Номаҳо аз Айнӣ (деҳаи Рарзи шариф) Душанбе ва Шуғнон ин бор муҳтавоии «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ташкил доданд.
Номаи омада аз Рарзи шарифи Айнӣ бисёр ҳам ҷолибу кубанда аст. Бахусус, ки узви тими мо суҳбатҳоеро фиристодааст, ки исбот мекунад, Ислоҳ бархе аз масъулинро сахт нороҳат мекунад.
Муаллифи мо аз Душанбе бо зикри мушкилоти феълӣ ин гуна пешниҳод додааст, ки баъди сари кор омадани ҳукумати нав ба масъалаи ҷосозии кадрҳо бисёр ҳам сахт мутаваҷҷеҳ шуд ва барои ҳар як ноҳия мутахассисинро аз ҳамонҷо ба масъулиятҳо таъин ё интихоб кард.
Аз Шуғнон, ки то кунун шояд, яке ду нома ба дасти мо расида бошад масъалаи муносибат бо гардишгарон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Муаллиф аз тарзи бархӯрди неруҳои марзбонӣ бо ин ҷаҳонгардон башиддат интиқод карда ва гуфтааст, ки чунин муносибат боиси коҳиши вуруди гардишгарон ба кишвар мешавад:
Айнӣ
Ассалому алайкум ва раҳмтуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Агар имкон шуд ба ин номаи ман сарлавҳа гузоред, ки навиштаи кӯрона аз деҳаи Рарз ҷавоб ба комсомолкоммунист, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №310» бародари рарзӣ бисёр суханҳои ҳақ ва ноҳақ навиштааст.
Мо ин суханҳои ин бародарро таҳлил мекунем. Дар бораи авлоди Эмомалӣ Раҳмонов, дар бораи домодҳояш, дар бораи духтаронаш ва дар бораи дуланҳои домодаш навишт, ки мо пурра ҳамовозем. Вале ба ин бародари комсомолкоммунист, ки худро муаррифӣ кард, зиёд бовар надорем. Ин он комсомол, он коммунист нест. Охир, ин , то ҷое тарафдори ҳамон ҳаромхурҳо мебошад.
Дар бораи масҷидҳо навиштаҳояш дуруст буд.
Вале агар ин ҳамон одами дилсузи деҳаи Рарз мешуд номҳои асосӣ, агар бе одобӣ шавад ҳам- мақъадлесакҳои асосии Рарзро менавишт, ки барои мансаб зану духтарони Рарзро пешниҳоди собиқ раиси ноҳия- Муқимҷон Муродов намекард. Ман шарҳ медиҳам, ки мақъадлесакҳои асосии Рарз киҳоянд ва хизматҳояшонро менависам. Рақами якум лаънаткардаи Аллоҳ (говҷуш гила) муҳтарами номуҳтарам Сангинов Абдулаҳад, ки барои мансаб шуда гову моли Муқимҷон Муродовро аз Сангистон ба Рарз оварда нигоҳубин мекард ва духтарони Рарзро пешниҳоди Муқимҷон мекард. Ба фикрам аз он ҷумла …. худашро низ.
Дуюм мақъадлесаки олӣ сардухтури беморхонаи Рарз Меъроҷ Ҳайдаров мебошад. Ин бадбахт ҷои укол сиропро мефармояд укол кунанд. Ин бадбахтҳои худфурухта Рарзро ба ин дараҷа оварда расонданд.
Аз Ҷаҳонгир Сироҷиддинов дар вақти бригадириаш бисёр ободӣ мондааст. Вале аз муҳтарами номуҳтарам Сангинов Абдулаҳад чи мондааст, ғайр аз дуздиву зино. Аз сардухтури беморхонаи Рарз муҳтарами номуҳтарам Мъроҷҷон чи мондааст ғайр аз дуздӣ?
Ман шахсан барои ободии роҳҳои Рарз тарфдорам. Фақат бигзор ҳукумат обод кунад. Ё ки ангишти ноҳияро ҳазорҳо тонна кашонда истодаанд. Роҳҳои Рарзро асфалт бикунанд. Бигзор домоди Раҳмонов бошад, духтараш бошад. Ягон рарзӣ зидди ободии Рарз набуд ва нест. Фақат бигузор ҳукумат асфалт бикунад. Мардуми Рарз ба депутатҳо овоз доданд, ба президент овоз доданд. Вақте раиси ҷумҳур
ба ноҳияи Айнӣ меояд Ҷаҳонгир Сироҷиддинов вонамехурад, дар маҷлисҳояшон иштирок намекунад. Ин гапҳои навишта дар нисбати Ҷаҳонгир нодуруст аст.
Дар вақти омадани раиси ҷумҳур боз ҳамон мақъадлесакҳое, ки ман дар боло номҳояшонро зикр кардам иштирок мекунанд, на Ҷаҳонгир. Ин мақъадлесакҳои Рарз ва ноҳияи Айнӣ вақте Раҳмонов савол медиҳад, ки чи камбудиҳо ҳаст? Мегуянд ҳама садфоиз, мо камбуд надорем. Мақъадлесакҳои Рарз ҳамин тавр мегӯянд.
Эй, бародаре, ки худро комсамол ва коммунист шиносондӣ ту ҳамон нестӣ, ки ба маҳалҳо Рарзро ҷудо мекунӣ? Ту намедонӣ, ки мардҳои бо номуси Рарз мисли Самеъ Шокиров, Ҳамдам Бобокалонов, Абдулло Сироҷуддинов, мисли Абдуқодир чи хизматҳо карданд ва аз ин мардҳои Рарз чизҳои бисёр нишон мондааст.
Ту эй комсамол -коммунист ҳақро бинавис. Агар ҳақро бихоҳӣ дар бораи Ҷаҳонгир гуфтаниам, ки агар барои роҳҳои Рарз асфалт лозим бошад бигузор ҳукумат бикунад. Мо тарафдор, ки ҳукумат асфальт бикунад. Ба мақъадлесакҳои Рарз гуфтаниам, ки то кай шумо ин корҳои ҳаромро мекунед. Дар Рарз номи шумо бо мақъадлесакҳои Муқимҷон дар хотирҳо ҳифз шудааст. Ҳоло Муқимҷон дар Зафаробод раиси ноҳия шуд, шуморо дар он ҷо роҳ намедиҳанд. Раиси ҳозираи ноҳияи Айнӣ акои Рӯзибой шуморо нағз мешиносад, ки шумо ҳамон шайтонҳои Рарз ҳастед.
Агар ту номуси рарзӣ медоштӣ, менавиштӣ, ки пеш аз ин номаҳо баромада буд, дар бораи мактаби Рарз ва беморхонаи Рарз чаро хомуш будӣ, ё ки ин маъадлесакҳои Рарз туро маҷбур карданд ё ки пора доданд?
Дар мактаби Рарз № 3 се духтари ноболиғ ҳомила шуд. Вазъияти мактаби Рарзро менавиштӣ, ки муҳтарами номуҳтарам Ваҳҳоб Сангинов ва Сангинов Самад бо муаллимаҳо ва бо толибагон зино намекарданд. Номуси рарзият куҷо шуд?
Дар ҳаминҷо нома ба охир расид. Устод, чопаш бикунед. Вале дар охир ду навори суҳбату таҳдидҳои «калонҳо»-и деҳаро ҳам мефиристам.
Навори суҳбати онҳо дар матн чунин аст:
Ассалому алейкум мардуми шарифи Рарз. Ва аъзоёни ҳамин гурӯҳи гузари Эшоно. Ман якуми ноябри 2025 ба даъват кардам, ки барои ободонии қишлоқамон аз даромадани дарвозаи Рарз то баромадани Рарз мо иқдом гирифтем, ки мумфаршкунии роҳи қишлоқамоя обод кунему асфалтпуш кунем. Мо а дигар қишлоқо ибрат гирем гуфта муроҷиат кардам шумоёнба. Шумоён аз номи ман Ислоҳ.ТВ ба додетон. Ислоҳ. ТВ мана чо мекунад, роҳбараш чи кор мекунад? А? Мана чи кор мекунад? Ман умрбод дар давлат хизмат кардагӣ хизмати халқа кардагӣ.40 сол боз дар давлат хизмат кардагӣ.Мана чо мекунед Ислоҳ.ТВ ба дода? Аз номи ман ба Ислоҳ.ТВ партофтӣ. Роҳбараш чо мекунад? А? Ман ҳукмат дорам, давлат дорам, ҷаноби олӣ, пешвои муаззами миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович мегӯн,ки ҳар коре кунеду кӯчетону қишлоқатон, дарвозетона обод кунед.Мо тасмим гирифтем,ки обод кунем.Аз номи ман да Ислоҳ.ТВ партофта чо мекунӣ?Гапат бошад рӯирост гапата да ман гап зан! Ман ин кора кофта ёфта мебинам, ки Ислоҳ.ТВ қатӣ чи хел сарукор дорӣ,амниятба метиям кофта меёбад,баъд мефаҳмем. Ҳа! Чиз, мақсадотон чӣ? Обод накунед ҳиҷчӣ не! Мо тасмим гирифтем, ки ҳамин қишлоқамоя обод кунем, диёрамоя обод кунем.Я бемору бечораба,касалба,мӯҳтоҷба,беморба пул ёрдам кунем,кӯмак кунем, роҳамоя обод кунем, кӯчемоя обод кунем, якҷо об биёрем. Ҳаминам ман мегум. Ман чи гуфтам шумоя? Чи бадӣ кардам шумоёнба?
Ислоҳ.ТВ чо мекунад мана? Ислоҳ.ТВ дор дорад, мана дорашба барад овезад. Аз номи ман бо Ислоҳ.ТВ партофтетон, шарм намекунед? Ман да шумоён чӣ бадӣ кардам, мардуми шарифи Рарз, мардуми гузари Эшоно? Айба намедонед? Сӣ сол-чил сол да шумоён хизмат кардам да ҳамин гузари участки 3ба, Рарзба.А? Гапат бошад биё да ман гап зан. Намехоҳӣ пул додан нате. Бе пули туям Худо хоҳад мо накунем давлат обод мекунад, давлат асфалташа мекунад. Ха гуфтем иқдом гирем мардуми Томину Дарғу Каздон боре раҳамоя асфалт кунем, Сангистон боре. Ташаббуси пешвои миллата гуфтем дастгирӣ кунему раҳамоя обод кунем. Ислоҳ.ТВ мана чо мекунад? Дор дорад? Дорашба овезад, роҳбараш катӣ.
Садои дуввум:
Сарвар вақте ки ман ҳамун мардумба муроҷиат кардам барои ҳамин мумфаршкунӣ,асфалтба худатон будед Шаҳбоз буданд. Кора вақте ки вай Раҳматшо буд, вақте ки оба сар кардем барои обёрӣ, оби нушокӣ э, вайи вая полезия да ҳамунҷа будед.Ман мардумба чи муроҷиат кардам? Дар ҳамунҷа гуфтам,ки бародарои азиз аз дарвозаи Рарз то баромадани Рарза иқдом гирифтем, ки ҳар як хоҷагӣ 1000 сумӣ марҳамат карда ҷамъ мкунем,ҳамина якборагӣ не,се моҳба марҳамат карда сесад сумӣ мувофиқи шароит ҷамъ карда тасмим гирифтем,ки диёрамоя обод кунем, қишлоқамоя обод кунем, мумфаршкунӣ кунем. Мақсад ҳамин ки мо бародари азиз а дига қишлоқо камӣ надорем. Ҳар як қишлоқ мана Томина бинед, ки аз даромадани қишлоқаш то баромадани қишлоқша раҳаша асфалт кард,дига корои ободния кард. Мекунед баҳри дилатон кушода мешад. Як шаҳр борин кардаст. Мо ҳамина муроҷиат кардем халқба. Мо нагуфтем, ки моба биёр пула те ман хурам, ман хона кунам, ягон кори дига кунам. Муроҷиат кардам вайба, мардуми гузари Эшоноба Рарзба, ки бародаро ҳамин пула ҷамъ кунем мумфаршкунӣ кунему ободи қишлоқамоба. Қишлоқамо ба марҳамат карда об биёрем. Мана ҳозир тағйирёбии иқлим, тарма кам, барф кам, боришот кам, об биёду ҳамин мардум аз об таъмин шавад. А.Ҳамин гапоя задем. Раҳомоя обод кунем, кучемоя обод кунем.
Мо ягон гапи бекора назадем бачи хола. Моя аз номи мо да Ислоҳ.ТВ партофтиян. Ислоҳ.ТВ катӣ чи хел вай ҳамкорӣ мекунад? Вай значит одами ҳамун Ислоҳ.ТВ. Ина дида буромадан даркор, А?Вай Ислоҳ.ТВ гӯш кунед, аз берун ваёи хориҷӣ, пули хориҷия гирифта ҳукмати моя, мардуми моя танқид мекунад, а? Марҳамат карда мард бошад биёд ватанаш як кор кунад.
Мо шукронаи давлат кунем, шукронаи ҳамин ватан кунем, ки сулҳу субот ҳаст, а? Инки вай кати ҳамкорӣ мекунад. Шумо мегӯед, зиқ нашавед. Чи хел зиқ нашавам? Ина кофта ёфтан даркор бачи хола. Имрӯз мана мекунад, пага шумоя. Мо чӣ гуфтем? Мо гуфтем диёрамоя обод кунем, қишлоқамо обод шавад, а чангу хоку халос хуранд. Талабемою фарзантомо мактабба раваду райи асфалт кати лою гил нашаваду соқу саломат раваду биёд. Ягон гапи бекора назадем. Чи гуфтем мо. Худатона ҳозир ҳамин хел гӯд, шумо ҳозир бинед, ки партофтиян ба Ислоҳ.ТВ аз номи ман ки ҳамин ин хел кард ун хел кард. Ислоҳ.ТВ чо мекунад? Мард бошад биёд як гӯши Тоҷикистона обод кунад.
Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар намозҳои таҳаҷҷудам шумо ва аҳли хонадони шуморо дуъо мекунам, ки саломат бошеду умри дарози пурбаракот насибатон гардад. Дар кори мубориза барои ҳамаамон тавфиқ мехоҳам. Бо сари баланд ба ватани азизамон баргардед.
Бародари мубориз, аз ҳамин ҳоло гуфта бошам, ки барои ҳукумати оянда кор душвор аст, инро бояд аз ҳоло ба ҳисоб бигиред.
Қариб 70%чоплусу даюсу дузду бераҳму беинсоф дар ҳукумат ҷамъ омадаанд ва онҳоро дар давоми як давраи президентӣ ба самти инсоният, ба самти худотарсӣ бояд баргардонд. Ин Раҳмонов давоми ин солҳо тамоми структураи давлатиро бо атеистҳову азхудобаргаштаҳо пур кард.
Тамоми онҳое, ки бо пора вазифа гирифта буданд, бояд на фақат барканор карда шаванд, балки ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Яъне ба мисли аттестатсия бояд гузаронида бишавад. Аз идораи ҷамоат гирифта то ҳукумати марказӣ санҷишу тафтиши кормандон гузаронида бишавад, ки онҳо мутахассисанд ё чӣ? Чунки дар давоми даҳ соли ахир фақат онҳое ба масъулиятҳо таъину интихоб карда шуданд, ки ҳадафи асосиашон кор ва хидмат не, порахориву баҳракашӣ аз мақому вазифа аст ва ҳиҷ хабаре аз ҳалолу ҳаром, аз дину оин надоранд.
Дар тақсимоти мансабу вазифа ва ҷобасозии кадрҳо бояд тағйироти куллӣ ҷорӣ кард. Ҳар як району шаҳру ноҳияро бояд раисонаш аз ҳамон минтақа бошад. Дар ин минтақа чи корхонаи давлатие мавҷуд аст бояд коргаронашон аз ҳамон минтақа бошад ва ин коргарон барои ин минтақаи худашон хизмат мекунанд. Ман маҳалгаро нестам, валлоҳӣ дили беғараз дорам.
Ҳозир агар мо назар андозем дар аксарияти корхонаҳои кишвар ҳамаашон аз Данғараву Фархор мебошанд, меоянд нито ҳисоб мекунанд. Вақте мегӯӣ, ки нодуруст аст, асабонӣ ва ғазабнок мешаваду мегуяд «ма ай Данғараюм, ма ҳамшаҳрии ҷанобум, ма ай Фархорум ма ҷияни СС.Ятимовум… ».
Охир шумо раиси суду прокурору мвд-ю кгб-ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дигар ҷойҳо боварӣ надореду аз он минтақаи тилоиатон мондед. Чунки ин ду минтақа фақат заводашон олиму мутахассис мебарорад. Ақалан директорони мактаб, беморхонаҳо, ҷамоатҳо, духтурони одӣ, дар водоканали шаҳрию навоҳии тобеъи марказ ҷавонони ҳамон ноҳияро монед. Ин нодидаҳои галуро аз талу тепа меореду дар ин ноҳияҳо мемонед. Мегӯянд, ки нодида дид, дар шалвораш рид, медароянду сраза бе ягон хатоии хонаводаҳо, бе имзои онҳо штраф аз 2000 то 7000сомонӣ мекунанд. Камбағали бечора мегӯяд, ки ман ин тавр пули калон надорам, ман ягон чизи дуздӣ ва хилофи қонун надорам: «ина налогам, ина чекои светам,ина чекои об, барои чи штраф мекунед? Мегуяд, ки э, итари хона када метонӣ, и маблағи чияй, чаро супоридаш наметонӣ»? Вақте мегӯи, ки мо ба боло шикоят мекунем, ин ҷавон, ки ҳоло қандро кака мегуяду чизро ака мегӯяд,медонӣ «ма ай Данғараюм, ё ма ай Фархорм».
Барномаҳои шуморо тамошо мекардам, ки дар бораи мер город мегуфтед. Ман, ки худам дар ин мақомот кор мекунам мегуфтам шояд касе ғарази баде нисбати ин раиси шаҳр дорад вале вақте худам корафтода шудам, сад фоиз ба гуфтаҳои шумо бовар кардам, ки вай инсоне нест, ки барои мардум кор кунад.
Дар моҳи сентябр барои кори шахсии худам ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба назди ректор Давлатзода рафтам ва ба қабулгоҳ даромадам. Аз коргузораш пурсидам, ки устод дар хаминҷост. Вай гуфт бале, дар берун интизор шавед. Мо бо ҳамроҳии як бародар интизораш будем. Ду марди дигар ҳам буд. Дар кушода буд. Вай овози моро шуниду худаш баромад. Як қадпастаки шустуряк, тахминан ягон 50-55 сола метофт. Пурсид, ки чи гап аст? Гуфтем назди шумо омадем бо як масъала. Он мардҳо, ки пеш аз мо омада буданд, гуфтанд, ки аввал мо медароем. Хуллас, онҳо даромаданд. Ман ба он бародаре ки ҳамроҳам буд гуфтам, ки кори мо буд намешавад. Гуфт «а бачи фолбинӣ накун, ҳозир миоян мебаранд. 5х30 сомонӣ штрафат мекнан». Гуфтамаш приколота бас куну гуш кун. Ман ин донишгоҳ гоҳ-гоҳе меоям. Дар соли 2000 ба назди ректор, ки он вақт Хисрав Ризоевич буд, омадам, ба берун набаромад. Даромадаму корам буд шуд. Дар он сол чанд бори дигар омадам. Хато накунам ректор Одинаев буд, он вақт ҳам ҳамин тавр шуд. Инро дидӣ, ки овозро шуниду давида баромад, ки ягон клиенти руғанӣ аст, яке муовини аввалам нагирадаш, барои ҳамин баромад, ки ин аз куҷое ҳаст гушна аст. Инҷоро ғорат омадааст. Хуллас, бисёр шухияш кардам. Бо гузашти 30 минут онҳо баромаданд. Ман гуфтам мо дер кардем. Гуфт ҳоло нарафта бошед, истед, ҳозира ҷавонҳо тоқати ждат карданро надоранд. Баъд гуфт кадомат, ки ба ман кор дорӣ ҳамонат даро. Ман даромадам. Гуфт сағера бисёр шустряк метобӣ, боз ягон записам накунӣ. Ман гуфтам ба сину сол нигоҳ кунем, ман чени шумо шустри нестам. Аз лаҳҷаи гапзаниам фаҳмид, ки ман регионам 03 нест. Гуфт «хай записамам куниям чокада метонӣ, мара шахсан шоҳбача иҷа мондай». Гуфт, ки инҷоро пеш шахсони босавод мехондану олиму бофарҳангу бомаърифат мешуданд: « мода итари даркор нест, чи хеле мефорат ҳамута, инҷара ба як мактаби миёна табдилаш те». Насиб бошад, гуфт «мара бади соли нав вазири маориф мемона». Ман гуфтам вой ба ҳоли маорифу ин миллат. Настроенияш париду телефонашро гирифта гуфт ҳозир занг мезанам бурда 10сутка мешинонанд. Чи ту боз бар зиди гапҳои шоҳбачаӣ? Хуллас, бисёр таҳдид кард. Ростӣ, ман гуфтам устод соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Хостам равам, «не олӣ нарав, гапатро зан, ба чи кор омадӣ, ма олӣ ба ту гап дорам». Ман гуфтам ҳамин кори ман мешуданӣ бошад ҳам бигзор нашавад ва баромада рафтам. Ва, хулосаамро баровардам.
Пештар ба худам мегуфтам шояд Рустам президент шавад, ҳолати мардум беҳтар шавад, вале хато кардаам. Ҳоло президент ношуда одамони мондагиаш ин тавр муносибат мекунанд. Он гоҳ президент шавад ба фикрам қиёматро живой мебинем. Вой ба ҳоли ин мардум. Якҷо бо ин бародар рафта дар роҳ дар светофори шаҳр интизор будем, ки як мошин тирезаашро паст карду гуфт бишин. Бинам як дусти ҷавониям аст ки як вақтҳо ҳамроҳаш будам ва вай ногаҳон нопадид шуда буд.
Гуфтам ту фалониӣ? Гуфт гапат надорам. 27 сол гузашт, аз куҷо шинохтӣ, тамоман тағйир ёфтаӣ, аммо аз чашмонат монандат кардам. Хуллас, шиштему чақчақ карда рафтем ба як дача дар ноҳия Варзоб. Гуфт «чизеат мефора бху, читари аруст мефора бигӣ».
Ман шухӣ карда гуфтам ин духтарҳои мардум гум мешаванд, ҳамонҳо набошанд. Гуфт: «ангура бху боғша напрс». Гуфтам,ту медонӣ, ку ман пиёдаам аз ин хел корҳо. Баъд боз ду ҷураи дигарашро рафта овард. Бениҳоят замонавӣ- живой музика, кадом ҳофиз ё ҳофизаеро мехоҳӣ меоранд, чи хелеат форад, ҳамон тавр мехонад. Лублуч, тайи нижни белёанд, трусӣ ва лифчик. Хуллас, гапи бисёр. Аҷоибаш инки яке аз ин ҷураҳояш чи гапе зад, ки ин гашта гуфт «а бача бо сар кадӣ»? Вай гашта гуфт: «хай мара дар сағерахона калон кадану ғайри убрат кадана дига ҳичира намедонм. Хайрият, ки дар ҳаму Покистон дар вақти тамрини ҷангӣ бо ту шинос шидам. Медонӣ мара тамоман намемондан ба назди ту биём. Мегуфтан шуморо Ҷаноби олӣ калон кадаас, ба назди онҳо наравед. Чи хеле Ҷаноби олӣ мега дар ҳамон хат бошен. Неки благодаря тебя, ки хешутабори брутию мара каме одам будана омузондӣ. Мерай мара миёрӣ ай ҷонат наметарсӣ, ки мо бояд тамоман дар итари маҳфилҳо бо шахсони бегона набошем».
Гуфт «иҷа ҳеҷ кас бегона нест. Пурсидам инҳо 5 нафар кианд? Гуфт худианд. Ва боз гуфт, ки хуб, мо қисматамон ҳамин тавр будаст. Моро тарбия карданд ва гуфтанд, ки падару модарони шуморо хоинон куштанд. Ҷаноб худаш ҳам чандинборҳо ҳамин тавр гуфт. Гуфт раведу ин оиларо безарар гардонед. Инҳо хешони хоинони дар хориҷа будаанд. Мо онҳоро безарар мегардонем. Вақтҳои охир дилам намехоҳад. Дигар хаста шудам. Ин гуфташ нагу ин гапҳоро, тоқат кун ҳамааш хуб мешавад. Чи хуб мешавад наабарот бад мешавад. Ту бо ҷаноб меравию мо мемонем гуфт. Не, шумо ҳам меравед. Гуфт, не.Ҷаноб омад ҳамаамонро ташкилӣ кард гуфт:- агар раваду хезиши мардумӣ шавад, шумо чи қадаре метавонед ин хоинонро нест кунед, ман боз меоям. Аммо баъди ин гапаш ман хулосаамро баровардам, ки шояд дар ин ҷанги шаҳрвандӣ ана ҳамин тавр хезиши мардумӣ шуду шояд ҳамин Фронти халқӣ модару падари манро дар хонаамон куштанду чизи чораамонио ғорат карданд. Ин гапҳоро, вақте фармони марги яке аз оилаҳо мешавад, ман ҳамон шаб модарамро мебинам, бахудо хаста шудам. Ин гуфташ, ки агар ҷаноб рафт шумо чи кор мекунед? Дигар меистед, озод мешавед? Гуфт на.
Он қорибачаҳо ва ҷавононе меоранд несту нобуд мешаванд ба модаи 307. Мо аллакай ба ному фамилияи онҳо сабт шудаем. Хоинон гуфтаанд, ки он ҷавононе ба ин статя шиштаанд онҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Аксарияти ин қассобҳо ҳамин тавр мешаванду баъди барқарор шудани давлати оянда хоинон, ки аз хориҷа омаданд онҳоро безарар мегардонем, баъд чизе шавад. Ман, ки барои худам зиндагӣ дорам. Хуллас беҳад гапҳои бисёр. Мегӯӣ, кидар ягон кино худам бозӣ дорам, намедонам инҳо хаста шудаанду бурдану ин гапҳоро задаанд, ки шояд ягонтои инҳо расонаиаш кунаду ин қотилонро баъзе гумонбарҳо худашон безарар гардонанд. Боқӣ дар амони Худо.
Шуғнон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ду гардишгар-зану шавҳар аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Ҳамроҳии онҳо боз оила-як зану шавҳари дигар низ будааст. Ин бечораи гардишгарон ба як умеди бузург рафта яктоӣ иҷозатнома ва яктоӣ анкета мехаранд. Иҷозатномаро ба як нафар 50 сомонӣ мефурӯшанд. Барои инҳо, ки чор нафаранд 200 сомонӣ мешавад. Анкета бошад 20 сомонӣ аст. Баъдан ҳаракат мекунанд ба сӯйи минтақаи Помир (ВМБК).
Роҳҳои Помир нисфаш мумфарш ва нисфи дигараш вайрон ва корношоям аст. Инро ҳукумати Раҳмонуф 100% медонад. Туристҳо дар роҳ мошинро заправка мекунанд бо нархи баланд. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст газу бензин бениҳоят гарон аст. Ин бечораи гардишгарҳо аз Душанбе продукта мехаранд, бо нархи қиммат ва 3 рӯз дар роҳ отравлений –шикамдард мешаванд. Сабаб продуктаи просроченний. Ва бозорҳои Душанберо танқид мекунанд.
Гардишгарон баъдан ба суйи шаҳр раҳсипор мешаванд. Ва дар роҳ таваққуф мекунанд. Мехоҳанд шабро рӯз кунанд. Аммо иҷозат дода намешавад. Амниятиҳо мегӯянд, ки масъалаи таъмини амният дар инҷо мушкил дорад, беҳтар аст сафарро идома бидиҳед. Хуллас началники погранзастава иҷозат намедиҳад ва туристҳоро намемонанд шабро дар роҳ дар лаби марзи байни Тоҷикистону Афғонистон рӯз кунанд.
Гардишгарон хурок мепазанд ва мехуранд. Нав мехоҳанд, ки ба мошинҳояшон даромада хоб кунанд, ки як сарбоз меояду мегӯяд, ки дар ин ҷо истодан мумкин нест.
Сарбоз бо началники пиёнискааш ба тамос баромада наметавонад. Барои онки телефони началник хомуш карда шуда будааст. 2юм даъфа боз як сарбози дигар меояд, мегӯяд дар инҷо истодан мумкин нест.
Ва гардишгарон бо ӯ мегӯяд, ки бигзор шаб инҷо бошем, србоз мегӯяд, ки майлаш истед. Сеюм дафъа баъд аз 8 ё 10 дақиқа боз як началники пиёнискаашон меояд. Началники пиёниска ба тарафи гардишгарон мегуяд, ки «шмода мумкин нест дар инҷо истодан, дар рубаруи пости Толибон ва мо шуморо ба ҷойи боамн мебарем, ба ҳамсояқишлоқ. Боз бечораи туристҳо аз паси ин золимҳо мераванд ва дар он ҷой манъ мекунанд. Боз ба наздашон як началники пиёнискаи дигар меояд ва бо қаҳру ғазаб мегуяд, ки шумо барои чи инҷо омадед, дар ин ҷо чӣ кор мекунед? Чаро омадед? Ва баъдан мераванд ва боз ба наздашон як сарбозро равон мекунанд. Рафта гуяд, ки агар ягончи дар даркор бошад, ба мо муроҷиат кунед. Издеватсияра бераҳми бераҳмш.
Ноҷавонмардҳо агар шумо мард мебудед туристҳоро ин қадар сарсону саргардон намекардед ва ғам намедодед. Мешавад натиҷа гирифт, ки, президент чи гуна, сарҳадбон намуна,,.
Шумо палидонро президентатон арақхӯри алкаш аст ва табиист, ки шумо аз вай ибратмегиред. Ин бечораи туристҳо шаби даҳшатнокро пушти сар мекунанд ва яқинан дигар дар ду ҳаёташон баТоҷикистон намеоянд. Бале, аз пушти чунин президенти ноуҳдабарои арақхур ва мақомоти арақхураш, ҳатто туристҳо дигар орзуи ба Тоҷикистон омаданро надоранд. Баъдан гардишгарҳо ба дидани чашмаи Бибифотима мераванд, ки он ҷой ҳам барқ хомуш шудааст. Пас аз 10 минути даромадани инҳо боз ба меҳмонхона мераванд, ки дар он ҷой ҳам яку якбора барқ ва интернет қатъ мегардад. Баъдан мераванд ба ноҳияи Мурғоб. Шаб мерасанд дар онҷо. Кучаҳо торик, интернет нест, меҳмонхонаҳо ҳама зайнит ва туристҳои бечора дар мошини хунук тарсидаву ларзида шабро рӯз мекунанд.
Муроҷиати ман ба Раҳмонов ин аст ки агар ба ҷойи ин туристҳо ман мебудам, мерафтам з****ро ф****н мекардам ва асло баТоҷикистон намерафтам. Барои он ки президенти кишвар алкашу майзада, наркоман, сабзибадаст… Туристҳо меоянд барои истироҳату таътил ва вақте бо табъи болида баргаштанд, гушаҳои зебои шаҳр ва мамлакатро ба дигар давлатҳо муаррифӣ мекунанд. Аммо дар торикӣ ва бебарқӣ, беамниятӣ, роҳҳои вайрона, беинтернетӣ ва нархи баланди маводди хӯрокворӣ, сузишворӣ, махсусан меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо, ин қадар мушкилиҳо бисёр аст ки бечораи турист роҳат карда наметавонад, аз омаданш пушаймон мешавад. Ҳоло мушкилоти иқтисодии мардум як тараф истад.
Эй Раҳмонов, вақте ки аз ду нафар 110сомонӣ танҳо барои иҷозатнома ва анкета мегирӣ инро фикр намекунӣ, он турист ба як умед ба Тоҷикистон меояд, то ки ҷойҳои хуб ва зеборо бубинад, на ин ки шабҳои даҳшатнокро пуштисар кунад. Дар марзи Афғонистон 4 бинои нав кушода ба истифода додӣ,то ки началникҳои пиёнискаат, арақро нушанду пуффаст карда хоб раванду истироҳат кунанд , Раҳмонов агар 100-ҳо зданияҳои нав кушоӣ ту ва мақомоти майхораи ту ҳеҷ гоҳ аз марзи (сарҳад) Тоҷикистон муҳофизат карда наметавонед. Барои он ки шумо дар фикри дуздии пули миллат ҳастед, на дар фикри муҳофизати марз ва инро фаромӯш накунед пули дуздидаатон насибатон намекунад. Аз ҳамин сабаб , хубтараш ислоҳ шавед, ки ҳоло ҳам сарри вақт аст.
Раҳмонов ба умеди Путини хоҷаат нашав. Вай туро ҳеҷ гоҳ муҳофизат намекунад. Тақдири ту аз тақдири Башор Асад ҳам бадтар аст..
