Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №330

Ислоҳ нет

Ин бор аз Данғара, Душанбе, (ду нома) Ваҳдат, Анқара ва Кулоб  номаҳо дорем, ки ҳар яке аз онҳо як масъалаи рӯзро ба истилоҳ «бардоштаанд».

Муаллифи мо аз Данғара аз он навиштааст, ки баъди нашри як шумораи муфассал дар бораи мушкилоти ин ноҳия аз раиси ноҳия гирифта то амнияту милисаву прокурор дар ҷустуҷуи он нафареанд, ки ҷаноби олиро мондаву ба хоини миллат нома навиштааст.

Номаи аввали Душанбе дар бораи Прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва ҷиноятҳои содиркардаи вай суҳбат мекунад.

Аммо дар мактаби Симиганҷи Ваҳдат чи мегузарад ва вазъи омӯзгорон чи гуна астро дар номаи Ваҳдат мутолиа мекунад. Кор ба ҳадде аст ки муаллимҳоро заставит мекарданд, ки аз бонк қарз бигиранд.

Участковийи маркази тиҷоратии маъруф ба Садбарг дар пойтахти Тоҷикистон, ки Хуршед ном доштааст, ба чи корҳо машғул аст, дар номаи дуввуми Душанбе хоҳед фаҳмид.

Аз Анқараи Туркия дар бораи сафири Тоҷикистон дар ин кишвар маълумотҳои ҷолибе фиристодаанд.

Аммо муаллифи кулобии мо аз сафарҳои аҷибғариби муовини аввали Эмомалӣ Раҳмонов дар ҲХДТ ба манотиқи кишвар навишта ва инро як саҳнасозиву саҳнабозиҳое нав дар сиёсати имрӯза муаррифӣ кардааст:

                                     Данғара

Ассалому алейкум устоди ширинсухану меҳрабон бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам хубу тансиҳату хонаобод бошед. Хоҳиш, ин номаи маро ҳарчи зудтар нашр кунед, хуб мешавад.

  Ман ҳамон ҷавони данғарагиям. Шумо номаи якуми маро нашр кардед, ман дидам хондам. Хело миннатдорам устод. Акнун қисми дуюмашро менависам. Устод, баъди нашри мақола коргарони амният, милиса, прокурор ҳама дар талотум заданд, ки ин номаро, кӣ навиштааст ба хоинҳои миллат. Ҳоло видеояш нобаромада хобро аз чашмони коргарон парондааст. Алҳамдуллилоҳ устод ман дар дохилам ҳаррӯз мебинам, ки чи мегузарад.

 Дар Данғара ҳафтаи гузашта ба намози ҷумъа рафтам. Имоми масҷид амри маъруфро сар кард. Гуфт ба гурӯҳи хоинҳо наравед. Онҳо ватани ободи моро вайрон кардан мехоҳанд, бо онҳо гап назанед. Мақсадаш ҳамон номанавис буд.

 Ман худам дар қарибии хонаи калағафс зиндагӣ мекунам. Ҳоло мақомот, махсусан амният ҷустуҷу дорад, ки ин номаро кӣ навистааст. Ба касе шубҳа доранд, онҳоро бурда рӯзи дароз телефонҳояшонро тафтиш карда пурсупос доранд. Касе каме риш дошта бошад дарав меқапанд, мебаранд ба амният.

 Баъди ин мақола тамоми мардум байни худ гап -гап доранд, ки касе бошад ҳақиқатро гуфтааст, дарди дили моро навиштааст. Безор шудем аз ин авлод.

Як нафар пирамарди ҳамсоя, ки вай дар мактаби 56 пеши бозор дарс медод ва ман худам онҷоро хатм кардаам, суҳбат кардам. Вай маро хуб мешинохт. Гуфт касе бошад номанавис бисёр хуб гуфтааст. Вай нақл кард, ки солҳои 2005 ё 2006 дар наврӯзии Данғара калағафс меояд ва суҳбат мекунад. Бояд баъди тамом кардани суханҳояш консерт баргузор мешуд. Аммо дар вақти гапзаниаш ногаҳон Манижа Давлатова аз дар медарояд. Тамоми мардум Манижа, Манижа гуфта дод мезананду гапи калағафсро гуш намекунанд. Ӯро қаҳр мекунад, дигар гап намезанад, меравад. Албатта ин қисматро дар телевизонҳо намемонанд. Баъди ҳамин кор Манижаро аз ҳамаҷо сур мекунад.

  Доим ҳамин калағавс Данғара меравад недаволни бармегардад. Барои онки соз пешвозаш намегиранд, «задагиянша». Он пири кор афзуд, қандашро занад нома навис.

  Баъдтар дар маъракаи як хешамон суҳбати нома шуд. Гуфтанд, ки ҳамаашро рост гуфтааст. Ин Амони худозада мардумро рӯз намедиҳад. Дар деҳаи Лолазори Данғара замин дорад. Об фақат ба замини ҳамон мераваду ба заминҳои мо не.

Дар даврони хизматам вақте Раҳмонов ба Хуҷанд сафар кард ОМОНу милисаву ҳатто мо сарбозонро соати 4 саҳар подъём доданд. Завтрак кардему соати 5 дар роҳи асфалт қатор истодем. Як сарбоз, як милиса, то соати 12 обед. Вақте омад омад шуд, пешакӣ милиса омада гуфт ба тарафи ақиб нигоҳ кунед, колоннаи Раҳмоновро не. То ягон гов ё буқа шохашро дар фалони Раҳмонов назанад.

Боз он пири кор афзуд кадом вақте Раҳмонов тарафи Данғара раҳакӣ шавад пешакӣ як гурӯҳ духтаронро равон мекардааст, то инки вақте Раҳмонов гап занад онҳо дарав қарсак зананд ва баъд бигуянд, дидед мардуми Данғара чи тавр пешворо дӯст медоранд. Баъди ин кор, ки як рафиқам дар қасри Миллат кор мекунад, гуфт вақте Раҳмонов саҳар ба кор меояд пеш аз он дарав як амниятӣ дар бари ҳамин коргарҳо меистад. Ин то ин дараҷа тарсончаки беимон будааст, то бас гуфтан.

  Маро ҳам қапида ба отдел бурданд. Гуфтанд чаро риш мондаӣ? Гуфтам барои зебаш. Гуфтанд, чи бо хоинҳо ҳамкорӣ дорӣ? Гуфтам не. Баъд як ду сомониамро гирифта ҷавоб доданд. Пагоҳаш ба бозор мерафтам, ки рафиқамро дидам. Дар яке аз мақомот кор мекунад. Суҳбат кардем. Гуфт як ҳафта шуд хоб накардаам. Гуфтам чаро? Гуфт барои онки ба хоинҳо касе аз Данғара нома равон кардааст, то ҳамонро наёбем хоб нест барои мо. Ба даруни дилам гуфтам дар шаби хобатон меёбед. Он манам. Ман мактаби «Ислоҳ»-ро гузаштам. Гуфтам, хуб зиркаӣ кунед, ёбед ӯро, вай ки будааст ки бо нома равон мекардааст.

 Ба мақомот гуфтаниам шумо маро накобед, ман дар даруни шумо ҳастам. Шумо мушкилиро ҳал кунед, то мо нома нанависем.

  Дар номаи пешина як-ду ҷояшро нагуфтед. Фикри хуб кардед, дар бораи мухолифон буд.

 Мардуми Данғара худашон пул партофта ба кучаҳояшон хати об кашида истодаанд. Ин ҳукумат барои чи даркор?

  Як маълумоти дигар. Трансфарматори мо кафид, якчанд рӯз кор накард. Як ҳамсоя занг зад ба ширкати барқ ва гуфт биёед соз кунед. Гуфтанд меравему соз мекунем, аммо шумо ба светавойҳо ташкилӣ намекунед. Светавоя бераҳмуш. Ин одам гуфт биёед, соз кунед, мо ташкилӣ мекунем.

Аммо хабари асосӣ ин аст ки ҳозир ҳама гап гапи номаро мезананд.

Алҳамдуллилоҳ устод, бо дуъои шумо соҳиби духтар шудам. Зиндаву саломат бошед. Ман ҳоло дар дохилам, боз чизе шуд менависам.

 Устод шумо хоби коргарони ҳукумати Данғараро парондед.

  Як чизи дигаро фаромуш кардам. Се ҳазор сомонӣ расход кардам аз таваллуд то баровардани духтарчаам.

Боз як чизи дигар. Ин милисаҳои беақли мо ҳоло як ду ҷавонро қапидаанд. Гуё номанависро дастгир кардаанд. Хестед, ки хобед. Ман дар озодиам ва шумо коратон туҳмат кардани мардуми бегуноҳ аст.

Мардуми Данғара натарсед, мушкилиҳоятонро гап занед дар Ислоҳ. Ҳама ҳаракат кунед. Ин шо Аллоҳ пирузӣ наздик аст.

Як бародари кучаки шумо аз Данғара.

                                    Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як нафар аз рафиқони хубамон ҳикоя кард, ки Музаффар Юсуфӣ, Додситони нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки Муҳаммадиқбол Комилҷонро (Комил Мирзоалиев, раиси идораи Роҳи оҳан) тамоман шармандаву шармсораш кард:

«И Комилдыздак то урӯзора механдид, ки Муҳаммадиқбол молу мулки мара гап зад. О, мара фалонма хурда наметонан. И Эмомалӣ Раҳмонова уқаеш намондай. Ма медонм чандқаш мондай. Мада тозатарин хабарҳо ай охранаш мия. Ма иқа сол сардори назорати амният дар Прокуратураи Генералӣ кор кам, чи беҳуда буд? Нея. Ма дорм каналои информация, меган мара. Муҳаммадиқбол ай куҷо иқа гапа меёва»?

Музаффар Юсуфӣ, солҳое, ки бозори маҳаллаи 82-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард, як арус дошт. Музаффар Юсуфӣ он духтарро вақте ки дар мактаби миёна мехонд, синфи 10 маҷбурӣ изнасиловат карда буд. Он солҳо, ки охири солҳои 90 ва аввали 2000 бенизомӣ дар авҷи аъло буд. Музаффар Юсуфӣ он духтарро постоянка карда буд. Баъдан он духтар ҷазир ва наркоман шуд. Музаффар Юсуфӣ бисёр ба духтарони ноболиғ майл дорад. Замоне, ки дар Прокуратураи Генералӣ сардори Раёсати назорати КДАМ буд се духтарро ҳаминхел…карда буд. Модари яке аз онҳо ба сари Музаффар Юсуфӣ омадаву даъво кард, ки ман то Озода Раҳмон меравам ва шикоят мекунам.

 Музаффар Юсуфӣ гуфтааст: «э, у Озодатам ранги дхтари ту я шлюхаҳай. Ма дхтари тра маҷбурӣ ҳҷкорш накадам».

Ҳозир бошад писари Музаффар Юсуфӣ «касб»-м падарашро идома дода истодааст, беҳад беспределӣ дорад.

                                          Ваҳдат

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ ҳастам ва дар бораи чанд нафар навиштаниам.

Директори мактаб Юсуф Ҷурабегзода аст ки аз дасти вай тамоми муаллимону коргарони мактаб ба дод омадаанд. Ҳар сол пули китоб, ки бениҳоят зиёд мебошад ҷамъоварӣ мекунад. Ин китобҳо аз солҳои пеш ва куҳнаву фарсудаанд.

Китобхоначӣ аз одамҳои наздики худаш аст. Ягон намуд ҳуҷҷати тасдиқкунанда нест, чанд сомоние аз даҳанашон барояд мегуянд. Ҳар моҳ пули газета, пули обуна ва дигар маблағҳо ҷамъоварӣ мекунад. Мепурсӣ, ки барои чи ин қадар маблағ, мегӯяд, ки фармон ҳаст. Омӯзгорон ва хонандагон аз дасташ ба дод омадаанд.

 Мактабро монополия кардаанд. Ҳамаашон хешу табор ҳастанд ва зиёда аз 10 нафар, ки номашон ҳаст лек худашон вуҷуд надоранд, маошу маблағ мегиранд, зиндагии хуб доранд. Лек омӯзгорони бечора, ки корхои зиёд мекунанд, маблағи ночиз ва зиндагии вазнин доранд.

 Дар номи коргарон аз банк маблағ мегиранд. Метарсонанд, ки агар нагирӣ аз кор озодат мекунем. Ин бечора коргарҳо, ки маблағ мегиранд, ваъда медиҳанд, ки месупорем, лек намесупоранд ва коргарҳои бечора маҷбур худашон пулро месупоранд.

  Раиси маҳалла Саидов Ибодуло, ки ҳар сол маблағи зиёд ҷамъоварӣ мекунанд, аммо ягон хел пешравӣ нест дар деҳа. Вақте ки пулро надоданд, бечора мардум барои пули ҷамъовардаи онҳо дар бало мемонад, ҷангҷол мекунад, гапҳои қабеҳ мегуянд. Ҳар сол пули аблава  600 сомонӣ ҷамъ мекунанд, зурӣ мекунанд, ки «пула нати баъд вазиятут безеб мешавад».

Барои маблағҳои ҷамъшуда, ки мардум надоранд, зуран мегиранд.

 Вакте ки надорӣ супорӣ ту дар қавристон дар зинда буданат ҷудо кун. Бечора мардум вақте ки надорад, куҷо равад намедонад

 Як бузи деҳа, ки Зукруллоев Сайдаҳмад ном дорад бо мардум соз намегирад. Аз худ калонро эҳтиром намегузорад. Ҳато аз худ калонҳоро дашном медиҳад ва мезанад, ки аз пули мардум онҳоро табобат мекунад. Мегуяд ҳеҷо ариза нанависед метарсонад. Ҳатто чи мушкилӣ шавад, аз пули халқи камбағал дода онро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд.

  1 миллиону  300 ҳазор сомонӣ пули барқ ҷамъ карданд -10 усталба хариданд ва ба ҳамин мардумро ваъда доданд, ки свет мешавад. Лек маблағро куҷо карданд ҳеҷ кас намедонад. Вақте пурсӣ пули барқ куҷост, чаро барқ нест мегуянд хомӯш бош, вагарна вазъиятат безеб мешавад.

                                       Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди муборизи мо Муҳаммадиқболи Садриддин, ифтихори мардуми мазлуми тоҷик. Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Саломи худро ба тамоми муборизон мерасонам. Илтимос ин номаи манро нашр кунед, токи мардум аз зулми участковий Хуршед, ки дар Садбарг кору фаъолият мекунад ва хуни коргарони Садбаргро мехурад, бохабар шаванд.

Устод, намедонам аз куҷо шуруъ кунам. Ин Хуршеди участковий-нозири минтақавӣ аст, ҳарруз ба савдогарони пеши Садбарг, ки асосан занҳо савдо мекунанд барои ризқу рӯзӣ дар ҳавои хунукӣ дар берун мешинанду савдо мекунанд ҳамонҳоро меояд башата чизҳояшонро мезанад, ҳақоратҳои қабеҳашон мекунад, боз чизу чораашонро ба кабинети худаш мебарад, кабинеташ, ки дар пушти Садбарг қарор дорад, як вагони пусидагӣ аст. Вақте ки бурд ба номусашон даст дарозӣ мекунад ё  ками кам 50 то 200 сомонӣ аз савдогарҳо мегирад баъд иҷозаташон медиҳад, ки савдо кунанд. Аслан Хуршеди участковий на савод, на илм дорад. Бачаҳои устоҳои телефоне, ки пушти Садбарг мебароянд, онҳоро ба ҳар баҳона телефонҳояшонро аз дасташон мегираду мутаҳаммашон мекунад, ки ту дар ҷои кор намоз мехонӣ, ма тра дидагиюм, мерем протоколт мекнум, гуфта аз 50 сомонӣ то 100сомонӣ мегирад ва баъд мегӯяд, ки эҳтиёт кун дар даруни Садбарг намоз нахон, ки «дидм очам баҷои занм чизе ай дастм биёя мекнм ки дига рум ба рут нараса».

Бовар мекунед дар пеши Садбарг занҳоро бо сатр меқапад ба вагони таҷовузхонааш мебарад ва агар храпаш бигзарад ба номусаш мерасад, агар не протоколаш мекунад ва то 500 сомониашро мегирад.

Ин участковий маро падари маро хуб мешиносад. Даже маро протокол гуфта 70 сомонӣ гирифт. Нури рӯ надорад, ранги таракан аст: «яке ай иҷа меброя яке ай уҷа меброя, дачиво гшнаҳай валоҳе руи рост мега, ки ма гишнаюм ягон сум бте». Махсусан одамоҳои Садбаргро. То ин дараҷа гушнаашро нав дидем:-«ира ай киҷо ёфтиян овардиян учаскови мондиянш. Ихели мақомотой бемаърифату пастро мебинм мегум иё на ақл доран на савод учасковиян значит ма метонм Сардори кадом шуъбаи милиса шавам  бо ин илми доштагим».

   Боз як чизи дигарро мехоҳам ба мардум бирасонам. Як духтаре, ки аз Афғонистон гуреза шуда омада буд, дар даруни Садбарг парикмахер кор мекард. Ин участковий як рӯз омада ҳамон духтарро чизе мегӯяд, ки он духтари афғон на три букви посилаташ мекунад. Ман худам онҷо будам ва воқеаи шудагиро бо ду чашми сарам дидам. Баъд ин Хуршеди таракан тарафи он духтар дуғу таҳдид карда гуфт «ма зинда бошм ту дига Тоҷикистона намебинӣ, очам ба ҷои занам гавзанша гардан наметм, задагиюм».

Хуллас, коре кард, ки дигар он духтар наметобад, нопадид шуд, равонш кард ба фикрам. 

Ман чи гуфтаниам? Хуршеди Таракан! Ту маро нағз мешиносӣ «ма ай думи ту гаштестам, ҳар я корта дидестам, бо медрой дуруя Садбарг кабинетора тафтиш мекнӣ, ки кадом усто да ҷош намоз мехона, зулмш кнӣ. Ту мара ҳаррӯз мебинӣ, бо қатим саломалекӣ, ира бдон, ки ма мухолифи туюм. То вақте ту зиндаӣ у 70 сомоне, ки ту ай ма гирифтӣ у ризқи кудакой ма буд, бдон, ки ура ма да қиёматам боша талаб мекнм, фаҳмидӣ таракани гшна, паати бе нур. Мегуй нури ру қатиш қаҳрӣ боша, вапше нур надора».

 Аз мақомоти болоӣ хоҳиш ва илтимос мекунам, ин таракани гушнаро аз вазифа бигиред ва як одами бовиҷдону ба инсофро дар ҷои вай монед.

 Агар инша Аллоҳ як переворот шавад ман медонам, ки ин тараканҳо худашон худашонро таги замин мекунанд. Хуб медонанд, ки мардумро ҷонашонро ба лаб овардагианд. 

Устоди гиромӣ ман боз аз натиҷаи кор ҳатман ба шумо навишта мефиристам.

                                          Анқара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Туркия бароятон менависам. Ин хабари кутоҳ нисбати фарзандони сафири кунуни Тоҷикистон дар кишвари Туркия Содиқ Имомӣ аст. Содиқ Имомӣ 4 фарзанд дорад. Аз инҳо ду фарзанди сафир Сабрина ва Ганҷина дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) зиндагӣ ба сар мебаранд. Сабрина фарзанди калонӣ ба ҳисоб меравад ва аз соли 2020 дар ИМА фаъолият ва зиндагӣ дорад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 Ганҷина бошад фарзанди дуввуми Содиқ аст. Вай низ оиладор ва соҳиби 2 фарзанд мебошад. Аз соли 2021 дар ИМА зиндагӣ мекунад. Ягон чизи аҷиб нест, фарзандони бисёр мансабдорон берун аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Вале Сабрина дар ИМА дар асоси санад ва дар мақоми паноҳандаи сиёсӣ умр ба сар мебарад. Савол бар меояд, ки читавр? Фарзанди сафири як кишвар дар кишвари дигар бо паноҳандагии сиёсӣ умр ба сар мебарад? Шояд танҳо дар дипломатияи Тоҷикистон ин тавр ҳолат метавонад ҷой дошта бошад. Фикр накунам таърихи дипломатияи кулли дунё ин тавр ҳолатро дида бошад?

 Ин аз чи нишон медиҳад? Аз заиф будани назорат дар Кумитаи амнияти ҷумҳурии Точикистон ва хабар надоштани амният, ки фарзанди сафири кунуни давлат дар Туркия бо паноҳандагии сиёсӣ дар дигар кишвар зиндагӣ ва кор мекунад ва сафир бошад, бе ягон монеъа вазифаи давлатии худро адо мекунад.

 Муҳтарам СС. Ятимов ва президент! Шумо ба куҷо нигох мекунед, ки ин тавр ҳолатҳо метавонанд бе ягон монеа дар сатхи олии кишвар рух бидиҳанд? Мисли он филми ҳунарии » Agent 007 James Bond» шояд Содиқ ҳам ҷосуси хориҷӣ бошад » Содик агент 007″?! Мисле, ки  «Содик агент 007»  доимо ба фарзандонаш мегуфтааст, ки Тоҷикистон оянда надорад ва шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро бояд бигиранду ва ҳеҷ вақт барнагарданд ба ватан, бо ҳар усуле набошад, ҳатто аз истифодаи паноҳандагии сиёсӣ ҳам парҳез накунанд.

  Ганҷина суханҳои падарашро рад накард ва шаҳрвандии ИМАро гирифт. Акнун навбат ба Сабрина расид, то ки орзуи Содиқ агент 007-ро амалӣ бигардонад. Бақия фарзандони Содиқ агент 007 бошад дар ҷустуҷӯи роҳҳои пайдо кардани шаҳрвандии кишварҳо хориҷӣ ҳастанд. Хамсари Содиқ Имомӣ, ки Фируза ном дорад гоҳ-гоҳ  барои дидорбинии духтаронаш Сабрина ва Ганҷина ва наберагонаш ба Амрико меравад бо суистифодаи паспорти дипломати Ҷумҳурии Точикистон. Инҳам як сурат аз боздиди Фируза, ки мохи декабри 2025 сурат гирифтааст.

Кулоб

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд гоҳи ахир марионеткаҳои навро ба саҳна андохтаанд ва болои миллат гушпариҳо карда истодаанд. Ин саҳнасозиву саҳнабозиҳоро мисле, ки амали ҳаррӯза карда истодаанд. Ин дар ҳоле, ки дар тули беш аз 30 соли президентии Раҳмонов ягон нафар дар ягон ҷо худро намоиш намедод. Айни замон бошад, як саҳнасозии навро пеша кардаанд ва нишон медиҳанд ба мардуму миллат, ки даври нав омадаасту ҳар як нафар метавонад, ба саҳнаи сиёсат барояд. Ин нафари манзури мо Маликшо Неъмат, муовини аввали раиси ҲХДТ аст.

Кали Маликшо дар ин спектаклҳо нақши асосиро бозида истодааст. Маҷлисҳои пайдарпайи ҳизбию сиёсӣ. Сафарҳои ба ном корӣ ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ҳатто ба Русия. Маросимҳои тақдими медал ва ифтихорномаву дигару дигарро бин.

  Як хел нафаронеро, ки медалу ифтихорнома медиҳанд, суми костюму брюкро қарз карда харидагианд. Ин ҳама барои намоиш додан, ки сиёсати оянда, ин сиёсати нав аст. Чи тавре мебинем Раҳмонов ҳамаи онҳоеро, ки чизеро медонанд ва диданд, ки чи гуна ва бо кадом роҳ худи Раҳмонов ба мансаб омадаасту чи гуна тағиротҳоро барои худ ва оилааш шуда дар конститутсия ворид кардааст, якта якта қир карду карда истодааст.

 Ҳамаи ин гушпариҳову спектаклҳо барои он аст ки поколенияи нав ин тарзи нави зиндагиро, ки Раҳмонов дар миллат бор карда истодааст, ки ҳамаро бояд халқ худаш кунаду пеш барад, ба умеди бюҷет нашаванд қабул кунанд. Яъне мардум бояд ба ҳама он чики ҳозир худи Раҳмонов, баъди вай Рустам мекунад, шукрона карда қабул кунад.

 Раҳмонов медонад, ки Рустам слабохарактерный аст. Рустам тез ба мненияҳои рафиқонаш меравад ва умуман фикри шахсии худро надорад. Ин чиз барои Раҳмонов беҳад алам карда истодааст, ки ин ҳама солҳо омӯзонд аммо Рустам натавониста истодааст, ёд нагирифта истодааст, ки худаш мустақил бошад.

Аммо худи Раҳмонов дар ҳамин шабуруз аз любой чи метарсад: «яке бганша мардум хест сразу дору давлени, дил».

 Ҳамин чанд соат пеш бо отдели шаҳр гап задам. Гуфт, ки 2 рӯз шуд, тамоми коргарони отдел дар казармаанд. Пурсидам чи гап, тенҷӣ? Гуфт: «меган ҷанобмон Хитой рафтаст, барои ҳами. Гуфтм ӯ мурдаст меган ку. Гуфт не «ихели нагу, яке нашнава ягон кас. Лекин да пост авало 2 нафар меистод ҳозир 5-6 нафар мондан, меган казарма».

Share This Article