Семейка news №26

Ислоҳ нет

Долябандӣ дар боло: Кӣ пушти мансабҳо меистад?

 Маҷаллаи тозаи «Семеканюс», шумораи 26-ро дар даст доред. Ин шумораи моҳномаи мо ҳам ба ин оилаи ба ҳама маълум ва мансабдорони наздик ба он ихтисос дода шудааст. «Қаҳрамон»-и ин маҷалла, Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси «Агентии сертификатсия, метереология ва стандартизатсия», ки бо номи «Тоҷикстандарт» маъруф аст, интихоб шуд. Исломиддин, писари калонии ҳамон Нуриддини трактористи акаи Эмомалӣ Раҳмонов аст ки чанд соли пеш мурда буд. Исломиддин, мисли соири ҷиянҳои раиси «Семейка» дар синни ҷавонӣ соҳиби мансабҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла, муовини раиси «Амонатбонк», раиси ноҳияи Данғара, раиси Агентии зиддиинҳисорӣ шудааст. Ва соли гузашта ба курсии раиси Тоҷикстандарт такя зад. Дар шумораҳои пешини ин маҷаллаамон дар бораи Исломиддин навишта будем.  

Маҷалла ин бор низ бо ахбори наву дастнахӯрда шурӯъ мешавад, ки онҳоро танҳо дар «Семейка-news» пайдо мекунед.

                                Ахбори Семейка

Амриддин Нахшов, раиси кони тиллои Шугнов ва писархолаи Рустами Эмомалӣ, дар бозиҳои бузкашӣ телехи аспҳо човандозҳои Рустам аст. Барои ҳамин аст ки барои вай имтиёзу…зиёд дода шудааст.

 Ду сол пеш дар ноҳияи Панҷ мусобиқаи калони бузкашӣ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа Рустам ва рафиқонаш иштирок доштанд. Човандозе, ки савори аспи Рустам буд, бузро гирифт ва мулло Маҷиди човандоз аз деҳаи Турдишайх бузро аз дасти човандози аспи Рустам гирифтанӣ шуд. Амриддин Нахшов ҳам бо аспи худаш дар ҳамин майдон буд. Мебинад, ки мулло Маҷид аз дасти човандози Рустам қариб бузро гирифта истодааст. Се- чор қамчин ба сари мулло Маҷид зад.

Амриддин Нахшов-писархолаи Рустами Эмомалӣ ва раиси кони тиллои Шугнов ин кони тиллоро пурра харобу ғорат кард. Хабарҳои расида мегӯянд, ки кон тибқи нақша кор карда истодааст, истихроҷ аз нақша ҳам зиёд аст, аммо уҳдадориаш дар назди давлат иҷро намешавад. Дар автомашинаҳои худаш ва шогирдонаш, ки 2010 рақамҳояшон аст, тиллоро бебаркаш аз кон озод бароварда истодаанд.

  Амриддин ҳозир нияти боз чанд кони дигари тиллоро гирифтан дорад. Чи тавре, ки Суҳроб Раҳмонов, шогирди Амриддин Нахшов таъриф кардааст, ки Амриддин бояд пеши Озода дарояд «дили раисара ёва конои нави тиллора бтанша». Амриддин яроқҳои зиёдро дар кони тилло пинхон кардааст, барои рӯзи мабодо, барои як рӯзаки сиёҳе…

«История»-и бозори ҳоҷӣ Шариф

Бозори ҳоҷӣ Шарифи падари Зоири мундуқ дар маркази Бохтар (Қурғонтеппаи пешина) яке аз бозорҳои калон ва номдори Тоҷикисон аст. Аммо ин бозор «история»-и хуб надорад. Онро ҳам мисли дигар бизнесу сарвату дороиҳои ин хонавода бо суми ҳаром рост кардаанд.

Вақте ин бозорро рост мекарданд ҳоҷӣ Шариф зинда буд. 30 % бозорро сар карда буд. Ҳоҷӣ Шариф аз дунё гузашт. Мардум пешакӣ пул дода ҷо (нуқтаи савдо) зайнит карда буданд. Хуллас ҳоҷӣ Шариф мурду давоми корҳои сохтмони бозорро Зоири мундуқ пеш бурд.

Мардумоне, ки ба ҳоҷӣ Шариф пул дода буданд омаданд пеши Зоир ва гуфтанд, ки мо пул додем ба падари шумо ва моро ана ҳамин ҷойҳоро ваъда карда буд. Мо ҳамаи коғазҳое, ки падари шумо бо мо додааст, дар даст дорем.

 Медонед бародар  ин бадбахти Зоир чи ҷавоб додааст бо ин мардуми пулдода? Гуфтааст, ки он ҳуҷҷатҳоятонро гиреду рост сари қабри падарам равед: «да қабристон кортона ҳал кунед, барои мана на три букви аст»

  Бо ҳисоби тағои ман, ки яке аз ҷабрдидаҳо-нафарҳое, ки барои чанд точка пул супорида буд, ҳоҷӣ Шариф  3 миллион доллар аз мардум пешакӣ гирифта буд. Аммо баъди мурдани падараш Зоир он точкаҳоро ба дигар касҳо дубора фурӯхт. 

                  Ашраф Гулов, сафир ё сутинёр

 Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб Туркияро расво карда ба Дубй омад. Пеш аз Дубай дар Туркия сафир буд. Ҳозир Дубайро ҳам ҳаром кард. Визаи Дубай аз пушти ҳаромкориҳои Ашраф барои тоҷикон проблема шуд. Барои гирифтани виза меравӣ, ҳазор условия диктоват мекунанд.

   Барои духтарҳои бешавҳар ва ҷавон мумкин нест, вале мебинӣ, ки ҳама дар Дубай. Ин Ашрафи порахур шахсан худаш барои духтарҳои ҷавон виза медиҳад. Мисол як духтари ҷавон, шояд ҳоло ба18 надаромада бошад, ки дар инстаграм бо номи Ҷонона Олимова мебошад, дар Дубай озодона кайф карда гаштааст.

 Дар асл бошад вайро Ашраф  оварду чанд вақт роман крутит карду суми бисёраш дод, ки кайф карда гардад.

Парвина Раҳмонова, раиси Сифатфарма ва зани Ашраф даҳанаш кандагӣ гаштаст.

 Ашраф Дубайро ба яке аз калонтарин ҷой барои проститутция, ба занҳо ва духтарҳои тоҷик табдил кардааст. Дар Дубай группировкаҳои тоҷикҳо, ки ба ғорату заложникгирии тоҷикҳои сумдор машғуланд, озодона гаштаанд. Ҳатто онҳо ҳам  мегуянд, ки «мора крышамон Ашрафи домоди Президентай. Мо ура доля метем любой коре бфорамон тоҷикора мекунем».

Оқибаташ ба хайр шавад. Вале ин факт аст ки аз болои Ашраф Гулов ҳукумати Туркия барои ҳамдаст буданаш дар қочоқи духтарҳои тоҷик шикоят карда буду туркияро барои танҳо тоҷикон бо виза кард. Акнун навбати ИМА расид,то вазъи тоҷиконро аз бад бадтар кунад.

                       Қабл аз қаҳрамони асосӣ

 Тибқи маъмул дар қисмати ниҳоии «Семейканюс» меравем  ба суроғи қаҳрамони шумора. Қаҳрамони шумора, ҳамчуноне гуфтем ин бор Раҳмон Исломиддини Хайриддин аст. Аммо ин бор як номае дорем аз як хонандаамон, ки баъди нашри шумораи пешини маҷаллаамон онро фиристодааст ва ҳоло онро ба чунин зайл барои чоп омода кардем:

              Акси садо пас аз Семейканюси №25

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ, Муҳаммадиқболи Садриддин.
Барномаи Семейканюси шуморо дидам ва дар бораи Амони охранники Раҳмонов дар Данғара ва бародараш Муҳиб. Хостам, ки дар идомаи ин навиштаи шумо

роҷеъ ба ин нафарҳо маълумотҳои дигар илова кунам.
Бародари гиромӣ, бигузор кӣ будани ман махфӣ бимонад.
Муйсафеде, ки дар хонаи Раҳмонов бандагӣ кард Ҷорубалӣ падари Муҳибу Амон буд. Муҳиб як акаи дигар ҳам дошт, ки вай чанд сол пеш мурд.
 Муҳиб дар ҷамоати Машъал ду фермаро вайрон карда дар деҳаи Сенакос ҳозира Лолазор фермаи худро сохт дар ин ферма гов ва ҳам моли майда дорад.
Машъал як савхози калон дошт бо номи Правда. Муҳиб ин совхозро қарздор ва пора- пора карда ба мардуми деҳаҳо тақсим кард, то ки мардум қарзҳои Муҳибро пардохт кунанд. Чунки заминҳои совхозӣ аз андозу обу барқ қарздор буд.
Як қисми заминҳои совхозро худаш гирифта хоҷагии худро ташкил кард бо номи Ориёнажод
Кори ин хоҷагии Муҳибро ду қатаған ва обигармиҳо пеш мебаранд.
Муҳиб дар райони Вахш як ресторан, маркази савдо бо номи Баҳор ва ҳавзи моҳи дорад.
Бачаи калонии Муҳиб Файзалӣ чанд сол мешавад дар гумрук дар ҷои он нафар, ки Раҳмонов дар як маҷлис аз кор пеш карда кор мекунад.
Ин солҳо барои хоҷагии Муҳиб Файзалии писараш мошинҳои гаронарзиш ва инчунин техникаҳои гуногун таъмин мекунад.
Бачаи дуюмаш Шараф домсоз шудааст. Доми  якумашро дар Қурғонтеппа дар назди серков сохта истодааст.
Оилаи Амон ҷияни Азизмоҳи газетхонаки зани Раҳмонов аст.
Яъне Амон боҷаи Раҳмонов аст. Данғара бошад дар ихтиёри Амони охранники хонаи Раҳмонов мебошад.
  Бачаҳои Сафаркамаз дар тирамоҳ писта ва дар баҳор алафи кӯҳиро чидан намемонанд. Дар Киров -3 як бозор буд, ки рӯзҳои чоршанбе амал мекард. Бозорро ба зӯрӣ аз соҳибаш гирифта аз нав сохтанд.
Дар умум Муҳиб бо додару бачаҳояш ва инчунин Сафаркамаз бо бачаҳояш саводу дониш надоранд. Танҳо дар сояи Раҳмонов ва оилаи вай ба ғоратгарӣ машғуланд.
Ҷамоати Машъал беш 23 ҳазор аҳолӣ дорад. Инҷо низ мардум барқ надоранд, лекин маҳаллаи кангуртиҳо ҷое, ки тағои Раҳмонов ва хонаводаи Муҳиб зиндагӣ кунанд барқи ҳамешагӣ доранд.
  Як марди аз ҳамин маҳаллаи кангуртиҳо, ки мутаассифона номашро намедонам беморхонаи марказиро бо барқи доимӣ таъмин кард, ки Худо хайраш диҳад.

Раиси Тоҷикстандарт кист, Исломиддин ё Меҳрубон?

 Дар «Семейканюс №19» аз русиро балад набудани Исломиддин гуфта будему дар «Семейканюс№20» аз зани дуввуми Исломиддин ва таъсиру ҷойгоҳи наздикони зани дуввумаш дар Тоҷикстандарт.

   Зани дуввуми Исломиддин аз Конибодом аст. Қаблан гуфта будем, ки «праваи рука»-и Исломиддин бачаи ҳамин зан аст ва печату имзои Тоҷикстандарт дар дасти ӯст. Он зан аз Исломиддин чанд сол калонтар будааст. Ин бачааш аз шавҳари якуми ин зан бошад ё дуюмаш, номаълум.

 Ин бор исму насаби ин «права рука»-и Исломиддинро пайдо кардем:-Меҳрубон  Сангинов, Меҳрубони какан, писарандари Исломиддин.

 Дар воқеъ мо дуруст навишта будем, ки ҳар корафтодае, барои санаду ҳуҷҷате ба Тоҷикстандарт меояд через ӯ мегузарад.

Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо ин Меҳрубони какан амалан Тоҷикстандартро мудирият мекунад.

Бародари зани конибодомии Исломиддин ҳам дар Тоҷикстандарт Сардори управленияе аст, ки сертификат –санади асосии Тоҷикстандартро медиҳад. Пеш аз омадани ин додарарӯси конибодомӣ дар ин управления бародари Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард. Ӯро аз кор берун кард ва хусурбачаашро дар ҷояш монд.

 Исломиддин мегуфтааст: «ин конибодомӣ зури бадай». 

  Тоҷикстандарт ҷаласаи ҷамъбастии худ барои соли 2025ро 7-уми январи соли 2026 таҳти раёсати Исломиддини Раҳмон баргузор кард. Дар он фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ шуд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ кард. Яъне ҳама гулу булбул, ҳамаҷо рӯфтаву шуставу обзадагӣ.

 Аммо маълумотҳое, ки ба мо расид, вазъиятро дигаргуна шарҳ медиҳад. Яъне чи тавр?. Гап дар бораи боз ҳам ҳамин Меҳрубони какан меравад.

Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Раҳмонов оид ба кадр, машҳуру маъруф бо тахаллуси  «Сумбулоғо» Раҳмон Исломиддинро оҳистаҳак огоҳ кардааст, ки «мабодо Меҳрубони какан дар ҷаласаи ҷаноб (23 январ ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон доир шуда буд) иштирок кунад: «ягонҷо баҷояш кунед, ки ранги Шаҳбоз Раҷабзодаш мекунад». Як моҳ баҷо буд. Гуфтанд, ки Амрико рафтааст.

Меҳрубон Сангинов кист?

Меҳрубон Сангинов, писари Исломиддин, аммо аз зани дуввумаш. Думоварди зани дуввум-какан. Писарандари Исломиддин. Бинобар маълумоти расида Меҳрубон Сангинов дар Тоҷикстандарт ба ҳайси ёвар-помошники раис кор мекунад. Аммо, гуфта мешавад, ки ин Меҳрубони какан Тоҷикстандартро ба дод овардааст. Формално Исломиддин раис аммо амалан тамоми корҳоро Меҳрубон иҷро мекунад. Як мисол меоварем аз таъсиру нуфузи Меҳрубони какан дар Тоҷикстандарт:

Дар Тоҷикстандарт як санад ҳаст бо номи «Гости 100».  Ин нишон ё ҳуҷҷатро барои молу коло ва маҳсулот дар сатҳи ҷумҳурӣ медиҳанд. Аз ҷумла барои бензин. Меҳрубони какан санадро пеши муовин медарораду мегӯяд «бигир инро имзо ва аннулироват кун. Гостро аз сар мекунем».

  Барои чӣ ва ба хотири чи мепурсад муовин?

  Барои онки бензини нав медарояд дар заправкаҳо, посух медиҳад Меҳрубон.

 Муовин мегӯяд, ки ман ин корро карда наметавонам. Ин дар ҳисоб ва салоҳяти ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Ман инро аз инҷо аннулироват карда наметавонам. Хуллас, муовин гапашро намегирад.

Меҳрубон мегӯяд: ҳоло биист,очаи туро ман м***м.

Акнун давоми қиссаро гӯш диҳед.

  Дар ҷаласаи ҷамъбастии Тоҷикстандарт дар 7 январ  Раҳмон Исломиддини Хайриддин ҳамаро-сардорони Раёсатро мехезонад ва бо таҳдид мегӯяд, ки «бо яхели шумо чи шидагиен, борзи, чизе, ки ҳамин мега ( манзураш Меҳрубон) гап ҳаминай. Ҳаму гап, гапи майай, охи, бкуне, карочӣ».

 Ана ҳамин тавр. Гапи Меҳрубони какан ин гапи Исломиддини директори Тоҷикстандарти Тоҷикистон аст.

Дар ин ҷаласаи ҷамъбастӣ Исломиддин барои ҳама сардорони Раёсатҳо семоҳӣ вақт медиҳад. Мегӯяд: «шуморо меган, шумо гапа намегирен. И чизе мега, значит ҳамура ма гуфтагиюм. Гапи ира бигирен».

Ба назди Тоҷикстандарт тамоми корхонаҳо чи хурд ва чи бузург ҳатман меоянд. Бояд барои маҳсулоташон сертификат бигиранд. Масалан корхонаҳои калон мисли Талко, сементзаводҳо: Ғаюр семент, Моҳир семент, корхонаи металлургии Тоҷикистон ва амсоли инҳо. Ва ҳатман бо Тоҷикстандарт рӯбарӯ хоҳанд зад.

 Меҳрубон Сангинов ба ҳама раёсат ва шуъбаҳо дастур медиҳад, ки корхонаҳои калонро «списка када, оварда дар дасти мо тиед. Инҳоро дига шумо намебинед».

  Барои чӣ? Барои онки инҳоро прямой Меҳрубон бинад. Гап дар бораи «доля» меравад, ҳамчуноне, ки дар боло баҳси ӯро бо муовин ёдрас шудем дар бораи «Гости100», ки он ҳам барои доля буд.

 Як мавриди дигар:

Пахта аз ҷумҳурӣ содир мешавад. Масъули шуъбаи марбути пахтаро Исломиддин дар ҳамон ҷаласа мехезонад ва мегӯяд, тартиби кори ту ба мо маъқул нест, ба ту се моҳ муҳлат, дар се моҳ дуруст накардӣ озод мешавӣ. Яъне агар ставкаи содироти пахтаро боло бурда натавонистӣ, яъне инҷо ҳам гап дар бораи «доля» аст.

Тоҷикстандарт аз воҳидҳои сохтории зерин таркиб ёфтааст:

Раёсати корҳо ва ҳуқуқ

Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак

Раёсати баҳодиҳии мутобиқат

Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандарти

Нозироти савдо

Нозирот оид ба ташхис, сертификатсия ва назорати маҳсулоти пахта ва пилла

 Исломиддин дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамаи онҳоро мехезонад, семоҳӣ вақт медиҳад. Танҳо як хеши худаш Саъдуллоро, ки онҷо кор мекунад таъриф мекунад: корҳои ту соз аст.

Баъди омадани Исломиддини ҷияни Эмомалӣ магазинҳо, заводҳо, корхонаҳо, масалан коргоҳи хурди истеҳсоли печену вафливу  дигару дигар, хуллас тамоми истеҳсолкунандаҳо, масалан сехи колбасса, нонвой ва ғайраро барои сертифкати сифат беҳад ғам дода истодаанд. Ҳамаро гуфта истодааст, ки «биёрен мада бспорен. Дига қати ино ма худум сарукор мегирум».

Яъне, аз ин ба пас дар к**ни соҳибкорҳо чуб мезанад. Ҳамаи ин барои сифат ва беҳбуди кор нест. Танҳо мақсад барои пулкор кардан аст.

  Дигар соҳибкор ба отдели пахтачинӣ намеояд худашро (Меҳрубони какан)-ро на прямо мебинад. Кӯтоҳи гап бояд ҳама чиз дар дасти худашон ҷамъ шаваду пул кананд.

  Ҳозир Меҳрубон неформално раис аст. Сардорони шӯъбаҳоро чизе мешавад худи Меҳрубон даъват мекунад.

Масалан, мегӯяд, ки рав 500 сомонӣ биёр, вале боз пагаҳ меояд, мегӯяд, ки не 700 сомонӣ меорӣ. Даҳ рӯз пас мегуяд, не 1000 сомонӣ, меорӣ. Яъне ин маблағ барои сертификати ин ё он корхона. 

Бояд ҳар 6 моҳ як бор сертификат бигирӣ. Ҳозир яксолааш карданд. Ана акнун ҳамон сертификатро нарх монданд. Масалан як магазини хурд 500 сомонӣ  медиҳад. Магазини калон 1000 сомонӣ. Ҳар як муассисаро нарх мондагианд.

  Инро ҳам бояд бигӯем, ки дар шумораҳои пешинаи Семейка дар бораи Меҳрубони какан навишта ва ӯро боксёр гуфта будем.

Меҳрубон домоди Шарифбек Давлатови «ҷаҳонгард»,хусури Тахминаи Клеопатраи духтари Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Духтари ҳамсари дуввуми Шарифбекро ба занӣ гирифтааст. Яъне хоҳарандари Зарифбеки шӯи Тахмина зани Меҳрубони какан аст. Яъне қудои қудои худи Пешвои миллат.

Меҳрубон писари ҳамсари дуввуми Исломиддин ва шавҳари хоҳари домоди Раҳмонов будааст. Вайро два в одном  «ду дар як» ҳам мегуфтаанд.

Аммо дар он ҷаласаи ҷамъбастии Тоҷикстандарт «гули сари сабад» хусури Исмоили пингвин  Саъдуллозода Исматулло Наим  директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон буд. Исломиддин ӯро чанд бор хезонду шинонду кашиду сар дод вале боз ҳам ҷуръат накард, ки бо вуҷуди ин ҳама камбуд ӯро аз вазфиа барканор кунад. Аммо Исломиддин дар маҷлиси калон директори вилояти Суғд Ғайбуллоро аз кор гирифту Ҳусейнро монд. Ҳусейни шикамбаро Қофлонбой иҷозаташ надод, ки дар курсӣ шинад. Се  бор раҳаш надод. Исломиддин, дид, ки нашуд аз Душанбе муовинро роҳӣ кард. Рафт «ура грифту ира да ҷош монд, омад». Қофлончик гоҳо зури ҳам мекунад ва иногда мегузарад вале ин дафъа нашуд чихеле.

 Онҷо ҷойи хуҷандӣ ва аз наздикони Қофлонбой буд, вайро гирифт. Акнун раиси Тоҷикстандарти вилояти Суғд Ҳусейни шикамба аз Данғара аст. Пештар раиси стандарти Истарвшан буд. Ин хешу табори оила аст. Ҳусейни ишкамба аввал таможний буд. Онҷо чи коре кард гирифтанаш баъд стандарт оварданд, стандарти  Истаравшан оварданд  ва ҳоло стандарти вилоят монданд.

Исломиддин ҷияни Амиршо Миралиро, ки мудири Управленияи навоҳии тобеи марказ буд ва дар Ваҳдат менишаст аз кор гирифт. Дар ҷойи он ҳам одами боварии худашро монд.

Исломиддин писари ҳамон Нуриддини тракторчии акаи Эмомалӣ Раҳмонов, аст ки чанд соли пеш мурд. Нуриддин дунома буд. Дар ҳуҷҷатҳо Хайриддин, аммо дар байни мардум Нуриддин.

 Исломиддин писари калони Хайриддин аст. Вай 42 сол дорад. Апрели соли 2024 раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон таъйин шуда буд. Қабл аз ин вазифа раиси ноҳияи Данғара буд, ки шаш сол дар ин вазифа кор кард. Моҳи майи соли 2025 директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо таъин шуд.

  Дар шарҳи ҳолаш навиштаанд, ки ӯ ҳуқуқдону менеҷер аст ва иқтисоди ҷаҳонро медонад. Қаблан дар Бонки Миллӣ ва «Ориёнбонк» кор кардааст. Аз 2015 то 2018 муовини раиси Бонки Давлатии «Амонатбонк» буд. Оиладор соҳиби чор фарзанд.

Аз рӯи баъзе гапҳо Раҳмон Исломиддини Хайриддинро амакаш Эмомалӣ Раҳмонов раиси Амонатбонк мемонад. Агар наравад аз моҳҳои баъд, хоки бизнесменҳоро бод медиҳад.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Ин ҳама воқеиятҳое, ки шумо дар ин шумораи «Семейка news» хондед, танҳо порае аз он чизест, ки дар паси пардаи мансабҳо мегузарад.
Имрӯз Тоҷикистон ба ҷое расидааст, ки мансаб дигар хизмат ба давлат нест-мансаб ба доля, ба тиҷорати оилавӣ ва ба тақсими сарват табдил шудааст.

Ба домодҳо ва ҷиянҳо нигоҳ кунед:
Яке сафир мешавад, дигаре соҳиби агентӣ, саввумӣ соҳиби кону бозор. Мансабҳо на аз рӯи дониш ва таҷриба, балки аз рӯи хешутабор тақсим мешаванд.

Ашраф Гулов-домоди ин низом.
Дар Туркия буд, муносибатҳои дипломатиро ба шармандагӣ бурд ва дар ниҳоят вуруди тоҷиконро ба Туркия бо виза бастанд.
Имрӯз дар Имороти Муттаҳидаи Араб нишастааст. Аммо фаъолияташ дипломатия нест-боз ҳамон фасод, боз ҳамон тиҷорати ношоиста, боз ҳамон расвоӣ.
Натиҷааш чӣ мешавад?
Пагоҳ барои тоҷикон Дубай ҳам мисли Туркия баста хоҳад шуд.

Исломиддин, ҷияни раҳбари давлат, дар Тоҷикстандарт нишастааст.
Ин ниҳод, ки бояд сифати молу маҳсулоти кишварро назорат кунад, имрӯз ба маркази фишор ба соҳибкорон ва манбаи пулкании оилавӣ табдил шудааст.
Чунонки Кумитаи зиддиинҳисориро ба инҳисори худ бурда буданд, имрӯз ҳамон сенария дар Тоҷикстандарт такрор мешавад.

Дар умум, як оила тамоми давлатро ба шабакаи шахсӣ табдил додааст. Аз конҳои тилло то бозорҳо, аз сафоратҳо то агентӣ-ҳама чиз дар мадори як доира мечархад.

Ин оила ба давлат чӣ дод?
Пешрафт? Не.
Адолат? Не.
Оянда? Не.

Танҳо фасод.
Танҳо ришват.
Танҳо тарс.

Ин чи ҳолат аст, ки миллат мебинад ва хомӯш мемонад?
Ин чи ҳолат аст, ки давлате,ки сохтораш ҷумҳурият аст мисли мерос байни хешутабор тақсим мешавад?
Ин чи ҳолат аст, ки ҳар рӯз сарвату обрӯи кишвар қурбони як доираи танг мегардад?

Саволи асосӣ имрӯз ҳамин аст:
То кай хомӯшӣ?
То кай тамошо?
То кай давлат моликияти шахсӣ мемонад?

Ҳақиқатро гуфтан ҷиноят нест.
Хомӯш мондан-шарик шудан аст.

Share This Article