Семейка news №25

Ислоҳ нет

Системаи оилавӣ дар либоси давлат

Нашри аввали моҳномаи Семейка дар соли ҷориро дар даст доред. Дар ин ду сол, ки моҳе як маротиба маҷаллаи мо нашру навор мешуд, хонанда ва тамошобинҳои хоси худро пайдо кард. Умедворем, ки дар соли ҷорӣ низ бинандаҳои барнома онро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Тибқи маъмул маҷаллаи мо ин бор ҳам бо ахбори марбути семейка шурӯъ мешавад ва «қаҳрамон»-и алоҳида ҳам дорад, ки дар бораи вай муфассалтар менависем.

«Қаҳрамон»-и мо ин бор Нусратулло Салимзода мебошад, ки чанд рӯзи пеш бо фармони раиси семейка ба курсии раёсати ноҳияи Рӯдакӣ такя зад. Пеш аз ин дар Ғафуров бурда буданаш. Рӯдакӣ ва Ғафуров ду ноҳияи калонтарини Тоҷикистонанд. Маълум аст ки барои ишғоли курсии раисии ин ду ноҳия бояд ҳамёнат хеле ҳам ғафс бошад ва дар «боло» кришаи боқувват дошта бошӣ.

Нусратулло Салимзодаро аз вазирӣ (тандурустӣ) гирифта ба ноҳияи Сино бурда буданд ва сипас ба Ғафуров ва ҳоло Рӯдакӣ оварданд. Ҳамёнаи ғафс, зодгоҳи мувофиқ (Данғара) садоқат ва вафодории сагона ва пардохти саривақтии «доля» аз авомили асосии ин таъинот будааст.

Вале боз кадом сабабу омилҳо ҳаст, ки Салимзода аз ин курсӣ ба он курсӣ ҷастухез мекунад, дар ин барнома хоҳед фаҳмид. Ин бор дар маҷалламон хеле маълумотҳои обнорасида дорад. Инҷо мефаҳмед, ки Амон- охранник кист, Раҳмонов чаро қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик»-ро списат ва аннулироват мекунад, Нурҷаҳони муовини Рустам чи тавр омад, Нусратулло Салимзода ва писари вай Анушервон ва Рустамро чӣ ба ҳам мепайвандад.

                       Ахбор аз «Семейка»

  Клиника Suranus аз кист ва ба чи кор машғул аст?

Тибқи маълумотҳои расида Исмоили пингвин, Президенти ҷудои Тоҷикистон, набераи любимчики Эмомалӣ Раҳмонов на фақат бо варзиш, бузкашӣ, бевабозӣ, пойгаи мошин, бизнеси наркотик ва духтарфурӯшӣ машғул будааст, ҳамчунин вай ба соҳаи тандурустӣ ҳам майли тамом доштааст. Ду нафар аз дӯстонам дар як клиника бо номи Suranus дар наздикиҳои стадиони Спартак кор мекунанд. Ин клиника дар Душанбе бо номи клиникаи туркӣ шинохта мешавад. Онҷо як нафаре кор мекунад бо номи Умар. Ин Умар ҳам бухгалтер ва ҳам директори иҷроия -идоракунандаи ҳамин кликника ва аз дӯстони наздики Исмоили пингвин будааст. Дар асл ин клиникаи шахсии ҳамин Исмоили пингвин будааст, ки дар он масалан духтарҳои бокираро, ки Исмоилу рафиқонаш беиффат мекардаанд, бахя мезадаанд.

    300000 қарзи барқро чи гуна Озода списат кард?

  Он бонк бонки Фардо ном дошт. Аз они Озода ва Ҷамолиддин буд. Ин бонк қаблан бо номи ташкилоти хурди қарзии «Музаффар» амал мекард. Моҳи июни соли 2016 бо як қарори Бонки миллӣ ин ташкилоти хурди қарзӣ ба бонк табдил дода шуд. Муҷаввизи бонкро дарёфт кард. Тибқи ин қарори бонки миллӣ литсензияи ТХҚ «Музаффарият» аз 3 декабри соли 2012 беэътибор гардид. Бинои марказии он дар рӯбарӯи стадиони Спартак қарор дошт. Ҳоло бо ин ном дигар вуҷуд надорад. Номи онро чаро «Фардо» гузошта буданд? «Фардо» : -«Фар»-Фаридун ва «До»-Довуд, бачаҳои Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Баъд Фардоро Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир харид. Барои онки инҳо байнашон ҷангу ҷангҷол буд. Ман он вақт сардори яке аз Раёсатҳои асосии ин бонк будам. Ин биноро нав сохта буданд ва мо ба он нақли макон кардем.

Як рӯз аз Горсвет омаданд ва баъди тафтиши счетчики банк гуфтанд светҳоятонро мекушем. Ман гуфтам барои чи мекушед? Гуфт корхонаатон 300000 (сесадҳазор) сомонӣ қарздор аст. Ман ба раис гап задам. Раис телефон кард ба одамҳои Озода. Як нафар ҳаст бо номи Темур. Темур одами Озода. Омад, мо якҷо рафтем ба назди Зелённий бозор, горсвет онҷост. Даромадем пеши раиси Горсвет. Даромад гуфт, ки «немедленно списат кун». Шишту 300 000 сомониро дар як мижа задан списат кард. Ин кор дар соли 2016 сурат гирифта буд. Ана чаро Раҳмон қарзҳои Барқи тоҷикро гузашт мекард? Ҳатто пули свети хонаҳояшонро намедиҳанд. Инҳо ҳар кадомеаш чандин корхона ва қасру кӯшку бӯстонсарову дискокулбу ресторану ширкату дигару дигарҳои бешумор доранд ва ҳамаи онҳо аслан як дирам пули барқро намедиҳанд.

Директори ширкати Фароз Азамат Қосимов аст. Самарқандиҳои Душанбе. Дар бонки Спитамен, Сулаймони ҷияни Ҷамолиддин Нуралиев, муовини директор аст. Аз ҳама дузди калонтарин. Сулаймон соли таваллудаш 1985 аст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, «бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор», аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад. Ин Спитаменбонк тамоми сармояи худро аз ҳисоби роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд (Чаноқ) ба даст овардааст. 

 IRS –ширкати пулчинаки роҳи Душанбе-Хуҷанд

 Пулҳои IRS-ро аз терминалҳо як рафиқам ҷамъ мекард. Инкассатор буд. Як ҳафта як бор ба самти Анзоб мерафт, ҳафтаи дигар Хуҷанд ва аз Хуҷанд ҳам ҷамъ мекард. Ҳаррӯз ба камиаш то Анзоб 100 000 сомонӣ ҷамъоварӣ мешуд. Ин пул танҳо дар як рӯз. Ин маблағ аз баромади Душанбе то пояи ағбаи Анзоб ва танҳо аз як тараф. Он тараф, тарафи Хуҷанд гаронтар аст. Рӯзона150 ҳазор сомонӣ ҷамъ мешуд.

 Ҳамарӯза  Бонки миллӣ 100 ҳазор доллар барои ҳар як бонк ҷудо мекунад. Барои ҳифзи қурби пули миллӣ. Ин маблағро бояд тибқи қурби расмӣ ба соҳибкорон ва тоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд ба ҳаҷми муайян фурӯшанд:-100 ҳазор долларӣ. Лекин инҳо ин пулҳоро мебаранд ба бизнесменҳои калон ва ба одамҳои худашон медиҳанд, ба халқ ва ба бизнесменҳо намедиҳанд.

Пули ҳамаи банкҳоро мегиранд. Фарқ надорад аз дилхоҳ банкҳоро мегиранд.

Пулҳои IRS ҳамааш Люксембург меравад. Бачаҳое, ки ин пулҳоро мегузаронанд, интиқол медиҳанд ҷиянҳои Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва сафири пешини Тоҷикистон дар Узбекистонанд.

Як ҷияни Абдуҷаббор дар Фароз шиштагӣ, як ҷияни дигараш дар Спитамен. Онҳо ду бародар-Бузургмеҳр ва Бузургҷамил ном доранд. Бузургҷамил дар Фароз ва Бузургмеҳр дар Спитамен.  

Азамат Қосимов, мудири иҷрояи ширкати Фароз аст. Бародари Азамат, раиси  «Коммерсбонк»-и Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир мебошад.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз они Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмоноваи духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Иморати Муттаҳидаи Араб аст. Ашраф пеш аз ин вазифа сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Парвина раиси ширкати фарматсевтии «Сифатфарма» аст.

       Нурҷаҳон, муовини нави Рустами Эмомалӣ

Чанде пеш Нурҷаҳон Исмоилов, писари ҳофизи халқӣ марҳум Ҷамшед Исмоилов муовини нави Рустами Эмомалӣ таъин шуд. Вай то муовини Рустам шудан дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе муовини раиси ин ноҳия буд.

Бинобар хабарҳои дарёфтӣ, Нурҷаҳон як сағираи фосиқ, қиморбоз ва бераҳм аст. Нурҷаҳон Исмоили Пингвин, ҷияни Рустамро сахт шум медидааст. Гуфтааст, ки «бля ҳамиқа гаштаму уродҳо ва одамои хнуки бадрура дидам, неки онаша г***м ранги и Исмоили ҷияни Рустам уродша нав дидм». Манбаъ мегӯяд, ки Нурҷаҳон ранги падараш аст. Кадоме камтар бойтар бошад, дарав тарафи ҳамон тоб мехурад. Масалан Ҷамшед Исмоилов вақте дар ягон маърака байт мегуфту Саидшо Шамолов, аз қумандонҳои Фронти халқиро медид Саидшооо гуфта худашро ба вай ширин мекард, яке Суҳроб командирро медид, дарав боз Суҳрооооб гуфта самти Сӯҳроб тоб медод. Гуфтанд, ки аз ҳамон рӯзи аввали муовини Рустам шуданаш, сразу аппарат оварда кабинетҳояшро проверка кард, ки яке к****зани Рустам «прослушкам накна». Мо ба дурустии ин хабар итминон надорем. Аммо дар «пушт»-и Нурҷаҳон Фотимаи зани Рустам меистодааст. Нурҷаҳон солҳо пеш, аз давраи мактабхонӣ бо Фотима «шинос» будааст.

                     Амон-охранник кист?

Амон дар хонаи президент дар Данғара охранник аст. Чи меҳмоне инҷо-ба хонаи президент меояд, аз ҷумла меҳмони хориҷӣ Амон қабул мекунад. «Правая рука»-и президент дар Данғара ҳамин Амон аст. 40-45 сола мебошад. Аз солҳои пеш бо президент аст. Дар ҳамон навори туи арусии Рустами Эмомалӣ хеле ҳам возеҳу барҷаста намудор мешавад, ки сахт маст асту аз раққоса ҳам бешар рақс карда истодааст. Як бародари калонии Амон Маҳмадулло ном дошт. Чанд сол дар Данғара раис ва аз рафиқони наздики Нуриддини трактористи бародари Эмомалӣ Раҳмонов буд. Ин бародари Амонро Маҳмадуллои сиёҳ мегуфтанд ва бо кличкаи говраҷумбонак мешинохтанд. Нуриддин ва ин Маҳмадуллои сиёҳ тавассути муовинони раисони Восеъ, Кулоб, Муминобод, Масковский,Фархор ва Норак (муовинҳои зан) духтарҳоро аз ин навоҳӣ оварда ҳамхоба мешуданд ва ба меҳмонҳои хориҷиашон пешкаш мекарданд. Манбаъ мегӯяд, ки «аз ҳар як ноҳия духтарҳои камбағал, нодор ва бепадару бе модарро аз синфҳои даҳ ва ёздаҳ ҷудо карда ба Данғара меовардану Нуриддини тракторист ин духтарҳоро ба русу арабу хитойиҳо бар ивази пулҳои калон туҳфа мекард».

Амон ва Маҳмадулло Сайдалиев холабачи Ҳурматов Исломи домоди Нуриддин мебошанд ва Ҳурматов солҳост дар мақомҳои калидии Гумрук кор мекунад. Маҳмадулло соли 2016 касали қанд мешавад. Барои табобат Русия мебаранд, мемурад. Як акаи дигарашро, ки Муҳибулло ном дорад низ раис мегӯянд, аммо раис нест. Аз  ҳисоби Амон чунин муроҷиаташ мекунанд. Як фермаи давраи шӯравиро дар ҷамоати Машъали Вахш ҳамин акааш гирифт. Аввал он фермаро чапа кард, чизе дошт, бо гову гусолаву буқаҳо гирифту фурухт. Дар ҷойи он ферма фермаи худашро рост кард. Амон раиси хоҷагии Сомони Данғара ҳам ҳаст. Боғи мева, ангур зардолу ва чанд ҳазор гектар замин дорад. Амон аз Данғара ба Муҳибуллои акааш чигит мефиристад. Ҳар панҷ -шаш моҳ ба ин акааш як лексуси нав подарка мекунад. Худаш бо ренҷ ровери последний модел меояд, гоҳе бошад бо лексуси последний модел. Номери ҳамаи мошинҳояш як хел: 1000.Регионаш 03 аммо бисёр вақт 01-як, як ва се нол Муҳибуллои бародари Амон хлоппункти ҷамоати Машъал дар ноҳияи Вахшро кайҳо гирифта аз они худ кардааст ва давродаври онро девор бардоштааст.  Чигитро меорад аз Данғара, мардумро маҷбур мекунад, ки омада тухмиро аз ман бигиред. Ҷамоати Машъал маҳаллаи Кангурт зодгоҳи Амон аст. Мактаби 50-ро дар Вахш, ҷамоати Машъал хатм кардааст. Амон аз Вахш аст. Бобияш дар хонаи президент мурд. Соли 2007 президентро хабаргирӣ меравад ва дар ҳамонҷо мемурад. Баъд, президент ӯро ба хотири бобияш дар ҳамонҷо кор мегирад. Модари Амон бо Муҳибуллои акааш ҳоло ҳам дар ҷамоати Машъали Вахш зиндагӣ мекунад. Маҳаллаи  онҳоро Кангурт мегӯянд. Чунки мардум аз Канурт хамбидагианд.Соли 2018 президент хонаи Муҳибулло, ҷамоати Машъал омада буд Хонаи Холи тағои президент ҳам дар онҷо аст. Барои омадомади президент ду километр роҳро асфалт карданд. Як пул дошт, ки вайрона ва гаштагӣ буд.

Ба занозану зӯроварӣ аз шофёрҳо пул ҷамъ карданд ва ҳамон пулро одностаронни рост карданд. Як мошин ояд, дуюмаш меистад ва пропускат мекунад. Асфалтро барои сафари Раҳмонов ҳамвору рост карданд аммо сохти пулро успет накарданд. Вақти омадани Раҳмонов хок фириданду як нимкола кардан. Аммо вақте Раҳмонов рафт он пул чапа шид. Баъди як сол аз нав рост карданд. Труба хобонида буданд, ки мошини Раҳмонов гузарад шуд. Нимкола буд. Ин кори соли 2019 буд. Раисони ҷамоат ҳам дар ихтиёри Муҳибуллои акаи Амон аст. Вай ягонҷоро хондагӣ нест. Соли 2015- 16 аз факултети таърих ва ҳуқуқ Носири Хисрав диплом гирифта доданд. Раисони ҷамоат бо велику опел мегарданд, аммо Муҳибулло бо лексусу прадо. Аз кадом ҳисоб, номаълум. Писари тағои президент, ки Хол ном дорад дар инҷо раиси ҷангал аст. Инҷо писта фаровон дорад, манзурам куҳу дараҳо. Ҳамаи онро ҳамин писари тағо ва Амон соҳиб шудаанд ва агар  касе бидуни иҷозат бичинад, капааш сӯхт. Ин писартағои Раҳмонов ҳоҷӣ Сафар аст ва бо номи Сафар Камаз чандин мошинҳои борбар дорад, ки дар бозори ҳоҷи Шарифи Қурғонтеппа кор мекунанд. Хол додар ё акаи Майрами модари Раҳмонов аст. Ҳамон вақт Раҳмонов аввал хонаи ҳамин тағояш даромаду дуъову фотиҳа кард ва сипас ба хонаи Муҳибулло омад. Кучаро латок монданду асфалт хобониданд, хонаи тағои Раҳмоновро ҳам «обод» карданд. Мошинбозори бозори ҳоҷӣ Шариф дар ихтиёри ҳамин бачаи тағои Раҳмонов  аст. Аммо тамоми ҳисобу китоби кори вайро ҳам ҳамин Амон охранник пеш мебарад. Хоҷагии деҳқонии Сомони Данғара аз они Сомони писари Раҳмонов аст ки Амон дар он раис мебошад. Амон охранник яке аз сарватмандони Данғара мебошад ва тибқи маълумотҳо барои чандин нафар, ки вазифа мехостанд байндароӣ ҳам карда барояшон пас аз гирифтани пул вазифа харида додааст.

Нусратулло Салимзода чи гуна аз Ғафуров ба Рӯдакӣ омад?

Бинобар маълумотҳое, ки дасти мо расид, Нусратулло Салимзода на фақат бо Азизмои газетхонак ва Парвинаи «Сифатфарма» бо Рустам ҳам алоқаи зич доштааст. Дар таъиноти ахири вай, ки аз Ғафуров ба Рӯдакӣ омад, саҳми Рустам ҳам калон будааст.

Албатта, нақши зодгоҳ, ки Данғара аст худ як имтиёзи калон ба шумор меравад. Аммо боз пуштибонҳои бақувват дошта бошӣ, ҳамин тавр аз инҷо ба онҷо пиллаҳои нардбони мансабро осону роҳат паймудан мегирӣ.

Вале, тибқи маълумотҳои расида Анӯшервони писари Салимзода аз рафиқони хуби Рустам будааст. Пуштибонони асосии Нусратулло Азизмо ва Парвина буданд ва маҳз ба воситаи онҳо аз ин курсӣ ба он курсӣ хез мекашид. Аммо, чуноне гуфтем Рустам ҳам барои овардани Нусратулло Салимзода ба ноҳияи Рудакӣ нақши калон бозидааст.

 Гап дар ин ҷо аст ки Анӯшервони писари Салимзода ва Рустам ду рафиқи қиморӣ будаанд, ки рафоқати онҳоро казиноҳои берун аз Тоҷикистон  боз ҳам мустаҳкамтар карда будааст.

    Нусратулло Салимзода пас аз таъин шудан ба раисии ноҳияи Рудакӣ, калонтарин ноҳияи Тоҷикистон дар як круги худаш чунин гуфтааст: «Вақте ма вазир бдм чанд кас ай Ҳиндустону дига ҷоҳо дору мезадан. Ма дидм, ки бизнеси хубай. Рости ма ира ай даври Аламхон Ахмедов вазир бдан фаҳмида бдм. У вақто Эмомалӣ мерафт металбид дору ай хориҷа ранги помощ. Доруи помош бисёр ройӣ мекардан Тоҷикистонда. Ҳамаша Эмомалӣ бо да мардум мефурухт. Ҳами хел ма ҳами бизнеса аҳамият додм. Хай ба дига тенҷӣ шид, дига помошам кам медодан. Маҷбур мехарид Тоҷикистон. Бад оста оста бизнесмено бизнеси доруда гузаштан. Ма Азизмора гуфтм, апа биё иқа ай ҳаму сумот брор да бизнес бзанем. Ояндада хуб меша. Ҳами хел ҳам шид. Аптекаҳои зура гирифтан оилаи Эмомалӣ. Доруҳорам хыдшон овардана сар кадан.

 Ма Парвинаи духтари Президента барои я хеши хдма даводав кадм, ки бтем нашид. И паати Гул Шералӣ я ҳаромай. Хай аку и Эмомалирам дига раҳ надошт. Вақте ки Гул Шералира раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амвол монд, ҳаму шаву рузо айни айхдкунии корхонаву иншооти бекор бд. Гул Шералӣ ними Тоҷикистона да Эмомалӣ кати хешош туғрӣ кад дод. Эмомалӣ Парвинара бачаи Гул Шералира дод. У сағраи Гул Шералӣ я тупойи тупояй -Ашраф.

Эмомалӣ сахт метарса ай одамое, ки ягон сиру асрорша медонан. Мара барои ҳами Рудакида монд. Оли нигоҳ кун бо мегира муовини бачаи бесаводш мемона, ки ма Душанбера обод кнм. Агар нақшаҳо друст пеш брава Рустам да ҷои оташ бшина мара да ҷои Рустам мебара».

Нусратулло Салимзода ҳам мисли ҷаноб шаробӣ будааст. Як рӯз бар асари мастии зиёд дар хонааш дар Калинин дар назди чанд рафиқаш мегӯяд, ки ина дидӣ, ягонҷома ягонташ хурда натонист. Фарёдм кад Ҷаноб, гуфт Нусрат вазифара бги… Очашона ме***м. Ма онашона г**м я короешона медонм, ки…. Ма хдм, черезма кадагиян. Даври ма вазири тандурустӣ бданмда миллион-миллион долларора ай бюҷет мада ҷидо мешид, ма ай Ҳиндустону дига ҷоҳо дорушон мезадм. Ҳами ма и дхтари нимколаша, Парвинара ёд додм бизнеси дорура.   Миллион-миллион доллари дигара ҳами зани Ҷаноб Азизмо хдш гирифтагияй, ай ма. Медона, ки мара ягон кор кнан, ма хап наместм. Ма ҳамаша копия ва запс кадагийм… Медона хдшам Президент, ки ма чанқа хубишон кадагийм, барои ҳами кати ма созай. Некӣ паат и Рудакӣ я ҷои сархрай. Комера мондан, ба шатакаш гирифтанш. Аммо ма медонм чи кор кунум. 

Ҳози бо Парвина маслиҳат кадем, ки дар Рудакӣ як филиали «Сифатфарма»-ро бисозем. Як бинои беҳад калон сохтанием.

Мунира, котибаи Салимзода гуфтаст, ки «ма гуфтм, ку раиса ягон кас ягон кор када наметона. Иқа у Муҳаммадиқбол зад, натонист. Ана аку тамошо кнен. Рудакира бачаи раис я намуд месоза, ки….Манзураш Анушервони писари Нусратулло Салимзода аст ки домсоз мебошад.

Бинобар маълумотҳо ин Мунира як порахури висший марка будааст. 

  Нусратулло Файзуллоевич вақте вазири тандурустӣ буд, ҳар гоҳе главрачҳо доляи вазирро меоварданд, доляи Мунираро боз отделно меоварданд. Бо вуҷуди ин Мунира аз даруни доляи вазир ҳам меканд.

 Ин бева вақте Нусратулло Салимзода дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раис  ва хуни мардумро мемакид, аз ҳама шуъбаҳо доля мегирифт. 

Дар ҳақиқат зани Раҳмонов аз Салимзода сахт ибо мекунад. Мунира нақл кардааст, аниқтараш таъриф кардааст, ки раис зани Президентро гуфтааст, ки «агар мара ягон чи шава ма дар дасти чанд касда фактҳои калон нисбати хдт кати шут дорм». 

Дар ҳақиқат барои соҳаи тандурустӣ маблағҳои калони калон ҷудо мешуд дар он солҳо, дуруст дар ҳамон солҳо, ки оилаи Раҳмонов сахт муҳтоҷи маблағ буд. 

Нусратулло Салимзода як бача дорад, ки номаш Анӯшервон  аст. Солҳои пеш дар Қазоқистон дом месохт. Солҳои 2013-14. Он вақтҳо студент буд. Вай дар казино бештар вақти худро мегузаронд.

Бинобар ҳикояти як шахси огоҳ як рӯз дар он казино ВИП зал мешавад. Онҷо гарениҳо бозӣ мекунанд. Бозӣ аз 200-300 000 доллар сар мешавад.

 Вақте инҳо ворид мешаванд мегӯянд, ки дар боло тоҷикҳо, дар ВИП заланд ва онҷо бозӣ мешавад. Соати 10 шаб ставкаи миллион сар мешавад. Рафтем ва онҷо Анӯшервонро дидем. Онҷо ҳамсояи як рафиқанд дар Душанбе. Анӯшервон университетро дар Алмаато хонда тамом кардааст. Дар Калинини Душанбе редкоредко метофт. Мегузашт сигнал медод. Медонистем, ки бачаи кӣ аст.

Гуфт, ки инҷо чи мековӣ? Гуфтам яке- яке бо бачаҳо меоем. Як рӯз баъд аз бохташ буд. Гуфт кабинети ман оед.

  Казиноҳо барои ВИПҳо кабинет доранд, барои гарениҳояш. Гуфт дар фалон этаж, ба фалон кабинет биёед. Меҳмондориатон мекунам. Вай бо бачаҳои гарении қазоқ буд.

Э, гуфтам, а бача иқа пула задӣ. Миҷааш напарид. Гуфт к**и очаи ино б**м подкайф будам агане бозӣ намекадум. 1 миллиону 200 ҳазор доллар бой дода буд он шаб. Ин кор дар соли 2013 буд. Онҳо дар Копчитай, як район аст дар лаби баҳр казинои пеши пеши Қазоқистон, аз Алмаато 200 км дур аст, бозӣ мекарданд. Дар онҷо ӯро ҳама мешиносад. Онҷо як казинои дигар бо номи Жасмина буд. Мо онҷо мерафтем. Омадем, ки ВИП. Ставка 200000 доллар боло бошад, баъд мешинӣ. Фишкаҳои 5у 10 ҳазор долларӣ, баъд мешинӣ, увваст мекунӣ.

Анӯшервон ҳам ранги падараш бераҳм аст. Даҳонашон вайрон, ҳақоратчӣ.

Раиси маҳаллаи мо гуфт рафиқам Р…. ном дошт. Пеши хонаи Салимзодаро асфалт карданд. Чи коре карданд, накарданд, ки ҳамин бачааш омад дар даруни кабинеташ он раиси маҳалларо як намуд задане кард, ки ман гуфтам инҳоро баъди ин корашон мекашанду бурду шинонд, ки ҳиҷчӣ, чизе нашуд. Раиси маҳалларо дафъ карданд, нест шуд. Як вақт дидамаш маршрутка ҳай мекард.

Раиси маҳалла кабинеташ дар рубарӯи хонаи мо буд. Пеши хонаи Салимзодаро асфалт мекунанд, ки ба Салимзода нафоридааст. Он вақт вазири тандурустӣ буд. Ин раиси маҳалла аз асфалт эконом кардааст чи коре кардааст, ки мурданӣ заданаш.

 Салимзода бисёр арақ мехурад. Вай панҷ- шаш бача ва се зан дорад. Як занаш дар 82. Як бачаи айнакӣ дошт, мегашт дар куча, бо велик меомад. Ду кудакаш аз ду зани дигариаш буд. Кудакҳо таваллуд мешаванд гирифта меоварад ва бо зани якумаш ҳама кудакҳояшро ҷамъ кардагӣ. Модари Анушервон ҳам дигар аст. Рус ё тотор. Анӯшервон митис аст, заб-зард ба тоҷик монанд нест.   

Ҳозир дар Душанбе ҳамин Анӯшервон дом месозад. Студент буд, ки дар Қазоқистон дом месохт. Точно намедонам, аммо панҷум курс ё тамом кардагӣ буд. Бо қазоқҳо буд ва бо як БМВи последний модел мегашт. Анӯшервон бачаи калониаш аст.  

Инро бояд махсус зикр намоям, ки як рафиқи бародарам дар Қазоқистон кор мекунад ва кам кам бо қимор даст дорад. Вай гуфт, ки қасам бо хонаи ҳалолам як шаб дар қимори Қазоқистон бозӣ мекардем. Соати 12  ё 1 -ишаб буд, ки Рустами Эмомалӣ омад даромад қиморхона. Дар байни 2 соат 500 ҳазор долларро бой дод. Баъд мо баромада рафтем дигар намедонам, ки боз чанд суми дигар бой дод ё ки баромада рафт. Ҳамроҳаш Шорухи сабзибадаст ва боз чанд тоҷикҳои дигар буд, ки нашинохтам. 

 Авторитети Нусратулло Салимзода дар байни ҳукуматиҳо сахт аст, ягон касро дар байни ҳукуматдорҳо признават намекунад.

Як  ҷиянаш бо Эраҷи развилка буд. Бо 600 кило қапиданд. Эраҷро бурданд 25 сол доданд, аммо додари инро ҳиҷчи нагуфтанд. Эраҷи развилка аз Масковсий буд ва ҳамроҳи Рустами Хамеру Фаридуни Пантераи додари генерал Мансур Умаров ва дигар наркобаронҳо мегашт. Ин кор дар соли 2018 иттифоқ афтода буд ва ҳамон сол маҳкамаш карданд. 22 ё 23 сол доданд. Хонаи Калинини Эраҷро ҳоҷӣ Далер харид.

Ҷияни Салимзода шабурӯз ҳамроҳи Эраҷ мегашт, як ҷо буданд. Навори баровардани лингаҳои маводди мухаддир, аз подвали Эраҷ, ки ВКД гирифтааст, ҳоло ҳам дар Ютуб ҳаст. Дар сарҳояшон капушон пӯшонидагӣ буданд. Ҷияни Салимзода, бачаи акаи Салимзода бо як порше мегашт. Аммо ӯро резко сар доданд. Он шаб додари Салимовро бо Эраҷ аз Варзоб меқапанд.

Ин ҳодиса он шабурузе буд, ки Зафар беднякро куштанд, хуллас ҳамон кругро полний шикастанд. Вагарна инҳо ҳар шаб дар хонаи Эраҷ буданд.

Дар пушти дари хонаи Салимзода дар Калинин мошинҳои ҷиянҳояш қатор меистоданд. Ҷиянҳояш ҳамаашон қочоқчианд. Бинобар хабарҳо ҳамон 600 килои ғасбшуда аз они ҷияни Салимзода будааст. Аммо як шинос гуфт, ки бор аз они Эраҷ аммо ҷияни Салимзода қуш аст.

Илова. Нусратулло Салимзода аз вазифаи наваш бисёр хушҳол шудааст. 

«Раис бисёр хрсандай ай Рудакӣ омаданмон. Раис через шогирдош уже ҳамаи ҷоҳора доляша гуфт, ки кадом ҷо ҳар моҳ чанд сумӣ миёран. Бозорҳову ҳамаи ресторану мағозаву бизнесо доляҳошона уже додан сар кадан. Кӣ чандқаи бояд охирои моҳда биёрад медонад. Карочи кор ба ҳаму коро. Ҳама сумо через ма», гуфтааст Мунираи котибаи Салимзода Нусратулло Файзулло.

  Худи Мунира ҳам аллакай доляи худашро мондааст. Кадом ҳуҷҷате барои имзо пеши раис меояд, аввал ҳақи Мунираро медиҳад, баъд ин бева медарорад. Мунира гуфтааст, ки ҳақи маро надиҳанд ягон ҳуҷҷату ариза намедарояд. Дарояд ҳам «ма раиса мегум, ки қафопартоиш кна».

 Уже Анӯшервони бачаи раис сохтумонро дар Рудакӣ сар мекунад. Дигар ҳамаи сохтумонҳои Рудакиро бачаи раис худаш контрол мекунад.

 «Э, и Рудакӣ ҷонон бдай. Оли кора сар накада уже мардум қатор конвертакошон кати очерад истодагиян. Иҷа тенҷай, контрол кам.

Раис гуфт «ҳами доляи янгара (янга ин Азизмои газетхонак) ҳар моҳ туғрӣ када бтем, усуш ай хдмон. Мехрем, мечарем, мегардем».   

Шофёри Нусратулло Салимзода гуфтаст: «Раис мега бояд да Рудакӣ конкретно ҷамш кнм, ки баъди Рустам дар ҷош шида бтонм». 

Пасгуфтори Ислоҳ

Он чи дар ин шумора хондед, қиссаи як шахс ё як вазифа нест ин портрети як системаи оилавист, ки давлатро ба моликияти хусусӣ табдил додааст. Дар ин система қонун барои поён аст, бахшиш барои худӣ; қарз барои мардум, списат барои семейка; тафтиш барои дигарон, иммунитет барои хешутабор. Бонк, барқ, роҳ, клиника, сохтмон, мансаб ҳама дар як занҷир, ҳама бо як қоида: доля, криша, хомӯшӣ.

Ин ҷо таъинот хизмат нест, сармоягузорист; вазифа масъулият не, манбаи даромад аст; давлат не, бизнеси хонаводагӣ. Номҳо иваз мешаванд, курсӣҳо давр мезананд, аммо қоида ҳамон аст. То замоне ки ин низоми семейкавӣ бо номи давлат идома дорад, адолат истисно мемонад, на қоида.

Share This Article