Рашт: номае бо иттиҳомот аз даруни режим бо саволҳои беҷавоб

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №54

 Дар урфият мегӯянд, ки ҳақиқат дер ё зуд маълум мешаваду онро пинҳон карда намешавад. Мо, ҳамеша дар пайи ошкор кардани ҳақиқатем ва аз гуфтани ҳарфи ҳақ ҳиҷ гоҳ мунсариф намешавем. Ин номаи дуввуми нависандаи ин матлаб аст. Дар нашри номаи аввал як каме таъхир шуд, ки муаллиф безобита шуд ва ба мо шак кард. Вале мо, ҳам он навишта ва ҳам ин навиштаро чоп карда дурустӣ ва сиҳатии муҳтавои онро ба виҷдону имони муаллиф ҳавола мекунем. Ва ба он нафарон, ки исму насабашон дар ин навишта зикр шудааст, шароити посух доданро фароҳам мекунем. Метавонанд бо далелу мадрак ҷавоб нависанд ва мо ҳатман чоп хоҳем кард. Ва, инак номаи дуввум:

  Рашт: ҳақиқат аз дохили мақомот садо медиҳад

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.
 Ман ҳамон корманди мақомотам, ки дар бораи Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад, Мирзохуҷаи Белгӣ, Шоҳ Искандаров, Раҷабалиев Ҳусен Сафаралиевич, нома навишта будам. Худо шоҳид аст ки ҳеҷ ягон туҳмату буҳтон дар ҳақи ин нафарон накардаам ва нахоҳам кард. Ҳама чиз ҳақиқат аст ва аз ҳазорон айбу гуноҳу ҷурму ҷиноятҳояшон ҳамонро гуфтам ва ин бор ҳам мегӯям, ки инҳо қотилон ва нафароне ҳастанд, ки хиёнат ба давлату миллат кардаанд ва карда истодаанд.
Агар давлат айни замон он қадар беҷуръате аст, ки нисбати ин ҷинояткорони ашаддӣ ва барои ҷомеа хатарнок чизе гуфта натавонад, бигзор мардум ҳама огоҳ бишаванд, ки инҳо кӣ ҳастанду чи корномаҳое доранд.
Вақташ, ки расад умедворам, ки ҳатман назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Аммо ман ҳайрон аз он ҳастам, ки чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидаву дониста ҳамин ҷинояткорони қотилро маҳбас, ку яктараф боз вазифаҳои калидиро дар дасташон додаанд.
Магар инҳо аз осмон чакидагӣ ҳастанд?
Ман боварии комил дорам, ки аз ҳама ин фитнаву ҳилаву найрангҳои паси пардагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ президенти кишвар хабар надорад хабар ҳам намедиҳандашон. Умед аст ки ба воситаи ҳамин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ё «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ба самъи роҳбари кишвар ҳатман расонида мешаваду ҳатман чораи ин ҷинояткорон ва ин вазиру вузарои паси парда кормекардаашро мебинад.
Дар ин матлаб дигар дар бораи шарҳи ҳоли ин ҷинояткорон ва қотилон суҳбат намекунем. Чунки ҳама инҳоро медонанд, ки ин нафарон киҳо ҳастанд.
Дар матлаби пешин дар бораи кушторҳои Сайдаҳмад Маҳмадҷонзода гуфтем, ки аз деҳаи худашон раҳм накарда ду зану як духтару як ҷавони камбағалро бераҳмона кушт. Ин бор ҳам дар бораи кушторҳои дастаҷамъонаи ин гурӯҳи муташакили ҷиноии хунхор сухан хоҳем кард ва Худо шоҳид, ки туҳмат нестанд. Ҳарчи ҳақиқат аст бояд мардум донанд.
Куштори навбатии Сайдаҳмад Маҳмадҷонзода аз деҳаи Кочон, ҷамоати деҳоти Навдӣ яъне ҳамсоя деҳаашон буд. Шахсеро бо кличкаи Гравлик, ки ба ҳайси корманди ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамон давраҳо кор мекард бо як бераҳмӣ даромада дар назди ҳамсару фарзандонаш мекушад. Агар тасдиқи ин гуфтаҳоро хоҳед, марҳамат, мақомотҳо метавонед аз Шоҳ Искандару Мирзохуҷаи Белгӣ бипурсед. Чунки инҳо ҳам дар ин куштор қуш ҳастанд. Сабаби куштани ин бечора ҳамин аст ки ту дар давлат кор мекунӣ. Ва мераванду даромада мепаронанд ва баромада мераванд. Ин қотилон, фикр намекарданд, ки рӯзаш меояд назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Айни замон барои куштори ҳамин шахс ва дигар нафарони кушта шуда ду нафар- Шарифи Немис ва Шарифи калабур, ки дар матлаби пешин гуфта гузаштаем боздошт шудаанду тафтишот идома дорад.
Аз президенти кишвар ман ҳамчун як шаҳрванд ва ҳамчун як корманди дар мақомотҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ кор кардаву айни замон дар нафақа, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба асли ҳамин парвандаҳои сохтаву бофтаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ ва зерсохторҳои ин ниҳодҳои номбаршуда, ки ба майдони сипари ҷинояткорон табдилашон додаанд, талаб менамоям, ки зери назари қатъии худ гиранду ин ҷинояткорони асосиро ба паси панҷараи маҳбас баранд.
Чунки парвандаҳоро сохтаву бофта мекунанд ва баъдан як нафари камбағали бе касу танҳоро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ карда мебаранду солҳои дароз зиндониаш мекунанду боз ин қотилону ҷинояткорони асосӣ дар озодӣ корашонро давом дода гаштан мегиранд.
Мегузарем ба куштори дастаҷамъонаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ноҳияи Рашт.
Куштори бераҳмонаи раиси ноҳияи Рашт Давлатов Сироҷиддин дар соли 1999-2000, баъди имзои сулҳ.
Сабаби куштори ин раиси он вақтаи ноҳияи Рашт дар он буд, ки Президент кишвар ба раҳматӣ эҳтироми хоса дошт. Вале ин раиси марҳум ҳеҷ гоҳ барои онки як нафар тарафи оппозитсион ё тарафи давлат буд, кор намегирифт. Тамоман холис буд.  
Ва ин гурӯҳи ба худ мусулмонҳои асил аммо вале дар асл бедину оин, рашкашон омада сари маслиҳат меоянд, ки ин нафаро бояд бикушем ва аз гурӯҳи худамон ягон нафарро ба раиси ноҳия пешниҳод кунем.
Аммо тирашон ба хок хурду ҳеҷ нафари аз ин гурӯҳ ба мақоми ин курсӣ нарасиданд.
Дар маслиҳати куштори ин раиси ноҳия инҳо иштирок доштанд:
 Мирзохуҷаи Белгӣ;
Шоҳ Искандаров;
Маҳмадҷонзода Сайдаҳма
д ва дигар ҳамаслаконашон.
Номзади ба курсии раиси ноҳия буданд аз ҷумла;
Мирзохуҷа Аҳмадов ва боз як ду нафар аз ҳамин аҳли гурӯҳ, ки худашон баробари хондани ин нома рангу рӯяшон мепараду ман мебинамашон. Боз ҳатман кадомешаро давлени мазанаду кадомаш инфаркт мешавад.
Хулосаи калом маслиҳат барои куштани ин раис хеле дароз мекашад. Раис ҳамон сол барои кадом коре Душанбе меравад, барои иштирок дар маҷлиси ҳукумат. Дар вақти бозгашт ин гурӯҳи ҷинояткор рафта дар Лаби ҷари Комсомолобод ҳозира ноҳияи Нуробод камин мегиранд дар сари роҳаш. Ва вақти омадаш баромада тирпаронӣ мекунанд. Мошин меистад. Ронандаашро ҳамроҳи худаш мепаронанд. Дар мошин ду писараш ҳамроҳаш буд, ки айни замон дар ҳаётанд. Кушандаҳои падарашро мешиносанд. Марҳамат, агар ҳақиқатро мехоҳед, пурсед.
Аммо медонед вақте мақомот тафтишот ва парванда-дело карданду гуё қотилони раиси ноҳияро мекобанд, ба номи як марҳуми дигар Каримов Иброҳим ва одамони он, ки қумандони мард ва аз деҳаи Ҷафр буд заданду парвандаро маҳкам карданд. Боз ҳам қотилони асосӣ дар озодӣ кору фаъолият карда гаштаанд.
Ҳодисаи куштори раиси совхози Дӯстӣ Ваҷиддин, аз деҳаи Ялдамич.
Бо иштироки бе воситаи Мирзохуҷаи Аҳмад кушта шудааст, аммо парванда дар номи як нафар аз одамони наздики Мирзохуҷаи Белгӣ бо номи Аҳмад аз деҳаи Ҷафр маҳкам карда шуду соли гузашта ин Аҳмадро зиндонӣ карданд, боз ҳам қотилони асоси аз ҷумла Мирзохуҷа дар озодист.
Ҳодисаи куштори Каримов Иброҳим, қумандон аз деҳаи Ҷафр, ки беҳтарин инсон буд. Ин ҳамон нафаре аст, ки парвандаи раиси кушташудаи ноҳияи Раштро ба гардани ҳамин заданд. Ҳеҷ гоҳ ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ сар хам намекард. Гирифтанд бо фиребу найранг оварданд бо ҳамроҳии 4 бародараш куштанду бурда дар ҷангалҳои Навобод таги хокашон карданд. Баъди муддатҳои дароз ҷасадҳои онҳоро пайдо карданд.
Кушторро рӯирост Мирзохуҷа, Шоҳ, Сайдаҳмад ва дигар ҳамаслаконаш карданд. Шоҳидони зинда ҳастанд, марҳамат, парвандаро варақ занед. Агар рафту маҳкамашон карда бошед ва ё ба  номи ягон одами камбағал списат карда бошед, марҳамат, мақомоти бори дигар аз нав тафтишотро шурӯъ карда қотилони асосиро дастгир намоед.
Аз мақомотҳо хоҳиш мекунам натарсед, ҳақро ба ҳақдор расонед, модоме, ки дар курси нишастаед. Вале агар он қадар бе ҷуръат ҳастед, курсиҳоро холӣ кунед. Ҳастанд нафароне, ки ба миллату давлати хеш содиқанд, ки корро дар доираи қонун ва адолат бинанд.
Сабаби куштани Иброҳим- қумандон аз деҳаи Ҷафр дар он аст ки вай ба ин гурӯҳи ҷинояткор сар фуруд намеовард ва одами ростқавлу поквиҷдон буд. Ҳар кори ифлосро намемонд, инҳо иҷро бикунанд, барои ҳамин аз байн бурданаш.
Сабаби дуюми куштанаш ин буд, ки ҳамон вақтҳо бояд аз ҷониби мухолифин ба ҳукумат ҳамин шахс музокира мегузаронид. Аммо ин таассуб ва рашк инҳоро намонд, ва инҳо мегуфтанд, ки мо бояд пешсаф бошем. Аммо ҳамон вақтҳо ҳукумат мехост ба ин шахс музокираҳо гузаронад оид ба сулуҳ.
Аввал як бор Мирзохуҷаи Белгӣ ва Шоҳу ҳамаслаконаш ба ин қумандон Иброҳим як ҳуҷум карданд. Хостанд дар даромадгоҳи деҳаашон Ҷафр ӯро кушанд, натавонистанд. Вале он вақт чандин нафарро куштанд, аз ҷумла як модари солрафтаро бо наберааш, ки аз ҳамсоядеҳа ба деҳаи Ҷафр мерафтанд. Вақти омадани Иброҳим аз маркази ноҳия ба деҳаашон инҳо дар даромадгоҳи деҳаашон камин гирифтанд, хело ҷанг давом мекунад аммо одамони Мирзохуҷа шикаст мехуранд. Ҳамаашонро барои маслиҳат даъват мекунад ва мегӯяд, ки ин корро дигар накунед, ки вазъиятатон безеб мешавад.
Яке аз нафарони Мирзохуҷа, ки бар зидди Иброҳим ҷангид ҳамдеҳаи худи Иброҳим, ҳамин Аҳмаде, ки айни замон дар маҳбас аст, мебошад. Соли гузашта маҳбасаш карданд. Марҳамат мақомоте, ки парвандаи Аҳмадро баррасӣ кардаед рафта дар маҳбас бипурседаш ҳамин гапро. Агар заррае инсофу виҷдон дошта бошад мегӯяд дуруст аст. Чунки ҳолати мурдани кампиру набераи хурдсолашро Аҳмад хуб медонад, ки ин кушторҳо бо фармони кӣ буд- Мирзохуҷаи Белгӣ, Шоҳ Искандар, Сайдаҳмаду ҳаммаслаконаш. Аммо ин қотилон боз ҳам дар озодӣ ҳастанд.
  Маҳмадов Акбар Маҳмадович аз деҳаи Ялдамич бевосита бо супориши худи Мирзохуҷа кушта шудааст. Ҳайратоварии кор ин аст ки қотилон додарони худаш Сайхуҷа ва Маъруф буданд. Вале се нафар одамони ғайр, ки шояд то қадри имкон қуш бошанд ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон шудаанд, ҳамдеҳагони Мирзохуҷаанд, аммо қотилони асосӣ дар озодӣ. Мирзохуҷа, Сайхуҷа ва Маъруфи додаронаш.
Парвандаи ин шахсро назар кунед, ки Шумо киҳоро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ кардеду ба солҳои тулон зиндон кардед.
Аммо ин дафъа ҳам қотилон дар озодӣ монданд.
Сабаби кӯшта шудани Маҳмадов Акбарро медонед дар чӣ аст? Вай мудири фермаи совхози Дӯстӣ будааст. Ҳамон вақтҳо ҳамаи гову моли совхозро Мирзохуҷа бо ҳаммаслаконаш мехурад. Ин бечора мегӯяд, ки «пага давлат барқарор мешавад, ҳамаи ин ҳисобу китоб дорад, назди қонунда ҷавоб метиед». Барои ана ҳамин суханаш, шабона рафта дар дохили хонааш дар назди зану фарзандонаш мепаронанд ва баромада мераванд.
Фарзандонаш ҳаётанд, рафта пурседу парвандаро бозбинӣ кунед ва одамони қотилро баред маҳбас кунед.
Як чизи дигарро дар кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳайронам. Додари ҳамин қотили рақами 1 -ро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дорои тахассус, яъне бе диплом кораш гирифтаанд.
Номаш Фақеров Эшон, ки ҳоло масъули шӯъбаи танзими ҷамоати шаҳраки Ғарм аст. Агар шахс бе диплом кор даромада тавонад хондани донишгоҳу донишкадаҳо чи лозим!? Ҳеҷ ҳоҷат ба хондан нест, мешудааст, ку.
Ҳодисаи куштори бераҳмонаи Нуриддин, раиси кони ангишти Назарайлоқ.
Бевосита худи Шоҳ ва Мирзохуҷа куштанд ин раисро. Шоҳиди айнӣ Сайдаҳмад Маҳмадҷонзода буд. Чунки дар мақомоти милиса кор мекард ва ҳамон шабе ин нафаро куштанд Сайдаҳмад ба ҷои воқеъа ҳозир шуд барои дастгирии ҳаммасалконаш.
Аммо парвандаи куштори Нуриддинро тафтиш накарда қатли яқин ва ошкорро пинҳонкорӣ карда бори сари кадом як гурӯҳи номаълуми роҳзан карданд.

Ҳодисаи куштори фоҷиабори Али Бедакӣ, одами наздики Мирзохуҷаи Белгӣ. Ин нафаро худашон ташкил карданд. Ин гурӯҳи ҷиноятии муташаккил мехостанд соли 2010 бо фармони Мирзохуҷа табаддулот кунанд. Аммо диданд, ки зурашон нарасид ҳамин нафаро ба куҳ равон карданду бо фиребу ваъдаҳои бардурӯғ чанд вақт дар куҳу пуштаҳо нигоҳаш доштанд, аммо ҳамеша аз қафояш буданд. Баъдан даъваташ карда ба раёсати милисаи ноҳияи Рашт оварданд. Шоҳу Мирзохуҷа пурсишаш гузаронданд. Ин бечораи содаи дар балои ин золимон ғалтида мегуядашон, ки охир ин маслиҳати Шумо буд, ки бояд табаддулот кунем, боз чӣ аз суханатон гаштед? Хулоса, сухан кутоҳ сабтҳои пурсишашон дар баъзе бачаҳои мақомот буд. Боварӣ дорам, ки то ҳозир маҳфузанд. Баъдан лату қинаш мекунанд дасту пойҳояшро мешикананд .Агар дар ёдатон бошад дар дохили мошин Алӣ Бедакиро чанд нафар дохили мошин мепурсанд ва дашном мекунанд мо аз Балҷувонем ва туро фалон мекунем. Ин пас аз он ҳодисаи задану шикастанҳо буд. Инҷо инхел нест,ки фақад Шоҳу Аҳмади белгӣ гунаҳгор бошад дар қатлӣ Алӣ вале ин ҳама сенаряҳо буд. Сипас бурда дар деҳаи Руноби ҷамоати шаҳраки Ғарм, дар оғилхонаи як нафар бо номи Раҳматулло мемонанду баромада аз муқобил бо гранатамиёту силоҳҳои ҳархела мезананд мекушандаш. Ва мегӯянд, ки ин мо террористоро куштем. Дар асл террористҳои асосӣ худи ҳаминҳо ва ҳамон ба ном Балҷувониҳои омада ба Ғарм ҳастанд, ки то ҳозир кор карда гаштаанд ва дар озодӣ ба сар мебаранд.

  Аз ин ҳодиса ҳамаи саркардаҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ огоҳанд, аз асли воқеъа пурра бохабарнд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, Саймумин Сатторович Ятимов, раиси КДАМ-и ҷумҳурӣ, Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигаронашон.
Кушторҳои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ беҳад бисёр аст, аз мӯи сарашон зиёд.
Ин гурӯҳ давлат дохили давлат сохтаанд бо ҳамроҳии Рамазон Раҳимзодаву Саймумин Сатторовичу дигаронаш.
Аммо президенти кишвар, боварӣ дорам, ки аз ҳақиқати кор бехабар асту маълумотҳои бардурӯғро пешниҳодаш мекунанд.
Ба боварии комил гуфта метавонам бигӯям, ки мардуми одӣ ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд.
Ҳар нооромие, ки дар мамлакат буду гузашту шуда истодааст аз дасти ҳамин гурӯҳҳо аст. Агар ҳамин нафарон ба ҷои одамони бегуноҳ зиндон шуда ба маҳбас раванд, бовар дорам Тоҷикистон орому озоду осуда мешавад.
Барои чӣ ман шахсан номи ҳамин нафаронро овардаам? Чунки ба парвандаҳои ҳамин нафарон шинос будаму ҳастам.
Лекин афсус, ки мақомотҳои бе ҷуръати мо ҳимоятгари қотилону ҷабркунандаи ҷабрдидагон шудаанд. Ин мақомот бо дасти ҳаминҳо нафарони шоистаро сарбанест карда мардумро тарсониданд. Бовар кунед, ки ин нафарон оппозитсия ҳам набуданд ва фақат то ба имрӯз дар фикри зиндагии худанд. Аммо боварии комил дорам, ки ҳақиқат дер ё зуд аст, ки ҷои худашро мегирад.
Ва ин ҷинояткорон дар назди қонун бо ҷазои сахттарин муҷозот хоҳанд шуд.

 Ҷиноятҳои ҷинояткори паси пардагии Раҷабалиев Ҳусен Сафаралиевич.Ин нафар баъде ронандаи шахсии хонадони генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шуд, зулмро болои мардум сар кард.
Як маротиба дар канали Парвиз. ТВ рафтори аҳмақонаи ин шахсро нишон доданду муроҷиат ба Рамазон Раҳимзода намуданд, ки бинед ин ронандаатро, ки чигуна рафтори ноҷавонмардона мекунад. Ҳодисаи он навор дар яке аз нуқтаҳои фуруши сузишворӣ дар ноҳияи Рашт сабт шуда буд, ки фурушандаро чигуна таҳқир мекунаду мезанад.
Ҷинояти дигарашр, ки гуфта будам мамарозагӣ мекарду духтарони хонаи ғармиро пешпарон медохт, бигзор махфи монанд номашон.
Ҷинояти дигараш ин аст ки бубинед як ронандаи шахсии хонадони вазир чи қадар маош мегирад, ки се зану чанд фарзандро мехуронаду ҳар кадом зану фарзандонаш боз ронандаҳои шахсӣи доранд ва онҳо маош мегиранд. Савол ба миён меояд, ки кӣ онҳоро ва аз кадом ҳисоб маош медиҳад, магар аз маоше, ки худаш мегирад аз ронандагиаш сум ҷудо карда мешавад?
Дар инҷо танҳо барои зиндагие, ки ин нафар дорад ё бояд наркоконтрабанда бошад ё шантажисту дузд, ки хонаҳои воҳима, котеҷи чандошёна ва он ҳам якто не якчандто. Боз дар балдошёнаҳо, сексияҳо бе ҳисоб хона дорад.
Аз рӯи маълумотҳо баъзе вақтҳо бо роҳи зур ва шантаж аз мардум пул мегирад ва гоҳо посредникӣ ҳам мекунад ҳамчун нафари боварии вазир, хуллас пораи калон мегирад, чунки бисёрии вақт аз номи вазир гап мезанад.

Аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ман ҳамчун як шаҳрванд мепурсам, ки то ба кай ин спектаклҳоро давом медиҳед?
Чаро ба ҷои адлу инсоф зулму ситамро пеша кардаед. Магар Шумо инсон нестед? Магар шири инсон хурдагӣ нестед? Магар волидайни Шумо мусулмон нестанд? Чаро Шумо худ ҷиноятро болои ҷиноят меафзоед? Агар аз худову рӯзи қиёмат наметарсед ҳади ақал ҳамчун инсон дар пеши виҷдонатон як бор ҳамин саволҳоро диҳед, ки чаро чунинем, ки мегуяндамон.
Ба маълумоти ҳамаи мақомдороне, ки дар ҳамин парвандаҳо корҳои сохтаву бофтаатонро пеш бурдеду қотилони аслиро аз тарсатон ё аз нафси бадатон хатто, ҳукум намудед, ҳатман ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазои аъмолатонро мегиред. Ман дар ин ҳеҷ шаку шубҳа надорам. Чунки ин қадар зулме, ки Шумо кардед ҳатман дуъои як мазлум мегирадатон.

Дар охир аз муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳиш менамоям, ки як бор назар ба ҳамин гуфтаҳо кунед. Одамони содиқ ба давлату миллатро, шахсони вафодоратонро бипурсед, аз асли воқеъа хабардоратон мекунанд.
Худо шоҳид аст ки ягон суханам туҳмат нест. Ҳарчи ҳаст аз парвандаҳои сохтаву бофтаи мақомотҳо дидаму хондаму ба худ хулоса кардам, ки бояд ҳақиқати ҳол ба Шумо расонида шавад, ки мардум дар зери зулми ин мақомдорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
  Боварии комил дорам, ки баробари расидани ин нома ба чораҳои зарурӣ ва қатъӣ меандешеду ҳақро ба ҳақ дор мерасонед.
Ман шахсан аз фаъолияти худам дар тули солҳои кориам хурсандам ва Худоро шукр мегӯям, зулму ситам ва ҷабру ҷафоро ба ягон кас раво надидам ва агар рафтаву касеро ранҷонида бошам аз ҳамашон узри бисёр мепурсам ва умедворам, ки маро мавриди бахшиши хеш қарор медиҳанд.
 Бовар кунед, ин нафарон ҳазорон маротиба аз Раҳмонов зулм болои мардум кардаанду карда истодаанд.   
 Ман қасам ба Худо мехурам ягон вақт чоплус набудам ва намешавам.  

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Номаи боло дигар танҳо як муроҷиати оддӣ нест. Ин иттиҳоми рӯирост аст; бо ном, бо ҷой, бо шахсиятҳои мушаххас. Ва ҳоло суоли асосӣ пеши мақомот аст. Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода, чаро мебинед, мехонед, мешунавед, ки дар ин номаҳо ҷиноятҳои сангин ошкоро гуфта мешаванд, аммо то ҳол ягон иқдоми ҷиддӣ дида намешавад? Агар ин ҳама туҳмат аст, бароед ба мардум гӯед, рад кунед, таҳқиқ кунед ва ҳақиқатро ошкор созед. Аммо агар ин гуфтаҳо асос доранд, пас чаро сукутро ихтиёр кардаед?

Чаро мардум бояд фарёд зананду прокуратура хомӯш бимонад? То кай? Магар шумо ҳам метарсед? Агар воқеан тарс пеши роҳи тасмиматонро гирифтааст, пас вазифаи прокурори генералӣ бояд ба касе дода шавад, ки ҷуръати адолат кардан дошта бошад. Курсии прокуратура ҷойи хомӯш нишастан нест, ҷойи ҳимояи қонун аст.

Рамазон Раҳимзода, ин суол бевосита ба шумо ҳам ҳаст. Наход вазорати корҳои дохилӣ барои шумо дигар масъулияти давлат не, балки як имидж ва кори маъмулӣ шуда бошад? Наход ронандаи шахсии шумо дар чунин иттиҳомҳо зикр шавад, аммо касе чизе напурсад? Наход раиси таҳқиқи вазорат Сайдаҳмад Маҳмадҷонзода бо чунин айбдоркуниҳои вазнин номбар шавад ва шумо ҳамоно бо ӯ кор кунед, гӯё ҳеҷ чиз нашудааст? Ин чӣ ҳолат аст? Ин мардумро ба чӣ гирифтаед? Давлатдорӣ ҳамин аст? Ё вазифа ба ҳадде оддӣ шудааст, ки дигар ҷиноят ҳам ба чашматон дида намешавад?

Дар мавриди раиси КДАМ СС. Ятимов мардум аллакай ҳама чизро мебинанд. Феълан ӯ чунон гирифтори кори худ ва гиреҳҳои дохилии сохтори худаш аст, ки ба назар мерасад дигар касе нест ба доди ӯ бирасад. Ҳар тараф масъала, ҳар тараф буҳрон. Дастгоҳе, ки бояд амниятро таъмин кунад, имрӯз бештар аз ҳар вақт даргири масъалаҳои худ шудааст. Ва ин ҳам барои мардум пӯшида нест.

Рустами Эмомалӣ бошад, зоҳиран саргарми корҳои дигар аст. Мардуми одӣ аз худ мепурсанд: дар миёни ин ҳама шикояту номаҳо ва иддаоҳои вазнин, оё барои дарди мардум ҳам вақт мемонад? Ё ҳамаи таваҷҷӯҳ дар гирди фурӯши заминҳо, тиҷоратҳои миллионӣ ва ҳалқаи ҳамешагии наздикон мечархад? Ин суолҳо дигар дар як маҳфил ё пушти дари баста не, ошкоро байни мардум садо медиҳанд.

«Ислоҳ» бори дигар равшан мегӯяд: агар дар ин номаҳо ҳарфе бардурӯғ бошад, бароед ҷавоб диҳед. Бо далел, бо санад, бо мавқеи расмӣ. Аммо агар сукутро идома диҳед, мардум ҳақ доранд хулосаи худро бароранд. Хомӯшӣ дар баробари чунин иддаоҳои сангин дигар танҳо хомӯшӣ нест. Ва Тоҷикистон имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба ҷавоби рӯирост ниёз дорад.

Share This Article