Ин бор аз Душанбе, Волгоград ва як нома аз ноҳияи Андархони Узбекистон номаҳо дорем.
Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи бозори калонтарини Тоҷикистон Корвон ва раиси он Нуршед Машрабов навиштааст. Муаллиф аз тахриби манзилҳояш тавассути раиси бозори Корвон ба шиддат интиқод карда ва ӯро ба адлу инсоф даъват намудааст.
Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ин бор дар бораи Душанбе сити як матлаберо интихоб ва бо шарҳу тафсири худаш фиристодааст.
Як нафар аз муштариҳои мо аз Андархони Узбакистон аз фаъолияти ниҳоди гумруки Тоҷикистон ва мушаххасан аз як корманди он шикоят кардааст, ки то дар ҷайби худ пул наситонад, иҷозаи ворид кардани колоро намедиҳад.
Душанбе
Салому дуруд ба тими Ислоҳ ва Ислоҳотхоҳон. Ман ба тими Ислоҳ ду нома аз бозори Корвон, қишлоқи Крупскаяи Автосентр фтотстода будам ба номи Нуршеди писари Хол Машраб, раиси бозори Корвон. Ман дар Автосентр, қишлоқи Крупская хона доштам. Ду сол пеш омаданд хонаҳои моро хезониданд ва сари квадрат хона ваъда ва таъин карданд. Аммо мо розӣ набудем. Баъд ман нома ба «Ислоҳ» фиристодам. Нома дар «Ислоҳ» чоп шуд. Он вақт Нуршед дар Ҳиндустон буд. Модарашро ба табобат бурда буд. Баъдан аз Ҳиндустон омад ва ба ҳамаи одмҳое, ки хонаҳояшонро хезониданд хонаҳои хуб дод. Ба ҳама аз ду то 12 хона ҳам дод. Ана ин хонаҳо, ки айни ҳол мо зиндагӣ дорем.
Раҳмати Аллоҳ ба тими «Ислоҳ».
Кадом одаме, ки дар хонааш склад дошт сари квадрат 3500 сомонӣ дод, кадоме мағоза дошт, пули мағозаро дод. Ҳоло мо дар ин домҳо зиндгӣ дорем.
Худо аз шумо розӣ бошад тими «Ислоҳ». Ин номаи шукргузории мо ба «Ислоҳ» буд.
Акнун боз шикояти навбатӣ аз Нуршед. Аз поёни бозори Корвон, аз назди масҷиди домулло Муҳаммаднабӣ, худо раҳматаш кунад.
Мо сокинони қишлоқи Крупская аз Нуршед мехоҳем, ки мисли саршавии Автосентр одамҳоро хона додӣ ба мо ҳам хона деҳ.
Мо сокинони қишлоқи Крупская аз домсози ту норозӣ ҳастем. Ҳозир аз қисмати поёни Корвон хона сохта истодааст. Мо розӣ нестем. Мо магазин дорем, столовя дорем, склад дорем. Ин магазинҳо, столовийҳо, складҳо ҳазорҳо ҳазор оиларо мехуронад. Аммо ту барои бизнеси бозорат моро аз хонаҳоямон, аз ризқу рӯзиямон монда истодаӣ.
Боз мегӯӣ, ки «ман аз тарси Худо ба шумо ҳаминқадарӣ хона дода истодаам. Аз Худо метарсам, барои ҳамин, вагарна ягонтоатро хона намедиҳам. Гуфтӣ, ки ман аз қишлоқи Крупская нафрат дорам, ки хокашро мебезам». Нуршед, ин қишлоқ ба ту чи бадӣ кардааст? Ин қишлоқи Крупская падари раҳматии туро нону об дод. Падари ту ба мақомаш расид, раис шуд, аз дасти кӣ? Аз дасти ана ҳамин
мардуми Крупская.
Падарат нону намаки ин қишлоқро хӯрд. Падарат шахси мард буд, мисли ту тарсончак набуд. Шахсан мо чанд нафар ба назди Хол Машраб рафтем сӣ нафар ва гуфтем раис ба мо замин лозим. Гуфт гап нест ва пурсид, ки чи қадар. Гуфтем 2 гектар. Падарат он қадар мард буд, ки гуфт ду тонна сӯзишворӣ биёред-солярка. Дар заминҳои поён кишту кор карда истодаем. Ду тонна солярка овардем, раҳматии Хол Машраб ду гектар замин дод.
Нуршед падарат мард буд. Мисли ту ҳариси молу пул, ранги Қорун набуд. Ту бо ин домҳоят чандин хонаро вайрон мекунӣ. Онҳо норозиянд. Оҳи дилу дуъои мардуми мазлум мегирад. Як занро хонааш дар ҳашт сотих буд, як сехонаӣ додӣ. Аммо Ҷалолиддин Назаров муллоимоми қишлоқро як хонаи сагӣ дошт дар хонааш склад дошт аз ин зани одӣ бисёртар додӣ. Муллои қишлоқ Ҷалолиддин Назаровро 600 квадрат хона додӣ. Куҷост адолат Нуршед? Мисли падарат мард бошӣ, то аз пушти ту ҳам мардум ҳарфи хуб зананд ва ба некӣ ёдат кунанд.
Нуршед, ту медонӣ падаратро Раҳмонов занг зад. Баъди занги телефони Раҳмонов падарат дар дачаи Дарёбодатон давлений зад. Фаромуш кардӣ, ки Раҳмонов сари падаратро хӯрд, Рустам сари туро мехурад, аз пушти бозорат, аз пушти домсозиат. Мардум ҳаргиз золимро намебахшад. Ин режим ҳатман сарнагун мешавад, лекин туро намебахшем, дониста гир.
Нуршед мисли саршавии Корвон, Автосентр чи хеле мардуми болоро пули складҳо, пули магазинҳо ва пули столовийҳояшонро додӣ, хонаҳои хуб додӣ, ки аз ин навъи муомила ва муносибат мардуми боло розӣ ҳастанд, моро ҳам пули магазин, склад, столовийҳоямонро мардона деҳ. Мард шав, кадоме розӣ нест, розӣ намо.
Замин моликияти давлат мегӯӣ. Суду прокурор равон мекунӣ.
Раҳмонови ҳаромӣ набуд, ки 90 сол пеш бобоҳои мо ин қишлоқро ташкил карданд.
Ман чаҳор писар дорам. Метавонам ҳамаашонро дар ин ҳашт сотих заминам зан бидиҳам, акнун хонаи маро мегирӣ ва ду сексия медиҳӣ. Ман дар ин ду сексия бо12 нафар чи хел зиндагӣ мекунам?
Ин писарҳоямро зан диҳам чаҳор хона лозим аст, ин ду хонаи туро дар сарам мезанам? Аз Қорун ҳам бойтар шудӣ, вале мард набудаӣ.
Гапро бисёр намекунам. Боз мегӯям, ки пули замин, магазинҳо, складҳо ва сталовийҳоро пурра бидеҳ.
Баъзе одамҳоро то чаҳорсад ҳазор доллар додӣ, одамҳои авторитетдоштаро дар бозор магазин додӣ. Аз Худо тарс Нуршед:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ман соли 2010 ҳамин хонаамро бо нархи 150 ҳзор доллар нафурӯхта ба миқдори 90 ҳазор доллар хона сохтам. Коттеҷ. Акнун Нуршед бизнес карда истодааст, дом ва магазин сохт истодааст, ба ивази маблағи ночиз моликияти маро мегирад. Дар замини ман дом месозаду бизнес-пул кор мекунад.
Моро мегӯяд, ки замин моликияти давлат аст. Ту дом бардошта истодаӣ барои бозори Корвонат. Агар замин моликияти давлат аст, магар бозори ту моликияти давлат аст?
Нуршед ин режим сарнагун мешавад, вале ту бо авлодат бо ин мардум мемонӣ, баъд, он гоҳ мебинӣ ин мардум авлодатро, ин бозорро чи кор мекунанд
Бародар Муҳаммадиқбо! Ин сеюмин номаи ман ба «Ислоҳ» мебошд. Дутои пешинашро чоп кардед. Номи сеюмамро низ хоҳиш мекунам чоп кунед.
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ин бор аз сомонаи нашрия як мақолаеро дар бораи фаъолияти бонки Душанбе-сити барои барномаи навбатии «Номҳо аз ноҳияҳо» гирифтам.
Фаъолияти ин бонк на як бору ду бор аст ки боиси нороҳатӣ ва хашму ғазаби муштриёнаш мешавад. Ман аз расонаҳо, аз ҷумла аз «Ислоҳ» нет дар бораи ин бонк хонда будам, ки Иттиҳоди Аврупо онро дар қатори ду бонки Спитаменбонк ва Коммерсбонк таҳти санксия қарор дод.
Аммо масъулони Душанбе-сити гуфта буданд, ки ин бонк дар амалиётҳои дохиликишврӣ ягон мушкил надорад ва муштариҳо метавонанд бемалол тавассути он доду гирифт намоянд. Аммо ин мақолаи СССР нишон медиҳад, ки фаъолияти Душанбе сити он тавре, ки роҳбарияташ мегӯяд нест ва барои мардум проблемаҳо сохтааст. Мақолаи мазкур таҳти унвони «Мавҷи шикоятҳо аз Душанбе сити» чоп шуда ва ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад:
« Мавҷи шикоятҳо аз «Dushanbe Citу»
Чанд рӯз пеш дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук сардабири газетаи мардумии СССР «посте» монданд, ки то ҳол аз ҷониби истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо бардоштан дорад ва аз ин маълум мешавад, ки «Dushanbe City Bank» ба хотири рафъи камбудиҳо ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз болои худ кор намекунад.
«Ин бонк роҳбару танзимгаре дошта бошад, ки ба доди мардум бирасад? Имрӯзҳо мардуми зиёде аз бесалоҳиятии ДС дар вазъи ногувор мондаанд. Пардохти маблағи хидматрасониҳо мисли парковка, сӯзишвории нафту барқӣ, хариду фурӯш, ки бо ин бонк анҷом мепазиранд, ба ҷои осону сабук шудан, баръакс, душвор шудааст. Барои мисол 3 сомонӣ пули истгоҳ ё парковкаро медиҳеду намегузарад ва бо айби бонки мазкур 78 сомонӣ ҷарима медиҳед. Пул мегузаронед, намегузарад, 2-3 бор кӯшиш мекунед ва яку якбора 3 бор пулатонро кашида мефиристад. Дар асри 21 чунин хизматрасониро ягон давлати дигар ёд надорад! Ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии дигар хеле баду батар аст, ки беҳтар на! Бонки миллии Тоҷикистон ё ин бонкро зери назорат бигирад ва ё хизматрасониҳояшро маҳдуду масдуд ва ҳатто қатъ фармояд. Мардумро озор надиҳед, бонкирҳо!!!,- чунин омадааст дар ин пост.
Баъд аз паҳн шудан ин нигошта-пост ҳаводорони сомонаҳои иҷтимоиро ба шӯр оварду онҳо аз гум шудани маблағҳои ҳамёни худ аз ин бонк гиламандӣ намуда, фикру андешаҳои худро нисбати мушкилиҳои бонк баён карданд. Чаро “Душанбе Сити” нисбати муштариёни худ бепарвоӣ, бетарафӣ намуда, нисбати рабуда шудани маблағҳои кортии одамон чораҷуӣ кардан намехоҳанд? Мо дар зер андешаҳои чанде аз ҷабрдидагони “Душанбе Сити” – ро меорем, ки воқеъан онҳо аз тарафи ин бонк ҷабр дидаанд.
Абдулқодир Талбаков, яке аз рӯзноманигорони шинохтаест, ки мутаассифона маблағи ӯро низ ситонидаанд.
Сайёра Маҳмадова мегӯяд, ки дирӯз маблағи роҳкирои таксиро бо воситаи корти “Душанбе Сити” пардохт кардам, аммо дар асл ба ронанда маблағ нагузаштааст. То ҳол умуман ин бонк кор накарда истодааст, акнун намедонам, ки маблағи таксист куҷо шуд. Ҳоло вай таксист фикр мекунад, ки ман ягон дузди гузаро, фиребгаре ҳастам, ки дар моҳи мубораки Рамазон ӯро фиреб додаам. Ба ҳамин монанд огоҳномаи пардохти ҳақи хизматрасонии барқ омадааст, ки намедонем, чӣ тавр пардохт кунем. Ба қавле тарсон шудем. Хулоса, 1 бенизомӣ ва беэҳтиромии маҳз аз тарафи бонки мазкур нисбати мардум!
Саъдӣ Маҳдӣ низ бобати ин мушкил гуфт, ки аз ҷабри “Душанбе Сити” гирифторему намедонем, ки ба куҷо муроҷиат кунем?
Муҳаммадалӣ Мақсадулло, журналисти саршинос ба доми “Душанбе Сити” гирифтор шудаву шарҳ гузоштааст, ки «Ман маблағи барқро ба суратҳисоб гузарондам, 2 рӯз мешавад, иттилооте намерасад, пули ман аз картаам ғайб заду куҷо гуму нест шуда рафт???»
Нуралӣ Шоев бошад, иброз намуд, ки субҳи дирӯз барои таъмири мошин ба корти усто 1000 сомонӣ гузаронидам. Аз суратҳисоби ман пул гирифта шуд, вале то ба ҳол ба корти усто нарасидааст. Ҳуҷҷатҳои мошин дар дасти усто мондаанд. Имрӯз писарам барои ташхиси хун ба маркази тиббие рафта, ҳақашонро аз корти «Душанбе Сити» 3 маротиба гузаронд, пул аз корташ гирифта шуд, аммо ба суратҳисоби маркази тиббӣ нарасидааст.
Аҳмадхуҷа Давлатов мегӯяд, ба фикрам, 1 сол пеш ё зиёдтар буд, 1 зани миёнасол чанд банкомати ДС меравад, ки пул надоранд. Аз асабонияти зиёд охирон банкоматро ба санг зада мешиканад. Мана, мардумро ба чӣ аҳволе овардаанд!!!
Фаромузи Фирӯз:
-220 сомонӣ аз картаам дуздиданду ягон кас ба додам намерасад. Ба ширкати «Душанбе Сити» занг мезанем, телефонашон кор намекунад!
Нисо Тимурова пешниҳод кардааст, ки Бонки Милли Тоҷикистонро зарур аст, ки барои уҳдадорияшро иҷро накардани «Душанбе Сити» дар назди мизоҷонаш, иҷозатномаи додаашро бозпас гирад.
Ҳамза Т. дар бораи рабуда шудани корти «Душанбе Сити» ибрози назар карда, гуфтааст, ки «Ҳамин бонки «Душанбе Сити» бо Мегафон амакбача бошанд?»
Фозилҷон Бозоров бобати ин мавзӯъ рӯшанӣ андохта, шикоят кардааст, ки барои телефон тариқи «Душанбе Сити» пул гузаронидам. Даракаш нест!!!»
Муҳаммадвалӣ Орзуев, ғижжакнавози моҳир мегӯяд, ки «Ин бонк ягон соҳибдарак дорад ё не? Ба «Душанбе Сити» умуман пул гузаронида намешавад…»
Фаррухруз Шарифов пешниҳод кардааст, ки – Барои гум нашудани пулҳоятону дар ҷойи амн будани ҳамёнҳо ҳатман ба бонки мардумии Амонатбонк гузаред, бе ягон мамоният кор карда истодааст. Хубиаш дар он аст, ки кафолаташро 100 фоиз Ҳукумат медиҳад.
Дилшод Саидзода низ андешаи худро баён карда мегӯяд: «Гуфтаи роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки набудани связ ин зиёд шудани муштариҳои алоқаҳои мобилист, шояд дар ин бонки DS мушкил ҳамин бошад?».
Нуралӣ Саидов қайд кардааст, ки «Душанбе Сити» аз дигар бонкҳо дида, тезтар пулро мегузаронд, қулай буд. Чӣ бало зада бошад, ки бонк ин қадар бемасъулият гаштааст?
Рустами Абдуллоҳ гуфт, ки «Аз инаш ба онаш, аз онаш ба инаш ҳавола кардан қатӣ масъала ҳал шуда наметавонад!!! Масъулони «Душанбе Сити» ҳатман шарм надошта барои худ баҳонае пешниҳод мекунанд»
Пули худатро бо азобе мегирӣ…
Чаро масъулоне, ки ба ин корхона вобаста ҳастанд, масъулиятро ҳис намекунанд? Ман шахсан худам чандин маротиба бо воситаи корти «Душанбе Сити» ба дигар кас пул интиқол кардам, бебарор. 1 бор вақти гузаронидан пули кортам нагузашту 2 юм бор аз сари нав пешпардохт кардаму 2 баробар пулам аз корт кам шуд. Ҳоло ин 1 масъала, мушкили дигар ин аст, ки телефонам дар дасти худаму аз корти «Душанбе Сити» ба ягон кас пул нагузаронидам, вале худ ба худ шумораи пулҳоям кам шуд. Худи ҳамон рӯз ба ин бонк занг задам, муддати ним соат мунтазир шудам, ки оператори «Душанбе Сити» телефонамро бардошт. Ҳанӯз суханамро нагуфта, якбора телефон қатъ гардид. Чанд маротибаи дигар ба бонк бо рақамҳои сомонаи Телеграмми бонк муроҷиат кардам, бе натиҷа. Сабаби ғайбзании пуламро дар сомонаи Телеграмми бонки Душанбе Сити навиштам посухашон чунин буд: Ба бонки «Душанбе Сити» Соҳилӣ, яъне офиси асосӣ равед!
Рафтам ва баъди саргардониҳои зиёд, ки намедонистам, аз кӣ қарзи роҳкиро гирам, пуламро доданд. Пули худамро бо 1 азобу азият гирифтам ва мисли ман ун ҷо мардум фавҷ-фавҷ навбат мепоист…
Магар чунин муносибат зидди супориши роҳбарияти давлат мавриди гузаштан ба пардохти ғайринақдии маблағ, ба ибораи дигар алорағми сиёсати пешгирифта дар кишвар нест?
Омиронаи Сайёф, СССР»
Шикояти муштариёни Душанбе сити ва нашри ин матлаб дар ҳоле аст, ки бинобар маълумоти чопшуда дар нашрияҳо Душанбе сити феълан аз мумтозтарин бонкҳои кишвар ба ҳисоб мерафтааст. Ин бонк тибқи ин маълумотҳо дар соли гузашта дар муқоиса бо дигар бонкҳо ҳам даромди беҳтар ва ҳам муштариҳои зиёд доштааст.
Аммо чуноне аз ин мақолаи СССР бармеояд дар асл ин тавр нест ва кори Душанбе сити ба ҳарду по мелангад.
Ба эҳтимоли зиёд сабаби «пешравӣ»-и ин бонк ва тасвири мусбати он ин аст ки ин бонк ба Авестогрупп тааллуқ дорад ва Авестогруппро чуноне мову шумо медонем бародарон Мирзоевҳо, мечархонанд. Роҳбари асосӣ ва дар пушти пардаи он Рустами Эмомалӣ аст.
Аммо СССР ҳам, ки ин фактро медонад, роҳбари асосии он Рустами Эмомалиро натавонистааст дар ин мақола интиқод кунад, ки аз уҳдаи идора ва назорати бонк набаромада истодаст. Он нафарҳое, ки дар ин мақолаи СССР ҳам роҷеъ ба фаъолияти Душанбе-сити изҳори нигаронӣ кардаанд, ҳамин тавр дар мавриди соҳиби асосӣӣ ин бонк чизе нагуфтаанд.
Андархон
Ассалому алейкум бародар Муҳамадиқболи Садриддин! Ман ба шумо аз шаҳри Андархони Ҷумҳурии Узбекистон менависам. Пештар ҳам ман ба шумо нома навишта будам, ки дар шумораи 334- «Номаҳо..» нашр кардед. Аммо баъди нашри он номаи ман ягон дигаргунӣ нашуд.
Куратори прокуратура дар самти таможний нав шудааст ва доляро баланд кард гуфта кормандони таможний борҳоро якчанд рӯз тамоман намонданд, ки гузаранд. Баъдтар ставкаҳояшонро баланд карданд ва борҳоро монданд, ки гузаранд.
Рӯзи 15 март худи куратори прокуратураи вилоят бо номи Манучеҳр ба шаҳри Исфара омада дар ҳудуди деҳаи Зархоки шаҳри Исфара панҷ мошини бордорро дошта ғам додааст ва пул гирифтааст.
Президенти Тоҷикистон дар минбари баланд аз пешгирии молҳои қочоқӣ мегуяду лекин ягон намояндаи мақомоти прокуратура, коррупсия, амният, таможний ва милисаҳо ба гапи ӯ гуш намекунанд.
Пешвои миллат мегуянд, лекин пешвои миллат не пасвои миллат мебошӣ. Ҷавонон ояндаи мо мегӯӣ. Пас, ба ҷавонон роҳ деҳ. Нафақа баромада дам гир. Ту акнун пир шудаӣ. Касе ба гапи ту гӯш намекунад. Агар туро ҳамчун пешво медонистанд, гапҳои туро ба як пули пучак намефурӯхтанд. Туро ҳамчун як замбар ахлот донистанд.
Муроҷиати ман ба президенти Тоҷикистон
Агар ту пешво бошӣ, хизматчиҳои давлататро назорат кун. Мисли Манучеҳру Исмоил назди гузаргоҳҳо мисли гадоҳо омада наистанд ва вазифаҳои худро ирҷо кунанд. Агар зурат ба онҳо нарасад чаро сарвари давлатӣ. Ба гуфтаи худат мегӯям, ки «наметонӣ курсира холӣ кун».
Бародар ман аз натиҷаи номаи навбатиам боз ба шумо менависам.
Ман видеоҳои чи гуна дар роҳ боздошт намудани борҳоро аз тарафи Манучеҳр мефиристам. Илтимос дар барнома онҳоро ҷой диҳед.
