Семейка news №30

Ислоҳ нет

«Ҷумҳурии Хешутабористон»

  Шумораи нави маҷаллаи «Семейканюс»-ро дар даст доред. Ин маҷалла, чуноне медонед, дар бораи ин хонаводаи балои ҷону офати тани мардуми тоҷик, ки беш аз сӣ сол аст дар сари қудрат аст менависад. Маълум аст ки муаллифони навиштаҳои ин маҷалла ҳам ифшо ва ошкор карда намешаванд. Аз ин ҷиҳат тамоман бепарво бошед.

Ин шумора ҳам бо «Реза-Ахбор» аз ин оила шурӯъ мешавад. Вале, ба фарқ аз шумораҳои пешина ин бор «қаҳрамон»-и марказии маҷаллаамон чанд нафаранд. Чанд нафар аз наздикону пайвандони ин оила. Аз Шамсуллои домод ва ширкати Фароз, аз  Амриддин Нахшови писархолаи Рустам ва кони тиллои «Нахш», аз Исмати дулик, аз Зайнулло  мегӯем ва низ бо як матлабе дар бораи ихтилофи миёни генералҳои наздик ба оила сафҳаи охири маҷалларо пур кардаем.

              Ва, ҳоло бошад Реза-Ахбори Семейка

      Зодрӯзи миллионерона

 Фотима, зани Рустами Эмомалӣ,чанд рӯзи пеш ҷашни таваллуд доир кард. Раҳими ғармӣ, тоҷири номдори тоҷик барои ин ҷашни зодрӯз аз Дубай дар 350 ҳазор доллар як мошини эксклюзив барои вай тӯҳфа кардааст.

 Туҳфаи Раҳимро барои Фотима худаш дастрас кардааст ва ё нафароне дигар, барои мо торик аст. Аммо аз онки Раҳими ғармӣ қаблан аз рӯзи таваллуди Фотима огоҳ будаву барои туҳфаи мошин дар ин ҷашн омодагӣ медидааст, маълум мешавад, ки бо ҳам дар иртибот қарор доштаанд.

     700 ҳазор доллар барои «фикру хулоса»

 Нуршеди Хол Машраб, раиси бозори Корвон, ки дар ин авохир гирифториҳои зиёде дорад-масъалаи хезонидани мардуми атрофи Корвон ва пардохти ҷуброн ба онҳо сарашро гиҷу гаранг кардааст, низ дар ин сабқати хушҳолсозии Фотима Леди -2 ширкат карда маблағи ҳангуфтеро ба унвони туҳфа додааст. Тибқи хабарҳои расида вай мехостааст, ки дар ноҳияи Рудакӣ ранги масҷиди Қатар, масҷиди марказии Тоҷикистон дар Душанбе дар байни мардум бо ҳамин ном машҳур  шудааст бисозад аммо иҷозаташ надодаанд.

 Нуршед дар ҳамон шабурӯзҳои денраждении Фотима ба Рустами Эмомалӣ 700 000 доллари нақд додааст. Бо ин умед, ки «худаш ба ягон фикру хулоса меомадагист».

       Хешутабор бар зидди хешутабор

Амон ҷонишини аввали раиси Данғара ва прокурори ноҳияи Данғара, ки ҷияни Муроди телех мебошад бо ҳам чангу даъво кардаанд. Сухан дар бораи он меравад, ки ҷияни Амон дар Данғара ресторан дорад. Вай касеро мезанад ва кораш ба прокурор меғалтад. Мехоҳанд халосаш кунанд, ки ҳамин Амонро мегӯянд. Аммо Амон бароварда наметавонад. (Баъд бароварданаш)

Барои ҳамин масъала Амон бо ҷияни Муроди телех -прокурори Данғара бугубугу мешаванду ҳақоратшапак.

Ҷолибии ин хабар боз дар ин ҷиҳат аст ки Амон дар Данғара квартиранти Эмомалӣ Раҳмонов будааст ва моҳона иҷорапулӣ мепардохтааст. Вале байни иҷорашину иҷорадиҳанда қарордод вуҷуд дорад ва иҷорадиҳанда барои даромад аз иҷора ба давлат андоз месупорад, маълумот надорем.

       Ҳасан ва қопчаҳои миллионӣ

  Одамҳои Ҳасан Асадуллозода ҳар бегоҳ меоянд ба поёни бозори Корвон. Онҷо офиси махсус бо одамҳои махсус ҳаст. Ҳасан пули нақдро дар қопчаҳо аз ҳаминҷо мегирад. Қасам ба худо, шумо шояд бовар накунед, ҳар бегоҳ ин кор такрор мешавад. Дар қопчаҳо мегиранд ва бо мошинҳо бор мекунанд ва тавре мошинҳоро меронанд, ки гӯё болои онҳо ҳамла сурат гирифта ва ё мегирифта бошад.

Як вақтҳо мешунидем, ки долларро ҳам худашон иваз мекунанд, баъди ин кору ҳолро дидан бовар кардам, ки мардум беҷиҳат гап намезадааст. Қисме аз ин пулҳоро Нуршед бо доллар иваз мекунад.

 Як командир аз ноҳияи N- началник охраннаи Ҳасан аст. Меомад ҳар рӯз се-чор лингчаӣ пул мебурд. Ному насаб ва маҳалли иқомати ин началник охранна пеши мо маҳфуз аст, аммо бо мулоҳизоти ба ҳама маълум аз ифшои он худдорӣ варзидем.

      Асрори бонуи «Сифат-фарма»

Парвина Раҳмонова, мудири корхонаи фарматсевтии «Сифат-фарма», зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳанӯз дар айёми студентиаш ҳамаро задагӣ буд. Дар ҳафта ду бор дарс меомад ё не. Дар дами дари аудитория ва ё подоконики тиреза меистоду сигарет дуд медод.

Ҳозир ҳам ҳамин тавр аст. На шавҳар ва не ҳеҷ касе аз наздикони Ашрафро дар копеек намегирифтааст. Дар бораи ин бону ва корномаи зиндагии вай дар нашрҳои баъдӣ менависем.

     Таҳмина: пушти дарвозаҳои қасри Архур

 Вале Тахминаи Клеопатра, апаи Парвина, расман завҷаи Зарифбеки Шарифбек тамоман откритий ва дерзкий аст. Дар Архури Ромит, дар назди ҳавзи гулмоҳиҳои Азизмои газетхонаки модараш як бустонсарои зӯри зӯр дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ин дача ба худи Азизмоҳ тааллуқ доштааст.

Вале ин ҷо ҷои дамгирии Клеопатра мебошад. Тахмина онҷо пеши даҳмардаҳо мерафтааст:

  «Тахмина бо мошинои баланд меояд. Вақти омадани вай роҳҳоро то чандин соат мебанданд. Бо 20-30 ландкрузер ва чандин ренҷровер меояд. Вақте Тахмина меояд тамоми мақомот в уши меистанд, махсусан милиса ва ГАИ.

Вале апаи Озода тишина ва шабона меояд».

Ба гуфтаи ин манбаъ даҳмардаҳои мавриди назар тайёр мешаванд. Молкушӣ-сихкабоб чупонкабоб. Даҳмардаҳои бузбалабузбала, ки чандин вақт хонаҳояшон нарафтаанд камари ҳимат бастагӣ.

«Қатиш боз пластмассӣ мебурдааст. Дар стройкаи як охраникаш кор мекардам, ин гапро ҳамон нафар гуфт, ки аз даруни сумкааш ёфтиян. Дар сумкааш пистолет мегардондаст, таблетка доштаст. Даже мегуфтаст, ки мардои тоза нокардаша нағз мебинам, мегуфтаст, ки бгуен тоза нокарда пеши ма биёя».

 Ин охранна гуфт, ки вай ба якта дута сер намекунад. Барои ҳамин чанд дарҳмардаро даъват мекунем. Барои Тахмина дар ин дача  бузи сайд мекушанд. Дар онҷо мамнуъгоҳ аст. Худи Тахмина ҳам шикор мекунад. 

            Умеда Ятимова        

 Ин манбаъ гуфт, ки Умедаи Саймумин Сатторович Ятимов ҳам сари ҳар чанд вақт Ромит барои истироҳат ва айшу майишат меояд. Вайро як маротиба дар дачаи Сомон қапиданд. Полний маст буд, аз чизе дарак надошт. Бачаҳои Шорух махсус омада буданд. Дар таги пойи Умеда Ландкрузери ҳоҷӣ Ҳалим буд.

Ёдатон бошад як бор дар Варзоб ҳам қапида буданд. Шишаҳои ландкрузер темнит кардагӣ. Умеда гоҳо бо номерҳои транзит ва гоҳо беномер меояд ва ё бо номери серақамаи давлатӣ соф аз щама чавкот берун аст бовар кунен…

   «Фароз»: гумруки хусусии семейка

 Дар Тоҷикистон бо номи ширкати «Фароз» ҳама ошност. Ин ширкат ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад ва агарчи чанд соли пеш эълон шуда буд, ки қатъи фаъолият мекунад аммо баракс беш аз гузашта кишвар ва дороиҳои он ва махсусан пулҳои бюҷетро аз они худ карда истодааст.

 Ахиран маблағи боҷ ва дигар аворизи гумрукӣ барои мошинҳои борбар дар терминалҳои гумрукӣ (барасмиятдарории борҳои гумрукӣ) дар тамоми қаламравиТоҷикистонг тавассути ширкати «Фароз» анҷом дода шуда маблағҳо ба ҳисоби он гузаронида мешавад.

 Дар зимн ин нуктаро бояд ёдовар шавем, ки дар вақти раёсати Фаттоҳ Саид дар Хадамоти гумрук қоида ва шарти нархгузорӣ тағйир дода шуд. Фаттоҳ Саид як«тавсиянома»- ро  ташкил кард, ки тамоми амволу коло, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, гумрук бар хилофи Кодекси гумрук, ки ниҳоди қонунгузор — Маҷлиси миллӣ тасдиқ кардааст, нархгузорӣ мекунад. Масалан автомашинаи маркаи опел соли бароришаш 2014 агар аз Аврупо 800 доллар харида шуда бошад, мувофиқи тавсияномаи Сардори Хадамоти гумрук онро 2000 ё 2500 доллар бояд нарх бимонӣ, яъне тибқи нархи бозор. Дар ин ҳолат барои гумрук 42%боҷи гумрукӣ месупоред- такрибан 1000 доллар. Ин пулро маҷбур месупорӣ. Агарчи ин усули нархгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва Кодекси гумруки кишвар муғоират дорад, то ҳоло ин тавсияномаи ғайриқонунӣ кор карда истодааст.

  Айни замон ширкати «Фароз» тамоми мошинҳои борбари меомада аз Хитойро бо мошинҳои худаш иваз кардааст. Дигар ҳеҷ нафаре бе иҷозати ширкати «Фароз» борҳои Хитойро ба Тоҷикистон намедарорад. Барои растаможкаи борҳо ҳам ба «Фароз» пул месупорӣ, инчунин барои роҳпулии борҳо ҳам ба ширкати «Фароз» пул месупорӣ.

 Ширкати «Фароз»  инчунин сад мошини дигари фура харидааст барои борҳое ки аз Русия ва Туркия ворид карда мешаванд. Ин борҳоро низ танҳо ширкати «Фароз» растаможка мекунад ва роҳпулии ин борҳои воридшаванда низ аз Туркия таҳти назорати ширкати «Фароз» қарор дорад ва ин пулҳоро ҳам ба ҳисоби ширкати «Фароз»мегузаронанд.

Исмати дулик: арусҳо туҳфаҳоро баргардонданд

 Як сол пеш Исмат Абдуллоев, мулаққаб ба дулик, раиси собиқи фурудгоҳи байналмилалии Душанберо қапида буданд. Тақрибан як моҳ пас аз ҳодисаи боздошти Исмат дар як ҷо шишта будам. Як -ду генерал ҳам онҷо буданд, ки дар бораи дуздиҳои Исмати дулик гап мезаданд.

 Исмат ба чанде аз ҳофизаҳо чи чизҳое тӯҳфа карда будааст. Ҳамон ҳофизаҳоро фарёд мекунанд. Яке аз ин ҳофизаҳо Зулайхо Маҳмадшоева будааст. Исмат чи чизе тӯҳфааш кардааст, дар куҷо хона харидааст ҳамаашро гуфтааст, ки бояд обратно  бигирад.

 Исмат ба арусҳояш показания додагӣ, ки «ма ҳамиёда чиз харидм». Якто- якто арусҳояшро фарёд карда чизҳояшонро обратно гирифтанд.

 Баъди Исматро қапиданд дар кучаи Сарез ду хонаҳои қиматбахо буд. Ягон кас ғайрат намекард, ки бихарад, нархи арзон монда буданд. Мегуфтанд, ки «бо яке морам набаран махкам кнан»

  Дар борои бачаи Исмати дулик. Он бачааш, дар ноҳияи Исмоли сомонӣ прокурор буд, 5-6 сол пеш шаб соатҳои 2 шаб авария мекунад, як нафарро мекушад. Аз кор мегиранаш.

 Вақте Исмати дуликро меқапанд Исмат ба кормандони коррупсия  пешниҳод мекунад. Мегӯяд,ки «картата бугу иқа пулт партом зиндагит дига шава». Он корманди коррупсия мегӯяд, ки «не, раҳмат зиндагимон созай». Исмат боз мегардаду настаиват мекунад: «соз тарш мекнм. Картата бугу шогирдора мегум пули хубут мепартоян» 10миллион ё 20 миллионат метмта, сарм бте». Мегӯяд, ки «не приказ ай боло». Баъд мебаранду маҳкамаш мекунанд.

 Амриддин Нахшов: шоҳбачаи аслӣ?

 Амриддин Нахшов, писархолаи Рустами Эмомалӣ, раиси кони тиллои мавсум ба «Нахш» аст ки чандин кон дар Шугновро тасарруф кардааст. Солҳои охир Амриддин Нахшов худро чун нафаре, ки дар ҳақиқат метавонад ҳамаи корро бечунучаро иҷро кунад, нишон дода истодааст. Ягон вазир, раис ва дигару дигар наметавонад чизеаш гуяд. Рустам Рустам аст, бо ду -се мошин мегардад. Амриддин Нахшов бошад 10-12 мошини гаронбаҳо, ки нархҳояшон аз 100 ҳазор доллар болост, корвон карда мегардад. Рақамҳои ҳамааш 20-10. Ягон ГАИ ё мақомот ҳуқуқи манъ карданашонро надоранд.

Собири шогирди Амриддин Нахшов, ки кони тиллои Шугнов дар дасташ аст, гуфтаст, ки «шоҳбачаи асосӣ Амриддинай, Рустам не. Ҳози камтари дига бестен Амриддин Рустаму Зоиру дигарша гум мекна».

  Дар ҳақиқат ҳатто  Зоиру Шамсулло аз Амриддин Нахшов ибо мекунанд. Дар ин қадар сол ягон бор кони тиллои Шугновро ягон аудит ё ревизия накардаанд. Собири шогирди Амриддин Нахшов килло -килло бароварда истодааст. Фақат хона мехарад. Дар любой новостройка ду- се хона ва чор зан дорад.

Ҳозир Амриддин нақша дорад, ки аз Афғонистон 3000 дона яроқ харад. Гуфтааст ба мошинҳои худамон меравем. Ман худам пеш, пеш бор мекунем ва рост меорем ба складҳои Шугнов.

Амриддин бо МВД зур аст. Амният он қадар Амриддинро дуст намедорад. Амният дар бораи Амриддин зиёд маълумот дорад.

Амриддин тоза ҳаракатҳоро шурӯъ кардааст. Ният дорад конҳои ангишти Камаробу Назарайлоқ  ва монанди онҳоро гирад. Зарина Идизода, раисаи Рашт ин қасди Амриддинро пай бурдааст. Барои ҳамин кушиш дорад, ки мардумро норозӣ нишон диҳад. Гӯё мардуми минтақа аз омадани бегона розӣ нестанд ва кор дар конҳои минтақаро бояд соҳибкорони худи Рашт пеш баранд. Дар ин кор Заррина Идиеваро ҳамон Ҷунайдуллое, ки таърифҳо мекарду мекунад, ки «ма барои Тахминаи Раҳмона мошинои пеши пеш мехарм, чизе бугум гапома мегира» ҳамроҳӣ дорад. Ҷунайдулло Заррина Идиеваро қади хук бад мебинад. Мехоҳад, ки бо авлоди Президент ҷанг андозад. Сабаби бадбинии Ҷунайдулло дар он аст ки вай бо собиқ раиси Рашт хуб буд ва маҳз ҳамон раиси пештара ба Ҷунайдулло заминҳои калон ҷудо карда дод. Дар деҳаи Куҳдоман Ҷунайдулло як қасре сохтааст, ки Раҳмон дар Данғара чунин надорад.

Амриддин дар Шугнов мисли Шоҳи ҳамон минтақа аст. Нахшов ба шогирдонаш гуфтаст,ки «мардума наздик кнен ба хтона, вақте ки даркор шава ба гаптон мехезан. И мардуми Душанбе ҳамаш ри..хан.И Рустами братишка да гирдш соф мрғу чрға ҷамъ кардай, коршон фақат галстук бандӣ. У Зоирша ма чанд бор кати шогирдош наказат када бдм. Ягон кор наомад ай дастш. Иқа вазири МВД -ра ба сарма травит кад, ки нагзашт. Вазирам баақлай медона, ки корои семейнийда қуш шидан даркор нест. И дхтарои холаи ма ҳар руз яктагӣ алиш мекнан».

Дар ҳақиқат любой одам дар Душанбе медонад, ки авторитети Амриддин Нахшов хеле боло шудааст. Шогирдони Амриддин Нахшов Собир бо Суҳроб тамоми движенийҳоро назорат мекунанд. Наркотикро бо қопчааш мезананд. Дар любой таги доми нав мошинҳояшон мондагӣ аст. Просто як прогулка кунед, мебинед: 20-10 рақами мошинҳо. Мошинҳои пеши пеш. Амриддин Нахшов бо колонае мегузарад, ки Рустам он хел сопровождений надорад.

Зайнулло Шарифзода ва бизнеси призивникҳо

Зайнулло Шарифзода ё Соҳибов, мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фурудгоҳ як навгонӣ, дурусттараш бизнес ё манбаъи даромади навро роҳандозӣ кардааст. Ин манбаъи даромад ба призивникҳо рабт дорад.

Як корманди неруҳои марзбонӣ, ки дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳ кор мекунад ва аз ҳаводорони мо мебошад гуфт, ки минбаъд барои убуру мурури ҳар як даъватшаванда новобаста аз онки мавсими облава ҳаст ё не бояд 100 сомонӣ ба Зайнулло Шарифзода биспорем.

Вай гуфтааст, ки охири ҳар моҳ маблағи ҷамъомадаро бояд бипардозанд.

 «Паспортро мегиранд. Эълон мекунанд, ки аз намояндаи военкомат мегиред» 

 «А бача ноҳияатон буд кадагӣ нестай». Агар буд кардагӣ бошад мегӯяд:  «ноҳияи Восеъ буд кадагӣ нестай, ай номи уво мерай. Чи худут тарафдори сиёсати пешво нестӣ. Тарафдори сиёсати Рустам –шери нар нестӣ?»

 Номи военкоматро, ки призивник шунид тамом.500 -600 то 1000 сомонӣ медиҳаду паспорташро мегирад.

  Акнун як бор биандешед, ки ин чи қадар призивник аз Русия меояд, аз Қазоқистон меояд. Ва боз ҳамин аҳвол вақти баргаштани онҳо. Онҳоро як посредник бояд бараду гусел кунад, то баёнот нагирад, то повестка надиҳад, ки  ин масъалаи дигар аст. Аммо инки Зайнулло Шарифзода, мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳам дар доляи призивникҳо шарик шудааст, воқиан ҳам навгонӣ аст.

Ихтилофи дохили «Семейка» ё Генералҳо дар интизори рӯзи ҳисоб

  Бо ҳарчи наздиктар шудани замони табдили қудрат аз Раҳмонов ба Рустам  ихтилофу рақобат дар байни ёрону наздикони Семейка дар ҳоли густариш ёфтан аст. Хусумат миёни генералҳо Мансур Умаров, муовини аввали вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бо генерал Шорух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе ҳарфи нав нест. Чандин авомиле аст ки ин рақобату бадбиниҳои миёни инҳоро жарфтар мекунад. Аввал инки Мансур Умаров ҳанӯз бо генерал Фаттоҳ Саид, падари Шорух Саид мухолифати куҳна дошт. Дигар ин аст ки Фаттоҳ Саид Фаридуни бародари Мансур Умаров ва ҳамроҳонашро чанд соли пеш, ҳанӯз, ки Мансур Умаров, муовини аввали КДАМ буд, дастгир карда Умаровро беобрӯ кард.

Яқинан, агар, ки Мансур Умаров ба курсии раиси КДАМ шинад, тамоми материалҳо ва маводҳои хобидаро оиди ҷиноятҳои Фаттоҳ Саид ва Шорух барои разработка пешниҳод мекунад.

Мансур Умаров Фаттоҳ Саид ва Шорух Саидро сахт бад мебинад. Ин бадбиниҳо солҳост, ки рафта истодааст.

  Рустами фархорӣ, бо кличкаи Рустами Хаммер яке аз нафарони номдор дар тиҷорати наркотик дар солҳои 2000-ум буд. Он вақтҳо Рустами Эмомалӣ ва Шорух Саидро нав гарений гирифтанашанро сар карда буданд.

Он вақтҳо Рустами Хаммер дар роҳҳо бо мошинҳои дар он шабу рузҳо гаронбаҳо мегашту Шорух Саид бошад бо ҳирсу ҳавас тамошо мекард. Фаттоҳ Саид низ замоне кушиш кард, ки нафаронеро, ки ба тиҷорати наркотик сару кор доранд, зери контроли худ дарорад. Он солҳо, ки давлат нав ба қувват шуда истода буд, ба самтҳои иқтисодӣ ру меовард. Нафарони монанди Хаммер ва Боиму дигару дигар гапзан буданд. Фаттоҳ Саид чандин бор таги Хаммерро кофту подстава кард. Рустами Хаммер бо Фаридуни Умарови додари Мансур Умаров рафиқии хуб доштанд ва шабу рӯз якҷоя кайфу сафо мекарданд. Дар бисёр ҳолатҳо борҳои Мансур Умаровро ҳам Рустами Хаммер мегузаронд. Рузе,бо наводкаи баъзе бузҳо Фаттоҳ Саид, ки он вақт директори Агентии мубориза бо коррупция буд, амри дастгир кардани бори Рустами Хаммерро доду як гуруҳи дигарро барои дастгир кардани худи Рустами Хаммер ба хонааш равон кард. Фаттоҳ Саид интизор буд, ки Рустами Хаммер ба Фаридуни Умаров, ки он вақт корманди ВКД буд, занг мезанад.

Замоне, ки ба сари Рустами Хаммер меоянду дарашро мезананд ва мегуянд таслим шав ба хубӣ, Хаммер ба Фаридуни Умаров занг мезанаду мегуяд, «ҷура мара мебаран». Дар ин вақт Фаттоҳ Саид амри дастгир кардани Фаридуни Умаровро медиҳад. Хуб, дастгир мекунанд ҳамаашонро.

  Мансур Умаров ба Фаттоҳ Саид занг мезанаду мегуяд «биё бе нағма бачара сар те. Фаттоҳ Саид мегуяд, ки к….рма хурда наметонӣ, ма рост кати Президент гап мезанм, бачам боша бачахони Президентай, к….рмона хурда наметонӣ!»

Баъди ин Мансур Умаров ба Фаттоҳ Саид чанд гуноҳашро ёдрас мекунад, ки Фаттоҳ Саид дар изораш тар мекунад, вале дигар задний ход зада намешуд.

  Мансур Умаров шогирдҳояшро фармон медиҳад,ки «ковен нисбати Фаттоҳ Саид кати бачаҳош ёвен ҷинояту камбудиҳора».

 Марҳум Изатулло Шарипов (Зорро), ки он вақтҳо раиси Идораи зиндонҳо буд, чанд бор ба Фаттоҳ Саид гуфта буд, ки кори хуб накардӣ. Фаридун срок гирифту баромад аз зиндон.

Баъди чанд вақт ки Фаттоҳ Саид аз кору ҳукумат рафт Мансур Умаров ба Фаттоҳ Саид пайғомаке равон кард, ки «акы к…изан ина ма калони тюрмаҳоюм, у одамоера, ки ту шинондӣ ҳамаша ма да дарун воля додам. Меброян як барбарш меёфтагистан. Оли хела чизота ма таёр мондагийм. Ай бачаҳота, ай домодта, ки судя кор мекна номш Ҷамолай. И Шорухта тариф мекадӣ бачахони Президентай, я короша пайдо кардагиян бачаҳо, ки Президент фаҳма хдуш ме…ояш. К…изан оли тамошо кн аку».

 То ҳозира аз қафои Фаттоҳ Саиду Шоруху дигар наздикони онҳо, маълумотҷамъкунӣ рафта истодааст, ки бояд ба наздикӣ ба Президент пешниҳод шавад.

Аммо манобеъ мегӯянд, ки замон бар манфиати Мансур Умаров ва дигар ёрони Эмомалӣ Раҳмонов пеш нарафта истодааст. Ва маълум аст ки бо омадани Рустам бисоти Мансур Умаров ва чанд генерали дигар барчида хоҳад шуд. Ва онҳо аз ҳамин ҳоло бояд дар такрори сарнавишти Маҳмадназар Салихов,Ҳамрохон Зарифӣ, Алишери Мирзонабот рӯи тақдирашон андеша кунанд.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ҳамин буд шумораи сиюми «Семейка News».

Дар ин шумора боз як бор дидем, ки дар «Ҷумҳурии Хешутабористон» қонунро на Конститутсия, балки хешутаборӣ менависад. Домодҳо, писархолаҳо, хоҳарҳо, додарҳо, генералҳо ва «дӯстони хонадон» ҳар кадом соҳиби як гӯшаи давлат шудаанд. Яке гумрукро гирифтааст, дигаре конҳои тиллоро, савумӣ фурудгоҳро, чаҳорумӣ бозорҳоро ва панҷумӣ аз интиқоли қудрат барои худ саҳм омода мекунад.

Дар ин миён мардум танҳо тамошобин аст; тамошобини тақсими сарвате, ки аз они худи ӯст.

Вале як ҳақиқатро на домодҳо метавонанд пинҳон кунанд, на генералҳо, на соҳибони конҳои тилло ва на соҳибони қопчаҳои пул: қудрат абадӣ нест. Рӯзе фаро мерасад, ки на муҳофизон, на корвонҳои мошинҳои зиреҳпӯш, на рақамҳои махсус ва на миллиардҳо метавонанд соҳибони худро аз посухгӯӣ эмин доранд.

Мо менависем, зеро ҳақиқатро наметавон маҳкам кард. Ҳар қадар пардаҳо ғафс бошанд, рӯзе канор мераванд. Ҳар қадар асрор зиёд бошад, рӯзе ошкор мешавад.

«Семейка News» на достони гузашта, балки рӯзномаи имрӯз ва ҳушдори фардост.

То шумораи оянда…

Share This Article