Номаи маро алоҳида нашр кунед №52
Талош барои таҳти контрол даровардан, зери таъсири сиёсатҳои режими ин диктотури касиф қарор додани садҳо ҳазор муҳоҷир, балки миллионҳо муҳоҷир дар Русия, ки онҳо ҳам электорат, ҳам спонсор ва ҳам омили амниятиву суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошанд, солҳост, ки идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Русия эълон карда буд, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол (соли 2025) 400 нафари таҳти ҷустуҷӯро дар ҳудуи Федератсиюни Русия боздошт кардааст.
Ин омор дар ҷаласаи муштараки Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар Душанбе садо дода буд. Ҳоло қарор аст ки намояндагиҳои вазорати дохилии Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Русия ба кор пардозанд. Ин нома, ки аз Вилояти Краснодар аз як мӯсафеди ба гуфтаи мардум «бобои ҳоҷӣ» омадааст, хеле чизҳоро маҳз дар ҳамин масъалаи буду боши муҳоҷирон дар Русия ифшо ва ошкор кардааст. Аз ҷумла зиёд кардани шумори бузҳо, ки байни муҳоҷирон мегарданд ва хабарчинӣ мекунанд. Ин бузҳо манобеъи ҳамин намояндагиҳои вазорати дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратии Тоҷикистон мебошанд:
Краснодар
Талоши режим барои контрол кардани муҳоҷирон
Ё
«Краснодар зери сояи бузҳо»: киҳо муҳоҷирони тоҷикро мефурӯшанд?
Ба номи Аллоҳи бузург. Нома аз шаҳри Краснодари Русия.
Солҳои пеш дар Краснодар бародарони муқим ва муҳоҷири ванҷӣ дар ин шаҳр созмони иҷтимоиеро бо номи «Сомониён» ташкил карданд. Ин мардум воқиан ҳам бо ин ташкилоти худ мардуми тоҷикро даври ҳам ва сарҷамъ намуданд. Ва дар ин диаспора тоҷикони ҳама минтақаҳо ҷазбу ҷалб ва шомил шуда буданд: аз Кулоб, аз Ванҷ, аз Ваҳдат, аз Ҳисор, аз Душанбе, аз Хуҷанд, аз Исфара, хуллас аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буданд ва ҳузур доштанд ва хело диаспораи хуб ҳам шуда буд. Тоҷикон сарҷамъ буданд, маргу мурда мешуд, дере нагузашта даври ҳам омада тобути майитро саривақт ба ватан равон мекарданд, ягон тӯю хурсандӣ ҳам мешуд ҳамин тавр бо ҳам баргузор менамуданд, маҳфилҳои фарҳангиву иҷтимоии хуб ҳам мегузарониданд.
Аммо барои ҳукумати Раҳмонови фурӯмоя мисли имрӯза кор намекарданд. Ҳамаро бузӣ карда ба ватан бурда истодаанд.
Чӣ гуна диаспора аз байн рафт?
Як вақт буд, ки дар инҷо байни ванҷихо ва помириҳо муноқиша барпо шуд ва помириҳо ғолиб омаданд ва диаспораи Сомониёнро аз байн бурданд ва ташкил шуд консулгарӣ дар Краснодар бо сардории Нағзибек Нағзибеков, бо лақаби Назар.
Нағзибек Нағзибеков кист?
Нағзибеков аз солҳои 90 ба Русия омада кору фаъолият мекард. Як жигулии нол- 11 дошт. Баъдан наворҳо пахш шуд дар Ютуб, ки Нағзибек Нағзибеков ба қочоқи маводи мухадир даст зада аст ва дороиаш аз маводи мухадир мебошад. Инҳо аз Тоҷикистон ҷавонҳоро ба Краснодар оварда кор фармуданд. Беш аз 200 нафарро кор фармуданд, аммо пули онҳоро надоданд. Мисли ғулом ин муҳоҷиронро кор фармуданд ва як шатагӣ ба дари кунашон заданду гуфтанд чаҳор тарафатон қибла.
(Ин аксҳои Нағзибек Нағзибеков бо лақаби Назар мебошад. Бародари ин бузро шинохтӣ, ҳозир посол ё корманди посоли Тоҷикистон дар Германия аст)
Нағзибек Нағзибеков зани куриёӣ (кореянка) дорад. Писараш дар мақомоти қудратии Русия, дар СК-Следственний комитет, кор мекунад, ки раисаш А.Бастрикин, яке аз роҳбарони муҳоҷирситези ашаддӣ мебошад. Худи Нағзибек Нағзибеков бо тамоми мақомоти амниятиву интизомии Русия робита дорад ва ҳамкорӣ мекунад. Беҳад бузи орангутан аст, «буза бераҳми бераҳмуш»
Консулиро бо 10 ҳазор доллар харид
Нағзибек Нағзибеков дар байни муҳоҷирон бо номи Назар маъруф аст. Дар Тоҷикистон пушту паноҳ-кришааш як генерал аст. Ин генерал ӯро бо Рамазон Раҳимзода,вазири корҳои дохилӣ шинос мекунад ва Нағзибек Нағзибеков бар ивази даҳ ҳазор доллар мансаби консулиро мехарад. Ва, ҳамин тавр Назар ё Нағзибек Нағзибеков бузи расмии Рамазон Раҳимзода дар Краснодар мешавад ва то ин дам дар ҳамин нақш хизмат карда истодааст.
Дар ҳақиқат «буза бераҳмуш» аст.
Тамоми мақомдорҳои тоҷик, генералҳо, ки ба Краснодар меоянд Назар ё Нағзибек Нағзибеков пешвоз мегирад ва ҳатман дар хизмати онҳо камар мебандад.
Ба наздикӣ генерал Бузмаков-Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири дохилии Тоҷикистон омада буд. Инҷо истоду чанд рӯз истироҳат кард, бо бачаҳо вохурд ва баъдан ба Германия рафт.
Бародар Муҳаммадиқбол, мутаассифона дар солҳои охир дар Краснодар бузҳо бисёр шудааст. Рости гап ман намефаҳмам, ки инҳо чаро ба хбаркашиву бузӣ машғул мешаванд?
Аз Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ бузичаҳояшро ба Краснодар равон кард ва ҳоло онҳо дар Краснодар «кору фаъолият» доранд. Худованд дар тори сари инҳо бизанад, рӯзашон сиёҳу тира бишавад, ки бар зарар ва зиди муҳоҷирони одиву ба кору зиндагии худ банду машғуланду бо азобу машаққат пул ба даст меоваранд «кор» мекунанд.
Назорати муҳоҷирон тавассути бизнес
Як мисоли одӣ ва воқеъӣ меоварам. Инҷо дар Краснодар бачаҳои Хуҷанд точкаҳои шаурма доштанд, зиндагиашонро оромона мечархонданд. Ин бузҳои бераҳм онҳоро якнима карда бизнесашон, балки кори дасташонро гирифтанд. Акнун бузҳои Рамазон Раҳимзода дар Краснодар бизнес ва пул кор мекунанд ва муҳоҷиронро таҳти назорат мегиранд.
Дар масҷид ҳам навор мегиранд
Ба ҳадде номарду касиф ва чоплусу хушомадгӯянд, ки қатори мардум ба масҷидҳо рафта бо ҳамроҳи муҳоҷирон намоз мехонанд аммо муҳоҷирони тоҷикро хапу дам ба навор мегиранд. Худо лаънататон кунад, шумо аз ин чи фоида мегиред. Дунёятонро сӯзондед, аз охирататон андеша намекунед, шумо ба тоату ибодати як бандаи Худо чи кор доред? Раҳмонов дар Тоҷикистон барои масҷид ва намоз рӯзамон намедиҳад, аммо шумо ҳам дар инҷо барои дастгирву хушомадгӯйӣ вай намозхонҳоро фурӯхта истодаед.
Мирзоалӣ Раҷабов кист?
Яке аз ин шахсон Мирзоалӣ Раҷабов мебошад, бузи Рамазон Раҳимзода аст. Ҷавонҳоро аз Краснодар ба Тоҷикистон бурда ба МВД месупорад «буза бераҳмуш».
Ба наздикӣ ҳама бузҳои Краснодар ба Тоҷикистон рафтанд ва бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ вохурӣ карданд. Ҳатман боз барои оянда дастуру супоришҳо гирифтанду бар гаштанд.
Ҳоҷӣ Мирзоалӣ бас кун бузиатро. Ҳамон бизнесе карда истодаӣ-аз Краснодар ба Тоҷикистон бор мебарӣ бо Камаз ва коттеҷ месозиву мефурушӣ, ҳамон бас аст туро. Бас кун бузиатро. Одамҳоро ба МВД-и Тоҷикистон набар, нафурӯш, здават накун. Хабаркашӣ ва тоҷикфурӯшиятро бас кун. Ин кори инсони солим ва бо имон нест!
Ба фикрам ҳоҷӣ Мирзоалӣ бас мекунӣ, бузиатро. Агарчи бузи зираку донову чолок ҳам бошӣ бас кун, ки дар ғайри ин агар идома диҳӣ барои барномаҳои оянда тамоми саргузаштатро менависам.
Қорӣ Қосим Абдуғаффоров ин ҳам як бузи дигар аст, ки дар мавридаш маълумоти дақиқ менависам.
Қорӣ Қосим Абдуғаффоров аз Чоркӯҳи Исфара мебошад. Дар кадом давлати арабӣ қорӣ шудааст, аз шогирдони Муҳибхон, бо лақаби ҳоҷӣ Митхун, ки ин ҳам маъруф буд.
Муҳибхони бузро дар Краснодар зиндон карданд. Дертар баромаду ӯро ба Тоҷикистон депорт карданд. Ҳоло ҳоҷӣ Муҳибхон дар Тоҷикистон аст. Ӯро ҳама бо лақаби Митхун мешиносанд. Бо Лайсидин Шарифзода раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар Чоркуҳ кору фаъолият карда истодааст. (Дар бори Лайсиддин Шарифзода, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва кору аъмоли ҷиноии вай Ислоҳ бисёр навиштааст) Оҳ, инҳо бузҳоро беҳад бераҳмашанд.
Қорӣ Қосим Абдуғаффоров ва «паспорти 25 ҳазор рублӣ»
Ин қорӣ Қосим Абдуғаффоров яке аз онҳоест, ки онҳоро дасти рости консул Нағзибек Нағзибеков-Назар мешуморанд ва яке аз кошелекҳои вай ҳам ҳаст. Вай бо консулгарии Маскав ҳамкори зич дорад. Аз ҳар як паспорти хориҷӣ аз муҳоҷири бечора 25 ҳазор рубли мегирад.
Ба наздикӣ, охири моҳи март як гурӯҳ аз консулгарии Москва омаданд барои паспорти шаҳрвандон-муҳоҷирон. Зиёда аз 400 нафар паспорт гирифт. Аз ин 400 нафар фақат барои кисаҳои худ беш аз 4 миллион рубл кор карданд. Ҳамаашон аз консул то паспортсозҳои Маскав то рядавояшон. Хонаатон бисӯзад, ки аз як паспорт 25 ҳазор мегиранд. Ман ҳам паспорт гирифтам, чунки мӯҳлати истифодаи паспортам тамом мешуд. Бовар кунед, ки ба инҳо на имон мондаасту на шараф.
Дар аэропорт ҳам муҳоҷиронро медӯшанд
Ин қорӣ Қосим Абдуғаффоров дар аэропорти Краснодар дар даҳани дари аэропорт истода бо политсияи фурудгоҳ ҳамкорӣ мекунад. Бо онҳо нишаста кадоме документ надорад, аз вай 10000 ҳазор рубл мегирад. Хонаат сӯзад қорӣ Қосим.
Дар вақташ дар Краснодар воқеан буданд ҷавонҳои бо обурӯ, ки дар бари мардуми мазлуми муҳоҷир меистоданд ва холисона хизмат мекарданд ва аз милисаву аз мигратсионӣ ҷавонҳоро ҳифзу ҳимоят мекарданд.
Ҷавонмардони бе гуноҳро ба ФСБ фурӯхтанд
Аммо ин бузҳои шохдору ин калбузҳо он ҷавонмардонро ба ФСБ- Хадамоти амнияти федеролӣ (КГБ-и собиқ) ва мақомоти дигари Русия бузӣ карда фурухтанд ва онҳо тарки Краснодар карданд ва ба Аврупову Амрико рафтанд ва онҷо кору зиндагиро ба роҳ монданд. Он ҷавон мардоне, ки дар Краснодар ба мардум хизмат мекарданд, воқеан Аллоҳ ба онҳо обуруву иззат дод. Дар ҳар ҷо ва ҳама ҷое ҳастанд, ба обу ру ҳастанд. Зеро иззат аз ҷониби Аллоҳ аст. Лекин ин бузҳое, ки ҳозир дар Краснодар ҳастанд хуни муҳоҷиронро мехуранд. Аз паспорт то справка на возврашение то дар даҳани аэропорт истодани қорӣ Қосим Абдуғаффоров намедонанд чи хел қабри ҳамин муҳоҷиронро кананд
Як бори дигар мегуям қорӣ Қосим Абдуғаффоров бас кун ин ҳаромхурданатро. Хуни муҳоҷиронро милисаҳои Руссия мехуранд бас нест, ки боз шумо шарик шуда муҳоҷиронро дар азоб гирифтор кардаед?.
Огоҳинома ба Нағзибек Нағзибеков Назар бо тамоми шогирдонат ва бузичаҳоят ин миллат ин мардум зулми Эмомалӣ Раҳмоновро намебахшад ва дар қатори онҳо шумо ҳам меравед ва боқимонда ба бузҳои Краснодар.
Огоҳӣ ба «бузҳои Краснодар»
Инҷо ман як, ду се нафаратонро навиштам,лекин дар оянда ҳамаатонро менависам ва бо аксу наворҳо ҳамаатро ба Ислоҳ мефиристам ва он вақт дигар ҳар касе намешинохтатон хуб мешиносадатон. Бас кунед, бас кунед!
Ман яке аз шумо ҳастам. Аз соли 90 инҷо низ дар Краснодар зиндагӣ мекунам. Ман ҳам тоҷики шумо ҳастам. Лекин мисли шумо буз нестам. Охир зиндагиям хуб аст ва хонаву дар ва мошину зиндагонии осуда дорам.
Ман дар Краснодар зану фарзанди урус ҳам дорам. Ҳар рӯз бо шумо мешинам чою қаҳва менушам. Ман як нафари 60 сола мебошам. Ин дафъа ҳамаатонро менависам. Огоҳӣ ба Шамс, Руслан, Суҳроб, Маҳмад, Шодӣ, Илҳом, Алии кулобӣ ва Нур, хуб мешиносаматон, хуб ҳам мешиноседам, ҳамаи ҷиноятҳо ва шуримуриҳоятонро ба «Ислоҳ» мепартоям.
Ин бузҳо, ба шумули ҳамин Нағзибеку Мирзоаливу қорӣ Қосиму дигару дигараш фикр мекунанд, ки дунё бо ҳамин Раҳмонов ҷамъбаст мешавад, ба охир мерасад ва барои ҳамин барои касби ризои вай ва мақомдорони малъунаш дунёву уқбои худро фурӯхта истодаанд. Не, ин тавр фикр накунед. Кори дунё ба охират намемонад. Ҳатман мукофоти ин бузиҳову хабаркашиҳоятонро дар ин дунё қабл аз охират хоҳед гирифт. Даст кашед аз бузиву хабаркашӣ ва бо мардум бошед.
Баъди вориди почтаи «Ислоҳ» шудани ин навишта барои шинохт ва муаррифии бештари шахсияти Нағзибек Нағзибеков саре задем ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва ин навиштаҳоро дар бораи вай пайдо намудем. Маълум гардид, ки Нағзибек Нағзибеков хеле барвақт бо Раҳмонов ва режими вай ҳамкорӣ ва бузӣ мекардааст ва аз бузҳои бособиқа ва ботаҷриба будааст. Вай, чуноне бармеояд аз соли 2014 ба мақоми консулӣ даст ёфтааст:
«Нағзибеков консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар таъин шуд
Нағзибек Нағзибеков консули фахрии Тоҷикистон дар вилояти Краснодари Русия таъин шуд. Ба иттилои Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 27 ноябр(соли 2014) сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов консули фахриро расман ба волии вилояти Краснодар Александр Ткачев, раҳбарони ниҳодҳои вилоятӣ ва тоҷикони муқими минтақа муаррифӣ кард. Нағзибек Нағзибеков, зодаи Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Адигея мебошад. Қаблан ӯ раиси ҷамъияти мусоидат ба эҳёи фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ дар вилояти Краснодар буд».
*************
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Ҳамчунин пас аз мулоқот Нағзибек Нағзибеков, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Краснодар гуфт, ки:. «Ҳамаи проблемаҳое, ки дар ҳаёти тоҷикони муқими Русия ҷой доранд, ба роҳбари давлат расонидем ва изҳори боварӣ дорем, ки онҳо дар як муддати муайян ҳалли худро меёбанд. Ман изҳори боварӣ дорам, ки натиҷаҳои ин мулоқот ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон такони тоза хоҳад бахшид».
Ҳамкорӣ бо вазорати дохилӣ
Дар хабари дигар омадааст, ки Нағзибеков бо даъвати вазорати дохилии Тоҷикистон даст ба эҳсонкорӣ ва сармоягузорӣ задааст. Савол инҷост, ки чаро дар ҳамкорӣ бо маҳз вазорати дохилӣ?
Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар водии Бартанг
Опубликовано вт, 12/09/2017
Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои замонавӣ гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бино бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии молии соҳибкори муваффақу ватандӯст Нағзибек Нағзибеков бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳо туҳфа гардид.
***************
Ҳамин тавр тибқи ин хабарҳо Нағзибек Нағзибеков аз солҳо пеш ба ҳайси як одами наздики Раҳмонов ва мақомоти вай дар миёни муҳоҷирон амал кардааст. Кор барои вай то онҷо пешрафт кардааст, ки барои вай шароит барои ташкили филиалҳои созмонаш дар дигар шаҳрҳои Русияро ҳам фароҳам кардаанд. Бидуни шак ин гуна шароит бе кумак ва дастгирии мақомоти марбутаи Русия ғайриимкон аст:
Краснодарская краевая таджикская ОО «Содействие» откроет филиалы в Ростове и Ставрополе
Аваз Юлдашев
18.11.2014 04:46
Одним из важных направлений деятельности представительства министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России по миграции является укрепление сотрудничества с общественными организациями таджикистанцев и координация их потенциала в защите прав и интересов таджикских трудовых мигрантов в России. Об этом «АП» сообщил пресс-секретарь представительства Иброхим Ахмадов.
По его словам, в рамках таких мер откомандированный в Южный федеральный округ сотрудник представительства министерства труда, миграции и занятости населения РТ в РФ по миграции в городе Сочи участвовал в расширенном совещании Краснодарской краевой общественной организации содействия развитию культуры народов Центральной Азии «Содействие». В совещании приняли участие почетный консул Краснодарского края Нагзибек Нагзибеков руководство общественной организации, члены координационного совета общественной организации.
Участниками совещания были обсуждены вопросы относительно проделанной работы за 2014 год, выбора руководителя сочинского отделения ККОО «Содействие», миграционной ситуации в Краснодарском крае и открытии филиалов ККОО «Содействие» в городах Ставрополе и Ростове.
Обсуждая вопросы миграционной ситуации в Краснодарском крае, откомандированный сотрудник представительства предложил уделять больше внимания разъяснительным работам среди трудовых мигрантов по нововведениям миграционного законодательства.
На совещании общим голосованием руководителем сочинского отделения ККОО «Содействие» был избран Умед Хабибуллоев. Было принято решение об открытии филиалов Краснодарской краевой общественной организации содействия развитию культуры народов Центральной Азии «Содействие» в Ставрополе и Ростове……»
Ва боз ба ин хабар таваҷҷӯҳ кунед ва хоҳед фаҳмиду шинохт,ки Нағзибеков як муҳоҷири меҳнатӣ ва як соҳибкори беғараз нест.Вай ҳатман миссия дорад: Таджикские мигранты готовы раскошелиться ради достойного участия земляков на международных турнирах
Азия-Плюс
27.02.2014 12:01
Таджикские предприниматели Краснодарского края готовы оказать материальную помощь в подготовке спортсменов республики для достойного участия в международных соревнованиях.
Как сообщает пресс-служба представительства Миграционной службы РТ в РФ, такое заявление было озвучено нашими соотечественники, постоянно проживающие и временно работающими в этом российском регионе в ходе встречи с руководством и членами Олимпийского комитета РТ.
«Мы знаем, что последние годы правительством РТ уделяется особое внимание развитию спорта. Особенно по инициативе главы государства Эмомали Рахмона в республике были построены сотни спортивных объектов: новые стадионы, площадки, спортзалы, бассейны. Спортивные объекты построены даже в горных регионах с соответствующими условиями», — отметил руководитель Краснодарской краевой общественной организации «Содействие» Нагзибек Нагзибеков…..»
Дар ҳар сурат аз инҳо маълумотҳои мухтасар хирахира ҳам бошад симо ва шахсияти Нағзибек Нағзибеков пайдо шуд, ки аз хеле вақт пеш чоплус будааст ва бузӣ дар табиати ӯ ниҳуфтааст.
Бори дигар таъкид мекунем, ки ҳар кор дар ҳамин дунё ҳисобу китоб дорад. Ва дар ҳар давру замон онҳое сари баланд доранд, ки бо мардум будаанд…
Эзоҳи таҳририя:
Матни боло мазмуни номаи ирсолшуда ба «Ислоҳ» мебошад. Иддаоҳо ва иттиҳомҳои матраҳшуда назари муаллифи нома ҳастанд ва масъулияти онҳо бар уҳдаи худи муаллиф мебошад.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Нағзибек Нағзибеков!
Ту, ки худат помирӣ ҳастӣ, виҷдонат ором аст? Шарм намекунӣ, ки ҳамин режими Эмомалӣ Раҳмонов чи қадар мардуми шарифу баруманди Помирро кушт, зиндон кард, овора намуд ва аз Русия депорт кард, аммо ту боз ҳам дар хизмати ҳамин режим қарор дорӣ?
Магар фаромӯш кардӣ хуни ҷавонони Хоруғ, Рӯшон ва Ванҷу Язгуломро? Магар намебинӣ, ки чи қадар хонаҳоро сиёҳ карданду чи қадар модаронро доғдор? Бо ин вуҷуд боз ҳам барои Рамазон Раҳимзода ва мақомоти амниятии режим хизмат мекунӣ?
Ту чи қадар ҷавонмардони помириро фурӯхтӣ? Чанд нафарро хабаркашӣ кардӣ? Чанд ҷавонро бо туҳмату бузӣ ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурданд ва истирдод карданд?
Бидон, ки хуни ин ҷавонон дар гардани туст.
Имрӯз мумкин аст худро қавӣ ҳис кунӣ, аммо ҳеҷ золиме абадӣ набудааст. Ин режим ҳам мегузарад. Аммо номи инсон бо амалаш мемонад. Ё бо иззат мемонад ё бо нафрат.
Ва хитоб ба бузҳои исфарагӣ:
Шарм кунед! Даст бардоред аз ин амалҳои пасти бузӣ ва хабаркашӣ. Ба хотири чанд пулу чанд рӯзи манфиат мардуматонро нафурӯшед. Муҳоҷири бечорае, ки бо ҳазор азоб ризқ меёбад, душмани шумо нест. Барои Рамазон Раҳимзода ва Эмомалӣ Раҳмонов охирататонро насӯзонед.
Имрӯз мардум ҳама чизро мебинад. Ҳар ном, ҳар чеҳра ва ҳар амали шумо сабт мешавад.
Ва хитоб ба тоҷикони Краснодари Русия:
Чаро хомӯшед? Чаро мебинед, ки ин касифон мардумро мефурӯшанду чизе намегӯед? Чаро чеҳраи онҳоро ошкор намекунед?
Бинависед ба «Ислоҳ»! Ҳақиқатро бигӯед. Чеҳраи хабаркашону бузҳоро фош кунед, то муҳоҷирон аз зулм ва шарри онҳо наҷот ёбанд.
Хомӯшӣ дар муқобили зулм, кӯмак ба золим аст.
