Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 380

Ислоҳ нет

Ин бор аз Амрико, Бохтар, Нуробод ва Ваҳдат номаҳои ирсолнамдуи муштариёнро пешкашатон кардем.

Барои роҳатии фаҳму дарки шумо аз ҳар як нома чанд ҷумла иқтибос карда ба ҳайси муқаддимаи барнома дар оғози он ба зайли зер тақдиматон кардем.

Амрико :«Ба маблағи металлалом станокҳоеро, ки бо оҳану чуб кор карданро ба насли наврас меомузонданд, фурӯхтанд. Ҳамин кор дар Суғд шуд. Аз мактабҳову омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ-ПТУҳо бераҳмона гирифта фурухтанд ва бо нархи арзон. Одам аз ин амали онҳо сахт ба ғазаб меояд. Охир инҳо чи гуна одаманд?»

Бохтар: «Алишер Мирзонабот мегуяд, ки ин кор намешавад. Дар Помир дигар одами соз намонд. Як бор гуфтед, ман кардам, то ҳозир мардуми Помир ману ҳафт пушти маро лаънат мекунад. Хулоса, гапҳояшон мегурезад. Пас дар онҷо амр мешавад, ки генералро бардоред ё бе зарар гардонида шавад».

Нуробод: «Ба гуфтаи Сиёвуш Ятимов махсус супориш додааст, ки муллоҳоро ғам диҳед ва гуё пешво бошад 6-ой отделро гуфтааст мардуми Нурободро дар нуки ришта ҷой кунед, ҳолашонро танг кунед. Мардуми Нуробод ва мардуми Самсолиқ, ки ҳозир номаш Сафедчашма шудааст, лишний гап назананд. Амният махсус дар ҳамин Сафедчашма меистад». 

               Ваҳдат:    

« Бо худи ман ин ҳолат рӯй надодааст. Аммо чандин нафарон гуфтанд, ки дар бонкҳои Ваҳдат пулҳои фалшивийро мегузаронанд. Гуё ин корро асосан Ориёнбонк мекардааст, вале бонкҳои дигараш ҳам мекардаанд. Яъне ба кампирҳову пиронсолҳо долларҳои фалшивий медодаанд. Чунки аз сари ҳар 100 доллар ба ин кормандони бонк сад сомонӣ медодаанд»….

              Амрико

Ассалому алайкум бародари мубориззи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Амрико менависам. Исми шаҳре, ки зиндагонӣ мекунам, қасдан нанавиштам. Муҳим нест. Вале аз Хуҷандам. Пештар ҳам барои шумо навишта будам, ки хушбахтона ҳам нашр кардед ва ҳам навор кардед.

Ман муҳаққиқам, яъне дар соҳаи илм кор мекунам. Рутбаи илмӣ дорам. Солҳост, ки дар як донишгоҳе дар Амрико дарс медиҳам.

Дар чӣ бора гуфтаниам?

Баъзан нишасту конференсияҳоро, ки дар Душанбе баргузор мешавад мебинаму аз фаҳмишу фаросати ба ном олимони ҳукумати Раҳмонов дар ғазаб мешавам:,   

Аврупо моро аз муҳоҷирӣ дар Русия халос мекунад гуфта фахр мекунанд.

Инҳоро чи тавре Ленин ба қаиқ бор ва дафъ карда буд, айнан ҳамин тавр кардан лозим.

Ғуломи маънавӣ аз ҷисмонӣ ҳазор маротиба бадтар. Миллатро ғуломи Рус карданд, ки ин навъи ғуломӣ ҳатто замони Шуравӣ ба ин тавр набуд. Акнун ба ғуломи Аврупо табдил медиҳанд ё дода истодаанд. Охир ин чи гап? Дар ҳамон замони Шуравӣ миллионҳо ба замин омада кор ёфтанду кор карданд. Барои чи ҳадди ақал таҷҳизоти аз Шуравӣ мондаро ҳифзу эҳтиёт накарданд, ки то тавоноияшон кор фармоянд? Ба маблағи металлалом станокҳоеро,ки бо оҳану чуб кор карданро ба насли наврас меомузонданд, фурухтанд.Ҳамин кор дар Суғд шуд. Аз мактабҳову омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ-ПТУҳо бераҳмона гирифта фурухтанд ва бо нархи арзон. Одам аз ин амали онҳо сахт ба ғазаб меояд. Охир инҳо чи гуна одаманд?

 Ман аз Русҳо наметарсам, ман аз аждаҳои пушти куҳҳои Помир бештар хатари иқтисодиро мебинам. На танҳо иқтисоди.

Бо  Ваняи рус забон ёфтан осон. Чи хеле набошад онҳоро бештар мефаҳмем, нисбат ба аждаҳои ҳамсоя, ки ҳамарӯза нафаси шумашро эҳсос мекунам. Ман насионалисти давлати худ ҳастам. Боз он олимон «пешравӣ дар соҳаи муҳоҷират» мегуянд. Инҳоро ба «қаиқ» бор карда ба Мурғоб бояд равон кард, бо ҳамон дарахти арчадӯстодорон.

Оиди телефону интернет дар Ватан гуфтаниам, ки баъди инқилоб ҳатман компанияҳои ҳозираро бояд монополия кард! Онҳо ҳозир миллионҳо доллар кор мекунанд, аммо на алоқаи дуруст, на интернети дуруст дорем. Охир ҳама чи сарҳади худро дорад. Ман медонам, ки ТСЕЛЛ аз они оилаи Оғохон. Бигзор он ҳам  давлатӣ карда шавад.

 Тоҷикистон мисли Русия ё Амрико калон нест, ки даҳҳо ширкатҳои хурд дошта бошад. Бигзор як ширкати калони нисф давлатӣ ва нисф саҳомӣ дошта бошад, ки инвесторҳоро ҷалб карда соҳаи алоқаю интернетро пеш барад. Ин каначаҳои ширкатҳои ҳозира хело зулм карданд ба мардум. Бояд литсенҳияҳои бо пора харидаи онҳоро сифр кард. То чи дараҷа ноуҳдабароӣ ва нотавонӣ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд алоқа ва интернети дуруст нест!
Аслан аксарият ширкатҳо ва тендерҳои қалбакии онҳоро бояд сифр кард. Мисоли одӣ Суғдгазе, ки аз замони Шуравӣ дар садҳову ҳазорҳо километр қубурҳо дошт бо нархи ночиз аз они «Сомон Суғдгаз»-и Ҳасан Асадуллозода шуд. Ин гуна намунаҳо ҳазорҳо.

Дигар масъала, масъалати падару модарон аст. Бо модарам баҳс кардам, ки ҳамин ҳукумате шумо чоплуси мекунед маро муҳоҷир кард. Модар худ шоҳид буд чи гуна ҳаромии порахур барои квота ба таҳсил дар донишгоҳи Русия аз мани 17сола $2000 пора пурсида буд. Ҳоло акнун рафта бо ин ҳаромиҳо кор кунам? Гуфти хуҷандиҳо, ки азоби кучука кашида дониш гирифтам. Дар Русия қасам ба номи Худо, ки шабона вагон мефаровардам, то пули таҳсили Амрикоро кор кунам. То ҳатто занҳои рус «такой молодой мальчик, вагоны разгружаещь» гуён ба ман либоси зимистона меоварданд. Баъд мухолиф нашавам, ки шавад?
Модар бошанд – «шаҳра бен чи хел хушру ва ҳоказо» мегӯянд. Бахшиш, ман задагӣ ин ҳама хушругиҳои онҳоро. Ман ҳам Ватанамро мехоҳам. Ман ҳам мехоҳам дар хонаи аҷдодии худ бошам, лек охир намешавад. Бахшиш пурс мегуянд. Охир аз ман кадом порахур бахшиш мепурсад? Ҳаётамро тамоман вайрон карданд. Таъсири он вагонро фуроварданҳо буд, ки акнун гоҳе поям, гоҳе миёнам, гоҳе дастҳоям, дард мекунад.

             Бохтар (Қурғонтеппа) 

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин ва модари азизи дур аз ватан. Ба ҳардуи шумо азизони дил саломатӣ, тани сиҳат,хотири ҷамъ ва агарчи дур аз ватан ҳастед, дили беғам таманно дорам.

Ман боз ҳамон бародари шумо ҳастам, боз аз Вахш нома менависам. Лекин бародари азиз ин дафъа номаи маро мақомот хуб дарк кунанд, ки ин нома ба мақомоте, ки мусалмони ҳақиқӣ ҳастанд, ба онхо дахл дорад. Хуб меравем

 сари масъала.

  Бародар ман ба хонаи он бародари худотарси полковник меҳмон шудам. Пас аз чор рӯзи кушта шудани Алишер Мирзонаботов, раиси собиқи ВМКБ  маро ба хонаи худ даъват кард. Рафтам. Гуфт медонӣ бародар барои чӣ  Алишер Мирзонаботро куштанд? Гуфтам, ки ман бояд ин хабарро аз шумо пурсам, аммо шумо маро мепурсед ва хандидам.

 Гуфт хуб гуш кун, бо диққат ва ҳамаи ин гапҳои маро ба «Ислоҳ» бирасон, ки чи гап мегузарад дар Тоҷикистони  бузурги мо. Алишер Мирзонаботро бо маҷлис даъват карданд ба Душанбе. Ин плани Булдок, Бузмак, Рустам ва Шорухи сабзибадаст буд. Алишер Мирзонаботро гуфтанд, ки мо дар Помир боз шуриш мехезонем. Чанд касро кушта ва турма мекунем. Ба қарибӣ турмаҳо холӣ мешаванд, барои онки чандин ҳазор ҷавоб мешавад.

  Алишер Мирзонабот мегуяд, ки ин кор намешавад. Дар Помир дигар одами соз намонд. Як бор гуфтед, ман кардам, то ҳозир мардуми Помир ману ҳафт пушти маро лаънат мекунад. Хулоса, гапҳояшон мегурезад. Пас дар онҷо амр мешавад, ки генералро бардоред. Сипас СС.Ятимовро занг зада мегуянд, ки ин сагбачаи ту гапро гуш накард. СС.Ятимов гуё гуфта бошад, ки  агар гапро гуш накунад, чораашро худатон бубинед.

 Бародари азиз инҷо дигар гап аст. Дар Помир бояд Бузмак ё одами Бузмакро дар ҷои Алишер Мирзонабот бимонанд, ки помириҳоро аз Помир бардоранд ва чандин заминҳои Помирро ба Хитой фурушанд.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Ин ҷаноби полковник гирён шуд. Гуфт Тоҷикистон дар хатар аст. Намедонам бо ин милат чи мешуда бошад?

Вақте ман аз хонаи полковник хестам, ба ман як чиз гуфт, ки агар ин миллат озод шавад, маро як бор раҳмат мегуфта бошад? Хандида гуфтам иншааллоҳ агар мардум озод шуд, ман дасти туро гирифта ба пеши мардум меорам, баъд ба пеши барномаи Ислоҳ, агар ки насибамон накунад ба пеши худованд тушаи роҳ дорем ку! Боз гирён шуду гуфт, иншааллоҳ. 

Ман гуфтаниям бародар онҳое, ки дар ватан рутбаи калон доранд гуш кунед. Ба номи худованди ягона ман бародарвор бо шумо мегуям. Ҳамаи шуморо ман дӯст медорам. Шуморо ин сад нафаре, ки амр медиҳанд, ки зулм кунед, ин мардумро тарсонед, инҳо душмани шумо ҳастанд, як рӯз не як рӯз ранги Алишер Мирзонабот аз байн мебаранд. Он вақт дигар суде надорад.

Ба шумо дар пеши Аллоҳи бузург, бародар, боз як чизи дигарро мехоҳам бигӯям.  Як рафиқ дорам аз Қумсангир, аз ноҳияи Ҷайҳун аст, бо ман кор мекунад. Бародараш бошад дар Алма-ато дар бозори Барахолка. Дар онҷо як бародар бо номи Набиҷон аст. Инро дар он бозоре, ки кор мекунанд, раиси тоҷикҳо монданд. Он ба чанд бозор тақсим мешавад. Бозорҳо ҳар кадоме ном дорад: Кенҷехан, Ожет, Болашак, хулоса, чандин бозор. Сари ҳар точка панҷ ҳазор танга мегирад ва ин мабалғро бояд, ки ба сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон диҳанд. Ман ку нарафтам ва ҳамин гапро ин бародар ҳамин хел нақл кард ва ман навиштам.  Як чизи  ҷолибаш ин аст ки ин Набиҷон бародари калонӣ ҳамон хеши худро кушта баъд дар Ҷайҳун бо фарзандони ҳамон аст.

 Худо нигаҳбони шумо!

                 Нуробод

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Аз Нурободам ва яке аз нависандагони номаҳо аз ин ҷо ба «Ислоҳ.нет». Бачаҳо аз дохил хабар доданд, ки Сиёвуши амниятӣ баъди онки шабакаи ютубии «Ислоҳ» дубора ба кори худ пардохт, беҳад девона шудааст. Чунки вай, дар ҳамон чанд рӯзе, ки шумо дар эфир набаромадед хушҳолу хурсанд буд ва хеле ҳам раисаш СС-и махуфро таърифу ситоиш мекард, ки қатъи кори Ислоҳ.ТВ ба фаъолиятҳои вай ва идораи зери раҳбариаш аст. Ва онҳо тавонистаанд гӯшҳои Ҷанобро аз интиқодоти Ислоҳ.ТВ ором кунанд. Чунки Раҳмонов барномаҳои «Ислоҳ»-ро на ранги ман дар телефони мобилӣ, дар телевизиони широкоэкранний тамошо мекардааст. Баъди тамошо мурданак арақро мезадааст ва мегуфтааст, ки « ҳар чи ҳамин тиливизон ва Муҳаммадиқбол мегуяд, рост аст».

Сиёвуши амниятӣ аз соати 08:00 то соати 15 дар Самсолиқ-Сафедчашма, дар ҷои кораш мебошад.

 Баъд аз Сафедчашма райони куҳна меояд. Дар шӯъбаи райони куҳна як кабинеташ аз он Сиёвуш аст. Айни ҳол куратори райони куҳна дар ҳамаи соҳа мебошад. Корат бо танзим бошад аз Сиёвуш иҷозат мегирӣ, ягон маърака-тӯй дошта бошӣ, хайру худоӣ карданӣ бошӣ, аз Сиёвуш иҷозат мегирӣ, хуллас Сиёвуш ҳамакора аст. Сиёвуш то ҳатто мегӯяд, ки Солеҳзода Фатҳуддин аз ман мепурсад. Раиси ноҳияро раисча мегӯяд.

  Як мулло саволаш дод, ки чаро духтурҳо рӯирӯшод пора мегиранд, аммо мақомот- амният ё 6 отдел ягон чораашонро намебинад, Сиёвуш ҷавоб дод, ки маошашон   камааст: «мегиран, ягончи намекунад».

Мулло гуфт, ки ҳам моҳонаи давлатро мегиранд ва ҳам аз мардум пул мегиранд, ин ҳаром аст, яктоашро бигиранд.

 Сиёвуш тарафи мулло гашту гуфт «ҳами ту ягон касалиро хонӣ пул намегирӣ?» Мулло гуфт ман аз давлат маош намегирам. Маро ҳамон одами касал 20 сомонӣ медиҳад, ранги духтурҳо 500, 600, 700 намегирам ва аз як хелаш, ки камбағал аст пулашро намегирам.

 Сиёвуши амниятиро қаҳр кард. Чанд муддат пас ҳар як муллоеро дар деҳот кофту ков кард, ки дуъо мехонад ва онҳоро 3000то 5000 сомонӣ штраф кард, ки дигар дуъо хонӣ накунед. Имрӯз муллоҳо то ҳатто фарзанд, набера ва ё дигар наздикони худро дилёб намешавад, ки дуъо хонанд. То ба ин ҳад ҳоли мардуми Нурободро батанг овардааст.

 Ба гуфтаи Сиёвуш Ятимов махсус супориш додааст, ки муллоҳоро ғам диҳед ва гуё пешво бошад 6-ой отделро гуфтааст мардуми Нурободро дар нуки ришта ҷой кунед,ҳолашонро танг кунед. Мардуми Нуробод ва мардуми Самсолиқ, ки ҳозир номаш Сафедчашма шудааст, лишний гап назананд. Амният махсус дар ҳамин Сафедчашма меистад. 

Солеҳзода Фатҳуддин дар ин бора, ки мардуми Нурободро зулм мекунанд, бо хабар аст, вале ягончи намегуяд, на амният ва на 6-ой отделро. Фикру хаёлаш ба маҳсулоти асосии ноҳия, картошка, банд аст ва бо мотосиклаш куҳ ба куҳ мегардад.

Э,агар ту агроном бошӣ,аблаҳи Солеҳзода, бирав агроном кор кун. Раисии ноҳияро ба дигар кас бисупор. Пораву ришватгирии кормандони идораҳои давлатӣ 

дар авчи аъло расидааст, ту бошӣ ба шикори кабк машғул, мардуми Тегирмиро ҳар рӯз ҳашар гуфта сарсон карда гаштаӣ. Сари қабри Нусратулло Махсум ҳамроҳ бо он беваи баднамуди раиси ноҳияи Рашт Зрина Идизода таъзимкунӣ рафтӣ.

Эй, як бор маҷлис баргузор куну супориш деҳ, ки мардумро ин қадар ғам надиҳед. Фактҳоро дар бораи порагирии духтурҳоро гуфтемат, ҳеҷ чора надидӣ? Ё аз амният ва 6-ой отдел метарсӣ? Туро барои чи раиси ноҳия мондаанд?

Эй, Солеҳзода Фатҳуддин  наметавонӣ вазифаро бигзор дигар кас гирад. Худат ба тарафи амакат гуфтӣ, ки «ин вазифаро маҷбур доданам». Ягон пешравӣ дар корат нест.

Номат дар Нуробод раиси картошка мемонад. Кори ягон касро буд карда наметавонӣ. Пеши Солеҳзода меравӣ мегуяд дида мебароям ва бо ҳамин, тамом. Беҳади бад мутакаббир ва худписанд шудааст. Як хешаш кораш дар амният ғалтид гуфт ки ман холабачаи раиси Нуробод ҳастам. Рафтанд пешаш гуфтанд, раис бачаи холаат гуноҳ кардаст. Гуфт, ки ман бачаи хола надорам. Ин Солеҳзодро бинед, ки хеши худашро баъди раисшавӣ фаромуш кардааст. Акнун мардум ё сокинони Нурободро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Мегуфта бошед ин намояндаи манғетҳо дар Нуробод бошад мисли ҳукумати Амир Олимхон.

             Ваҳдат (Ромит)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккури зиёд бар шумо, ки навиштаҳои маро ба чоп медиҳед. Аммо, мебинам,ки гоҳо барои ман шубҳа мекунед ва на ҳама чиро ки роҳӣ мекунам, ба дасти нашр месупоред. Фикр мекунед, ки ман воҳима мекунам ё аз ҳад зиёд переувеличиват карда истодаам?.

Бародар,ончиро ки ба шумо навор мекунам ё нома менависам,отвечат мекунам. Ба гуфти урусо головой отвечаю.

Ба шумо навишта будам,ки дар бонкҳои Ваҳдат ҳатто пулҳои қалбакӣ-фалшивий ба мардум медиҳанд, боваратон номад,аз чопи он даст кашидед. Бародар ин гапи ман саддарсад воқеият дорад, ягон майда дурӯғ нест. Ин корро карда истодаанд. 

 Бо худи ман ин ҳолат рӯй надодааст. Аммо чандин нафарон гуфтанд, ки дар бонкҳои Ваҳдат пулҳои фалшивийро мегузаронанд. Гуё ин корро асосан Ориёнбонк мекардааст, вале бонкҳои дигараш ҳам мекардаанд. Яъне ба кампирҳову пиронсолҳо долларҳои фалшивий медодаанд. Чунки аз сари ҳар 100 доллар ба ин кормандони бонк сад сомонӣ медодаанд. Асосан ин корро аз переводҳое, ки ба ном фиристода мешавад, мекардаанд. Ҳар кадоме аз ин бонкҳо

 як миқдор пулро бояд гузаронанд.

Ин корро Навруз нақл кардааст. Наврӯз дар бонк кор кардагӣ аст. Гуфтааст, ки масалан дар 4000 доллар то 400-500 доллари фалшивиро гузаронидааст. Ин пулҳоро дар зери мизашон нигоҳ дошта ва бо пулҳои асл омехта карда ба мизоҷон, ки барояшон аз ҳазор доллар боло перевод омадааст қуш карда  медиҳанд. Яъне мардумро фиреб мекунанд.

Ва,ҳоло дар бораи як мошшеники қаллоб бо номи Ҳаким 777мегӯям.

 Ҳаким 777дар Ваҳдат чанд квартира ва мамарозаҳои махсуси худро дорад.Ин мамарозаҳо барои духтарҳои донишҷӯянд. Мамарозаҳо духтарҳоро мегӯянд, ки дар ин квартира бе пул хоб рав, яъне иҷора шин,то вақте инҳо истифода мебаранд, пулҳоятонро медиҳанд. Баъде корашонро буд карданд сразу мегӯянд, ки хонаро соҳибаш мефурушад.

То 15-20 рӯз духтарҳо дар квартира меистанд.

  Ҳаким 777 дар доми KFC дар Ваҳдат фоҳишахона дорад. Инро ҳамин рӯз як офитсианткаи KFC  гуфта истода буд. Ман дар дигар стол нишаста будам, бо гӯшҳои худам шунидам. Ҳаким 777-ро ягон мақомоти Ваҳдат ҳеҷ кор карда наметавонад.

 Як дачааш дар Варзоб, ки нархаш аз ду миллион доллар зиёд аст. Дар пеши чашми мо шуд. Ҳаким.ТВ конкурс баргузор мекунад. Вай доляашро прямой дар Шорух медиҳад. Ҳар сари моҳ 70-80 000 доллар. Дар ресторани Нозанин камтар мастоб буд, мегӯяд «призо ягонтоаш туғрӣ нестай, ҷоизаро одамои худамонро медиҳем.

Ҳаким 777-ро падараш дору бизнес мекард. Вайро қапида буданд. Ҳамон коттеҷе, ки дар бозӣ мондагӣ дар Бонғура қарор дорад. Он коттеҷро падараш бо якуним гектар заминаш (ба фикрам падари Ҳаким 777 бо Дости буруту онҳо буд) он вақт 120 ҳазор доллар фурӯхта буд. Баъд бачааш Ҳаким 777 (номаш Ҳаким аст) хонаҳояшро досрочно -150 000 доллар фурӯхт. Бачааш омаду ҳамин бозии конкурсро сар кард. Аз байн як сол нагузашта рафтанд ҳамон хонаҳои худашонро 200.000 доллари наличий дода обратно гирифтанд. Онро дар бозии конкурсашон 10 миллион сомонӣ гуфтанд ва дар бозӣ монданд. Нархи билети бозӣ 15000 рубл буд. Онро тоб доданд ва дар кадом одами худашон бароваронданд. Чор моҳ шуд онро ҳиҷ кас оформит карда наметавонад. Дар Сомон.тҷ 1миллиону 300, якмилиону 200 карданд, фароварда истоданд нархро. Аз 2 миллион поин омад нархаш.

Ҳозир дар роҳи Ромит заправкаҳо ва хона карда истодаст. Боигариаш гӯё 4-5 миллион доллар. Заправкаҳои шахсӣ, аз худаш, прямо аз «Фароз» мехарад.

Дар Ромит ҳам заправка буд. Бочкаҳо-систернаҳои газ, солярка, бензин аз дигар заправка буд. Ҳамин сол «Фароз» рафта буд, иҷозат надода штраф кард- 17000 сомонӣ. Номи заправкҳояш ҳам Ҳаким. Ин бо Шорух Саид кор мекунад: 80 000доллар доляро дар моҳ ба Шорух медиҳад. Добро додагианд. Агар ҳаррӯз як бозӣ гузаронад, призҳоро иваз кунад ҳам ягон кас ҳиҷчи кард наметавонад. Дар ресторани Нозанин дар як маърака нишасту буд, камтар сархуш буд ҳамин гапҳоро гуфт. Ҷои арӯсбозии Ҳаким 777 пеши коллеҷи омор, статтехникуми собиқ аст, агар бовар накунед санҷед!.

Share This Article