Биллинг ё ғорати Рустами Эмомалӣ? Счётчикҳое, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунанд

Ислоҳ нет

Ахиран эътироз ва норозигиҳои хашмолуди сокинони манотиқи гуногӯни Тоҷикистон аз барзиёд ва изофанависии ҳисобгирҳои биллингӣ-счётчикҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам инъикос шуда баҳсҳои гарму доғеро ба бор овардааст. Мардум бо изтиробу нигаронӣ нобоварии худро бар дурусти арқому омори ин счетчикҳо баён медоранд.

 Беш аз панҷ сол мешавад, ки низоми биллингии фаъолият дар системаи барқрасонӣ ҷорӣ карда шудааст. Ва, инҷо пеш аз онки ба навиштаҳои хашмолуди мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ руҷӯъ намоем, чанд ҷумла дар бораи барномаи низоми биллингӣ хоҳем гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2020 ба татбиқи он оғоз кард.

                          Барномаи биллингӣ

  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи январи соли 2020 «Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» (ҳоло бонки Душанбе-сити. Ислоҳ.нет) дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард». Қарор бар ин буд, ки ин се ширкат дар муддати 5 соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд. Он вақт гуфта шуда буд, ки «Пас аз анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо, афзоиши ҷамъоварии пули барқ, ҳамчунин кам кардани шумори нозирон маблағҳои ба лоиҳа сарфкардаашонро бо фоизҳояш пурра бармегардонанд».

Барои иҷрои ин барном БОР-Бонки осиёии рушд моҳи июли худи ҳамон сол 105 миллион доллар қарз дод. Он вақт расонаҳо, аз ҷумл Азия+ навишт, ки «Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ» Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад».

 Дар зимн Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон» дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Мунтаҳо низоми биллингӣ ҷорӣ гардид. Ва ҳамчуноне дидед 105 миллион доллар Бонки осиёии рушд қарз дод ва муҷриёни ин проект «Авесто гурӯҳи Рустами Эмомалӣ» баргузида шуд. Хуб, баъд чи шуд? Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон, ки аз баданаи ширкати «Барқи тоҷик» берун омада ва зери идораи менеҷерҳои беруна қарор дорад баъди чанд вақти ба иҷро даровардани барномаи биллингӣ  ва омӯзиши вазъи барқрасонӣ эълон кард, ки «истеъмолгарони мавҷуднабуда ҳастанд, ки барои аз эътибор соқит намудани талафоти барқ истифода мешуданд».

«Таҳлили барномаи биллингӣ нишон дод, ки солҳои пеш ҳаҷми зиёди барқ ҳамчун истифодашуда аз ҷониби истеъмолгарони маишӣ ҳисоб мешуд, ки асоси воқеӣ надорад. Ҳамчунин бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ ба барнома истеъмолгароне ворид карда шудаанд, ки мавҷуд нестанд. Ин барои фаъолияти дурусти барнома мушкилиҳо эҷод мекард», — зикр шуда буд он замон дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешуд, ки маблағи умумии қарзи ҷамъшуда аз барқ то 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медод, ки зиёда аз 40%-аш (ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ) ба номи истеъмолгарони маишӣ навишта шуда буд.

Ёдатон бошад мо ва дигар расонаҳо борҳову борҳо масъалаи ношаффофӣ, дуздии неруи барқро навишта ва изҳор дошта будем, ки аҳолии мамлакат, ончуноне, ки мегӯянд, қарздор нестанд ва он омору арқоми қарз, ки бори аҳолӣ кардаанд, дурӯғ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон гӯши худро ба карӣ меандохт ва бахусус Раҳмонов, ки хуб медонист, ончиро, ки бори аҳолии мамлакат мекунанд, яъне мегӯянд, ки аҳолӣ садҳо миллион, балки миллиардҳо сомонӣ пули истифодаи нерӯи барқро надодааст ва қарздор аст, сиҳат надорад.

Хуллас, бъди чанд сол, баъд аз онки ҳамин менеҷерҳои хориҷии Шабакаҳои тақсимоти барқ ва ҳамин усули биллингӣ ошкор намуданд, маълум гардид, ки ба номи аҳолӣ  беш аз  500 миллион сомонӣ изофа навиштаанд.

То оғози соли 2025  қарзи аҳолии Тоҷикистон дар назди Барқи тоҷик  ҳудуди 2 миллиард сомонӣ (1.млрд, 739 млн ташкил медод. Аммо  ин маблағ дар оғози соли ҷорӣ ба андозаи 33,2% ё худ 577 млн сомонӣ кам шуда, то 1 млрд 162 млн сомонӣ поин рафт. Ин на ба он маъно аст ки аҳолӣ қарзи худро супорид. На гап дар сари он меравад, наздик ба аз се як ҳиссаи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ, ки солҳои пеш ҳамчун қарз ҳисоб шудаанд, беасос эътироф ва бекор шудаанд. Яъне мақомот эътроф ва иқрор кард, ки  аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон, ки болои аҳолӣ бор шуда буд беасос аст .

Ҳоло савол ин аст ки чаро ин тавр шуд ва ин арқоми чандин миллионӣ аз куҷо пайдо шудааст? Ин ҳаҷми бузурги қарзи қалбакӣ, ки ба аҳолӣ нисбат дода шуда буд, дар ҳақиқат масраф шудааст, аммо аз тарафи «аҳолӣ»-и дигар ва барои он бори аҳолӣ карданд, ки муҳосиботи хориҷиҳоро чапғалат андозанд. Дар аслу амал як қисми ин барқро худи масъулини ин арса бо роҳҳои гуногун, балки бо афёра ва қаллобӣ фурухтанд, қисми дигари онро «буққаҳо» истеъмол карданду аммо маблағро напардохтанд. Дар ҳаминҷо гапро зиёд тӯл намедиҳем ва ду иқтибоси конкретӣ аз навиштаҳои пешини «Ислоҳ» меоварем ва хоҳед фаҳмид, ки он «аҳолӣ», ки неруи барқро медуздад киҳоанд ва ба Эмомалӣ Раҳмонов чӣ нисбат доранд:

Иқтибоси аввал:

«730 ҳазор сомони литсейи Ҳасан Асадуллозода аз барқ қарздор аст.

 Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730ҳазору 590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд. Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллозода ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» ин қадар қарздор мешавад. 

Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ :

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025

10 апрели соли 2025, 

«Дар давоми моҳи марти соли ҷорӣ  дар ҶДММ “Ориёи Колхозобод”,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян гардид, ки ҷамъияти мазкур  тавассути  се адад истгоҳҳои трансформаторӣ бо тавоноии умумии 7300кВА (1х1000 кВА, 2х 3150 кВА) энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудааст, ки дар натиҷа ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар маҷмӯъ ба миқдори зиёда аз 81 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  110 млн. сомонӣ зарар расонидааст.

  Инчунин дар шаҳри Левакант муайян гардид, ки ҶДММ “Паймонаи Заррин” (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ва ҶДММ “Сементи рушди Хатлон” (6,4 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ) низ энергияи барқро бе ҳисобгираки барқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор  истифода намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори зиёда аз 13,5 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз  18,9 млн. сомонӣ зарар расонидаанд. Ҳамзамон санҷиш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан низ истифода гардидани энергияи барқро барои дастгоҳҳои майнинги коркарди криптоасъор ошкор намуд, ки зарари расонидаи онҳо низ миқдори зиёда аз 366 ҳ.кВт х с ба  маблағи зиёда аз 465 ҳ.сомониро ташкил медиҳад.

Таҳқиқоти «Ислоҳ» аз ин гузориш инро муайян кард, ки ҶДММ «Ориёи Колхозобод»,  воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз наздикони Ҳасан Асадуллозода аст,ки барқро барои тавлиди Биткойн ва гардиши он истифода бурдааст. Инчунин «Паймонаи Заррин» (7,1 млн. кВт х с ба  маблағи зиёда аз 9,9 млн. сомонӣ) ҳам марбут ба бародари Ҳасан Асадуллозода аст. Метавонем бигуем ҳама дуздиҳое дар В.Хатлон сурат гирифта дақиқан ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ марбутанд. Диққат диҳед хасорат ва ё дуздии ҳама аҳолӣ ба 465 ҳазор сомонӣ вале ончи марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва бандаи ҷиноятпешаи барқдузди ӯ буда ба миллионҳо сомонӣ мерасад.

            Иқтибоси 2

  300000 қарзи барқро чи гуна Озода списат кард?

  Он бонк бонки Фардо ном дошт. Аз они Озода ва Ҷамолиддин буд. Ин бонк қаблан бо номи ташкилоти хурди қарзии «Музаффар» амал мекард. Моҳи июни соли 2016 бо як қарори Бонки миллӣ ин ташкилоти хурди қарзӣ ба бонк табдил дода шуд. Муҷаввизи бонкро дарёфт кард. Тибқи ин қарори бонки миллӣ литсензияи ТХҚ «Музаффарият» аз 3 декабри соли 2012 беэътибор гардид. Бинои марказии он дар рӯбарӯи стадиони Спартак қарор дошт. Ҳоло бо ин ном дигар вуҷуд надорад. Номи онро чаро «Фардо» гузошта буданд? «Фардо» : -«Фар»-Фаридун ва «До»-Довуд, бачаҳои Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Баъд Фардоро Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир харид. Барои онки инҳо байнашон ҷангу ҷангҷол буд. Ман он вақт сардори яке аз Раёсатҳои асосии ин бонк будам. Ин биноро нав сохта буданд ва мо ба он нақли макон кардем.

Як рӯз аз Горсвет омаданд ва баъди тафтиши счетчики банк гуфтанд светҳоятонро мекушем. Ман гуфтам барои чи мекушед? Гуфт корхонаатон 300000 (сесадҳазор) сомонӣ қарздор аст. Ман ба раис гап задам. Раис телефон кард ба одамҳои Озода. Як нафар ҳаст бо номи Темур. Темур одами Озода. Омад, мо якҷо рафтем ба назди Зелённий бозор, горсвет онҷост. Даромадем пеши раиси Горсвет. Даромад гуфт, ки «немедленно списат кун». Шишту 300 000 сомониро дар як мижа задан списат кард. Ин кор дар соли 2016 сурат гирифта буд. Ана чаро Раҳмон қарзҳои Барқи тоҷикро гузашт мекард? Ҳатто пули свети хонаҳояшонро намедиҳанд. Инҳо ҳар кадомеаш чандин корхона ва қасру кӯшку бӯстонсарову дискокулбу ресторану ширкату дигару дигарҳои бешумор доранд ва ҳамаи онҳо аслан як дирам пули барқро намедиҳанд.

Директори ширкати Фароз Азамат Қосимов аст. Самарқандиҳои Душанбе. Дар бонки Спитамен, Сулаймони ҷияни Ҷамолиддин Нуралиев, муовини директор аст. Аз ҳама дузди калонтарин. Сулаймон соли таваллудаш 1985 аст. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, «бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор», аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад. Ин Спитаменбонк тамоми сармояи худро аз ҳисоби роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд (Чаноқ) ба даст овардааст».

Ин буд он ду иқтибос, ки собит мекунад, киҳоанд, ки медузданду боз нашармида халқро қарздор мекунанд.

Инҷо мехоҳам як нуктаро ёдрас намоям.

 Раҳмонов дар паёми ахири солонаи худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли 2025  «кормандони ҷудогона»-и соҳаи электроэнергетикаро ба сунъӣ боло бурдани маблағи қарзи аҳолӣ гунаҳкор донист. Ва гуфт, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботи шабакаҳои барқ, 30-40%-и аҳолӣ маблағи барқро пардохт намекарданд. Аммо пас аз ҷорисозии низом дар шаҳру навоҳии ҷудогона, ба гуфтаи ӯ, маълум шуд, ки аҳолӣ қариб 100% маблағи истифодаи барқро пардохт мекардааст.

Раҳмонов гуфт, ки ин маълумот бозгӯи он аст, ки намояндагони ҷудогонаи шабака бо суиистифода аз мансаби хидматӣ, маблағҳои истеъмолгарони маиширо барои барқ азхуд мекардаанд. «Бо ин сабаб талафоти беасоси барқ ба таври сунъӣ ба дӯши аҳолӣ вогузор карда мешуд»,-илова карда буд вай»

Раҳмонов ин ҳарфу ҳиҷоро хеле дер гуфт. Мо, ончуноне гуфтам, хеле ҳам пештар гуфта будем. Чунки имкон надорад, ки аҳоли ҳудуди миллиард қарздор бошаду Раҳмонов ба онҳо боз барқ диҳад.

Раҳмонов аз дуздии барқ тавассути наздиконаш хуб огоҳ буд. Ва, мову шумо хуб медонем, ки дузди асосии барқ худи Раҳмонов аст. Ба хориҷа, махсусан ба Афғонистон мефурӯшад ва пули он ба киссаи хориҷии худаш меравад. Барои ҳамин аҳолиро қарздор эълон намудан ба манфиати худаш ҳам буд.

Мову шумо хуб медонем, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, имзои Раҳмонов на як бору ду бор садҳо миллион сомонӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» списат карда шудааст. Раҳмонов ин корро барои рӯпӯш кардани ҳамин гуна дуздиҳои худаш ва наздиконаш карда буд.

Аммо ин мудирони хориҷии аҷиршуда аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дасти дуздҳоро рӯ карданд ва ба аъмоқи афёрҳои Раҳмонов наздик шуданд. Раҳмонов ҳадаҳа, саросемавор як Агентии махсуси назорати назди раиси ҷумҳурӣ ташкил карда ва қисман бошд ҳам шонаҳои аҳолиро аз пардохти қарзи набуда холӣ кард ва бо дастури вай даҳҳо нафар аз масъулону маъморони арсаи барқ барои дуздии барқ дастгир, бархеашон ҷарима ва бархеашон маҳкум шуданд. Ин Агентӣ омори дуздии барқ дар саросари кишварро дар расонаҳо аланӣ кард, ки тибқи он аз ҳама бештар дар Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулоб мавориди дуздӣ ошкор шудааст ва бо ин гуна «иқдомот» Раҳмонов нишон доданӣ шуд, ки худаш дузд нест. Аммо, бигзор як каме сабр дошта бошем, оянда дуздиҳои шахси худаш ҳам рӯ хоҳад зад.

  Ҳисобгирҳои биллингӣ-счетчикҳо ва мушкилоти онҳо

«Авесто, биллинг ва миллионҳои мардум: паси счётчикҳо чӣ пинҳон аст?»

 Ҳамчуноне дар оғози матлаб навиштем сокинони Тоҷикистон аз барзиёд ҳисоб кардани ин ҳисобгирҳо норозианд. Сухан аз боло бурдани баҳои истифода ё истеъмоли барқ намеравад. Сухан аз он аст, ки мардум баъд аз онки счетчик-ҳисобкунакҳояшон ба ҳисобкунаки биллингӣ иваз гардид нороҳат ва ошуфта шудаанд. Мардум ба дурустии кори ин ҳисобкунакҳо шубҳа доранд.

Дар ҳақиқат ҷорӣ шудани низоми биллингӣ аз як сӯ дасти дуздону муфтхӯронро рӯ занонида бошад аммо ҳисобкунакҳои биллингӣ тавре тоб мехурад, ки суръаташ беҳад пуршитоб ва ба аҷала аст. Як нафар аз муштариҳои ҳамешагии «Ислоҳ» навишт, ки «дар фесбук дидам, шикоят зиёд, хеле зиёд. Дар кадоме аз навиштаҳои шумо ҳам чунин ҳарфе буд, ки ҳисобкунакҳо- счетчикҳои барқӣ зиёд менависанд.

Дар ҳақиқат инҷо чи чизе, чи асроре ниҳуфта аст. Ин счетчикҳо, ки аз Хитой меоянд бо фармоиши Авесто-групп сохта мешаванд. Авесто-групп барои дастрас ва насби ин ҳисобкунакҳо беш аз сад миллион доллар аз Бонки осиёии рушд дарёфт карда буд.

Ман бар ин гумону шак ҳастам, ки ин счетчикҳоро махсус барои Тоҷикистон ва бо дастури махсус сохта бошанд, ки якро якуним ва якунимро ду «сохта» диҳад. Ин ҳисобкунакҳоро бояд як комиссияи муштарак таҳқиқ ва тафтиш кунад».

Бубинед, ин нома танҳо ва ягона нест. Аҳолии кишвар дар дурустии кори счётчик-ҳисобгирҳои биллингӣ шаку шубҳа дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фесбук шӯру валвала ба по кардаанд. Мардуми ба дод омада нороҳату ошуфтаанд, ки ин счётчикҳо маблағро чанд маротиба бештар аз ончики дар асл масраф мешавад мезанад.

Корбаре бо номи мустаори «Рушди ватан» ин масъаларо дар Фесбук дар миён гузоштааст, ки ба он беш аз 200 нафар вокуниш ва ҳамовозӣ кардаанд ва аз кори нодуруст ва ношаффофи ҳисобкунакҳои биллингӣ гуфтаанд.

Бо истинод ва таваҷҷӯҳ бо номаҳои мутааддид ва шикоёти бакарроти хонандагони «Ислоҳ» мо ҳадс зада будем, ки ин ҳисобгир-счётчикҳои биллингӣ «чи балое» доранд. Ва ин эҳтимолро рад накарда будем, ки ин ҳисобгирҳо «махсус» ва бо заказ сохта шудааст. Баъд аз онки аҳолии мамлакат, аз тамоми манотиқ аз як дард ва аз проблемаи ягона ҳарф мезананд, мо итминон ҳосил кардем, ки ончи гумону ҳадс ва шубҳа буд, дар аслу амал воқеият аст. Ин ҳисобгирҳо бераҳмона зиёд менависанд. Бадтар аз инки зиёд менависанд сокинони кишвар, истеъмолкунандаҳоро, рӯирост фиреб мекунанд.

Агар як ё ду маврид буд, агар як ё ду, бигзор даҳ кас буд метавонистем бигӯем, ки счётчики  шумо хароб шудаст ва ё заводской деффект дорад. Аммо вақте даҳҳову садҳо нафар шикоят мекунанд, инҷо ба яқин чи сиреву асроре нуҳуфта аст.

 Аз навиштаҳои мардум дар Фесбук далел меоварам:

Рушди Ватан

«Ман чор сол боз пули барқ месупорам дар хонае, ки касе зиндагӣ намекунад. Танҳо як ҳафтаи соли гузашта онҷо як нафар меҳмон зиндагӣ карду боз рафт. Ҳамин қадар вақт ман лом мим нагуфта пули барқ супоридам. Пештар ба он хотир месупурдам, ки лампочкаи подъезд аз ҳисоби счётчики ман буд. Хайр, савоб шавад мегуфтам. Ҳоло равшани подъезд аз ҳисоби ман набудагист. Барои ҳамин биёянду бисанҷанд, нозирони Барқи тоҷик. Биёянд акт карда кушта партоянд ба ман барқ лозим нест».

Заррин Бону

«Чиба ихел мекарда бошан, ай мо ҳам бошем набошем то 500- 600 кор мекна, чи истифода барем чи не»

Гулбаҳор Қосимова

«Мо дар кучаи А.Ғуломов зиндагӣ мекардем. Хонаи моро кучониданд, тамоман чаппа кардагӣ, 2 моҳ боз хона нест. Ҳар моҳ паёмаки супоридани пули барқ меояд! Инро чи хел фаҳмем?»

Рушди Ватан

 «Ман як хона дорам онҷо касе зиндагӣ намекунад. Рости гап ман як моҳ як бор рафта хабар мегирам, як светаша дар мегиронам як дақиқа боз бармегардам. Ҳатто ду дақиқа дар намегиронам он лампаро. Барқи тоҷик бошад шарм надошта маро 50-70-80 сомонӣ расид ирсол менамояд. Ман зан модар, аз минбари худам истода аз онҳо талаб менамоям, ки агар мард бошанд биёянду тафтиш ва исбот карда ба куҷо рафтани маблағҳоро ба ман гӯянд!!!»

Хона холӣ, барқ хомӯш, аммо қарз меояд: мардум чӣ мегӯянд?

Чуноне мутолиа фармудед ва огоҳ шудед, ин навиштҳое буданд, ки соҳибони ҳисобгирҳо изҳор медоранд, ки дар хона нестанд, яъне қувваи барқро истифода накардаанд. Истифода накарданд, аммо ба номашон маблағ –расид (квитансия) омада истодааст. Дар ҳақиқат вақте лампа нест, плита нест, хуллас ҳеҷ истифода нест ин пул аз куҷо? Як кас бошад гапи дигар, халқ шикоят дорад.

Аммо боз гурӯҳи дигар аз он шикоят кардааст, ки маблағ барзиёд ҳисоб карда мешавад:

Ҳикмат Розиқ

Маълум, ки биллингаш маблағро барзиёд ҳисоб мекунад. «Барқи тоҷик! Чаро бояд ман дар хонае, ки истиқомат намекунам 80 с.ҳар моҳ пули барқ супорам? Эксперт фиристед. тел 555588570»

Рушди Ватан

 «Ман вақто дар хонаи ду ҳуҷрагаам дар ҳамин фурудгоҳи кӯҳна зиндагӣ мекардам, як термекс, плита ва як радиатор истифода мебурдам. Маблағ 150 сомонӣ меомад дар зимистон. Вақто биллинг шуд ин маблағ ба 500 расид, айнан ба ҳамон тарзи истифодабарӣ. Барои ҳамин ман намедонам чи кор кунам, чун зиндагӣ дар кишваре, ки доим фиребат мекунанд, душвор аст. Барои ман масалан пайдо кардани маблағ осон нест, чун ман қаллоб нестам, як зани одии қаламкаш ҳастам».

Файзуллоев Сайфулло

«Биллинг аз счетчикҳои пешинада тенҷи бад кор мекна, чанд фоизе барои Барқи тоҷик кор мекна. Худут якум одам нестӣ и масалақатӣ, меган ҳама система компютер шудааст, аз дастамон ҳеҷ чиз намеояд. Савол:- компютера одам сохтааст, ё одамро компютер сохтааст, пештар дуздира метонистагиё мекардан ҳозир бошад компютер, пас соҳиби компютер кист, боз одам…

Рустам Хоҷаев

То рӯзе, ки ҳами счетчикои нав набуд дар моҳи зимистон ман то 400 сомон дар картаам мегузаронидам, сад фоиз мерасонд, а ҳозир дар зимистон 2 баробар зиёд шуд. Намедонум и чхели счетчикай дар зимистон то 800-900 сомон дар тобистон 400-500 кор мекунад, дига ба кӣ муроҷиат кунем ҳамира якбор аз назар мегузарониданд ки и чи хели счетчикай любой одам менола бахдо дар шаҳри Кулоб

Рушди Ватан

«Ман шабамро рӯз накардаам дар он хона, ҳатто ҳамсоя гувоҳанд. Аммо маблағро месупорам бе чуну чаро, мисли аблаҳ…Барои он маблағ месупорам, ки ба давлат ва шаффофияти кори кормандони Барқи тоҷик бовар дорам. Ман чи медонам, ки ин ширкат чи сир дорад, дӯсти миллат аст ва ё душмани миллат??? Рақамҳои ман пешатон ҳаст. Биёед ва санҷиш гузаронед!!! Агар дуздӣ бошад қатъ намоед, агар айб аз тарафи шумо бошад, шумо системаи пурқудрат ҳастед, ман чизе намегӯям, танҳо аз кишвар кӯч мебандам».

Гулчеҳра Ҳомидова

«Ман ҳам счетчикама нав кардам, нархи якмоҳа маблағи барқ ду баробар шуд. 350-400 месупоридам, акнун то 700 месупорам дар як моҳ»

Ва дар ҳаминҷо як далели ҷолибу аҷиб. Маълум мешавад, ки аз ин рафтори ҳисобкунакҳо кормандони ШТБ-ширкати тақсимоти барқ огоҳанд:

Роҳбар Зайниддинова

Якта савол, ҳозир мардум аз ҳисобкунакҳои биллингӣ хело шикоят карда истодаанд, чунки зиёд барқро ҳисоб мекардааст.

Дирӯз дар ҳавлиҳои мо низ ҳисобкунакҳои биллингиро насб карданӣ буданд, ман аз кормандонаш хоҳиш кардам, ки пеш аз насб кардани ҳисобкунаки биллингӣ мо бояд онро дар «Тоҷикстандарт» аз назорат гузаронем ва даррав ҷавоби радро гирифтам.

Ва чаро мумкин нест ми?

Раҳматзода Ҳайит

«Беҳтараш ба прокуратура ё коррупсия  муроҷиат мекардед, тафтишот ё амалиёт мегузарониданд. Як дастгир шаванд, баъд мефаҳмиданд».

Олимшо Худоиев

Корхонаву ширкатҳое ҳастанд пули барқро қисман месупоранд, шабакаҳои барқӣ бошад аз халқ мегиранд, ҳисобкунакҳои билинги тамоман хато, зиёдатӣ ҳисоб мекунанд. Пули барқро месупорӣ ҳамавақт бақия ҷамъ мешавад. Кай ин мушкили дузди ислоҳ мешавад?»

Майсара Шарипова

«Барқи тоҷик бояд ин ҳолатро дида барояду ягон чораҷӯӣ кунад!!! Ин аҳвол дар тамоми ҷо ҳамин хел аст!!! Ту дар хона ҳастӣ, нестӣ, бояд пули барқро супорӣ»?

Таваралиева Лайло

«Ҳисобкункҳо маҳкаманд онҳоро боз карда намешавад. Дари оҳанин доранд. Ман касеро гунаҳгор карданӣ нестам. Биёянд нафарон аз ширкат муйро аз хамир ҷудо кунанд».

Ҳикмат Розиқ

«Дар тамоми шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо анъанае ҷорӣ шудааст. Нозирони барқ ба манзилатон наомада, ҳисобкунаки барқиатонро надида, аммо охири моҳ ба номатон паёмак мерасад, ки шумо аз барқ 80 ё 150 сомонӣ қарздоред. Агар мабодо қарздор бошеду онро пардохт кунед ҳам, пас аз як ҳафта боз паёмак меояд, ки шумо фалон миқдор маблағ қарздоред. Мардум дар тааҷҷубанд, ки касе аз ҳисобкунаки барқӣ хабар нагирифта, ҳисобкунак ба шабакаи интернетӣ ва сомонаи Барқи тоҷик пайваст набошад, қарздории мардумро аз куҷо муайян мекунанд?.

Хулоса, ба хулосае омадам, ки нозирони барқ ҳама ФОЛБИН шудаанд. Имрӯз, ки дар саросари кишварамон бар зидди фолбинҳову ҷодугарон мубориза мебаранд, чаро ФОЛБИНҳои Барқи тоҷик аз мадди назар дур мондаанд»

Ҳусниддин Имомиддинов

«Ин биллинги шуд аз Худо натарсиден. Ин моҳ 1300 сомон кор кард. Ман дар зимистон тамоми намуди печка кор мекард ин қадар пул намешуд. Ин ягон камиссияи санҷишӣ ҳаст бо лампочка термекс ин килавата санҷед ин қадар кор намекунад ягон идора мақомот приза(?) ва санҷиш ҳаст»

Худоёр Валиев

«Бале, ҳами масала басо ташвишовар. Ба ин қазия кӣ ҷавоб медода бошад ва маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ мешуда барои чи ва аз куҷо? Оё масъулон посух мегӯянд ё як роҳи даромадашонро пинҳон доштанианд???»

Абдураҳмон Косимов

«Дар тамоми Тоҷикистон ҳамин авҳол аст ин як ғоратгарии руирост»

Фарух Раҷабов

«Салом ба фикри ман ҳар моҳ компютер автомати хдш 50 то 10 см дар номатон мешнона мисол 200 квт ё 500 квт, рафта аз пеш гап мезани ин масала ҳал мешава».

Сафар Ниёзов

«Ана акнун гап аз гап баромад. Ман се моҳ свет истифода набурдам. Соли гузашта ба дигар шаҳр рафтем, баъд аз се моҳ омадам 100 кор кардай. Симҳои свет аз столба буридагӣ, ин чи хел мешад. Ин арза ба куҷо гӯем ба ки гуем счёчик барои чи даркор?»

Счётчикҳои Рустам: «манбаи нави пулканӣ аз ҷайби мардум»

Ва, дар охири навишта чи гуфтанием? Бигзор, ки ин ҳисобгирҳоро масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқ якҷо бо Бонки осиёи рушд бисанҷанд. Барои мисол мо дигар мутмаинем, ки ин миллионҳо, миллиардҳо пули изофӣ, балки ғорати ошкорои мардум, тавассути ин счетчикҳои ба истилоҳ биллингӣ ҷамъоварӣ мешавад ба ҷайби ҳамин Авестогрупп меравад. Ва, онҳо дидаву дониста халқро дуздӣ карда истодаанд

Мардум дар навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда намегӯянд, ки аз дуздони маҳаллӣ, аз дуздоне, ки омада ҳисоб карда мерафтанд халос хӯрдем вале ба доми дуздони техникӣ ғалтидем. Ва ин гуна ба ҳамдигар маслиҳат ҳам медиҳанд, ки ҳисобкунакро сурат гиред, боз ин моҳ сурат гиред

«Бародар хонаи падарии ман 6 моҳ мешавад барқашро куштаанд, симҳояшро бурида буданд аммо ин ҳисобкунаки биллингӣ ҳар моҳ 80-90 сомонӣ задаст. Аҷаб»

Ҳеҷ кас ба ин ҳисобгирҳо дастрасӣ надорад, ки бигӯем, ин кор «дастӣ» сурат мегирад, ҳатто контролёр ё дигар коргари ширкати барқ ҳам. Ин аз реша мушкил дорд. Мушкил дар сари худи ҳамин ҳисобгир-счетчик аст.

Вале боз як саволи дигар ин аст ки бубинед, тамоми масорифу махориҷи ин барномаро муассисаҳо молиявии байналмиллӣ мекунанду аммо даромади онро кӣ мегирад?

Раҳмонов ба ҳадде дузди касбӣ-профӣ шудааст, ки на фақат ҳаминхел, ҳам аз тору ҳам аз пуд мезанад, ҳатто аз дуздиаш ё барои дуздиаш ҳам «пул» кор мекунад. Масалан насби ҳамин счетчикҳо ройгон аст аммо «Авестогрупп»и Рустам онҳоро пулакӣ насб кардаву бо пул ба аҳолӣ мефурӯшад.

Рустами Эмомалӣ мехост бо «биллинг» худро ҳамчун ислоҳгар ва мудири замонавӣ нишон диҳад. Аммо имрӯз мардум мебинанд, ки пушти ин «технологияи нав» на шаффофият, балки як низоми нави ғорат пинҳон шудааст. Пештар мардум аз контролёру нозир метарсиданд, имрӯз аз счётчике метарсанд, ки ҳатто хонаи холиро қарздор мекунад.

Мардум як чизро хуб фаҳмиданд: вақте дар кишвар қонун нест, ҳатто технология ҳам ба олати дуздӣ табдил дода мешавад. Счётчик айбдор нест. Система айбдор аст. Он системае, ки ҳама чизро аз барқ то нон, аз об то нафаси мардум, ба манбаи даромади хонаводаи Раҳмонов табдил додааст.

Имрӯз мардум мепурсанд: агар хона холӣ бошаду барқ насӯзад, пас ин пул ба куҷо меравад? Ин савол танҳо саволи техникии «биллинг» нест. Ин саволи сиёсист. Савол дар бораи низоме аст, ки солҳои дароз бо рақамҳои сохта, қарзҳои қалбакӣ ва омори дурӯғ мардумро ғорат кард.

Рустами Эмомалӣ ва доираи ӯ фикр карданд, ки метавонанд дуздиро рақамӣ ва «қонунӣ» кунанд. Аммо як чизро фаромӯш карданд: вақте шикояти мардум аз тамоми кишвар яксон садо медиҳад, дигар ин «хато» ва иштибоҳ нест-ин як ғорати системавист. Аммо ноком ва шармандаву расвояшон кард дар назди миллат.

Ва мардум дер ё зуд ҳақиқатро пурра хоҳанд фаҳмид:
Эмомалӣ Раҳмонове, ки солҳо аҳолиро «қарздор» мегуфт, дар асл худи ӯ ва оилааш бузургтарин қарздорон ва ғоратгарони ин миллатанд. Дигар ниёз ба далелҳои бештар аз ин нестед!

Share This Article