Ин шумораи барнома бо номаҳои расида аз Вахшу Бохтар ва Ваҳдату Душанбе таҳия гардид.
Номае, ки аз Вахш омадааст ин асрорро ошкор кардааст, ки масъулин мардумро водор ва маҷбур карда истодаанд, ки мактабро худашон бисозанд: «Мактаб бояд сохта шавад, то1 сентябр ва ин мактабро шумо бояд сохта ба истифода диҳед, ба умеди ҳеҷ кас нашавед. Ҳеҷ кас барои шумо мактаб намесозад, фикратонро барои сохтани мактаб ҷиддӣ гиред. Дар ҳамаи ноҳияҳо ва деҳаҳо мардум худашон мактаб месозанд. Гов дорен, мол дорен, мурғ дорен бифуршену пули мактаба оварда биспорен, хутона ба надорум, ба каракӣ надозен, чунки дар ин мактаб фарзандони шумо мехонанд на аз мо. Сохтани мактаб ҳақи шаҳрвандии шумост, на аз тарафи ҳукумат».
Номаи омада аз Бохтар-Қурғонтеппаи собиқ ҳам айни ҳамин мавзӯъ аст. Вале инҷо сухан аз сохтмони роҳ бо пули зӯран ва ба иҷбор гирифта барои роҳ меравад: « Болои мардум ба маблағи 1000 сомонӣ бор бастанд. Ҳар касе зандор аст, бояд ин пулро бидиҳад. Аввал бу хубӣ буд. Баъд диданд, ки мардум пул надода истодааст, аз таҳдиду зӯр истифода карданд»: «кадоме пул намедиҳад руйхат кардем,бо участковий омада мегирем». Хуллас, мардумро фанду фиреб дода кори худашонро буд карданд.
Номаи Ваҳдат ин бор ҳам аз Ромит аст. Муаллифи ромитии мо дар бораи баъзе аз нафароне, навиштааст, ки ҳам худашон бадахлоқанду ҳам фарзандашон ва ба ин нигоҳ накарда боз бузӣ мекунанд.
Муаллифи нома аз Душанбе, ба назар мерасад, ки як шахси хеле ҳам огоҳу мушоҳидакор аст. Вай дар бораи нишастҳои хабарии масъулони ҳукумат навиштааст. Барои вай парҳези масъулин аз истифодаи таъбири «муҳоҷири корӣ» ва онро бо ибораи «ҳамватанони бурунмарзӣ» иваз карданд,бад расидааст.
Вахш
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Хоҳиш мекунам ин номаи маро қабул ва дар фурсати зудтар нашр кунед.
Бародар, ман ба шумо аз ноҳияи Вахш, аз ҷамоати Рӯдакӣ, деҳаи Ҳофизи шерозӣ, ки дар байни мардум бо номҳои «70 гектара» ё «2-канала» маълум аст, менависам. Шумо чор маротиба нисбати мактаби мо мақола ва видео нашру пахш кардед.Мо аз шумо хеле розӣ ҳастем. Лекин имсол ҳам ин мактабро сохта буд накарданд. Барои шурӯъи соли нави хониш аз як моҳ камтар мондааст, аммо мактаби мо боз ҳам носохта монд. Ҳар дафъае, ки шумо мақола ва видео нашр мекардед, аз тарафи ҳукумат омада як суҳбат доир мекарданд ва норозиву бе настроенӣ мерафтанд.Охирон маротиба 20-25 рӯз пеш, аз тарафи мақомоти давлатӣ бо муовини Қурбонии бех раиси ноҳияи Вахш одам омад. Ин маротиба бовар кунед, даҳшат буд. Аз мақомоти вилоят бо муовини раиси ноҳия омада буданд.
Изо накашида таъкидҳову супоришҳои зиёд карданду рафтанд. Директори мактаби рақами 17-совхози Вахшро ҳам даъват карда буданд. Ҳама мардумро бо роҳбарии раиси мааҳалла ҷамъ карда гапу чапро сар карданд:
«Мактаб бояд сохта шавад, то1 сентябр ва ин мактабро шумо бояд сохта ба истифода диҳед, ба умеди ҳеҷ кас нашавед. Ҳеҷ кас барои шумо мактаб намесозад, фикратонро барои сохтани мактаб ҷиддӣ гиред. Дар ҳамаи ноҳияҳо ва деҳаҳо мардум худашон мактаб месозанд. Гов дорен, мол дорен, мурғ дорен бифуршену пули мактаба оварда биспорен, хутона ба надорум, ба каракӣ надозен, чунки дар ин мактаб фарзандони шумо мехона на аз мо. Сохтани мактаб ҳақи шаҳрвандии шумост, на аз тарафи ҳукумат».
Дар ин байн муовини Қурбони бех бо ҳамроҳи раисаи маҳаллаи пешпуртуки мо гапро сар карданд. Ҳоло ба суҳбатҳои онҳо мутаваҷҷеҳ шавед:
«дар айни ҳолат шумо туйю маъракаи пур аз дабдаба накунен, ё ки тамоман накунед маърака, чунки мактаб монд носохта, шумо метавонед пули онро оварда барои сохтани мактаб бисупоред, дар ин ҳолат инро меган хайр».
Раиси маҳалла муаллимаи пешпуртакмон, бо гапа қуш кардаву гуфт: -«агар ман касеро бинум маърака мекуна ман худам танзима фарёд мекунум, ки ҷаримаш куна».
Ва дар охир директори мактаби рақами 17-совхози Вахш сухани худашро кард. Гӯш кунед чи мегӯяд: «Дар мактаби совхоз ҷои дигар намондаст, шумо хутон бисозен тезтар мактаба, партаву устулша ман худам кӯмак мекунам, ва ай сентябри имсол ягон талаба дигар намехонад дар мактаби совхоз. Барои ҳамин омада делаву дафтари кудакотона барен».
Ана, бародар Муҳаммадиқбол, бе қонуниву бе соҳибӣ дар ин ноҳия! Ман чи гуфтанӣ ҳастам?
Вақте ки комиссияи вилоятӣ бо муовини раиси ноҳия омад, бо чашми сар диданд, ки роҳ байни мактаби совхози Вахш то даруни деҳа тақрибан 3-километр аст аз як тараф, дар умум 6-километр мешавад. Инҳо фикру андеша накарданд, ки дар деҳаи мо зиёда аз 200-хоҷагӣ ва аз ҳар як хона талаба ҳаст ва аз баъзе хонаҳо то 4-талаба. Магар ин ҷабру зулм нест, ки талабаи синфи 0 авой ва 1 ёки дигар талабаҳо 6-километр ҳар рӯз-тирамоҳу баҳору зимистон мактаб рафта биёянд? То кай охир? Мактаб, ба иллати ин гуна дурӣ ва тайи чунин масофа дар дили ҳамаи талабаҳо задааст.
Илтимос, номаи моро нашур кунед. Шояд ба мақомоти болотар мераваду мерасад ва яке дилашон сӯхта раҳми мо мардуми камбағалро мехуранд, чунки зӯри мардум дигар намерасад барои сохтани мактаб.Боқӣ зиндаву сарбаланд бошед!
Қурғонтеппа (Бохтар)
Ассалому аллайкум муборизи роҳи ҳақ, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як мухлиси шумоям, ки аз солҳои 2019- 2020 ин ҳамаи баромадҳои шуморо тарафдорӣ ва тамошо мекунам. Мехостам як каме дар бораи чоплусҳои деҳаи Политотдел, Маликшо Гиёеви ҳозира бинависам.
Аз раиси маҳалла акаи Сайдқутбиддин ва ҳаммаслакони вай. Соли 2025 бо сардории ҳоҷӣ Нуралӣ бо ҳам маслиҳат карда барои ширинкунӣ, хушомад ва худро хуб нишон додан ба болонишинони ноҳия ва вилоят ба асфалтпӯш кардани роҳи деҳа шурӯъ карданд.
Болои мардум ба маблағи 1000 сомонӣ бор бастанд. Ҳар касе зандор аст, бояд ин пулро бидиҳад. Аввал бу хубӣ буд. Баъд диданд, ки мардум пул надода истодааст, аз таҳдиду зӯр истифода карданд»: «кадоме пул намедиҳад руйхат кардем, бо участковий омада мегирем». Хуллас, мардумро фанду фиреб дода кори худашонро буд карданд.
Мардумро гуфтанд имсол роҳи калонро асфалтпуш мекунем, баъдан дигар роҳҳоро. Дарозии роҳи деҳаи Маликшо Гиёев 1800 метр мебошад. Як роҳи калон ва чор кучаи дигар- тахминан:- 1000- 800 — 500 -500.
Дар деҳа ягон корро бе иҷозати ҳоҷӣ Нуралӣ гузаронӣ бароят проблема сар мешавад. Раиси ҷамоат, танзим, участковий ва дигарон дари хонаатро мегиранд
Дар деҳа панҷ маҳалла ҳаст.
1 Маҳаллаи роҳи саг
2 Маҳаллаи Домов,
3 Маҳаллаи Боло,
4 Маҳаллаи Мобайн
5 Маҳаллаи Додбахт .
Ҳоҷӣ Нуралӣ калонсол мебошад. Дар маҳаллаи Додбахт зиндагӣ мекунад ва сарватманд мебошад. Дар маҳаллаи Додбахт ягон касро гап задан намемонад, на худаш на фарзандонаш. Фарзанди калонаш ҳоҷӣ Ҳайдаралӣ. Дуввумаш Ҳоҷӣ Мирзо. Инҳо ҳардуяш дар ҳамон маҳалла кор ва зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамсоягии фарзанди дуюми ҳоҷӣ Нуралӣ як бевазан замин дорад. Он бевазан мехост гирди заминашро девор гирифта маҳкам кунад. Дар ин байн ҳоҷӣ Мирзо аз тарафи болои хонааш ҷуйи об мегузашт онро ба даруни хонааш 1,5 метр даровард. Ин бевазан ҳам хост, ки ҷӯйро ба даруни хонааш дарорад. Лекин инро ҳамин Мирзо ба вай иҷозат надод.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Кормандони кумитаи замини ноҳия, раиси қишлоқ ва раиси ҷамоат ва боз чанд нафари дигар дар даст метрчуб омада заминро метр карда рафтанд. Ҳоло бубинем, ки ин навбат чи кор хоҳанд кард ва аз натиҷаи кори онҳо ҳатман ба Ислоҳ менависам.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин бор дар бораи яке аз бузҳои Ромит бо номи Рустами Давлатмурод ва боз баъзе хабарҳои дигар менависам.
Рустами Давлатмурод як вақтҳо зиндонӣ шуд, шишт, аммо ислоҳ нашуд. Сабаби маҳбус шуданаш Рашид аст.
Рашид бачаи хусурбачаи Рустами Давлатмурод аст. Рашид вақти ҷанг чанд одамро кушта буд. Баъди ҷанг 4 тапонча ба Рустами Давлатмурод фурухт. Рашидро боздошт карданд. Ҳамаашро нақл карду дод, Рустами Давлатмуродро маҳкам карданд. Баъди баромадан аз тюрма як мошини Газ- 66 дошт, ки то ҳозир ҳаст. Аз Сайд кумур меовард. Мардуми Ромит кудаконашро ёрдам мекард-4 бача ва 2 духтар дорад. Бачаи калониашро зан дод. Баъд падари Рашид қазо кард. Ба фикрам маст будааст. Рашид дар болои сари падараш оби ҷӯш рехт, мурд. Пагоҳаш тӯи Рустами Давлатмурод буд. Ҳофизи туй Зиёвиддини Нурзод буд. Зани Рустами Давлатмурод ҷаноза рафта буд.
Зиёвиддини Нурзод пурсидааст, ки чаро очаи шаҳ хурсандӣ намекунад? Касе гуфт, ки тағойи шаҳ мурд. Зиёвиддини Нурзод мегӯяд инҷо таъзия будааст, ман мефаҳмидам пулатонро медодам, намехондам.
Рустами Давлатмурод мегӯяд, ки «занша г*****м мурдара, ту пулта гирифтӣ, хондан гир».
Падари Рашид Абдулвосит ном дошт.
Хушбахти бачаи Рустами Давлатмуроди як келинчакро аз Тангаӣ як соли пеш зино кард, қапиданаш. Ҳевараш бо хусураш мурданивор Хушбахтро заданд, бе ёд шуд дар даруни мошинни starex hyundai. Вале Хушбахт Шоҳрух Саидро занг зад. Инҳоро ранги хар заданд. Он бева шавҳараш дар муҳоҷират буд, ҷудо шуданд. Ба бева хона хариданд, наварусак буд аз Ваҳдат, хонаи дуҳуҷраӣ бо чизу чорааш.
Зани қорӣ Хабат кист ?
Бобоназарова Фарзона зани қорӣ Хабат аст. Фарзона бисёр зани бадроҳа, аруси ҳама мардуми Ромит буд, вале аруси пастоянкаи Сайфиддини Обид мебошад.Вале зани худи Сайфидиддин Обид бошад аруси Хабат буд
Номаш Тахмина, духтари Содир аз Ромит. Содир ҳевари Майсара, апаи Хабат аст.
Сайфиддини Обид духтари Таваккали Гулсара Замираро дар синфи 8 ё 9 …ро гирифта буд. Бо додани пул кор ҳал шуд. Замира ҳозир як мусафедро гирифтагӣ. Падари Замира Таваккали Гулсара ранги падари Шоҳрух дардманд аст.
Дар лесхоз-идораи хоҷаги ҷангали Ромит як кулобӣ кор мекунад. Ӯро ҳама негири сиёҳ мегӯяд. Вай бо зани Таваккали Гулсара «машғул» аст, инро ҳама медонад. Зани Таваккали Гулсара зани бероҳа. Бачаи Таваккали Гулсара домоди Баҳодури Ҳасани бузича аст.
Тирамоҳ Раҳмонов Ромит омад. Баъди омадани вай дар баҳор дар Ромит сели калон омад. Ҳамон вақти омаданаш баъзе аз нафарон мегуфтанд, ки ба сари Ромит ягон фалокат меояд. Гапашон баромад. Сели баҳорӣ қариб Ромитро мебурд. Чанд ҷои Ромит килет шуд. Ҳамон пуле, ки дар барои соҳилсозӣ сарф шуд, ҳамаашро сел килет кард. Ин Раҳмонов куҷое, ки рафт дар оноҷо наҳсиву касофатиаш мерасад. Чанд рӯз пеш ноҳияи Айнӣ рафт, онҷоро ҳам чанд деҳаашро сел бурд.
Рустами Давлатмурод ду мошин дошт. Бо як мошинаш дастаи футболи «Хайр»- ро мебурд. Ҳардуи мошинаш бе очеред одам мебурданд дар роҳи Ваҳдат- Ромит.
Баъд дар назди Чашма авария кард, ӯро аз ҳақи ронандагӣ маҳрум карда буданд. Аммо ин авария бо айби бачааш руй дода буд. Лекин он ГАИшникро бо статя аз кор сур карданд. Маблағи ҷаримаро ҳамон ГАИшники бечора супорида буд.
Агар ГАИ қапад он гаишникро зан, кӯдак, оча, любой ҳақоратро мекунад. Чунки бачаи Сабзиро доля медиҳад.
Рустами Давлатмурод худаш бо Хушбахти бачааш занҳои шудорро, ҳатто занҳои ҳамсояашонро….. Масалан Бунафша Одина яке аз онҳо аст. Як янгаи Бунафша Одинаро додараш сар дод, барои ана ҳмин кор.
Зани Эмоми Қутбуддинро падару писар….Ҳатто дар Навобод чанд зани шавҳардорро расво карданд. Боварам кунед Ромит расво шудагӣ аст ва ин ҳоло қатрае аз баҳр аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Нишастҳои хабарии масъулини ниҳодҳои давлати Тоҷикистонро дар навиштаҳои расонаҳои иҷтимоӣ мутолиа карда аз як кашфиёти тозаи бархе аз масъулини ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон огоҳ шудам. Сухан аз шаҳрвандони мо, ки дар Русия ва Қазоқистон ба ҳайси муҳоҷири корӣ кору зиндагӣ мекунанд, меравад.
Барои ман сӯҳбатҳои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва раиси Кумитаи рушди маҳал ва чандеи дигарашон ҳам тааҷҷубангез ва ҳам аламовар буд. Ин ду нафар талош мекарданд, ки аз истифодаи ибораи «муҳоҷири меҳнатӣ» парҳез кунанд ва дар ҷои он таъбири «ҳамватанони бурунмарзӣ»-ро ба кор баранд.
Дар посух ба саволҳои журналистон, ки аз вазъу ҳоли муҳоҷирони корӣ ва саҳми онҳо дар рушду шукуфоии кишвар мепурсиданд, онҳо дар ҷавоб муҳоҷири корӣ намегуфтанду «ҳамватанони бурунмарзӣ» мегуфтанд. Ман ба ин масъулон савол доданиам, ки бо ин ҳиллаву хидъа мехоҳед чиро пӯшонед? Рӯи чи сарпӯш мегузоред?
Муҳоҷирати меҳнатӣ, дуруст як раванди ҷаҳонӣ аст. Маслан туркҳо, ҳазорон ҳазор дар Олмонанд, эрониҳо дар Амрико, покистониву ҳиндуву дигару дигараш дар Аврупову дигар кишварҳои пешрафта. Тоҷик ҳам мисли қирғизу узбек дар Русияву Қазоқистон муҳоҷири корӣ аст. Ин ҳарфҳоро худатон, аз ҷумла Пешвои холиатон ҳам борҳо гуфтааст. Аммо ҳоло чаро аз корбурди таъбири муҳоҷир-мигрант сарфи назар мекунед. Онҳо дар аслу воқеият муҳоҷири корианд. Муҳоҷири кории беҳуқуқ, сархам, бепушту паноҳ, ва гирифтор ба ҳукми сарнавишт, беқадру қимат. Ҳоло агар ҳамватани бурунмарзӣ бигӯед чи тағйир меёбад? Ин яъне чи гуфтанӣ гап аст? Ин таъбири барғалат ва ноҷоро неву воқеъиятро бигӯед, бигӯед, ки саҳми муҳоҷирони корӣ, дар аслу амал чи қадар аст? Агар ин маълумотҳоро ошкор кунед Раҳмонов аз кор снимататон мекунад? Худи Раҳмонов пулҳои мефиристодаи онҳоро ҳатто дар бюҷети кишвар ба унвони манбаъи даромад зикр кардааст.
Ҳозир як сарчашмаи даромад (дар ҷои ду маҳсулоти стратегии кишвар пахта ва алюминий, ки Раҳмонов Ҳасан Асадуллозода ба сифр баробар карданд.) ҳамин маблғҳои воридотии муҳоҷирони корӣ аст.
Ба раиси Кумитаи рушди маҳал аз тарафи ҳамватанони бурунмарзӣ дар панҷ соли хир ба маблағи 388 миллион бештар ҳудуд 300 иншоот сохта ва мавриди баҳрабрдорӣ қарор дода шудааст. Дар хабарҳо гуфта шудааст, ки бо ин маблағҳо майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва мумфарш кардани роҳҳо дохил мешаванд. Яъне муҳоҷирони корӣ, ба замми онки хонаводаҳои худро мехуронанду мепушонанд кори Ҳукумати Тоҷикистонро карда истодаанд. Аммо ин масъулон аз изҳори номи муҳоирони корӣ шарм ва парҳез мекунанд.
Чанд соли пеш буд, ки аниқтараш дар соли 2023 дар расонаҳои интернетӣ як видеои ҷолибе нашр гардида буд. Хабарнигори телевизиони давлатӣ аз ҳамсуҳбати мнсабдораш хоҳиш мекунад, ки аз саҳми «муҳоҷирони меҳнатӣ» барои ободии маҳал сукут кунд, чизе нагӯяд. Воқеан ҳам он навор ҷангу ҷангҷолҳоеро дар фазои маҷозӣ эҷод карда буд.
Дар ҳақиқат хабарнигор дуруст қайд мекунад, ки «Он мансабдори маҳаллӣ вақти мусоҳиба додан номи чанд нафарро ба забон оварда, зикр мекард: «…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…». Дар ин ҷо корманди телевизион сухани ӯро бурида, мегуфт: «Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!». Дар идома корманди телевизион машварат медод, ки ба ҷои калимаи «муҳоҷирон» ӯ «фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа гӯяд».
Бубинед, ки муҳоҷири кории тоҷик ҳатто дар ватани худаш таҳти запрет аст ва аз вуҷуди вай шарм мекунанд, хиҷолат мекашанд, бо вуҷуди онки медонанд ин ҳамин муҳоҷирони корианд, ки амнияту суботи иҷтимоиву сиёсиву амнияти мардум,давлат ва ҳамаи мову шуморо таъмин карда истодаанд.
Ин бечораҳоанд, ки бо меҳнати машаққатбор ва таҳти сангинтарин шароити беҳуқуқӣ, бардагиву ғуломӣ нони рӯзи ҳама, ҳамин вазиру раисро муҳайё ва тъмин карда истодаанд. Ҳоло барои чанд дақиқа пеши худ тасаввур кунед, ки ин лашкари чанд миллионӣ муҳоҷират нарафт, вазъи кишвар чи хоҳад шуд?
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои пеш ҳаҷми переводи мбалағи онҳоро эълон мекард. Аммо даҳ сол зиёд шуд, ки пинҳон мекунад. Вале бонкҳои Русия эълон мекунанд. Бар пояи маълумоти онҳо ин пулҳо наздик ба чил фоизи тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҳоло хоҳ «ҳамватанони бурунмарзӣ» ном мебаред хоҳи чизе дигар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки мутаассифона дар ватан маошу кори муносиб надоранд ва ночоранд рӯ ба мулки ғурбат барои дарёфти як луқма нон ва сохтани зиндагӣ дар Русия ва дигар кишварҳо муздурӣ кунанд.
Беҳтар ин аст, ки талош кунед, ки шароити кору зиндагии онҳоро дар ватан ташкил кунед то аз гуфтани таъбири муҳоҷири корӣ шарм ва нангатон наояд.
