Ҷашни матбуоти ноозод: «таваҷҷуҳи мардум ба «Ислоҳ» бештар аз нашрияҳои дохилӣ»

Ислоҳ нет

Имрӯз -11 март, рӯзноманигорони Тоҷикистон иди касбии худ, Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Ҷойи аввалу, ҷойи дуввуму ҷойи саввумро таъйину ташхис мекунанд, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон медоранд. Яъне кору амалеро, ки ҳар солу ҳамасол иҷро мекунанд. Аммо савол инҷост, ки аз ин сол то ба соли дигар матбуоти тоҷик ва рӯзноманигорони он рушду пешравӣ доштаанд, шумораи нашрияҳову радиои телевизион афзудааст, нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти кишвар тақвият ёфтааст, хуллас, журналистикаи тоҷик дар чи вазъу ҳолат қарор дорад?

Бо камоли таассуф наметавонам бигӯям, ки «бале, ҳама о,кей аст», журналистика ва журналистони тоҷик қишри бисёр ҳам бонуфуз ва муассири ҷомеи кишвар мебошанд, ҳарфу гуфтори онҳо шунида мешавад, нақши онҳо дар рафъу бартарафсозии навоқис ва камбуди ҷомеа хеле ҳам назаррас ва калон аст.

Шумо, худо шоҳид аст, аз онки аз деҳаҳои дурдаст, аз шаҳрҳои кишвар барои «Ислоҳ» номаҳо менависанд, шикоят ва арзу дод мекунанд, бовар кунед, хушҳолу хурсанд нестам. На, ин тавр, ки барои мо нанависанд, беҳтар аст, на, ин тавр нест. Бигзор барои мо бештару бештар бинависанд. Чунки ҳар як нома ва ҳар як арзу шикояти мардум, ки ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол меояд, тире аст ки ҷигари Раҳмонов ва дорудастаи вайро шикоф ва сӯрох мекунад. Онҳо, аз шиддати, аз як сӯ рашку ҳасодат, ки чаро мардум ба мо муроҷиат мекунад, дар оташ месӯзанд, аз тарафи дигар, аз бими онки ҳамарӯза шумори муроҷеъин ба мо дар ҳоли зиёдшавист, талхакаф мешаванд.

  Аммо, мо инҷо ҳамчун як ҳаракати иҷтимоӣ ва нерӯи сиёсӣ ҳузур ва зуҳур дорем. «Ислоҳ» ҳам, агарчи расона ва воситаи ахбори омма аст, вале миссия ва рисолати он бо як нашрия ва расонаи маъмулӣ тафовут дорад. Ана аз ҳамин манзар ва ана барои ҳамин гуфта истодаам, ки хушҳолу хурсанд нестам. Хушҳолу хурсанд нестам барои онки мардум ва ҷомеаи кишвар дар дохили мамлакат як нашрия ва як расонае наметавонад пайдо кунад, ки арзу шикояташро нашр кунад ва ба гӯши мақомот ва масъулин бирасонад. Барои ҳамин аст ки  ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунанд ва менависанд. Ва «Ислоҳ» танҳо ба расонае табдил шудааст, ки ҳамроҳи мардум ва дар канори мардум аст ва бо ифшову изҳори шикоёти мардум мақомот ва масъулинро водор мекунад, ки пайи шунуфту расидагии ин шикоятҳо бошанд. Ҳадафи ташкил ва роҳандозии барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҳам ҳамин ҳамроҳӣ бо мардум аст. Агарчи мо медонем, барои мардум навиштан ба «Ислоҳ» сахту гарон меафтад, рисолати матбуотро бар ӯҳда гирифтаем.

Дар ҳоле, ки ин ҳама шикоят, ки аксарияти мутлақи онҳо ҷанбаъи иҷтимоӣ  доранд боястӣ дар матбуоти дохили кишвар нашру чоп шаванд ва матбуоти кишвар ҳамгому ҳамроҳи ҷомеа бошад. Маъаласаф, ки ин тавр нест, балки журналистони тоҷик рӯзи иди касбиашонро дар вазъияте таҷлил мекунанд, ки ҷони зинда ва солим дар майдони матбуот дар Тоҷикистон намондааст.

  Ин режими нобакор ҳанӯз аз оғози фаъолияташ бо матбуот ва журналистика мушкил дошт ва бархӯрди хасмона ва хушунатомез мекард. Инҳо (ин «инҳо» ҳамин режим аст) омаданду журналистика дар Тоҷикистон мисли соири аркони ҷомеаи мардумсолор ва маданӣ маҳву нопадид гардид. Нашрияҳои озоде назири  “Сухан”,“Растохез”(Дунё),”Адолат”“Наҷот”“Чароғи рӯз”, “Минбари ислом” ”Ҳафтганҷ”,“Ҷоми ҷам,ки дар кишвар то омадан  «инҳо» фаъолият мекарданд аз байн рафтанд.

 Инҳо даҳҳо хабарнигорро куштанд, зиндонӣ ва  фирорӣ карданд ва ин корашон ва ин тарзи муносибаташон то ба имрӯз идома дорад, тағйир накардааст.

 Солҳои баъд журналистони тоҷик боз ҳам нашрияҳое ҳамчун  “Нерӯи Сухан”,”Оламу одам”ва“Рӯзи нав”  таъсису ташкил доданд. Дертар дар арсаи матбуот «Миллат», «Фараж» Нигоҳ”, ва  “Озодагон  қадам ниҳоданд. 

 Аммо «хиради азалӣ»-и  «пешвои миллат», пешвои худхонда (самозванетс») тобу таҳаммул накард ва  ҳамаро яксара қатъ намуд. Ва ҳоло даҳҳо тан аз хабарнигорони беҳтарини ин миллат дар дори ғурбат ва берун аз ватан ба сар мебаранд. Онҳо паноҳандаанд.

Ва чандин нафар аз журналистони тоҷик ба шумули Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов,  Хушом Ғулом,   Далери Имомалӣ,  Улфатхоним Мамадшоева ва ахиран Аҳмади Иброҳим аз 7у 10 то ба 20 сол зиндонӣ шудаанд. 

Бале, ҳар фарди огоҳ ва бедордили ҷомеаи Тоҷикистон аз муносибату муомилаи Раҳмонов бо матбуот воқиф аст ва медонад, ки ин режим бо онки бо дуздиву ғорати мардум машғул аст, ҳиҷ намехоҳад, ки хабаре аз он ба берун дарз кунад. Муносибати дастандаркорони бахши идеологии он бо «Ислоҳ» дар ин чанд соле, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият дорем борҳо тағйир кард. Аз ҳамон оғоз то ба имрӯз талош доранд, ки муассис ва роҳбари он, ман Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгир кунанд ва баранду зиндон кунанд. Аммо, як чизро бояд бидонанд, ки бо ҳатто ба ҳадаф расиданашон, ки ин шо Аллоҳ нахоҳанд расид, боз яке чун ман ва шояд даҳҳо ва садҳое чун ман вориди корзор мешаванд.

Дар ҳамин ду-се соли ахир фабрикаи ҷавоб бо усулу методҳои мутааддид талош кард, ки моро биуфтонад. Як вақт буд, ки солҳои 2022-2023 аз мақомоти ҷамоату ноҳияву шаҳру дигару дигар ба барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ворид шуда ҳамлаҳои густардаеро алайҳи мо шурӯъ карданд. Аммо яке кадом ақлакаш фаҳмонд, ки шумо ин корро накунед, чун бо дастони худатон онҳоро бузургу барҷаста карда истодаед ва ҳамзамон фабрикаи ҷавоб ҳам шабурӯз маводи бадномкунанда чоп мекард.

Яке буд, ки комилан хапу хомӯш шуданд. Гӯё дигар «Ислоҳ»-е вуҷуд надорад. Аммо боз ба ин натиҷа расиданд, ки на, набояд бепосух гузошт ва ҳоло аз соли гузашта ба ин тараф боз ҳам матолибу маводи бадномкунанда зидди «Ислоҳ» ва муассиси онро ҳамарӯза нашру пахш карда истодаанд.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дуздро то дузд нагӯӣ ва нашиносонӣ, номаълуму ноаён боқӣ мемонад. Ҳоло «Ислоҳ» аст ки ин дуздро пайваста мегӯяд, ин дурӯғро ифшо ва ошкор мекунад.

Аммо, боз ҳам мегӯям, ки матбуоти дохилӣ, нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз ифшову бозтоби камбудиҳои иҷтимоӣ, ки ба Раҳмонов ва оилаи вай муртабит нест, масалан ба домсоз марбут аст, масалан ба беморхона марбут аст, масалан ба мактаб марбут аст иҷтиноб наварзанд. Вагарна аз будани онҳо чи суд? Беш аз пеш хонанда ва майдони худро аз даст медиҳанд.  Нороҳатӣ, норозигӣ ва нигарониҳои мардумро бояд бигӯянд. Мо намегӯем ва исрор намеварзем, ки барои мисол Абдулло Роҳнамо, ки Раҳмоновро тавсиф карда метавонад чаро танқид карда наметавонад? Дар вақташ матбуот Қаҳҳор Маҳкамовро танқид мекард, Раҳмон Набиевро танқид мекард, чаро ҳоло фақат таъриф мекунад. Роҳнамо ҳозир сармуҳаррири нашрия аст. Бигзор танқид ҳам кунад.

  Масалан мушкили мусофирбарӣ дар Душанберо магар гуфтан мамнӯъ аст. Мо мавзӯъҳои табу барои матбуоти тоҷикро медонем. Бигзор онро дар ихтиёри мо гузоред.

Мо, аз фашҳу фаҳшои духтарҳояш ҳам мегӯем аз домодҳояш ҳам мегӯем аз Муҳибулло номард бошаму зинда бошам, аз Ҳасани ишкамбаи дузд, аз Шмсулло, аз Зоири наркобарон, хуллас аз онҳо мегӯем ва гуфтанро идома медиҳем. Аммо шумо маслан аз КЖКП, аз хадамоти таксӣ, аз бебарқӣ, аз партову, аз пулгирӣ дар бемористону мактабҳо гӯед, чи мешавад?

Бори дигар гӯшрас мекунам, ки фикр накунед, ки ман хурсанд ё қонеъам, ки аз як ноҳияи дур менависанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин санову сипос мекунанд, ки «як шумо ҳастед». Ин «як шумо» танҳогии ман фоҷиа аст, ин мусибат аст. Набояд як ману Ислоҳ бошем. Бояд бисёр бошем.

Сукут ва тарсуии мо моро ана ҳамин тавр маҳдуд ва кам кард. Матбуот ба як ҳисобу ба як назар миёнарав миёни ҳукумат ва ҷомеа аст. Ҷомеа ва афкори иҷтимоӣ пуштивона ва тавону иқтидори матбуот аст. Ҳарчи қадар, ки сокит бошем, ҳар чи қадар ки дар мавқеъи Абдулло Роҳнамо биистем болои мо зӯр ва қулдур мешаванд. Набояд гӯшамонро кар, чашмамонро кӯр кунем. Бояд бигӯем. Матбуот бояд бигӯяд

 Барои ҳатто ҳамин ҳукумати қулдури иқтидоргаро агар нашрия муҳим ва зарур набуд масҷидро маҷбур намекард, ки обуна бишавад.

Дуруст аст ки матбуотро чашми дидан надорад, аммо матбуотеро, ки Абдулло Роҳнамо бошад истиқбол мекунанд

Шумо, журналистони муҳтарами тоҷик бо нашру дарҷ ва инъикоси масоилу мушкилоти мардум дигарбора ҷойгоҳи аздастрафтаи матбуоти тоҷикро барқарор мекунед.

Бубинед, як нафар, ки барои мо менависад, огоҳ аст ки навиштан барои мо барояш хатарнок аст, аммо хатарро ба ҷон мехарад ва менависад? Чаро? Чунки матбуотро беҳуда ҳокимияти чаҳорум намегӯянд. Он нафар ҳамаҷо рафт, аммо мақсудаш ҳосил нашуд ва омад пеши матбуот.

Оё ҳамин имрӯз дорем ҳамин гуна нашрия ва расона, ки як нафар аз пулгирии кормандони зиндон, аз шароити бади зиндон бинависад, чоп кунад? Инҷо на номи Эмомалӣ, на Азизмо, на Рустам, на Озода, на Рухшона ва на Ҳасану Зоиру дигару дигараш нест, ку? Шумо чоп намекунед ва он нафар ночору ноилоҷ ба «Ислоҳ» муроҷиат мекунад. Мо дидем ва санҷидем, ки бо вуҷуди онки моро хоин мехонанду Ислоҳро ифротгаро аммо ба навиштаҳои мардум дар сомонаи мо вокуниш мекунанд, расидагӣ мекунанд.

Ростӣ, мо даҳҳову садҳо хабару маълумотҳоро фақат ба хотири онки ба нависанда зарар мерасад, чоп намекунем ва гоҳе дигар ба воқеияти онҳо машкук мешавем ва мутаассифона имкони санҷидани онҳоро на ҳама вақт дорем. Аммо шумо, ки «хоин» нестед, бо шумо ҳамкорӣ «ҷиноят» ҳисоб намешавад, чаро мунташир намекунед?

 Ҳамин чанд рӯзи пеш ду хабар дар оҷонсии Ховар хондам. Ва дар тааҷҷуб афтодам.

Якеаш он буд, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як конфаронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» доир шудааст ва дар хабар омадааст, ки «Зимни конфронс иброз гардид, ки матбуот яке аз рукнҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мегузорад.

Дар хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ омадааст, ки Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) таҳти унвони «Рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ» конференсия баргузор гардид: «Матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотӣ марҳила ба марҳила аҳамияти бештар касб намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа табдил ёфтааст».

Дар хабари аввал Ховар зикр шудааст, ки  «Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми босазо мегузоранд».

Аммо ҳанӯз ду соли қабл маълум шуда буд, ки ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст. Гуфта мешавад, ки адади матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Хуб, дар соли гузашта ҳам ин шумора боз ҳам коҳиш ёфт. Чаро? Чунки матбуоти даврии Тоҷикистон беш аз гузашта  камҷону камқудрат мешавад, балки ба ҷисми беҷон дорад табдил меёбад.

Ҳамин нишастҳои матбуотии ахири мақомотро як бор назар афканед, ки мақомот бо журналистон чи гуна муносибат карданд. Масалан вазир ба журналист мегӯяд, ки ту як савол додӣ бас ва ё мегӯяд, ки инро аз ман напурс.

Агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, барои журналистикаи тоҷик  мешавад марсия бихонд. Набояд гузошт, ки барои мо марсия бинависанд. 

Ман мехоҳам, ки ранги «Ислоҳ» даҳҳову садҳо расона амал кунад, ки ҳамроҳу ҳамгоми мардум бошад ва аз ин ҳарфҳо, ки «танҳо шумо мондаед, шуморо ҳамчун умеди охирин ҳисоб кардем», набошад беҳтар аст.

P.S.
Миёни матбуоти тоҷик имрӯз таъсири «Ислоҳ» хеле бузург аст. Инро ҳам хонандагон мебинанд ва ҳам худи мақомот эҳсос мекунанд. Ҳар матлабе, ҳар номае, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дар ҷомеа садо медиҳад ва ҳатто онҳое, ки моро танқид мекунанд, маҷбуранд онро бихонанд ва пайгирӣ кунанд.

Аммо мо ростӣ як орзу дорем: мехоҳем «Ислоҳ» дар дохили кишвар амал кунад, на дар хориҷ. Ҷойи табиии як расона ва як минбари озод дар миёни ҷомеаи худ аст, дар дохили кишвар, дар паҳлуи мардум.

Хабарнигор бояд озод бошад, на зиндонӣ. Вақте даҳҳо журналист зиндонӣ ва боқӣ дар муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор доранд матбуот чигуна бояд рушд кунад?

Вале то замоне ки низоми ҳозира вуҷуд дорад ва матбуот озод нест, чунин имконият фароҳам намешавад. Барои он ки матбуоти тоҷик воқеан озод бошад ва расонаҳо дар дохили кишвар озодона фаъолият кунанд, пеш аз ҳама бояд ин низом ва сиёсатҳое, ки матбуотро хомӯш кардаанду дар хафақон қарорашон додаанд, тағйир ёбанд.

Он гоҳ на танҳо «Ислоҳ», балки даҳҳо ва садҳо расонаҳои озод метавонанд дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва матбуоти тоҷик дубора ҷойгоҳи ҳақиқии худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Share This Article