Ин нашри барнома бо ду нома аз Душанбе ва номаҳо аз Конибодому Данғара ва Ашт таркиб ёфтааст.
Муаллифи номаи аввали Душанбе як ҷавони маъюб-инвалиди гурӯҳи 2 ва донишомӯзи курси се аст ки иддио дорад ӯро беасос аз донишгоҳ ихроҷ кардаанд. Вай бо ирсоли як навори тасвирӣ хостааст онро ба суроғаи Раҳмонов ва Рустм бифиристем.
Ин бор аз Конибодом дар бораи кормандони ГАИ-БДА навиштаанд. Муаллиф навиштааст, ки бар хилофи дастури Раҳмонов дар мавриди ихтисор гаишникҳо шумораи онҳо дар Конибодом афзудааст.
Аз Данғара дар бораи раиси шаҳраки Данғара навиштаанд. Раиси ин шаҳрак вақту новақт аз мардум пул меситонидааст.
Муаллифи нома аз Ашт дар мавриди таъсир ва натиҷаи номаҳои чопшуда дар «Ислоҳ» навиштааст.
Душанбе
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Бародари домулло ҳама корҳоят хуб аст. Бо иди гузаштаи Қурбон табрик мекунам. Дар ҳар куҷое бошӣ зинда бошӣ. Беҳтарин барномаҳо таҳия ва тақдиммекунӣ-ҳамеша ва ҳамаш тарафи ҳақиқат. Домулло худованд муваффақат гардонад.
Ин видео ба шумо равон мешавад.
Мехоҳам, ки ҳамин навори муроҷиати видеоии ман тавассути барномҳои шумо ба Рустами Эмомалӣ ва ба пешвои миллат расонида шавад. Мехоҳам, ки онро падар модарам тамошо кунанд ин видеоро. Ман се моҳ табобат рафтам. Ман студенти курси сеюми Донишгоҳи омӯзгорӣ, ва ба таври бюҷетӣ мехондам. Аммо маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ман мехоҳам, ки ҳамин кори мани инвалидро таҳқиқ кунанд.
Чи хеле дар мо мегӯянд:
муҳтарам ҷаноби олӣ наход ки мо инвалидҳо, мо донишҷӯйи бемори маъюбро аз рӯи хуб набудани саломатиамон хориҷ кунанд. Лично ман мехоҳам, ки ин қазияро тафтишу таҳқиқ намоянд.
Ман як шаҳрвнди Тоҷикистон, инвалиди 2 группа ҳастам. Мехоҳам, ки ҷаноби олӣ бо Рустами Эмомалӣ кори моро бетараф намонанд.
Мақсади шикоятам ин аст ки саломатиам хуб набуд. Маблағ наёфтем. Аз сабаби натавонистан, дасткутоҳӣ, шароит надоштем табобам тул кашид. Як одами камбағлро наход ҳамин тавр гиранд пеш кунанд. Аз сабаби бюҷетӣ будани таҳсил маро аз донишгоҳи омӯзгорӣ, ки сеюм курс будам ректори донишгоҳ хориҷ кард. Ман боз соли дигар аз курси се мехонам. Инро чи хел бифаҳмем.
Домулло, саломатии ман имконият намедиҳад, ки биравам ягонҷову шикоят кунам.
Ин шикояти ман аз ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ аст. Ман наметарсам. Ман худам хостам, ки ин видеоро ба шумо расонам беҳтар аст, чунки шумо онро нашр мекунед.
Ман гуфтаниам, ки касе ба шумо шикоят кунад шумо онро пахш мекунед.
Ҳама, аз ҷумла пешвои миллат ҳамеша мегӯяд, ки бихонед бихонед, ояндаи миллат шумо ҷавонҳоед.
Як бачаи камбағал, инвалид мехоҳад бихонад. Аммо ин тавр монеъа мегузоранду имконият намедиҳанд.
Домулло, илтимос шикояти маро дар барномаатон ҷой диҳед ва бихонед.
Конибодом
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман имрӯз як нома нависта равон кардам. Илтимос дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.
Ин ГАИҳои Конибодом ба дили мардум заданд, хусусан ба дили таксиронҳо. Бечораҳо дар як рӯз аз саҳар то бегоҳ 200-300 сомонӣ кор мекунанд вале ин ГАИшникҳои ҳаромхури порахур бо ҳазоруяк баҳона 50-100 сомониашро нарушений кардӣ гуфта кашида мегиранд.
Бечораи таксиронҳо безор шудаанд аз ин ҳаромхурҳо. Дар Русия азоб медиҳанд акнун дар инҷо низ азоб медиҳанд. Аз Исфара як гаишник омадагӣ, як ҳаромхури тайёр. Ному насабашро намедонам, лекин маркаи мошинаш тайота авенсус, 56 00 номерҳои мошинаш.
Дуюм ҳаромхураш Ҷалилов. А ,мошинаш опел астраҷи 90 00. Дар ҳама ҷои шаҳр мегардад ва пул мегирад аз мардум. Радар меқапад ва мегӯяд ронандаи мӯҳтарам шумо қоидаи роҳро вайрон кардед. Ё протокол мекунад ё сум мегирад. Барои чи мақомоти Душанбе чораи ин порахурҳоро намебинанд?
Бародар Муҳаммадиқбол ба шумо расми мошини Фирӯзро фиристода будам, баъди он Фирӯз мошинашро иваз карда ҳозир ба дигар мошин гашта истодааст. Бо кадом пул? Магар бе пора ва бо як маош дуюм мошин гирифтан имкон дорад? Ин ҳаромхурҳо на барои тинҷии шаҳрамон мебароянд. Барои ба шикам ва ҷайби худ пули ҳаром кор кардан ба роҳҳо мебароянд. Бигзор мақомоти Душанбе- Ҷеки Чан ва СС Ятимов Шоҳрух Саид чораи ин ҳаромхурҳоро бинанд.
Пеш дар Конибодом як ГАИи бо инсоф буд. Одами хуб буд, аз Конибодом буд. Номаш Раҳим. Ҳозир дар Москва қарор дорад. Он бечораро подстава карда аз кор ронданд.
Маро гӯш кунед мақомоти Душанбе! Ба доди ин таксиронҳо расед. Ин ҳаромхӯрҳоро аз Конибодом дафъ кунед. Бигзор кормандони дурусту бо инсоф ба кор оянд, на инки ин ҳаромхурҳою порахурҳо. Вагарна аз дуъои бади таксиронҳо шумо ба балоҳо гирифтор мешавед. Дар он дунё ба ин пулҳои ҳароми гирифтаатон чи хел ҷавоб медиҳед.
Фирӯз 28-88 аз назди «Муроду Мақсад» номерҳои мардуми бечораву камбағалро накан, аввал огоҳ кун на ин ки чунин бадрафторӣ бикунӣ. Ҳамаи гаишникҳову милисаҳои Конибодом бадрафторанд. Ягон нафарашон сухани хуб намегӯянд ба ронандаҳо.
Огоҳӣ ба ГАИҳои Конибодом! Фирӯз 28-88, 56-00 90-00 ҳаромхуриро бас кунед вагарна аз болои шумо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоят мекунам.
Ман бовар дорам, ки ин номаҳои фиристодаи маро онҳо низ мехонанд. Чунки ҳамаашон Ислоҳро мехонанд ва тамошо мекунанд.
Фирӯз гумон накун, ки мошини харидаатро намедонам. Ҳамаашро медонем. Аз мардум ва аз Ислоҳ ягон чиз пинҳон намемонад. Ман мошини наватро низ акс гирифта ба Ислоҳ мефиристонам.Ту дар зери назорат ҳастӣ. Акси худатро низ мегирам, огоҳ бош.
Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумо барори кор мехоҳам. Хаста набошед. Шабу рӯз дар хизмати мо барин бачаҳои бечораву камбағал ҳастед. Номаамро нашр кунед. Бо ин номаи навиштаам тамоми таксиронҳо аз ман миннатдор мешаванд. Вале бигзор маро надонанд, кӣ буданам махфӣ монад.
Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Данғара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Данғара менависам.
Ман як ҷабрдида аз пеши бозори ноҳияи Данғара, ки то ҳол қариб 20 ҳазор сомонимро раиси шаҳраки Данғара Шамсулоев Раҷабалӣ Саломович бо лақаби Раҷаби қозӣ беҳуда гирифтааст. Ин Раҷаби қозӣ таваллудаш 1967, зодаи ноҳияи Данғара, оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Як одами бесавод, бедиплом, дар ягон мактаби олӣ таҳсил накардааст. Ҳатто хизмати ҳарбӣ накардааст. Муддати 3-4 сол мешавад раиси шаҳрак аст. Аз вақти ба вазифа таъин шуданаш ба ин тараф мардуми ноҳияро ба дод овардааст. Бо ҳар баҳона аз мардуми бозор, магазинҳою аптекаҳо пул ҷамъ карда гаштааст.
Рӯзи наврузӣ мешавад пул ҷамъ мекунад, соли нав, барои омаданҳои президент, барои ҳам чиз, аз оптовикҳо, аз мебелфурушҳо пул мегирад- аз 500 сомонӣ то 1500сомонӣ. Беҳуда аз мардум пул мегирад. Вақти призив мешавад дар ба дари хонаи мардуми ноҳия мегардад. Як қисми мардумро ба хизмат мебарад, як қисми дигарашро аз 5000 то 15000 сомониашро гирифта ҷавоб медиҳад. Ин корҳояш як тараф, аз ҳама бадаш дируз фаҳмидам, ки як одами ҳароми сабзӣ ба даст ҳам будааст.
Бо як парикмахери ноҳия ин амали нангинро мекардааст. Ҳатто видеонаворҳояш дасти бисёре аз мардуми ноҳия будааст вале аз тарсашон ба шумо равон намекунанд. Номи парикмахер Расул мебошад. Ҳоло акси якчояашонро ба шумо равон мекунам. Барои Раҷаби қозиро розӣ кардан ба парикмахер ифтихорнома додааст. Бародараш подполковник Шамсуллозода Баҳром Салом сардори милисаи ноҳияи Панҷ мебошад. Дар борааш шумо дар кадом барномаатон гуфта будед. Як акаи дигараш Музаффар ном дорад, ки бо Комили додараш наркобизнесанд. Наркотикро Баҳроми акаашон аз Панҷ то Душанбе меорад. Он тараф Комил бо Музаффар то Хуҷанд мебаранд. Инҳо дар ин ноҳия ҳама корро мекунанд. Ягон кас ягончи намегӯядашон.
Як вақтҳо як бачаро, ки номаш Аҳлик аст кордча зада буданд.
Бачаи Раҷаби қозӣ зада буд. Номи бачааш Эмом. Суд шуду баромад. Ҳозир дар ҳукумати Душанбе кор мекунад.
Комилашро ба наздикӣ бо наркотики навъи кристал дар Хуҷанд қапида буданд. Пул дода халос караданд. Дар бораи инҳо агар 100 руз бинависӣ кам аст.
Хулоса бародар Муҳаммадиқбол дар бораин ин одам гапо бисёр ҳаст. Боз навишта равон мекунам. Вале ҳатман дар барнома ҷояш кунед, ки раиси ноҳия бинаду бифаҳмад, ки мардум аз ин одам безор шудааст. Аз ин вазифааш пеш раиси бозори Данғара буд. Мардуми бозор ба дод омада буд. Ҳар рӯз савдогарҳоро мезад. Вақте аз вазифа гирифтанаш дигар бозор даромада наметавонист.
Раиси парку раиси Тоҷикматлуботи ноҳия ҳам кор кардааст. Аҷобати кор ҳамин аст ки ин одам диплом надораду як бесавод аст. Ҳозир хонаи куҳнаашро чапа кардаву хонаи дабдабаноки сеэтажаи бадвоҳима карда истодааст. Аз ҳама стройкаҳои Данғара семент, хишт ва қум талбида гаштааст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Давоми мавзуи мо бачаи аз ҳама хурдии Раҷаби Қозӣ мешавад, ки ҳоло студент аст, ҳам раиси маҳаллаашон аст, ҳам дар ҳизби халқӣ кор мекунад ва ҳам депутати маҳалла. Дар куҷо туғрӣ мегирад, ки як студент дар ин се вазифа бошад?
Дар ин бора дар барномаҳои оянда менависам. Саломат бошед.
Ашт
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол. Шумо хубу саломат ҳастед.
Аз Шайдон, маркази ноҳияи Ашт бароятон менависам.
Имрӯз намози ҷумъаро хонда омадем. Ин шо Аллоҳ, ки намоз хуб гузашт.
Намозро бо имоматии домулло Музаффархон домуллои босавод ва одами хуб хондем. Намози иди саиди Қурбонро бо имоматии имомхатиби ноҳия Ашт бодумлло Абилбақо хондем. Ин одам пешнамоз омад. Пеш аз намоз кормандони давлат омада сухан карданд. Коргарони давлат, аз ҷумла раис танзими ноҳияи Ашт Турсунзода Бахтиёр, ки як вақтҳо раиси ҷамоат буд, меҳмонҳоро муаррифӣ кард. Вай чи хеле гуфтам пештар раиси ҷамоат буд, Ҳоло бошад дар маркази ноҳия, шаҳркаи Шайдон кор рафт, ба ҳайси риси танзим. Ва меҳмонҳои омадаро муаррифӣ кард. Чунки Насибалӣ, раиси ҷамот аз кор рафтагӣ аст.
Муовини раиси вилоят, Шӯҳрати Муҳаммад, раиси ноҳия омада буданд. Инҳоро муаррифӣ кард. Сонӣ боз як нафари дигарро шинос кард. Онҳо баромада суханронӣ карданд, пешвояшонро таъриф карданд. Сонӣ намозро хондем. Баъди намоз ман рафтам. Абилбақо, Сулаймон ва коргарони ҷамоат ҳамаашон дар ҳақи пешвои миллат дуъо карданду боз аз мардум ҳам тақозо карднд, ки дар ҳақи пешво дуъо кунанд.
Вақте ман аз масҷид баромадам, дидам, ки дар саҳнаи масҷид як дастархони калон паҳн кардаанд. Ду- се дона даҳ сомониву панҷ сомонӣ дар болои дастурхон пул партофтагӣ, ман пул надодам.
Аввал, пеш аз намозро хондан чор нафар як дастурхонро аз ду тарафаш қапида дар миёни мардум гузарониданд. Мардуми хайр мекарда хайр кард. Намекардагӣ накард. Боз дар берун дастурхонро монданд то мондагиҳо пул партоянд.
Домулло ман инҷо дар бораи натиҷаи номаҳои нашршуда аз Ашт дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфтаниам. Ин шо Аллоҳ натиҷаҳо хубанд.
Баъди нашри номаҳои аз Ашт ирсол ва нашршуда директори мактаби №11 ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев, яъне Суҳроб Қурбоновро аз кор гирифтанд. Як нафари дигар Сулймон, ки ҷонишини раиси ҷамоат буд, вай ҳам нест. Ман надидамаш дар ҳеҷ ҷо. Сухан ҳам накардааст. Вай дар ҳар маҷлису дар намозҳои масҷид як хел пешво пешво мегуфт, ки ҷонаш фидои пешвояш буд. Пешвои мо якто пешвост мегуфт. Раҳмонови золимро таъриф мекард. Дар ҳоле ки вай хондагӣ аст ва медонад, ки пешвои мо 1400 сол боз танҳо ҳазрати пайғамбарамон Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассалам аст. Аммо ҳоло ин Сулаймон нопадид аст. Бешубҳа ин аз баракати ҳамон номаҳои чопшуда дар Ислоҳ аз Ашт дар бораи ин нафарон аст.
Директори мактаби № 11 дар се маҳалла Қурбонов Суҳроб яке аз қаҳрамонҳои манфии барномаҳои Ислоҳ буд, ӯро аз кор ронданд.
Ду, се моҳ пеш як талабаи синфи 11 Фаёзиддин гуфтанӣ бача худашро овехта кушта буд. Аммо хабарро пушонданд. Парвардигор ҷазои директорро дод.
Баъди ду рӯз фаҳмидам, ки котиби раиси ҷамоат Холиқзода Холиқбердиро ҳам аз кор озод кардаанд ва худи раиси ҷамот Насибалӣ Бегматовро ҳам озод кардаанд.
Дар маҷлисҳо дигар Абулвофӣ ҳам нест. Дар бораи ин ҳам Ислоҳ навишта буд.
Домулло, натиҷаи кори Ислоҳро мо дида истодаем. Бояд мардум ин натиҷаҳоро бидонанд.
Дар охир як пешниҳод ва тавсия дорам. Бигзор мардум номи муборизони имрӯзаро бидонанд. Онҳоро ба мардум шинос кунед.
Боқӣ дар амони худои бузург бошед.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро ҳатман дар барнома ҷой кунед. Ман яке аз рафиқони Мансур Негматов ҳастам. Мансур Негматов, аз дӯстони наздики Исмоили пингвини набераи Ҷаноб. Шумо дар бораи ин шахс дар чанд барномаатон гуфтед. Ман як ҳикояи воқеъиро ҳикоя мекунам.
Солҳои 2011 ё 2012 як рафиқам аз хориҷа омад. Дар бараш пули хеле зиёд дошт.
Баъди чанд рӯз ҳамроҳи рафиқам ба студияи Негматов Мансур рафтем. Дар студияаш сурати Шабнами Собирӣ задагӣ аст, яъне сурати занашро дар студияаш зада аст. Дар сурат хеле либосҳои безеб пушидааст. Рафиқам намедонист, ки Шабнами Собирӣ зани Негматов Мансур аст.
Рафиқам тарафи ман гашт гуфт, ки агар ҳамин духтаре, ки дар сурат ҳаст, биёбиву биёрӣ 2000$ медиҳам. Он солҳо 2000$ ба тоҷикӣ хело сум мешуд. Баъд ман тарафаш гаштаму ишорааш кардам, ки хап кун.
Баъдан берун баромадаму гуфтам, ки он сурат занаш мешавад, ту чӣ, девонаӣ? Вай дар ҷавоб ба ман гуфт, ки ман аз куҷо медонам, ки вай занаш аст. Хулоса, мо баромадему рафтем.
Баъди як ҳафта Негматов Мансур занг зад. Гуфт номерҳои ҳамон рафиқатро деҳ. Пурсидам, ки кадом рафиқамро мегӯӣ? Гуфт як ҳафта пеш бо ҳам омада будед, ку
Гуфтам ягон проблема аст? Гуфт не як чиро пурсамаш. Баъд номерҳояшро додам.
Баъди як ҳафта рафиқамро дидам. Гуфтам номератро пурсид, додамаш чизат гуфт?
Гуфт як гапат мегуям гап байни худумон. Гуфтам ок
Гуфт занг зад. Гуфтам нашинохтам. Гуфт Мансурам. Гуфтам кадом Мансур? Гуфт як ҳафта пеш бо рафиқат омадӣ студияи ман.ку
Ҳа, бале, шинохтам.
Созӣ, хубӣ гуфта маро пурсид.
Шукр, ака мешавад соз гуфтам ва пурсидам, ки чи хизмат кунам. Гуфт ҳеҷ чи не ва гуфт «ҳаму корта ҳал кунам,охир».
Гуфтам кадом корро?
2000$ биёр гуфт, тамом корат туғрияй «бра бшап кайф кун».
Сумро додам рафтам корамро буд кардам омадам
Мегӯяд дар ҳайрат мондам. Одам то ин дараҷа даюс мешудааст.
Бародар Муҳаммадиқбол. Ман бисёр корҳои Негматов Мансурро медонам, маълумоти зиёд дорам. Оҳиста-оҳиста мефиристам.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
