҳам руҳан ҳам ҷисман хаста шудем. Бинобар ин ба диктатураи хеш хотима бахш.

Share This Article