Номаи маро алоҳида нашр кунед №48
Номае, ки дар ин шумора пешкашатон намудем як номаи оддӣ нест. Ҳам дард дорад ва ҳам мусибат ва ҳам шармандагӣ ва ҳам ҷиняти ошкоро.
Сухан аз он ҳодисае меравад, ки ин шаҳрро ба даҳшат ва таҳлукаву тарс андохтааст. Се ҷавонмарди 19-24 сола як духтари ноболиғи русро ба ҳадде ва усуле таҷовуз мекунанд, ки он духтарбача тоб намеоварад ва ба ҳалокат мерасад.
Мақомот ин се ҷавони тоҷикро дастгир кардаанд ва ҳоло падару модари онҳоро ҳам дар милисахонаи ин шаҳр таҳти саволу пурсиш қарор додаанд.
Ин ҳодиса дар яке аз шаҳрҳои вилояти Самара рух додааст.
Номаи зер аз ҷараёни ин ҳодиса ривоят мекунад. Аслан ин сӯҳбатҳои яке аз масъулони диаспораи тоҷикӣ дар ин шаҳр аст, ки ба дасти мо навори аудиоии он расид ва мо онро ба матн гардонида пешниҳоди шумо кардем.
Ин нафари масъул бо хитоб ба Группаи вотсапии бачаҳои ин шаҳр, муҳоҷирони кории тоҷик аз онҳо даъват карда истодааст, ки аз содир кардани чунин ҷиноятҳо худдорӣ ва иҷтиноб варзанд. Чунки чунин ҷиноятҳо муносибати мардуми маҳаллӣ-русҳоро ба муҳоҷирони тоҷик бисёр ҳам бад мекунад. Дар ҳоле, ки ҳазорҳо нафар аз тоҷикҳо дар худи ҳамин шаҳр кору зиндагӣ карда истодаанд. Ва ҳоло матни ин навори аудиоиро пешкашатон мекунем, ки ба тарзи зайл аст:
«Садои диаспора: ҳушдори сахт ба ҷавонони тоҷик»
Ассалому алайкум бачаҳои аҳли гурӯҳ. Он қадар мегӯем, ки ғаматон надиҳем, вақтатонро нагирем, намешавад. Як ҳафта шуд хапед, чи кор мекунед?
Як воқеа шудааст дар ин шаҳр. Ду рӯз шуд моро милисахона мекашанд, инҷо мекашанд, онҷо мекашанд, разбор мекунанд.
Ду рӯз пеш се бачаи тоҷик якеаш 18-19сола, дигариаш 23 ва сеюминаш номаълум, ки чандсола аст, духтарбачаи сездаҳсоларо аз шаҳри кӯҳна ба хонаашон меоранд. Дору-таблетка медиҳанд ба духтари ноболиғ ва секаса вайро таҷовуз мекунанд. Боз дубора дору медиҳанд ва боз такроран секаса изнасиловат мекунанд. Бечора, духтари сездаҳсола передозировка мешавад ва ба ҳалокат мерасад. Пареррӯз то соати 11 шаб милисаҳо кофтанд, ҳарсеяшро ёфтанд, хона бурданд, съемка карданд. Вазъият безеб аст.
Бародарҳо, ҳар як кадомамон духтар ва фарзанд дорем. Худатон ҳисоб кунед. Бачаҳои тоҷик се каса аз 19 то25 сола, духтари ноболиғи сездаҳсоларо аз бегаҳӣ то қариби саҳар пивову дору-таблетка дода по очереду изнасиловат кардаанд. Ҳарсеяшон. Сездаҳсола, кӯдакро! Се тоҷик, дар мулки ғарибӣ. Дар мулке, ки миллионҳо тоҷик, зану мард, оилавӣ, барои пайдо кардани як луқма нон ва рӯзгори беҳтар омадаанд.
Ту донӣ худо, ҳар як кадомамон фарзанд-духтар дорем. Чаро проблема фақат ба сари тоҷик аст?
Ҳамин саҳарӣ мо дар сентри экстремизм будем. Бовар кунед, мо сарамон хам, намедонем чи кор кунем, чи гӯем, ман открито гуфтам, ки зӯри мо намерасад ба ин бачаҳои ҷавон.
Намедонам инҳо падар доранд надоранд. 90 дар 100и онҳоро худатон медонед, дар кадом пеши мегазини, пархавз, парк куҷое меравед, мебинед. Бачаҳои тоҷикро 15 сола 25 то 30соларо.
Ҳамон рӯз боз ду бачаи тоҷик, дар шаҳри нав, бачаҳои 26-27 сола кокс медиҳанд дар мошин авария мекунанд. Дар даруни мошини ду бачаи тоҷик боз ду духтараки 14 солаи урус. Аз барои худо боз барои инҳо администратсияи район телефон карда фамилия, имя, отчество мепурсад. Хай, то кадом рӯз, то кадом маҳал ин корҳо давом мекунад.
Бачаҳои 26 сола, 27 сола духтарҳои сенздаҳ-чордаҳсола дар мошинашон. Дар шаҳринав дар шаҳри куҳна. Ин бачаҳои ҷавонро ҳеҷ сарфарояшон нарафтам.
Мо фарзанд калон кардем, ки дар ин шаҳри ғарибӣ, дар инҷои мусофирӣ ҳамин гуна кор кунанд инҳо. Ва обрӯи миллатро то ҳаминдараҷа паст кунанд, ин падарлаънатҳои беимон. Хайр то ба кай ман бачаҳои ёшро гап занам? Ман ё ки ҳукумат, ё ки кормандони милиса. Охир калонҳо, мардҳои мусафед, гӯшҳоятонро таги тоқӣ нагиред, нагардед шумо ҳам. Шумо ҳам дар ҳар куҷое дидед бачаи ёшро насиҳаташ кунед. Бахудо, худам ду рӯз пеш аз пархавз баромадам, панҷ-шаш кас дар рӯбарӯи пархавз чухтанд, мӯҳои сарҳояшон хиёле мекунӣ, ки тоҷи мурғобӣ аст. Дар тори сарашон мурғобӣ ҳеҷа кардааст. Причоскаҳояшонро бин-ёжик. Сигаретҳо дар параи даҳан, агарчанде, ки дар тарафи дасти рост ҳам аз тарфи дасти чап ҳам ҷойи курилка дорад. Ана маданияти бачаҳои тоҷик. Аз барои худо шармандаамон кардагиянд ҳамин бачаҳои ёш.
90% бачаҳои Хуросону бачаҳои Ёвонанд. Маҳаллачигӣ накунем, тоҷиканд ҳамаашон. Се бачаи бузбала. Духтари сездаҳсоларо, кудакро, то саҳара по очереду…. Кӯдак ба он дараҷае шудааст, ки дар ҷояш мурдааст. Бахудо инҳоро пожизненний тюрма мекунанд. Пожизненний.
Ҳозир падару модарҳояшон ҳам, ки ҳамаи ин моҷароро медонанд, дар милисахонаанд. Ба фикрам гражданствояшонро оилавӣ қатъ мекунанд.
Хайр, мемонед мо дар ҳамин мамлакат мо зиндагӣ кунем? Мо обрӯи миллатро бардоштан мехоҳем шумо баракс карда истодаед. Шумо лаънатиҳо бачаҳои ёши ҳозира худо хонаатонро бисузад. Наход шумо духтари сенздаҳсолаи ноболиғро то саҳар секаса ба навбат таҷовуз кунед. Агар ин кор бо хоҳари шумо шавад чи гуна қабул мекунед? Дар падаратон лаънат. Номи миллатро шумо паст кардед.
Илтимос, мардум, илтимос, камкам бачаҳои ёшро насиҳат кунед.
Ҳамин ҳоло дар милисахона будем. Мегӯянд, ки «Ато Олимович, вот представьте: если бы трое русских парней так поступили с таджикской девушкой в Таджикистане — что бы вы с ними сделали? Поймите, это ведь ребёнок, девочка. До каких пор вы будете закрывать на это глаза?» Рост мегӯяд. Э, бача рост мегӯянд.
Ҳамаамон падарем. Хуб кӯдак аст он духтар. Вай беақл аст. Ақл дорад надорад, наркоман аст ё нест, аммо фарзанди як инсон аст. Наход се ҷавон, 23 сола мард кудаки сездаҳсоларо шаб то саҳара боз бо очеред – «иш мекардаст ваяш мекардаст, ваяш мекардаст боз иш мекардаст.
Ҳозир падару модарҳояшон дар мо баромаданд, ки «раис мо чи кор кунем?» Бимиред. Шумо чи кор мекунед, мурданатон беҳ. Мо ёрдам намекунем шуморо. Мо ёрдам ҳам карда наметавонем».
Ҷавони 23 сола, ҷавони 19 сола. Дигариаш ҳам 23-24 сол аст. Ҳоло мегӯянд, ки чаҳорумашро кофта истодаанд.
Э, мардум дар ҳамин шаҳр, аз барои худо безорамон кардед. Аз дасти ин бачаҳои ёш тамоман ҳолу рӯз надорем. Чи дар шаҳри нав ва чи дар шаҳри кӯҳна. Проблема фақат аз тарафи тоҷикҳо ва фақат бачаҳои ёш.
Агар дар ин шаҳр 5000 тоҷик бошад 10000 узбек ҳаст. Чаро узбекбачаҳо ҳамин хел проблема намекунанд? Чаро дигар миллатҳо ин тавр проблема намекунанду фақат тоҷикҳо?
Ман бачаҳои Хуросону Ёвонро ягон корашон надорам, ягон против нестам. Ҳамаи мо тоҷикем. Вале илтимос бачаҳои Хуросону Ёвон фарзандҳоятонро нигоҳ кунед. Охир айб аст. Ба худо 90%ашон бачаҳои Ёвону бачаҳои Хуросонанд. Падару модарҳоятон дар бозор дар стройкаҳо кор мекунанд. Онҳо шуморо бихуронанд ё ки аз қафои шумо шаванд. Пеши пархавз, пеши парк, дар пеши казино, дар пеши Капитал! Магар дар инҷоҷ ғайр аз тоҷик дигар миллат нест. Айб аст. Бас кунед, аз шумо хоҳиш дорем бачаҳо. Одамон калонсол, мардҳое, ки бист сол, сӣ сол шуд дар инҷоед, гушҳоятонро дар таги тоқӣ накунед, нагардед. Барои ин рафторҳои
ин молодёж як мо тоқа гунаҳкор нестем. Шумо ҳам гунаҳгоред. Калонтаронатон дар куҷое ҳастед, дар кӯчаед, дар бозоред, фарзанди тоҷикро, фарқ надорад фарзанди кӣ аст, сигарет дар даҳанаш дидед замечанияаш кунед, носкашро дидед замечанияаш кунед, ришро дидед, замечанияаш кунед, ки тоза бигардад. Инҳо ҳамаашон ояндаи моянд, инҳо ҳамааш нишонаи миллати моянд. Ақлашон ёд бидиҳед, одоб ёд диҳед.
Сӣ сол шуд мо дар ҳамин шаҳрем. Аммо интавр ва ин гуна гапу хабар набуд. Дар инҷо аз ҳамаи миллатҳо ҳаст, ҳаминҷо зиндагӣ мекунанд. Лекин ягон миллат чени тоҷик проблема создават намекунад.
Мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омадем инҷо, ки зиндагӣ кунем, ватанро поддержка кунем. Пул кор мекунем ба падару модарамон, ба зану фарзандонамон, ба хешу таборонамон роҳӣ мекунем.
Мо Тоҷикистон меравем, ки фахр мекунем, ки мо аз Русия омадем ку. Лекин мо бояд дар инҷо фахр кунем, ки мо аз Тоҷикистон омадагием. Мо тоҷикем, мо мусулмонем.
Мардум, илтимос, инро дар ҳамаи группаҳоятон партоед. Бачаҳои шаҳри нав бас кунед беадабиатонро.
Дар даруни мошини бачаи 26-27 сола духтар сездаҳ чордаҳсола чи кор мекунад. Пожизненно -як ҳаёт, якумра тюрмаатон мекунанд.
Медонед дар даруни тюрма барои ин кор чи коратон мекунанд. Шумо мегӯед, ки хайр чи корамон мекунанд, ҷанг роҳӣ мекунанд. Не, бо ин статя не. Шуморо ҷанг роҳӣ намекунанд. Шуморо як ҳаёт дар тюрма меқапанд, ҳиҷчи надиҳанд 10 -15 сол тюрма мекунанд. Медонед дар он тюрма чи коратон мекунанд?
Барои ҳамин бародарҳо, илтимос фарзандонатонро насиҳат кунед. Одамони калонсол ҳар кадомеат бачаҳои ёшро дар куҷое дидед, огоҳашон кунед, замечани кунед, хатоияшро ислоҳ кунад. Насиҳаташон кунед, фарзанди худатон аст
Ҳар кадоматон фарзанд доред, ҳар кадоматон навасаву набера доред.
Илтимос, бачаҳои тоҷик, илтимос бас кунед. Бачаҳои ёш обрӯямонро дар ин шаҳр резонидед.
Мо миллати тоҷикем, мо миллати бообурӯем, мо миллати бономусем, мо миллат қонуну шариатро риоят ва эҳтиром мекунем. Ҳамин қонуни давлат ҳам ранги қонуни шариат аст. Вақте болои шумо қонун татбиқ мешавад он гоҳ дер шудааст.
Бахудо тоҷикҳоро чунин бачаҳои ёш шарманда, збонкутоҳ ва муттаҳам карданд. Баъд боз хафа мешавӣ ки тоҷикҳоро депортатсия карданд, «моро ита ута мекунанд».
Бахудо моро кам карда истодаанд. Ба гуфти ҳамон корманди отдели милисаи шаҳр се урус як духтари ноболиғи сездаҳсолаи тоҷҷикро дар Душанбе ё Хуҷнд ё Қурған ё Кулоб ҳамин тавр кунанд, мо чи гуна ҷавоб медиҳем?
Ман рафтам морг. Ман мебинам мурдаи бачаҳои тоҷикро. Ман рафтагиам милисахона, ман рафтам моргу ҷасади он духтар урусро дидам: кӯдаки сездаҳсола.
Мард ҳастед? Биёяд як касатон, барам бинад ҳамон кӯдаки тика порашудаи сипсиёҳу кабкабуд шударо, бинанд, ки бачаҳои тоҷик чи кор кардаанд?
Э, худо занадатон. Аз пушти шумо ношустаҳои ношунавидаҳои номард халқи муҳоҷир дар азоб мемонад. Худи таҷовуз як ҷинояти вазнин аст. Аммо шумо боз ин корро бо ноболиғ-несовершеннолетка анҷоҷм додаед. Шумо инсон нестед, шумо аз ҳайвон бадтаред. Беҳуда намегӯянд, ки аз пушти як ношушта гӯристон дар азоб аст.
Бародарҳо, ҳаммилатони азиз! Мо фарзанд дорем. Ман худам 7 духтарча дорам, ки калониаш сездаҳ сола аст. Ман чи хел духтарамро ҳозир дар кӯча сар диҳам, чи фикр мекунам? Ҳозир меқапанд ягон бало мекунанд
Ман ба мусулмонии ин бачаҳои ёш шубҳа дорам. Шумо мусулмон нестед.
Мусулмон ин тавр намекунад, мусулмон ин корро намекунад. Зино дар ислом ҷинояти вазнин ва гуноҳи кабира ҳисоб мешавад. Одаме, ки имон дорад ин корро намекунад. Як грамм дар танат номуси тоҷикӣ бошад, номуси мусулмонӣ бошад, бояд ин корро накунӣ
Илтимос худатонро ислоҳ кунед.
Инҳо ҷазояшонро мебинанд, ҷазояшонро то охир мебинанд. Худо инҳоро хорашон кунад, ки ҳам хору залиламон карданд, ҳам шарманда ва ҳам зиндагӣ дар ин мулки ғурбатро бароямон душвор ва ғайриимкон гардонданд. Ин хелиҳоро қонуни давлат ҷазои сазовр медиҳад, фардо дар он дунё ҳам хору забун хоҳанд буд.
Касе нисбати духтари ноболиғ ҳамин корҳоро мекунад, ин ша Аллоҳ ба кайфари аъмолаш мерасад.
Дар мошинҳояшон савор мекунанд, нисфи шаб дар авария меғалтанд, сездаҳ-чордаҳсола духтарҳо дар мошинашон.
Парлаънатҳоро мо калонатон кардем барои ҳамин рӯз?
Ман дигар ба ин бачаҳои ёш ва ба падару модари онҳо гап надорам. Калонсолҳо насиҳаташон кунед.
Пагоҳ қапиданд, депортатсия карданд, тюрма карданд, гражданстваатро лишат карданд, ВНЖятро, хафа нашавед аз ин давлат. Аз худатон хафа шавед, хатоӣ не, ҷиноят содир кардед.
Барои ман гап задан дар ин масъала бисёр ҳам неприятно аст, аммо маҷбур шудам…
Пасгуфтори Ислоҳ: «Агар намехоҳед ба шумо чунин кунанд-шумо ҳам накунед!»
Нидо ба виҷдони ҷавонон ва падару модарон!
Имрӯз мо дар мулки бегона зиндагӣ мекунем. Дар байни миллатҳои дигар. Ҳар як амали мо на танҳо ба худи мо, балки ба номи миллат, ба обрӯи тоҷик, ба шарафи ислом таъсир мерасонад.
Имрӯз мо дар як имтиҳони сахт қарор дорем-имтиҳони виҷдон, имтиҳони инсоният ва имтиҳони номуси миллӣ.
Як лаҳза фикр кунед:
Агар дар Русия ё дигар кишварҳо духтарону занони тоҷикро таҷовуз кунанд-шумо чӣ ҳолат мегиред? Оё тоқат мекунед? Оё ором менишинед?
Албатта не!
Пас чаро худи шумо даст ба чунин ҷиноятҳои ваҳшиёна мезанед?
Ин ҷиноят аст!
Ин нобуд кардани обрӯи миллат аст!
Ин хиёнат ба дини Ислом аст!
Қуръони карим равшан мегӯяд:
«ولا تقربوا الزنا إنه كان فاحشة وساء سبيلا»
«Ба зино ҳатто наздик нашавед, зеро он кори фаҳшо ва роҳи бисёр бад аст» (Сураи Исро, 32)
Паёмбари акрам (с) фармудаанд:
«لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه»
«Ҳеҷ кас мӯъмин намешавад, то он чиро, ки барои худ мехоҳад, барои дигарон низ нахоҳад»
Агар ту намехоҳӣ хоҳарат, духтарат, модарат қурбонӣ шавад
пас ба духтари дигарон даст нарасон!
Ин гуна ҷиноятҳо нишонаи чист?
Нишонаи дур шудан аз дин, аз тарбия, аз инсонгарӣ.
Ин натиҷаи тарбияи нодуруст аст
Ин натиҷаи бепарвоии падару модар аст
Ва ин натиҷаи сиёсати нодурустест, ки насли ҷавонро бе роҳбарӣ гузоштааст
Падару модарон!
Фарзандро танҳо калон кардан кофӣ нест-ӯро инсон тарбия кардан лозим аст.
Паёмбари акрам (с) фармуданд:
«كلكم راع وكلكم مسؤول عن رعيته»
«Ҳамаи шумо масъул ҳастед барои онҳое, ки зери ихтиёри шумо ҳастанд»
Агар фарзандатон ба ҷиноят даст занад
ин танҳо гуноҳи ӯ нест,
ин гуноҳи шумост!
Ҷавонон!
Мардӣ дар таҷовуз нест.
Мардӣ дар ҳифзи номус аст.
Қувват дар зулм нест-қувват дар назорати нафс аст.
Имрӯз шумо фикр мекунед, ки ҷавон ҳастед ва аз ҷазо мегурезед.
Аммо:
Қонуни давлат шуморо сахт ҷазо медиҳад
Ҷомеа шуморо рад мекунад
Ва дар назди Худо ҷавоб медиҳед
Ба худ биёед!
Номи тоҷикро паст накунед
Номи мусулмонро шарманда накунед
Ояндаи худро вайрону табоҳу кунҷи зиндон накунед
Зеро як ҷинояти шумо метавонад сарнавишти як миллатро сиёҳ кунад.
