Шамсуллозода Баҳром, началник милисаи Панҷ: «Ман аз данғараюм, мара иҷа шоҳбача мондагияй»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №53

Навиштаи зер аз тарафи як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Панҷ навишта шудааст. Онҳо аз фаъолияти ШВКД-шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Панҷ ва бахусус аз муносибат ва муомилаи подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом сардори шӯъба ва чанде аз масъулони ин отдел ба шиддат изҳори нигаронӣ кардаанд. Муаллифон навиштаанд, ки маъмурони милисаи Панҷ ин шӯъбаро ба як ташкилоти ғоратгару бандитхона мубаддал кардаанд.

«Вақте инҷо меоӣ, фикр намекунӣ, ки дар инҷо аз ҳуқуқҳои ту ҳимоят мекунанд. Инҷо меоӣ, Худоро зора мекунӣ, ки аз ту камтар пул ситонанд. Милиса арзу дод ва шикоят намеоӣ, милиса меоӣ, ки пул диҳиву гиребонатро аз ҳар гуна буҳтону туҳмат, гуноҳи нобуда раҳо кунӣ. Шамсуллозода Баҳром, сардори милисаи ноҳияи Панҷ ҳозир посредник шудааст. Пул мегираду замин ва иншоотро аз ҳукумати ноҳия гирифта медиҳад» 

Дар ин нома ҳамчунин дар бораи муовини сардор, сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар-ОБНОН майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович ва дар бораи дигар милисаҳои ин ноҳия маълумотҳо дода шудааст.

                                     Панҷ

«Милиса не, бандитхона»: сокинони Панҷ аз Шамсуллозода Баҳром чӣ мегӯянд?

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Аз дохили ноҳияи Панҷ менависем, дар бораи ШВКД-и ноҳия ва сардору муовину кормандони он. Сардори милисаи ноҳияи Панҷ подполковнк Шамсуллозода Баҳром Салом аз Данғара аст, ки тобистон (июн)-и соли 2024 ба инҷо таъин шуда омад. Пештар сардори милисаи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд.

 Бовар кунед, ки аз рӯзе, ки ин одам ба ноҳияи мо омад, вазъияти ноҳия тамоман бад шуд. Вай ба сатру риш, ба телефон, ба облава, ба тақсимоти замин, ба деҳқон, ба духтур, ба таксист, ба бозор, хулоса ба тамоми соҳа фукашро мехалонад. Аммо на барои тартиботу ҳифзи қонун, балки барои пул кандан, пора гирифтан.

Баъди омадани Шамсуллозода Баҳром порагириву заминфурӯшӣ дар ноҳия ошкоро ва рӯирост шуд. Шамсуллозода Баҳром мегӯӣ, ки як штати заминфурӯшӣ дар ноҳияи Панҷ кушодааст.

    ШВКД не, балки «Шӯъбаи махсуси заминфурӯшӣ»

Сардори ОБНОН майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович сумро аз бачаҳои Калинин гирифтааст, ки коратонро буд мекунам, аммо фандашон кардааст. Панҷ касанд. Аммо Баҳроми началник корро буд кардаст. Вале началники ОБНОН, ки майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович ном дорад, гуфтааст, ки «ме****м зани ира. Гапи ира гӯш накунед». Яъне началник милисаро гуфтааст».

Ҳамаашон, кормандони ШВКД ҳамин тавранд. Корашон ҳамаро галагирдов андохтан аст.

Аз додари Қурбони сиёҳ пул гирифта сипас сумҳояшро гирифтанд. Ин корро Дилшоди бачаи Юсуф кардааст. Ин ҳам мент буд. Инро сур карданд. Ин як шағол аст.

Меҳроб, сардори шуъбаи мубориза бо маводи мухадир гуфтааст, «началник милиса қати муфаттиш сумро гирифтаст, фалон кардем зани началникро. Корашро ҳал намекунем».

  Меҳроб дар Душанбе дар курс будааст. Гуфтаст «у началник кӣ аст, ки гапи ура гуш мекунем?У началник данғарагии говсуворай».

  Майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович ин гапҳоро ба ҳамкурсонаш гуфтааст. Ҳамкурсҳояш як, дутоаш дар Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон, як дутоаш дар Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе дар ҷои Шорух кор мекунанд. Информатсияҳоро ба онҳо роҳӣ карда гуфтааст, равед ҳамин корҳоро кунед. «Ме****м зани и к****очара, як козёл аст. Сума гирифтаст, мора кам додаст. Брен  ҳами тарин кор кунед».

  Лекин, ба фикрам скорее всего майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович сари худашро хӯрда истодааст. Вале мо хабар дорем, ки аз дасти майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович як началник УУР-и Кулоб суд шуд. Вайро акаи ҳамин майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович суд кард. Акаи  майор Меҳроб наркобизнеси №1 дар ноҳияи Фархор аст.

 Майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович 24 соат арақ мехураду маст мегардад. Дар магазин медарояд арақ мезанад, ягон кас гап намезанад. Як номери транзит, номери беразрешений дар мошинаш зада гаштаст: «ме****м ГАИ района, ма худум гав зан». Фақат ҳолаш ҳамин тавр аст.

Ин милисаҳои Панҷ ҳамаро подряд ғам дода истодаанд. Началник милиса, замнач, ОБНОН, УГРО, УБОП, хулоса ҳамаашон. Ин майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович аз Ҳисори Фархор аст.

 Ҳозир ҳама мардум дар нависонавис даромадаанд. Ба Агентии мубориза бо коррупсия ва ба Прокуратураи генералӣ навиштаанд. Чи барои риш, чи барои сатр, чи барои облава, чи барои фурӯши замин.

 Аммо инҳо, ришу сатру ҳиҷобу облава  ҳамааш барои шӯъбаи милиса ва кормандонаш як баҳона, баҳонаи пулканӣ шудааст.

Замначалник кадоме аз бачаҳои круги Исломи танкаро гуфтааст: «дар тайи риштон б***ом, да ришт, бра ришта биги к**оча. Ҳақоратҳои қабеҳ кардааст, аз оча, аз зан, аз хоҳар».  

  Началники милиса Шамсуллозода Баҳром 150 000 доллари Алӣ-пиёнискаро гирифтааст.

Алӣ-пиёниска дар тамоми ҷо сум дода гаштааст. Бачаҳои вай чи суме ёфта истодаанд ба ҳаминҳо дода истодаанд.

 Сардори ШВКД Шамсуллозода Баҳром рӯирост «канал»-ро ҳуй кардагӣ. Ҳозир «боркашак» ҳамин. Ранги началники пешина.

Як узбеки мотосиклфуруш ҳаст аз 50 солагӣ, бачаи Холбобо ё Холмаҳмад. Началник милиса Шамсуллозода Баҳром сад ҳазор доллар- як миллион сомонии ӯро гирифтааст, ки «заминтон медиҳам итаритон утаритон метум».

Аз ҳамон узбек гирифта гуфтааст дар ҳамин район ҷоят медиҳам. Дар ҳақиқат озерро гирифту дод, стадионро гирифтанд. Санад карда ҳама ҷоро кашида гирифта шахсӣ карда истодаанд. Ана ҳамин хел аз мардум сум гирифта истодааст началники милиси Панҷ.

Аз Аҳмади надорум экскаваторашро, ки 50-60 ҳазор доллар нарх дорад гирифааст. Мардуми яке каме сумдорро худаш пайдо ва фарёд мекунаду «сделка» предлагат мекунад. Фалон қадар сум медиҳӣ, фалонҷоро гирифта медиҳам.

Боз як ҳолату ҳодисаи дигар, ки аз ин қабил корҳояшон ба унвони намуна инҷо меоварем.

 Сайхуҷаи бача Муҳаммадро фарёд кардаанд. Ин Сайхуҷа соли 2000 заминашро ба касе фурухта будааст. Ягон заявления нест, ягон кас даъво ҳам накардааст, аммо замначалник бурда барои замини соли 2000ум фурӯхта даҳ ҳазор сомонашро бе ягон сабаб гирифта аст.

Аз чандин нафар пулҳои калонро худи сардор Шамсуллозода Баҳром гирифтагӣ аст. Мо ҳайрон ҳастем, ки инҷо инҳо кӣ ҳастанд? Мақомоти ҳифзи қонуни давлатанд, ҳукуматанд ё бандитҳо?

 Барои чӣ қонун фақат барои мардум татбиқ мешаваду барои инҳо не? Хоссатан аз ҳаминҳо якуниммиллион сомониро гирифта бар иваз корхонаи Гулшанро бо заминаш ваъдаашон кардааст, ки гирифта медиҳад. Аммо то онҷо, ки мо огоҳем корхонаи Гулшан аз Соҳибовҳо аст. Яъне аз Зоиру Шамсуллои домодҳои Раҳмонов ва бародарони он. Боз гӯё ин пулро барои «кришват» гирифтааст. Гуфтааст, ки пока инҷо ман ҳастм «фалон кун,бгард». Дар инҷо як Ҷумъа Назар ҳаст, бор мекашад, тамом

 Бубинед, ки началник аз Аҳмади надорум як экскаватор, аз он узбеки мотосиклфурӯш 100.000 доллар, аз Алӣ-пиёниска якуним миллион сомонӣ гирифт. Аҳмади надорум аз колхози Меҳвар, участкаи Сангвор аст. Шӯъбаи милиса ба бандитизм машғул аст. Мардуми Панҷ медонанд ҳамаи ин ҳолатҳоро. Аммо касе ҳиҷ кор карда наметавонад. Аммо ҳозир инҳо, ин Аҳмади надорумро бо Алии пиёниска фаҳмида намешавад. Чунки бо ҳамаи инҳо дар як банда ҳастанд.

Бачаҳои Алӣ -пиёниска 150 000 доллар ба раиси пешинаи кумита замин ба ҳамон шогирдҳои Сайидобидин додагӣ буданд  барои оформити як замин. Ҳамин яксаду панҷоҳ ҳазорро раиси ноҳияву прокурори ҳозираю началники милиса ва даҳ дувоздаҳ каси дигар қӯш рафта ба коррупсия респулика додагӣ. Инҳо талхаашон кафидагӣ. Раиси ноҳия корашро аз дасти Ҷамшед ҳал кардагӣ. Аброраш ҳозир бори Афғонистонро кашида истодааст. Мегуфтааст:  «маро ягончима ягон кас хурда наметонад. Дар инҷа ҳамаи и к**очаҳо ҳақ мехуранд. Фалоншон кадагиам. Началники КГБеш ҳақ мехра. Ҳозир раҳи ҳамон ҷангали қишлоқро  40 ё 50 километр аст санг мерезем дар калаи мо задагианд. К**очаҳо ана ҳамин хел қарздоранд, то мурданшон ба мора хизмат кунанд, камай, то президента дар ин группаи мо хизмат кунад камай»

Бачаҳои Алӣ-пиёниска гапашон ҳамин аст ки то президента ба мо хизмат кунад камай. То 40-50 километрро дар калаи мо заданд. Мегӯянд, ки роҳро соз кун. Роҳи аз Фархор то Қумсангир дар калаамон задагианд.

Аброр бо Ҷамшед, раиси ноҳияву прокуроро мо ба коррупсия республика додагием. Чанде хизмат кунанд кам аст.

Як дом соз кардем накардем,ки к**зано мақсад президент фармудашон ё нафармудашон, дурӯғу рост дар калаи мо зада истодаанд. Сумро ҷудо мекунанд к**очаҳо  бо сиёсат мекунанд бачаҳои Алӣ-пиёниска Аброру Ҷамшеда. Гапашон ҳамин аст ки «и к**занҳо то мурданшон мода хизмат кунанд кам аст. Знои иёра б**м.

Шашум отдели вилоят ғамаш додааст 40 ё 50 000 сомонӣ доданд. Як мерседес л-класси сиёҳамона к*оча гирифтагӣ аст. Ин сагҳо ҳамааш порахуранд. Меоянд як бак бензин металабанд чикормон мекунанд дигар. Гапи Алӣ-пиёниска фақат ҳамин аст. Алӣ-пиёниска худаш ҳам қуш аст. Бояд бифаҳмад, ки чи гап аст.

Гапҳоеяш, ки он дафъа видеояш кардагӣ будед гуфтааст, ки ина видео кард чи кор кард. Мо ҳамин ҳақро медиҳем бо мебароем меравем, аз положениҳо. Кардан мегирад видео.

Бошад то мурданат видеоҳятро меброрем. Видеоҳои хоҳараи Ситораи пеши пеши районро мебарорем. Пушташ даба кардагӣ охир зани Ҷамшед муллобозӣ кораш. Вале бояд бигӯем, ки дар бораи муллоҳоятон ҳам мегӯем, ки ҷодугарӣ доранд.То муллоҳоятон мебарорему мегӯем, то ки фаҳманд шумо киед?

Зани Ҷамшед бо апаи Ҷамшед Ситораву зани Аброр се кас фақат корашон муллобозӣ аст. Ин одамро меравед муллобозӣ мекунед, онро меравед муллобозӣ мекунед. Ин Ситора аз ҳамон ҳисоб дар райони Панҷ пешипеш аст.

Ҳамин Аброру Ҷамшед домро соз кардагианд. Раиси ноҳияву прокурору КГБевумилисаро муттаҳам кардагианд. 9этажа дом бардоштагианд дар пеши светофори Қараболо мегардӣ дар ҳмонҷо..дар ҷои 6 ошёна 9 ошёна бардоштагианд, ягон парковка-таваққуфгоҳ надорад. Гуфтагӣ аст ки  ин к***очаҳо сум гирифтагианд. Ман  задагӣ инҳоро, то вилояту то республика ҳақашонро гирифтагианд. Ба мо по**уй аст Парковка-марковка намекунем. Равед тафтиш кунед сохтмони домро иҷозат додагианд сумашро мегирад вале парковка надоранд, домҳо. Мошинҳоро дар майдони кушоди оилаи Рустам мемонанд, дар куҷо мемонанд? Онҷо сад оила зиндагӣ кунад сад мошин дошта бошад дар куҷо мемонанд сокинон? Равед аз республикаву онҷоро тафтиш кунед. Ҳама, аз хурд то калон ҳақ-доля хурдагианд, чизе гуфта наметавонед. Бигзор, мо дурӯғ мегӯем, вале худатон биёед қонунӣ тафтиш кунед, ку онҷо таваққуфгоҳи мошин дорад ё надорад. Мошинҳоро мебаранд дар пеши бинои Прокуратура мемонанд, дар куҷо мемонанд? Ин ҳама катакатаҳо садҳазор доллар гирифтагианд, муттаҳаманд. Бояд инҷо парковка ё ҳамон таваққуфгоҳ  дошта бошад. Ку қонун? Шумо чи хелин иҷозат медиҳед мардуми домсозро ҳой ҳукуматдорҳо?

 Як бор Прокуратураи генералӣ делои инро маҳкам карда буд, боз аз ҳамин боло кадомеаш ҷуқид пулша гирифтанд, ҳуяш карданд, домро оромона соз карда истодаанд.

Ҳамин ҷойи Алӣ-пиёниска соз кардагӣ парковка надорад. Ҷо нест. Биёед ноҳияи Панҷ бинед чи гуна пробка аст. Мошин бисёр аст.

 Агар дар он дом дусад кас зиндагӣ кунад, по любому 70-80 кас мошин дорад. Равед як бор гирди он домро бубинед. Як сухтор мешавад як ҳодиса мешавад, роҳ нест. Қонун барои кӣ аст?

Ҳамсояи генерал майор Хуршед, аз Ҳисори Фархор, сардори УБНОНи Кулоб,ҳамсояашон буд. Гирифтанашон аз вазифа. Боздошт карданд бо акаи Меҳробу генерал-майор Хуршеду инҳо кор мекарданд.Чанд сол пеш қапидандашон. Ҳамин Шомаҳмадов Меҳроб Ғафоровичро ҳамин генерал -майор мондааст барои движухаи наркотик дар Панҷ. Яъне ҳамин майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафоровичро генерал -майор Хуршед дар ин вазифа мондааст.

Аҳмади надорум ҳозир дом бардошта истодааст.

Вале агар ҳамин ҳоло началник милисаро аз кор гиранд, Алӣ-пиёнска пагаҳ меравад ба коррупсия менависад, ба Прокуратураи генералӣ менависад. Инҷо дар Панҷи мо ҳамаи отдел беспределӣ карда истодааст. Гапашон фақат ҳамин: «Ман аз данғараюм, мара иҷа шоҳбача мондагияй» ва ҳамин тариқ ҳама ҷиноятҳои сангинро анҷом додаистодаанд ва аз тарси «Шоҳбача»,ки Рустами Эмомалӣ аст мардумро сангинтарин рӯзгор расонидаистодаанд. Мардум бовар кунед ҳоло Рустами президент ношударо қабл аз президентиш нафрат доранд. Чун мегӯянд ҳоло президент ношуда одамҳош зулмамон доранд, агар президент шавад дигар бояд аз ватан гуреза шавем.

Ин ҳолат, ки имрӯз дар ноҳияи Панҷ ҳукмфармост ягон вақт ин хел набуд. Ҳатто дар вақти ҷангу дар замони боевикҳо, ҳатто афғонҳо, ки ба сари қарздоронашон меомаданд, ин тавр намекарданд. Ягон кас аз мардум 200-300 000 гирифтагӣ набуд.

 Аҷиб инҷост ки вақте Шамсуллозода Баҳром омад дар аввал одами бад набуд. Вале ҳол тамоман дигар шудааст.

 Дар ҳама кор милисаҳо дахолат карда истодаанд. Аз деҳқон, духтур таксист, хулоса аз ҳама доля гирифта истодаанд. Ба Худо як даҳшат аст. Крайники ҳамаро тоб дода истодаанд.  Началники УБОПи милиса терроризму экстремизм мегӯяду пул меканад, началники ОБНОН майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович наркотика дорӣ мегӯяду пул меканад, УУР-кофтукоби ҷиноӣ ҳам айнан ҳамин тавр, як бало мекунаду пулаи сокини ноҳияро меканад.

Бародари Қурбон Саидро бурданду лат карданд, эшони Исломи танкаро бурдан лат карданд. Ҳозир Азизак 24 соат шестёркаи милисаҳо шудааст. Ҳар касро таҳқир мекунанд дар Панҷ.

Як ҳодисаи дигар, ки ҳамин чанд рӯзи пеш руй додааст. Як хоҳар сатр кардагӣ аз бари девори отдел мегузаштааст. Дар зери сатраш тифли худро дар даст мебурдааст ба беморхона. Милисаҳо аз тиреза дида дар ҳол баромада ӯро кашола кунон ба милисахона мебаранд. Худи началник милиса Шамсуллозода Баҳром ин занро дашному ҳақоратҳои қабеҳ мекунад, ки сатро мегирам дар фалонат мезанам. Бидуни онки ба тифли он зани бечора тараҳҳум кунанд. Ҷамшеду Аброр, бачаҳои Алӣ — пиёниска 150 000 доллар нақд бурда додаанд ба Шамсуллозода Баҳром. Инҷоро документ куну деҳ, онҷоро ҳуҷҷат куну деҳ. Инҳо аз участкаи Правдаанд.  

Пеш аз началник боз ба касе ё касоне 130 ҳазор доллар додаанд. Ҳоло ягон понздаҳ -бист кас аз болои раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода навиштаанд чун пул гирифта ва корро буд накардааст, муовинаш Нусрати гӯшро навиштаанд, раиси пешини Кумитаи замини ноҳия ва муовини вайро навиштаанд. Ҳамаашон аз мардум пулҳои калон гирифта корҳояшонро имрӯзу пагоҳ кардаистодаанд. Чунки пулро гирифтаанд, корро буд накардаанд.

Тибқи як маълумоте ба мо расида худи раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода аз як корафтода танҳо 40 ҳазор доллар гирифта корашро имрӯзу пагоҳ кардаистода будаст. Ҷамшед бо Аброр навиштаанд. Додари дуюми Ҷамшед бузи коррупсия аст.

Рости гап мо бовар намекунем, ки аз ҳамаи ин корҳои Сардори ШВКД-и Панҷ Шамсуллозода Баҳром мақомоти болоӣ дар Душанбе бехабар бошанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо болои мардуми Панҷ ин корҳоро, ғоратгарии сокинонро махсус карда истодаанд. Вагарна чаро началник милиса кори худро як тараф гузошта ба фурӯши замину дигар иншоот машғул мешавад ва раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзодаро гудаки вчерашни гуфта ба як тини сиёҳ ҳам намегирад?

Эзоҳи «Ислоҳ».

Мо, кормандони редаксияи Ислоҳ бо нашри ин нома аз тамоми сокинони Панҷ даъват мекунем, ки дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии ҳама кормандони ШВКД ва сардори он подполковнк Шамсуллозода Баҳром Салом  ва сардори ОБНОН майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович боҷуръатона бинависанд. Навиштаҳои шумо далели мувассақ ва раднопазиранд. Ва, мақомот ҳатман, дер ё зуд ба он расидагӣ мекунанд. Аз тарафи дигар ба ваъдаҳову ҳарфҳои ҳавоии Шамсуллозода Баҳром Салом ва майор Шомаҳмадов Меҳроб Ғафорович бовар накунед.

Инҷо, дар фароварди матлаб як иқтибоси кутоҳеро аз «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №222 меоварем, ки дар бораи ин сардори милиса подполковнк Шамсуллозода Баҳром Салом  аст ки соли гузашта дар ҳамин моҳи июн нашр шудааст:

 «Ин сардори ШВКДи нав подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом як девонаи ҳот аст. Бисёрии ҷавонҳоро шикаст. Як камтар риш дошта бошӣ 15 сутка маҳкам мекунад. Ин началник шабу рӯз бо велосипед мегардад. Кадоме афту башарааш маъқул нашавад, мефармояд баредаш. Фахр мекардааст, ки «ма одами Шоҳрух Саидам ва мара вазир ҳам ягон корм када наметонад».

Э, модарпурхато!

  Туро корат чи ба мардум? Аз пушти ҷинояткорҳои воқеъи гард агар мехоҳӣ амният ва тартибот таъмин бошад дар ноҳия. Бовар кунед, ки аз дасти ин сардори ШВКДи нави одами Шоҳрух  моторолшико, портерчиҳо рӯз надоранд.

Э, Рамазон Раҳимзода ту дигар одам наёфтӣ, ки як девонаро оварда началник милиса мондаӣ? Кадом рӯзе ин бадбахт сари туро ё сари худашро мехурад бо ин корхояш. Як бор дар сараш қопча кашида бурданд вилоят. Занашро ё духтарашро дод озодаш карданд, боз гашта омад. Мардум хело хурсанд шуданд, ки ҷонашон халос мешавад. Аммо афсус ин ҳаромӣ боз омад ба ноҳияи Панҷ».

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Имрӯз ноҳияи Панҷ танҳо аз як сардори милиса шикоят надорад. Мардум аз як низоме меноланд, ки дар он мансаб ба василаи тарсондан, таҳқир, порагирӣ ва поймол кардани шаъну ҳуқуқи инсон табдил шудааст. Номае, ки нашр шуд, танҳо як дод аз даруни Панҷ нест-ин фарёди мардуме аст, ки дигар аз зулму беқонунӣ ба танг омадаанд.

Агар ҳатто нисфи ин иттиҳомҳо воқеият дошта бошад, пас суоли асосӣ ин аст: мақомоти болоӣ то кай худро ба нодонӣ мезананд? Магар мумкин аст дар як ноҳия ин қадар шикоят, ин қадар норозигӣ ва ин қадар овозаҳои фасоду пулситонӣ вуҷуд дошта бошаду касе дар Душанбе аз ин ҳама хабар надошта бошад?

Хитоби мо ба Рустами Эмомалӣ:

Мардум имрӯз номи шуморо на бо адолат, балки бо тарсу фишор ва такаббури зердастонатон мепайванданд. Вақте мансабдорону кормандони қудратӣ бо ибораи «мо аз Данғараем» мардумро метарсонанд, ин дигар танҳо ҷинояти як шахс нест-ин бадном кардани тамоми давлат ва низом аст. Имрӯз вақте шуморо «Шоҳбача» гуфта аз номатон ҳар зулму ҷинояте анҷом медиҳанд ва ишора ба «Шоҳбача» мекунанд, ки туро дар назар доранд. Як маротиба фикр намекунед, ки ин ишораҳо ба имеджатон пеш аз «омаданатон» чи пайёмдҳои манфие метавонад дошта бошад? Агар имрӯз пеши роҳи чунин рафтор гирифта нашавад, нафрати мардум нисбат ба ҳокимияти падарат ва ту рӯз ба рӯз бештар хоҳад шуд. Агарчи дигар хело дер шудааст вале ҳоло ҳам фурсатакҳое вуҷуд дорад. Бо тарс давлатдорӣ намешавад. Бо таҳқири мардум қудрат пойдор намемонад.

Хитоб ба Рамазон Раҳимзода:

Агар вазири корҳои дохилӣ аз чунин вазъият хабар надошта бошад-ин фоҷиа аст. Агар хабар дошта бошаду хомӯш бошад ин шарикӣ дар зулм аст. Мақомоти милиса барои муҳофизати мардум таъсис шудааст, на барои шикори мардум. Вақте мардум аз милиса бештар аз ҷинояткор метарсанд, ин маънои шикасти комили системаро дорад. Таъиноти бемасъулиятона ва пуштибонии кадрҳои худсар оқибаташ ба обрӯи тамоми сохтор зарба мезанад. Ё шумо ҳам ҷаноби вазир аз псевдоними «Шоҳбача» метарсед? Агар тарсед пас ҷойи шумо он курсӣ нест!

Ва хитоб ба раиси ноҳияи Панҷ:
Раиси ноҳия ҷаноби Иброҳимиён Акмал Комилзода шумонабояд тамошобини азобу таҳқири мардум бошед. Агар дар ноҳия мардум аз ҳар идора ва ҳар мансабдор норозӣ аст, пас ин нишонаи фурӯпошии идоракуни шумо мебошад. Хомӯшӣ дар баробари беқонунӣ худ шарик шудан дар он аст. Мардум дигар аз ваъдаҳои хушку холӣ хаста шудаанд. Онҳо адолат мехоҳанд, амният мехоҳанд ва эҳтиром ба инсон мехоҳанд. На инки шумо ҳам дар ин бандаи порагирон қуш шуда аз мардум барои фурӯши замин ва ё ҷудо кардани қитъаи замин аз сокинон пул гиред! Акмал, то он вақте пора нагирифта будед ягон бор аз «Ислоҳ» ба шумо чунин иттиҳом ворид шуда буд? Ҳаргиз на. Чун мо туҳмат намекунем, воқеъиятро мегӯему инъикос медиҳем. Пас чуноне мегӯянд: «то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад»

«Ислоҳ» бори дигар аз сокинони ноҳияи Панҷ ва дигар минтақаҳо даъват мекунад, ки дар бораи фасод, зулм ва қонуншиканиҳо бо далелу санад бинависанд. Ҳар номае, ки мардум менависанд, як ҳуҷҷати таърихӣ аст. Ҳеҷ зулме абадӣ нест ва ҳеҷ мақоме ҳамеша боқӣ намемонад.

Share This Article