Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 376

Ислоҳ нет

Ин бор чор нома дорем аз Панҷ, Ваҳдат, Душанбе ва Кулоб расиданд.

 Номаи Панҷ аз бедоди ришвату фасод дар ин ноҳия гуфтааст. Муллиф менависад: «Ин чи бало ҳаст?Ба Худо қасам бародар ҳатто барои кор даромадан ба ҳайси фаррош-уборшитса ба таваллудхона пул медиҳӣ, баъд кор медароӣ. Ҳамин таваллудхона монополия шудааст: аз фаррошаш сар карда то духтур ҳама хешу табор, ё ҳамсоя, ё аз як деҳа».

Нависандаи ромитии мо мегӯяд, ки нашри номаҳо аз ин минтақа хобро аз чашмони амниятиҳо, раиси ҷамоат ва бузҳо паронидааст. Мегӯяд дигар бояд бузҳоро бо ному насаб, маҳалли зист, акс ва машғулияташон чоп кард.

Як корманди пешини прокуратура аз он изҳори ташвиш мекунад, ки миллати тоҷикро дар дунё ҳамчун террорист шиносониданд. Вай гуфтааст, ки дар ин кор саҳми Прокуратура ҳам ҳаст ва сиёсати ҳукумат ҳам ҳамин тавр мебошад, ки тоҷикҳо дар тамоми ҷо худро дар баробари ҳукумати Раҳмонов осебпазир донанд.

Нависандаи нома аз Кулоб иллати садамаҳои пурқурбонӣ дар роҳҳоро ронандҳое медонад, ки нохонданд, бар ивази пул шаҳодатномаи ронандгӣ дарёфт кардаанд. Муаллиф мегӯяд барои ҳамин бояд иҷозаи додани праваро аз «Фароз» гирифта ба ГАИ-БДА дод.

                Панҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Панҷ менависам. Аллоҳ шуморо умри дароз ва тани сиҳат диҳад. Ҳазор раҳмат ба падару модарат ки чунин фарзанди ғаюру ҷасур ба воя расондаанд. Чи хеле мегӯянд  кам бошаду хуб бошад. Мо кам менависем вале ончики менависем ҳақиқати вазъу ҳоли ноҳия аст

Дар аввал аз беморхона. Тани гарм бе дард намешавад. Як бемор мешавӣ вақте ба беморхонаи ноҳия меравӣ ҳоло, ки туро диагноз мондаанд ё не ҷебакҳоятро холӣ мекунанд.

  Ба Худо қасам порахӯрӣ бисёр шудааст. Ин ҳукумат,ин раиси ноҳия куҷоро нигоҳ мекунад? Каме бо инсоф бошед, хуни мардумро нахуред. Охир ин чи гап аст? Дар тамоми ҷояш ба главврач пора медиҳӣ, аз маошат ҳармоҳа боз мегирад, то ин ки ту ба кор дароӣ? Охир ин чи рӯзест? Ин бечора 7 сол мехонад, мехоҳад содиқона кор кунад вале то пора надиҳӣ ба кор намегиранд.

Нафароне, ки 2 сол хонданду «таға» доранд, бе пул ба кор медарояд вале нафаре ки 7 сол хондааст заҳмат кашидааст наметавонад ба кор даромада. Барои оне ки пуле надорад, ки диҳад ноилоҷ муҳоҷир мешавад. Ин духтури босавод баъд дар муҳоҷират омада беҳтарин мутахассис барои хориҷиҳо кор мекунад. Баъд дар худамон мегӯянд, мо духтури хуб надорем, кадри соз нест, инҳо балоро намефаҳманд. Охир шумо имкон надиҳед, баъд аз куҷо мо мутахассиси хуб дошта бошем?

 Вақте 2 девонаро ба кор мегиред, ки таға  ё шинос дорад, кадри хуб аз куҷо мемонад? Хоҳиш мекунем аз шумо ҳамин таваллудхонаро каме ба тартиб дароред. Духтуре, ки мезоёнад 500сомонӣ мегирад, боз медсестраҳояш мегиранд, инҳо тамом нашуда фаррошҳояш сар мекунанд ва боз чанд нафари дигар. Бар замми ин ҳама боз боз дар касса пул месупорӣ. Ин чи бало ҳаст? Ба Худо қасам бародар ҳатто барои кор даромадан фаррош-уборшитса ба таваллудхона таға бозӣ ҳаст пул медиҳӣ, баъд кор медароӣ. Ҳамин таваллудхона монополия шудааст: аз фаррошаш сар карда то духтураш ҳама хешу табор ё ҳамсоя ё аз як деҳа.

Тақрибан 20 рӯз пеш оилаамро баровардам аз таваллудхона, ҳамаро сум додам- фаррошҳо монданд, то пул нагирифтанд кудакамро надоданд. Маҷбур мешавӣ сум медиҳӣ то кудакатро гирӣ.

  Дар ҳамонҷо як ҷавони дигар соҳиби фарзанд шуд. Ин фарзанди якумашон буд. Вайро аз ман бадтар карданд. Бо чашмони худам дидам. Бечора сум надорад, намедонад чи кор кунад, пули давлатро супоридааст, монед равад, надорад охир. Не, мо бо пул кор даромадаем, бояд кор кунем.

 Масъалаи дигар. Началник милиса Шамсуллозода Баҳром ноҳияро девона кардааст. Оё ягон одами зинда ё бо номуси бо инсоф ҳаст дар ҳамин мақомот, то дами роҳи инҳоро гиранд. Аз риш нав халос шудем, боз дар сатраш задем. Ҳар рӯз рейд- аз боло гуфтанд, ки назорат кунед! Охир шуморо гуфтанд, ки назорат кунед, на ин ки ҷебакҳояшонро холӣ кунед.

Ман бо ду чашмам дидам. Вақте занро бо сатр меқапанд аввал мегӯянд, ки протокол мекунем ва ручкаву дафтар мегиранд. Баъд ин зан хоҳишу илтимос мекунад ва мегӯяд дигар намекунум.

Баъ тилифонашро мебарорад сурат мегирад, гуё тамом. Баъд даъватат мекунанд, мебинанд, зани бечора ба ларзидан медарояд. Баъдан мегӯянд, ки «300сомонӣ бте бра гаштан гир касе боз маънат кард номи мара бгу хешомонай дига ҳичка ғамт намета».

Инҳо ҳамааш ҳа рӯз ҳамин хел кор мекунанд. О, вақте фармон аз боло бошад   чаро шумо кисаҳояшонро холӣ мекунед? Протоколашон кунед ба фоидаи давлат агар рост мегуед, ки фармон аз боло ҳаст.  Бародар Муҳаммадиқбол! Дар як барномаи дигаратон тамошо кардам. Як бародар хеле таъриф кард дар бораи началник ГАИ бо номи Эмом капитани милитсия рутбааш. Шояд ман хато кунам, авалҳо соз буд мумкин…..лек  ҳозир бошад ин ҳаромхури гадо як даррандаи ноодам шудааст. Дар тамоми ҷой худаш меистад, худаш мегардад, сумро ҷамъ мекунад. Аввалҳо дар бонк супор мегуфт. Ҳозир ин гапҳо нест дар Панҷ. Дар кабинет месупорӣ сумро. Ба Худо қасам раҳме надорад ба касе.

Шояд ягон шинос ё рафиқаш бошӣ, намедонам мумкин раҳме дошта бошад.

Як портер дар таги пояш аз милитсия бошад, ё шахсӣ, аз касе ҳаст намедонам, дар тамоми ҷо мегардад. Фақат мотосиклҳо, скутерҳо ҳамаро бор мекунад мебарад, ҳуҷҷат дорӣ, надорӣ, «биё ба адела ба гап мезанем».  

Тақрибан 2 моҳ пеш, ба гуфти худаш ин рейд будааст, Эмом кормандонашро вазифадор карда буд, ки равед гардед, дар деҳаҳо чи мошине хоб аст, вайрон аст ҳуҷҷатҳояшонро бинед, надошта бошанд протоколашон кунед. Мошинҳои боркаше буд, ки аз Дақёнус мондагӣ, ки пусидааст, 4 диск дорад, ҷаримааш кунед, ҳуҷҷат кунад, охир он мошин даҳсолаҳо аз кор мондааст,   чи хел баранду ҳуҷҷаташ кунад. Вай мусор шудааст. Соҳибаш агар медонист ту ин хел ҳаромхурӣ оварда дар назди хонаат мемонд. Барои ту туҳфа,кудакот дар дарунаш бозӣ мекард.

 Дар ноҳияи Панҷ чи мошине буд:-боркаш ё сабукрави вайрон, ки солҳо хоб буд, ҳамаашро ҷарима ва сумро ҷамъ карду гирифт, боз 10 соли дигар оилаашро мехуронад. Нафароне, ки моторол доранд тамоми коргарони отдел дар хонаҳояшон бе пул барои манфиати худашон кор мефармоянд. Корҳояшон тамом шуд як рӯз баъд туро дигар намешиносад, ҳатто мегӯянд, ки якум бор мебинамат. Мегӯӣ дина руз то бегоҳ дар хизмати ту будам, не ..ту ҳуҷҷат надорӣ ҷарима 6 ҳазор сомонӣ ва протокол мекунаду медиҳад, намедонӣ куҷо равӣ, ба кӣ шикоят кунӣ. Охир ин бечора дар як руз 100сомонӣ ба як азобе кор мекунад. Ту началник ГАИ инсофу номус надорӣ? Ту бо ин пуле, ки оилаатро мехуронӣ, мепушонӣ, як рӯз не як рӯз ба балое гирифтор хоҳӣ шуд. Ин ҳамааш дар назди Аллоҳ ҳисобу китоб дорад. Ҳатто оби хурдаи ту ҳалол нест, бо ин қадар зулм, ки ба халқ мекунӣ. Аз дасти туи беномуси бевиҷдони ҳаромхур мардум руз надорад, каме раҳм кун. Хоҳиш мекунем аз вазир Рамазон Раҳимзода, каме ба назорат гир. Инҳо пул дода вазифаро гирифтем гуфта тамом бе назорат мегарданд, хуни мардумро хӯрданд.  
Як чанд руз пеш гап -гап буд, ки Эмомро аз вазифааш дафъ мекунанд. Дар район хурсандӣ буд, аз ҳама бисёр таксистҳои район хурсанд шуданд. Лек афсус, рафт дар боло кадомеро «нон» доду боз гашта омаду вазифаро гирифт. Хоҳиш мекунем ҳамин масъаларо бинед, мардум дигар безор шудан. Мардумро ғулом кардааст. Ту фикр мекунӣ то абад дар вазифа мешинӣ? Не! Як руз не, як руз Худо мезанадат, баъд дар дасти мардум мехурӣ қабратро меканад.

 Дар светофор ҳарруз мешинад то як сумдорро биқапам бо ягон нарушений, то оилаашро боз як моҳ хуронад. 

Чанд рафиқи сумдор дорам бо як нафарашон як рӯз во хурдам як чанд  магазино дорад дар як ҷо шиштем гуфт аз ҳамин Эмоми ГАИ безор шудам. Пурсидам, ки чи кор кардаст? Мегӯяд, ки оилааш ба номаш аст лек ман мехуронам. Гуфтам чи хел? Гуфт занг мезанаду инро равон кун, онро равон кун гуфта фармон медиҳад.

Охир нигоҳ карда наметавонӣ «мана зурам мерасад, биёр барам нигоҳ кунам, ҳамашро мекунам агар зурат нарасад». Тавба, одам то ин дараҷа гадо мешудааст. Ана инро мегӯянд ГАИро бераҳмаш.

Чанд рӯз пеш аз боло омада замначалник милисаро бо чизе қапиданд, Комрони майор номаш -бо маводди мухаддир буд ё пора аникашро намедонам. Онҳо просто так намеоянд. Чи гапи калоне ҳаст, лек хоҳам фаҳмид, баъд менависам, боз чи гап шуд- озод шуд ё пора дод мегӯям.
Қариб фаромӯш мекардам. Аз таваллудхона ҳуҷҷат гирифтаму ба ҷои шаҳодатномаҳо рафтам. Дар он ҷо чанд бе саводи дигар истодааст. Вақте навишта доданд кушодаму хондам чанд хатоӣ буд. Гуфтам ин намешавад. Аммо гуфт, ки барои дигар кардан суми 2 бланкаро медиҳӣ. Гуфтам охир ин хатоии шумо аст. Мегӯяд, ки инҳо ҳисобу китоб доранд, ман бояд аз худам супорам. Наход дар ноҳия як одами босавод набошад? Ночор пули 2 бланкаро додам. Боз ҳақи хизматамон  гуфта 150сомонӣ илова гирифтанд. 4 кампирро ба кор гирифтаанд, ки савод надоранд. Дар байни онҳо ҳатто як ҷавон набуд. Бо ин хел кампирони 60 сола боло кор карда мешшавад? Агар айнакашро гирӣ ҳеҷ ҷойро намебинад. Лек пулро хушру мебинанд. Хоҳиш аз раиси ноҳия Иброҳимиён Акмал Комилзода  ин ҷойро як назорат кунед, бинед чи гап аст? Ҳамаи ҷо хатоӣ. Ҳазор раҳмат ба ин момаҳо, ки чанд сол хизмат карданд, ба гуфти худашон бас аст. Равед боз 4 ҷавонро монед то бе хатоӣ нависанд, мушкил нашавад ба мардум. 

 Гуфтаниам, ки бародарону падарон бетараф набошед, аз ҳақи худатон ҳимоят кунед, нависед ба «Ислоҳ» то ислоҳашон кунад. То даме хап мешинед ҳамон қадар зулм болои мо мекунанд.

 Ва дар охир гуфтаниам, ки накобед маро, нахоҳед ёфт. Шумо ҳамин хел зулм кардан гиред мо бисёр шудан мегирем. Агар хоҳед, ки мо ба «Ислоҳ»  нома нафиристем шумо мушкилиҳоро ҳал кунед ва мо дигар чизе намеёбем то фиристем ба «Ислоҳ»!

              Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ромит маълумотҳои охирро мефиристам.

Баъди нашри номаҳо аз Ромит ва суҳбатҳои шумо дар «Минбари муҳоҷир» бузҳои Ромит дар байн худашон ҷангҷу ҷангол доранд, соз нестанд. Ҳамаашон як гапро кофта гаштаанд? Кӣ ин хабарҳоро ба «Ислоҳ»  роҳӣ кардааст. Раҷаби Хайриддин бошад сахт дар ҳайрат афтодааст, ки            « и хойин кӣ бошад да байни мо»?

 Аллоҳ шуморо қувват диҳад устод. Ин бузҳо, бовар кунед, ки намедонанд чӣ кор кунанд? Байни худ ва аз ҳамдигар шаку шубҳа кард истодаанд. Ман фикр мекунам, ки дар бораи ҳамин бузҳо бештар навиштан даркор. Чунки ин оилаи касофати Раҳмоновро мардум шинохт, духтарҳову бачаҳову хусурҳояшону қудоҳояшро, авлодашро шиносондӣ, ки кӣ ҳастанду чи корҳо карда истодаанд. 

Акнун навбати муаррифиро бояд ба бузҳо барем. Бо ному фамилия, бо сурат, бо ҷойи истиқомат, ба чи корҳо машғуланд, бояд дар эфир бигӯем. Нафақат бузҳои Ромит, бузҳои тамоми Тоҷикистонро бояд бигӯем.

Ман бовар дорам, ки шумо ин корро 100 фоиз ва ба дараҷаи олӣ анҷом медиҳед.

 Таҷрибаи шумо соз аст. Бо навбат одамҳое, ки мардумро зулм мекунанд. Ин кор бисёр ҳам аҳамият дорад.  

 Албатта, мақолаҳоро дар сайт одамони зиёд мехонанд

вале вақте дар эфир гап мезанед, ному насабу ҷои истиқомати онҳоро мегиред, ин беномусҳоро ларзаашон мегирад.

  Директор мактаби Ромит номашро нависта наметавонад, дар вақташ як ҳофиз буд. Дар як сол се бор пули китоб ҷамъ мекунад, ду бор пули ремонт-таъмири мактаб, боз пули кумур, пули ҳезум, бур, лата, журнал, ден рожденияи муаллиму муаллима, наврӯзӣ, соли нав ва ғайра.

 Кормандони СС.Ятимов-и махуф ҳам ба ҷустуҷӯву кофтан даромадаанд, ки ин кори кӣ бошад, ки ҳама чизро ба хоинҳои миллат нависта истодааст. Аз ҳама бештар Диловар Солеҳови раиси ҷамоат дар такудаву кофтуков задааст.

               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаи ман як каме тулонӣ мешавад, ки хоҳиш мекунам онро бидуни қайчӣ ва мухтасар кардан нашр намоед. Солҳои зиёд дар мақомоти Прокуратура, то Прокуратураи генералӣ дар вазифаҳи гуногун фаъолият кардаам. Вақте Юсуф Раҳмон дуюмбора дар соли 2020 Прокурори генералӣ таъин шуд маро ба нафақа гусел кард. Ман метавонистам ҳоло кор кунам, аммо берун кард, ки ин масъаларо, мутаассифона ҳоло ҳам гуфтаву навишта наметавонам. Вақташ ояд хоҳам гуфт. Фақат ҳаминро гӯям, ки ягон нафар дар курсии Прокурори генералӣ, на Шерхон Салим, на Бобоҷон Бобохон, на Маҳмадназар Салихов ва на Амирқул Азимову Шарофиддин Саломов прокуратураро ба ин ҳолате, ки Юсуф Раҳмонов овард, ба дуздхона табдил кард, пораву ришваро ба авҷи аъло расонд, наоварда буд. Ин Юсуф Раҳмон аз Прокуратураи генералӣ миллиардер шуд гӯем хато намекунем. Аммо мавзӯъи менавиштаи ман ин ҳам нест. Ман масъалаи тамоман дигарро инҷо гуфтаниам.

Чанд рӯзи пеш як хабар дар бораи як тоҷик, ки гӯё дар Ессентуки қасди анҷоми амали террористӣ доштааст ва барои ин амал додгоҳ ӯро ба 15 сол зидон маҳкум кард ва ҳодисаҳои монанди ин гуфтаниам. Дар ин бора гуфтааниам, ки ман ягон маротиба надидам ва нафаҳмидам, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо ва кафилу ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар тафтишу муҳокимаи ҳеҷ яке аз шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ва махсусан дар Русия иштирок намуда бошад ё ҳадди ақал дар ҷараёни он қарор дошта бошад. Баракс, мақомоти Тоҷикистон, Прокуратура, вазорати дохилӣ, кумитаи амният худашон бо пешниҳоди руихатҳои калон шаҳрвандони худамонро ҳамчун террорист нишон дода дастгир ва экстрадитсияи онҳоро талаб мекунанд.

Бовар кунед, ки ин кор як сиёсати махсусу ҳисобшудаи ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии худи Раҳмонов аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафаш бо террористу ифротӣ нишон додани шаҳрвандони Тоҷикистон ин аст ки ҳар як тоҷикро дар тамоми гушаҳои дунё таҳти тарсу ваҳшати худ нигоҳ дорад.

Чанд вақт пеш миёни Тоҷикистон ва Русия  қарор дар бораи ташкили намояндагиҳои вазорати дохилии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар баста шуд. Ин кор идомаи ҳамон сиёсати таъқибу контроли ҳар як тоҷик аст. Муҳоҷирони кории тоҷикакнун дар Русия ҳам таҳти контрол ва таъқиби милиса мешаванд. Миллионҳо шаҳрванди тоҷик дар Русия кор мекунад, барои Маскав, назорати ин анбуҳи бузург муҳим аст аммо барои Раҳмонов муҳимтар аст

Як нукта. Намояндагиҳои вазорати дохилии Русия дар Тоҷикистон чи меҷӯяд? Тақрибан ҳеҷ чӣ. Аммо намояндагиҳои вазорати дохилии Тоҷикистон дар Русия садҳо ҳазор, балки ду, се миллион муҳоҷири тоҷикро орому осуда намемонад.

Дар хабаре, ки гуфтам гуфта мешавад, ки Ҳавзаи ҷанубии додгоҳи низомии Русия шаҳрванди Тоҷикистон Мирмуродзода Хурсандмуроди Мирмуродро 15 сол аз озодӣ маҳрум кард ва ин нафар баъди чаҳори соли маҳбас 11 соли боқии онро дар зиндони низоми сангин мегузаронад. Вай гуё дар автовокзали Ессентуки теракт анҷом медодааст.

 Чунин маврид ягона нест. Даҳҳо нафар тоҷикро дар Русия барои гуё анҷом додани амали теракт зиндонӣ карданд. Ҳамин худи ҳодисаи Крокус-сити бо ҳазору як саволу гумон касро ба онки ин корро маҳз ҳамин нафарҳо, ки барои солҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд, анҷом додаанд ба шубҳа меандозад. Ман бовар надорам, ки парвандаи онҳоро Тоҷикистон ҳатто суроғ карда бошад. Балки барои Раҳмонов мефорад, ки чунин корҳоро бо муҳоҷҷирон дар Русия анҷом диҳанд.

 Соли 2024 ба гуфтаи худи мақомот  шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номи онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорати ҳукуматҳои Русия дохил шудааст ба 150 ҳазор расидааст. Ин яъне рӯихати сиёҳе аст ки ному насаби тоҷикҳо ворид шудааст. Як соли пеш ин рақам 120 ҳазор буд. Яъне руихати сиёҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро зиёд карда истодаанд.

Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Русия  400 нафар тоҷики таҳти ҷустуҷӯро боздошт кардаанд. Як соли пеш ин шумора 260 нафар будааст. Ва ин нафарҳо бо талаби ҳукумати Тоҷикистон дастгир ва аксарияташон ҳамчун ҷинояткор истирдод шудаанд.

Тибқи моддаи 64-т Қонуни асосӣ « Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Аммо оё Раҳмонов бар асоси талаботи Қонуни асосӣ шаҳрвандони худро ҳимоят  карда истодааст ё баракс дар тамоми дунё онҳоро ба унвони террористу экстремист шиносонида истодааст? Раҳмонов дар ҳар куҷои дунё тоҷиконро таъқиб карда истодааст. Мехоҳад бигӯяд, ки дасти ман дар гиребони шумо то он тарафи дунё мерасад. Мақсад фармонбардор, гапгир, тарсу ва таҳти идора қарор додан аст.

              Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Кулоб бароятон менависам. Дар рӯзҳои аввали ҳамин моҳи июл дар ду автоавария 19 кас, дар якеаш 11 ва дар дуввумиаш 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Мову шумо, умуман ҳамаамон, тоҷикҳо мегӯем, ки хуб рӯзашон буд шудааст, дар тақдираш ҳамин хел будааст. Хуб, бигзор бигӯему айбу гуноҳи худро ба тақдиру пешонӣ бор кунем.

Як нафар навишта буд, ки барои мо тоҷикҳо роҳҳои ружду ҳамвору мумфарш дуруст намеомадааст. Бояд мисли солҳои пеш роҳҳоямон пур аз чуқуриву гармошкаву кандагиву ҳамин хел бошад, ки ронандаҳо маҷбур шаванд оҳиста биронанд.

Вале ман гуфтаниам, ки инҷо айб на дар роҳҳо аст на дар тақдиру пешонӣ. Инҷо айб дар онҳое аст ки ба фурӯши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғуланд. Инҷо айб ба гардани «Фароз»-и Шамсуллои домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва Автосантали вай мефарояд.

 Чунки ронандаҳое, ки бо  ҳуҷҷатҳои ронандгии харида мегарданд рӯзбарӯз зиёд шуда истодаанд. Ин ҳуҷҷҷатҳоро кӣ мефурушад? Ин ҳуҷҷҷатҳоро «Фароз» мефурушад. Пештар ДОСААФ буд ва он аз они давлат буд. То қоидаро ёд намегирифтӣ, чанд бор вождения мегузаронидӣ, баъд права медоданд, яъне шаҳодатномаи ронандагӣ. Имрӯз бар пулро бисупору дар журнал номнавис шаву тамом, баъди ду моҳ ё се моҳ биё праваро бигир. Вале агар сахт зарур дошта бошӣ, досрочно ҳам ҳаст, пулро зиёдтар супор, не отходя от касса праваро бигир.

Дар ин ҳолат инронанда магар метавонад ронандагӣ кунад? Аммо барои «Фароз»-у Шамсулло ва темболее кормандонаш фарқ надорад. Ҳарчи бояд бештар права диҳанд, балки фуруӯшанд.

Ҳукумат дар Қирғизистон ин шакли додани праваро барҳам дод ва аз корхонаҳои хусусӣ обратно гирифту ба ГАИ дод. Ҳозир ГАИ права, техпаспорт ва номер медиҳад. Автосантали «Фароз»-и Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов бошад то деҳаҳое, ки онҷо роҳи мошин нест, транспорт хару асп аст шуъбаҳои худро кушода пул гирифта права, ҳатто ба ронандаҳо барои мошинҳои борбар категиря дода истодааст. Дар ҳамон садама, ки 11 кас кушта шуд, Дулан бо ду мошини сабукрав бархӯрда буд,

 Бовар кунед, ки инҳо барои самолет –лётчикҳову космонавтҳо ҳам права медиҳанд. Дар ҳақиқат ин авлоди гадогушна сероӣ надорад.

 Ман пешниҳод мекунам, ки тамоми Автосанталу дигару дигараш ба ихтиёри БДА-ГАИ дода шавад ва бигзор онҳое,ки авария мекунанд,асноди онҳо омӯхта шавад, ки дар ҳақиқат курсҳои ронандагиро хондаанд ё праваро харидаанд.

Аксарияти садамаҳо аз дасти ҳамин гуна ронандаҳо сурат мегирад. Бояд пеши роҳи инро бигирем. Барои даромади оилаи Раҳмонов шуда ронандаҳо, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро нахонда ва боиси марги инсонҳо мешаванд набояд ба паси фармон ё рули мошин шинанд.

Share This Article