Ромит: миёни дуъои мулло ва қудрати генерал

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 64

     Ромит№2                  

Дар бахши аввали силсиланомаҳо аз Ромит ваъда супорида будем, ки дар нашри оянда дар бораи муллоҳои ин минтақа хоҳем гуфт. Ҳоло, то ин ҷойи кор, ҳар номаеро, ки дар бораи ин муллоҳо омад, омода намудем ва дар шумора гузоштем. Сухан дар бораи қорӣ Шоҳасану қори Хабат, ки додарон будаанд, мулло Ҳасан, мулло Ашуралӣ ва як нафари дигар бо номи мулло Маҳмуди Ромитӣ меравад. Шоҳасан ва мулло Ҳасан, гоҳе аввалӣ гоҳе дуввумӣ дар масҷид пешдарои намоз мешуданд ва имоматӣ мекардаанд. Шоҳасан, то чанд муддат дар ҳавзи моҳиҳои Азизмои газетхонаки зани Ҷаноб кор ҳам мекардааст.

Инро бояд гӯшнишон созем, ки матни номаи савтӣ ё аудионавори омада дар бораи 7ум отдел дар шумораҳои минбаъда пешкаш мешавад.Ин отдел дар итоати Шорух Саид, сардори милисаи шаҳри Душанбе будааст.Кормандони он бо либоси мулкӣ мегаштаанд. Ин отдел аз як ҳодисаи шабеҳи ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим, ки СС-и махуф мехостааст дар Наврӯзи имсола дар Ваҳдт ташкил кунад, пешгирӣ кардааст.

Аммо дар ин шумора дар бораи як нафар корманди баландмақоми Прокуратури Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ аст. Тибқи баъзе маълумотҳо Бахтовар писари Раҳмоналӣ Амирзодаи собутилники Эмомалӣ Раҳмонов раиси собиқи Исфара ва Ваҳдат будааст ҳам мегӯем. Чунки дар бораи корномаҳои ӯ ҳам номаҳо расидааст.

Аммо, ин муллоҳо, ки бахши бештари ин нашри барнома ба онҳо ихтисос дода шудааст, фақат ва фақат дар зоҳир мулло будаанд, дар амал бошанд бадтар аз мақомоти қудратии имрӯза бо мардум муносибат мекардаанд.

Инак бахши дуввуми силсиланомаҳо аз Ромит:

 Шоҳасан, муллои масҷид ва  посбони ҳавзи гулмоҳиҳои Азизмо

 Шоҳасанро дар як туй барои никоҳ мебаранд, вай муллои масҷид аст.

Шоҳасан Мирзокаримов писари Сафари даҳмарда аз маркази Ромит мебошад. Дар ҳар куҷо, ки шинад ва дар ҳар намоз гапаш фақат якто:-дуъо кунед дар ҳақи пешво, дуъо кунед.

Шоҳасан Мирзокаримовро , ки хатиби масҷиди ҷомеъи Ромит буд барои никоҳ даъват карданд. Шоҳасан ба ҷой инки навхонадоронро фаҳмонад ва насиҳат кунад. Танҳо аз пешвояш таърифро шурӯъ мекунад. Хело зиёд гап мезанад дар тавсифи пешво.

Амакии он духтар дар маросими ақди никоҳ ҳузур дошт, ки никоҳи ҷиянашро Шоҳасан Мирзокаримов хонад, шухӣ карда гуфтааст, ки қорӣ охир инҷо никоҳ аст пешво барои чӣ?«ту и ҷияни мара да вай (ҷанобро дар назар дорад) никоҳ мекунӣ, ки итари гапора гуфтестӣ»?  Фақат барои ҳамин як шӯхӣ Шоҳасан Мирзокаримов ба амният занг зад ва омада бурданду 17 ҳазор сомонии он мардро гирифтанд.

 Риш монда бошӣ мебарад даҳ ҳазоратро мегирад вале агар пиён бошӣ намегиранд. Шоҳасан Мирзокаримов 50 сол дорад. Барои намози таровеҳи рамазони имсол 25 ҳазор сомонӣ доданд, фақат барои  таровеҳ дар масҷиди марказии Ромит.

Намозҳои ҷумъа таҳти назорати одамҳои СС. Ятимов аст. Беш аз 70 камера дар масҷид, задагӣ. Дар масҷид фақат дуъо дар ҳақи калағафс. 

Акаи Шоҳасан Мирзокаримов, Музаффар Мирзокаримов ном дорад, ки дар Маскав аст. Гражданини Русия, роҳбари чорсад кас дар онҷо. Ҳар гоҳе аз мардум пул ҷамъ мекунанд, барои роҳ, барои мактаб вай ҳам муҳоҷирҳоро маҷбур мекунад, ки пул фиристанд. Дар Ваҳдат то Ромит 14 обмений пункт дорад.

 Зани Рамазони додари Шоҳасан Мирзокаримов як намуд либосе мепушад, ки хам шавад чҳамааш метобад. Инхелӣ накун гуянд, ошкоро мегуяд, ки «шум мерад леви ман меистм?» Соли гузашта ду бор овозааш баромад, ки занашро бо ҷураҳояш қапиданд. Зани Рамазон аз Явроз аст. Вай бо зани Умеди Фатҳиддин мегашт.

Апаву хоҳари Шоҳасан Мирзокаримов …….Онҳо чанд зани шӯдор ва духтарҳоро ҷалаб кардагианд. Духтарҳои нав шӯгирифтаро фиреб мекунанд, меоранду фучакфучак мекунанд. Хоҳараш Моҳшариф ном дорад, ки бо Ёқуб қапиданд, шавҳараш сар дод. 

Баъди як навори шумо Шоҳасан Мирзокаримовро бурданд. Вале пул доду омад. Ҳоло аз пешина бадтар шудааст.

Бародари Шоҳасан, қорӣ Хабат Мирзокаримов худашро одами буқача- Рамазон Раҳимзода мегӯяд. Як рӯз қорӣ Хабат бо мошини Опел аз Ромити боло меояд. Ин Рамазон Раҳимзода маст бо мошини Ландкрузери 200 дар минтақаи Хушон боло авария мекунад. Қорӣ Хабат бо мошини Опелаш мебарадаш. Ягон пост, ягон ГАИ манъашон намекунад. Буқача маст буд. Номерҳои телефонашро медиҳад. Мегӯяд хурда бигард, дар ҳақи пешвои Тоҷикистон дуъо кун. Ин ҳодиса пеш аз коронавирус суратгирифта буд.

Дар масҷиди Ромит 5 вақт дар ҳақи пешвои Тоҷикистон дуъо мекунанд. Дар намозҳои ҷумъа отделно.

Шоҳасан Мирзокаримов ҳаҷ рафта буд. Бо Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев дар ҳақи пешво дуъо кардаанд.

Инҳоро касе маҷбур накардааст, ки дуъо кунанд. Инҳо худашон лесиданро нағз мебинанд. 

Дар ҷамоати Ромит се масҷид ҳаст. Яктои дигарро аз Ромит поён, дар бари раҳ сохта буданд. Вайро маҳкам ва библиотека карданд. Онҷо мардум тарсида-тарсида намозашро мехонад. Барои 15-20 000 ҳазор одам дар Ромит як масҷиди ҷумъахонӣ ҳаст.

Фақат Шоҳасан Мирзокаримов не боз дутои дигар ҷилавбардор доранд. Ихлоси мардум аз инҳо гаштагӣ. Барои онки гуфтанд то 18 сола намоз нахонед. Акнун инҳо ҳамин гапро ба гӯш гирифтаанд. Агар накунед гуфтанд вазифаро монед равед. Вақте ин супоришро дар варақ оварданд Муллоасрор коғазро дасти ин дод, Шоҳасан Мирзокаримов дасти Муллоҳасан дод. Инҳо хонданд.

 Шоҳасан Мирзокаримовро гирифтанду ҳозир Муллоҳасан Тағоевро муллоимоми масҷид монданд. Як вақт як муллои файзободиро ҷои Шоҳасан Мирзокаримов оварданд, аммо ӯро ҳам гирифтанд Муллоҳасанро монданд. Файзободӣ шаш моҳ имоматӣ кард, таъриф накард пешвора ва дар ҳақаш зиёд дукъо накард, гирифтандаш аз имом хатибӣ.

 Муллоҳасан Тағоев се духтар дорад. Дар давраи шӯдорию бешавҳариашон дастбахайранд. Даже мардҳои зандор дар вақти духтариашон ….. Муллоҳасанро занаш ҳам дар давраш раққоса будааст. Ба зани Муллоҳасан Тағоев даҳмардаҳо гуспанду буз медоданд. Занаш духтари Мирзокарим. Мирзокарим бобои Шоҳасан Мирзокаримов аст. Зани Муллоҳасан Тағоев аммаи Шоҳасан мешавад. Инҳо хешу таборанд. Муллоҳасан 65 сола боло аст. Камтар сараш вайрон, тарсидагӣ аст. Сабаби тарсаш ин ки вақте қорӣ Хабати додари Шоҳасанро момаи занаш аз дунё гузашт, яъне хушдоманкалони қорӣ Хабат Мирзокаримов ,ки бисёр зани бадгашт буд, се бор гӯр мекунанд, се бор хок мепартоядаш. Муллоҳасан Тағоев аз ҳамон ҳодиса сахт тарсидагӣ.

Зани қорӣ Хабат Фарзона ном дорад, ки вай ҳам ҳамин хел, бибияш ҳам ҳамин хел, модараш, холааш Зуҳро ном дорад ва дар 82 мик Душанбе зиндагӣ мекунад ҳаминхел ва хоҳараш ҳамин ҳаминхелбадгаштанд, ки қабр партофташ. Ҳатто янгаҳояш дар ҳамин Москва ҳамин хеланд.

 Зани Сӯҳроб гуфтанӣ одам аз Тангаӣ, ки янгаи зани қорӣ Хабат мебошад шавҳараш аз Ромит вай ҳам ҳамин хел. Суҳроб тағои зани қорӣ Хабат аст. Рӯзи рӯшод вайро нест одаме, ки …. бошад. Хонааш мераванд дар пеши шавҳараш ин корро мекунанд бовар кунед даҳшат аст. Ҳатто духтараш ҳамин хел. Шӯ дод. Шӯи ин духтар се бор бо дору шишт. Одами Боим буд. Инҳо Питер буданд, баъд Маскав омаданд. Ҳозир дар Маскв як барбарро сер карда гаштаанд. Шавҳараш 100% медонад. Даже хушдомани Хабат як бе роҳа гузаштагӣ. Тасаввур кунед, ки имоматии Ромитро  дар ҳаминҳо додагианд.

  Хари як камбағалро Шоҳасан Мирзокаримов ба алаф бурду харро кушт. Соҳибаш омад. Шоҳасан таёқшапаш кард, ки ту аз ман товон мепурсӣ. Ин ҳарсе мулло ҳамин хеланд, боз дузду бузанд. Ҳолатро бинед, ки то ин дараҷа шудааст, ки пешдарои намоз даюс аст ва ҳама ҳам хуб медонанд инро. 

 Дар масҷиди ҷомеъи Ромит аз як ҷиҳат хуб шуд, ки ғизо хурданро манъ карданд. 

Чунки баъди намози шом то намози хуфтан дар сари хурок фақат гапи раҳ буду ҳашар. Ҳоҷӣ Шарифи амаки Шоҳасан Мирзокаримов ҳатто якдигарашро бо зан шухӣ мекарданд. Мегуфтанд: «да чизи зант садқа».Онҷо гапи Аллоҳ таъоло набуд. Бисёраш даҳани ҳаром доштанд.

Ба худо қасам ҳамин корҳо дар масҷиди ҷомеъи Ромит буд.

Даже бачаҳои ёши нав зан мегирифтагиро мепурсиданд, ки шаби аввал чи кор мекунӣ.   

Чанд сол пеш як ҳамсинфи додарашро аз Ромит- бачаи Расул, ки Ширинбек ном дорад Русия роҳӣ кард, ба назди акааш Музаффар. Аз баҳор то тирамоҳ бе пул кор фармудаш. Ҳатто Музаффар аз як магазин машрубот хурданӣ мехарад, паспорти инро дар магазин залог монд. Ин бечора сарсону саргардон ва бе пул Тоҷикистон рафт. Баъд хонаи Шоҳасан Мирзокаримов омад вале  ба тиёқ зада зада сураш карданд. Он бечораҳо мардуми камбағаланд. Ранги ин бепул кор мефармудагӣ мумкин, ки 100 одам зиёд бошад. Азбаски инҳоро мардуми Ромит медонанд, ҳамроҳашон кор намекунанд. 

Мардуми Лошхарф, Сайёд, Тудинаск, Хилмағз, Яфрак, Хушон, Новак, Пишандоч, Вистан ва Коху, Тавиш ки бо инҳо кор мекунанд, инҳоро дуруст намешиносанд. 

Агар музди коратро пурсӣ, рост милисаро занг мезанад. Боз мегӯяд агар дар Тоҷикистон даҳонатро кушоӣ подвали СС.Ятимови махуф меравӣ ё одамҳои буқача меоянду мебарандат.

Мулло Маҳмади ромитӣ кист?

 Мулло Маҳмади ромитӣ дар масҷиди Навободи Ромит мулло буд. Вале ҷодугар аст. Мардуми маҳалла сураш карданд. Ними танааш кор намекунад.

Як коргари баландвазифаро аз кор гирифтанӣ мешаванд рост пеши Мулло Маҳмади ромитӣ мебиёяд. Мегӯяд, ки чи кор карда метавонӣ, ки ман кор кунам. Чанд сум ба ту лозим аст, ки ман дар вазифаам кор кунам. Ин мансабдор бо мошини Тойоти камри2 омада буд. Мегӯяд, ки ҳамин мошинатро деҳ, ман ҳал мекунам. Чи коре кард, ки аввал дар вазифа кор кард. Вале баъд сураш карданд. Ин мулло мошинро надод. Баъд ба воситаи амният ду беваро равон кард запс карданд ва дар «Ахбор»-и ВКД нишонаш доданд. Аммо даҳ рӯз пас боз омаду боз ҳамон корашро идома дод. Ин муллоро қайсингулаш аз деҳаи Яфрак аст. Қайсингулаш ба генералҳову прокурорҳо арус мебарад, барои ҳамин кораш ҳал шуд.

 Бачаи Мулло Маҳмади ромитӣ Рустам ном дорад. Соли таваллудаш 1992-1993 аст. Ин ҳам касби падарро гирифтааст. Чор зан дорад. Инро хусурбурдаҳояш, намедонам, ки аз кадоме аз занҳояш бошанд дар Ваҳдат дору бизнес мекунанд ва дом мебардоранд. Рустамро бо дору қапиданд. Як соли пеш буд бо 7 кило. Ҳоло баромад ё шишт, намедонам. Ин ноҷавонмардҳо духтарҳои ҷавони муҷаррадро дар хонаҳояшон зино мекунанд.

Рустам ду мошин дорад. Нархи ҳар кадоме аз ин мошинҳо аз чил ҳазор доллар боло аст. Як мошини паст дорад як мошини баланд- Lexus 570. Мошини паст барои Душанбе- Ваҳдат, мошини баланд барои Ваҳдат –Ромит. Хонааш ҳатто афғонҳо доим меомаданд. Аз Ваҳдат то Ромит бурда меовард 100-150 долларашонро мегирифт.  

Ин Мулло Маҳмади ромитӣ хеши Шоҳасан Мирзокаримов аст.

 Ду соли пеш мошини Шоҳасан бо як мошин бархурд кард, зад. Мошини вай як мошини куҳна буд, ки дар бозор аз 15 000 сомонӣ зиёд намехариданд. Аммо аз он одам 50 ҳазор сомонӣ зиёд гирифт, дар ҳоле, ки айби Шоҳасан Мирзокаримов буд Дар роҳи ӯ  баромад. 

Музаффари акааш ду зан дорад, боз чанд тайи дигар бе никоҳ.З ани якумаш аз Ромит- духтари мулло Достӣ. Чанд сол дар Русия зиндагӣ мекарданд. Беҳад азобаш медод. Маст мешуду мезад. Соли 2019 дар ковид дар Маскав даргузашт. Аммо мегӯянд, ки зада кушт. Бародарону акаҳояш гуфтанд, ки ба Тоҷикистон барем, розӣ нашуд. Дар ҳамонҷо дафн карданд.

  Ба соҳиби хонааш духтарҳои тоҷикро мебурд. Мошеники №1.Чанд хонаву замин дорад. Замин мефурушад. Хуни одамҳоро ранги кана мемакад. Дар ҳамаҷо дар ҳақи пешво дуъо мекунад, шукрона кунед мегӯяд.

Як қиссаро бигӯям. Соли коронавирус буд. Дар намози ҷумъа Шоҳасан Мирзокаримов дар ҳақи пешвояш, бовар мекунӣ, устоди азиз 30 минут дуъо кард. Гӯр ба сари пешвову  хонаводааш, дар ҳақи мақомоти золим ин гиряву ноларо мебинӣ дигар чи гуем ва чихел аз пушти инҳо намоз хонем?.

 Мулло Ашӯралӣ, Шоҳасан Мирзокаримов, Муллоҳасан Тағоев ва қорӣ Хабат Мирзокаримов даҳанбадаҳан монданд. Дар ҳақи отаашон ва наздиконашон ин қадар дуъову гиряву нола накарда буданд, ки дар ҳаққи пешвошон дуъо карда буданд. 

Дар намози ид, намози ҷумъа таърифи пешвои шайтоншон сар мешавад. Пурра ба микрофон, аз 4 километр фосила мефаҳмӣ. Вале вақте амри маъруф ё азон шуд, садои микрофон паст мешавад.

Валиҷони бачаи мулло Ҳасан Тағоев дар масҷид азонгӯ буд. Як саг доштанд забонам намегардад нақл кунам , боз таҳорат мекард, рост масҷид азонгӯӣ мерафт.Тавба

Духтари мулло Ҳасан Тағоев аруси Баҳодури Ҳасани Ҷонмаҳмадов буд. Баҳодури Ҳасан мошин starex дошт. Дар Ромит маршрутка кор мекард. Духтари мулло Ҳасан Тағоев  гарений пулро дуст медошт. Баҳодури Ҳасан зан дошт, соҳиби 3 кудак. Духтари мулло Ҳасан Тағоев бе шӯ буд. Баҳодури Ҳасан нақл мекард, ки дар даҳону дар қафояш то саҳар дар хонаи духтар истироҳат мекард. Духтари хурдии мулло Ҳасан Тағоев Давлатой шу дорад вале то ҳоло дар хонааш дар Ромит фаҳшо карда мегардад. Ҳатто дар хона бо янгааш-зани додараш ….Янгааш аз Ромит,чанд бор гуфтааст, ки ин кори бадро накун. Аммо Давлатой гуфтааст:-«чизи хдм кори хдм». Ин корҳоро ҳама мардуми Ромит хабар доранд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо аз ин пешвои иблис ва мақомоти золими вай чи нола кунем, ки моро дар Ромит муллоҳову қориҳоямон дузду ҳаромхуранд.

Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев ҳар сол Москва хонаи бригадирҳо меравад. 

Як бригадир Маъруфи бачаи Қурбон аз Ромит. Падари Маъруф мастомаст аз руйи пули Навобод ғалтида мурд. Худи Маъруфи Қурбон доим маст мегардад. Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев медонад, ки Маъруфи бачаи Қурбон мардумро дар Русия кор мефармояд вале пули соз намедиҳад. Бештар дар хонаи мақомот кор мефармояд. Агар пул гуфтӣ, тамом.   

Вақте Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев хонааш меояд аз мардум пул ҷамъ мекунад- аз камбағалҳо. Мегӯяд, ки мулло аз Ромит аст бояд дастгириаш кунем. Мардум дуъои бад мекунанд. Вале ба Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев мегӯяд ин ҳама ташкилӣ ва пулро аз худам кардам.

 Ба мулло Ашӯр кор медиҳад. Мардумро мебарад бепул кор мефармояд. Мегӯяд ёрдм кунед. Вале вақте мулло Ашур набошад дар онҷо мегӯяд дидӣ муллоҳо чи кор мекунанд? Даже мулло Ашӯрро отаашу очааш касал буд, барои пули дунё шуда онҳоро партофта Русия омада буд. 

Дар Ромит хонаи апааш сухта буд, ҳамсояи Шоҳасанашон. Вале ин ду ҳаромхур ӯро фиреб карданд. 

Апааш як камбағал одам аст. Се духтару се писар дорад. 

Шавҳарҳои ду духтараш мурдагӣ. Як духтараш бо се кудак ва як духтараш бо ду кудак бева монданд. Духтаронаш дар Русиянд. Хонааш шабона сухт. Бузҳо хабар доданд, милисаҳо омаданд. Маҷур карданд, ки дар ягонҷо гап назананд, овоза нашавад.

   Шоҳасан Мирзокаримов гуфт,ки «ма худум соз мекнм, мардуми Ромит ёрдам мекнан». Ҳатто ҷо надошт, ки бачаашро зан диҳад-бачаи калониашро. Апаи мулло Ашур аз 30 боло. Он пулеро, ки мардуми Ромит ҷамъ кард Шоҳасан Мирзокаримов, қорӣ Хабат Мирзокаримов ва мулло Ашӯр дуздиданд. 

Апаи мулло Ашур се бачаи бе зан дорад вале 1 сомонӣ ёрдам намекунад. Дар ҳоле, ки 600 ҳазор доллар зиёд пули нақд дорад. Боз дар Москва замину хона, дар Тоҷикистон ҳам замину хона дорад. 

Мардуми Ромит боғдорҳо чуб ёрдам када буданд, ки онҳоро низ мулло Ашур ва Шоҳасан Мирзокаримов дуздиданд.

Дар масҷиди ҷумъахонии Ромит шаб, баъди намози шом ҷанг шуд, барои чӯбу тахта. Ҷиянаш хесту дар байни мардуми Ромит гуфт, ки нагирифтам. Фикр мекунам, ки муллоАшӯр бо апааш аз ҳамон вақт қаҳрӣ аст. Аз чорсадҳазор сомонӣ зиёд ҷамъ шуд, дуздиданд. Бовар кун устод, ки инҳо аз худо мехоҳанд, ки хонаи як камбағал сӯзаду инҳо пул кор кунанад. Ҳатто чанд мурда шуд дар Ромит, ки онҳо камбағал буданд.

 Яке аз онҳо бобои Хол, як камбағал буд. Хонааш дар пеши масҷиди Ромит. Як мурдаи дигар дар Сайёд. Вай камтар пулдор буд. Муллоҳову қориҳо хонаи пулдор рафтанд барои ҷаноза, ки онҷо аз Ромт сӣ километр дур аст. Вале мурдаи бобои Хол дар офтоб истод ин куҷояш мусалмонист?.

 Агар камбағал хонааш фарёд кунад намераванд вале агар ягон бой фарёд кунад дар руи дастархон арақ ҳам бошад, мераванд, ана ҳамин аст ҳоли муллоҳои Ромит.  

Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев аз Аллоҳ тарс!. Ба ҳамонҳо оқсақолӣ рав, Аллоҳ хорат кунад. Агар ҳамонҳо бой мешуданд, пул медоданатон. 

Ҳамон шаб дар масҷиди Ромит барои тахта ҷанг шуд. Бачаи Рустами Давлатмурод дар ҷони ин камбағал даромад вагарна ҳамон шаб рост амниятиҳои СС.Ятимов-и махуфро занг мезаданд. Инро ҳаромхӯриашонро ҳама мардуми Ромит медонанд, аммо ба куҷо шикоят кунанд?.

Мулло Ашуру Шоҳасан Мирзокаримов дуздиданд. Шумо ҳаромхурҳо Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев, Шоҳасан ва қорӣ Хабатро дуъои мардуми камбағал ин шо Аллоҳ мегирад.

Ман инҷо мақомоти ин гови пирро муттаҳам намекунаам. Инҷо ҳамин ба ном муллоҳо Шоҳасан, Хабат ва Ашур дузди ҳаромхуранд.

 Борон зада истодааст, шаб хона сухтааст, нони хурдан надоранд, ҷойи хоб надоранд, вале зулми Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев  ва Шоҳасан Мирзокаримов, қорӣ Хабат ва Хайрулбашар отаи Наврӯзро бин. Ба худо қасам, бовар кун як одаме, ки мусалмон нест, ин корро намекунад.

Ман ба ин муллову қорӣ ягон хусумати шахсӣ надорам. Ман ҳам як камбағал одамам, мефаҳмам азоби камбағалиро. Ман, наъузубиллоҳ, зидди мулло, зиди қорӣ, зиди масҷид ва зиди ислом нестам. Муллову қорӣ, ки ҳақи мардуми камбағалро хӯрд Аллоҳ хораш кунад дар дузах сузад. Касе ҳақи мардуми камбағалро мехурад,  агар ман ҳам бошам Аллоҳ хору зор кунад. Ин Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев ҳатто сеталоқаҳоро никоҳ мекардааст.

Дар деҳаи Навободи ҷамоати Ромит як маърака буд. Мардум се соат қорӣ Шоҳасанро ждат кард. Омад. Исломидин қорӣ Шоҳасанро гуфт чаро дер омадӣ, мардум се соат шуд ждат дорад туро. 

Шоҳасан Мирзокаримов бо як лаҳни дағалона гуфт «агар даркорм бошад 10 соат ждат мекнӣ. Ма одами пешво, шумо чи я бесавод».

Бародар Муҳаммадиқбол! Баъд аз онки дар яке аз охирон эфират дар бораи Ромит гап задӣ, дар решаи мурча об даромад, кофтан сар шуд. Коргарҳои ҳавзҳои моҳиро пурсидаанд, ки кадомат ба Ислоҳ маълумот роҳӣ кардед? Даже он ҳоҷие, ки онҷо кор мекард, девона шудааст. Бачааш любой вақт таблетка ва наша дар мошинаш мегардонад.

Мо, бори дигар бовар кардем, ки инҳо дар ҳақи шумо туҳмат мекардаанд, ки гуё шумо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ доред, пул мегиред, баъд маълумоти шуморо нашру навор мекунад, агар пул надиҳед, запс мекунад.

Бовар кун устод, аксарияташон аз Аллоҳ не, аз шумо ва аз мақомоти Раҳмонов метарсанд. Ин муллоҳо, махсусан Шоҳасан Мирзокаримов дар ҳама ҷо ва дар ҳама гапаш пешво мегуянд. Баъди эфир девона шуданд.

Байни худашон гап карда истодаанд, ки «и хоин кӣ бошад,ки да Муҳаммадиқбол нависондай».   

Худо бигирад Шуморо!  Ҷиноят накунед, нагӯяндатон. 

 Тибқи маълумотҳои расида ҳозир Шоҳасан Мирзокаримов ва мулло Ашӯр Русия рафтаанд.

Генерал Бахтовар кист?

Бародар ва устоди муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Инҷо дар бораи як нафар шахси мансабдор менависам. Мансабдори одӣ ҳам не. Мегӯянд, ки Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ генерал аст. Бовар кунед, ки ин генерал аз қумандонҳои саҳроии давраи ҷанги бародаркуш фарқ надорад. Он қумандонҳо бо зӯри силоҳ мардумро ғорат мекарданд, ин Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ бошад бо тарси шинонидану зиндон кардан.

Ин Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ генерал дар тарафҳои Ромит 6  дача дорад, ки нархи ҳар кадоми ин дачаҳо на кам аз 3 миллион доллар аст.

Дар дачаҳояш дарахтҳои гаронбаҳои хориҷӣ шинонидааст. Ҷиҳозу масолеҳи он дачаҳо ҳам хориҷӣ: итолиёвӣ, эронӣ, туркӣ ва ғайра.

Аз рӯи гуфти мардум ба ин генерал Бахтовар пулро деҳ, любой корро ҳал мекунад.

Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣро очааш аз Ромиту отааш аз Данғара писари Раҳмоналӣ Амирзодаи  собутилники Эмомалӣ Раҳмонов. Дар Прокуратура дар Душанбе кор мекунад.

Як ҳодисаи воқеъӣ.

 Як рӯз ГАИҳо нофаҳмида мошинашро манъ карда худашро меқапанд. Бо суръати баланд ҳай мекардааст. Срочно омаданаш даркор будааст, чи коре доштааст. Бахтовар ин ГАИҳоро бурд як ҳафта бепул кор фармуд. Баъд бо началникашон аз кор гирифт.

 Бо лексуси беномер мегардад. Ҷияни Олимҷон. Тағояш Олимҷон Иззатов, раиси собиқи ҷамоати Ромит буд. Пули калони роҳро дуздид. Ин бояд зиндон мешуд. Аммо через ҳамон  корро хобонданд, ягон кораш накарданд. Олимҷони тағои Бахтовар 5-6 миллион сомонӣ пули мактабро ҳам дуздид. Мебоист мактаб месохт, аммо мактаб напӯшидро насохт. Ҳозир дар маориф кор мекунад

Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ дар кадом нишасташ бо рафиқонаш дар ҳолати мастӣ гуфтааст, ки «дар тӯйи набераи Раҳмонов 600 ҳазор доллар подарка бурдам.

  Соли таваллудаш 85-86 аст. Отаи Бахтовар Раҳмоналӣ Амирзода командири Фронти халқӣ будааст ва бо Раҳмонов ба ҳукумат омадагӣ. Гуё Рустам биёяд ин прокурори генералӣ мешудааст. Гапгап ҳамин хел аст.

«Ино (манзураш Раҳмонов ва фарзандонаш) пула нағз мебинанд мегуфтааст Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ мо дело мегирем пул мегирем тоқа нестем. Ҳар моҳ аз ҳар як дело ба боло пул медиҳем. Ҳама медонад. 100% корупсия медонд. Сесад ҳазор доля медиҳем солона».

Хизматшо Иззатов, тағои Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ  директори мактаб аст. Маоши муаллимҳоро 5-6 моҳ боз намедиҳад. Магазин дорад. Пулҳоро ба магазинаш бор харидагӣ. Ин мактаби рақами 15 аст, ки аз 700 талаб зиёд дорад. Заминҳои ҳамин мактабро Олимҷон фурухта буд.

Вақти раиси ҷамоат буд дар Ромит як дачаи аз давраи союз мондаро, ки Дидор ном дошт, фурӯхт. Ин дача дар Хордара аст. Олимҷон пештар директори ҳамин мактаб буд. Хеле аз пулҳои мактабро дуздид. Мардум чанд бор барояш пул ҷамъ карданд. Бо як муаллима бо номи Фирӯза мегашт. Аз вай як ҳаромӣ ба дунё овард. Пулро бештар ба ҳамон медод. Ҳар рӯз арақ мезад маст. Ҳозир дар маорифи Душанбе кор мекунад.

 Як ҷияни дигари Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ — бачаи холааш дар Ромит дар банк кор мекард. 400.000 сомониро дузид. Мардум ду- се моҳ не пенса не пул гирифтанд, сарсон саргардон. Ин одам ҳозир дар Русия аст, Навруз Рашидов ном дорад, бештар бо бачаи Зебӣ мешиносандаш. Ин Навруз Рашидов дар 15000 сомонӣ ба як духтар Айфон падарка кардагӣ, яъне ин пули нафақаи пиронсолон буд. Духтари Ҷурабеки зайронӣ. Навруз Рашидов пеш дар Амонатбонки Ваҳдат кор мекард.

 Олимҷон Иззатов дар вақти раиси ҷамоати Ромит буданаш нисфи сементи майдони футболро ба ҷиянҳояш Тоир ва Зоир фурӯхт. Тоир ва Зоир писарони Иззатов Сафарбек-акаи Олимҷон Иззатов аст. Мактаби рақами 15-и Ромит ба номи ҳамин Иззатов Сафарбек гузошта шудааст. Ҳама дарахтони ин мактабро бурида фурухтанд. Ҳамчунин 35 сотих плошодкаи замини мактабро Олимҷон Иззатов фурухт. 15 сотихи он заминро Муҳиддини додари Зебӣ харидагӣ аст

Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ,чуноне, дар яке аз номаҳои пешина гуфта будем Диловар Солеҳови ҳамсинфашро дар ҷойи Хурсанд Мирзоева раиси ҷамоати Ромит монд ва дар иваз 80 ҳазор доллари вайро гирифт.

Вале бадтарин коре, ки Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ кард ва обрӯи як мақоми баланди Прокуратура, ниҳоди муҳими назораткунандаи қонун дар Тоҷикистонро дар назди мардуми Ромит ба хоки сиёҳ баробар кард ин аст ки парвандаи таҷовузи як толибаи синфи 8,духтари ноболиғро бар ивази пули калон рӯпӯш кард, ба гуфти мардум «хобонд».

Ин духтарро нафаре бо номи Комил, прораби ҳавзи моҳиҳо ва дачаҳои як тоҷир таҷовуз ва ҳомила карда буд (Дар бораи ҳавзҳои моҳиҳо ва дачаҳои Ромит, ки бештарини онҳоро авлоди Раҳмонов ғасб ва тасарруф кардаанд, дар шумораҳои баъдӣ мегӯем), ки Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ аз вай пули калон гирифта гуноҳро ба гардани дигар кас бор кард.

Ҳодиса чи гуна аст?

 Он толибаи синфи 8 –ро ҳамин Комили прораб таҷовуз мекунад. Толибаи синфи 8 набераи Мунаввар, аз Ромит. Ин Комили прораб, ки аз Фархор аст, на фақат ин, ҳамчунин чанд нафари дигар пас аз ӯ ҳашт нафари дигар ҳам ин ҷиноятро карданд.

Он хонае, ки ин духтарро бурда ҳамакаса мерасиданд дар параи масҷиди кучаи Ҳолмонӣ воқеъ аст. Соҳиби хона Зубайдулло Бобобекзода тағои Диловар Солеҳови раиси ҷамоат буд,ки чанд сол шуд дар Русия аст. Ин корро дар даруни ошхона мекунанд. Пас аз чанд моҳ ин толиба дар мактаб дилаш беҳузур мешавад. Болнитса-зоишгоҳи Ваҳдат мебаранд, ки 7 моҳа ҳомила будааст. 39 одамро дар руихат нависонданд барои ин кор, чунки духтар 39 одамро номбар кард. Аммо корро дар гардани як ҳамсинфаш заданд -як камбағал. Гап дар бораи онки оилаи ин духтар онқадар солим набуд.

Хуллас аз он одамҳо, ки духтар номбар кард сардори амният Қулов Сайфуллои Хуҷандӣ ва Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ пул гирифтанд. Бахтовар аз ҳисоби ҳодисаи ин духтари ҳомила 200 ҳазор сомонӣ зиёд кор кард. Қулов Сайфулло ҳам пули хело хуб кор кард аз ин ҷинояти таҷовуз ба номус Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ омад ҳама через вай баромаданд. Кудакро дар роддоми Ваҳдат ситқи ҷанин( оборт) карданд.

                         Поёни Ромит № 2 идома дорад……

Охирсухани «Ислоҳ»

Ромитиёни азиз! Ин бахши дуввуми силсиланомаҳои шумо буд. Номаҳоеро хондем, ки дар онҳо аз рафтори бархе муллоҳо ва мансабдорон шикоят мешавад. Ин иддаоҳо посух ва санҷиш мехоҳанд. Ҳеҷ саллаву ҷома ва ҳеҷ рутбаву мансаб набояд касеро аз ҷавоб додан ба мардум озод кунад.

Эй муллоҳои чоплус! Минбар амонат аст. Бо ин амонат чӣ мекунед? Вақте аз мардум сабр мехоҳед, оё ҷуръат доред аз соҳибмансаб адолат талаб кунед? Вақте забонатон барои таърифи қудратмандон равон аст, чаро барои ҳимояи ҳаққи камбағал гунг мешавад? Агар дар ҳар нишаст аз ризоияти мансабдор метарседу аз ранҷиши мазлум парво надоред, аз худ бипурсед: дар хидмати кӣ қарор гирифтаед?

Мардум аз шумо имони фурӯшӣ ва мадҳи фармоишӣ намехоҳанд. Ростгӯӣ мехоҳанд, инсоф мехоҳанд, пуштибонӣ аз ҳақ мехоҳанд. Агар шикоятҳои номанависонро нодуруст мешуморед, бо далел посух диҳед. Агар ҳаққи касеро поймол кардаед, ҳаққашро баргардонед. Бо дуъо дар ҳаққи соҳибқудрат масъулият аз гарданатон намеафтад!

Бахтовар Сафарзода! Хитоби мо ба шумост. Дар номаҳои расида нисбат ба шумо иддаоҳои ҷиддӣ матраҳ шудаанд. Мо онҳоро ҳукми исботшуда намешуморем, аммо аз канорашон ҳам хомӯш намегузарем. Ба саволҳои мардум ҷавоби мушаххас диҳед. Дар бораи моликиятҳое, ки ба шумо нисбат медиҳанд, дахолат ба корҳои маҳаллӣ ва иддаои рӯпӯш шудани парвандае, ки ба ҳуқуқи ноболиғ дахл дорад, чӣ мегӯед?

Ҷавоб бояд далел дошта бошад. Ҷустуҷӯи номанавис ҷавоби шикоят нест. Фишор ба шоҳид ҳақиқатро дигар намекунад. Рутба масъулият меорад: касе, ки аз номи қонун сухан мегӯяд, бояд худаш низ ба саволҳои қонунӣ ҷавоб диҳад. «Ислоҳ» омода аст посухи шуморо низ бишнавад ва нашр кунад.

Мардуми сарбаланди Ромит! Шумо ҳақ доред савол диҳед, шикоят кунед ва адолат талаб намоед. Камбағалӣ айб нест. Мансаб надоштан маънои ҳақ надоштанро надорад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад шуморо барои баёни дардатон таҳқир кунад.

Ба «Ислоҳ» нависед. Он чиро худ дидаед, аз он чи шунидаед, ҷудо баён кунед. Сана, ҷой, ҷузъиёти воқеа ва санадҳои мавҷударо фиристед. Аз туҳмату таҳқири шахсӣ дур бошед: далели равшан аз сад дашном таъсирбахштар аст. Ҳангоми фиристодани мавод амнияти худу дигаронро ба назар гиред ва маълумоти дақиқро ба мо ирсол кунед, то мо ошкор кунем ва натарсед!

«Ислоҳ» дар хидмати шумост! Барои шунидани дардатон, расонидани саволҳоятон ва талаб кардани посух аз онҳое, ки бояд ҷавоб диҳанд.

Ин бахши дуввуми Ромит буд. Бахшҳои севум ва чорум низ нашр мешаванд. Барои бахши панҷум нависед! Дар бораи мушкилоти деҳаҳоятон, мактабу роҳ, ҳаққи меҳнат, муносибати масъулон ва шикоятҳое, ки бепосух мондаанд, маълумоти дақиқ бифиристед.

Ромит танҳо дачаву ҳавз ва манзара нест. Ромит мардум дорад, обрӯ дорад, ҳақ дорад. Ин мардум сазовори зиндагии шоиста ва муносибати одилонаанд.

Садоятонро бо далел баланд кунед. «Ислоҳ» барои шунидан ва расонидани он дар хидмати шумост!

Share This Article