Раҳмонов аз манзаре дигар

Ислоҳ нет

«Мастерок» аз Душанбе, «Ҷумъабозор» аз Хуҷанд: як шеваи тасарруф

       «Мастерок»,мағозаи бузург (супермаркет)-и масолеҳи бинокорӣ ва таҷҳизоти рӯзгори Раҳими ғармӣ, ки дар маҳаллаи Зарнисори Душанбе воқеъ буд, аз тарафи Бег Сабур, яке аз қудоҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмонов тасарруф гардид.

«Ҷумъабозор»-и Хуҷанд, ки ба як соҳибкори маҳаллӣ тааллуқ дошт аз тарафи ширкати домсози «Асри ман» бо иҷбор гирифта шуд. «Асри ман» ширкате дар Душанбе аст, ки гуфта мешавад аз они дӯстони Рустами Эмомалист

Агар чанд соли пеш танҳо аъзои хонавода ин корро мекард, ҳоло дигар хешони дур ҳам ба ин ғасбу тасарруф даст заданд.

Мавориди ғасбу тасарруфи ширкату тиҷорату корхонаҳо, ки тавассути оила ва наздикони Раҳмонов сурат мегирад, марҳалаи наве дар раванди ғорати сармояи дигарон аст, ки аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ва авлоду ақориби вай ба амал меояд. Кореро, ки худи Раҳмонов ва аъзои хонаводаи вай асос гузошта бузургтарин манобеъи иқтисодиву молиявии кишварро тасаллут ва тасоҳуб карданд, имрӯз хешовандон ва ҳаммаҳалаҳояш дар саросари Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Яъне Раҳмонов иқтидори сиёсӣ ва ҳокимиятро василаи бойшавии худ ва наздиконаш қарор дода роҳи ғорату дуздии мардум ва сарвату дороиҳои мамлакат барои оилаи худ ва наздиконашро ҳамвор кардааст.

    Раҳмонов аз манзаре дигар

(қисми аввал)

  Бо баргузории ҷашни сивупанҷумин солгарди Истиқлол бо издиҳоми беш аз садҳазорӣ Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳад бигӯяд, ки ин ҳама баёнгари тарафдорӣ аз сиёсатҳои ман ва нишони меҳру муҳаббати мардум ба шахси ману ҳукумати ман аст.

 Э. Раҳмонов мисли соири худкомаҳои бехудшуда дар қудрат ташвиқу таблиғи осмонӣ, лофу газоф, воҳимаву дабдабаро барои таҳкими ҳокимият муҳим меҳисобад. Ин издиҳом дар тафсири Э.Раҳмонов чунин аст ки «дар зери сояи давлати ман мардум чи қадр хушҳолу розианд, ки 100, 101 ё 99 ҳазор шуда барои ман тавлаку думбра мезананду рақсу бозӣ мекунанд». Ҳамин аст ки ҳарчи бештар воҳимаву валвала, гундаву барҷаста ва муҳташаму ғайриодӣ мекунад.

  Аммо вақте аз миёни тӯдаҳои мардум дар ин сивуанд сол ҳатто як нафар дар нисфи Ҳасан Асадуллозода нарасид, ҳатто як ширкате дигар монанди «Фароз» ё «Авесто» пайдо нашуд бар садоқату самимияти иштироки ин садҳазор таҳти савол меравад.

  Хонанда ва тамошобини бозаковату боҳуши «Ислоҳ»! Ин бор ҳам аз Э.Раҳмонов хоҳем гуфт. Чунки аз 35 соли даврони истиқлол 34 соли он бо Раҳмонов гузаштааст. Тамасхур, тасодуф ва бозии қисмат ин буда, ки нафаре, ки муқобил буд, ҳоло шудааст муҳофизи истиқлол.

«Ислоҳ» панҷ соли пеш, дар робита ба сисолагии ҷашни Истиқлол риштагузоришеро таҳти ин унвон«Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор» (https://isloh.net/14773/si-soli-istiqlol-bo-jak-diktator) дар шаш бахш таҳия ва тақдим карда буд. 

Ин бор бахшида ба сивупанҷумин солгарди Истиқлол қарор бар ин шуд, ки силсилаи дигареро пешкаши шумо гардонем. Вале ин бор Раҳмонов аз манзар ва зовияе дигар ба тасвир кашида шудааст. Ин ба он маъно нест, ки шиштаву Раҳмонови дигар сохта ва эҷод карда бошем. Ин ба он маъност, ки Раҳмоновро аз манзар ва дидгоҳи як инсон гуфтем. Инҷо низ мехоҳем намехоҳем ба кору фаъолияти вай мудохала мешавад, аммо бештар тамаркуз, таваҷҷӯҳ, болои инсоният ва одамияти Э.Раҳмонов аст. Ҳамчун як инсони ба гуфтаи худаш «деҳқонбача»,ки «дар авлодаш касе дипломдор ҷуз худаш надорад», як акаи тракторчӣ дораду тамом (ин акааш солҳо баъд фермери бузург, тоҷири пулмаст, духтарбоз ва началник отделкадри ғайрирасмии Раҳмонов шуд),то куҷо деҳқонбачагии худро нигаҳ дошт? Як нафаре, ки тӯли ин беш аз се даҳа қудрат ва ҳокимиятро дар ихтиёр дорад, тавонистааст инсоният ва одамияти худро ҳифз кунад ва ё ба як мошинаи (оҳан)-и беруҳу беҳис бадал шудааст.

 Ба пиндори мо дар вай инстинкт (ғариза)-и ҳайвонии як инсон бештар таборуз ва таъарруз кардааст ва ҳар чи аз тағзияву ризқи умум, мансуби мардумро мисли як дарранда кандаву гирифтаву бо худу галаи худ бахшу тақсим карда истодааст.

Мо ин силсиларо «Раҳмонов аз манзаре дигар» ном гузоштем.

  Як мақоли тоҷикӣ ҳаст, ки мегӯяд: «осиёб, ки даромадӣ, гардолуд мешавӣ». Ва ин мақол дар оини нафароне амсоли Раҳмонов фалсафа ва моҳияти зиндагиашон аст. Хуб, бошад! Аммо вақте осиёб дароиву ҳамаро бигириву осиёбонро берун андозиву ҳатто нагузорӣ гарде ба дигарон насиб нашавадро чи метавон гуфт?  

Мисли офтоб рӯшан аст, ки ин издиҳоми садҳазорӣ, ки Душанберо ба ларзаву воҳима меандозад, барои хушиву хушнудии ҳамин як кас, як касе, ки осиёбро ҳам гирифту гарди онро ҳам ташкил шудааст. Ҳамин як касро бояд хурсанду хушҳол кард. Худи ин садҳазор чи проблема ва чи мушкил дорад, гарде ба вай ҳам хоҳад расид ё хайр, қатъан аҳамият надорад. Аҳамият ва муҳиммияти ин таҷаммӯъи садҳазорӣ фақат барои ҳамонест, ки гуфтем осиёбу гарди осиёбро тасоҳуб кардааст. 

Чаро маҳз садҳазор? Масалан чаро 10, 20, 30, 50, 60, хуб бигӯем 90 ҳазор неву маҳз садҳазор? Бале, бояд гунда кунад, баландтару баландтар ҷеғу фарёд занад, таблу нақора бикӯбад, барҷаставу барҷастатар созад, думбраву сурной навозад, тавре намоён кунаду намоиш диҳад, ки нӯҳ фалак  дар тарокум ва таҳлука афтад.

Аммо дар ин васат ҳиҷ оҳоде аз инҳо, не Ҳасан, на Сомон, на Шамсулло дар ин «маршировка», ки болои гардан портрети Раҳмоновро дошта бошанд, ба назар намеоянд. Раҳмонову Рустаму Озода дар болои минбаранд.

 Дар майдон онҳо, ки аз садҳазор афзунтаранд, аблақу азрақу қирмизу қатрон ва атласу адрас пӯшидаанд, соқу соид намоён, пешобағалҳову сару гарданро бараҳна кардаанд, дар асл эҳтиёҷ ба гарди осиё доранд, осиёбе, ки гуфтем Раҳмонов аз худ кардааст.

Паси саҳнаи ҷашни 35-солагии истиқлол

  Аммо воқеияти ин мамлакат дигар аст. Воқеият оне нест, ки ин издиҳоми ғулғулафкан ба намоиш мегузорад. Воқеиятро дар ин навишта ва дар ин наворҳову филми мо мебинед. 

Ин бор навиштаи мо дар панҷ қисмат омода шудааст. Дар қисмати аввал хоҳем дид, ки чи гуна як нафар,ки дар миёни мардум буд( раиси совхоз,на аз элита ҳокими вақт)бо гардиши чархи каҷрафтор раиси ҷумҳур шуд, зарфият, иқтидор ва зӯри бозуи давлатро барои ғасбу тасарруф истифода карда ончики ин мамлакат дорад, ба бастагони худ бахшу қисмат кардааст.

 Бешак, то ин муддат ҳам дар бораи Раҳмонов кам нагуфтаанду мо низ кам нагуфтаем. Ҳеҷ ҷойи ободиаш намонд. Аз мансабфурӯшӣ, аз порагирӣ, аз маҳалгироиву авлодбозӣ, аз ғасбҳои рейдерӣ, аз куштору ба зиндон андохтани рақибони сиёсӣ, аз динбезорву масҷидбандӣ, хуллас, аз хеле аз кору кирдори вай гуфтем, аз ҷумла дар ҳамон риштаматолиби «Сӣ соли истиқлол бо як диктатор».

   Агар дар солҳои қабл манбаъи даромади Раҳмонов, (дигар кайҳо деҳқонбачагии худро фаромуш карда буд)ғасби тиҷорати дигарҳо, корхонаву ширкатҳо, масалан корхонаи тавлиди алюминий-Талко, фурӯши захираҳои табиӣ ба хориҷиҳо, масалан хитоиҳо, бонкҳо, пахта, неруи барқ, мансабу курсиҳо дар ҳукумат ва амсоли инҳо, то бозорҳову то корхонаҳои коркарди пахта (хлоппункт), осоишгоҳҳо (санаторияҳо) ва ғайра, мунтаҳо иқтисоди гардону дар ҳоли ҳаракат буд, дар ин авохир шурӯъ кардааст ба тасарруфи байтулмол-хазинаи давлат. Чун дигар ҳамачиро, ки даромад дошту фоида меовард, манобеъи пул буд, масалан корхонаи спиртбарории Исфара, корхонаи дузандагии «Гулистон»-и Душанбе, нуриҳои минералии Ёвон, сангҳои гаронбаҳои Бадахшон, тамоми автозаправкаҳо дар шаҳри Хуҷанду атрофи он ва амсоли инро гирифт, тамоми тиллову нуқраву биринҷиву қалъагиву урану волфраму молибдену, хуллас, ҳама моддаҳои ҷадвали Менделеев, ки дар қаъри куҳҳо (хуни ҷигари куҳҳо)-и кишвар буд бо Хитой ва Талко -групп, Талко- голд, Талко -кемикал, ки соҳибашон Ҳасани ишкамба додарарӯсаш аст, гирифт, конҳои ангишти Қаротегину Айниву Масчову Исфараву Панҷакент ҳам барои ин оила хизмат мекунад ва ҳоло, ки ҷойе барои ором кардани нафси амморааш намонд, бюҷети мамлакат ва кафолати ҳукуматро ҳадаф ва василаи ғасби сарват қарор додааст. Ин ба он маъно аст ки Раҳмонов дар амри тасарруфу тасоҳубу тасаллут уфуқҳои наверо боз карда истодааст.

  Дар ҳоли ҳозир Э.Раҳмонов аз гузашта бештар, зарфият, имконият ва кафолати давлату ҳукуматро барои бойшавии оилааш ва махсусан Рустам истифода карда истодааст. Қасди Раҳмонов ин аст, ки Рустам дар курсии президентӣ ҳамчун як мултимиллиардер биншинад, на мисли худаш, ки бо костюми аренда ҳукумат гирифта буд. (Як пар костюму брюкро аз военторги Термез ҳам пушонида буданд).

Раҳмонов ба таври расмӣ, бо санади ҳукумат ва бо тасвибу таъйиди парлумон барои Рустам миллионҳову миллиардҳоро аз ҳисоби байтулмол-бюҷети кишвар вогузор карда истодааст.

Масалан Раҳмонов аз номи ҳукумат қарор содир мекунад, ки «дар доираи ҳамкории ҳукумат бо бахши хусусӣ ва бо ҳадафи дастгирии соҳибкорони ватанӣ барои сохтмони фермаи мурғу гови «Мармарӣ» -и Рустам дар Данғара 100 миллион доллар сармоя мегузорад». Парлумони Тоҷикистон бошад билофосила онро тасвибу таъйид мекунад. Аммо парлумон суол намекунад, ки чаро ҳукумат маҳз барои «Мармарӣ» сармоя мегузорад? Ба ягон корхона ва ё ширкати дигар намедиҳад?

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ».

Ин тавр гумон накунед, ки ҳарфи муфт гуфта бошем. Далели мувассақ ва муваҷҷаҳ меоварем, ки Раҳмонов барои Рустам пули бюҷетро бебаркаш арзонӣ дошта истодааст.

  «7уми июни 2019 байни ширкати Авестогрупп ва ҳукумати Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон барои ба Авестогрупп ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли нӯшоба ва машруботи «Сиёма» 10 миллион доллар ҷудо мекунад».

Ин созишнома дар ҳамин сана аз тарафи Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид. 

Ҳоло барои худ суол кунед, ки раиси ҳукумати Тоҷикистон кӣ асту молики Авестогрупп кист?

Ва боз як мисоли конкретии дигар:

« Дар майдони 37 гектар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкати “Кристалл Грин Гласс” шаҳрчаи саноатӣ месозад. Дар ин замина байни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Корхонаи истеҳсоли шиша бо сармоягузории 120 миллион доллар, баробар ба як миллиарду 200 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад, ки « аллакай байни Ҳукумати кишвар ва корхонаи “Кристалл Грин Гласс” барои ин, созишнома ба имзо расидааст. Дар ин хусус масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд».

Фикр мекунед ин соҳибкори бо дилу гурда кист,ки 37 гектар замин дар Душанберо метавонад бигирад,дар ҳоле,ки ҳар сотихи он аз ҳазорон доллар боло нарх дорад ва гузашта аз ин ҳукумат барои иҷрои нақшаву барномаи вай як миллиару 200 миллион сомонӣ сармоя мегузорад?

  Бар пояи маълумот аз манобеъи муътамад корхонаи “Кристалл Грин Гласс” тавассути нафарони Авесторупп идора ва назорат карда мешавад.

Воқеият ин аст ки  ин ҳотамӣ, ин қорунӣ, ин валинеъматӣ, ки Раҳмонов барои Авестогрупп карда истодааст, фақат ва фақат барои Рустам аст. Бубинед, ки танҳо бо имзои ду созишнома (худо донад, ки теъдоди ин гуна созишномаҳо чи қадар бошад) ҳудуди якуниммиллиард сомонии бюҷет ба ҳисоби ширкати Рустам сарозер мешавад. Инҷо ба ин нукот, ки ҳади ақал даҳяки ин пулро барои дигарҳо медод, чи мешуд ва дигар ин ки ин ҳотамӣ ва дасти кушоди Раҳмонов, ки аз ҷайби худаш, ки нест, аз ҳисоби бюҷет, байтулмоли давлат, ҳам мутаваҷҷеҳ бишавед, ки мо беҷиҳат ва бефакт нагуфтаем. Дар ҳақиқат дузди асосӣ ва дузди рақам,№1-и Тоҷикистон худи Раҳмонов аст ва ин хислат ва хӯи зотиву аслии худро ба Рустам омӯзонида истодааст. Албатта, пурсишу саволҳои дигар ин аст ки оё аз ин пулҳо Рустам ва худи Раҳмонов чи қадарашро медузданд? Магар ягон ниҳоде метавонад, ки инро бисанҷад? Дақиқан, ки наметавонад.

Аммо ҳама чиз бо ин чанд ҳолату мавориди дуздиҳои наву расмии Раҳмонов барои мултимиллиардер кардани Рустам ба поён намерасад. Раҳмонов ба унвони як қаллоб ва афиристи давлатӣ аз давлатҳои хориҷӣ, масалан аз Хитой барои ширкату корхонаҳои Рустам маблағҳои бузург гирифта онро ҳамчун қарз дар гардани ҳукумат бор мекунад. Қарзи Хитойро ширкату корхонаҳои Рустам дарёфт мекунанду гарантӣ ё кафолати бозгардони онро ҳукумати Тоҷикистон бар зима мегирад. Ба ин хабар мутаваҷҷеҳ бишавед:

«Дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе ба Хитой,ки аз 20 август то 23 соли 2023 сурат гирифт 11 санад ба имзо расид, ки бештари онҳо ба шаҳри Душнбе ва корхонаву ширкатҳои Рустм марбут аст. Аз он ҷумла ин созишномаҳо:

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»;

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид бо иқтидори 300 ҳазор дар як сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ин созишномаҳо даҳҳо миллион доллари қарзро бо гарантияи ҳукумати Тоҷикистон аз Хитой ва ширкатҳои он ба ихтиёри Рустам ва ширкатҳои он қарор додаанд.

Тафсиру ташреҳи ин уфуқҳои нави қаллобиву дуздиҳои Раҳмонов ғайримкон аст, чун аз сафаҳоти китобҳои «навишта»-и Раҳмонов бештар мешавад. (Зимнан,бахши баъдии ин риштагузориш дар бораи “асарҳо”-и Раҳмонов аст). Ин ҳама маблағҳои бузургу беҳисоб, ки Раҳмонов аз ҳисоби бюҷети мамлакат ва бо кафолати ҳукумат ба Рустам медиҳад, чи маъно дошта метавонад?

Яъне ҳама чиз, ҳама дору мадор барои Ҷаноби олӣ ва хонаводаи вай аст? Яъне ин аст ки шумо хап кунед, лому мим нагуед. Ҳамаи чиз аз ман аст. Ҳар навъе бихоҳам распределят мекунам. Шумо знукатон набарояд, шумо ғулому канизу бардаед. Ин ману  Рустаму Озодаву….рулеват мекунем. Шумо бара, буз, гуспанд, бузғола, гусола, гов, хар, асп ҳастеду мо раис, чупон, даҳмарда ва подабонем?

  Садҳазори шумо, дар пеши ману Рустам Озода тансеват мекунед, шагат мекунед, мо аз шумо баланду болоем, шумо дар таги пои мо ҳастед. Мо шуморо суворӣ кардаем.

Мардум беҳуда ин саволро намедиҳад, ки чаро Ҷаноби олӣ Исмати дулик ( Исмат Абдуллозода,раиси собиқи фурудгоҳи Душанбе) дӯст ва ҳамсинфи Азизмои газетхонакро, ки як миллиарду сесад миллиони давлатро дуздид, озод кард, ҳатто сари суд набурд, аммо Иззат Амонро барои гуё напардохтани ҳамагӣ 200 сомонӣ 9 сол зиндон кард ва боз ҷинояти содирнакардаеро бораш карду муҳлати ҷазоро ба 16 сол расонид?.

Чаро Раҳмонов калаю пуст барои Рустам зада истодааст? Агар ончиро, ки барои Рустам ва оилааш кард, барои халқ мекард, вазъи халқ мисли вазъи оилааш мешуд? Раҳмонов ҳамеша халқро дар пастӣ ва фақр ниёзмандӣ нигоҳ медорад?

Раҳмонов ин ҳама маблағҳои бузургро, ки аз они халқ аст чаро бебаркаш ба Рустам медиҳад? Чаро ҳукумати Тоҷикистон, яъне Э. Раҳмонов ба ягон ширкати дигари ғайри оила сармоя намегузорад?

Ба ягон соҳибкори дигари ватанӣ Раҳмонов ҳозир аст ки аз пойтахти кишвар 37 гектар замин ҷудо кунад?

Чаро дар ин 11 созишнома, ки бо кафолати ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид фақат ширкатҳои марбути Рустам ҳаст?

Ширкати «Азот»-ро, ки дар ин созишнома исмаш тазаккур мешавад, яъне корхонаи собиқ нуриҳои азотии Вахш дар соли 2021 дар як музоядаи ҷаълӣ ва дурӯғӣ Рустам гирифт. Ин корхонаро дар гузашта соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид комилан навсозию гардон карда ва тавлидоташро ба қаламрави СНГ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо бароварда буд.

Хуб, ҳоло,ки дигар ин факту рақамҳоро,ки гирифтед, шояд бипурсед,ки яъне чӣ?

Яъне инки сармоягузории ҳукумат ба ширкатҳои Рустам навъи дигари тасарруфу ғасби дороиву манобеъи халқи тоҷик аз тарафи Раҳмонов аст. 

Раҳмонов фарзанди содиқи халқи тоҷик нест, онгуна, ки чоплусону маддоҳонаш ба қалам медиҳанд. Раҳмонов сипару ҷавшани оилаву авлодаш аст.

Бубинед, як факти ҷолиби дигар. Дар миёни ҳудуди 200 нафар аз онҳо, ки ба муносибати ҷашни сивупанҷсолагӣ мукофоти давлатӣ гирифтанд Рустами Эмомалӣ танҳо нафаре аст ки орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ гирифт. Ин ҷоиза, чуноне дар расонаҳо гуфта шуд ба роҳбарони давлату ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон тақдим мешавад, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд. Раҳмонов чанд соли қабл ба Рустам нишон ё ордени Зарринтоҷ дода буд. Бинобар тағйир дар қонун нафарҳое, ки барандаи ду ҷоизаи давлатӣ мешаванд, маоши онҳо дукарата пардохт карда мешавад.

Ва, аммо бо ин ҳама фароҳамсозии шароит барои мултимиллиардерсозии Рустам аз ҳисоби пули байтулмол, бюҷети давлат ва гарантияи ҳукумат хотима намеёбад. Э. Раҳмонов ба унвони як дузд ва ғоратгари бузурги ботаҷриба Рустамро бо имтиёзҳои саршори ҳукуматӣ ҳам таъмин кардааст. Ин имтиёз (лготҳои расмӣ) амалан як даричаи дигар барои дуздии пули бюҷет аст.

Боз ҳам брмегардем ба «Мармарӣ»

Дар соли 2021, ҳукумати Тоҷикистон ин ширкати азимро барои ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард.

 Тибқи феҳрасти ҳукумат, «Мармарӣ« метавонад, аз ҷумла 40 трактор, 40 комбайн, 20 мошини борбар, 10 мошини обкашон, 120 ҳазор тонна пунба, ним миллион тонна хӯроки мурғ, 450 ҳазор тонна тухми зағер, 540 ҳазор тонна тухми рапсро бе ҳеч гуна пардохтҳо ба буҷет ба кишвар ворид кунад.

Дар ин санад миқдори пуле, ки буҷети кишвар аз ин қарори «саховатмандона»-и ҳукумат ба ширкати хусусии «Мармарӣ» бой медиҳад, зикр нашудааст. Ба арзёбии чанде аз брокерони гумрук, ки бо ин феҳраст шинос шуданд, боҷи гумрук ва андози ин миқдор молу таҷҳизот беш аз 20 миллион сомонӣ буда метавонад».

Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ аз пардохти

  • андоз аз фоида;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андози замин;
  • андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.

Ҳоло бингарем, ки барои Рустам боз чи гуна имтиёзҳои ҳукуматиро Раҳмонов арзонӣ доштааст. Бинобар додаҳои интернетӣ ва навиштаи расонаҳо,аз ҷумла «Озодӣ» то омадани Рустам ба шаҳри Душанбе «имтиёзҳои хос ва буҷаи бештар ба ҳукумати ноҳияи Данғара дода мешуд». Ба навиштаи расонаҳо, буҷаи он ба буҷаи 13 ноҳияи дигари вилояти Хатлон баробар буд. Акнун таваҷӯҳи хос ба Душанбе тамаркуз ёфтааст.

Бино бар омори расмӣ, чунин имтиёзҳои фаровон ба шаҳри Душанбе пеш аз таъин шудани Рустами Эмомалӣ дода намешуданд. Аз ҷумла, соли 2016, як сол қабл аз раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ, ҳукумат фақат воридоти нақлиёти мусофирбар, мазут барои “Маркази барқу гармидиҳӣ ва масолеҳ барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ аз пардохти андоз озод шуда буд. Ҳамчунин, имсол барои Федератсия футболи Тоҷикистон сабукӣ додаанд. Ҳамин тавр, ФФТ ва дастаҳои футбол фақат ними андоз аз молу мулкро месупоранд. Инчунин, мураббиёну бозигароне, ки аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба андозаи 50 дарсад озод ҳастанд.

 Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, 15-уми феврал гуфт, бар асоси Кодекси нави андоз, имтиёзҳои андозии иловагӣ наметавонад аз 5 сол зиёд давом кунанд. Вале дар мавриди шаҳри Душанбе ва баъзе аз ширкату ниҳодҳои наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон ин қоида амал намекунад. Аз ҷумла, имтиёзҳои озодӣ аз андозу пардохтҳо барои сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ беш аз 15 сол боз идома доранд ва соҳаҳои хеле дуртар аз бинокориро низ фаро гирифтаанд.

Додани сабукӣ барои шаҳрдории Душанбе ягона имтиёзи ҳукумат барои Рустами Эмомалӣ Раҳмон нест. Соли 2017 бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд.

Ҳатто идораву вазоратҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеч рабт надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдони бозии кӯдаконро бунёд карданд. Инчунин ҳукумати вилояти Суғд вазифадор шуд, ки Боғи ба номи Садриддин Айниро бозсозӣ кунад ва онро моҳи ноябри соли 2017 ифтитоҳ карданд. Бо пули ҳукумати вилояти Хатлон Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанберо навсозӣ карданд».

Чуноне мебинем Раҳмонов дар оқибати кор идораи нафси худро комилан аз даст додааст. Ба унвони як инсон низ,таҳаввул ва тағйироти ҷиддӣ дар Раҳмонов таборуз кардааст.Вай дигар як инсон ва як одам нест. Саволи вай ба аксарияти мансабдорон ин аст, ки ин қадар сол кор кардӣ, чи дорӣ? Фалсафа ва моҳияти зиндагии шасӣ ва ҳукуматдориаш ҳам ҳамин шудааст. Вай ба як монстр ва ба як ғул ва ба як динозаври давраҳои дури дур бадал шудааст. Ба гумони ғолиб бо ин нафсе, ки дорад Раҳмонов ё дар сари дастурхон ё дар халоҷо ҷонаш ранги бодшиканӣ мебарояд.   

 Ҳузур ва ширкати даҳҳо ҳазор (фақат дар Душанбе 100000 донишҷуву хонандаҳои муассисаҳои таълимӣ) дар тамоми қаламрави кишвар барои роҳпаймоӣ ва режаравӣ ба муносибати 35умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки тамоми ду моҳи дарози тобистон машқу тамрин карданд, бинобар хабарҳои расида то кунун 15 нафар кушта доштааст.

  Аммо, аз онки аз як рустои Муллобарот то маркази Рашт 80 гулдухтарҳову бачаҳои мактабхон болои портер мехамбанд мижаи Раҳмонов хам намехурад. Вай бояд ҳарчи бештар ҷилва,  воҳима ва ҳангома кунад. Як базми осмонкаф, як ҷашне баргузор созад, ки ҳамаро моту мабҳут кунад. Тавре нишон диҳад, ки чи қадар вай ва халқ бо ҳам наздиканд ва барои ҳамин аст ки ин ҷашни пурзарқубарқу пуртаҷаллӣ ҳарчи қадар бузургу пурвоҳима бояд бошад. Мехоҳад тавону қудрату зӯри бозу, шаҳомат, азамат ва салобат нишон диҳад.

Дар ҳоле, ки ҳамаи ин садҳазору ҳазорони дигар бо боклашкаи чои сарду нони хушк, ки аз хонаҳояшон овардаанд рафъи гушнагӣ мекунанд ва сарулибоси аз ҳисоби худ харидаро дар рӯзи ҷашн ба бар мекунанд.

Раҳмонов ин ҳамаро барои шахси худаш мекунад. Вагарна агар барои мардум мекард, як ҷаласаи одию сода кофӣ буд…. ва «Мастерок»-и Раҳими ғармӣ моли Бег Сабури қудояш намешуд.

Охирсухани «Ислоҳ»

Сиву панҷ сол гузашт. Аммо суоли асосӣ ҳамоно беҷавоб аст: Тоҷикистон истиқлол ёфт ё як хонавода истиқлолияти Тоҷикистонро аз они худ кард?

Истиқлол он нест, ки сад ҳазор донишҷӯву хонандаро ду моҳи тобистон зери офтоб машқ диҳанд, либоси идона пӯшонанд ва барои хушнудии як нафар ба майдон бароранд. Истиқлол он нест, ки акси роҳбарро бардошта, рақсу суруд хонанд, дар ҳоле ки сарват, замин, корхона ва имкониятҳои давлат миёни гурӯҳи маҳдуде аз минтақаи муайяне ва семейкаи ба ҳама маълум даст ба даст мешаванд.

Истиқлоли воқеӣ он аст, ки соҳибкор нигарони ғасби тиҷораташ набошад; моликияти шаҳрванд дахлнопазир бошад; буҷети давлат барои тамоми мардум хизмат кунад; қонун миёни фарзанди президент ва фарзанди як деҳқон фарқ нагузорад. Истиқлол он аст ки мардум соҳиби давлат бошанд, на тамошобини ҷашнҳои он.

Пас аз 35 сол бояд пурсид: агар сарватҳои кишвар моли мардуманд, чаро мардум аз онҳо бенасибанд? Агар давлат мустақил аст, чаро ниҳодҳои он наметавонанд аз касоне, ки ба хонаводаи ҳоким наздиканд, ҳисоб талаб кунанд? Чаро барои як гурӯҳ қарз, замин, имтиёзи андозӣ ва дастгирии давлатӣ ҳаст, аммо барои миллионҳо шаҳрванди дигар муҳоҷират, фақр, қарз ва бекорӣ?

Мушкили Тоҷикистон танҳо дар он нест, ки як хонавода сарватманд шудааст. Фоҷиа дар он аст, ки давлат ба василаи сарватманд кардани як хонавода табдил ёфтааст. Вақте буҷет, қонун, порлумон, замин ва имкониятҳои миллӣ ба манфиати ворисони қудрат истифода мешаванд, ин дигар идораи давлат нест — омода кардани мероси хонаводагӣ аз ҳисоби як миллат аст.

Мардум дар соли 1991 истиқлолиятро барои он ба даст наоварданд, ки баъд аз сиву панҷ сол кишвар мисли моликияти шахсӣ аз падар ба писар гузарад. Истиқлолият мероси президент нест, ки онро ҳамроҳи корхонаҳо, бонкҳо ва курсии ҳокимият ба фарзандаш бисупорад. Истиқлолият ҳаққи миллат аст.

Аз ин рӯ, ҷашни пуршукӯҳи 35-солагӣ наметавонад ҳақиқати талхро пинҳон кунад: парчам баланд аст, аммо ҳаққи мардум поймол; саҳнаҳо мунавваранд, аммо зиндагии мардум тираву сангин; шиорҳо аз истиқлол мегӯянд, аммо сарнавишти давлат ба як хонадон вобаста карда шудааст.

Пас суол ин нест, ки Тоҷикистон 35 сол боз истиқлол дорад ё не. Суоли кӯбанда ин аст:

Оё мардуми Тоҷикистон соҳиби ин истиқлолият ҳастанд, ё истиқлолияти онҳо низ тасарруф шудааст?

Ин танҳо қисми аввали силсилаи «Раҳмонов аз манзаре дигар» буд. Интизори чаҳор матлаби дигари мо бошед. Дар онҳо парда аз паҳлуҳои дигари ин 35 сол бардошта хоҳад шуд: солҳое, ки ба номи истиқлол ҷашн гирифта мешаванд, аммо бояд пурсид — истиқлол барои миллат ё истиқлол аз миллат?

Share This Article